Зеҳн

Кӯдакон нотарсанд

ЗЕ
зеҳни сунъӣ2 декабри 2024 · 4 дақиқа хондан

Кӯдакон нотарсанд

Ду омӯзгор бо ҳам суҳбат доранд, якеаш мегӯяд:

-Айни замон кор кардан душвор гаштааст!!! Омӯзгор аз директор метарсад, директор аз тафтиш, тафтиш аз волидон, волидон аз кӯдакон, танҳо кӯдакон аз касе наметарсанд.

Ҷазои Одам

Дар дарси таърихи қадим омӯзгор аз талаба мепурсад:

-Аввалин одами рӯи замин кӣ буд?

Талаба:

-Ҳазрати Одам.

-Худованд ӯро чӣ гуна ҷазо дод?

-Барояш Момо Ҳаворо офарид.

Рӯбардор кунам

Аз суҳбати ду рафиқ:

-Гӯш кун, ту вазифаи хонагии писаратро аз фанни риёзӣ иҷро кардӣ?

-Бале.

-Ба ман ҳам деҳ, рӯбардор кунам.

Худатон бедор кунед

Профессор:

-Рафиқ донишҷӯ, ҳамсояи хоби худро бедор кунед!

Донишҷӯ:

-Шумо ӯро хобондед, худатон бедораш кунед!

Стипендия намегирад

Донишҷӯ дар имтиҳоне ба саволҳо ҷавоб дода наметавонад.

Профессор аз ӯ мепурсад:

-Ба фикри шумо, имтиҳон чист?

Донишҷӯ:

-Ин суҳбати ду нафари боақл аст.

Профессор:

- Рафту яке аз онҳо камақл бошад -чӣ?

-Он гоҳ нафари дуюм стипендия намегирад.

Туҳфа ба муаллима

-Меҳрноз, чаро дирӯз ба мактаб наомадӣ?

-Ман ба муаллимаамон туҳфа кардам.

-Чӣ гуна туҳфа?

-Дирӯз муаллимаамон зодрӯз дошт, барои ҳамин хостам, ки аз ман истироҳат намояд.

Шакари бепул

Ҷавони донишҷӯ аз қаҳвафурӯш мепурсад:

-Як истакон қаҳва чанд аст?

-Як сомонӣ.

-Шакараш чанд аст?

-Эҳ, шакараш бепул.

-Ин хел бошад, аз ҳамон шакараш як кило ба ман диҳед.

Пашша

-Хомӯш! – дод мегӯяд омӯзгор ба талабагон.-Чунон хомӯш бошед, ки ман паридани пашшаро фаҳмида тавонам.

Ҳама хомӯш мешаванд. Баъди лаҳзае Саид сабру тоқатро аз даст дода, пичиррос мезанад:

-Устод, шумо пашшаро кай сар медиҳед?

Хабар надоштам

Омӯзгори таърих аз толибилм мепурсад:

-Искандари Мақдунӣ кай вафот кард?

Толибилм дар ҷавоб:

-Магар вай мурд? Ман ҳатто аз бемор буданаш хабар надоштам!

Курсии донишҷӯ

Донишҷӯе дӯсташро масхара карданӣ шуда, ба курсӣ ранг мемолад.

Дӯсташ наздаш омада мегӯяд:

-Сорбон, ман…

Донишҷӯи аввала ба курсӣ ишора карда мегӯяд:

-Ту аввал ин ҷо шин.

Донишҷӯи дуюм:

-Сорбон, ман гуфтанӣ будам, ки…

Донишҷӯи якум:

-Ту шин, шарм надор.

Донишҷӯи дуюм ба курсӣ мешинад. Дӯсташ ба ханда даромада мегӯяд:

-Акнун гап зан.

-Сорбон, гуфтан мехоҳам, ки ман имрӯз ҷинси туро пӯшидам…

Марде мехоҳад вопасин рўзи соли навро барояш хотирмон бикунад. Бо ин мақсад аз самолёт бо парашют худро мепартояд. Уқобе дар фазо ба ў наздик шуда мегўяд:

-Салом, раққос!

-Ман раққос не, ман – парашютчӣ!

-Гўш кун, ошно! Дар поён замини хорзор, чун он ҷо фаромадӣ, чунон мерақсӣ, ки…

Зани танҳое мехоҳад дар охирин рўзи сол дар тарабхона хўрок хурад. Пешхизмат пеши ў хўрок гузошта, пас аз чанд лаҳза саросема бармегардад.

-Хонуми азиз, илтимос, ҳамин хўрокатонро зуд хўред.

-Чаро?

-Нозирони сифати хўрок омада истодаанд!

Зан мехоҳад соли навро дар деҳа, дар хонаи модараш пешвоз гирад. Аз он ҷо пас аз се рўз ба шавҳараш, ба шаҳр барқия мефиристад: «Фаромўш накун, ки зан дорӣ».

Пас аз як рўз ҷавоби барқия мерасад: «Занак, маро бубахш, барқияат дер омад».

Марде дар соли нав ба ҷиянаш найчае ҳадя мекунад. Пас аз як ҳафта ҷиянаш бо ў вохўрда, арзи сипос мекунад: - Амакҷон, раҳмат барои ҳадяи гаронбаҳо!

-Чӣ хел гаронбаҳо?! Ман онро ҳамагӣ ба як сомонӣ харидам.

-Вале падару модарам, то ин ки барояшон най навозам, ҳар шаб ба ман се сомон медиҳанд.

Омўзгор:

-Шуҳрат, иншои хонагиат дар мавзуи «Орзуҳои солинавӣ» хеле хуб, вале чаро нотамом мондааст?

Шуҳрат:

-Чунки падарамро ногаҳон ба ҷои кораш даъват карданд.

-Дар соли нав шароб менўшӣ?

-Албатта, вале бо чашми пўшида.

-Чаро?

-Ба занам ваъда додам, ки сар аз соли нав аз шароб чашм мепўшам.

Субҳи соли нав мард аз хоб дер хеста, дар рўи миз навиштаеро мебинад:

-Мардакҷон, ман ба табрики модарам рафтам, рўзи дигар бармегардам.

Илова: хўрок дар яхдон, яхдон дар ошхона.

Дар соли нав Солеҳҷон моҳии тилло ба даст оварда хоҳиш кард:-Бигзор, ҳар рўз соли нав бошад.

Соли дигар Солеҳҷон ба нафақа баромад.

Хушдоман ба домод:

-Дар соли нав ман ба назди тую духтарам омада наметавонам.

Домод:

-Ташаккур, модарҷон, барои чунин туҳфаи олиҷаноби солинавӣ!

-Азизакам, ба ту дар соли нав чӣ ҳадя кунам?

-Ой, чӣ хел нағз! Ман ҳатто намедонам, чӣ ҷавоб диҳам.

-Ин тавр бошад, то соли нави дигар фикр кун.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2