Зеҳн

ҲИКОЯИ БӮИ МОДАР

АХ
Ахбор2 декабри 2024 · 9 дақиқа хондан

Модарҷон, модари ширинам. Туро ёд кардам. Нони нав аз танӯр кандаву шири навдӯшидаатро ёд кардам, мехоҳам болои зонувони нармат сар монаму чун даврони пешин ҳаловат барам. Аммо…

– Поям дард кард. Як зани калони соҳиби панҷ фарзанд, мисли кӯдак ноз мекунӣ. Хез, поям дард кард – гуфтанҳоят ба хотирам мерасаду…

– Сарам вазнин нест–ку? Зонувонатон мисли пари қу нарманд, барои чӣ дард мекунад? – ба хотирам меояд нозу нузи бамавриду бемавридам.

Модарам зани босавод, сафедрӯ, чашмони мисли осмони диёр кабуд, рухсораҳои шабеҳи барги гули лола сурх, мӯйҳои ба зардӣ моил чун абрешими пилла ва нӯрҳои офтоб дурахшону пурҷило, зани ғаюру чеҳракушод, ҳалиму меҳрубон, чевар, кадбону, аз ҳаёву меҳр дастовез дошту аз гулу гиёҳ пояндоз, бо насиҳату маслиҳатҳояш бо оромӣ ва тамкини доимиаш гули сари сабади ҳар маърака буд. Ҳар гоҳе ки куртаи ҳарири сафедашро ба бар мекард, намехостам чашм аз ӯ канам. Куртаи сафед ба ӯ хеле мезебид. Либосзеб, ботану туш буд. Бароям ӯ зеботарин зани дунё буд.

Ин фикрро шояд ҳар як фарзанд, ки модари ӯ беҳтарини модарон аст, кунад ва эҳтимол ин дуруст ҳам бошад.

–Хез охир, зонуям дард кард. Ман ба ҳаштод даромадаам.

–Модарҷон, ҷон модарҷон, сарамро наҷунбон, мон, ки рӯи зонувонат камакак дам гирам.

–Як зани капа – калон ба чил даромадаасту чун кӯдак рафтор дорад.

–Охир худат такрор ба такрор мегуфтӣ, ки барои падару модар фарзанд, новобаста ба синну сол, кӯдак мемонад.

Ҳис мекардам,ки аз ин нози ман ҳаловат мебурдӣ.

Ширинзабон будӣ. Ҳеҷ гоҳ баланд гап намезадӣ, ҷангу коҳиш намекардӣ. Фақат як бор, як бор сахт ҷангам кардӣ. Аз қаҳр пайкарат бедвор ларзид. Як умр ин ларзиш аз ёдам намеравад.

Зимистон буд. Мехостӣ нон пазӣ. Сари танӯр ҷунбуҷӯл доштӣ. Ман аз мактаб омада, табдилии либос кардам ва наздат сари танӯр ҳозир шудам. Он вақт дар синфи чорум ё панҷум мехондам. Ҳезуми тар дарнамегирифт. Пуф мекардӣ, дар таги ҳезум хасрӯбаҳои тарро монда, мехостӣ алов кунӣ, ҳеҷ, не ки оташ аланга занад. Аловхона пур аз дуди сиёҳ шуда буд. Сӯи оғил рафтӣ, ки ягон ҳезум ё таппаки хушк оварда, оташро даргиронӣ.

Ман давида аз ҷевони даруни хона як китоби кӯҳнаи варақҳояш зардшударо ёфта, аз он як ду варақ кандаму оташро фурӯзон кардам. Аз кори кардаам шод будам.

– Модарҷон, ман оташро даргирондам. Бинед, оташ аланга мезанад – шодикунон хабар расондам.

Дар даст таппак омада, ба алангаи оташ нигоҳ кардиву ба дасти ман, ки варақҳои китобро якто–якто дарронда, ба даруни танӯр ба оташ меандохтам.

Китобро аз дастам кашида гирифтӣ. Дастонат меларзиданд, пайкарат бедвор меларзид, сар то по меларзидӣ. Бо нигоҳи маломату мазаммат, бо чашмони ашколуд, китоби кӯҳнаи зардшударо ба синаат зер кардӣ.

– Чӣ кори кадаат буд? Кӣ аз ту хоҳиш кард, ки оташ гиронӣ? –гуфта маро аз пеши танӯр дур сохтӣ. Ман бори аввал туро дар ин ҳолат дидам. Китоби кӯҳнаи зардшударо гӯё дар банди дилат ҷо карда бошӣ. Ба оташ нигариста, китоби кӯҳнаи зардшударо сахттар ба синаат зер мекардӣ. Бо гӯшаи рӯймол нами чашмонатро поккунон бо оҳу ҳасрати сӯзон китобро сахттар зер мекардӣ.

Оташ торафт аланга мегирифт.

Модар, ту бо ҳаяҷони шадиду ларзиши дил ба танӯр такякунон, ба замин нишастӣ. Чизе нагуфтӣ, ба сӯям нигоҳ ҳам накардӣ. Китоби кӯҳнаи варақҳояш зардшударо мебӯсидиву ба чашмони пурнам мемолидӣ.

Ҳаво низ якбора тағйир ёфт, гирист, бо борон нею бо барфҳои калон–калони лаклакӣ. Ҳама ҷо сап–сафед шуд. Шамол як ду дона барфро ба рӯям зад. Барф мисли шарораи сӯзон рӯямро лесида об шуд. Ба хаёлам, чун кундаи тар дуди сиёҳ баровард, на танҳо оташхона, балки дунёи хурдакаки дили ман пур аз дуди сиёҳ шуд.

Ҳанӯз он лаҳза ва гиряи талхатон аз хотирам зудуда нагаштааст.

Гуноҳамро надонам ҳам, наздат нишаста, бо чашмони суоломез сӯят нигириста, ноаён ашки сӯзони чашмонамро бо муштҳои хурдакак пок кардам.

Оташ оҳиста –оҳиста хомӯш гашт, хамир туруш шуд.

Метарсидам сабаби ранҷуриатро пурсам. Дар кунҷи хона дарс тайёр мекардам. Чанд саҳифа хонда бошам ҳам, ба сарам чизе намедаромад. Ба хона даромадӣ. Аз ҷой парида хестам, чашмони зебоят суп–сурх буд. Ба болои кӯрпача нишастӣ. Ман наздат нишаста, беихтиёр чун ҳамеша сарамро ба зонуят мондам.

Сарамро сила кардӣ, аммо чизе нагуфтӣ, хомӯш будӣ.

Ман акнун дарк мекунам, ки азбас он вақт хурд будаму дардатро намефаҳмидам, барои ҳамин хомӯширо авло дониста будаӣ. Фақат як чизи муқаддасро фаҳмондӣ.

–Духтарам, ҳеҷ гоҳ ба сӯи китоб, гаҳвора ва нон пой дароз накун, ки убол аст.

Солҳо гузаштанд, ман калон шудам. Сабаби ба қаҳр омаданатро дер, хеле дер фаҳмидам.

Бале, баъд фаҳмидам, ки модарам дар оилаи шахси хеле босавод, хатмкардаи мадраса ба дунё омада будааст. Онҳо чор нафар буданд: модарам, хоҳари калонӣ ва ду бародар.

Дар деҳаи калоне, ки онҳо зиндагонӣ мекарданд, падари модарам, яъне бобоямро ҳама ҳурмат мекарданд, чунки ягона шахси босавод ва қуръонхон будаанд.

Бобоям дар талу теппа дарахтони бисёри мевадиҳанда шинонида, боғи пурмевае обод карда будааст, ки онро ҳама «боғи муаллим» мегуфтаанд. Рӯз ба хурдсолон ва бегоҳӣ ба калонсолон савод меомӯзондааст, шогирдони зиёде доштааст.

Оилаашон миёнаҳол ба шумор мерафтааст. Соҳиби гов, бузу гӯсфанд будаанд вале сарвати асосиашон дар сандуқи калони чубин, ки ними хонаро банд карда буд, нигоҳ дошта мешуд. Ҳеҷ гоҳ дар ҳузури фарзандон падару модар сандуқи чӯбинро намекушоданд.

Солҳои сиюм. Замона хеле ноором буд. Агар се нафар шоҳидӣ медод, ки ин мард мулло, китобхон аст ё сарвате дорад, бе пурсупос ӯ душмани давлат ва халқ ҳисобида шуда, ё бадарға ва ё беному нишон гум мешуд.

Як сели офат ба сари мардуми бечора омада буд. Ҳама ба якдигар шубҳаомез нигоҳ мекарданд, оҳиста гап мезаданд, ки гӯши ғайр нашунавад. Зиндагиашон ҳамеша биму ҳарос буд.

Он рӯзи шумро модар ҳеҷ гоҳ аз ёд намебаровард. Бегоҳӣ ба ҳавлиашон як гурӯҳ силоҳбадастон даромада, тамоми чизу чораи хонаро такурӯ карданд. Ягона сандуқи калони чӯбинро, ки падару модар чун гаҳвараки чашм эҳтиёт мекарданд, чор нафар кашолакунон ба саҳни ҳавлӣ бароварданд. Дашномҳо дода, калиди сандуқро пурсон шуданд.

Ин гурӯҳи бедиёнату каллабур, роҳзану берӯ чанд вақт боз деҳа ба деҳа гашта, мардони баҷигар, гарданшах, босавод, соҳиби китобу молу ҳолро душману хоини сохти нав ҳисобида, кӯшиш мекарданд, ё мутеъ кунанд, ё аз деха берун созанд.

–Калидро биёр! – гуфта сардори ин гурӯҳ чун ваҳшиён дод зад.

Падару модар сархам гӯё дар даҳон об гирифта бошанд, хомӯш буданд. Чор нафар фарзандони хурдсол аз шунидани сухани қабеҳ ва доду вой тарсида, ба пои падару модар часпида, гиря мекарданд.

–Табарро биёред! –амр кард сардори гурӯҳ.

Баъди дақикае яке аз аъзоёни он гурӯҳи зишткору хунхор табарро ёфта овард.

– Шиканед сандуқро!

Дар ин лаҳзаҳо падар нимшунаво худ ба худ чизе мегуфт. Аз Худованд хоҳиш мекард, ки ба дар дили ин гургон раҳму шафқат биандозад.

Сарпӯши сандуқ шикаста ва аз дохили он даста–даста китобҳо ба рӯи ҳавлӣ партофта шуд.

Падар бетоқат шуд.Назди он оқипадарҳо ба зону зад ва хоҳиш кард:

–Инҳо китобҳои муқаддасанд илтиҷо мекунам, онҳоро ба замин напартоед, убол аст. Аз Худо битарсед.

Дар як лаҳза ҳамаи аҳли деҳаро ба он ҳавлӣ ҷамъ оварданд.

– Сӯзонед! Оташ занед! – дод гуфт сардори гурӯҳ.

Падар худро болои китобҳо партофт. Хоҳишу илтиҷо мекард, ба дили онҳо раҳму шафқат оварданӣ мешуд.

–Дасту по бандед ин душману хоини сохти нави давлатдориро. Мадраса тамом кардам гуфта, ҳамаро китобхон кардааст. Кӣ медонад, дар китобҳои ӯ чӣ навишта шудааст? – бо хашму ғазаб меғуррид сардори гурӯҳ. Аз чашмони хашмбори ин гурӯҳ хун мерехт, худро ҳокими мутлақ меҳисобиданд. Сар то по силоҳдор буданд, шамшеру, туфанг дар даст, тозиёнаро ба соқи мӯзаҳояшон хаста, чашми халқи одиро метарсонданд.

Аҳли деҳа аз тарс сар боло намекарданд.

Ашки чашмони падари даступобаста, аз ду бари рӯяш чун ҷӯй ҷорӣ шуда, чакра –чакра мерехт, гӯё ашк мехост оташро ба ин минвол хомӯш кунад.

Тозиёнаи сардори гурӯҳ ба рӯй, сар ва тамоми аъзои бадани падар бо шаст пайиҳам бармехӯрд. Хун рӯи ӯро мешуст. Ҳамсараш давида пеши пои шавҳараш худро партофт.

Модар илтиҷо мекард:

– Шавҳарам гуноҳе надорад. Дар ин китобҳо ягон сухани ноҳақ нисбати давлат ва сохти имрӯза нест. Инҳо китобҳои муқаддасанд. Қуръон асту Ҳофизу Бедилу Мавлавӣ…

Сухани модар ба охир нарасида, садои тири ба ҳаво андохташудаи туфанг ӯро хомӯш кард…

Доду войи фарзандон баланд шуд.

–Муаллимро ба пушти ароба бандед, сагбачаҳояшро пеш–пеши ароба кунед–фармон дод сардори гурӯҳ.

Хоҳари калонӣ, ки чордаҳ сола буд, додараки дусолаашро сари даст кард, модарам ва бародари дуюмаш аз домони апа дошта, сарлучу пойлуч аз деҳа берун шуданд.

Аҳли деҳа хомӯш ашк мерехтанд. Касе ҷуръат намекард, ки сухане гӯяд. Ҷон ба ҳама ширин буд.

Солҳо гузашт, ахли деҳа дар бораи тақдири устоди худ ва аҳли оилааш дигар чизе нашуниданд.

Аз якдигар чизе пурсиданӣ шаванд, аз тарс аввал ба чор тараф нигоҳ мекарданд.

Фарзандони муаллим ба чор ятимхонаи аз ҳам дур супорида шуданд.

Модар бо дили ранҷур он рӯзҳоро ёд меовард.

Дар кӯи интизор, бо чашмони бедори ба роҳ чор, ки апаву бародарон аз кадом тараф ба суроғи ӯ меомада бошанд, асири ҳазору як фикри талху ширин…

Модар касби аҷдодиро пеша кард ва баъди хатми мактаби муаллимӣ бо роҳхати вазорат ба минтақаи Кӯлоб ба кор фиристода шуд.

Ӯ ба чор тараф мактуб фиристода, апа ва бародаронашро меҷӯяд. Нишонии бародаронро меёбад. Онҳо ба якдигар мукотиба мекунанд.

Хабари сар шудани ҷанг ҳама умедҳоро барбод дод, тири сӯзон ба ҳар як хонадон сар халонд. Синаи афгори хоҳар, ки нав бародаронро ёфта буд, аз нав ғамхона гашт. Орзуву ормонҳояш барбод рафт. Онҳо бо ҳам вохӯрданду худи ҳамон рӯз хайрухуш карданд. Бародарон барои ҳимояи Ватан ба ҷанги Гирмон рафтанд.

Модар аз онҳо тез–тез мактуб мегирифт. Гаштаю баргашта, номаҳои бародаронро мехонд. Бадии кор дар он буд, ки бародарон дар фронт боз ҳам аз якдигар ҷудо шуданд. Ба ҳар ҳол, модар шукр мегуфт, ки онҳо зиндаанд. Номаҳои онҳо то охири умри модар дар сандуқчаи хурдакак нигоҳ дошта мешуд.

Модар боз танҳо монд. Нишонии апаашро мекобад, хушбахтона ёфт. Онҳо хурсанд буданд. Апааш Шаҳрия бо аҳли оилааш кӯчида назди хоҳар ба ноҳияи Фархор меоянд.

Имрӯз болои дукони модар бо аҳли фарзандонам ҷамъ шуда, модарро ёд мекунам, ба фарзандон бо фахр дар бораи модар сухан мегӯям.

Ҳар гоҳе ба зодгоҳам – Фархори куҳан сафар кунам, аз ҳама ҷо: аз хиёбонҳои пур аз гулҳои шабнамзадаву хушнакҳату хушрӯй, аз боғу роғи гулафшон, аз орувону мурғони пуркор, аз дарахтони сермеваи пурбор, аз инсонҳои баору номуси ин диёр, хулоса, аз ҳама чизу хама кас аз одаму олам ба машомам бӯи модар меояд. Ин аст, ки Фархорро бо бӯи модар дӯст медораму, модарро бо номи Фархор. Имрӯз боз ёди модар маро ба дуру наздик, ба лаҳзаҳои шодию нишот ва рӯзҳои сарду сиёҳ, ғаму қулфат бурда овард.

Модарҷон, ҷон модарҷон, ёдат кардам.

Гуфтаниҳои зиёд дорам, аммо қалам оҷизӣ мекунад, то бузургиатро васф кунам… Ҳазор афсӯс!

ГУЛЧЕҲРА МУҲАММАДИЕВА

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба