Зеҳн

ПАНДУ АНДАРЗ АЗ АБӮАЛӢ ИБНИ СИНО

КИ
Китобдор2 декабри 2024 · 2 дақиқа хондан

1. Даргузар, то даргузаранд!

2. Аз худ лоф мазан!

3. Он чӣ наниҳодаӣ, бармагир!

4. Дилро бозичаи дев масоз!

5. Ҳарчӣ ба худ раво надорӣ, бар дигарон маписанд!

6. Бандаиҳирс5 мабош!

7. То тавонӣ нони кас махӯр ва нон аз хеҷ кас дареғ мадор!

8. Аз додаи Худой хӯр, ки ҳаргиз кам нашавад.

9. Диҳанда Худоро дону аз дарвешӣ матарс!

10. Сармоя ба судӣ6 бисёр мадеҳ!

11. Худро асири шаҳват масоз!

12. Офиятро ба фармони нафс аз даст мадеҳ!

13. Душман агар ҳақир буд, хораш мадор!

14. Бо ношинос ҳамсафар мабош!

15. Андаки худро беҳтар аз бисёри дигарон дон!

16. Ҳарҷо, ки боши Худоро ҳозир дон!

17. Вақтро ғанимат дон!

18. Ёрро вақти хашму ғазаб биозмой!

19. То тавони ниёзи худ бар махлуқ8 арза макун.

20. Амонат нигоҳдор, хомуши шиор соз ва беҳудагуиро сари ҳама офатҳо дон!

1. Ҳоҷатравоиро кори бузург дон!

2. Дӯсти Худойро дар камозорӣ шинос!

3. Саодати дунёю охират дар муҳаббати доно дон!

4. Аз нодон доман даркаш!

5. Дар сухан касро хиҷил масоз!

6. Аз сухане, ки ханда ояд ҳазар кун!

7. Миқдори моли худ бо ҳеҷ кас магӯй!

8. Бо мардуми бешарму беҳаё манишин, ки дар дунёву охират мазаллату уқубат бошад.

9. То хашм нанишинад сухан магӯ!

10. Ҳурмати ҳама кас нигоҳ дор,то туроҳурмат бошад.

11. Таоми бисёр махӯр, ки дил сиёҳ кунад ва аз ибодат боз дорад.

12. Ботинро беҳтар аз зоҳир дон, ки зоҳир назаргоҳи халқ асту ботин назаргоҳи Ҳақ.

13. Коре накунӣ, ки дар назари ҳазрати Ҳак Субҳона ва Таъоло хиҷил ва шармсор гардӣ.

14. Чун касе сухан гуяд, хомуш бош.

15. Покэътиқодро безавол дон!

16. Ба сабр баландиҷӯй ва дунёпараст мабош!

17. Аз рости шафеъангез сухан аз шаҳодат гӯй.

18. Агар роҳат хоҳӣ ранҷ каш, бар тоат ҳарис бош!

19. Диҳанда Худоро дон.

20. Сармоя ба суд бисёр мадеҳ ки дар охират зиён дорад.

21. Худро асири шаҳват масоз.

22. Аз навқиса вом махоҳ!

23. Ками худро аз бисёри дигарон беҳтар дон!

24. Тадбир бо мардуми доно ҷуй.

25. Ҷавониро ғанимат дон. Ба ҳангоми ҷавонӣ корҳои ҳарду ҷаҳонӣ бисоз, ёрон ва дӯстонро азиз дор. Харҷ ба андозаи дахл кун, илму адаб омӯз ва тир андохтану савориҳо ёд гиру ёд деҳ.

26. Эй азизо! Дари зулм макшой ва аз оҳи мазлумон ҳазар намой, ки зулм намудан аз Худо бехабарист ва мазлумонро кӯ ба кӯ рондан мояи бехирадист.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2