Зеҳн

Аввалин рӯзи зимистон: оғози тозаи умедҳо

ЗЕ
Зеҳн2 декабри 2024 · 4 дақиқа хондан

Якуми декабр фаро расид ва бо он фасли зимистон — фасли оромӣ, саодат ва омодагӣ барои оянда. Ҳар қатраи борон ва барфи сафеде, ки ба замин меафтад, ба мо як паём меорад: “Тоза шурӯъ кун!” Ин лаҳзаи муносибест, ки гузаштаро сипосгузорона пушти сар гузошта, бо дилу нияти тоза ба пеш қадам гузорем.

Зимистон на танҳо вақти хунукӣ, балки замоне барои оромӣ ва андеша аст. Ҳар гуна дарахт, ки имрӯз бараҳна ва хомӯш менамояд, дар ботинаш нияти сабзидан ва шукуфтанро нигоҳ медорад. Ҳамин гуна, мо низ метавонем дар ин рӯзҳо тухми орзуҳо ва ҳадафҳои худро кошта, онҳоро барои шукуфоӣ дар фасли баҳор омода созем.

Бигузор, ки хунукии зимистон моро ба худшиносӣ ва дарёфти қувваи дохилӣ барад. Биёед, ин фаслро на ҳамчун монеа, балки ҳамчун имконияти нав барои рушд, мутобиқшавӣ ва пурқувват шудан бубинем.

Имрӯз вақти он аст, ки худро гарм нигоҳ дорем, на танҳо бо либос, балки бо меҳру муҳаббат, бо орзуву ҳавасҳои баланд ва бо умеди он, ки ҳар рӯзи зимистон ба мо наздикшавии рӯшании навро меорад.

Зимистон на танҳо охири сол, балки оғози илҳоми тоза аст. Пас, қадами худро устувор гузор ва боварӣ дошта бош, ки ҳар як рӯзе, ки мегузарад, туро ба орзуҳои нав ба нав наздиктар мекунад.

Оғози ҳафтаи нав: як сафҳаи тоза

Ҳафтаи нав мисли сафҳаи холии китобест, ки танҳо ту ҳақ дорӣ онро бо ҳикояҳои худ пур кунӣ. Ин як имконияти тоза аст, ки аз ҳадафҳои деринаат оғози нав бигирӣ ва қадамҳои устувортар гузорӣ. Ҳар рӯз, ҳар соат ва ҳар лаҳзаи ин ҳафта метавонад як қадам ба самти беҳтар шудани худат бошад.

Ҳаргиз нагузор, ки мушкилиҳои ҳафтаи гузашта умеди туро бишкананд. Ҳар як монеа дарсест, ки туро қавитар месозад. Ба худ бовар кун, орзуҳоятро зинда нигоҳ дор ва бо дилгармӣ ба пеш ҳаракат кун.

Бигузор, ки ин ҳафта пур аз дастовардҳои хурд ва бузург бошад, ва ҳар рӯзе аз он, туро ба инсонӣ, ки мехоҳӣ бошӣ, наздиктар созад. Ҳафтаи навро бо нури умед оғоз кун ва онро бо муҳаббат, меҳнат ва нияти нек оро деҳ!

Мураббӣ ба бачаҳо рӯ овард ва гуфт, ки зимистон фасли муъҷизаҳо, афсонаҳо, сардиҳост. Аммо сардию яхбандиаш ҳамоно зебою нуқрагун, руҳбахшу рушангари қалбҳост. Тамошои бориши барф аз паси оинаи хонаи гарм таскинбахш асту ҳаловати тасвирношудание дорад, ё берун меоиву барфи алмосӣ ба рўят дона-дона мерезад.

Фасли зимистон чун баҳору тирамоҳ бо нуру ҷилояш, бо шаби ялдояш, бо сандалию гирди ҳам омадани кулли аъзои хонавода аз ҷониби адибон тараннум мешавад. Шабҳои тўлонӣ, сукути зебои табиат, покизагии ҳавою нафас, барои бисёре аз соҳибони қалам манбаи илҳом аст.

Зимистон аёми сардӣ буда, дар он рустаниҳо аз ҷумла гулу дарахтон муддате аз рустан бозмемонанд, аммо дарахтон аз ин хунукӣ намемиранд, балки то расидани фурсати дигар карахт мешаван ва чун баҳор ом ад, ба сабзиши худ идома медиҳанд.

Зимистон чист? Зимистон яке аз чор фасли сол мебошад ва дар ҳар кишвари дунё он дар ҳар гуна моҳу рўз фаро мерасад. Масалан, зимистон агар дар Тоҷикистон моҳи декабр фаро расад, дар кишварҳои Австралия, Чиллӣ, Мадагаскар, Перу одатан моҳи март оғоз мегардад. Сабаб дар он, ки офтоб одатан моҳҳои декабр қисмати ҷанубии сайёраи моро бештар гарм мекунад ва барои ҳамин ҳам аз сабаби кам будани нури офтоб дар қисмати шимолии кураи замин ин минтақаҳо хунук мешаванд.

Ҳарчанд Соли нави мелодӣ наздик шуда бошад, ҳам вале сокинони тамоми мамлакат омодагиҳоро барои таҷлили бошукўҳи он рўз шурўъ мекунанд. Хурсандиҳои бесаброна барои ҷашн гирифтани ин ид, ки дар дар 80-соли охир ба ҳукми анъана даромадааст, чӣ дар доираи оила, дар шаҳр, деҳот ва дар тамоми ҷумҳуриҳо бештар ба мушоҳида мерасад. Ҷашни Соли нави мелодӣ дар Тоҷикистон аз даврони Шуравӣ ба мерос мондааст ва 1-уми январ ба унвони оғози Соли нав пазируфта шудааст.

Манзараи фасли зимистон дар кўҳҳо ва дар қишлоқҷойҳо вақте, ки пур аз барф аст, хеле зебову аҷоиб мешавад, ки аз назар андохтан ба ин гуна манзара ҳаловати зиёд метавон гирифт. Барои бачагон зимистон ин айёми барфбозӣ, ҷашни солинавӣ, бобои барфӣ сохтан, яхмолакбозӣ аст, ки дар ёди худ то ба пирӣ ёддошт мешавад. Лек дар баъзе кишварҳо фасли зимистони хунук вуҷуд надорад, чунки офтоб онҳоро доимо гарм нигоҳ медорад. Ба чунин кишварҳо дохил мешаванд; ҷумҳуриҳои Африқо, Индонезия ва Амрикои миёна.

Ҳавои сард омад, ҷўй ях баст,

Фарози кўҳоро абр пўшид.

Шамоли тунд аз машриқ хурўшид,

Ба рўйи бому дарҳо барф биншаст.

Ба ҷойи зўзҳо гарму тафсон

Зимистон шуд,

Зимистон шуд,

Зимистон!

Ба рўйи тепа шодон мебароем,

Ки рўйи барфи нав ҳар сўй тозем

Ки ҷо-ҷо ҳайкале аз барф созем,

Зи нав васфи зимистонро сароем;

Ба ҷойи рўзҳои гарму тафсон

Зимистон шуд,

Зимистон шуд,

Зимистон!

Куҷо дорем мо парвои сармо,

Биборад акнун ҳар қадар ҳам?

Ба зери барф монад бому дар ҳам.

Набошад интиҳо шодии моро:

Ба ҷойи рўзҳои гарму тафсон

Зимистон шуд,

Зимистон шуд,

Зимистон!

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба