Зеҳн

ИБНИ СИНО ДАР БОРАИ БИҲӢ...

ЗЕ
Зеҳн29 ноябри 2024 · 5 дақиқа хондан

Хислатҳои шифобахши биҳӣ бешуморанд. Абӯалӣ Ибни Сино биҳӣ ва аз меваи биҳӣ тайёркардаро ҳамчун доруи рафъи исҳол, рафъи иштиҳо ва пешоброн истифода мебурд.

Шарбати биҳӣ нафастангӣ, балғами хунолуд ва дигар бемориҳоро шифо мебахшад. Маҳлули луобе, ки аз тухми биҳӣ гирифта мешавад, дар мубориза ба муқобили касалиҳои шуш ва роҳҳои нафас фоидаи хуб мебахшад.

Тухми биҳӣ барои хушкии даҳон муфид аст (махсусан ҳангоми сӯҳбати тӯлонӣ ё суханронӣ). Барои ин 30 дақиқа пеш аз сухан гуфтан 2-3 дона тухми биҳӣ ба зери забон партоед.

Дар тибби халқӣ барги биҳӣ, пӯсти навда, навдаҳои ҷавон барои диабети қанд ва фишори хун муфид аст. Он ба асабҳо, баъзе навъҳои дарди сар таъсири муфид дорад.

Гастрит, қабзият, сулфа:

10 гр. тухмии биҳӣро майда накарда, 200 мл. дар оби ҷӯшон гузошта, 5 дақиқа омехта кунед. Татбиқи, як қошуқ 4 бор дар як рўз пас аз хӯрок.

Хунравии милк:

Як қошуқи пӯсти биҳӣ 300 мл. дар оби ҷӯшон гузошта, ним соат дар оташи паст гузоред. Даҳонро дар як рӯз 4 бор бо он об бишӯед.

Беҳузуршавии дил:

Меваи биҳиро пӯст карда, ба 4 қисм тақсим мекунанд. Тухмҳо хориҷ карда мешаванд. Қисмати нарми меваро дар танӯр мепазанд ва дар як рӯз 3 бор 50-100 грамм истеъмол мекунанд.

Дар ҳолати илтиҳоби роҳҳои болоии нафас:

2 қошуқи шарбати меваро гирифта, дар як рӯз 3 бор бинӯшед.

Ҳангоми кушодани иштиҳо:

1 дона меваи биҳӣ аз реза гузаронида мешавад. Ба он, мувофиқи таъм, асал ва 2 қошуқ сиркои себ илова кунед, хуб омехта кунед. Сипас 1 қошуқи 1 бор пеш аз хӯрок истеъмол кунед.

Дар камхунӣ (ҳангоми нарасидани оҳан):

Шарбат аз се меваи биҳии андозаи миёна гирифта мешавад. Чӣ қадаре, ки миқдори шарбат зиёд бошад, ҳамон қадар асал ҳамроҳ карда мешавад (1:1). Дар як рӯз 3 бор дар қисмҳо тақсим карда бинӯшед. Давомнокии табобат - як моҳ.

Дарунравӣ:

200 гр. Меваи биҳӣ кӯфта, ба як литр оби ҷӯш рехта, дар оташи паст 20 дақиқа мепазанд. Сипас то шифо ёфтан ҳар соат 100 мл бинӯшед.

Ҳангоми баланд шудани ҳарорати бадан:

Тухми биҳӣ дар зери забон ду соат гузошта, ҷаббида мешавад.

Дар байни халқи мо мақоле ҳаст: «Дарунат рафт — қувватат рафт».

Дарунрав шудам ва ҳаловатам гурехт. Ҳеҷ ҷоям дард намекунад, вале ман хаста шудаам. Баъд занам доруи халқиро истифода бурд, ман беҳтар шудам. Ман ин табобатро ба шумо низ тавсия медиҳам.

Шаш дона барги биҳӣро шуста, 3 дақиқа ҷӯшонида мешавад. Як соат дам кунед ва 1-1,5 пиёла ширгарм бинӯшед.

Агар ҳоло барги биҳӣро хушк карда гиред, ҳатто дар фасли зимистон дору дар даст доред.

Барои бартараф кардани сангҳои гурда ва ғадуди меъда- заҳра, решаи наъматаки яксола ва тухми биҳӣ, барг ва навдаҳои тару тозаи биҳиро ҳамчун чой дам карда, асал ҳамроҳ карда бинӯшанд ва сонӣ сабзиро реза карда бихӯранд, шифо меёбанд.

Хислатҳои шифобахши он: инро бихӯранд, дил, майна ва меъдаро қувват мебахшад; пешобро меронад.

Оби биҳии ширинро гарм карда бимоланд, варами дасту пойҳо ва сустии ҷигари гарммизоҷонро ба ибро меоварад, вале хунукмизоҷонро зарар дорад. Биҳии ширинро напухта бихӯранд, аз бадан рехта шудани моддаҳои зарарнокро манъ мекунад, вале дар узвҳои бадан гиреҳҳо пайдо менамояд.

Мизоҷи биҳии турш дар дараҷаи якум сард ва дар дувум хушк аст. Агар инро бихӯранд, хислатҳояш дар бобати қувват бахшидан барои меъдаи гарммизоҷон аз биҳии ширин қавитар аст. Ва агар инро аз болои таом бихӯранд, оҳиста исҳол меоварад ва агар дар вақти холӣ будани меъда бихӯранд, дар одамони гарммизоҷ дарунро мебандад.

Усораи биҳии турш, яъне оби онро дар офтоб ғафс гардонида бинӯшанд, барои иллати ростнафас, дамкӯтаҳӣ, хун қай кардан, иллати қайкуни, дафъи хумор, таскин додани ташнагӣ, бисёр пешоб шудан ва дигар хунравиҳо даво мебошад.

Ҳар як навъи биҳиро бихӯранд, фараҳ меоварад беҳузур (беҷо) шудани дилро қатъ мекунад ва аз узвҳои ботини рафтани хунро манъ менамояд.

Биҳиро бо асал мураббо карда бихӯранд, ҳамаи зарарҳояш нест мегардад. Агар биҳиро мураббо накарда, худашро бихӯранд, ба узвҳои заифи даруни шикам зарар дорад, яъне роҳи нафасро дағал мегардонад; иллатҳои ларзак, сурфа ва кулинҷро, ки варам ва дарди рӯдахои ғафс аст, пайдо мекунад. Дар ин ҳолат асал ва арпабодиён бихӯранд, зарараш ислоҳ меёбад.

Агар аз гули биҳӣ мураббо тайёр карда бихӯранд, узвҳои даруни сина, дил, узвҳои даруни шикамро қавӣ мегардонад; тапидани дилро шифо мебахшад ва баромадани бухорҳои зарарнокро ба майна манъ мекунад.

Мева ва барги онро кӯфта, бардавом гузошта банданд, варамҳои гарми чашм ва дигар узвҳоро таҳлил медиҳад ва намегузорад, ки моддаҳои зарарнок ба узвҳо рехта шаванд, заҳри ҷонваронро аз бадан дафъ мекунад. Барги онро кӯфта гузошта банданд, захмҳоро хушк мекунад.

Дар байни халқи мо мақоле ҳаст: «Дарунат рафт - қувватат рафт».

Дарунрав шудам ва ҳаловатам гурехт. Ҳеҷ ҷоям дард намекунад, вале ман хаста шудаам. Баъд занам доруи халқиро истифода бурд, ман беҳтар шудам. Ман ин табобатро ба шумо низ тавсия медиҳам. Шаш дона барги биҳиро шуста, 3 дақиқа ҷӯшонида мешавад. Як соат дам кунед ва 1-1,5 пиёла ширгарм бинӯшед.

Агар ҳоло барги биҳиро хушк карда гиред, ҳатто дар фасли зимистон дору дар даст доред. Биҳӣ ба кадом бемориҳо шифо мебахшад? Ҳангоми кушодани иштиҳо: 1 дона меваи биҳӣ аз реза гузаронида мешавад. Ба он, мувофиқи тамъ, асал ва 2 қошуқ сиркои себ илова кунед, хуб омехта кунед. Сипас 1 қошуқӣ 1 бор пеш аз хӯрок истеъмол кунед. Ҳангоми камхунӣ (ҳангоми нарасидани оҳан): Шарбат аз се меваи биҳии андозаи миёна гирифта мешавад. Чӣ қадаре, ки миқдори шарбат зиёд бошад, ҳамон қадар асал ҳамроҳ карда мешавад (1:1).

Дар як рӯз 3 бор дар қисмҳо тақсим карда бинӯшед. Давомнокии табобат - як моҳ. Дарунравӣ: 200 грамм меваи биҳӣ кӯфта, ба як литр оби ҷӯш рехта, дар оташи паст 20 дақиқа мепазанд. Сипас то шифо ёфтан ҳар соат 100 мл бинӯшед. Ҳангоми баланд шудани ҳарорати бадан: Тухми биҳӣ дар зери забон ду соат гузошта, ҷаббида мешавад.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба