Зеҳн

Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ - асосгузори адабиёти форсу тоҷик

ЗЕ
зеҳни сунъӣ28 ноябри 2024 · 8 дақиқа хондан

Абўабдуллоҳи Рўдакӣ суханварест, ки ҳанўз дар замони зиндагиаш ҳамчун саромад ва устоди бузурги шоирон эътироф шудааст. Ӯро муосиронаш ҳангоми дар қайди ҳаёт будан чун пешвои аҳли адаб шинохтаанд. Унвонҳои қофиласолори назм, соҳибқирони шоирӣ, маликушшуаро ва одамушшуаро ба ин далеланд. Дар давоми бeш аз ҳазор сол бузургони илму адаб ба устоди устодон, тавонотарин шоир ва некўсухану матингуфтор будани Рўдакӣ қоил будаанд. Чунин рутбаҳои баландро гирифтани Рўдакӣ фақат гуфтори шоирона ва таърифи мағз нест. Устод Рўдакӣ ба ин мақоми баланд дар натиҷаи фаъолиятҳои фидокорона дар устувор гардонидан ва такомулу тараққӣ додани назми форсизабонон сазовор гардидааст.

Хусусан ӯро қофиласолори назм ва асосгузор номидани гузаштагон ҷoлиби диққат аст. Ин ҳамон эътирофи умумиест, ки имрўз Рўдакиро сардафтар ва асосгузори адабиёти тоҷику форс меномем. Ин чӣ маъно дорад?

Гумон набояд бурд, ки асосгузор ва сардафтари адабиёт будани Рўдакӣ гўё маънои онро дошта бошад, ки Рўдакӣ нахустин касест, ки шеър гуфтааст. Ин ақида дар 500 соли охир гаштаю баргашта такрор меёбад. Аммо ин фикр дуруст нест. Зеро пеш аз Рўдакӣ ҳам шеъри тоҷикӣ вуҷуд дошт. Асосгузор ва сардафтари адабиёт будан аслан маънои пеш аз дигарон асар навиштанро надорад. Рўдакӣ бо хизматҳои зеринаш ба ин мақоми бузурги таърихӣ соҳиб шудааст:

Рўдакӣ аввалин устоди сухан аст, ки таҷрибаҳо ва муваффақиятҳои пешгузаштагони худро ҷамъбаст ва нуқсону сустиҳои онро рафъ намуд. Вай адабиёти халқи худро аз ҷиҳати мазмун, ғоя ва шакл ба низом дароварда, мувофиқи таъбири рўдакишиноси машҳури Фаронса Дармстетер онро аз ҷиҳати бузургӣ ба тахт нишонд ва роҳи тараққиёти ояндаи онро муайян кард. Бо ин хизмати худ Рўдакӣ нуфузи назми арабиро дар хоки Сомониён ба дараҷаи нестӣ расонда, истиқлоли адабии халқи худро амалӣ гардонд. Бар замми ин, ў чунон шеърҳо офарид, ки сухансанҷони араб фасоҳату балоғати онҳоро эътироф карданд.

Рўдакӣ тамоми жанрҳо ва навъҳои адабиёти тоҷикро ба ҳадди такомул ва шакли ниҳоӣ расонд. Қасида, ғазал, қитъа, рубоӣ ва маснавӣ аввалин дафъа дар шаклҳои комили худ дар эҷодиёти Рўдакӣ намудор мегарданд. Устод бо ибрати шахсӣ, дастурҳо ва талаботи ҷиддӣ ба дигарон намуна буд. Ў дар ин соҳа муаллиме буд, ки ҳама ба ў пайравӣ мекарданд. Зимнан пайравӣ ба ў то имрўз давом дорад. Марсияву ҳаҷвияҳои вай писанди ҳамагонанд.

Рўдакӣ вазни шеъри тоҷикӣ - арўзи тоҷикиро ба низом даровард. Ўро ихтироъкунандаи вазни рубоӣ мешуморанд. Вай вазни нави шеъри тоҷикӣ - вазни арўзро ба забони форсии дарии тоҷикӣ мувофиқ гардонд. Ба воситаи баъзе ихтисорот ва пайвасткуниҳо, аз қабили к-аз, з-он, к-ин ва амсоли инҳо номувофиқатии забон ва вазнро аз байн бурд. Рўдакӣ анъанаи образофаринии адабиёти моро бунёд гузошт, асосҳои эстетикӣ ва бадеии онро устувор гардонд.

Рўдакӣ мундариҷаи шеърро бо мазмуну мавзўъҳои иҷтимоӣ, масъалаҳои зиндагӣ, фалсафа, ҳикмат, ахлоқ, ишқу муҳаббат, оҳангҳои ҳаётдўстӣ ва панду насиҳат ғанӣ гардонд. Гуманизм ва ватандўстӣ дар адабиёти мо аз беҳтарин анъанаҳои устод Рўдакист, ки дар давоми ҳазор сол хеле рушду камол ёфт. Ба тарзи дигар гўем, Рўдакӣ устоде буд, ки дар назм ғояҳои инсондўстиро устувор намуда, адабиётро ба инсоншиносӣ табдил дод. Мактаби эҷодии Рўдакӣ барои ҳамаи адибони пасин қабул гардида, то имрўз боқист. Ба ашъори ў садҳo сухансароёни асрҳои Х-ХХ бевосита пайравӣ кардаанд. Афкори ҳакимонаи устод Рўдакӣ бо мазмуни бузурги гуманистии худ акнун ба ҷузви таркибии ҳаёти маънавии халқи мо табдил гардидааст.

Эътибори Рўдакӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мислу монанд надорад. Аз нав зинда шудани ў ба худшиносии миллати тоҷик вобаста аст. Халқи аз зери шиканҷаю истисмори ҳазорсола озодшуда, мероси фикрии бобоёнашро низ аз нав зинда кард ва онро ба хизмати халқ гузошт. Ҳамаи ин аз зинда гардидани Рўдакӣ шурўъ шуд. Дар соли 1925 дар Тоҷикистон рўзи Рўдакӣ таъсис гардида буд. Соли 1958 дар тамоми ҷаҳон 1100-солагии зодрўзи устод Рўдакӣ ҷашн гирифта шуд. Осори ў борҳо бо ададҳои зиёд ба табъ расид. Ҳоло ҳар сол конференсияи илмии "Ёдбуди устод Рўдакӣ" гузаронида мешавад. Дар ҷумҳурӣ мукофоти махсуси давлатии ба номи Рўдакӣ таъсис шудааст, ки барои асарҳои беҳтарин ба адибон, санъаткорон ва меъморон дода мешавад.

Тасвири манзараҳои табиат дар ашъори Рӯдакӣ

Рӯдакӣ ба тасвирҳои тараббахш, шодиовар ва дилрабо манзараҳои табиати зебо, сеҳрангез будани баҳору ҳусни табиати мафтункунандаи он айёми хуррамро ба тарзи равшан, эҳсосшаванда ва пеши назар оянда муҷассам менамояд. Вақте ки кас ғазали поёнро мехонад, гумон мекунад, ки филмеро мебинад ё ба нигористоне (музейе) даромадааст, ки расмҳои рассоми чирадасте ба маърази тамошо гузошта шудаанд:

Омад баҳори хуррам бо рангу бўи тиб2

Бо сад ҳазор нузҳату3 ороиши аҷиб.

Шояд, ки марди пир бад-ин гаҳ шавад ҷавон,

Гетӣ4 бадил5 ёфт шабоб6 аз паи машиб7.

Чархи бузургвор яке лашкаре бикард,

Лашкар-ш абри тираву боди сабо нақиб8.

Наффот9 барқи равшану тундур-ш10 таблзан11,

Дидам ҳазор хайлу12 надидам чунин маҳиб13,

Он абр бин, ки гиряд чун марди сўгвор14

В-он раъд, бин, ки нолад чун ошиқи каиб15.

Хуршедро зи абр дамад рўй гоҳ-гоҳ

Чун он ҳисорие16, ки гузар дорад аз рақиб.

Акнун тасаввур кунед: баҳор дар шакли олиҳаи зебое меояд, ки лашкари бузурге дорад, ин лашкар ба сурати абри тираи осмони баҳориест, пешопеши он боди сабо чун сарлашкар онро пеш мебарад, барқ гўё бо силоҳе, ки пури нафти даргирон аст, ба сўи душман ҳуҷум мекунад, раъд табл менавозад. Аз мушоҳидаи ин манзара марди пир ҷавон мешавад. Чунин лашкари ҷаррорро касе надидааст. Боз абри баҳорӣ чун марди ғамзада ё мотамдоре мегиряд, раъд бошад, чун ошиқи номурод нола мекунад. Офтоб мисли маъшуқаи чодарпўше, ки аз рақиб бим дорад, гоҳ чеҳраи худро мекушояду гоҳ мепўшад. Ҳама чиз ба назар намоён ва эҳсосшаванда.

Ҳам дар мадҳ, ҳам дар ашъори ошиқона ва ҳам дар навъҳои дигари назм (дар тасвири манзараҳои табиати зебо) Рўдакӣ ташбеҳ ва муболиғаро зиёд ва гуворо ба кор мебарад. Мисли:

Бихандад лола бар саҳро ба сони чеҳраи Лайло,

Бигиряд абр бар гардун ба сони дидаи Маҷнун.

Зи оби ҷўй ҳар соат ҳаме бўи гулоб ояд,

Дар ў шустаст пиндорӣ нигори ман рухи гулгун.

Дар китобҳои таъриху тазкира ривояте ҳаст, ки Рӯдакӣ аз модар нобино ба дунё омадааст. Ин ақидаро баъзе олимони имрўза ҳам ҷонибдоранд. Аммо шеърҳои манзаравӣ, ташбеҳҳо, тазодҳо ва муболиғаҳои шоир ин фикрро рад менамояд. Рўдакӣ на фақат бино, балки бисёр мушоҳидакор ва борикбин буд. Дар байти поён дамидани бунафшаҳои навхези баҳорӣ ба мавҷи оташаки гўгирди навдаргирифта монанд карда мешавад, ки кас онро то набинад, тасаввур ва тасвир карда наметавонад:

Бунафшаҳои тарӣ хел-хел сар баркард

Чу оташе, ки ба гўгирд бардавид кабуд.

Нигориши чаман, хазон ва ҳусн дар қитъаи зерин низ ҳамин матлабро далолат мекунад:

Чамани ақлро хазонӣ агар,

Гулшани ишқро баҳор туӣ.

Ишқро гар паямбарӣ, лекин

Ҳуснро офаридагор туӣ.

Тасвири аъҷубакоронаи манзараи саҳни чаман ва табдил шудани зимистон ба бaҳор ба воситаи дами сарди дай-зимистон, ки ба нафаси дарандаҳо гургу паланг ташбеҳ дода мешавад, ифода гардида, ороста шудани он ба китоби Монӣ «Аржанг» монанд карда шудааст:

Он саҳни чаман, ки аз дами дай,

Гуфтӣ дами гург ё паланг аст.

Акнун зи баҳори монавитабъ

Пурнақшу нигор ҳамчу Жанг аст.

--------------------------

1 Хутан - номи вилояти макони мушк дар Чин.

2 Тиб - бўи хуш.

3 Нузҳат - зебоӣ, фараҳбахшӣ.

4 Гетӣ - олам, ҷаҳон, дунё.

5 Бадил - бадал.

6 Шабоб - ҷавонӣ.

7 Машиб - пирӣ.

8 Нақиб - сардор.

9 Наффот - партояндаи тӯпи нафтӣ.

10 Тундур - раъд

11 Таблзан - таблнавоз

12 Хайл - лашкар

13 Маҳиб - бадҳайбат

14 Сўгвор - ғамдор

15 Каиб - ғамгин

16 Ҳисорӣ - духтар

ҚАСИДАИ БАҲОР

Омад баҳори хуррам бо рангу бўйи тиб,

Бо сад ҳазор нузҳату ороиши аҷиб!

Шояд, ки марди пир бад-ин гаҳ шавад ҷавон,

Гетӣ бадил ёфт шабоб аз пайи машиб!

Чархи бузургвор яке лашкаре бикард,

Лашкар-ш абри тираву боди сабо нақиб!

Маффот барқи рўшану тундар-ш таблзан,

Дидам ҳазор хайлу надидам чунин маҳиб!

Он абр бин, ки гиряд чун марди сўгвор,,

В-он раъд бин, ки нолад чун ошиқи каъиб!

Хуршедро зи абр дамад рўй гоҳ-гоҳ,

Чунон ҳисорие, ки гузар дорад аз рақиб!

Якчанд рӯзгор ҷаҳон дардманд буд,

Биҳ шуд, ки ёфт бўйи суманро даво табиб!

Борони мушкбўй биборид навбанав

В-аз барф баркашид яке ҳуллаи қасиб.

Кунҷе, ки барф ҳамедошт, гул гирифт,

Ҳар ҷўяке, ки хушк ҳамебуд, шуд ратиб.

Тунд аз миёни дашт ҳаме бод бардамад,

Барқ аз миёни абр ҳаме баркашад қазиб.

Лола миёни кишт бихандад ҳаме зи дур,

Чун панҷаи арўси ба ҳинно шуда хазиб.

Булбул ҳаме бихонад дар шохсори бед,

Сор аз дарахти сарв мар ўро шуда муҷиб.

Сулсул ба сарвбун-бар бо нағмаи куҳан,

Булбул ба шохи гулбар бо лаҳнаки ғариб.

Акнун хуред бодаву акнун зиед шод,

К-акнун барад насиб ҳабиб аз бари ҳабиб!

Соқӣ гузину сабзаву май хур ба бонги зер,

К-аз кишт сор ноладу аз боғ андалеб!

Ҳарчанд навбаҳори ҷаҳон аст ба чашм хуб,

Дидори хоҷа хубтар з-он миҳтари ҳасиб!

Шеби ту бо фарозу фарози ту бо нишеб,

Фарзанди одамӣ ба ту андар ба шебу теб.

Дидӣ ту рижу ком бад-ў андарун басе,

Бо ридакони мутриб будӣ ба фарру зеб...

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба