Тасаввуф ва адабиёт.
Тасаввуф ҳамчун ҷараёни мафкуравӣ дар симои адабиёт бузургтарин воситаи тарғиботӣ-тарбиявиро дарёфт намуд. Аз ин рў, тасаввуф ба маънии том ба шеъру адаб рў овард ва амалӣ мазкур натиҷаҳои зеринро ба бор овард:
Тасаввуф ба адабиёт, ба шеъру адаб таъсири фаровон гузошт ва шохаи адабиёти нав ба вуҷуд омад, ки бо номи адабиёти тасаввуфӣ ё адабиёти сўфия машҳур гардид.
Дар асри ХI, дар қаламрави Мовароуннаҳру Хуросон шоирону нависандагони мутасаввиф зуҳур карданд, ки идеяҳо, ҳадафу мақсад ва марому манзури ин ҷараёни мўътабарро инъикос кардаанд.
Аввалин абёти сўфиёнаро асосгузори тасаввуфи Хуросон-Боязиди Бастомӣ (асри Х), тарҳрезӣ намуда бошад ҳам, вале ташаккули назми сўфиёна ба нимаи II асри Х рост меояд. Аниқтараш ба эҷодиёти ҳаким Саноӣ вобаста аст.
Абўсаиди Абулхайр (967-1049) заминаҳои назму насри сўфиёнаро гузошта бошад ҳам, нахустин шоири соҳибдевони адабиёти сўфиёнаи форс-тоҷик Абўабдуллоҳ Алии Шерозӣ муллақаб ба Бобо Кўҳӣ дониста мешавад, вале эҷодиёти Саноӣ ҳаматарафа серсоҳаву серпаҳлў буда, поягузори адабиёти мазкур эътироф шудааст.
Абдуллоҳи Ансорӣ аввалин такмилдиҳандаи назму насри мусаҷҷаи сўфиёнаи форс-тоҷик аст, ки баъдтар Саъдӣ ин равияро ба ҳадди камол расонидааст.
Аввал назми сўфиёна тавлид шудааст ва ё насри он аниқ намудан муҳол аст ва дар ин бора дар сарчашмаҳо доир ба эҷодиёти Боязиди Бастомӣ ва Имораи Марвазӣ ривоятҳо вуҷуд доранд.
Адабиёти тасаввуфӣ навъҳои адабии адабиёти сўфиёнаро ба вуҷуд овард: достон (маснавӣ), қасида, ғазал, қитъа, рубоӣ, дубайтӣ, мусаммат, мустазод, таркиббанд, тарҷеъбанд ва ғайра.
Албатта, навъҳои адабии мазкур вуҷуд доштанд, вале онҳоро такмил дод ва навъҳои нави онҳоро: қасидаҳои тамҳидия, наътия, муноҷот ва ғайраро эҷод намуд.
Ба навъҳои адабӣ асосан тозагӣ бахшид: қасидаро аз бори тамаллуқ ва тасвирҳои дурўғин наҷот дод, ғазалро аз ишқи шаҳвонӣ раҳонид, маснавиро барои таълими ахлоқи ирфонӣ-фалсафӣ, рубоиро барои арзи ақидаҳои ирфонӣ-фалсафӣ, дубайтиро барои сўзу гудоз - исёнҳои ботинии ишқӣ-ирфонӣ, қитъаро барои тарғиби афкори дидактикӣ-ирфонӣ ва ғайра корбаст кард.
Ба насри форс-тоҷик низ тозагиҳо ворид сохт: нахустин маротиба дар адабиёти форс-тоҷик шеъри мансур ё насри мусаҷҷаъ ба вуҷуд омад, ки асосгузораш Абдуллоҳи Ансорист.
Тасаввуф на танҳо ба адабиёти бадеӣ, балки ба адабиёти илмӣ низ таъсир расонид ва осори илмии адабиёти сўфия ба вуҷуд омад: тазкираҳо, мақомот, маноқиби сўфиёна, шарҳу тавзеҳот ва ғ.
Тасаввуф забони форсӣ-тоҷикиро аз нигоҳи фонду таркиби луғавӣ: калимаҳо, ибороту таркибҳо, таъбирҳо, истилоҳот ва ғайра низ ғанӣ гардонид.
Сабки суфиёна тавлид шуд, ки он хоси образҳои шеърӣ аст: ифодаву рамзу кинояҳои тозаву ноб ва тамсилоти ирфонӣ-фалсафӣ ва адабӣ ба вуҷуд омад.
Тасаввуф дар маҷмўъ забони адабии тоҷикӣ-форсӣ ва адабиёти онро чи аз нигоҳи шакл ва чи мазмунсозиҳо ба ҳадди камолот ворид сохт.
Забону шеваи баёни адибони ҷараёни мазкур ширин, рангин, нозук, шинаму дилкаш аст. Калимаҳои: сулук, солик, суфӣ, муршид, бақо, фано, валӣ, авлиё, ҳолу қол ва ғайра асосан хоси ҷараёни мазкур буда, фарҳангҳои соҳавии он ба вуҷуд омад.
Арзиши тасаввуф
Тасаввуф ҳамчун ҷараёни ирфонӣ ва фалсафӣ-ахлоқӣ ба ҳамаи соҳаҳои ҳаёти инсонӣ аз ҷумла: сиёсӣ-таърихӣ, иқтисодӣ-иҷтимоӣ, илмӣ-фарҳангӣ ва адабӣ-ахлоқӣ таъсири фаровон гузоштааст. Ин ҷараёни мўътабар пеш аз ҳама:
Ба ҳимояи инсон бархост ва инсонро аз хоршавию беқадрӣ эмин нигоҳ дошт ва зиёда аз ҳама муқаддас эълон кард.
Ниёзҳои зиндагиро паст зад, беэътибор эълон намуд, зеро:
Он чи шеронро кунад рўбаҳмизоҷ,
Эҳтиёҷ аст, эҳтиёҷ аст, эҳтиёҷ.
Мусовоти иҷтимоӣ, баробарии тамоми табақаҳоро эълон кард ва инсонҳоро аз нигоҳи дороиву нодорӣ афзалият намедод.
Ахлоқи ҳамидаи инсониро: покӣ, ҳалолкорӣ, ростқавлӣ, якрўиву якҷиҳатӣ, сабру қаноат, бузургдоштии инсон, эҳтироми волидайн, саъю кўшиш, вафову меҳрубонӣ, илму ҳикматдўстӣ, накўкориву некномӣ ва ғайраро тарғиб намуд.
Ахлоқи разиларо саркўб кард.
Доир ба ҳаёт ва суханони аҳли тасаввуф:
«Китобуттаъарруф лӣ мазҳабиттасаввуф» - и Абўбакр Муҳаммад ибни Иброҳими Бухороии Калободӣ.
«Шарҳи таъарруф» - и Абўиброҳим Мустаъмалии Бухроӣ.
«Рисолаи қушайрия» - и Имом Абулқосими Қушайрӣ.
«Табақотуссўфия» ва «Таърихуссўфия»- и Абдурраҳмони Сулламӣ.
«Кашфулмаҳҷуб»- и Абулҳасан Ҷуллобии Ҳуҷвирӣ.
«Табақотуссўфия»- и Абдуллоҳи Ансорӣ.
«Тазкиратулвлиё»- и Фаридудини Аттор.
«Маноқибулорифин» - и Афлокӣ
«Нафаҳотулунс»- и Абдураҳмони Ҷомӣ.
Доир ба ҳикмати назарӣ ва амалии тасаввуф:
«Рисолаи тайр», «Ҳай ибни Яқзон», «Саломон ва Абсол», «Рисолаи ишқ» - и Абўалӣ ибни Сино.
«Алламаъ фӣ тасаввуф»- и Абўнасри Сарроҷ.
«Асроруттавҳид фӣ мақомоти Абусаид», «Ҳолот ва суханони Шайх Абусаид» - навиштаи яке аз наздикони Шайх Абусаиди Абулхайр.
«Сад майдон», «Манозилуссоирин», «Канзуссоликин» (ё «Зодулорифин»), «Муноҷотнома», «Қаландарнома», «Муҳаббатнома» - и Шайх Абдуллоҳи Ансорӣ
«Савонеҳулушшоқ» - и Шайх Аҳмади Ғаззолӣ
«Ҳадиқатулҳақиқа ва шариатултариқа» ва «Сайрулибод»- и Саноии Ғазнавӣ.
«Мантиқуттайр», «Мусибатнома», «Илоҳинома», «Асрорнома»- и Фаридуддини Аттори Нишопурӣ.
«Махзануласрор»- и Низомии Ганҷавӣ.
«Фусусулҳикам», «Футуҳоти Маккия»- и Ибни Арабӣ.
«Ҳикматулишроқ», «Овози пари Ҷабраил», «Ақли сурх», «Сафири Симурғ», «Луғати мўрон», «Ғурбатулғарибия»- и Шайхи Ишроқ.
«Мактубот», «Тамҳидот»- и Айнулқуззоти Ҳамадонӣ.
«Кашфуласрор», «Абҳарулошиқин», «Шарҳи шатҳиёт»- и Рўзбеҳони Бақлии Шерозӣ.
«Ушшоқнома» ва «Лавомеъ» - и Фахруддини Ироқӣ.
«Маснавии маънавӣ»- и Ҷалолуддини Румӣ.
«Гулшани роз»- и Маҳмуди Шабустарӣ.
«Мафотеҳулэъҷоз фӣ шарҳи «Гулшани роз» ва «Асрорушшуҳуд» - и Шамсуддин Муҳаммади Лоҳиҷи Асирӣ.
«Ҷоми Ҷам» - и Авҳадии Мароғаӣ.
«Инсонулкомил» - и Азизи Насафӣ.
«Шарҳи рубоиёт» - и Абдураҳмони Ҷомӣ
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё