Зеҳн

Шеър ва суруд

ЗЕ
Зеҳн28 ноябри 2024 · 2 дақиқа хондан

Мактаби мо

Эй мактаби маҳбуби мо,

Озодаву матлуби мо,

Ҳоло зи таътил омадем,

Аз нав ба таҳсил омадем.

Мо дар деҳи хуррам будем,

Бо дўстон ҳамдам будем,

Бо ҷўраҳо дар кўҳу дашт,

Кардем агарчи сайругашт.

Ту дар хаёли мо будӣ,

Зебову дилоро будӣ,

Оғўши худ бар мо кушо,

Дорем хеле тўҳфаҳо.

Ҳарфе, ки мо мехонем

Ҳарфе, ки мо мехонем,

Ҳарфе, ки мо медонем.

Ҳамеша орад ба ёд

Як нишоне аз ҳаёт.

Ҳарфе, ки мо мехонем,

Ҳарфе, ки мо медонем,

Агар ҳарфҳоро донем,

Ҳама дунёро донем.

Ҳарфи О мисли кулча,

Ҳарфе Б ранги дулча,

Ҳарфи С чун дастпона,

Ҳарфи Ш мисли шона,

Ҳарфи В ранги айнак

Ҳарфи Ж чун тортанак.

Муаллим

Номи ту бошад,

Вирди забонҳо,

Зи ту гирад илм,

Ҳар фарди дунё.

Бе ту надорад,

Ҳеҷ ранге рўзгор.

Раҳомўзи мо,

Ҳасти омўзгор.

Илму адабро,

Аз ту андўзем.

Одамгариро,

Аз ту омўзем.

Бе ту надорад

Нуре дабистон.

Номи ту бошад,

Баробари ҷон.

Модар

Азизу меҳрубонам кист? Модар!

Фурўғи дидагонам кист? Модар!

Забони модарӣ омўхт бар ман,

Ҳамеша дар забонам кист? Модар!

Сафои рўи олам офтоб аст,

Сафои хонадонам кист? Модар!

Маро беҳтар зи ҷон донист умре,

Гиромитар зи ҷонам кист? Модар!

Наврўз

Наврўзи диёр омад,

Пайғоми баҳор омад,

Дар мавсими кор омад.

Наврўз муборак бод!

Нақарот:

Наврўз, Наврўз,

Наврўз муборак бод!

Ҳам зеби чаман - Наврўз,

Ҳам зеби Ватан - Наврўз,

Дар дашту даман - Наврўз,

Наврўз муборак бод!

Нақарот:

Наврўз, Наврўз,

Наврўз муборак бод!

Боронак

Чак-чак борон меборад,

Моро шодон медорад.

Оби борон роҳатбахш,

Савти борон мефорад.

Нақарот:

Чак-чак, чак-чак, чак-чак, чак.

Чак-чак, чак-чак, чак-чак, чак.

Тоза шўяд гулҳоро,

Боғу дашту саҳроро.

Борон равшан гардонад,

Табъу дилҳои моро.

Нақарот:

Чак-чак, чак-чак, чак-чак, чак.

Чак-чак, чак-чак, чак-чак, чак.

Борад, то гулҳо рўянд,

То духтарҳо сар шўянд.

То бачаҳо гул чинанд,

То модарҳо гул бўянд.

Нақарот:

Чак-чак, чак-чак, чак-чак, чак.

Чак-чак, чак-чак, чак-чак, чак.

Чӯҷаҳо

Ту-ту-ту-ту ба ин ҷо,

Биёед эй чўҷаҳо.

Шуморо дон медиҳам,

Резаи нон медиҳам.

Натарсед аз ман шумо,

Наларзед аз ман шумо,

Шуморо дон медиҳам,

Резаи нон медиҳам.

Кишварам

Бо Ватан сарфарози ҷаҳонем,

Бо Ватан ҷовидон, пуртавонем.

Дар вафои Ватан устуворем,

Насли фархундаи Ориёнем.

Нақарот: Кишварам, модарам, ифтихорам,

Маҳди ҷонпарварам, эътиборам.

Парчамат то абад пар-парафшон,

Дар канорат ҳама боғу бўстон.

Ҳарфи қонуни бахтат муқаддас,

Нури хуршеди рўзат ба ҷавлон.

Нақарот: Кишварам, модарам, ифтихорам,

Маҳди ҷонпарварам, эътиборам.

Муаллим

Муаллими меҳрубон

Меҳратон дар дилу ҷон.

Лафзи ширину равон

Мо аз Шумо омўхтем.

Нақарот: Муаллим, муаллим

Ҷон, муаллим.

Ба ҳар савол ҷавобро,

Донистани ҳисобро,

Ҳам хондани китобро

Мо аз Шумо омўхтем.

Нақарот: Муаллим, муаллим

Ҷон, муаллим.

Ҳифзи хоки Ватанро,

Ба вай содиқ буданро,

Васфи боғу чаманро

Мо аз Шумо омўхтем.

Нақарот: Муаллим, муаллим

Ҷон, муаллим.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2