Зеҳн

Ахлоқу одоб

ЗЕ
Зеҳн27 ноябри 2024 · 6 дақиқа хондан

Мувофиқи фарҳанги забони тоҷикӣ, одоб ин раванди тарбиявиест, ки тавассути он ахлоқи шахс ба тарафи мусбӣ тайғир дода мешавад. Ахлоқ бошад маҷмӯи рафтори шахсро инъикос менамояд. Меъёрҳои ахлоқӣ яке аз омилҳои асосии муътадилияти ҷомеа маҳсуб мешаванд. Онҳо аз насл ба насл гузашта, барои аъзоёни ҷомеа ҳамчун беҳтарин намунаи рафтор хизмат мекунанд. Маҳз тавассути онҳо шахс метавонад рафтори хуб ва бадро аз ҳамдигар ҷудо созад. Дар маркази ташаккули онҳо оила меистад ва маҳз дар оила аввалин нишонаҳои ахлоқро одамон дарк мекунанд. Аз шароити оила вобастагӣ дорад, ки аввалин қадамҳои иҷтимоишавӣ барои ҷавонон чӣ тавр сурат мегиранд. Меъёрҳои ахлоқӣ инчунин барои ташаккулёбии шахсият мусоидат мекунанд ва аз ин лиҳоз тарбияи ахлоқии ҷавонон барои таъмини фазои хуби ҷомеаи оянда асос мегузорад. Ахлоқ унсурест, ки қисматҳои дигари тарбияро бо ҳам мепайвандад ва асоси фаъолияти шаҳрвандро ташкил медиҳад. Илму фарҳанг дунёи маънавии инсонро ташаккул медиҳанд. Забон, адабиёт, таърих манбаъҳои хаттӣ ва шифоҳӣ, осори арзишманди динӣ, ёдгориҳои таърихӣ, асарҳои санъат, барномаҳои радио, телевизион, маводи компютер, шабакаи интернетӣ, васоити ахбори умум дар тарбияи ахлоқию маънавӣ олами маънавии инсон ғанӣ мегардад.

Бо мақсади боз ҳам равнақ додани системаи тарбияи насли наврас, соли 2006 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3.03. 2006, № 94 Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Ин ҳуҷҷат дурнамои давлатро дар соҳаи тарбияи миллии оммаи васеи аҳолӣ, махсусан насли наврас, муайян намуда, моҳият, мақсаду вазифаҳо ва мазмуни тарбияи миллиро дар марҳилаи нави таърихӣ ба танзим даровард. Муҳим будани тарбияи одоб ва ахлоқ қисми асосии системаи тарбияи ҷавононро ташкил медиҳад. Классикони адабиёти форсу тоҷик ин мавзӯро хеле васеъ дар асарҳои худ инъикос намудаанд. Абубакр ар-Розӣ дар ин бора дар асари худ «Тадбири манозил» менависад, ки «тарбияи фарзанд дар оила ва бахусус тарбияи модар дар ташаккули инсони комил ҷои муҳимро ишцол мекунад». Олим ва файласуф Насируддини Тусӣ дар ташаккули ахлоқи инсон се омили асосиро ҷудо мекунад:

- қувваи ақлонии инсон, ки рафтори дурустро муайян мекунад;

- қувваи нафсонӣ, ки дар инсон далерӣ, ҷасорат ва ҳокимятрониро пайдо мекунад;

- қувваи майлу кӯшиш, ки шахсро ба маишату боигарӣ мекашад.

Сипас Н. Тусӣ менависад, ки бо афзоиши ҳар яке аз инҳо хирадмандӣ, ҷасорат, хоксорӣ ва адолат дар инсон ташаккул меебад. Ҳар як фарди оддӣ ба хубӣ дарк менамояд, ки чӣ гуна дар асри илму техника, кашфи асрори оламу одам маҷрои бадахлоқӣ, ақл ва рӯҳи мардумро тираю беранг карда бадахлоқӣ-бадкирдориро равшану рангинтар гардонида истодааст. Ҳар рӯз тавассути матбуоту Интернет бемамоният бадахлоқӣ ба сари мардум фурӯ мерезад.

Дар баробари системаи таълим ва тарбияи ҷавонон мо бояд нақши интернетро низ дар тарбияи ахлоқии ҷавонон сарфи назар накунем. Зеро чуноне, ки тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ҷавонон бештари вақти худро дар тамошои захирахои интернетӣ сарф мекунанд. Аз ин рӯ падару модарро зарур аст, ки тарзи вақтгузаронии фарзандонро назорат намоянд. Аз ин ҷост, ки ахлоқ ифодакунандаи сатҳи маънавии ҷомеа буда, омили муҳимтарини рушду нумӯи иҷтимоёт, иқтисодёт ва давлату давлатдорӣ мебошад. Вай дар пойдории ваҳдати миллӣ, давлат, сулҳу суботи ҷомеа ва инкишофи ҳаматарафи шахс нақши муассир дошта, меъёри объективии дараҷаи камолоти муносибатҳои ҷамъиятӣ, нишонаҳои инсону инсонгарӣ дар ҳар як фард мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки пешрафти ҷомеа танҳо ба як иқтисодиёт ва иҷтимоиёт вобаста нест. Дар пешравии ҷомеа маънавиёт, аз ҷумла, арзишҳои ахлоқӣ нақши муассир доранд. Агар дар ҷомеа ахлоқ коста гардида бошад, бевиҷдонӣ, баднафсӣ, ришвахурӣ, чашмбандӣ, риёкорӣ ва дигар зуҳуротҳои номатлуб ҷой дошта бошанд, пас, чунин ҷомеа гарчанде дорои техникаю технологияи пешқадам ҳам бошад, аммо оянда надорад, дур намеравад ва ҳатман ба инқироз дучор мешавад. Пас аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд ҳуҷҷатҳои муҳим, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар боари масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Қоуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» (соли 2022), Консепсияи миллии маълумоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси одоби хизматчии давлатӣ, Барномаи давлатии тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010, Консепсияи миллии инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва тасдиқ гардидаанд. Дар ин ҳуҷҷатҳо вобаста ба таълиму тарбия фикрҳои солим ва арзишнок гуфта шудаанд.

Ҳамин тавр мавзуи мазкурро таҳлил намуда, ба чунин хулосаҳо омадан мумкин аст, ки тарбияи ахлоқии ҷавонон аз оила сар мешавад ва аз ин рӯ давлат, ҷомеа ва волидайнро зарур аст, ки дар ин самт кори худро фаъол намоянд, то ки насли наврас аз синни хурдсолӣ ба эхтироми қонун ва меъёрҳои алоқӣ омухта гардад. Ҳамчунин сохторҳои давлатиро зарур аст, ки захираҳои интернетиро ба фоидаи тарбияи насли наврас истифода барад ва нисбати ин раванди ҷомеа муносибати ҷиддӣ дошта бошад. Таҳлили амали меъёрҳои ахлоқӣ дар оила дар замони муосир нақши калидӣ доранд ва аз ҳамин ҷиҳат инсоният дар таърихи чандинҳазорсола ин арзишҳоро эмин нигоҳ дошт ва имрӯз ахамияти онҳо аз давраҳои пеш кам нест. Тавассути онҳо тарбияи ахлоқӣ, таълим ва тарбияи ҷавонон дар системаи муносибатҳои ҷамъиятӣ нақши тозаро пайдо мекунад ва пешрафти ҷомеаро таъмин месозад.

Пас ҳар яки моро зарур меояд, ки ҳамчун табибони оянда ин касби пуршарафро бо тамоми нозуки аз худ намуда, баҳри сазовор будан ба номи табибӣ бояд малакаҳои хуби муошират ва миёни ҷомеа намуна бошем. Ӯ роҷеъ ба муносибати табиб бо беморон чунин андешарони намуданд, ки “ҳар табиб вазифадор аст ки пеш аз шурӯи табобат худро ба ҳолати бемор мутобиқ гардонад. Табиб дар баробари табиб будан бояд равоншинос низ бошад” Одоб рафтору гуфтори нек, аз ҷумлаи асоситарин хислатҳое мебошанд, ки дар ҳама давру замон барои инсонҳо муҳиму аввалиндараҷа мебошанд. Хушмуомилагӣ ва ахлоқи хуб- яке аз хусусиятҳои муҳим вобаста ба тарбияи инсон аст. Чунин ҳам ҳаст, ки муоширати хуб аз ҳусну ҷамол боло меистад ва зебоиву ҳусну ҷамоли инсон аз ахлоқ ва одоби муошират вобаста аст. Табибон охирин даргоҳи умеди шахсони бемор мебошанд. Онҳо на танҳо бо донишу малакаи касбӣ, балки бо сухани нарму лафзи ширин, нигоҳи гарму дили пурмеҳр бояд беморонро шифо бахшанд. Муоширати хуб ва муносибати ҳалимона нисбат ба бемор ними табобат буда, ба ӯ қувват мебахшад ва дардашро сабук мегардонад. Шумо бояд доимо дар хотир дошта бошед, ки пайравони Синои бузург мебошед.

Ахлоқу одоби табибӣ ин қоида ва меъёрҳои рафтор натанҳо байни табибон, инчунин миёни кормандони тиб ва беморон мебошад. Риоя ва иҷрои ин қоидаҳо нафъи дармонро афзуда, ба болоравии сатҳи фарҳангии ҷомеъа таъсири нек мегузорад.

Барои аз ӯҳдаи ин кор баромадан ӯ бояд аввалан дониши худро ҳамвора мукаммал созад, ва дар амал ҷорӣ намояд. Вале обрӯву эътибори табиб мегуяд Ибни Сино, на фақат ба донишу маҳорат балки ба ахлоқу одоби ӯ вобастагӣ дорад. Табиб дар муомила бо мариз бояд хушзабону ҳалим бошад, хайрхоҳ, мушфиқу мӯнис ва ҳамдарду ғамгусори ӯ гардад.

Абдураҳмонов З.В.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба