Зеҳн

Эҳёи дубораи анорзорҳои ноҳияи Дӯстӣ пас аз сардии 2023

КИ
Китобдор26 ноябри 2024 · 9 дақиқа хондан

Баъд аз таъсири сардиҳои зимистони соли 2023 анорзорҳои ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон ба ҳосил даромад. Соли гузашта анорпарварон аз ҳосил маҳрум шуда буданд. Боҳтур Анамуродов аз кишоварзоне аст, ки соли сипаришуда дар пайи сармо анорбоғаш аз даст рафт. Тамоми дарахтонро сармо зад ва ӯ ноилоҷ онҳо аз бех бурид. Ин баҳор дарахтон аз нав сабзиданд ва акнун бо хонаводааш ба ҷамъоварии ҳосил машғул аст.

Дӯстӣ аз ноҳияҳои овозадори ҷануби Тоҷикистон дар самти анорпарварӣ аст, ки ҳамасола аз ин ноҳия садҳо тонна анори хушсифат содир мешавад. Тибқи иттилои расмӣ, дар соли 2023 майдони умумии анорбоғҳо дар ин ноҳия 737 га буда, дар пайи сардиҳои зимистони ҳамон сол танҳо 60 га-и он солим монда буд, ки ҳосили хуб надод. Бо тавсияи мутахасиссони соҳаи аграрӣ, барои дубора барқарор шудани анорбоғҳо, деҳқонон буриши дарахтонро аз сатҳи замин анҷом доданд. Ба гуфтаи мутахасисони соҳа, анорбоғҳо баъд аз се соли буриш ҳосил медиҳанд. Вале дар соли дуюм қисме аз онҳо дубора ба ҳосил даромад.

Анорбоғи Боҳтур Анамуродов дар Ҷамоати деҳоти Гарди Гулмуродови ноҳияи Дӯстӣ дар масоҳати 0, 50 га бунёд гардидааст. «Бори дуввум аст, ки анорбоғҳоро сармо мезанад. Соли 2014 низ ин мушкилро аз сар гузаронидем. Бо тавсияи мутахасисони соҳа дарахтонро аз сатҳи замин буридем ва дубора аз решаи дар хокбуда сабзиданд.»,-ба ёд овард ин деҳқон.

То як соли пеш ҳосили ӯро аз хона харидорӣ мекарданд ва аз 5-7 сомонӣ барои ҳар киллои анор ба ӯ маблағ медоданд. Боҳтур Анамуродов умед дорад, ки ҳосили имсоларо каме гаронтар мефурӯшад.

Комил Хоҷаёров, собиқ сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Дӯстӣ мегӯяд, дарахти анор дар 12 дараҷа сардӣ тобовар аст. Аммо сардии зимистони 2023 аз ин бештар буд. То соли 2022 аз ҳар як га боғи анор беш аз 13 тонна анор ҷамъоварӣ мешуд.

Анор меваи маъмули мардуми тоҷик ва дигар халқҳои Осиёи Марказӣ мебошад. Меваи анор калон (то 1 кг), лўндаи сурх, сурхи баланд ё зардтоб аст; тирамоҳ мепазад. Меваи анорро дер нигоҳ доштан ва ба ҷойҳои дур кашондан мумкин. Аз он ҳаргуна афшура, шарбат, қиём тайёр намуда, ҷавҳари лиму мегиранд.

Олими барҷастаи форс Абуалӣ Ибни Сино навъҳои гуногуни анорро номбар намуда, чунин гуфтааст: ширин, майхуш, турш буда, мизоҷи анори ширин умуман сард дар дараҷаи дуввум ва дар якум тар аст. Мизоҷи пусташ сард ва хушк аст, бисёр қабзиятовар мебошад. Беҳтарини самари анори ширин бузургдона ва шодоби он аст. Хислатҳои шифобахши он: агар бихўранд, ғизоияташ кам, вале аз он хуни солим пайдо мешавад, боднок аст.

Таркиби кимиёвии меваи анор

36-62 фоизи массаи меваи анорро шира, 27-51 фоизашро пуст, 7-21 фоизашро тухм ташкил медиҳад. Дар таркиби меваи анор 80-89% об, 8-20% қанд, 4-8% глюкоза, 0,2-0,9% оксид, то 7 мг% витамини С, намакҳои хлорид ва сулфид, калсий, калий, натрий, фосфатҳо, манган, магний мавҷуд аст. Аз тухми анор равған мекашанд, кунҷораашро ба орди хўроки чорво илова менамоянд. Таркиби кимиёвии меваи анори худрўй низ мисли анори дастпарвар аст, вале туршии бештар дорад. Аз шираи меваи анори худрўй ҷавҳари лиму истеҳсол менамоянд. Пўсти меваи анор нисбатан ғафс аст ва моддаҳои даббоғии зиёд дорад. Моддаҳои даббоғии анорро барои даббоғии чарми нафис, аз ҷумла сафён кор мефармоянд. Аз анор барои матоъ ранг мегиранд. Аҳолии таҳҷоии Тоҷикистон аз замонҳои қадим аз анор ранги бадошти ҷигарӣ ва сиёҳ мегирифтанд.

Хусусиятҳои шифоии анор

А.И. Сино дар китоби «Канзи шифо» овардааст: «Оби анорро дар шиша рехта ба офтоб гузоранд, то он ки ғафс гардад ва баъд онро дар чашм кашанд, рушноии онро меафзояд — ҳарчанд ин куҳнатар шавад, беҳтар ва қавитар мегардад. Хӯрдани тухмаш бодангез аст, дар меъда бод пайдо мекунад. Гулашро сӯхта бипошанд, ҷароҳатҳоро ба ҳам оварда хушконида, сиҳат мекунад».

Ҷӯшобаи пўсти онро ҳангоми бемориҳои шадиди меъда кор мефармоянд. Пўстлохи анор дорои алкалоиди пеллетерин аст, бинобар ин барои табобати энтероколитҳо истифода мешавад. Пўстлохи шоху навда, тана ва решаи анор низ муфид аст. Кўфтаи решаи анорро табибони халқӣ ҳангоми сахт лат хўрдани узвҳо, шикастани устухон, барои таскин додани дард, муолиҷаи исҳоли хунини музмин кор мефармоянд.

Гул ва ғунчаи анор дар тибби мардумӣ баҳри манъи хунравӣ, ҳини гўлудард, исҳоли хунин ва чун воситаи табшикан ба кор меравад. Аҷдоди тоҷикон буттаи анорро муқаддас меҳисобиданд ва онро намесўзонданд. Аз барги анор чой дам мекунанд. Чўби онро, ки рангаш зард аст, дар саноати коркарди чўб истифода бурдан мумкин аст. Анор рустании ороишии хуб аст. Онро барои мустаҳкам кардани нишебии кўҳҳо низ метавон кор фармуд.

Пайдоиши дарахти анор

Анорро аз замонҳои қадим парвариш мекунанд. Анор дар қатори ток барои юнониён дарахти худои май ва хушҳолӣ буд.

Тадқиқоти ботаникӣ, таърихӣ ва филологӣ шаҳодат медиҳанд, ки хелҳои ҳозираи анор аз Эрони Шимолӣ, Закавказияи Шарқӣ ва Копетдоғи Ғарбӣ баромадаанд. Ба ақидаи олимон дар ноҳияҳои ҷуғрофӣ анор ҳанўз пеш аз бодом, зардолу ва шафтолу парвариш карда мешуд.

Тавсифи анвои аноре, ки ба шароити иқлими Тоҷикистон мутобиқ карда шудаанд.

Дар қаламрави Тоҷикистон анорзорҳо дар се мавзеъ: нишебиҳои қаторкўҳи Дарвоз, ҳавзаи дарёи Кофарниҳон ва нишебии ҷанубии қаторкўҳи Ҳисор дар ҳавзаи дарёҳои Ширкент, Тупаланг, Сандаргон ҷой гирифтаанд.

Дар водии Вахш навъҳои – Туршдона, Гулоишаи сурх, Сурханор, Қизиланор ва Қазоқианор парвариш меёбанд, ки навъи Сурханор аз ҳар га 20 т ҳосил дода, баъзе меваҳои анори навъи Туршдона 1000-1300 г мешаванд.

Навъи анорҳои Озарбойҷон ва Туршдона дар шаҳри Бохтар (собиқ Қўрғонтеппа), навъи Десертӣ дар Стансияи рустаниҳои субтропикии Вахш ва дар ҷумҳурӣ, навъи Қазоқианор дар вилояти Суғд, шаҳри Бохтар ва навоҳии Ҳисор ва навъи Сурханор дар ҷумҳурӣ парвариш меёбанд.

Як меваи анор то 1200 дона дорад.

Анор рустании гармипарвар аст. Барои комилан пухта расидани меваи он маҷмўи ҳарорати фаъол бояд зиёда аз 30000С бошад.

Дар шароити иқлимии Тоҷикистон давраи нашви анор 180-215 рўз аст. Нимаҳои дувуми моҳи май гул мекунад. Давраи гулшукуфташ 50-75 рўз. Мевааш охири моҳи сентябр – аввали моҳи октябр пухта мерасад.

Буттаи анор хушкитобовар аст. Вале дар мавриди кам будани намӣ ҳосилаш кам ва бесифат мешавад.

Ниҳоли аз қаламча рўидаи анор соли 3-4 самар меорад. Баъзе ниҳолҳо ҳатто соли дуввуми шинонидан гул мекунанд. Буттаи анор соли 7-8 шинонидан пурра ба ҳосил медарояд ва 30 – 40 сол самар меорад. Анор рустании сармобардор аст (то -5С тоб меорад).

Рустании пурра ба ҳосилдаромада то 200-400 дона анор медиҳад.

Тарзу усулҳои парвариши анор дар Тоҷикистон

Анор бо роҳи ҷинсӣ ва нашвӣ – аз тухм қаламча, бехҷаст меафзояд. Дар ниҳолистонҳои ҷумҳурӣ роҳи асосии ба даст овардани ниҳоли анор – решагиронии қаламчаҳо мебошад. Усули аз тухм рўёндани анор – тухми анорро аввалҳои моҳи март дар қуттиҳои махсус кошта, дар ҳарорати 18-200С нигоҳ медоранд. Аввали моҳи май наврустаҳоро гирифта, дар ҷўяк аз рўи тартиби 20 х 10 см мешинонанд. Тирамоҳ наврустаҳо барои дар ҷои муқимӣ шинондан тайёр мегарданд.

Тухмиро бевосита дар ҷўяк низ коштан мумкин аст.

Қаламчаҳои анорро тирамоҳ, баъди рехтани барг (моҳҳои октябр - ноябр) ва баҳорон (моҳи март) тайёр мекунанд. Қаламча аз рустании солим гирифта мешавад. Аз ҳар бутта то 25 – 30 қаламча гирифтан мумкин. Қаламчаро аз шохаҳои зиёдатӣ тоза мекунанд. Диаметри қисми болоии қаламча бояд 8 – 10 мм бошад. Сипас қаламчаҳоро 50 – 100 донагӣ бандча карда, дар хоки нам то фаро расидани давраи шинондани онҳо нигоҳ медоранд. Дар ҳар бандча бояд навъи анор қайд карда шавад. Дарозии қаламча аз 20 – 25 см кам буданаш лозим нест. Қаламчаҳоро аз муғҷаи болоӣ 2 см боло ва аз муғҷаи поёнӣ 2 см поён буридан даркор.

Моҳҳои октябр – ноябр қитъаҳои заминро ба чуқурии 40 – 45 см шудгор карда, ба ҳар га 25 – 30 т пору ва 90 – 120 кг Р2О5 андохта заминро чизел ва сихмола мекунанд. Қаламчаҳоро барои реша гирифтан аз рўи тартиб 60 х 20 ё 70 х 15 см ба ҳар га 85 – 95 ҳазор дона мешинонанд. Қаламчаҳои ҳар навъи анорро алоҳида шинондан лозим аст.

Дар давраи нашв алафҳои бегонаро маҳв ва хокро нарм кардан даркор. Моҳҳои май – июл ба ҳар га 35 – 40 кг нуриҳои нитрогендор меандозанд. Моҳи август дар рустанӣ 4 – 5 навда гузошта навдаҳои боқимондаро бурида мепартоянд. Бехҷастҳоро низ канда партофтан лозим. Ниҳолҳоро моҳҳои октябр – ноябр, баъзан моҳҳои март – аввали апрел пеш аз шинондан мекананд.

Баҳри бунёди боғ заминеро истифода мекунанд, ки барои ҳаракати мошинҳо мувофиқ бошад. Дар ҷойҳои нишебрўя қаблан зина месозанд. Хок бояд шўр набошад. Обҳои зеризаминӣ аз сатҳи хок 1 – 2 м чуқур буданашон лозим аст.

Барои ниҳолҳо чуқуриро ба воситаи чуқурикобаки КЯУ – 100 мекобанд. Чуқурӣ бояд 50 см бошад.

Ниҳолҳои анор аз рўи тартиби 4 х 2, 4 х 3, 5 х 3 м шинонда мешаванд. Дар суфаҳои барашон 4 м ниҳолҳоро дар як қатор баъди ҳар 2 м мешинонанд; дар суфаҳои барашон 6 м ниҳолҳо дар ду қатор (майдони ғизоиашон 3 х 3 м) шинонда мешаванд.

Пеш аз шинондан шоху навда ва решаҳои осебёфтаро бурида мепартоянд (дар ҳар ниҳол 3 – 5 шохча мегузоранд). Ба чуқурӣ 20 -25 кг пору ва то 500 г суперфосфат ва намаки калий андохтан лозим.

Дар навоҳии ҷануби ҷумҳурӣ анорро беҳтараш моҳи март, дар навоҳии шимол – моҳи апрел шинонд. Тариқи шинондани ниҳолҳои анор мисли дигар меваҳост. Анорзорро дар давраи нашв 4 – 5 маротиба чизел карда, 12 – 14 бор об мемонанд. Оби охиринро аввали сентябр мондан лозим аст. Дар навоҳии иқлимашон хунук ниҳолҳоро зимистон бо кўмаки ПРВН – 2,5 ва НЮ – 39 хокпўш менамоянд. Аз соли якум сар карда ба анорзор нуриҳои органикиву маъданӣ медиҳанд: ду соли аввал ба ҳар га 30 – 35 кг N, 20 - 25 кг Р2О5, 8 – 10 кг К2О, аз соли саввум – 20 – 30 т пору, 120 кг N, 90 кг Р2О5 ва 60 кг К2О. Вобаста ба афзоиши маҳсулнокии боғ меъёри нуриҳоро зиёд мекунанд: N – то 180 кг/га, Р2О5 – то 140 кг ва К2О – то 90 кг/га. Байни қатори ниҳолҳоро шудгор бояд кард. Зимистон 1 – 2 маротиба яхоб додан лозим. Шоху навдаҳои анорро баҳорон қабл аз оғози давраи нашв мебуранд. Ҳамаи навдаҳои хушкидаву шикаста ва бехҷастҳоро бурида партофтан даркор.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба