Зеҳн

Ташнагиамро шиканам

АИ
Аиъша26 ноябри 2024 · 2 дақиқа хондан

Як марде дар биёбон кору фаъолият мекард.

Биёбон беҳад тафсон буд ва ӯ вақте бегоҳ мешавад, корашро ба анҷом расонида, ба хонааш бармегардад. Занаш ба пешвозаш мебарояд ва мебинад, ки шавҳараш бисёр хаставу лабонаш аз ташнагӣ хушк шудааст. Мард ба тарафи ҳамсараш муроҷиат карда мегӯяд: "Бароям як коса об биёвар, то ташнагиамро шиканам!".

Зан дарҳол рафта як коса об гирифта оварда, ба дасти шавҳараш медиҳад ва мард мебинад, ки зарфи об хасчаҳо дорад, лекин чизе нагуфта оҳиста оҳиста ҳамон обро нӯшидан мегирад.

Ӯ обро бисёр боэҳтиётона менӯшид, ки мабодое ба ҳалқаш хасҳои болои об наравад. Мард обро нӯшиду ба занаш гуфт: "Эй хонуми ман, ту дидӣ, ки лабҳоям хушк шудагию бисёр ташна будам, чаро оби пок наовардӣ, то ташнагиамро зудтар мешикастам, ҳарчанд бо ҳамон оби хасдор ҳам ташнагиамро шикастам, аммо дер ташнагиамро шикастам.

Зан гуфт: "Шавҳари азизам, медонед, ки Шуморо хеле ҳампаймонам ва зиёд дӯст медорам. Худо мефармояд, ки ҷаннати ҳар як зан ин шавҳараш аст ва ҳукми ӯ бар ҳамсараш воҷиб аст. Аммо, ман дар аҳодисҳои Расули Худо саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам шунидам, ки инсон агар бисёр ташна монда яку якбора бо сурат обро бинӯшад, ҷигараш иллатӣ, яъне бемор мешавад, ба ҳамин хотир ман дидам, ки бисёр ташна мондаед ва ҳатто лабонатон хушк шудагӣ буд, нахостам бемор шавед, аз ҳамин лиҳоз ман дар болои об каме хаспораҳоро андохтам, то Шумо оҳиста оҳиста ва боэҳтиётона обро бинӯшед".

Шавҳари он зан аз чунин меҳрубонии ҳамсараш хеле шод гардида, ба тақдири некаш аз Худованд бори дигар шукргузорӣ намуд.

ДУО МЕКУНЕМ, КИ ЯЗДОНИ ПОК БА ҲАМА БАНДАГОНАШ ЧУНИН ҲАМСАРОНИ МЕҲРУБОНУ ПАРҲЕЗГОРРО НАСИБ ГАРДОНАД.

Бар зане, ки дар никоҳи шавҳар аст,

Ҳаққи шавҳар аз ҳама болотар аст.

Ҳаққи шавҳар беҳтар аз ҳаққи падар,

Дон, ки ҳатто беҳ зи ҳаққи модар аст.

Пас бидон, эй хоҳарам дар дучаҳон,

Бахти ту дар эҳтироми шавҳар аст.

Эй башар аз чӣ гумон карди, ки дунё моли туст

Вар-на пиндорӣ, ки ҳар лаҳза аҷал думболи туст

Ҳар чӣ хӯрди, моли мӯру ҳар чӣ ҳасти моли гӯр

Ҳар чӣ дорӣ моли ворис, ҳар чӣ карди моли туст.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2