Омўхтани касбу ҳунар дар тарбияи маънавӣ-ахлоқии ҷавондухтарон тавассути корҳои беруназаздарсӣ
Дар мероси педагогии ниёгон ба муҳиммияти касбу ҳунар дар тарбияи маънавӣ -ахлоқии насли наврас ба хусус ҷавондухтарон, диққати хосса зоҳир карда мешавад. Инсоният аз рўзҳои аввалини ба олами ҳастӣ қадам ниҳодан дар пайи ҳосил намудани ризқу рўзӣ мебошад, ки сарчашмаи онро меҳнат ташкил медиҳад.
Меҳнат бошад, фаъолияти эҷодкорона ва мақсадноки инсон мебошад, ки дар раванди он энергия сарф гардида, чизе ҳосил карда мешавад, ки қобилияти ягон соҳаи талаботи инсонро қонеъ гардонидан дорад. Кору заҳмат, саъю кўшиш ҳамсафари доимии инсон буд, ки дар раванди он инсон аз ҷиҳати маънавӣ-ахлоқӣ тарбия меёфт.
Меҳнат, касбу ҳунар ва тарбияи маънавӣ-ахлоқӣ робитаи мутақобилаи диалектикӣ доранд ва ба ҳамдигар таъсир расонида, зинаи фаъолияти шууронаро бедор менамоянд. Дар замони обшинаи ибтидоӣ, сохти ғуломдорӣ ва феодалӣ, ки тақсимоти ҷамъиятии меҳнат дар доираи маҳдуд рӯй дода буд, чандон дониш, маҳорат ва малакаи баланд талаб карда намешуд.
Дар мероси педагогии «Авесто» омадааст, ки «Мард ё зани муқаддас он аст, ки дар ин дунё ҷойгаҳе бисозад, зану фарзанд ва галлаи хуб дар он нигоҳ дорад. Ҳар кӣ гандум ба амал меорад ва дарахти мева мешинонад, ўст ки тухми сафо кошта ва қадри сад қурбонии дини Оҳурамаздоро баст додааст.
Дар худи ҳамон замон коҳилию танбалиро маззамат карда, мардумро огоҳ карданд, ки аз он дар ҳазар бошанд».
Дар ҳикмати Ҳиндустони қадим панди ҳамеша дар ҳаракат будану аз коҳилӣ парҳез кардан ниҳоят машҳур аст: «Чун дарёи пурталотум ҳамеша дар ҳаракат бошед ва доимо бикўшед, ки аз коҳилӣ ва танбалӣ бипарҳезед».
Дар адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик низ дар бораи танбалӣ ва бекорхўҷагӣ андешаҳои хуби педагогӣ баён гардидаанд, ки мисоли равшани он андешаҳои Фирдавсии Тўсӣ дар «Шоҳнома»-и безавол мебошад.
Фирдавсӣ тасдиқ менамояд, ки коҳилӣ ва танбалӣ бо баддилӣ ҳамовоз мебошад. Дар таълимоти Фирдавсӣ танбалӣ, коҳилӣ ва бекасбию бекорхўҷагӣ инсонро ба ноумедӣ ва зулмат мебарад.
Дар таълимоти педагогии хеш Фирдавсӣ таъкид менамояд, ки одамони бекасбу кор дар тамоми давру замон асири ниёзанд ва азобу азияти беқадрию қиматиро мекашанд. Лекин инсонҳои соҳибкасб дар куҷое набошанд, ба куҷое муҳоҷират накунанд, сарфарозанд ва ҳамеша сазовори ҳурмату эҳтироми атрофиён мегарданд. Дар зери ин андешаҳои ҳакимонаи Фирдавсӣ насли наврасро ба омўхтани касбу ҳунар тарбия намудан ниҳоят муҳим мебошад.
Дар мероси педагогии Фирдавсӣ омўхтани касбу ҳунар барои инсон ҷойи асосиро ишғол менамояд. Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дарсҳои тарбиявӣ, корҳои беруназаудиторию чорабиниҳо ба он равона карда шавад, ки қудрати дар руҳияи касбу ҳунар тарбия намудани насли наврасро пайдо намояд, ки мисоли равшани он ин мисраъҳоянд:
Таносоиву коҳилӣ дур кун,
Бикўшу зи ранҷи танат сур кун.
Дар андешаҳои педагогии Фирдавсӣ аз ҳама сифати бадтарин барои инсон ё донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, таносоӣ ё танпарварӣ шинохта шудааст. Дурустии ин андешаро он чиз исбот менамояд, ки дар раванди озмоишҳо мушоҳида намудем, ки зумрае аз донишҷўён ба дарси дуюму сеюм расида меоянд. Оё чунин донишҷўён танпарвар нестанд?
Бо чунин муносибат оё онҳо мутахассиси хуб ба воя мерасанд?
Дар андешаҳои педагогии хеш Фирдавсӣ таъкид менамояд, ки агар кас дар ҷустуҷўи чӣ моҳият доштани касби ў барои ояндаи ҷомеа набошад, ба коми дили хеш намерасад. Л.Н.Толстой қайд менамояд: «Инсон бояд касби худро дўст дорад, бо он ифтихор намояд. Дар чунин ҳолату муносибат метавонад ба сарфарозӣ ноил гардад».
Касбу ҳунар барои инсон бори гарон не, балки сармояи афзояндаи қадру кимат мебошад. Дар сиёсати маорифпарваронаи хеш Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инкишофи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ диққати хоса зоҳир менамояд. Теъдоди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ агар дар соли хониши 2011-2012-ум 50-торо ташкил дода бошад, дар соли хониши 2019-2020 ба 75-то расид, ки аз рўи 200 касб бо такроршавӣ донишҷўёнро барои хоҷагии халқи мамлакат омода менамоянд.
Дар Паёми қаблии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омада буд: “ Бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ пешниҳод менамоям, ки соли 2019-2021 дар кишвар “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон карда шавад.
Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2019-2021 зарурӣ ва саривақтӣ дар эҳё намудани анъанаҳои куҳнаи миллӣ ва муаррифии боигарии маданӣ-маънавии миллат мебошад. Паём мо омўзгорон ва кормандони соҳаи маорифро водор менамояд, ки оид ба табиат, ҷойҳои таърихӣ ва ҳунару анъанаҳои қадимии миллат ба насли наврас нақшачорабинӣ тартиб дода, маълумоти пурраю фарогир пешниҳод намуда, онҳоро дар руҳияи ифтихор ва худшиносии миллӣ тарбия намоем ва меҳру муҳаббати онҳоро ба инкишофи деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бедор намоем.
Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21декабри соли 2021 омадааст: «Дар даврони соҳибистиқлолӣ мо бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор додем. Зеро мо чунин мешуморем, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф-сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад».
Омўхтани касбу ҳунар дар тамоми давраи ҳаёт барои инсон муҳимму зарурӣ мебошад, ки дар ин раванд дар таълимоти педагогии хеш Ҷомӣ таъкид менамояд:
Дар ҷавонӣ саъй кун, гар бехалал хоҳӣ амал,
Мева бе нуқсон бувад, чун аз дарахти навар аст.
Дар андешаҳои педагогии хеш то кадом андоза Ҷомӣ олимона ибрози андеша намудааст. Ў ба насли ҷавон таъкид менамояд, ки ҷавониро беҳуда нагузаронанд, зеро инсон дар ҷавонӣ имконияти ҳама чизро дониста гирифтан ва аз бар кардан дорад. Касбу ҳунаре, ки инсон дар камолоту пиронсолӣ азбар менамояд, чандон самараи босифат дода наметавонад.
Рўдакӣ дар андешаҳои педагогии хеш тарафдори ба фарзандон омўзонидани касбу ҳунари авлодию аҷдодӣ мебошад. Аз бе касбу ҳунар ба воя расидани фарзандон ва ба донишу ҳунари авлодӣ пайравӣ накардан афсус мехўрад.
Хонандагону донишҷўён дар асоси таъкиду огоҳкуниҳои намояндагони адабиёти классикии тоҷику форс бояд дарк намоянд, ки ҳунарҳои мардумӣ ва устоҳои ҳунарманд дар тамоми давру замон сазовори ҳурмату эҳтироми беандозаи халқу давлат буданд. Кори устоӣ ва ҳунармандӣ дар навбати аввал кори бошараф ва ҳунарманд шахсияти хоксор ва илҳомбахши олами маънавии инсоният мебошад, ки ҳамеша дар ҷустуҷўи андешаҳои нав қарор гирифта, олами ботинии инсониятро дигаргун сохта, маънавиёту ахлоқро сайқал медиҳанд.
Мутобиқи таълимоти намояндагони адабиёти классикии тоҷик инсон метавонад бо мол ба фисқу фақр расида, камбағал гардад, аммо касб, ҳунар ҳеҷ гоҳ шахсро ба камбағалӣ ва муҳтоҷӣ гирифтор намегардонад.
Дар ҳаёти ҳаррўза мо қисман асбобу анҷомҳоеро вомехўрем, ки бо меҳнати дастии устоҳои гулдаст омода карда шуда, бо нафосату зебогӣ ороишу зинат ёфта хонадонеро зеб медиҳанд. Ба ин мисол шуда метавонад меҳнати заргарон, маснуотҳои хотиравӣ, ашёҳои рўзгор, ҷиҳоз ва пӯшоку пойафзол, гилему намад ва сўзаниҳои гуногун, ки имрўз ҳам қимату арзиши худро гум накарда, дар ҳаёту рўзгори мардум васеъ истифода бурда мешаванд.
Тавассути офаринишҳои ҳунармандон ҳаёти мо боз ҳам рангину наҷиб гардида, ҳисси зебопарастиро дар инсон бедор намуда, хоҳ -нохоҳ инсонро ба хушрафторӣ ва хушахлоқӣ ҳидоят менамоянд.
Тамоми намудҳои ҳунарҳои мардумӣ дар худ арзишҳои маънавӣ- маданӣ, зебопарастӣ-ахлоқиро фаро гирифта, таърихи маданияти миллиро ифода менамоянд.
Дар мамлакати мо яке аз қадимитарин ва маҳсулноктарин шакли ҳунарҳои дастии мардумӣ, шаклҳои гуногуни кандакорӣ дар чўб, гачкорӣ, коркарди санг, устухон, металл, пласмас, сохтани асбобҳои миллии мусиқӣ, қошуқу кафлес, табақ ва дигар маводҳо мебошанд, ки дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ омўхта мешаванд.
Инкишофи чунин ҳунарҳо: ба монанди ҳалқаҳои рахакпеч (резба)-и ороишӣ, корҳои кулолгарӣ, ҳунари оҳангарӣ, қолинбофӣ, коркарди санг, маснуотҳои сафолӣ, заргарӣ, андоваи ороишӣ, дўзандагӣ, сўзангарӣ ба инкишофи санъати миллӣ дар таълиму тарбияи насли наврас такони назаррас бахшидааст.
Ҳунарҳои мардумӣ аллакай аз даврони ҳукмронии шоҳ Ҷамшед моҳияти амалии хешро пайдо намуда буданд. Дар ривоятҳо гуфта мешавад, ки тахте ки подшоҳ Ҷамшед менишаст, аз ҷониби устоҳои гулдаст ба таври миллӣ зебу зинати аҷибе дода шуда буд, ки бо зебогӣ ҳамто надошт.
Аз рўи сангҳои пайдошуда маълум мегардад, ки тарошидан ва коркарди санг ба миллати тоҷик аз даврони давлатдории Юнониёну Бохтариён, идоракунии Кӯшониён, Сосониён ва Сомониён маълуму машҳур будааст.
Сангҳои дар вилояти Фарғона пайдонамудаи археологҳо аз он гувоҳӣ медиҳад, ки аз асрҳои 2-юми пеш аз милод ин санъати коркарди санг ба ин миллати куҳанбунёд маълуму машҳур будааст ва дар даврони истиқлолият аз нав ба он рў овардем.
Касбу ҳунарҳои мардумӣ дар архитектураи дертари даврони Темуриён боз ҳам бештар ривоҷ ёфта, дар даҳлезҳо, дарҳо, деворҳо, қалъаю кушкҳо бо ороишу резбаҳо ифодаи равшани худро ёфтааст.
Дар ороиши қасру қалъаҳои Панҷакент, Ҳулбук, Шаҳристон ва дигар шаҳрҳо аз расми дарахтон, меваҳо, хӯшаҳои ангур, ҳайвоноту парандагон ниҳоят бо санъати баланди меъморӣ истифода бурдаанд, ки дар ин руҳия таълиму тарбия додани насли наврас зарур аст.
Анъанаҳои куҳна ва асрори ҳунари устоҳои ҳунарманд дар давоми бисёр асрҳо аз насл ба насл гузашта, ҳамчун ёдгории таърихӣ дар шакли хотираи иҷтимоӣ боқӣ монда омада истодаанд, ки заруриятро ба эҳё намудан пеш мегузорад. Дар замони мо ҳунарҳои мардумӣ дар асарҳои бадеии ҳунармандон ифода гардида, аз тарафи дигар, ҳамчун омили маданӣ-маишии устоҳои инфиродӣ хизмат менамоянд.
Дар шароити муосир дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат баргузор намудани чунин намоишҳо, озмунҳо оид ба дастоварди хонандагон ва гузаронидани чорабиниҳои устоӣ -синф дар тамоми зинаҳои таълим дорои аҳаммияти калони фарҳангӣ мебошад. Баргузор намудани чунин чорабиниҳои фарҳангӣ-ҳунарӣ ва додани баҳои воқеи ба маҳороту малакаи хонандагону донишҷўён ҳам дар ноҳия, вилоят, ҷумҳурӣ аз манфиат холӣ намебошад. Чунин чорабиниҳоро ҳатто дар дохили ҳар як муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ бо иштироки падару модарон гузарондан ниҳоят муфид ва манфиатовар мебошад.
Дар айни замон дар тамоми зинаҳои таълим барои баланд бардоштани сифати омўзиши касбу ҳунарҳои мардумӣ шароити созгор мавҷуд аст, танҳо дилсўзӣ лозим асту халос. Ҳунарҳои мардумӣ дар ҳар минтақаи Тоҷикистон хусусиятҳои хоси хешро ноил буда, онро бо тамоми хусусиятҳояш дар ҷавонон тарбия намудан зарур аст. Як ҳодиса дар хотирамон ҳаст, ки моҳи марти соли 2017 оид ба раванди татбиқи “Барномаи рушди инноватсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020” аз литсейи касби техникии Ёвон дидан ба амал овардем.
Хонандагони литсейи мазкур зери роҳбарии устои таълимӣ истеҳсолӣ Паллаев Ҳ. бо ихтироъкорию навоварӣ сару кор гирифта буданд. Онҳо ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла бофтани сабадҳои гуногун, сохтани муқаддасоти миллиро аз ҳар гуна маснуот, кафшергарӣ, дўзандагӣ, дарвозаю катсозӣ, қолинбофӣ, тоқию ҷӯроббофиро ба маърази тамошо гузоштанд.
Инчунин онҳо ихтироъотҳои хешро, бигузор бачагона бошад, намоиш дода тавонистанд, ки ин ниҳоят хубу дилҷалбкунанда буд. Ғайр аз касбу ҳунарҳои дар муассиса меомўхтагӣ ҷавонон ҳунарҳои мардумиро аз худ намуда, маҳорат пайдо карда, ояндаи зиндагонӣ ва буҷаи оилавиро метавонанд тавоно гардонанд. Ин пеш аз ҳама, талаботи бозори ҷаҳонии меҳнат ва муносибати босалоҳият ба таълиму тарбияи насли наврас мебошад.
Тарбия аз таълим муқаддамтар буда, барои рушду нумуи насли ҷавон ва аз бар намудани касбу ҳунар амри зарурӣ мебошад. Тарбия тамоми ҷанбаҳои зиндагии инсонро дар бар мегирад. Тарбияи дурусти маънавӣ-ахлоқӣ барои ба осонӣ аз худ намудани илму маърифат, интихоби касбу ҳунар кумак менамояд.
Гуфтан зарур аст, ки тамоми асарҳову ҳикояҳои пандомези ниёгон, зиндагонии ибратбахши гузаштагон, китобҳои осмонию рисолати пайғамбарон, барои тарбияи дурусти башарият ва берун баровардан аз вартаи ҷаҳолату нодонӣ ва интихоби роҳи пурнуру босаодат кумак хоҳад намуд.
Аз таърихи гузашта дар давраҳои гуногун бармеояд, ки педагогҳои пешқадам ва мутафаккирони намоён барои рушди маънавӣ-ахлоқии насли ҷавон бисёр андешаҳои самарабахши педагогӣ пешниҳод намудаанд: аз ҷумла, В.И.Ленин таълим медод, ки ҳангоми бунёди ҷамъияти сотсиалистӣ ва маданияти он аз таҷрибае, ки инсоният ба даст овардааст, сарфи назар намекунад, балки аз ин таҷриба ҳама ҷиҳатҳои қимматбаҳо ва фоиданокашро истифода намуда, ҷиҳатҳои бади онро мепартояд.
Бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти ҷавонон миёни аҳли ҷомеа торафт фаъол гардида, онҳо дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодию фарҳангии мамлакат иштироки фаъолона доранд.
Тарбия ва таълими дурусти наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятнок ва муҳимми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар буда, дар ин ҷода ҳуҷҷату санадҳои муҳим, аз қабили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” (соли 1994), “Консепсияи мактаби миллии Тоҷикистон” (соли 1995), Низомномаи намунавии муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1996), Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1996), Қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” (соли 2011) самараи нек дар беҳдошти тарбияи наврасону ҷавонон ба бор овард.
Барои соҳибкасб намудани ҷавонон мавқеи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ муассир буда, ҷавононе, ки маълумоти миёнаи касбӣ доранд, имконияти идомаи таҳсилро дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мувофиқи ихтисос пайдо менамоянд. Азнавсозии муассисаҳои таълимӣ дар мамлакат талаб менамояд, ки сифат ва самараи корҳои касбомўзии писарону духтарон боз ҳам баланд бардошта шавад.
Соатҳои тарбиявӣ ва машғулиятҳои беруназаудиторӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ се вазифаи асосиро иҷро менамоянд:
-вазифаи маърифатии соати тарбиявӣ аз он иборат аст, ки донишҷўёнро аз он фанҳое, ки дар барномаҳои таълимӣ пешбинӣ нашудаанд, ба монанди ахлоқ
(этика), зебопарастӣ (эстетика), равоншиносӣ (психология) донишашонро васеъ менамояд.
-вазифаи дигари дарсҳои тарбиявӣ самтёбии муносибатҳои муайяни донишҷўёнро ба донистани асрори олами атроф тарбия менамояд. Агар вазифаи маърифатӣ азбар намудани дониши бештар дар бораи асрори ҳастӣ бошад, пас самтёбӣ барои дунё ва ҳодисаҳои он доштани иқтидору тавоноии баҳо дода тавонистани донишҷўён мебошад.
-вазифаи сеюм – ҳидоят мебошад, ки он барои муошират дар ҳаёти воқеии донишҷўён ёрӣ мерасонад. Ҳамзамон соати тарбиявӣ метавонад ҷаҳонбинӣ ва шахсияти донишҷўёнро ташаккул диҳад.
Тарбияи маънавӣ -ахлоқии донишҷўён дар сурате самарабахш мегардад, ки агар тарбия бо қонунҳои рушди он мувофиқат намояд. Рушди маънавӣ- ахлоқии донишҷўён, пеш аз ҳама, аз тағйироти сифатӣ дар фаъолияти психикӣ, дар пайдоиш ва ташаккули сифатҳои нави шахсият, дар зоҳирёбии онҳо, дар таҷриба, дар мустаҳкаму устувор намудани рафтори маънавӣ -ахлоқӣ ифода меёбад.
Тарбияи маънавӣ-ахлоқии ҷавонону наврасон аз фаъолияти муттамарказӣ омўзгорон, донишҷўён ва мақомоти худидоракунии онҳо, волидайн, аҳли ҷомеачигӣ сомон дода мешавад. Дар ин маврид К. Д. Ушинский таъкид менамояд: “Агар мақсади илми педагогика инсони ҳаматарафаро тарбия намудан бошад, пас бояд, ки ўро ҳаматарафа мавриди омўзиш қарор диҳад”.
Омўхтани донишҷўён аз тарафи сарпарасти гурўҳ аз рўзи аввал, ҳафтаи аввали омаданашон ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ бояд оғоз гардад.
Зеро ин давраро даврони одаткунӣ ба ҳаёти донишҷўӣ меноманд ва дар ин давра хислату рафторҳои донишҷўён ва тарзи корбарӣ бо онҳо ошкор карда мешавад. Дар давраи омўхтани донишҷў аз методҳои гуногун: таҳлили ҳуҷҷатҳо, суҳбати инфиродӣ, мушоҳида, анкета истифода бурдан зарур аст.
Чунин мушоҳида ва омўзиш ба сарпарасти гурўҳ имкон медиҳад, ки шахсияти донишҷўёнро муайян намуда, методҳои корро бо онҳо интихоб намуда, номзадҳои арзандаро ба мақомоти худидораи донишҷўён интихоб намояд.
Набояд фаромўш кард, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар баробари писарон духтарон низ таҳсили илм ва омўзиши касбу ҳунар менамоянд ва ҳамин таҳсили якҷояи писарону духтарон то як андоза ба маънавиёту ахлоқ таъсир дошта метавонад. Дар ин маврид рушди маънавӣ- ахлоқии онҳоро ба инобат гирифта духтарони фаъолу аълохонро ба мақомоти худидоракунӣ пешниҳод намудан зарур аст, то донишҷўёни гурўҳ ташаккули шахсиятӣ ёбанд. Ин методе, ки Х. Ширер оид ба тарбияи маънавӣ-ахлоқӣ дар ташаккули сифатҳои шахсиятӣ пешниҳод намудааст, ҷолиби диққат мебошад.
Методикаи банақшагирии рушди маънавӣ-ахлоқии шахсиятро ба се давра тақсим кардан мумкин аст: якум – коркарди афкори педагогӣ, яъне давраи қаблӣ, ибтидоии ташкили кори мақсаднок; дуюм-роҳбарии бевосита ба рушди шахсият тавассути корҳои тарбиявӣ ва беруназсинфӣ; сеюм – муайян сохтани натиҷаҳои бадастовардашуда.
Моҳияти аввалиндараҷаро дар кори тарбиявӣ, беруназаудиторӣ сифати идеявӣ ахлоқи ташкил медиҳад, ки бояд хониши шахсӣ ва коллективиро ба назар гирад. Объекти асосии таҳқиқоти сарпарасти гурўҳ шахсият ва коллективи гурўҳ мебошад. Омўхтани қимати интихоб, одатҳо, муносибатҳои воқеии донишҷўён, махсусан дар интихоби касб, хониш, меҳнат, корҳои умумӣ муҳим мебошад.
Омўзгор барои муайян намудани шахсияти донишҷўён, ба донишҷўён супоришҳои муваққатӣ медиҳад ва онро дар амал месанҷад. Хусусиятҳои ақлӣ, маҳорати ташкилотчигӣ, ростқавлӣ, хушахлоқӣ, таҳаммулпазирӣ бо сабру тоқатии онҳоро оҳиста – оҳиста ошкор намуда, нуқсону камбудиҳои мавҷудаи онҳоро ошкор намуда, тарзи муносибатро муайян менамояд.
Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ҳангоми таҳлили гурўҳҳои академӣ диққатро асосан ба фаъолияти мақомоти худидоракунии муассиса дар тарбияи маънавӣ-ахлоқии ҷавондухтарон равона намудан зарур аст.
Барои дарсҳои тарбиявӣ ва беруназаудиторию чорабиниҳои фарҳангии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ маводҳое интихоб карда шаванд, ки дорои мазмуни баланди маънавӣ-ахлоқӣ бошанд. Дар ин раванд К. Д. Ушинский қайд менамояд: “Тарбия бе малакаю одат, ин ба биное шабоҳат дорад, ки дар болои рег сохта шудааст”.
Дар ҳикмати халқ оварда мешавад, ки ба як ҷавон чил ҳунар кам аст, адбатта дуруст аст, аммо дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ ҷавонписару ҷавондухтарон ҳеҷ набошад, ду, се, панҷ ҳунар дошта бошанд, ин боиси пойдор будани оила ва рўзгори ҷавонон мебошад, ки Фирдавсии Тӯсӣ фармудааст:
Туро бо ҳунар гавҳар асту хирад,
Равонат ҳаме аз ту ромиш барад.
Дар таълимоти педагогии Фирдавсӣ таъкид карда мешавад, ки инсон бояд табиати ҷўяндагӣ дошта бошад. Дар ин раванд Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ низ ба насли наврас таъкид менамояд:
Қонеъ нашавӣ ба ҳар чӣ ёбӣ,
Аз хуб ба хубтар шитобӣ.
Махсусан ин гуфтаи Абдураҳмони Ҷомӣ ба духтарон дахл дорад, ки бо як ёд гирифтани об пошию хонарўбӣ қонеъ нашаванд, балки пухтупаз, шустушў, дўхтан, буриданро аз худ карда, ба илму дониш ва касбу кор низ машғўл шаванд.
Дар андешаҳои педагогии Саъдии Шерозӣ танбалӣ ва нафспарварӣ маломат карда мешавад ва таъкид менамояд:
Мардон ба саъю ранҷ ба ҷое расидаанд,
Ту беҳунар куҷо расӣ аз нафспарварӣ.
Саъдӣ таъкид менамояд, ки марду занҳо бо ранҷу машаққат ба ҷое мерасанд. Дар ҳолате агар сабру тоқат дошта бошанд, лекин агар ғуломи нафс, хӯру хоб бошанд, ба ягон дастовард ноил гардида наметавонанд. Худи ин гуфтаҳо сар то по барои ҷавондухтарон дорои арзишҳои маънавӣ-ахлоқӣ мебошанд, ки тавассути корҳои беруназаудиторӣ дода мешаванд.
Дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ вобаста ба занон андешаи ҷолибе пешниҳод гардидааст:
Занонро бас аст ҳамин як ҳунар,
Ки шинанду зоянд шерони нар.
Албатта, ин андешаи Фирдавсӣ ба замони ў мувофиқ буд, аммо дар шароити муосир, ки дар ҷамъият тақсимоти васеи меҳнат рўй додааст, вазифаю уҳдадориҳои зан васеъ гардидаанд. Зеро дар гардани зан ғайр аз зоидан рисолати модарӣ, занӣ, соҳибхонагӣ, маърифатнокӣ, маданияту фарҳанги баланд доштан ва вазифаҳои давлатию ҷамъиятиро иҷро намудан меистад.
Шайх Саъдӣ меорад, ки араберо дидам, ки писареро ҳамегуфт: «Туро пурсон хоҳанд шуд, ки амалат чист, нагўянд падарат кист?». Ин маънои онро дорад, ки ҳар як инсон фарзандро бояд насиҳат диҳад, ки бо мартабаю мавқеи падарон саргарм нашуда, заҳмат кашида касбу коре омўзад. Зеро падару модар ҳамеша дар мансабу вазифа буда наметавонанд ва мувофиқи қонуни диалектикӣ ҳама чиз дар ивазшавӣ ва инкор қарор мегиранд.
Дар корҳои тарбиявӣ ва беруназаудиторӣ, дар нишастҳои бадеӣ ва маърифатӣ ба донишҷўёни таъкид намудан зарур аст: «Ҳакиме писарону духтаронашро панд медиҳад, ки ҷононии падар ҳунар омўзед, ки мулку давлати дунё эътимод надорад ва симу зар дар маҳаллаи хатар аст, ё дузд ба як бор бибарад, ё хоҷа ба тафориқ бихўрад. Аммо ҳунар чашмаи зоянда ва давлати поянда аст». Дар атрофи ин гуфтаҳо чандин корҳои тарбиявиро дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ анҷом додан мумкин аст, ки муҳаббати ҷавонон ба касбу ҳунар ва муҳиммияти он дар шароити муосир кушода шавад.
Шайх Саъдӣ дар андешаҳои педагогии хеш ба давлату давлатдорон таъкид менамояд, ки касбу ҳунарро дар мамлакат ривоҷ диҳанд ва ба қадри илму ҳунар бирасанд, зеро аз ҳунармандӣ «мамлакатро ҷамол биафзояд», ки мисоли равшани он ин мисраъҳоянд:
Доно ба ҳар диёр азизу мукаррам аст,
Лаънат бар он диёр, ки нодон бувад азиз.
Имрўз мо аз он ифтихор дорем, ки дар Тоҷикистон барои омўхтани касбу ҳунар тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудаанд ва ҳусну ҷамоли Тоҷикистон дар навшавӣ ва зебошавӣ қарор гирифтааст. Дар ин ҷо дар дарсҳои тарбиявӣ ва корҳои беруназсинфӣ ба донишҷўён фаҳмонидан зарур аст, ки агар шумо фаҳмед, ки ҷоҳилӣ нишонаи бадбахтии шумост, чаро мегузоред, ки он аз болои ақлу тавоноии шумо ғалаба кунаду шуморо бадбахт гардонад. Ҳунареро омўзед, домони амали ҳалолеро бар гиред ва бо ҳамин коҳилӣ аз ҷисми шумо дур мегардад.
Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ донишҷўён, бахусус духтаронро дар руҳияи муомилаю муросо, ширинзабонию хушгуфторӣ бояд тарбия намуд, ки яке аз омилҳои пойдории оила мебошад. Дар ашъори Ҳофизи Шерозӣ омадааст: «бо дўстон мурувват, бо душманон мадоро», ки моҳияти баланди педагогӣ-психологиро доро мебошад.
Мавриди таҳқиқ қарор додани ҷанбаҳои тарбияи ахлоқӣ ва таъмини рушди камолоти маънавии насли имрўзаро бидуни афкори пурғановати педагогии ниёгон ва ин ё он мутафаккир тасаввур кардан ғайриимкон мебошад. Омўзиши афкори бузургони Шарқ, бахусус, ҷанбаҳои тарбиявӣ ва истифодаи анъана, расму оини ниёгон танҳо тавассути дарсҳои назариявӣ номумкин мебошад. Барои васеътар фаро гирифтани ин хазинаи қиматбаҳо дарсҳои тарбиявӣ, чорабиниҳои муассиса, корҳои беруназсинфиро ба он равона намудан зарур аст.
Бояд зикр намуд, ки барои расонидани таъсири маънавӣ ба ҷавондухтарон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ махфилҳои фаннӣ, шабнишиниҳои саволу ҷавоб, семинару конференсияҳоро ҷоннок намудан зарур аст ва китоби дахлдорро барои хониши мустақилона бештар бояд тавсия намуд.
Дар ин робита, бояд зикр намуд, ки таҳкурсии бунёди тарбия, бахусус тарбияи омўхтани касбу ҳунар аз айёме, ки инсон ба шинохтани хеш оғоз менамояд, сар шуда, то охири умр давом мекунад. Воқеан тарбия аз замоне, ки инсон худро ҳамчун мавҷудоти иҷтимоӣ шинохтааст, шуруъ гардида, то имрўз роҳу равиши тулониро сипарӣ кардааст. Масалан, осори бузургтарини мардуми ориёинажод, ки масоили тарбиявию ахлоқиро дар бар мегиранд ва ҳар банди он аз андешаҳои тарбиявӣ таркиб ёфтааст, то имрўз қиммати худро гум накарда, ҳамчун сарчашмаи асосӣ барои тадқиқоти тарбияи маънавӣ-ахлоқӣ пазируфта мешаванд. Ба ин осори пурарзиш такя намуда, шоирону нависандагон низ назари худро дар бораи беҳтарин ҷанбаҳои тарбияи инсон дар ашъорашон ҷой додаанд.
Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ аз зумраи чунин мутафақкиронест, ки бо осори пурарзиши хеш дар тарбияи маънавӣ-ахлоқии на танҳо тоҷикон, балки аҳли башар нақши босазо гузоштааст. Ин мутафаккири бузург аз вассофони ахлоқи ҳамидаи инсонӣ пазируфта шуда, саҳми ў дар тарбияи камолоти маънавии инсон дар ҳеҷ давру замон фаромўш нахоҳад шуд.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ, ки ҳамаи минтақаҳои олам, аз ҷумла Тоҷикистонро фаро гирифтааст, таваҷҷуҳ зоҳир намудан ба ҷустуҷў ва дарёфти роҳҳои рушди ҳувияти миллӣ ва эҳёи сифатҳои ахлоқию башардўстӣ бештар масъалаи рўз гардидааст.
Мактаби Мавлоно яке аз чунин макотиби бузургест, ки барои баланд бардоштани мавқеи инсон дар ҷомеа заминагузор пазируфта шуда, чун ахтари тобандае дар самои фарохи илму фарҳанги асри миёна асрҳои минбаъда низ равшанӣ меандозад. Осори гаронмояи Мавлоно ганҷинаи нотакрорест дар тамоми адабиёти илму фарҳанги мамолики Машриқу Мағриб ва андешаҳои тарбиявиаш роҳнамои ҳар як инсони комил дар ҳама давру замон дониста мешавад. Аз ин рў, муайян сохтани таъсироти афкори Ҷалолиддини Балхӣ дар илму фалсафа чи дар замони куҳан ва чи дар замони нав барои бартараф сохтани камбудиҳои тарбиявӣ аҳаммияти беандоза бузурге дорад.
Яке аз бузургтарин ва арзишмандтарин осори Мавлоно ки мавриди таҳқиқи ҳазорон мавлавишиносон қарор гирифтааст, ин «Маснавии маънавӣ»- и ў мебошад, ки ҳамчун хазинаи маънавиёту ахлоқ шинохта шудааст. Воқеан, ҳамаи халқиятҳо дорандаи фарҳангу маданияти худ буда, қиссаҳо ва ҳикояҳои дорои мазмуни маънавӣ-ахлоқӣ доранд. Ҳикоя як жанри адабиест, ки шоир ё нависанда онро бо мақсади муайяне иншо менамояд, ки кўдак, навҷавонон, ҷавонон ва ҳатто калонсолон аз шунидани он лаззат бурда, хулосаи зарурӣ мебароранд.
Ҳар як ҳикоя, қисса вобаста ба синну сол эҷод гардида, ба дили хонанда ҳавою ҳаваси пайравӣ ва тақлидро бедор менамояд. Аз давраҳои қадим мардум ба қиссагўйию қиссахонӣ шавқи беандоза доштанд ва таваҷҷуҳ ба он ба ҳадде зиёд буд, ки муҳтавои ҳар асари ҳунарӣ ба далели огоҳӣ аз қудрату бузургии инсон ҳикоя менамуд.
Гарчанде ки бештар ҳикоя ба жанрҳои асотирӣ дохил шавад ҳам, аммо баъзе паҳлуҳои он ба рўзгори инсон вобастагӣ дорад. Ҳикоя бештар бо санъати ташбеҳ офарида мешавад, вале дар осори Ҷалолиддини Балхӣ, бахусус , дар «Маснавии Маънавӣ» шахсиятҳое ҳастанд, ки инсонро аз ҳар ҷиҳат қудрату тавоноии тарбия кардан дорад.
Аз ҷиҳати дигар, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ба ҷавондухтарон тавсия додани ҳикояҳо аз «Маснавии маънавӣ» барои хониши мустақилона ниҳоят муҳим мебошад. Зеро ҳикоя баёнгари ҳолатҳои инсонӣ буда, робитаи байни як ҷомеа ё гурўҳи инсонҳоеро, ки аз нигоҳи миллату фарҳанг гуногунанд, дар қолаби образҳо, рамзҳо ва қаҳрамонони ҳаракатҳои иҷтимоӣ ба ҳам тавъам месозанд:
Ба андешаи мо таҳқиқгарон, наврасону ҷавонон ҳамеша аз дунболи намунаҳое ҳастанд, ки дар осори ниёгон меҷўянд, меёбанд ва ба он баробар гаштан мехоҳанд. Ҷавонписарону духтарон дар зери таъсири мероси ниёгон зиндагии худро ба куллӣ тағйир дода, аз пайи бартараф намудани камбудиҳои хеш мегарданд. Дар ҳамин ҳолат ҳикояҳои «Маснавии маънавӣ» метавонад ҷаҳони маънавии хонандаро тағйир диҳад. Образҳои офаридаи шоир метавонанд устоди зиндагии насли наврас гарданд.
Дар ҳикояҳои «Маснавии маънавӣ» ду шохаи ба ҳам зид, яъне хуб ва бад ё ба ибораи дигар, мусбату манфӣ ба сурати хубиҳо ва бадиҳои амали инсонӣ метавонанд ҷилвагар гарданд. Аз ҳамин ҷост, ки хонанда, донишҷў хубию бадии хешро дар он ба мисли оина мебинад ва аз пайи ислоҳ гашта, тарбия меёбад.
Дар ҳар як ҳикоя образҳои гуногун офарида мешаванд ва ҳар як ҳикоя метавонад дар корҳои беруназсинфӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар як самти тарбияи донишҷўён замина гузорад. Ҳикоя ифшокунандаи ниёзи насли наврас буда, метавонад неруи вайро аз мушкилот ё бадбахтиҳо эмин нигоҳ дорад.
Ба андешаи мо, ҳар як муҳаққиқ дар баробари таҳқиқоти хеш яке аз муҳимтарин ва пурарзиштарин ҷанбаи осори ниёгонро ошкор месозад ва аз он паҳлуҳои муҳимтаринро дар бораи муҳиммияти касбу ҳунар дар рўзгору зиндагии насли наврас мавриди истифода қарор медиҳад.
Орифи бузург бо истифодаи рамзу киноя дар ҳикояҳояш ба монанди «Подшоҳ ва канизак», «Дидорбинии марди кар аз ҳамсояи бемораш», «Луқмони ҳаким ва ғуломон», «Марди суфӣ ва ходими хонақоҳ» ва ғайраҳо масъалаи ахлоқро орифона баён намуда, ҳар яки онҳо дар таълиму тарбияи инсон нақши созгоре доранд.
Муҳтавои қиссаҳои «Маснавии маънавӣ» андешарониро кўтоҳ намуда, зуд ба ҷанбаи тарбиявию ахлоқӣ гузаштан мебошад. Гарчанде баъзе аз ҳикояҳои «Маснавӣ» маънои ирфонӣ доранд, лекин дар умқи маънои ирфон низ ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ниҳон аст. Андешаҳои педагогӣ ва фалсафии Мавлоно, саршори суханони орифона ва тарбиявӣ буда, барои тарбияи ахлоқӣ, меҳнатӣ, башардўстию касбдорӣ, ҳунармандию моҳирӣ воситаи хубе хоҳанд буд.
Ҳикояҳои «Луқмон ва ғулом», «Марди баққол ва тутӣ» ифодакунандаи маънавиёт ва ахлоқи хамидаи инсонӣ буда, шоир ҳаёти воқеии мардумро, ки бо чашми худ дида буд, ба воситаи ҳикояҳояш ифода намуда, кўшиш ба харҷ додааст, ки халқ осудаву ором зиндагӣ намояд, одамон якдигарро дўст доранд ва аз инсон буданашон ифтихор намоянд.
Дар андешаҳои педагогии Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мавлонои Балхӣ адолат ҳамчун муносибати хайрхоҳона ва накукорона эътироф гардида, аз рўйи ҳақиқат ва масъулияти имониву виҷдонӣ рафтор кардани шахсро нисбат ба одамон, ҷомеа, муҳити атроф, ҳаводису воқеоти табиат муҳим мешуморанд.
Дар андешаҳои педагогии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ «кўшиши беҳуда-беҳ аз хуфтагӣ » дониста мешавад, ки дар андешаҳои Саъдӣ, Ҳофиз, Сайидо ва дигар бузургон ҷойгаҳи хосса дорад. Тавре Мавлоно мефармояд:
Даст додаст Худо, коре бикун,
Мақсабӣ кун, ёре ёрӣ бикун.
Андарин раҳ метарошу мехарош,
То дами охир даме фориғ набош.
Ин гуфтаҳоро мефаҳмед «даст доред, коре бикунед, то дами охири ҳаёт хўрдан зарур аст, баҳри пайдо намудани ризқ фориғ набошед, ҷунбед ва донед, ки барои ҷунбидану ризқ пайдо намудан омили беҳтарин касбу кор мебошад». Дар доираи ин гуфтаҳо чандин корҳои тарбиявӣ ва беруназаудиторӣ баргузор намуда, ба донишҷўён таъсири маънавӣ-ахлоқӣ расонидан мумкин аст.
Дар бораи касбу ҳунар ва аҳамияту муҳиммияти он барои инсон Сайидо мегўяд:
Сайидо аҳли ҳунар иззати дигар дорад,
Нарасад оҳуи ваҳшӣ ба ғизоли хутанӣ.
Дар ин росто Сайидо таъкид менамояд, ки иззату эҳтироми инсон аз касбу ҳунар мебошад. Ҳатто рўзӣ насиби кас ба нишастан намешавад, истироҳат кардан, касбу ҳунар наомўхтан, инсонро соҳибризқ намегардонад.
Дар таълимоти педагогии хеш Сайидо баҳри ба даст овардани ризқу рўзӣ инсонро зарур медонад, ки монанди осиёб ҳамеша дар ҷунбиш бошад.
Дар таълимоти педагогии Муҳаммад Ҳиҷозӣ ишора мегардад, ки инсон бояд ба касбу ҳунар ошиқ бошад. Дар зери мафҳуми ошиқ ў дилбастагиро дар назар дорад, ки ниҳоят ба ҷойи нишонрас ишора гардидааст. Муҳаммад Ҳиҷозӣ мегуяд: «Ҳунарманде, ки ошиқ набошад, чароғе аст, ки бе равған месўзад». Аз дасти ҳунарманди ошиқ асбобу анҷом ва чизу чораҳое мебароянд, ки зебо, дилкаш ва дорои ҳусну тароватанд. Ҳунармандон ба ду чиз эҳтиёҷ доранд: ба озодӣ ва муҳаббат, касе набояд ба озодии интихоби ў дахолат намояд, ё муҳаббати ўро аз касби интихобнамудааш хунук намудан хоҳад. Агар беҳунарон дар пайи хезонидани фитнаю нотинҷӣ бошанд, ҳунарманд ҳамеша аз пайи эҷод ва хизмати софдилона ба мардум мебошанд.
То солҳои 30-юми қарни гузашта касбу ҳунарҳои аҷдодӣ ниҳоят равнақ ёфта буд, аммо намедонем бо кадом сабабе ба фаромўшӣ рафт. Дар шароити муосир пас аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин самт диққати хосса зоҳир намуданд.
Дар ёддоштҳои Мирзо Турсунзода то чӣ андоза касбу ҳунар дар деҳоти мо ривоҷ дошт, оварда шудааст. Ў мегўяд: «Деҳаи мо аз қадим бо ҳунармандони гулдасти худ шуҳрат дошт. Дар деҳаи мо кирмакпарварӣ, чармгарӣ, кулолгарӣ равнақ ёфта буд. Бофандагон матоъҳои рангоранг, шоҳивориҳои ҳисорӣ тайёр мекарданд, ки берун аз ҳудуди аморати Бухоро овоза пайдо карда буд. Маснуоти кулолии Қаратоғ дар Бухоро, Самарқанд харидорони зиёде дошт ва ҳатто дар бозорҳои Ҳиндустон ба савдо мерафтанд».
Мирзо Турсунзода дар андешаҳои педагогии хеш ба тамоми касбу ҳунар ба монанди Л.Н.Толстой як хел арҷгузорӣ менамуд. Дар андешаи ў ҳунарманд хоҳ косиб бошад, хоҳ куҳнадўз, хоҳ гилкору, чармгар, кирмакпарвару кулолгар, ҳеҷ гоҳ баҳри ноне обрўяшро намерезад. Тавассути ҳунар нонашро дар ҷое набошад, меёбад. Ба донишҷўён дар раванди дарсҳои тарбиявӣ ва корҳои беруназаудиторӣ фаҳмонидан зарур аст, ки шахси беҳунар, агар султон бошад ҳам, дар муҳити номусоид, муҳтоҷӣ мекашад, гурусна мемонад.
Ин андешаҳоро Шайх Саъдӣ низ дар чунин шакл тасдиқ менамояд:
Гар ба ғарибӣ равад аз шаҳри хеш,
Сахтиву меҳнат набарад пинадўз.
В-ар харобӣ фитад дар мамлакат,
Гурусна хуспад малики Нимрўз.
Агар ҳунарманд аз ҷойи зисти хеш берун раваду ҳеҷ набошад ҳунари куҳнадўзӣ дошта бошад, ба меҳнату сахтӣ гирифтор намегардад. Мо шахсиятҳоеро медонем, ки дар замони Шуравӣ дар Тошканд, Москва, Ленинград таҳсил намуда, соҳиби ҳунарҳои зебо гардиданд, ки Тоҷикистон ба он касбу ҳунарҳо эҳтиёҷ дорад. Лекин баъди гузаштани на чандон вақти тулонӣ аз касбу ҳунар берун гардида, ба бозор рў оварданд. Маълум мешавад, ки онҳо муҳаббати самимӣ надоштанд.
Дар андешаҳои педагогии хеш Муҳаммади Ҳиҷозӣ оид ба тарбияи касбу ҳунар қайд менамояд:
Бе азми дурусту саъйи комил,
Касро нашавад мурод ҳосил.
Дар ҳақиқат, Муҳаммади Ҳиҷозӣ дуруст мегўяд, дар раванди корҳои озмоишӣ ва саволномаҳо дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ошкор мегардад, ки аксарияти донишҷўён мақсаду муҳтавои касб, ихтисосе, ки вориди онанд, намефаҳманд. Оянда кӣ шудан ва кадом вазифаҳоро иҷро намуданашонро намедонанд. Ба касбу кор кўр-кўрона дохил шудаанд ва ба он майлу хоҳиш надоранд. Сабаби асосии дар зиндагӣ мурод ҳосил карда натавонистани онҳо дар он мебошад, ки бе азми дурусту саъю кӯшиш ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дохил шудаанд ва худомўзию базаи таҷрибаомўзӣ мавҷуд нест, ки майлу хоҳиши онҳо беш гардад.
Дар раванди дарсҳои тарбиявӣ ва чорабиниҳои беруназсинфӣ ба донишҷўён мақсаду муҳтавои зиндагиро фаҳмонидан зарур аст. Онҳо бояд фаҳманд, ки мақсади зиндагӣ аз хўрдану хоб рафтан иборат нест. Агар мақсади зиндагӣ хўрдану маишат кардан бошад, ин бадбахтист. Лекин агар хўрдан бо мақсади зистану манфиат овардан бошад, ин айни муддаост.
Ин андеша аз ҷониби дигар дар таълимоти Умари Хайём ҷойи асосиро ишғол менамояд, ки фармудааст:
Як қатраи об буд, бо дарё шуд,
Як зарраи хок бо замин якто шуд.
Омад шудани ту андарин олам чист?
Омад магасе падиду нопайдо шуд.
Дар ин мисраъҳо Хайём саволеро мегузорад, ки ҳар як инсонро ба андеша водор менамояд. Донишҷўён дар зери таъсири ин савол маҷбур мешаванд, андеша намоянд, ки сабаби омадшавии онҳо дар ин олам чист?
Зеро омадану рафтани баъзе ҷавонон ба омадурафти магас шабоҳат дорад.
Онҳо бо мақсади ба неъмати тайёри дунё часпидан, аз он истифода бурдан меоянду дар олам аз худ ягон нишони хуб боқӣ намегузоранд.
Як андешаи баланди тарбиявӣ, ташвиқи касбу ҳунар, покию покизагӣ дар эҷодиёти А. Лоҳутӣ мушоҳида карда мешавад, ки донишҷўёнро дар руҳияи баланди ахлоқӣ тарбия намудан мумкин аст:
Бе заҳмату кор нон намебояд хўрд,
Як луқма ба ройгон намебояд хўрд.
Ноне, ки бувад ҳосили ранҷи дигарон,
Гар ҷон биравад, аз он намебояд хўрд.
Лоҳутии оташбаён дар ин чор мисраъ тамоми рисолати инсониро тавонистаст ба андешаи пешқадами педагогӣ кашад. Тавассути ин мисраъҳо насли наврас ба шинохти ҳалолу ҳаром, савобу носавоб ворид мегардад.
Мефаҳмад, ки аз ранҷи меҳнати касе суйистеъмол кардан сифати бади инсонист. Тавассути баёни ин мисраъҳо ва таҳлили он ва муқобилгузори бо ҳаёти имрўза насли наврас дар руҳияи меҳнатдўстӣ, қадр кардани нону неъмат, ҳалол зистан, қаллобию фиребгарӣ накардан тарбия меёбанд.
Дар раванди корҳои тарбиявӣ, беруназсинфӣ ва чорабиниҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ кореро анҷом додан зарур аст, ки насли наврас аз ҷумла, духтарон ба китобхонӣ ҳавасманд гарданду хоҳиш пайдо намоянд. Дар раванди чорабиниҳои беруназсинфӣ ба донишҷўён супориш дода мешавад, ки ин чаҳор мисраъро шарҳу эзоҳ диҳанд:
Зиндагиро аз ҳисоби рўзгор омўхтам,
Ишқи меҳнатро зи авҷи касбу кор омўхтам.
Дар ҷаҳони хоксорӣ ёфтам қадри баланд,
Сархамиро аз дарахти мевадор омўхтам.
Рўзгору зиндагии ҳаррўза мактабест, ки насли наврас дар заминаи он тарбия меёбад, меҳнат карда аз ҷиҳати маънавӣ ва ҷисмонӣ обутоб меёбад.
Инсон танҳо тавассути хоксорӣ қадру қиматаш афзуда, сархамию сабуриро ба насли наврас пурбории дарахти мевадор меомўзад.
Дар ин росто Лоиқ Шералӣ низ таъкид менамояд, ки “Зиндагӣ, гар устоди мо туӣ, бе парда гўй, аз чӣ шогирдони як мактаб ҳама оқил нашуданд?” Пардаро аз чашми донишҷўён бардоштан зарур аст, то фаҳманд, ки сабаби соҳибкасб нагардидани онҳо чист. Дар шароити муосир ҷамъият ба кадом касбу ҳунарҳо бештар талабот дорад, бояд аз ҷониби донишҷўён бошуурона дарк карда шавад. Вақте инро бошуурона дарк намуданд, маълум мегардад, ки онҳо ба фаҳмидани талаботи ҷамъият оғоз кардаанд ва зиндагӣ ва талаботи он ба устоде табдил ёфтааст, ки моро роҳнамоӣ менамояд.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё