Аввал пурсиш, баъд кушиш
Мамлакате буд миёни мамлакатҳое, ки дар ин олам кам нестанд. Дар он мамлакат як сол на барфи дуруст бориду на борон, ғалла дар саҳрову мева дар боғ норасидаву нодаравида монд, хушксолӣ пеш омаду гуруснагӣ, байни мардум муромурӣ cap шуд.
Мамлакат мисли ҳар мамлакати дигар подшоҳе дошту подшоҳ вазир. Подшоҳ аҳволи халқу мамлакатро дида, ба таҳлука афтод ва рӯзе ба вазираш гуфт:
- Эй вазир, маро дигар тоқати дидани ҳоли табоҳи мардум намонд! Қарор додам, ки мамлакатро ба ихтиёри ту гузораму худ баромада равам. Баъди як сол бармегардам. Тамоми ақлу фаросати худро ба кор андозу коре бикун. ки мардум нобуд нашаванд, он чи ки дар мамлакат ҳаст, барбод наравад.
Вазир гуфт: - Подшоҳам, дар сурате ки ҷилави ихтиёри ҳукуматдориро ба дасти ман дода, баромада рафтанӣ шудаед, хоҳиш дорам як шарти маро қабул кунед.
- Чӣ шарт дорӣ, эй вазир? - пурсид подшоҳ.
- Шарти ман ҳамин, ки ҳар амале аз тарафи ман содир, мавриди эътирозу мазаммат қарор нагирад ва ҳар дасисаву фитнае, ки нисбати ман cap мезанад, аз эътибори ҷанобашон соқит гардад.
Подшоҳ розӣ шуд ва аз мамлакат баромада рафт. Ҳамин ки хабари аз мамлакат берун шудани подшоҳ расид, вазир амр кард, ки дарҳои хазинаву дафинаи подшоҳро боз кунанд, ҳар чӣ он ҷо ҳает, ба мардум тақсим кунанд, ба яке пул расиду ба дигаре зару ба саввумиҳо шаддаву марҷону зевар. Ба ҳар кас ҳар чӣ расид.
Вазир гуфт: - Шаҳр ба шаҳру мамлакат ба мамлакат раведу ҳар ғизое аз ҳар ҷое, ки пайдо кардед, бихареду бихуреду ҷони худро аз чанголи марг халос кунед!
Мардум ин кори вазирро дидаву ин сухани ӯро шунида, хайрон монданд: гирифтанро додан ҳасту қарзро баргардонидан. Мо-ку моли подшоҳро гирифтем, ҳар чи ёфтем, мехарему мехӯрему ҷон ба саломат мебарем, аммо онро кай, чӣ хел бармегардонем?
Инро ба вазир гуфтанд. Вазир дар ҷавоб гуфт:
- Он чи ба шумо расид, қарз аст, аммо сари подшоҳи бузургвор ҳамеша саломат бошад, қарзро фақат баъди сари он кас бармегардонед.
Мардум хурсанд шуда, ба чор тарафи дунё раҳ пеш гирифтанду шаҳр ба шаҳру мамлакат ба мамлакат рафтанд хӯрданиҳо хариданду ҷони азизи худро аз вабои қаҳтӣ наҷот доданд.
Як сол гузашт. Подшоҳ баргашт. Дид, ки мамлакат тинҷу мардум осуда, ҳама заҳмат кашидаанду ҳосил руёнидаанд, сери пурӣ, ҳама хушҳол. Хурсанд шуд подшоҳ, вале хурсандии ӯ дер давом накард. Бадхоҳони вазир гирди ӯ ҷамъ шуданду гуфтанд, ки хиёнати бузурге кард вазир.
Гуфтанд: - Эй подшоҳи бузургвор, дар хазинаю дафинаатон, ки пуропур буд, алҳол муш гардад, дона намеёбад. Подшоҳи бехазина-дарахти бемева, ҷӯй беоб, лашкари беяроқ. Ин ҳол пеши мамлакатҳои дигар як шармандагӣ асту бас.
Зиёд гуфтанд аз ин хел гапҳо онҳое, ки як сол пеши вазир буданд:
Ҳар номваре, ки ӯ ҷвҳон дошт,
Бадномгаре зи ҳамраҳон дошт.
Он гапҳоро шунида мӯи бадани подшоҳ сих шуда хесту фарёди ҷонгудозе аз даҳонаш баромад:
- Ба дасту пои вазир кундаву ишкел занеду задаву кашида пеши ман биёваред!
Вазирро дошта, ба дасту пояш кундаву ишкел зада, задаву кашида пеши подшоҳ оварданд.
- Ҷаллод! Тамоми қувваеро, ки дар бадан дорӣ, ба кор андозу ба паси гардани ин хоин чунон бизан, ки мани фиреб-хӯрда чӣ хел хун пошида, ғелида рафтани сарашро бубинаму аламам кам шавад.
Кунда оварданд. Ҷаллод табари тезро, ки мисли каланд бузург буд, ба ҳаво бардошт. Вазир кундаву ишкелро тарақ-туруқу шалдар-шулдур-кунон овоз баровард:
- Подшоҳо, гузаштагон «аввал пурсиш, баъд кушиш» гуфтаанд. Бесабаб нагуфтаанд онҳо! Чаро шумо аввал намепурсед, ки чаро ман чунин кор кардаам?! Бадхоҳони вазир ин гапро шунида, гавго бардоштанд:
- Он чи аён аст, ҳоҷат ба баён нест. Ин ҷо чӣ зарурат ҳаст ба пурсидани касе, ки хиёнаташ назди подшоҳу назди мамлакат мисли оина равшан аст.
Подшоҳ, ки соле пеш эътимоде ва эҳтироме ба вазираш дошт, гуфт:
- Ҳеҷ боқе не, ку бубинем ин марди хоин пеш аз маргаш ба забони нопоки худ чӣ суханоне оварданист. Вазир гуфт:
- Магар аз ёд баровардед, ки ман пеш аз мамлакатро тарк кардани шумо шарте пешатон гузошта будам: «Ҳар амале, ки аз тарафи ман содир мешавад, мавриди эътирозу мазаммат қарор нагирад, ҳар дасисаву фитнае, ки нисбати ман cap мезанад, аз эътибори ҷаноби олӣ соқит гардад». Шумо қабул кардед ва пас аз ин ман ҷилави ихтиёри ҳукуматдориро ба ихтиёри худ гирифтам. Подшоҳ хашм карда гуфт:
- Ман гумон накарда будам, ки ту хазинаю дафинаи подшоҳиро барбод дода, ба решаӣ ҳокимияти мо теша мезанӣ. Бадхоҳони вазир сухани подшоҳро тасдиқ карда, ғавғо бардоштанд: - Бе он сарвату ғановате, ки дар хазинаву дафина буд, подшоҳи на қурбе дораду на қудрате.
Вазир гуфт:
- Подшоҳам, он чи, ки дар хазинаву дафина буд, магар тавассути хироҷу андоз аз ҳамин мардум, ки имрӯз зиндаву саломат мондаанд, гирифта нашуда буд? Гуноҳи ман ҳамин аст, ки моли халқро ба халқ баргардонидам. Лекин муфт барнагардонидаам, ба қарз додам, мардум онро боз медиҳанд. Бадхоҳони вазир боз ғавғо бардоштанд:
- Аз куҷо? Кай? Вазир гуфт:
- Ман ба мардум гуфтам, ки баъди сари подшоҳ. Мардум имрӯз қудрати баргардонидани қарзро надоранд, бинобар ин ҳама рӯзу ҳама соат, дар кӯчаву бозор, масҷиду хонаҳояшон даст ба омин бардошта, ба парвардигори олам илтиҷо карда, бо як овоз мегӯянд, ки «Худоё, Худовандо, умри подшоҳро да роз кун»! Барои подшоҳу подшоҳӣ магар кудрати бузургтаре аз дуои неки тамоми халқ метавонад вуҷуд дошта бошад?! Вазир ин суханонро гуфту ба подшоҳ рӯ овард:
- Эй подшоҳи муаззам, эй султони бокарам, худ фикр кунед:
Он ҳангом, ки тарқи подшоҳӣ кардед, мардум дар чи ҳоле буданд, мамлакат чӣ аҳволе дошт. Ҳоло мамлакат обод мешавад, мардум аз марг наҷот ёфтанду шабу рӯз заҳмат мекашанду дуои ҷони шуморо мекунанд. Мамлакат бе халқ мамлакат нест. Бе мамлакат подшоҳ нест. Пас худ ба сари инсоф биёеду бигӯед: ки магар ман кори нодуруст кардаам?! Подшоҳ ин гапро шунида, аз ҷой бархосту фармуд, ки аз дасту пои вазир кундаву ишкелро бикушоянду ба дасту пои онҳое зананд, ки подшоҳро зидди вазир шуронда буданд. Чаллодон ҳамоно тайёр буданд, фурсате нагузашта ду cap аз тан ҷудо ба чор тараф хун пош дода, ғелида рафт.
«Бадхоҳи касон ба мақсад намерасад» гуфтанд, ки ин ran бе асос нест.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё