Зеҳн

МАВЗӮЪҲОИ БАЙНАЛХАЛҚӢ ВА СУЛҲУ ДӮСТӢ ДАР АШЪОРИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА

КИ
Китобдор25 ноябри 2024 · 3 дақиқа хондан

Мавзӯи сулҳ ва дӯстӣ дар ашъори шоир. Сулҳу дӯстй - сарчашмаи хушбахтии тамоми миллатҳо.

Устод Мирзо Турсунзода соли 1911 дар деҳаи Қаратоғ ба дунё омада, таҳсили ибтидоии худро дар мактаби кӯҳнаи Қаратоғ шурӯъ намудааст, вале аз сабаби нодурустии тарзи таълиму тарбия ӯ хатту савод набаровардааст. Сипас, шоир дар мактабҳои усули нав, дар омӯзишгоҳҳо ва донишкадаҳои ҳамонвақта таҳсили худро идома медиҳад. Баъди таҳсилоти олӣ ба хизматҳои илмӣ, адабӣ ва давлатӣ сафарбар карда мешавад. Қисми бисёри осори ӯро шеъру асарҳои ба мавзӯи дӯстӣ ва сулҳ бахшидаи ӯ ташкил медиҳанд. Аз ин рӯ, Турсунзода ҳамчун вассофи сулҳу дӯстӣ шинохтаву эътироф карда шудааст.

Баъд аз сафарҳои хориҷӣ ва ҷаҳонгардии шоир, дар эҷодиёти ӯ, махсусан: дар доираи мавзӯъҳои байналхалқӣ тағйироти куллие ба миён омаданд. Ва ӯ тамоми ҳастӣ ва фаъолияти адабии худро барои мустаҳкам намудани сулҳу дӯстии халқҳои ҷаҳон бахшидааст.

Шоир бо сурудани ашъори дар мавзӯи сулҳу дӯстӣ тавонистааст, ки дар тамоми кишварҳои дуру наздик ғояҳои сулҳу дӯстиро паҳн намояд.

Ҳамин тарик, яке аз бахшҳои асосии мавзӯъҳои эҷодиёти шоирро мавзӯи сулҳу амонӣ ва ҳамраъйии халқҳои тамоми дунё ташкил медиҳад.

Шоир сулҳу амониро ҳамчун сарчашмаи асосии ободии ҳар як сарзамин, ободии кишвару диёр ва хушбахтии инсонҳо ба қалам додааст. Сулҳу амонӣ монанди офтоби тобон ба ҳама кишварҳо лозиму зарур аст:

Сулҳ дар гул-гул шукуфтанҳои ҷонон кишвар аст,

Дар шуои офтоби толеи баҳру бар аст.

Дар суруди аллаву бедорчашмии модарон,

Хоби орому табассумҳои хуррами кӯдакон.

Дарҳақиқат, хотири ҷамъи падару модарон ва зиндагии осудаву хоби ороми кӯдакон, ин худ як барқарориву мавҷудияти сулҳу амонӣ маҳсуб мешавад. Вале ин сулҳу амонӣ бо душвориҳои хеле зиёд ба мардуми мо насиб гаштааст:

Менависам ман суруди сулҳро бо хуни дил,

Бо тапиданҳои беороми рӯзафзуни дил.

То яроқи тез гардида ба дасти дӯстон,

Ҷангҷӯёнро кунад шармандаи руйи ҷаҳон.

Зарурати сулҳу амониро дар байни ҷамъият таъкид намуда, онро дар мисоли сулҳҷӯйии одамони шӯравӣ чунин шарҳ медиҳад:

Пурҳарорат нест бе сулҳ офтоб,

Дар замин ҳам нест файзи беҳисоб.

Шоир бар он таъкид мекунад, ки тамоми халқу миллатҳои озодихоҳи ҷаҳон озодиву хушбахтии комили хешро аз сулҳ дидаанд:

Сулҳ бо имзои моҳо-мардумони фатҳёб,

Менамояд нақшаҳои ҷангҷӯёнро хароб.

Мавзӯи дӯстии халқҳо дар ашъори шоир яке аз мавзӯъҳои асосӣ ба шумор меравад. Шоир мафҳум ва маънии дӯстиву рафоқатро дар ашъори худ содаву самимӣ чунин ифода менамояд:

То тавонӣ, дустонро гум макун,

Дӯстони меҳрубонро гум макун.

Дар ҷаҳон бе дӯст будан мушкил аст,

Мушкил осонкун касонро гум макун.

Дӯст ояд, гарм дар оғӯш гир,

Расми хуби тоҷиконро гум макун...

Шоир дӯстии халқҳои тоҷикро бо халқҳои мухталифи дунё хеле муҳим мешуморад. Бинобар ин, дар ашъори ӯ дӯстии халқи тоҷик бо халқи рус низ тасвир ёфтааст. Халқи рус дар ашъори шоир ҳамчун муаллим, раҳнамо, Дӯст ва ҳамкори тамоми халқҳо ба қалам дода шудааст. Чунин фикру андешаи худро дар «Уқоб» ном асараш чунин баён мекунад:

Тоҷиконро ту болу пар додӣ,

Қудрати тоза ин қадар додӣ.

Вахту тақдири мо ягона бувад,

Мурғи бахти як ошёна бувад.

Хулоса, Турсунзода мавзӯи дӯстии халқҳоро дар осори боқимондааш инкишоф додааст. Дар шеъри «Дил барнагашт» дӯстиву рафоқати мардумони тоҷику украинро чунин тасвир менамояд:

Хурдаам нону намак аз дасти фарзандони ӯ,

Лутфу эҳсон ёфтам аз чеҳраи шодони ӯ.

Шоир озодиву хушбахтии халқи меҳнаткаши худро дар дӯстӣ ва якдилии бародаронаи ҷамъи халқҳо медонад:

Ту донӣ, ки Шарқи ман аз ин дай

Раҳо ёфт кайҳо, дар он халқҳо.

Ба ҳам дӯстӣ, меҳрубонӣ кунанд,

Чу як ҷону тан зиндагонӣ кунанд.

Ӯ дӯстиву рафоқати халқҳои ҷаҳонро сарчашмаи асосӣ ва такягоҳи сулҳу осоиши тамоми ҷаҳон меҳисобад...

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба