Зеҳн

Масъулияти модарӣ

ЗЕ
зеҳни сунъӣ22 ноябри 2024 · 7 дақиқа хондан

Махфират Умаровна, аввало шуморо ба муносибати Рўзи модар муборакбод мегўем.

-Ташаккур.

Хоҳишмандам оид ба мақому мартабаи зан модар дар ҷомеа назари хешро баён кунед.

-Марҳилаи феълии бунёди давлатдории миллӣ айёми тақдирсоз буда, мо, насли имрўза, дар он масъулияти дучанд дорем. Имрўз устувор гардонидани пояҳои давлатдории миллӣ зарур аст, то рушду шукуфоии минбаъдаи онро таъмин намуда, барои ояндагон ба мерос гузорем. Марҳилаи кунунии давлатсозӣ ба замоне рост омадааст, ки равандҳои ҷаҳонишавӣ суръати тоза касб намуда, вобаста ба ин зиддияту мушкилоти навро пеш овардаанд. Маҳз аз ҳамин сабаб, фаъолнокӣ ва иштироки мақсадноку бошууронаи ҳар як фарди ҷомеа дар раванди таҳкими давлатдории миллӣ заруру ногузир аст. Ин аст, ки роҳбарияти Давлату Ҳукумат баҳри ҳамгироии иҷтимоии тамоми қишрҳои ҷомеа саъю кўшиш намуда, талош дорад ҳар яки мо бо ҳисси баланди худшиносию худогоҳӣ ва маърифати ватандорӣ ба ин масъала муносибат дошта бошем.

Яке аз иқдомҳои наҷибе, ки тайи солҳои истиқлолият амалӣ мешавад ин ташаббуси шахсии Ҷаноби Олӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани мақом ва манзалати зан дар ҷомеа мебошад. Иқдоми пешакардаи Президенти кишвар дар масъалаи баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа заминаи қавии меъёрию ҳуқуқӣ дошта, дар ин самт як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ба тасвиб расидаанд. Дар робита ба ин моддаи 17 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», Барномаи давлатии таъмини ҳуқуқҳои баробар ва имкониятҳои баробари мардон ва занон, Барномаи давлатии дастгирӣ ва тайёр намудани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон ва духтарони лаёқатманд, Стратегияи миллии фаъолгардонии занон дар сиёсат то соли 2020, ҷудо намудани квотаҳо барои духтарони ноҳияҳои дурдаст ва ғайраро метавон номбар кард, ки ба иштироки фаъолонаи занон дар ҳаёти ҷомеа мусоидат менамоянд. Бояд зикр намуд, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки имрўз дар самти боло бурдани мақоми зан дар ҷомеа қабул шудаанд, баҳри бартараф намудани мушкилиҳои гендерӣ ва монеаҳои сунъӣ эҷодшаванда аҳамияти калон доранд.

Чун занон фаъолона ба ҳаёти иҷтимоию сиёсии кишвар ворид мешаванд, ин падидаи нек дар самти боло бурдани маърифату фарҳанги сиёсии ҷомеа низ маҳсуб ёфта, метавонад омили муҳим дар рушди минбаъдаи мамлакат гардад. Яке аз ҷомеашиносони шинохта Ш. Фуре зикр намудааст, ки «васеъшавии ҳуқуқҳои занон яке аз принсипҳои рушди иҷтимоӣ маҳсуб меёбад».

-Дар бораи фаъолияти вакилзанони Парлумони кишвар мухтасар чанд сухан мегуфтед.

-Аз 12 нафар вакилзаноне, ки имрўз дар Парлумон фаъолият доранд, 11 нафарашон аъзои Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Ҳамаи онҳо шахсоне мебошанд, ки дар соҳаҳои гуногуни ҷомеа фаъолият намуда, соҳиби таҷрибаи бой, малакаи хуби корӣ ва маърифати баланд буда, имрўз дар баробари мардон баҳри иҷрои рисолати вакилии худ талош доранд. Вакилзанон ҳам дар самти қонунгузорию намояндагӣ ва ҳам дар самти таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ фаъолона ва бо ҳисси баланди масъулият аз иҷрои ваколати бар дўшашон гузошта баромада истодаанд. Ин аст, ки ҳар яки онҳо дар давраи зиёда аз ду соли фаъолият аз ду то ҳашт лоиҳаи қонун таҳия ва пешниҳод намудаанд, ки аксарияти онҳо қабул шуда, қисмати боқимонда дар марҳилаҳои гуногуни баррасӣ қарор доранд. Қисми зиёди лоиҳаҳои пешниҳодшуда ба Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ рабт дорад ва нишонаи саҳми фаъолона доштани вакилзанон дар амалинамоии ин барнома мебошад. Шахсан худи ман тайи фаъолияти дусола, бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ, дар ҳаммуаллифӣ бо вакилони дигар панҷ лоиҳаи қонунро пешниҳод намудаам, ки яке аз онҳо қонуни мукаммал буда, чортои дигараш тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда мебошанд. Айни замон сетои онҳо қабул ва дутои дигараш дар марҳилаҳои гуногуни баррасӣ қарор доранд.

Сўҳбати мо ба ифтихори Рўзи модар аст, аз ин рў, мехостам роҷеъ ба рисолату масъулияти вакилӣ ва модарӣ андешаҳоятонро баён кунед.

Ҳар ду рисолат ҳам вазнин буда, масъулият, сабру таҳаммул, азхудгузариҳо талаб мекунанд. Вале фарқият дар он аст, ки ҳангоми иҷрои якумӣ самтҳои асосии фаъолият маълум буда, бароят равшан аст, ки дар кадом доира фаъолият намойӣ. Ҳангоми иҷрои рисолати дуввумин бошад, худ бояд самтро муайян кунӣ. Маҳз аз ҳамин сабаб масъулияти модарӣ сангину вазнинтар аст. Дар ҷое бояд серталабу ҷиддӣ бошӣ, дар ҷойи дигар бошад меҳрубону самимӣ, дар мавриди дигар сабури-

Модарон на танҳо дар рўзҳои иду маросими расмӣ, балки дар ҳама ҳолат сазовори ситоишу эҳтироманд. Зимни омода кардани маводи мазкур ба қароре омадам, ки қаҳрамони сафҳаи идонаро беҳ мебуд, то аз миёни занҳои Қаҳрамонони Меҳнати Сотсиалистӣ интихоб намоем.

Дар навоҳии минтақаи Кўлоб замони Шўравӣ ҳашт нафар занон, тавассути ранҷҳои дар саҳроҳои колхозӣ ба харҷдодаашон сазовори унвони олии Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ гаштанд. Аз онҳо ҳоло се нафарашон – Турсунбӣ Ҳотамова сокини Ҷамоати деҳоти Кўлоби шаҳри Кўлоб, Бозоргул Алиаҳмадова ва Гавҳарбӣ Пираковасокинони Ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Воро пеша кардан лозим аст. Шукронаи Худованд, соҳиби чор фарзанд ҳастам. Писарам Анушервон хонандаи синфи 9, духтаронам Нўшофарин ва Гурдофарид хонандагони синфи 7 ва 4 мебошанд. Ҳамаашон бо баҳои хубу аъло таҳсил мекунанд, вале, ин ҳама маро қаноат намекунад. Бо онҳо шабона дарс тайёр мекунам, вазифаи хонагии ҳаррўзаашонро аз назар мегузаронам. Агар бинам, ҳафтае баҳо кам гирифта бошанд, дар поварақи рўзнома эроди худро менависам, то ин ки устодон бинанд. Чун ҳама модарони дигар, саҳар ба мактаб гусел мекунаму то баргаштанашон ба хона занг зада меистам, ки аз омаданашон осуда шавам. Фарзанди хурдиам Меҳрофарид дуюнимсола аст ва ба боғча меравад.

Тарбия бениҳоят раванди мушкил аст ва тазоди зиёд ҳам дорад. Аз ин рў, масъулияти дучанд, машаққати шабонарўзӣ ва пайвастаро тақозо мекунад. Беҳуда нест, ки маҳз бо тақозои замон ва зарурати ҷомеа Президенти мамлакат лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро пешниҳод намуд, ки он қабул гардида, имрўз мавриди амал қарор дорад.

Чун ҳама занони дигар, тамоми ташвиши рўзгорро бар дўш дорам. Пухтупаз, шустушў, рубўчин.

Шукронаи Худованд, духтарам ҳам дастёр шудааст, вале ҳоло ҳама корро аз дастам нагирифтааст. Бисёр вақт ҳангоми вохўриҳо, махсусан ҳангоми вохўриҳо бо ҷавондухтарон, пурсон мешаванд, ки оё мушкил нест саришта намудани ҳам кори хонаю ҳам кори ҷамъиятӣ. Дурўғ мебуд, агар мегуфтам, ки мушкил нест, лекин вақте кас хоҳиш дорад, ки ҳам кори хона ва ҳам кори ҷамъиятиро ўҳда кунад, ин ҳама дар назар як чизи муқаррарӣ менамояд. Фақат вақтро дуруст истифода бурдан лозим аст.

-Ба фикрам, шумо ҳамзамон ба кори омўзгорӣ ва илмӣ низ машғул ҳастед?

-Бале, дар баробари фаъолияти вакилӣ ба фаъолияти омўзгорӣ машғул ҳастам. Иҷрокунандаи вазифаи профессори кафедраи «Фалсафа ва фарҳангшиносӣ»-и Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон мебошам ва аз фанни сиёсатшиносӣ ба донишҷўён дарс мегўям. То имрўз се нафар шогирдонам рисолаи номзадиро ҳимоя намудаанд. Айни замон роҳбарии се нафар аспирантро ба ўҳда дорам, ки дар мавзўъҳои гуногун кори илмӣ навишта истодаанд. Инчунин ба кори илмӣ низ машғул мешавам. Соли 2011 рисолаи худро зери унвони «Ҳокимияти сиёсӣ (таҷрибаи таҳлили иҷтимоию сиёсӣ)» бо ду забон ва як дастури таълимию методӣ «Сарварӣ дар низоми идоракунии сиёсӣ»-ро вобаста ба масъалаҳои сарварӣ ба табъ расонидам. Узви Шўрои дифоъ оид ба рисолаҳои номзадӣ аз фанни сиёсатшиносӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошам.

-Гумон мекунам, шахсе нест, ки модарашро дўст надорад ва ё дар васфи модар шеъре нагуфта бошад, таронае ва ё пораи насрие иншо накарда бошад. Хоҳишмандам дар бораи модари хеш чанд сухан гўед.

Дар ин бора ҳарф задан бароям каме мушкил аст, аммо имрўз, ки Рўзи модар аст, бояд гуфт. Модари азизи ман Басбӣ ном доштанд ва дар синни 44 солагӣ аз олам гузаштанд. Модари бузургворам нўҳ нафар фарзандро ба дунё оварданд ва ман фарзанди калониашон ҳастам. Воқеан, шумо дуруст гуфтед, ки ҳар кас модарашро дўст медорад ва чизе дар васфи эшон гуфтааст. Вақте модарамон дар чунин як синни камолот вафот карданд, ман аз сўзу фироқ ғазале эҷод кардам, ки чанд пораи онро манзури хонандагони арҷманд мегардонам:

Оташи сўзони ҳасрат дар дилам,

Гашта хомўш як чароғи манзилам.

Хонаи ободи ман вайрона гашт,

Ин дили ман баҳри ман бегона гашт...

-Таманниёти шумо дар Рўзи модар.

Таҷлили Рўзи модар худ нишонаи эҳтиром ба ин олиҳаи пок аст, ки Худованд ба ў қудрати тавлидгарӣ ва идома додани насли инсониро додааст. Модар дар ҳақиқат ҳам дили бузург дорад. Ин аст, ки дасти дуои модар ва фотеҳаи неки ў мушкилкушои ҳама кори мост. Бо истифода аз фурсати муносиб, тамоми модарони тоҷикро бо ин рўз табрику таҳният гуфта, ба онҳо саломатию сарбаландӣ таманно дорам. Бигузор мурғи иқбол дар фазои Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо парфишон, сулҳу созиш дар кишварамон ҷовидон бошаду мо, модарон, доимо хандаи беғаши тифлонро шунавем.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба