Зеҳн

Ташаккули шахсияти кўдакони синни томактабӣ. Нақши оила ва муҳити иҷтимои дар ташаккули шахсияти кудак.

ЗЕ
зеҳни сунъӣ22 ноябри 2024 · 9 дақиқа хондан

1.Хусусиятхои ташаккулёбии шахсияти кудакони сини томактаби. 2.Таъсири калонсолон ба инкишофи шахсияти томактабиён.

Шахс хастии бошуур ва фаъоли табиату ҷамъият мебошад ва он дорои хусусиятхои фарди-психологи мебошад,ки як шахсро аз шахси дигар бо характер, мизоҷ, қобилият, талабот, шавку хавас ва фаъолноки фарк мекунанд.

Шахс дорои хусусиятҳои хоси ҷисмони ва психики аст. Шахс намояндаи ҷамъияти муайян, шахрванд аст.

Шахс дар хаёти чамъияти фаъолона иштирок менамояд ва фаъолнокии худро дар он зоҳто менамояд.

Шахс хамчун мачмуи муносибатҳои иҷтимои баромад мекунад ва аъзои яксанд гуоух аст (у фарзанд, тарбиягиранда, талаби , хамсоя, коргар ва гайра) у муносибатхоеро ифода мекунад, ки танҳо ба ў хос аст. (кобилият, хавас, сифати характер, хиссиётхои аз саргузарони).

Хусусиятхои шахсият дар характер ва дар чоришавии фаъолиятхои психики ифода меёбад ва ба худ хос эҳсос, идрок, хотир, диккат, тафаккур, тахаюлот дорад.

Шахс ба худшуури кодир аст. Оламро дониста мегирад, ба ходисаю табиат ва ба рафтору кирдори худ бахо медихад, фаъолияташро идлра мекунад.

Шахсият аз маҷмўи хислатҳое иборат аст, ки аз ҷиҳати иҷтимоӣ аҳамияти калон дорад. Ба ташаккулёбии шахсияти кўдак оила, калонсолон, ҳамсолон, мҳит ҷомеа таъсири калон мерасонад. Кўдак дар раванди ташаккулёфтани шахсият хусусиятҳои психологӣ ва шаклҳои нави рафторро азхуд менамояд. Рафтор шакли зоҳиршавии муносибати инсон ба муҳити атроф мебошад, яъне дар рафтор шахсияти инсон зоҳир гардида, характери ботинии ўро ифода мекунад. Дар давраи томактабӣ талабаҳо ба рафтори кўдак аз тарафи калонсолон зиёд мешавад. Талаботҳои асоси ин риояи қоидаҳои рафтори ҷамъияти, меъёрҳои ахлоқӣ – маънавӣ ба ҳисоб меравад. Кўдак аз доираи маҳдуди наздикон ба доираи васеи ҳамсолон мебарояд ва ба фаъолияти якҷоя дохил

мешавад, дар ҳамдастӣ амал карданро омўхта, ба ақида ва фикри онҳо ҳамроҳ мешавад.

Дар синни калони томактабӣ азхудкардани қоидаҳои муносибатҳои ҳамдигарфаҳмии байни кўдакон ба ҷои аввал мебарояд. Мураккаб шудани фаъолияти кўдакон талаб мекунад, ки доимо андешаҳо, қоида ва шавқу ҳаваси ҳамсолон ба назар гирифта шавад. Қоидаҳои ҳамдигарфаҳмиро кўдакон бо мушкили аз худ менамоянд ва дар аввал ин қоидаҳоро бо сабаби нафаҳмидани хусусиятҳои вазъияти конкретӣ рўяки иҷро мекунанд. Дар натиҷаи ба даст овардани таҷриба кўдакон қоидаҳои муносибатҳои ҳамдигарфаҳмиро меомўзанд.

Баъд аз ба вуҷуд омадани муносибатҳои эмотсионалӣ нисбат ба худ ва ба кадом ҷинс таалуқ доштанаро фаҳмида кўдак кўшиш менамояд, ки ба талаботҳои калонсолон ҷавобгў бошад. Кўдак мехоҳад, калонсолон ўро эътироф намоянд. Дар кўдак ҳиссиётҳои ахлоқӣ ба вуҷуд меояд. Ташаккули ҳисси ахлоқӣ - маънавӣи шахсиятро донишҳое, ки кўдак аз худ менамояд ташкил медиҳанд; одатҳои рафтори ахлоқӣ - маънавиро дар раванди муоширати бо одамони атроф меомўзад. Дар аз худ намудани намунаҳои рафтор ва қоидаҳои рафтор инкишофи ҳисси рўҳбаландӣ ва ҳисси шарму ҳаё (хиҷолат), ки аз тарафи калонсол баҳо дода мешавад аҳамияти калон дорад. Томактабиён ҳисси рўҳбаландиро натанҳо дар мавриди иҷро намудани талаботҳои калонсолон, балки нисбат ба сифатҳои мусбие, ки дар худ мебинанд (ҷасурӣ, ростқавлӣ, дасти ёрӣ расонидан ба дигарон) зоҳир менамоянд.

Ҳисси шарму ҳаё (хиҷолат), дар томактабиён дар он маврид ба вуҷуд меояд, вақте, ки худи кўдак мефаҳмад, ки ў қоидаҳои рафторро вайрон кардааст. Кўдак аз рафтори дағалонаи худ, тарсончакӣ, бахилӣ, аз беҳурматӣ нисбат ба дигарон зоҳир намудааш шарм мекунад.

Дар давраи томактабӣ кўдак ҳоло аз вобастагии калонсолон берун набаромадааст. Калонсолон фаъолнокии рафтор ва фаъолияти кўдакро назорат менамоянд.

Муайян карда шудааст, ки агар калонсолон муваффақиятҳои кўдакро дастгирӣ намуда ба номуваффақиятии кўдак ҳамдарди зоҳир намоянд ин гуна кўдак ҳиссиёти хуби эмотсионалиро нигоҳ медорад ва барои ислоҳ шудан кўшиш менамояд. Дар шароити барқарор намудани муносибатҳои мусбии байни калонсолон дар кўдак ҳисси боварӣ бавуҷуд меояд, ки дар натиҷа кўдак бо ҳамсолон ва одамони атроф ба осонӣ ба муошират дохил мешавад.

Муносибати бадбинона ва хунукназаронаи калонсолон нисбат ба кўдак фаъолнокии иҷтимоии кўдакро паст менамояд: кўдак канораҷўи намуда, худро аз дигарон дур мегирад, хотирпарешон шуда тез гиря мекунад ё худ ба тарсу изтироб дода шуда ҳангоми ба максад нарасидан ҳиссиётҳои агрессивона ба вуҷуд меояд.

Аксарияти кўдакон дар шароити зоҳир шудани муносибатҳои хунукназарона аз тарафи калонсолон аз фаъолият даст мекашанд ё худ фаъолияти оғозкардаи худро қаът мекунанд, дар онҳо ҳисси бепарвоӣ ва хунукназарӣ ба вуҷуд меояд. Дар аксарияти кўдакон чунин муносибатҳо комплекси норасоиро ба вуҷуд меоранд. Дар бавуҷудомадани комплекс калонсолон гунаҳкоранд. Аз рўи нишондодҳои психологҳо 90% кўдакони душвортарбия, ки аз ҷониби падару модар меҳрубонӣ ва дўстдориро эҳсос накардаанд дар зершуури онҳо ҳисси гунаҳкорӣ дар назди падару модари худ пайдо мешавад. Кўдак нохост тирезаро шикаст, ў гунаҳкор дониста мешавад. Муносибати манфии калонсолон, ки нисбат ба кўдак зоҳир мешавад дар кўдак аксуламали гуногунро ба вуҷуд меорад: кўдак роҳҳои ислоҳшавиро ҷустуҷў мекунад ва бо калонсолон алоқа барқарор мекунад ё худ канораҷўӣ намуда аз муошират худро дур мекунанд. Қисми дигари кўдакон, баръакс суръати корро метезонанд, вале самаранокии фаъолият паст мешавад.

Муайян карда шудааст, ки муҳаббати дигарон ва муҳаббат нисбат ба дигар одам ин талаботи асосии инсонӣ мебошад. Ҷои асосиро муҳаббати модар нисбат ба фарзанди худ ишғол мекунад. Ҳамаи талаботҳои кўдак ба воситаи модар қонеъ мегардад, модар ин сарчашмаи хурсандӣ ва хушҳолии кўдак буда дар ў ҳисси ҳимоя ва осудаҳолии эмотсионалиро ба вуҷуд меорад. Кўдак ба модар эҳтиёҷ дорад ва бо ҳар восита мехоҳад диққати модарро ба худ ҷалб намояд.

Гулнораи шашсола духтарчаи гапдаро ва хеле қобил мебошад. Ў хоҳиши падару модарашро бе чуну чаро иҷро мекунад ва онҳо духтарашонро ҳеҷ вақт сарзаниш намекунанд. Аҳмадҷони сесола додараки хурдакаки ў бачаи шуху гапнодаро аст. Падару модар доимо ба у аҳамият дода рафторрашро ба забон мегиранд, ўро сарзаниш мекунанд доимо бо ў машғул мешаванд.

Рўзе мешавад, ки Гулнора якуякбора инҷиқӣ мекунад. Модар ўро сарзаниш мекунад ва мебинад, ки духтараш аз ин муносибати модар хушҳол мешавад.

- Модарҷон сарзаниши шумо ба ман хеле маъўул аст- мегўяд Гулнора.

- Барои чи?- дар хайрат монда мепурсад модар.

- Чунки шумо низ бо ман машгул мешавед – ҷавоб медиҳад духтар.

Аз ин мисоли оварда шуда маълум мешавад, ки кўдакони синну соли томактабӣ доимо ба худ эътибор доданро аз калонсолон талаб мекунанд.

Кўдакони хурдсол нисбат ба модари худ дилбастагӣ зоҳир менамоянд, томактабиён бошанд мехоҳанд, ки ҳамаи наздикон онҳоро эътироф намуда байни онҳо муносибати хуб ба вуҷуд ояд. Ваҷҳи рафтор ва барқарор намудани муносибатҳои мусбии байниҳамдигарии калонсолу кўдак инкишофи иҷтимоии кўдакро муайн мекунад. Муносибатҳои байниҳамдигарии кўдак ва калонсол аз муоширати калонсол вобастааст.

Дар шароити муносибатҳои эмотсионалии мусбӣ аз тарафи калонсолон дар кўдак муносибати боваринок ба вуҷуд меояд, кўдак кўшиш менамояд, ки дар кор фаъол бошад ва қоидаҳои рафторро риоя намояд. Меҳрубонӣ ва муоширатнокии калонсолон ҳамчун шароити инкишофи сифатҳои мусбии иҷтимоӣ баромад мекунад.

Муносибатҳои хунукназаронаи калонсолон, беаҳмиятии онҳо дар кўдак эмотсияҳои манфиро бавуҷуд оварда кўдакро дарундор мекунад. Ин гуна муносибатҳо дар кўдакон сифатҳои манфии рафторро ба монанди канораҷўи, агрессия, дурўғгуӣ, дурўягӣ, хушомадгўи, чаплусӣ, фармонбардорӣ ва монанди инҳоро ба вуҷуд меорад. Дар аксарият вақт рашкро ба вуҷуд меорад, ки он дар комплексҳои гуногун зоҳир мешавад.

Дар муносибатҳои байниҳамдигарӣ бо кўдак калонсолон шаклҳои таъсиррасонии эмотсионалиро бояд дуруст интихоб намояд.

Дар инкишофи худшиносии кўдак ҳамкорӣ бо калонсолон, ки ба муайян кардани муносибат нисбат ба олами ашёҳо, ҳамаи мавҷудоти зинда, нисбат ба инсон ва нисбат ба худи кўдак равона карда шудааст аҳамияти ҳалкунанда дорад. Кўдак аз калонсолон дар бораи худаш маълумот мегирад, яъне ки ва ба кадом ҷинс таалуқ доштанашро фаҳмида мегирад.

Муайян кардани арзишҳои ҷинсии худро кўдак дар оила меомўзад. Падар ва модар арзишҳои ҷинсии ба худ хосро доранд. Чунин хусусиятҳо ба монанди дилсўзӣ, хасосият, меҳрубони танҳо ба зан мансуб аст, ҷасурӣ, қавииродагӣ, худдорӣ ба мардҳо мансуб.

Хусусиятҳои ба мард хос ва ба зан хос дар психологияи кўдак аз мушохидаи рафтори падар ва модар ба вуҷуд меояд. Муносибати падар ва модарон нисбат ба ҷинси фарзанд низ дар ташаккулёбии шахсияти кўдак нақши мухимро мебозад. Вобаста ба ин дар кўдак рафтор шакли муайянро пайдо мекунад.

Дар аксарият оилаҳо падару модарон ба ҷинси фарзанд аҳамияти калон медиханд. Таваллуди духтар ё писар муносибати байни зану шавҳарро муайян карданаш мумкин аст, ин муносибатҳои байни зану шавҳар ба фарзанд таъсири гуногун мерасонад.

Дар давраи томактабӣ кўдак эътирофи шахсияти худро аз калонсолон талаб менамояд. Кўдак мехоҳад, ки барои ҳар як амал ва корҳои хубаш аз тарафи калонсолон баҳои сазовор гирад. Калонсол бояд ин хоҳиши кўдакро ба ҷо орад ва кўдакро дастгирӣ намояд. Аксарияти калонсолон чунин репликаҳоро ба кўдак мегўяд: « ту аз ўҳдаи ин кор намебарои» «барои чӣ ба ин кор даст задаи», «ту ҳеҷ чизро намедонӣ», «бо саволҳои бемаънӣ ба ман халал нарасон» ва ғ. Чунин репликаҳое, ки шахсияти кўдакро паст мезанад дар натиҷа дар кўдакон комплексҳои ноқисиро ба вуҷуд меоранд, ў худро ноҳинҷор ҳис карда ба қувваи худ боварӣ пайдо намекунад. Ин ҳиссиёт ба ташаккули шахсият таъсири манфӣ мерасонад, ки онро инчунин шаклҳои манфии рафтор ё худ ноқисиҳои рафтор низ меноманд.

Инкишофи ирода дар давраи томактабӣ

Рафтор ва кирдори кўдакони синну соли томактабӣ ғайриихтиёрӣ буда, мустақилона мақсадгузорӣ дида намешавад, яъне калонсол ба онҳо роҳбарӣ ва назорат мекунад. Механизми асосии инкишофи ирода тобеъ шудан ба мақсад ҳисоб мешавад. Рафтор ва мақсади шахсӣ ба мақсади ҷамъиятӣ тобеъ мешавад. Рафтори бад ба рафтори хуб тобеъ мешавад. Масалан. Кўдак намехоҳад бозичаҳоро ҷамъ карда ба ҷояш гузорад аммо маҷбур аст ки ҳамаро ҷамъ карда ба ҷояш гузорад.

Ар амали гаштани мақсад кўдак натанҳо ба нокомӣ балки ба бурбодиҳо низ ноил гардад ин бурдбориҳо аз тарафи калонсолон эҳсос шавад ва кўдакро таъриф карда дастгири намояд ҳар як рафтори хуби кўдак бояд таъриф карда шавад кўдакро рухбаланд карда ба рафтори хуб водор мекунад. Нақши муҳимро дар инкишофи ирода нутқи калонсол мебозад. Ба воситаи нутқ калонсол рафтори кўдакро баҳо медиҳад, назорат мекунад. Дар синни 5-6 кўдак ба нақша гирифани фаъолияти худро ёд мегирад ва онро дар нутқ баён мекунад.

Тавсифи умумии инкишофи ирода

Рафтор дар аввал аз тарафи калонсол ба воситаи сухан назорат карда

мешавад баъд кўдак ба воситаи сухани худ рафторашро идора мекунад. Дар аввал калонсол рафтори кўдакро ба нақша мегирад баъд кўдак рафтору амалиёташро ба нақша мегирад.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба