Зеҳн

Мақсади бе амал – як орзуи нопурра

ЗЕ
зеҳни сунъӣ21 ноябри 2024 · 4 дақиқа хондан

Дар зиндагӣ мақсад доштан муҳим аст, зеро он мисли чароғе дар торикӣ роҳнамоӣ мекунад. Вале танҳо орзу кардан ё нақшаи зебо тарҳрезӣ намудан кофӣ нест. Бисёре аз одамон мақсадҳои бузург ва дилчасп мегузоранд, вале вақте ки навбати амал кардан мерасад, бо баҳонаҳои гуногун аз пайи иҷрои онҳо намешаванд.

Чаро ин гуна мешавад? Зеро аксар вақт инсон аз шикаст метарсад, ё бар он умед мебандад, ки замона худ роҳро ҳамвор мекунад. Баъзеҳо бошанд, бо хира шудани шавқу ҳавас, ба роҳе, ки худашон оғоз карда буданд, хиёнат мекунанд. Аммо ҳар мақсад бе амал танҳо як орзу аст – орзуе, ки наметавонад ба воқеият табдил ёбад.

Барои расидан ба ҳар ҳадаф, муҳим аст, ки инсон бо қадамҳои хурд, вале пайваста ба сӯи он ҳаракат кунад. Амали хурд беҳтар аз фикри бузургест, ки дар зеҳн боқӣ мемонад. Зиндагӣ танҳо ба онҳое рӯй меорад, ки на танҳо хоб мебинанд, балки бедор мешаванд ва барои расидан ба мақсад амал мекунанд.

Ҳадафҳои худро дар амал нишон диҳед, на танҳо дар сухан. Танҳо ин роҳ шуморо аз ҷойи ҳозира ба ҷойи амалишавии орзуятон мерасонад. Мақсади бе амал монанди дарахтест бе реша – зебо менамояд, вале ҳеҷ гоҳ самар намедиҳад.

Дар зиндагӣ роҳи худро БО КӮШИШУ ТАЛОШИ ХУД ПАЙДО БИКУН. Зиндагӣ мисли кӯҳсор аст ва роҳи он ҳамвор нест, пеши ин роҳ пур аз сангу кӯҳу хор аст. Дар ҳамин кӯҳсори душворгузар роҳи худатро бо тешаи худат бикан, тарош ва кушой ва пеш рав! Яъне бо ақлу талошу иродаи худат барои худат роҳ бикшой.

Бале, роҳи зиндагӣ ноҳамвор ва пур аз сангу кӯҳ аст, яъне ПУР АЗ МАСЪАЛАЮ МУШКИЛИҲОСТ ва Бедил ҳам гуфта, ки «олам аз сангдилон кӯҳсор аст». Вале инсон бояд соҳиби ақл ва ғайрату ирода бошад ва ҳамин АҚЛУ ИРОДА ТЕШАИ ТЕЗУ БУРРОЕСТ, КИ БО ОН РОҲИ ЗИНДАГИИ ХУДАТРО МЕКУШОӢ ва ҳамвор мекунӣ.

Ва инсон дар зиндагӣ бояд роҳи худро интихоб намояд, зеро фақат аз дигарон тақлид кардан ва ба роҳи дигарон рафтан барои инсони ҳақиқӣ айб ва азоб аст. Яъне, агар инсон худро эҳтиром бикунад ва номусу виҷдон дошта бошад, ВИҶДОНАШ ӮРО АЗОБ МЕДИҲАД, ки чаро ӯ дар зиндагӣ роҳи худро надорад, умре аз ҳисоби дигарон зистааст ва умре аз дигарон тақлиду пайравӣ кардааст. Барои марди баномус ин азоб аст, азоби бузурги виҷдонӣ.

Агар аз дасти худи ту кору ҳунари хоссе биёяд, беҳтар аст ба он машғул гардӣ ва онро анҷом диҳӣ ва аз тақлиду вобастагии дигарон берун шавӣ. Зеро агар ин кори ту хурду ночиз ҳам бошад, он дар ҳақиқат кори савоб ва кори бузург аст, ЗЕРО ОНРО ХУДАТ АНҶОМ ДОДАӢ. Ё чизи камарзише дошта бошию он аз худат бошад ва МАҲСУЛИ КОРУ МЕҲНАТИ ХУДАТ БОШАД, барои ту беҳтар аз чизҳои хубест, ки аз они дигарон бошанд.

Инсон мавҷуди бисёр бузург аст ва дар худ ишқро, ки олитарин офаридаи Худованд аст, дорад ва асбоби ишқ гардидааст. Ин қадар қудрат дорад, ки тамоми розҳоро ошкор месозад ва «аз қаъри гили сиёҳ то авҷи Зуҳал» бисёр масъалаҳоро баррасӣ ва ҳал менамояд, вале худи инсон як розу як ҷаҳони дигар аст, ки то ҳанӯз пурра омӯхта нашудааст ва чун сирри азим боқӣ мондааст.

Агар ин ҷаҳонро Худованд офарида бошад, инсон онро ба воситаи ақл омӯхт ва ба воситаи талошу меҳнати худ офаридаи Худоро такмил кард ва дар баробари ин бисёр розҳо ва асрори илоҳиро ошкор сохт ва ҷаҳонро бисёр беҳтар ва зиндагиро басе осонтар намуд. (Ба мисол, танҳо як ихтироъ ва корбурди барқ аз сӯи инсон ҷаҳонро чӣ тавр рӯшантару ҳаётро осонтар сохт.) Аз ин, ки инсон низ чун “офаридагори сағир” дар кори офаринишу ободии ҷаҳон саҳм мегирад, пас ӯ низ ба ин маъно анбоз, ёвар ва ҳамкори Худованд аст. Ба истилоҳи маъруф, инсон бо сифату фазилатҳои хосае, ки дорад, “халифаи худи Худованд дар замин” аст.

ПАС МАҚОМИ ҲАЗРАТИ ИНСОНРО ДУРУСТ БИШНОС ВА КАМ МАГИР!

Эй дил, эй дӯст, эй инсон, ту то кай ҳамчун парвона камғайратӣ ва беномусиро давом дода, оташи дигаронро тавоф мекунӣ, зиёрат мекунӣ, яъне ГИРДИ ОТАШИ ДИГАРОН ЧАРХ МЕЗАНӢ, ҳамон гуна, ки парвона худаш оташ надорад ва гирди оташи шамъ чарх мезанад.

Ва чаро шеваи мардонаро, ки худиву худшиносию худмеҳварию истиқлол аст, намеомӯзӣ ва пеш намегирӣ?

Биё, шеваи мардонаро пеш гир ва ХУДАТРО ДАР ОТАШИ ХУДАТ БИСӮЗ, охир то кай худро дар оташи дигарон месӯзӣ? То кай шефтаву мафтуни дигарон мемонӣ ва нуру чароғи худро фурузон намекунӣ?

Зеро инсони ҳақиқӣ касест, ки ОТАШИ ИШҚУ ИМОНУ НОМУСИ Ӯ ҲАМЕША ШӮЪЛАВАР АСТ ва ин номусу худшиносӣ намегузорад, ки инсон аз каси дигар вобаста бошад, гирди дигарон гардад, “маҳви ҷамоли дигарон” бимонад. ТУ НИЗ БОЯД МИННАТИ ДИГАРОНРО ҲАРГИЗ БА ГАРДАН НАГИРӢ ва ҳатто барои сӯхтан ҳам бояд дар оташи худ даргирӣ.

ВА БА ҲӮШ БОШ, КИ ДАР ВУҶУДИ ТУ НИЗ ОТАШУ НУРУ ТӮФОНУ ВУЛҚОНҲОСТ. ОНРО ДАРЁБ!

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба