Зеҳн

Афсона - Давлат чист

ЗЕ
зеҳни сунъӣ20 ноябри 2024 · 5 дақиқа хондан

Буд-набуд, як марди бадавлат буд. Се писар дошт ӯ. Рӯзе нисбати ин хонадон байни ду ҳамсояи ӯ гуфтугӯ ба амал омад:

- Ҳамсоя, мо ҳам мисли ҳамин ҳамсояамон заҳмат мекашем, кор мекунем, ҳамеша дар тараддуд, вале сабаб чӣ бошад, ки ӯ бадавлат асту мо не?

- Инро аз худи давлат пурсидан лозим, - гуфт ҳамсоя. Ҳамсояҳо давлатро пеши худ хонданду ба ӯ гуфтанд:

- Сабаб чист, ки ту ба ин ҳамсояи мо ёр ҳастию ба мо не? Давлат гуфт:

- Шумо мехоҳед инро донед? - Ҳа мехоҳем, - гуфтанд ҳамсояҳо.

- Ин тавр бошад, ман аз хонадони ӯ рафтанӣ мешавам, бинед чӣ мешавад.

Баъди ин давлат ба бой гуфт, ки мехоҳад хонадони ӯро тарк бикунад.

Бой ба ҳар се писараш алоҳида-алоҳида маслиҳат карданӣ шуда, аввал аз писари калонӣ пурсид:

- Писарам, давлат аз хонадони мо меравам мегӯяд, ту ба ин чӣ мегуй?

- Рафтанӣ бошад равад, ба мо давлат не, тифоқӣ даркор, - гуфт писари калонӣ.

Баъди ин бой аз писари миёна пурсид. Писари миёна ҳам гапи писари калониро гуфт. Баъд бой аз писари хурдӣ пурсид:

- Писарам, давлат аз хонадони мо меравам мегӯяд, ту ба ин чӣ мегӯй? - Давлат равад, раваду тифоқӣ наравад, моён тифоқ зиндагӣ кунем, давлат ҳеҷ ҷо намеравад, - гуфт писари хурдӣ.

Баъди ин падараш ба пеши давлат рафту ҷавоби писаронашро гуфта дод. Давлат гуфт:

- Ҷои ман хонадонест, ки он ҷо тифоқӣ бошад. Ҳамсояҳо ин гапро шунида гуфтанд

Давлат ин тифоқӣ, дустӣ, ҳамдилӣ будааст.

ПАНДИ АРЗОН

Ҷавоне буд, шавқи ҳар чизро донистан дошт ва он ҷавон рӯзе ба пирамарде ҳамнишин шуд ба он умед, ки аз ӯ сухани муфиде мешунаваду ба хотир мегирад. Вале пирамард гӯё ба даҳонаш мӯҳр зада бошад, хомӯш менишаст. Ҷавон зиқ шуда гуфт: Падар, ба даҳон магар об гирифтаед, ки лаб намекушоед? Суханҳои ман гаронанд, – гуфт пирамард. Хайр, агар суханҳоятон гарон бошанд арзишашонро аз ман биситонед, – гуфт ҷавон, – вале хомӯш нашинед, ки дилам танг шуду тоқатам тоқ. Суханҳои ман гаронанд, – ботакрор гуфт пирамард. Чанд пуланд суханҳои шумо? – пурсид ҷавон. Сад танга. Ҷавон сад танга аз ҷайбаш бароварда пеши ӯ гузошт. Пирамард гуфт: Ҳар гоҳ меҳмон шавӣ, дар пойгаҳ нанишин Пирамард чунин гуфту боз даҳон баст. Ҷавон фикр кард: яъне меҳмон кӯшиш кунад, ки аз пойгаҳ болотар нишинад. Хайр, агар хоксорӣ карда дар пойгаҳ нишинад, чӣ мешавад? Инро бояд санҷид. Ҷавон хамин хел фикр карду боз аз ҷайбаш сад тангаи дигар бароварда, ба пирамард дод.

Пирамард гуфт:

Ба миён корд овехта бошию кордат таърифӣ бошад, пеши дигарон, чу эҳтиёҷе ба корд пайдо нашавад, корд набарор! Инро ҳам санҷидан даркор, – аз дил гузаронид ҷавон ва ба пирамард сад тангаи дигар пешкаш кард. Аз навкиса карз нагир, агар гирӣ харҷ макун, – гуфт пирамард. Ҳамин тавр ҷавон сесад танга сарф карду се панд шунавид ва дар фикри муқаррар намудани дурустии ин пандҳо шуд. Дӯсте дошт, ки ба карибӣ ба худ кори даромадноке ёфта, пулдор шуда буд. Яъне навкиса буд. Пешаш рафта аз ӯ пул қарз гирифта, оварда руст карда монд. Дере нагузашта, дӯсташ омада пулашро талаб кард. -Узр мехоҳам. Агар пулро зуд ба ман нагардонӣ хонаабгор мешавам Ҷавон ба рӯи ӯ зеҳн монда, фаҳмид ки коҳидааст, маълум буд, ки барои пули қарз додааш хавотирӣ кашидаву бетоқат шуда шабҳо хобаш паридааст. Ҷавон пули дӯсташро бароварда доду дар дилаш «як панди пирамард дуруст баромад» гуфт. Ҷавон як рӯз ба меҳмонӣ рафта, дар пойгаҳи меҳмонхона нишаст. Ҳарчанд хоҳиш карданд, болотар нагузашт. Меҳмонхона пур аз меҳмон шуда буд, ки ду меҳмони дигар омад. Навомадагон аз ӯ калонсолтар буданд, ҷояшро ба онҳо доду худ берун рафт. Боз як панди пирамард дуруст баромад.

Дар рӯи ҳавлӣ гӯсфанд куштанӣ буданд, қассоб мехост, ки корди хуб биёваранд. Ду-се корд бароварданд, ба кассоб маъқул нашуд. Мизбонон ҳайрон шуданд, намедонистанд, чӣ кор кунанд. Ҷавон кордашро кашида ба қассоб дод. Корде буд аз пӯлоди тоза, тез мисли алмос, дастааш гулкорӣ – ба хироҷи мамлакат меарзид. Қассоб ин тарафон тарафи кордро бодиққат аз назар гузаронида ба ҷавон гуфт: Ин корд аз падарам ба ман мерос монда буд, чор сол пеш гум шуд, то имрӯз ман онро ҷустуҷӯ мекардам. Маълум шуд ки ту дуздида будаӣ. Ду нафар шарики қассоб шоҳид шуд. Ҷавонро дузд гирифта ба қозихона кашиданд ва ба зиндон андохтанд. Панди сеюми пирамард ҳам дуруст баромад, гуфт ӯ худ ба худ. Дар кунҷи зиндон ба хаёл рафта нишаста буд, ки нохост аз паси дар овози пирамарди пандфурӯш шунида шуд:

Давои қурут – оби ҷӯш. Ба ту тӯҳмат карданд, бидон, ки тӯҳматро тӯҳмат мехӯрад. Ҷавон бисёр фикр карду, охир тӯҳмате бофта, дар зиндонро кӯфт. Посбонон пурсиданд, ки чӣ мехоҳад. Гуфт: Ба ман тӯҳмат карданд, маро пеши ҳоким баред. Баъди он ки чанд рӯз боисрор дар кӯфту талаб кард, ки ӯро пеши ҳоким баранд, дархости ӯро иҷро карданд. Ҳоким ба рӯи ӯ бо нафрат нигоҳ карда, гуфт Ҳа, дузд, ҷанҷол бардоштӣ. Магар намедонӣ, ки зиндони шӯрад, гуноҳаш ва зимнан ҷазояш меафзояд. Медонам, – гуфт ҷавон, – ҳаминро ҳам медонам, ки агар қозӣ одил бошад, аввал мепурсаду баъд ҷазо медиҳад. Хайр, агар қозӣ пурсад, ба ҷавоби ту кӣ бовар мекунад дар сурате, ки кассоб ду шоҳид дорад. Ба ман шоҳид лозим не, – гуфт ҷавон, – ман он чӣ ки шуд ҳамонро мегӯям, худи шумо хулоса бароред. Бигӯ! – фармуд ҳоким. Дар назди кассоб мегӯям, – гуфт ҷавон. Қассобро ба пеши ба пеши ҳоким оварданд. Ҷавон гуфт: Ҷаҳор сол пеш аз ин падарамро куштанд, ин кордро ман азсинаи падари шаҳидам кашида гирифта будам. Маълум шуд, ки кушандаи падари бечораи ман кӣ будааст. Ин гапро шунавида ранги қассоб канд. Вай ба хоким рӯ оварда, шитобон гуфт: -Тақсир, манин рӯи кордро нағзакак дида баромадам, ин корди гумкардаи ман не. Ман хато кардам.

Қассоб кордро ба ҷавон супорид. Ҳоким ин хел сурат гирифтани воқеаро дида ҷавонро ҷавоб дод. Ҷавон аз маҳкама баромада, ба пирамарди пандфурӯш рӯ ба рӯ омада гуфт: Падар, – гуфт, – пандҳои шумо баҳо надоранд, шумо онҳоро ба ман арзон фурӯхта будаед.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба