ДУ БУЗИЧА, ХАРГӮШИ ШЕРДИЛ
ДУ БУЗИЧА
Буд набуд, ду бузича, ду бузичаи ширмасти шӯхаку ҷингилапо буд. Ду бузича дар ду канори ҷӯй шодӣ кардаю бозӣ карда, чарида мегаштанд. - Эй ҷӯра, ба ин тараф гузар; ҳамроҳ бозӣ кунем! - гуфт як бузича.
- Не, ту худат ба ин тараф гузар! - гуфт бузичаи дигар.
- Хайр, ман ба пеши ту мегузарам, - гуфт бузичаи аввала.
- Не, ман ба пепш ту мегузарам! - гуфт бузичаи дуюм.
Ҳамин хел гуфта, ду бузича дар як вақт ба кӯпрук баромаданд, Дар худи миёнаҷои кӯпрук cap ба cap шуданд. Кӯпрук борик буд. Онҳо аз паҳлӯи якдигар гузашта наметавонистанд.
- Ту ақиб гард, ман аввал мегузарам! - гуфт як бузича.
- Не ту ақиб гард, аввал, ман мегузарам? - гуфт бузичаи дигар. Ҳеч кадомаш намехост ақиб равад. - Ба гапи ман надароӣ, рӯзатро нишон медиҳам! - гуфт як бузича. - Канӣ зӯр бошӣ як нишон дода бин! - гуфт бузичаи дигар.
Бузичаҳо ҳар ду дар қаҳр шуда, ба ду пои пушташон нимхез шуданду калла ба калла заданд. Калла ба калла заданду ҳар ду якбора ба ҷӯй ғалтида рафтанд. Ҷӯй чукур буду обаш тез. Оби тез ду бузичам ширмасти шӯху ҷингилапоро гирифта бурд.
ХАРГӮШИ ШЕРДИЛ
Харгӯшчае буд, харгӯшчаи тарсончаке. Шохчае тирсӣ карда шиканад ё паррандае қанот занад ва ё порчаи барф аз дарахт афтад. як қад мепариду гирён мешуд. Баъд калон шуд, ҷасорат пайдо кард ва як рӯз калонӣ карда гуфт:
- Ман аз ҳеҷ чиз наметарсам! Вай ин суханонро бо овози баланд такрор карда, ба беша даромад.
- Чӣ. ту аз гург хам наметарсӣ? - пурсид харгӯши пир.
- Аз гург ҳам, аз рӯбоҳ ҳам, аз хирс ҳам наметарсам! - ҷавоб дод харгӯшча.
- Агар гургро бинам, пора карда мепартоям.
- Ту нодон! - гуфт харгӯши пир. Ин замон як гург омада монд. Гург гушнаву хаста буд. «Кошкӣ акаллан як харгӯш вомехӯрд» мегуфт ӯ дар дилаш ва нохост ба гӯшаш овози харгӯш расид. Вай бозистоду бӯй кашид ва поида-поида пеш омадан гирифт.
Гург наздик омада шунид, ки як харгӯшчаи каҷчашми думкалта ӯро пора карда хӯрданист.
- Исто, ҳозир ман ба сари ту лофзан об мерезам! - гуфт гург.
Харгӯшча ба болои кунда баромада мегуфт:
- Гӯш кунед, эй тарсончакҳо, гӯш кунед, ман ба шумо як чизи аҷиб нишон медиҳам ...Ман... Ман... Ҳамин вақт гургро дида, гапашро гум карду нафасаш гашт. Аз таре мисли хаппак лӯнда шуда, аз шохи баланд ба болои сари гург афтод. Афтоду поён ҷаҳида рафт, ба пушташ нигоҳ накарда мегурехту мегурехт, қувваташ намонд, лекин истода наметавонист, гумон дошт, ки гург аз ақибаш давида меояд ва ҳамин замон ӯро дошта мехӯрад.
Вай чашмонашро пӯшица, ба таги буттае афтоду аз хуш рафт ва баъди чанд вақт ба хуш омада, ҳайрон шуд, ки Гург ӯро чаро нахӯрдааст.
Гург бошад, вақте ки харгӯш ба болои сараш афтод, гумон кард, ки касе ӯро парронд ва бо тамоми қувваташ ба тарафи дигар гурехта рафт.
Харгӯшча чӣ хел шудани воқеаро пай бурду ба пеши харгӯшҳо баргашта худро тавсиф кард. Шариконаш гапи ӯро маъкул дониста, cap ҷубонданд.
Офтобпараст
- Офтобпараст, офтобпараст, ту тарафҳоро медонӣ?
-Албатта, медонам!
- Бигӯ, ки шарқ кадом тараф аст, ғарбу ҷануб кадом тарафанд ва шимол кадом тараф аст?
- Ман пагоҳ ба тарафи шарқ нисфирӯз ба қануб, бегоҳ, ба ғарб нигоҳ мекунам!
- Пас бигӯ, ки шимол кадом тараф аст?
- Ту як рӯз маро тамошо карда, тарафи шимолро худат муайян бикун!
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё