ДАР ЁДИ МОДАР
Мехрубонии Шуморо ёд кардам, Модарҷон.
Хушзабонии Шуморо ёд кардам, Модарҷон...
Модарҷони азизам. Ман менависам бароятон. Дар шабҳои ғариби дар ёди Шумоям. Боз менависам аз бароятон сатрҳои сипосу эҳтироми хешро.
Нимаи шаб нишаста ёдатон мекунам. Лаҳзаҳои гузашта ба ёдам меояд. Модарҷон ёдатон кардам...
Субҳи солеҳони рузи ҷумъа буд, аллакай дар деҳаамон(шаҳраки Сомониён, шаҳри Исфара) мардум ба кор шуруъ карда буданд. Мардум машғули кори худ буданд. Яке ба бозор мерафт, дигаре ба намози ҷумъа. Яке истироҳат мекард, дигаре корҳои хонаашро иҷро мекард.
Нури офтоб аз паси кӯҳҳо баромада, ба тамоми деҳаи мо меҳру муҳаббати худро мепошид. Дар осмини софу беғубор, парандагон парвоз мекарданд.
Осмони Исфарамарз мусаффову дилкаш буд, кабутарҳо дар фазои он ид мекарданд, ин суву он сӯ ҷавлон мезананд, хандаи тифлони шуху хушбахт боз ҳам баландтар садо медод. Ҳаво гарм мешуд...
Аммо ҳавои дили ману Модарам ғамолуду тира буд. Имруз ман боз аз назди азизонам дур мешавам. Ҳоло ба руйи Модар сер нашуда, боз хонаи Модарро тарк мекунам. Ҳоло модар маро насиҳат накарда, ман меравам... Боз ба шаҳрҳои ғариби, боз дури аз Модар... Ҳамаи ҳодисаҳо якояк аз пеши назарам мегузаранд. Аз гулуям ягон чиз намегузарад. Ман дар хона мондан мехоҳам. Ман дар бари Модарам мондан мехоҳам. Ман ба ягон ҷо намеравам...
Дар гӯшаи хомушӣ якчанд соат нишастам. Вақт тез мегузарад... Аллакай, нисфирузи шудааст. Падарам фармон доданд, ки либосҳоямро пушида, "Чемодан"-амро ба мошин гузорам. Мо ба роҳ, ба сӯйи фурудгоҳ мебароем.
Бо аҳли оила хайрухуш мекунам. Модарам гиря мекунанд. Худамро базур медорам. Вуҷудамро дард фаро мегирад...
Бо падару модарам ба шаҳри Хуҷанд, сӯйи фурудгоҳ ба ҳаракат баромадем. Даруни мошин хомуш аст. Тамоман, хомушӣ ҳукмфармо. Ман ғамгинам, Модар ғамгин аст. Аз Исфара то Хуҷанд бо ягон кас гап назадам. Танҳо хомӯшӣ... ҳоло аз Тоҷикистон берун нашуда, модарамро ёд мекардам... Мехостам аз Эшон дур нашавам... Мехоҳам дар Ватан бимонам...
Ман боз ба шаҳри ғарибӣ сафар дорам.
Боз ба шаҳри Москва сафар дорам. Дур аз Волидайн, дур аз Ватан, дур аз дӯстон...
Нисфирӯзӣ шуд. Мо ба фурудгоҳи Хуҷанд омадем. Ман бо ҳама хайрухуш кардам, аз ҳама зиёд Модарам оғӯш карданд... дар чашмон ашқ ҳалка мезаданд. Бо зурӣ худамро медоштам. Падар ҳам мисли модар дилаш ба фарзандаш месӯзад, аммо худашро намегиронад... Бо амалҳои худ, Меҳру муҳаббатро нишон медиҳад... Ботинан месӯзад...
Парвоз кардем ба шаҳри Маскав... Қалбҳо пора-пора дар диёрам боқӣ монданд...
Модар имшаб ман боз Шуморо ёд мекунам. Ман дар ёди Шумоям. Фариштаи яктои ман Ман шуморо ёд кардам...
Модарҷон ман мисли Шумо ягон ёри вафодоре надорам. Модар Шумо мисли замин яктоед ва муҳаббати Шумо барои мо - фарзандон беканора ва ҷовидонист.
Модарҷон...Модар...Ҳоло, Шуморо хеле сахт ёд кардам. Дар хобгоҳ нишастааму чашмонамро мепушам ва ба фикру ҳаёл фуру меравам...
Садои форам ва хандаҳоятон ба гушам мерасанд. Дар болои кат, хама аҳли оила нишаста сӯҳбат мекардему аз киссаҳои Падар ҳама ханда мекарданд. Шумо низ ханда мекардеду бо чашмони пурмеҳратон ба ман назар мекардед ва хандаи ширинатон дар хотирам аст. Шумо дар ошхона хӯрок мепухтеду ман дар рӯй ҳавли бароятон суруд хонда рақс мекардам. Дар хотир доред? Аз рақсу бози ва шухии ман лаззат бурда ханда мекардед ва ман шуморо ба рақс даъват мекардам... Ханда мекардед... Вақте чашмҳоямро мекушоям ин садо хомӯш мегардад, зеро ин садо тасаввур аз хотиротам буд.
Модар! Модарҷон! Фариштаи рӯйи заминиам!
Шуморо ёд кардам модар, чӣ гуна суханҳое бароятон бигӯям, то Шумо дар наздам ҳозир шавед ва Шуморо оғӯш гирам сарамро болои китфонатон гузораму роҳат кунам. Оҳ модар! Модарҷони Азизам! Чӣ қадар вазнин, чӣ қадар мушкил ин дурӣ аз Шумо, Шуморо ёд кардам...
Падарам мегуфтанд, ба Руссия рав боз ба қадри ҳама чиз бештар мерасӣ... Рост, меҳру муҳаббати ман рӯз аз рӯз зиёд шуда истодаасту фаҳмиши ман низ ба ин дунё дигар...
Ёд дорам, кӯдак будам. Дар кӯча занозани мекардаму аз бачаҳо калтак хурда гиря кунон меомадам. Шумо дар хона будед. Дастони нарматонро ба сарам мегузоштед, дили мисли мавҷҳои дарё пурталотум гаштаамро ором менамудед, ба шумо шикоят мекардаму ором мешудам...
Модар... Шумо василаи хушбахтии ҳаёти ман ҳастед, зеро Шумо маро таваллуд кардед, баҳри ман шабҳо дар сари гаҳворам нишаста бехобӣ кашидед. Модарҷон вақте, ки ман ба дунё омадам Шумо маро дида тамоми ғаму ғуссаи дунё аз саратон дур шуд, Шумо маро дида, аз ду чашмомони сиёҳатон ашқ мисли борон мерехт. Гиря накунед, Модарҷон охир ман саломат ба дунё омадам... Шумо шабеҳи гул ҳастед, ки аз бӯи хушатон чаҳон муаттар аст... Дунё бо тамоми ҳастиаш ҷойи шуморо гирифта наметавонад, Модарҷон!..
Як кӯдаки гирёнчак будам. Модарҷони азизам вақте, ки ман дар гаҳвора бо як садои баланд гиря мекардам Шумо давон-давон ба сўям омада суруди алла мехондеду шабу руз гаҳвораамро муҷунбондед. Шабу рӯзатонро барои ман бахшида будед, то мани кӯдак ором бихобам... Вақт мегузашту мо меҳнату ҷонкоҳии шумо ман калон мешудам. Роҳрави ва сухангуиро омузондед. Чӣ қадар меҳнати мушкил...
Ман нозук будаму зуд-зуд касал мешудам. Бемор, ки мешудам лабханди шумо гум мешуд ё дурӯғина мешуд. Лабханди Шумо аз ман ва саломатии ман вобастагӣ дошт... Хӯроки гармро хунук карда, аввал мазаашро худ мечашидед баъд ба ман медодед... Хӯрокро мерезондам, мечакондам, аммо Шумо пок мекардед, боз бо табассум ба лабонам чумчаи хӯрокро дароз мекардед...
Вақте, ки ман дар рўи ҳавли бози мекардам, Шумою Падарам аз дур маро назорат карда табассум мекардед ва хеле шод будед. Мегуфтед: Эй Худованд шукри зиёд, ки ба ман неъмати бузург ато карди, номашро Ҳабиби Аллоҳ гузоштем. Худат доди худат калон кун. Боимон шаваду Худотарс ва Ҳабиби дӯстоштаи Ту. Чӣ хел фарзанди ман зебо аст, чӣ хел зебо роҳ меравад, Шукри Беадад"
Маро то синни мактаби худатон таълиму тарбия додаед. Ҳамеша кушиш мекардед, ки чизи хуберо омӯзаму рафторам низ зебо бошад. Ман оҳиста-оҳиста калон шудам. Шумо маро аз дастонам гирифта, ба мактаб бурдед ва аз дари мактаб бо бўсаҳои ширинатон ба синфхона гусел мекардед? Дар хотир доред, Модарҷон? Ман соати 13 ба хона бармегаштам. Шумо дар ҳамин вақт маро дар таги дарвоза интизор будед. Шумо медонистед, ман кай ба хона бармегардам. Вақте ки ман аз мактаб ба хона бармегаштам ба дарвозахона медаромадам. Шумо маро дида оғўшҳоятонро мекушодед ва мани кудак ба даруни оғўшатон медаромадам. Шумо оғуши гарму сахте мекардед... Ҳеҷ гоҳ аз хотирам намебарояд... Модарҷон худ нахӯрдеду маро хӯрондед, худ напӯшидеду маро пӯшондед ва маро аз ҳеҷ кас кам накарда ба воя расондед... Ман ба чунин дараҷа расидам бо кӯмак ва дастгирии Шумо... Модарҷон дӯстатон медорам!
Ман то ҷонам дар бадан аст, дар хидмати шумо ҳастам, боз ҳам наметавонам ранҷи як шабонаи Шуморо баргардонам:
Ҳар чӣ ки дар рӯйи замин дорам, ҳатто ҷони азизи худро лозим шавад, тайёрам барояшонон фидо созам. Модарон арзандаи ҳамагуна эҳтирому дӯстдорианд. Зеро меҳрубонтарин инсонҳои рӯи оламанд ва фарзандро дар ҳама ҳолат дастгиранду дилсӯзу бахшанда.
Фақат як орзу дорам, дар сари мо фарзандон чун офтоб соябон бошеду умри дарози бобаракатонро бубинед...
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё