Мирзо Абдулқодири Бедил - «Комду ва Мудан»
Мутриби сози иқтидороҳанг,
Мезанад нағмаи дига бар чанг.
Ки дар иқлими Ҳинд шоҳе буд,
Гулнигину чаманкулоҳе буд,
Равнақи мулкаш аз тарабсозӣ,
Ҳамчу гулшан ба ҷўши гулбозӣ,
Ғулғули табли ҷоҳ—нағмахурўш,
Ҷўши гарди ҳашам —-баҳороғўш.
Дар замонаш зи нашъаи иқбол
Ҷоми май буд гардиши маҳу сол.
Рўзаш —оинаи суманбўён,
Шом — гесўи анбаринмўён.
Комде ном лўъбати найранг,
Дошт раққосаи тарабоҳанг,
Сад қиёмат зи шўхияш гарде,
Сад баҳор аз гулаш раҳоварде.
Дар макон, ки рақси мавзун дошт,
Хели товус гирди Маҷнун дошт.
Ҷоми давраш таҳарруки ҳамвор
Ҳар куҷо дошт гардиши паргор.
Хатти соғар зи рашк хун мехўрд
Шӯъла ҷаввола мешуду мемурд.
Гар ба абрў шудӣ ишоранавоз,
Дар хами чанг мехазид овоз.
В-ар ба ангушт менамуд ишъор,
Об мешуд навои мусиқор.
Азми рақсаш ба қоматороӣ,
Ҳар куҷо кард фитнапаймоӣ;
Наргисашро ба гардиши андоз,
Ду ҷаҳон бисмили муҳаррафи ноз
То ба тоби камар шикаст куло
Шўри дилҳо гусихт риштаи оҳ...
Гар зи шўхй гулаш арақ мекард,
Зўҳра сад ҷо ниқоб шақ мекард.
То садояш фусунасар мегашт,
Аз адам умри рафта бармегашт.
Ҳосилуламр он биҳиштнамуд
Ҳар чӣ буд — офати ду олам буд!
Базми шаҳ бе рухаш ҳузур надошт,
Бо ҳазорон чароғ нур надошт.
Хамчунон мутрибе Мудан номе,
Сархуши нашъае, тарабҷоме,
Дошт дар олами саводи дигар
Кўси иқбол зи иштиҳори ҳунар.
Илми мусиқиаш ба авҷи камол,
Бадри созаш тиҳй зи нуқси ҳилол...
Таҳту фавқи ҷаҳон — баму зераш,
Карда сайди каманд тасхираш...
Ҳар куҷо базми нағма меорост,
Зинда мемурду мурда бармехост.
Бо чунин ҷавҳареш дар ҳама ҳол
Комде буд хор-хори хаёл.
Мешунид аз ҳунарварон яксар
Сифати он ниҳоли фитнасамар,
Аз навоҳои пардаи ахбор
Бехудӣ дошт захмааш бар тор.
Ҷилваҳо дар либоси гуфтушунуд,
Гўш медиду чашм ҳайрон буд.
Ҳар чӣ з-он шўх хўрд дар гўшаш,
Буд таклифи рафтани ҳушаш,
Метапидаш дилу надошт паре,
Ки кашад сўн он диёр саре.
Оқибат шўри ҳасрати дидор
Чун навояш бурун фиканд зи тор,
Бар димоғаш зад инқилоб ҷунун,
Хонд ваҳшат ба ғурбаташ афсун.
Бесару по чу ашк хонабадўш
Аз тапишҳои дил кушуд оғўш.
Муддате маҳмили талош кашид,
То ба он шаҳри дилфиреб расид...
Тарабиншои иттифоқи замон
Ба наи хома рехт ранги баён,
Ки Мудан чун ба он диёр расид,
Ба чаман муждаи баҳор расид,
То расад сози нағмааш ба хурўш,
Кард овози по навозиши гўш...
Ҳама ҷо шўҳра аст дар ҳама ҳол
Саҳари офтоб дар дунбол.
Ба бисоте, ки навбаҳор расад,
Рангу бўяш аз иштихор расад.
Мақдамаш рўфт аз он савод малол,
Кард ҳар сў сурураш истиқбол.
Комде аз тараннуми хабараш
Рақси бисмил фишурда болу параш.
Лек бе амри шаҳ маҷол надошт,
Ҷуръати хоҳиши висол надошт.
Комилони бисоти илму фунун
Аз вурудаш заданд ҷоми шугун.
Нағмапардози базми шоҳ шуданд,
Ба сад оҳанг бозхоҳ шуданд,
К-аз фалон гулшани биҳиштқафас
Андалебе фишонда боли ҳавас,
Дар тарабгоҳи мо зи авҷи қабул
Ҳамчу ваҳяш фитода боли нузул.
Ба ҷамол — орзуи аҳли ҳузур,
Ба камол — интихоби илми сурур.
Ғулғулаш ҳар куҷо дамида фусун
Бодапаймост мандали гардун,
Бо навояш зи сози шармалам
Дафи ноҳид ҷабҳа шуста ба нам...
Ҳар куҷо ў тарона пардозад,
Сур ҷуз гарди сурма нафрозад,
Шури ҳар парда маҳви ҳайрати ўст,
Бами ҳар соз зери хиҷлати ўст...
Комдеро агар касест ҳариф,
Барҳ ҳамин мисраъ аст хатми радиф..
Оҳ аз он табъи бехудитимсол,
Ки зи тазминашон нагирад фол.
Баски дар васфи ў ғулӯ карданд,
Шоҳро масти орзу карданд...
Фурсати интизор тангӣ кард,
Мўҳлати вақт бедарангӣ кард.
Ҳукми тартиби маҷлиси гулу мул,
Рехт дар гўши ҳозирон ғулғул...
Пас ба фармони он баҳори ҳашам,
Ҷўши гул зад шаробу нағма ба ҳам.
Сози барги тараб муҳайё шуд,
Растахези нишот барпо шуд...
Маҷлисорои равнақи таъкид
Он қадар дастгоҳи мино чид,
К-омад он ҷо суроғи шишаталаб
Олами бехудӣ, ба дўши Ҳалаб...
Сад харобот як кадаҳ гардид,
Сад тараб сарфи як фараҳ гардид.
Шуд ба ранге баҳори гул хирман,
Ки ғалат кард ранг роҳи чаман.
Партави иттифоқи шамъу чароғ
Кард хуршедро ситамкаши доғ...
Зулмати даҳр ғўта хўрд ба нур,
Оламе шуд ба равшанӣ мастур...
Даррасиданд соқиёни тараб,
Ҷоми май дар кафу ҳаё бар лаб.
Тез карданд мутрибони чигил
Нохуни дастгоҳи ковиши дил.
Қулқули шиша гашт раҳзани ҳўш,
Ғулғули чанг шуд қиёмати гўш.
Мавҷ зада з-он тараннуму қулқул.
Ишрат аз бому дар чу ранг аз гул.
Бехудон санг бар ҳиҷоб заданд,
Сояҳо ҷоми офтоб заданд...
Ранги май то занад ба соғарҳо,
Нашъа мекард реша дар сарҳо...
Нашъа гар майли нотавонӣ дошт,
Хатти паймона нардбонӣ дошт.
Майкашӣ он қадар ба ҷўш омад,
Ки хуми-чарх дар хурўш омад...
Олами об дар бағал —бати май,
Дафтари шўъла дар гиреҳ — хати най.,
Рабти оҳанги созу мавҷи шароб
Ҷўш мезад ба ҳам чу риштаву тоб...
Шоҳ он дам, ки тарҳи ҷашн андохт,
Халқе оинаи ҳавас пардохт.
Мутрибон ғайри айш насруданд,
Соқиён ҷуз тараб напаймуданд.
Шаш ҷиҳат аз фусуни нўшо-нўш,
Мавҷҳо зад муҳити нашъафурўш.
Вақти он шуд, ки Комдеву Мудан
Варақи сунъро диҳанд шикан,
То расад дар тарабсарои ҳузур
Нусхаи дил ба интихоби сурур,
Гашт аз шавқи он ду раҳзани хуш
Гўшҳо чашму чашмҳо ҳама гўш,
К-ин ҷунуннағмаҳо чӣ оғозанд?
Дар саноеъ чӣ сеҳр пардозанд?
Аввалин соғари шууррабо
Ба Мудан кард ҳукми шавқ ато,
Омад он сози пардаи найранг
Шўри чандин ҳазор фитна ба чанг,
Ҳамчу паргори нокушудақадам
Карда поҳо ба якдигар тавъам.
Даст дар паҳлуи бағал дуздид,
Як алиф шакли най бурун ҷўшид.
Дар назаргоҳи шоҳи айшэҷод
Ба аламдории камол истод.
На ба лаб тараннум оҳанге,
На нафасро зи зеру бам ранге...
Муддате маҳви бехурўшӣ буд,
Шамъи ҳангомаи хамўшӣ буд
Дошт забти нафас дар он аҳвол
Нақби ковиш ба пардаҳои хаёл.
Лек касро набуд баҳраи хўш,
То чӣ мехонад ин фусуни хамўш.
Баски вазъи тааммул аз ҳад бурд,
Оламеро ба изтироб афсурд.
Ҳозиронро нафас ба тангӣ зад,
Орзу бар шикастарангӣ зад.
Сабр ҷонкоҳу ваҳшат афзун буд,
Тоқати интизор маҷнун буд,
К-аз саропош ҷўш зад хуе,
Дуди дил тобдода гесўе,
Аз масомоти ў кушуд оғўш
Чун найанбон хазор ранг хурўш.
Созҳо сар кашид аз он пайкар
Ҳар яке олами навои дигар.
Арғунун арза дод паҳлуяш.
Чанг гул кард вазъи зонуяш,
Пас ба ҳар узви он ҷунунпардоз
Баст сеҳри нафас бирешими соз...
Аз лаби сеҳркор гашт тараф
Ҳар табассум ба сад ҷалоҷили даф.
Шўри аъсоби аз назар мастур,
Нағма ангехт чун-раги танбўр...
Ҳамчунон мудатеш тўфон буд,
Шаш ҷиҳат ғарқи чашми ҳайрон буд.
Гашт аз он сеҳркори шўълаҳузур
Анҷуман бўтаи гудози шуур.
Ҳуши хуззор пар бурун овард.
Ошёнҳои ранг холӣ кард.
Ҳар як аз хеш пеш тохта буд,
То ба худ ворасад — гудохта буд...
Ранг мерафту гарди таҳсин дошт,
Бехудӣ офарини рангин дошт,
Гарчи маҳфил ба сози ҳайрат буд,
Комде пештози ҳайрат буд.
Гардиши чашми қадрдонназараш,
Нозҳо дошт назри гирди сараш.
Хами абрўи мархаботамҳид
Бар саропош саҷда мепошид.
Буд шаҳро ҳамоиле дар бар,
Обрў силки як муҳит гуҳар...
Аз канори худаш бурун овард
Бару дўшаш мукаллали он кард...
Ҳар куҷо шуд камол оинадор,
Бурд сабр аз табиати ҳамкор...
Он қиёмат, к-аз ў мушоҳида кард,
Шавқе бар Комде ҳуҷум овард,
Эҳтизозе зи пайкараш ҷўшид,
Ки ҷаҳонро ба ваҷди дил пўшид.
Бо ду олам чунуни хушкгудоз
Бардурахшид барқи шўълаи ноз,
Як муҳарраф ниёзи сад бисмил,
Кард тоби миёни сабргусил.
Чашми маст аз ишораи абрў
Зад сало бар ҳазор дашт оҳу.
Ғучааш то табассуме мекошт,
Чун саҳар домани ҳаво гул дошт.
Дасти рангин агар нишон медод,
Ба хурўши ҳино забон медод.
Об мегашт, чун равон мешуд,
Чарх то мезад, осмон мешуд.
Рафта-рафта забона зад тавраш,
Гашт ҷаввола шўълаи давраш.
То ба ҷое расид ҷавлонаш,
К-аз қадам рафт фарқи домонаш,
Фаҳм орому рам муаммо шуд.
Пой домону доманаш по шуд...
Шамъе истода буду партави он
Ҳар тараф медавид болафшон.
Дошт дар кисвати ниёзи дигар,
Пеши ҳар фард рақси нози дигар.
То ба андоз даст меафрошт,
Гардани ҳар яке ҳамоил дошт.
Шўхӣ он дам, ки мекушуд оғўш,
Буд лабрези нози ҳар бару дўш.
Маҳфил оинахона буд он ҷо,
Ки ҷуз ў кас наменамуд он ҷо,
Яъне аз шўхияш қарибу баид
Ҳама кас дар бари худаш медид...
Лек бар анҷуман ҷунун зада буд,
Ҷоми идрокҳо ба хун зада буд.
Ҳама ғофил зи сеҳркории ў,
Ки чӣ дорад ҷунуннигории ў?
Мудан азбаски маҳви кораш буд,
Наъл дар оташи нисораш буд,
Он ҳамоил, ки подшоҳи ғаюр,
Карда будаш тирози гардани ур.
Бехудӣ карду по зи сар нашнохт,
Пеши пояш ба сад ниёз андохт.
К-он чӣ ман дорам аз сарафрозӣ
Беҳ, ки халхоли пои худ созӣ!
Сар ҳам ин ҷо нисор дар даст аст
Лек аз шарми нокасӣ паст аст.
3-ин адо ранги шоҳ баргардид,
Шабнами лутфҳо шарар гардад.
Тофт чини ҷабини барқғазаб,
Оташ афтод дар бисоти тараб...
Ба димоғи ғурур зад тоҷаш,
Дод фармон ба зачру ихрочаш,
Ки ба базми шаҳони мулки вокор,
Ҷуз адаб кист то биёбад бор?
Мутриберо ба ин тарона задан,
Нест ҷуз теғ селии гардан!
Поси ташрифи шаҳ надоштанаш,
Сар ба дор аст фароштанаш!
Кори ин хунгирифтаи худсар
Нагузоранд бар замони дигар!
Зуд аз ин кишвараш бурун оранд,
Аз ғубораш суроғ бардоранд
3-ин ҷунунсози беадабоҳанг,
Гар бимонад нишони пои даранг,
Шаҳна ронад ба теғи барқдамаш,
То сараш пеш созад аз қадамаш.
Ҳар кӣ роҳи шафоаташ пўяд.
Бояд ў ҳам зи сар қадам ҷўяд!
В-он кӣ афсуни мўҳлаташ хонад,
Зиндагӣ бо нафас бурун ронад!
Шуд забонҳо ба арзи ҷуръат лол,
Ғайри таслим чора гашт маҳол...
Рабти сози нишот барҳам хўрд,
Ҳар яке роҳе аз фирор супурд.
Даррасиданд ҷӯқи сарҳангон,
Ба ситам бетаҳошиоҳангон.
Соғари ҳурматаш нагун карданд,
Ураш аз анҷуман бурун карданд...
3-он бисоташ ба ранги шамъи хамўш,
Зиллату тирагӣ кашид ба дўш.
Ончунон омадан, чунин рафтан,
Дошт аз нанг бар замин рафтан.
Мекашид он гурўҳи беоҳанг
Рў ба хокаш ба ранги гесўи чанг.
Комдие ҳар тараф «Мудан» гўён,
Буд чун ашк дар қафо пўён.
Кўчаҳо дод чок бар ҷигараш,
То расонид хешро ба сараш.
Пеши он золимон ҷабин молид,
Гесўи ноз бар замин молид,
К-эй ҷаҳон масти даври ҷоми шумо!
Бод чандин замон ба коми шумо!
Вақфи ман дар рамақсарои нафас,
Фурсати зиндагист имшабу бас.
То саҳар поси хотирам доред!
Субҳдам бо манаш бурун оред,
Ки хатоям вуболи гардани ўст,
Оташам шўълакори домани ўст!
Нози ман ин қадар ҷунун овард,
Ки зи пероҳанаш бурун овард.
Гар на доман занад нафас ба чароғ,
Аз чӣ дудаш кунад ситамкаши доғ?
Ҷурм ҳусн аст, ишқ озод аст,
Нақши Ширин балои Фарҳод аст!
Шамъ агар оташаш наяфрўзад,
Рахти парвонаро кӣ месўзад?
Ман гунаҳ кардам, ў уқубат бурд,
Мижа лағжид, ашк агар по хўрд.
Мўҳлате вақфи илтифот кунед!
Раҳмате мояи наҷот кунед!
Даври кўтоҳии шаб он ҳама нест,
Нафаси субҳ то лаб он ҳама нест.
Ин ғариби диёри нокомист,
Гарди саҳрои ибратанҷомист.
Аз мукофот агар ҳазар доред,
3-ин ситамкушта даст бардоред...
Ба амонхоҳии уқубаташон
Ганҷи зар кард назри ришваташон.
3-ин мавоиз таронаҳо сар кард
То ба мўҳлат ба хонааш овард.
Шамъ равшан шуду фурўғ надошт,
Лофи партав ба ҷуз дурўғ надошт...
То саҳар ин ду шамъ меафрўхт,
Шўъла пайдо набуду дил месўхт.
Бар рухи ҳам агар нигоҳе буд,
Ҳасратандуди ашку оҳе буд.
В-ар нафас боли ҳарф меафшонд,
Варақи ранграфта мегардонд...
Буд дар чашми хокхўрда нигоҳ,
Сурма дунболадори бахти сиёҳ.
Нола то во кунад ниқоби тааб,
Дуди дил мегирифт равзани лаб.
Ба нисори видоъ аз дили шақ,
Ҳама шаб ашк мекашид табақ.
Дар ғамободи яъс мезад бол
Ба сад андўҳи шом субҳи висол.
Бар касе нагзарад зи сад мотам,
Он чи аз васлашон гузашт ба ҳам...
Комде мезад аз пари бисмил
Ҳар нафас оташи дигар бар дил.
Дошт аз аҷзи бехудиэҷод
Ба забони шикастадил фарёд,
К-эй ғариби ситамкаши айём!
Гарди субҳи тараб шикаста ба шом!
Ғурбат оташнишини аҳволат!
Бекасӣ доғи сурати ҳолат!
Кардӣ аз баҳри ман видои ватан.
Хок бар фарқи ошноии ман!
Боядам тарфи доманат гирам,
Дар ҳавои ту парфишон мирам!
Сояворам ҷабинхироми вафо,
Лек метарсам аз чунуни қазо,
Ки занад ногаҳон дар ин дафтар
Ғайрати шоҳ оташест дигар.
Гар ба ин азм бишканам доман,
Бар ту резад ғубори ҷуръати ман.
Варна з-ин ҳастиям нафас хиҷил аст,
Хуни қурбонии вафо биҳил аст...
Гар бимирам, умеди васл куҷост?
В-ар бимонам, бақо тилисми балост!
Доғи навмедии дили решам,
Мурдаву зинда мушкили хешам!
На туро ихтиёри фурсати ноз,
На маро мўҳлати замони ннёз...
Лек уммеди сабри рафта зи чанг
Метапад дар ғубори ин оҳанг,
Ки ба ҳар ҷо расад паи сафарат,
Нарамад аз ғубори ман назарат!
Гар зи васли гуле расӣ ба мурод,
Ранги бахтам фаромўши ту мабод!
В-ар насиме вазад ба гулзоре,
Аз ҳавас ёдам оварӣ боре!
Ки даме пеш аз ин ба ин андоз
Бисмиле буд парфишони ниёз
Ҷўи обе агар равон ёбӣ,
Ё зи сарчашмае нишон ёбӣ,
Бар табу тоби ман кунӣ назаре,
Ки ба ин ранг буд чашми таре!
Дил ба ҳар нағмае, ки шод кунӣ,
Аз мани навҳасоз ёд кунӣ!
Доштам дастгоҳи муште гард,
Доман афшонданат қиёмат кард,
Эй саропои ман парешонат!
Баъд аз ин ман куҷову домонат?
Меравӣ чун нигаҳ зи чашми тарам,
Бе нигаҳ баъд аз ин киро нигарам?
Рафт ранг аз гулам, чӣ боғ аст ин?
Рехт май бар замин, чӣ доғ аст ин?
Дар бари ҷон туию ҷон бо туст!
Дар дилӣ, лек дил ҳамон бо туст!
Бе дилу ҷон чӣ гуна хоҳам зист?
Бар сарам бояд об гашту гирист!...
Кош, боле зи ранг гирам вом,
То расонам ба гулшанат пайғом.
Лек ҷуз хун шудан надорам соз,
Пеш рафтаст рангам аз парвоз.
Аз кӣ пурсам хабар, ки бо дили ма
Ба куҷо бурд ишқ маҳмили ман?
Бар мани норасои бепарубол
Ҳам ту раҳме кунӣ магар ба хаёл.
Ба насиме расониям хабаре
То нафас чинад аз бақо асаре...
Зиндагӣ гарчи доғи ҷонкоҳ аст,
Аз паёми ту тозагихоҳ аст...
Шамъи яъсаш гудозе иншо кард,
Ки шунидан дари фиғон во кард...
Ки Мудан з-он навои яъсоҳанг
Дод минои дил ба гарди таранг.
Оташи Комде кабобаш кард,
Шарми он дилшикаста обаш кард.
Ба нами чашм ҷайби барқ дарид,
Ашк гул кард, лек шўъла чакид.
Ба чунуни дили мушавваш зад,
Ҷамъ кард инфиолу оташ зад,
К-эй ҳавои ту барқи офати ман!
Шўри ман, доғӣ сад қиёмати ман!
Гар харобам ва гар ба ҳоли худам,
Ватановораи хаёли худам.
Он хаёлам туӣ, ки дар ҳама ҳол,
То ба маргам фитода дар дунбол.
Бе рухат сар ба сангу по дар неш,
Сайри рўзи сиёҳ дорад пеш.
Дашту дар ғўта хўрда дар шаби ман,
Ба сиёҳӣ фусурда кавкаби ман,
Бе чароғам, ки зарду доғ мапурс!
Мебарам доғат аз чароғ, мапурс!..,
Аз шумори қадам дар ин хомун,
Мезанам по ба хоби бахти нагун.
Фикри ҷаҳди дигар надорам пеш,
Мекунам боз чашми ахтари хеш...
Аз хиҷолат дари ҷунун задаам,
Обам, аммо ба ҷўши хун задаам...
Арзи хиҷлатбаёние дорам,
Дар арақ тарзабоние дорам.
Эй дилат бениёзи арзи ниёз!
Нафишонӣ ба сабр домани ноз!
Ҳар кӣ дар сабр даст бар дил баст,
Оина ба тараб муқобил баст.
Беқарорист дар ҷаҳони асаф,
Сурати рафтани мурод аз каф.
Коми дил дар канор дорад сабр,
Ки зи ташвиш ор дорад сабр.
Дар сабурӣ шитобро раҳ нест,
Он висол асту ҳар кас огаҳ нест...
Месуруданд бо ҳазор оҳанг.
Номи он фитнаи ба дил зада чанг,
Қурби соле бар ин баҳор гузашт,
Ҳама як фасли интизор гузашт.
Бе хўру хоб умр бурд ба сар,
То зи тобу табаш намонд асар.
Беғизоӣ ба ҳам зад аҷзояш,
Хўрд нохўрдан оби аъзояш.
Ранги тоқат шикасту тоб гудохт,
Гуфтугў маҳв шуд, ҳисоб гудохт.
Нола афтод дар шумори нафас,
Субҳи хамёза шуд ғубори нафас,
Ба мақоме расид заъфи қуво,
Ки зи имдоди ҳам нишаст ҷудо,
На ба лаб қудрати нафасдорӣ,
На ба нохун умеди сархорӣ,
Мерасидаш чу субҳ бо ҳама таб,
Дар шабу рўз як нафас то лаб..
Гарчи аз умр созу барг надошт,
Зиндаи ишқ буду марг надошт...
Қиссапардози сурати аҳвол
Гуфт: «Баъд аз тамаддуди як сол
Сипарӣ шуд замони навмедӣ,
Шаб баромад ба нури хуршедӣ.
Подшоҳе ба иттифоқи шикор,
Кард бар самти он савод гузор.
Инқилобе дар он биёбон дид,
Ки ба сад шўри ҳашр натвон дид.
Аз ҷиҳоташ ғубори ғам мезод,
Ҷўши тангӣ фишори дил медод.
Ҳар насиме, ки бар димоғаш хўрд
Дил ба бўи баҳор доғаш бурд.
Гар гуле з-он фазо намоён буд,
Ранг чун чоки дил ба домон буд.
Сабза гар мезад аз тароват ҷўш,
Буд мижгони ашк дар оғўш...
Ҳайъати ҷодаҳои хобида
Оҳе аз заъф хок лесида
Риштаи ноумедии созе
Ба кашокаш гусаста овозе.
Гард чандон ки парфишонӣ дошт,
Тапиши дил ҷунунинонӣ дошт.
Чун ба зеру бами туюр расид,
Нағмае ғайри «Комде» нашунид.
Тўтиву зоғ то танини магас
Карда парвози як наво ба қафас.
Шўри ин сози Комдеоҳанг
Зад ба домони изтиробаш чанг.
Фаҳми он нағма беқарораш кард,
Ҳасрати дил тапишсавораш кард.
Гашт бо ҳозирони пои рикоб,
Беқаророна гармҷўши хитоб,
К-ин наво дил ба дард меорад,
Бўе аз оҳи сард меорад.
Ҳар тараф шӯри «Комде»,— чӣ навост?
Ин иборат таронаи чӣ балост?
Табъро масти носабурӣ дид,
Саъи тафтиши он зарурӣ дид.
Рахши таҳқиқро инон сар дод,
Ҷустуҷўро ба ҳар макон сар дод,
Ҳамчунон мекашид бўи вусул,
То шуд он нахл ошёни нузул
Дид шахсе ба пои нахл нагун,
Решае карда сар зи хок бурун,
Муталошӣ ба ҳасрат аҷзояш,
Хўрда ошуфтагӣ саропояш
Баски хусбида бе ғизо, бар ҳам
Рафта чун соя фарқу пушту шикам,
Хушкӣ аз бас фишурда пайкари ў,
Решавораш намонда нои гулў
Мурда, аммо нафас каминасар,
Зинда дар хоку, хок карда ба сар,
Тапише хуфта дар таби нафасе
Пари ранге шикаста дар қафас
Пешаш аз борагӣ фурўд омад,
Абри раҳмат ба хушкрўд омад
Бар заифеш эҳтиёт гумошт,
Сар зи хокаш ба сад адаб бардошт,
Аз тараҳҳум раҳи тадорук ҷуст,
Кард дил обу гардаш аз тан шуст,
Рехт тадбири маслиҳатгораш,
Шарбате дар гулўи бемораш.
Реша афсурда буд, обаш дод,
Шамъ мешуд хамўш,— тобаш дод
То нафас аз намаш лабе тар кард,
Андаке ҷунбиши нумў сар кард.
Чун нафас бар садо кушуд оғўш,
«Комде» гуфту боз рафт аз ҳуш,
Пас ба такрор оҳаш аз дил ҷаст,
Ба ҳамон ном лаб кушуду бубаст!
Табъи шоҳ аз навои такрораш,
Бурд роҳе ба сои асрораш,
К-ин ба доғи фироқ сўхтааст,
Дида аз ғайри ёр дўхтааст.
В-ин ууюре ки Комде гўянд,
Дарсхонони мактаби ўянд,
Чӣ қадар нола ҷаста аз созаш,
Ки ба мурғон танида овозаш
Умрҳо бояд ин, ки нолаи дил,
Ваҳшу тайёраш чунин кашад маҳмил.
Бурд савдои ҳайраташ аз хеш,
Ба ҷунуни тараҳҳум омад пеш,
К-эй чароғи нишаста дар раҳи бод!
Бар ту ошўби домани кӣ фитод?
Огаҳам кун зи сурати ҳолат!
То чӣ сурат фитода дунболат?
Фазл дасти ҳимояте дорад,
Дар заифон сирояте дорад,
Мўи чинихурўши сурманаво
Ба забони шикаста кард адо,
Дами теғе, ки саргузашташ буд,
Ба баён об доду лаб накушуд.
Гардиши ранги он тазаллумкеш
Зад муҳарраф ба табъи раҳмандеш,
Хўрд бар ҳиммати баланд қасам,
Ки дар ин шўълазори барқситам
То наме дар ҷабини саъи ман аст,
Сарфи ин оташи забоназан аст.
Нарасам гар ба доди ин мазлум,
Хок бар фарқи ҷоҳу шавкати шум!
Бе таваққуф ба ҳукми азми дуруст,
Кард ғайрат, камар ба ҳиммат ҷуст.
Қосидеро хати ғаромат дод,
Дарси таҳдид аз надомат дод.
То паёми ваиди чорагусил
Бирасонад ба он ситамгари дил,
К-эй мурувват рамидаи зотат!
Ситам оинадори оётат!
Ҳайф бошад, ки оби аҳли камол
Гардад аз зулмат ин қадар помол.
Хоса ин наъшакомиле, ки ҷаҳон
Аз назираш надода ранги нишон,
Музди сунъе, ки ин ситамзада кард,
Ба тасаввур наметавон овард.
Ҳар кӣ тасвири ин хаёл кашад,
Ҷон кашад пешу инфиол кашад.
Агар инсофат ошно мебуд,
Дар адои ҳақаш ҳаё мебуд,
Хориҷоҳангие ба иззи ҷалол,
Аз чунин шахс агар расад ба хаёл,
Узри ҳолаш зи хулқ бояд хост,
Адаб аз бехудон наёяд рост,
Дар муҳаббат чунун ҳам одоб аст,
Лек чашми ғурур дар хоб аст...
Собиқ афтода назди огоҳон,...
Бар ғазаб ҳукми шафқати шоҳон.
Ҳар киро бахти шуд зистан аст,
Бар ғарибе чунин гиристан аст.
Гар расидӣ дилат ба фарёдаш,
Кардӣ аз васли Комде шодаш...
Маҷлисоро зи манъи парвона,
Шамъи бенур бурд дар хона,
Кишти мунъим гирифт барқ ба меғ,
Ки зи дарвеш хўша дошт дареғ,
Чӣ сулаймонӣ аст, эй ғофил!
Дона гирӣ зи мўри даст ба дил?
3-ин таҷаммул дилат агар шод аст,
На таҷаммул тазалзулобод аст.
Баъд аз инат талофии мофот
Дорад аз чанги интиқом наҷот.
Мудан имрўз додхоҳи ман аст,
Бехудиҳош умркоҳи ман аст,
Комдеро агар фиристодӣ,
Доди хурсандии ҷаҳон додӣ.
В-ар тағофул задӣ бар ин тақдир,
Занги дилҳо ба дўши оина гир!
Дар қафоӣ бариди фатҳиқбол.
Кард бо фавҷи қудрат истеъҷол.
Субҳ, к-аз фитнаҷӯшии давро
Гардиши чарх теғ зад ба фасо
Гашт аз он гардиши орамидан гум
Ҷаст яксар шарораи анҷум,
Офтоб аз шуои барқкамин
Бар оинон баст миғфари заррин.
Дар димоғи ту шаҳ ҷунун печид,
Бўи тўфони сели хун печид.
Даъвати сулҳ монд номасмўъ
Бар фасод уфтод азми руҷўъ.
Офат аз шаш ҷиҳат талотум кард,
Офият кўчаи амон гум кард.
Танг гардид арсаи имкон,
Рафт майдон ба хонаҳои камон,
Зад нафас бол аз дами шамшер,
Ошён баст амн дар пари тир.
Сози оҳанги фитна шўр андохт,
Ду қиёмат муқобили ҳам тохт.
Ғулғули кўсу карраною нафир
Сурро карда ноумеди сафир...
3-он хурўше, ки дошт тўпу туфанг
Мепарид аз рухи қиёмат ранг...
Гашт аз барқи савлати бетоб
То дили кўҳ заҳраҳо ҳама об...
Эминӣ кард аз табоеъ рам,
Шуд саломат ғубори дашти адам...
Табъи гардун забона сар медод,
Аз масомот чун дами ҳаддод.
Пурдилонро аз он гузаргаҳи танг
Мағз меҷаст з-устухон чу туфанг,
Аз амуди гарон нишаст баҳам —
Нохуни пову абрувон- тавъам.
Аз тани паҳлавон дар он заду гир
Марг мечид мўи сар зи хамир...
Чун ҳубоб аз талотуми сарҳо,
Дошт дарёи хун кадуи шино.
Кафи лабҳо расонд абр ба авҷ,
Дасту пои бурида мезад мавҷ?
Монда, қолаб тиҳӣ зи риштаи оҳ
Синаҳо ҳамчу мокуи ҷўлоҳ...
Баски пушти табар ба зарби гарон
Хурд мекард устухони ялон,
Аз зиреҳ мепарид бе эҳмол
Ба такондан чу об аз ғирбол.
Чун ду шамшер мерасид ба ҳам,
Сад қиёмат нафас задӣ ба ду дам.
Ду сипар ҳар куҷо ба ҳам мехўрд,
Нўҳ фалак сар таҳи сипар мебурд.
Аз шукўҳи таҳамтанӣ мекард,
Кори чандин туфанг наъраи мард...
Баски сарҳо ба якдигар мехўрд,
Гурз хиффат зи зарби худ мебурд...
Сар дар он маърази аҷалтўфон,
Ҷуз синон гардане надод нишон...
Банд-банди сипоҳ тир намуд,
Баски омоҷгоҳи ғайрат буд..,
Узвҳо аз шикофи пероҳан
Аждаре буд боз карда даҳан...
Баски гардид аррадандона,
Теғ мезад ба мавҷи хун шона...
Лолавор аз канор мезад ҷўш,
Лахтҳои ҷигар сипар бар дўш..
Пои ҷаҳд омад аз талош ба санг,
Мижа монд аз нигаҳ ба сад фарсанг.,
Марг рахши ҳаёт пай мекард,
То нафас ним гом тай мекард.
Бо вуҷуди гудози саъи нафас,
Оташикина дошт шўълаву бас...
Меҳмонони даъвати мурдан
Сер гаштанд аз баҳам хўрдан.
3-он ду саф дар назар намонд касе,
Ки расонад ба таъзият нафасе.
Ҳама кас дар паноҳи марг гурехт
То ҳамон хок, хок бар сар рехт.
Охир ин разм мўягар нагузошт,
Хун сияҳпўш гашту мотам дошт,
Лек аз он ҷо, ки золими манкуб
Нест анҷоми кор ҷуз мағлуб,
Камтар афтад, ки давлати золим,
Монад аз офати қазо солим,
Хоки он бевафо ба хун тар шуд,
Подшоҳи Мудан музаффар шуд.
Ҳар кӣ имдоди бедилон дорад,
Аз завол ахтараш амон дорад,
Қасри иқбол ҳар куҷо барпост,
Нардбонаш ҳимояти зуафост...
Ҳайрутоғози улфати дилҳо
Мекунад хатм достони вафо,
Ки чу он растухез монд зи ҷўш,
Шуд фалак деги фитнаро сарпўш.
Ғулғули фатҳи шоҳи некахтар
Оламеро зи амн дод хабар.
Бо Мудан муждаи зафар он кард
Ки ба хок аз баҳор натвон кард.
Бурд ваҷдаш ба осмони дигар,
Кард болиданаш ҷаҳони дигар.
Ҳамчунон Комде ба завқи навид
Боғ мешуд, баҳор механдид,
3-он гули рози ёдгори Мудан,
К-аз тараб дошт дар баҳор ватан.
Ҳар дам осори тозагӣ медид,
Ҳар нафас навбари дигар мечид.
Ҳуҷрае карда буд гулшан аз ў,
Хонаи чашм дошт равшан аз ў.
Ҳама авқот тавфи ў кардӣ,
Гоҳ дидиву гоҳ бў кардӣ,:
Чун гирифтӣ ба бар, чаман гаштӣ,
Чун назар кардӣ, анҷуман гаштӣ...
Табъи шаҳ масти имтиҳони хаёл,
Гардише дод бар инони хаёл:
«...Бо чунин шўълае, ки дар Мудан аст,
Комде дар чӣ оламаш ватан аст?...
Хотираш майли ин гадо дорад?
Ё фаромўшӣ аз вафо дорад?».
Аз хадам баргузид фитнафане,
Барқ дар хонумони дил фикане,
Ки буруни ғараз ба зимни сухан,
Имтиҳонаш кунад ба марги Мудан
Мумтаҳан кард рў ба ҷониби шаҳр,
Бо фусуне ба ҷом рехта заҳр.
Сар зи ҳар кўча мекашид чу гард
Неш мезад ба ҳар дил аз, дами сард
Ки ман аз дашти ибрат омадаам,
Аз ҷаҳони қиёмат омадаам.
Сухан аз ҷанги он ду шаҳ меронд,
Қиссаҳо пеши марду зан мехонд.
Фитнае чанд месуруд аз дур,
То ба он кўча бурд шўри футур,
Комде з-он таронаҳои фонус
Ҳамчу партав баромад аз фонус...
Хона бар ваҷди шавқ тангӣ кард,
Рў ба бозори орзу овард:
К-эй шарарнағма соате тан зан
Бар чароғи фасона доман зан!
Хабаре аз Мудан агар дорӣ,
Бенасибам зи мужда нагзорӣ!
Дили мискин ба ҳасраташ хун аст,
Ҳоли он орзуи дил чун аст?
Оҳе аз дил кашиду гуфт: «Хамўш,
Мафикан дар ҷаҳони амн хурўш!
Хабаре дорам аз Мудан, ки мапурс!
Ҳаст барқе ба ҷайби ман, ки мапурс!
Гар тағофул занам, кабоб шавам,
В-ар бигўям, зи дард об шавам.
Лек бетоқатам чӣ чора кунам?
Ба таҳаммул чӣ истихора кунам?
Он ситамкаш дар ин ҷидоли шадид
Ташнакоми умед гашт шаҳид,!
Сўхт доғи вуқўӣ ин мотам
Ҷигари шоҳ то бинои ҳашам
То лаби нотиқ ин наво пардохт,
Комде ранги оламе дарбохт.
Ҷаст дуде зи табъи маҷнунаш,
Бурд бо худ зи хеш берунаш.
Муддате сакта дар димоғаш буд,
Хомўшӣ домани чароғаш буд.
Бехудӣ чун рафоқате дарёфт,
Беқарори чунун ба ҳуҷра шитофт.
Пеши он гул расиду мижгон баст,
Дида бо вазъи марг паймон баст,
Монд маҳруми ҷуръати оғўш,
Зери мижгон нигоҳи мотампўш.
Во намешуд ба сўи гул назараш,
То қиёмат чӣ оварад ба сараш?...
То ба ҳукми нигоҳи бозпасин
Бехудӣ шуд зи ҳасрате гулчин...
Дид ранге, ки дар баҳори ҳузур
Хеҷгоҳаш набуд ин ҳама нур.
Нафаси рафта аз адам баргашт,
Бў шуду гирди он гули тар гашт.
Ҳайраташ доғ кард, к-ин афсун
Ба чӣ оҳанг зад зи парда бурун?
Шуд яқинаш ки он чи қосид кошт,
Имтиҳони муҳаббати ман дошт.
Оҳ аз он бевафо, ки дар раҳи ишқ,
Бў набурд аз ғубори даргаҳи ишқ.
Марги дилбар шуниду хок нашуд,
Рафт ҷон аз тану ҳалок нашуд...
Пас ба ҷайбаш сар аз ҳаё хам шуд,
Ба хаёлаш вафо муҷассам шуд.
Гуфт: «Эй Комде, маро дарёб!
Сурату маънии вафо дарёб!
Гар туро орзуи зистан аст,
То қиёмат маро гиристан аст.
Ман ба қурбонии Мудан рафтам,
Ту бар ин дарнишин, ки ман рафтам».
Чун тааммул назар ба фаҳм гумошт,
Ишқ ранге дигар ба бор надошт.
Комде ғайри тобу печ набуд,
Ҷуз вафо дар миёна ҳеҷ набуд.
Мумтаҳин нонамуда қомат рост,
Ки аз он хона шўри мотам хост...
Ҳосилуламр қосиди маъзур
Монд аз ин ҳол ноумедшуур.
Аз паёми фузули худ тар гашт,
Ҳамчу ранг аз шикасти дил баргашт.
Тарзабонӣ гули вубол овард,
Имтиҳон бурду инфиол овард,
Инфиоле, ки ҷуз ба пардаи хок
Арақаш аз ҷабин нагардад пок.
Пеши шаҳ бо ҳазор ранги фусўс
Ашк ҷўшиду бар замин зад бўс.
Дили ҳуззор аз он тааб хун шуд,
Лаб ба дандон, нафас ба лаб хун шуд.
Ҳар якеро ба арсагоҳи асаф
Хок бар сар фиканд судани каф...
Мудани ноумед ҳозир буд,
Бо ҳазор интизор нозир буд,
Чун ба ин ранг ҳоли маҷлис дид,
Аз таҳайюр шунид, он чи шунид,
Яъс чашме ба рўи ҷамъ кушуд,
Гардиши ранг алвадоаш буд,
Ин қиёмат балои дигар зод,
Барқ бар анҷуман дубора фитод,
Шўъла бар тўдаҳои хокистар
Зад ба такрор домани сарсар.
Шоҳро ранги ихтиёр намонд,
Аз нафас ғайри изтирор намонд,
Шўри ошуфтагеш тўфон кард,
Ба ҷунуне, ки шарҳ натвон кард.
Пушти даст аз газидани бетоб
Гашт саркўби тахтаи қассоб.
Ҷайбу доман ба чок гум гардид,
Сина дўкони захми нохун чид
Кард ибрат чу арсаи маҳшар
Хоки сад ранг мотамаш бар сар.
Дод фармон, ки он ду шакли ваф
Аз бари ҳам наяфкананд ҷудо!
Наъшашон чун зи хона бардоранд,
Тавъами ман ба хок биспоранд!
Нашъаи адл иқтизо дорад,
Ки маро орамида нагзорад.
То таи хок масканам бошад,
Дасти инҳо ба доманам бошад.
Марги ин бекасон ба ҷаҳди ман аст,
Қотили шон манам, аҷал сухан аст.
Ин шаҳидон ситамкашони мананд,
Бисмили теғи имтиҳони мананд...
Зинда бояд ба зери хок шавам,
То зи табъи фузул пок шавам!
Ин ситам хунбаҳо намехоҳад,
Ҷуз қасос аз қазо намехоҳад.
Аз худам гар қасос натвон хост,
Адл то ҳашр дар гудози ҳаёст.
Пас ба ҳар ҳол мурданам авлист,
Ғайри мурдан дигар илоҷам нест!
Чун зи табъи шаҳ ин алам ҷўшид,
Фитнаи маҳшар аз ҳашам ҷўшид.
Ҳар лабе зад ба барқ фарёде,
Гашт ҳар сина мотамободе.
Кас зи ҳукмаш сари удул надошт,
Ҳар чӣ фармуд, ҷуз қабул надошт.
Ҳукамо з-иттифоқ пеш шуданд,
Қудратизҳори аҷзи хеш шуданд,
К-эй маҳу мехр бандаи рўят!
Сад ҷаҳон ҷон фидои як мўят!
Мўҳлате, то ба хидмати тадбир
Барнаёем масдари тақсир.
Дар ҳакиқат намурдаанд инҳо,
Паҳлуи сакта хўрдаанд инҳо.
Нарасондаст аз қалилу касир
Маразе дар қувояшон таъсир,
Шоҳ агар бар бисоти фармон аст,
Чора душвор нест, осон аст.
Кўшиши мо ба олами тадбир
Гар наяфтад мутобиқи тақдир,
Хосу оме, ки ходими шоҳанд,
Дар адам низ хоки даргоҳанд.
Гар ту дорӣ сари ҳалок шудан,
Ҳамаро зиндагист хок шудан.
Пас ба фармони шоҳи ғайраткеш,
Чораҷў шуд гурўҳи хайрандеш
Ҳикмати том аз иттифоқи видод,
Узвҳошон ба ҳам муонақа дод.
Баҳри ороми он ду пайкари ноз
Фарши гармоба гашт бистари ноз.
Соате чанд ногузашта ба ҳам,
Ҳастӣ омад ба тавфашон зи адам.
Гармии дил шуд обёри нафас,
Мавҷ зад решаи баҳори нафас...
То гул аз боғи огаҳӣ чиданд,
Хешро дар канори ҳам диданд.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё