Зеҳн

Мирзо Абдулқодири Бедил - «Ирфон»

ВА
Валиев Султон20 ноябри 2024 · 9 дақиқа хондан

«Ирфон»—яке аз калонтарин асарҳои манзуми Бедил буда, шоир онро дар соли 1124/1712 яъне нўҳ сол пеш аз вафоташ ба риштаи назм кашидааст.

Асар аз 22 ҳазор мисраъ иборат мебошад.

Асари мазкур хатти муайяни сюжет надошта, аз достонҳо ва ҳикоятҳои тамсилии алоҳида иборат аст.

Мавзўи асосии ин китоб аслан ба масъалаи фалсафаи динӣ-тасаввуфӣ дахл намуда, дар хотимаи ҳар як боб ҳикоятҳои тамсилӣ ё ишқиро меорад, ки ҳар яки онҳо хусусияти ҷамъбасткунии муҳокимаи фалсафавии шоир мебошанд.

Муаллиф махсусан дар бораи инсон муҳокима ронда, ўро дар маърази мавҷудияти дунё яке аз қувваҳои асосӣ ҳисоб мекунад.

Ба ҷуз аз ин шоир ба мавзўъҳои мухталифи зиндагӣ даст зада, инсонро ба накўкорӣ ва саховатмандӣ, парҳезгорӣ аз бухлу кина, адовату душманӣ, даъват ба омўхтани илму ҳунар, касбу кор ва ниҳоят нафрат ба ҳар гуна ҷоҳиливу нодонӣ, бадгўӣ ва ғайра даъват мекунад.

АЗ «ИРФОН» ТАМСИЛ

Кўдаке нон ба даст бозӣ дошт,

Бар лаби чоҳ лобасозӣ дошт.

Рафту ногоҳ панҷааш бикшод.

Нон ба ранги садаф дар об афтод.

Гиря бардошт тифли бозикўш,

Изтиробаш гирифт дар оғўш.

Дод чун мавҷ доди нолидан,

Ғўта зад чун гуҳар ба ғалтидан.

Ҳамчу ашке, ки аз буни мижа рехт,

Дар канори падар таниш ангехт.

Чун падар рамзи изтироб бикофт,

Кафи холиш ҷои нон дарёфт.

Гуфт: — «Нон аз кафат, ки ғорат кард?»

Тифл сўи чаҳаш ишорат кард.

Мард ошуфту рафт бар сари чоҳ,

Кард аз ошуфтагӣ дар об нигоҳ.

То тааммул ба табъи об гумошт,

Аксаш ойина дар муқобил дошт.

Бонг бар акс зад, ки эй иблис,

Г...ҳ хўрӣ беҳ, ки нон ба ин талбис

Шарм дор аз худ, эй хасиси дағал,

Ки зи итфол нон барӣ ба ҳиял.

0б дар ханда омад аз лаби чоҳ,

К-эй зи хешат ба рўи ғайр нигоҳ.

Аз ту бо туст илтифоту итоб,

В-арна дар об нест ғайр аз об.

Тифл ваҳмат ба ин фусун пардохт,

Ки туро аз ту дар гумон андохт.

3-ин шууре, ки дар назар дорӣ,

Ҳар чӣ гўӣ, ба худ сазоворӣ.

Беҳ, ки худро чу об нарм кунӣ.

Чанд бо худ хитоби шарм кунӣ,

То чу обат ҳама зулол шавад,

Аксу ойина як-ҷамол шавад...

Ҳикоят

Кошиеро рафоқати аҳбоб,

Хоки бунёди айш дод ба об.

Бо ҳарифони кўҳу даштнавард

Сайри Ҳиндаш қадам фушурд ба гард.

Гом мезад зи кўшиши маъкўс,

Ба пушаймонии кафе афсўс.

Ҳар қадам з-он ҳавас навардидан,

Чун нафас дошт бозгардидан.

Соявор аз дили ҷафо фарсуд,

Ҳама рўзи снёҳ мепаймуд.

Ба зарурӣ такаллуффоӣ,

Муддате кард бодпаймоӣ.

На зи саҳро дилаш кушодӣ ёфт

На зи маъмўра табъи шодӣ ёфт.

Анҷуман рехт оташаш бар сар,

Чаманаш дод арзи чоки ҷигар.

Ҳар насиме, к-аз он диёр вазид,

Пеши чашмаш ғубори ибрат чид.

Ҷам агар дид, доғи дил паймуд

0б агар хўрд, хуни тоқат буд.

Субҳаш аз гарди оҳ дошт суроғ,

Шомаш ороиши сиёҳии доғ.

Шабу рўзаш зи печу тоби алам,

Чун шабу рўз кард ғорат ҳам.

Кулфати ҳоли он аламтахмир,

Кард бар табъи дўстон таъсир.

Нақбе аз ҷустуҷўи ҳол заданд,

Дари тафтише аз савол заданд,

К-аз чунин оламе биҳиштназир.

Ҳайфи табъе, ки нест айшпазир,

Нақди ишрат ҳамон шумзада бохт,

Ки ба обу ҳавои Ҳинд насохт.

Ҳинд боғест, к-аз тасаввури ў,

Меравад орзу ба ҳулд фурў.

Огаҳиро саводи ў маҳак аст,

Шабнишини нигоҳи мардумак аст.

Аз заминаш ғубор агар хезад,

Дар ҳаво мушки суда мерезад.

Аз фазояш насим агар болад,

Осмон сина бар чаман молад.

Карда файзи ҳавои софии об,

Шаш ҷиҳат дар як обгина ҳубоб,

Он ки аз оби ў намедуздид,

Маҳмили обрў ба абр кашид.

Ҳар киро файзи зиндагӣ ҳавас аст,

Ин ҳавоҳо захираи нафас аст

Hар як аз мо дар ин чаман-бунёд

Доди сад ранги хуррамиҳо дод.

Оламе з-ин ҳаво ба худ болид,

Аз ту ранги шукуфтанӣ надамид.

Даври айши ту дар малол гузашт,

Умри парвоз зери бол гузашт.

Чӣ бало ғафлат аст, ҷунун ангехт,

Ки ба чашмат ғубори биниш рехт?

Чӣ қадар кўрият чароғ афрўхт,

Ки ба васлат нигоҳ бар мижа сўхт.

Чӣ фусун аст ҳоили нигаҳат,

Ба чӣ девор бастаанд раҳат?

Гуфт: — «Маъзур ман наям ин ҷо,

То кунам имтиёзи обу ҳаво.

Аз ҳавоям ҷунун ниқоби дигар,

Бурда бозам хаёли оби дигар.

Гарчи ҳиндам фазои ҷавлон аст

Лек андеша маҳви Кошон аст.

То фазоям ба ин тарафҳо ронд,

Имтиёзам ҳамон ба Кошон монд

Саъй ҳарчанд гомҳо фарсуд,

Дурам аз ҳасрати ватан нанамуд.

Сайри гулзору тавфи анҷуманам,

Барнаёвард аз ғами ватанам...»

Орифе з-он миён ба ҷўш омад,

Сози таҳқиқ дар хурўш омад.

К-эй зиёнкори ҳастии мавҳум,

Ҳасратободи хоҳиши маъдум.

Кардӣ аз ғафлати чунункорӣ,

Сарфи таъбири хоби бедорӣ.

Айнак аз доғи лола дошт нигоҳ,

Ки баҳорат ба дида гашт сиёҳ...

Олами ҷилваат мисоле чанд,

Cавҳари бинишат хаёле чанд.

Ҳар чӣ гардид аз назар рўпўш,

Ба хаёлаш мабош заҳматкўш.

Он чӣ дар дидааш намонд тамиз,

Беҳ, ки пўшида гардад аз дил низ

То дилу дида якмаҳал бошад,

Шавқи бунёди бехалал бошад.

Бигзар аз хоби махмали Кошон,

Сурма гир аз саводи Ҳиндустон.

Чист Ҳиндустон баҳори ҳузур

К-ин замон чашми туст аз ў пурнур.

Чист, Кошон, ҷаҳони ваҳму хаёл,

Ки ба дидан вуҷуди ўст маҳол.

Нақди дил дар ғами маҳол мабоз,

Ранги гулкардаи хаёл мабоз.

Ватанат ғайри ҳоли мавҳум аст,

Ҳар чӣ он сўи суст маъдум аст.

Ҳар кӣ дар хона ёди саҳро кард,

Дар дили ҳулд дўзах иншо кард.

Яъне андешаҳои табъи фузул,

Кард аз файзи холияш маъзул.

Сайри саҳро нашуд далели ҳузур,

Монд аз айши хона ҳам маҳҷур.

В-он, ки дар дашт фикри хона кунад,

Ҳам ба навмедӣ ошёна кунад...

Эй таваҳҳум, ғубори дашту чаман,

Ба ҳаво метапӣ, куҷост ватан?

На ба саҳроиву на дар чаманӣ,

Гарди андешаи нафас ватанӣ.

Ин ватанро ба ҳар парафшонӣ,

Танг дорад ғубори вайронӣ.

Аз нафас то расӣ ба гарди асар,

Ватане гаштааст зеру забар.

Ба нафас пухтаӣ ҷунуни хаёл,

Чидаӣ дом дар фишондани бол.

Ҳар тараф боли ваҳм бикшоӣ,

Бо нафас меравию меоӣ.

Ин нафас гарди ваҳшати саҳарист,

Эй нафасошён, ватан сафарист.

Шамъи ин базм мезанад нафасе,

Ки зи худ раҳ ба дар набурд касе.

Оламе ҳамчу шамъ сар ба ҳавост,

В-аз ҳаво муддао ҳамон таҳи пост.

Шўълае гом мезанад ба ҳавас,

То ба ҷое, ки доғ гардаду бас.

Ҳама во мондаанду мегузаранд,

Маҳви ҷайби худанду дар сафаранд.

Умрҳо шуд чу шамъ дар сафарӣ,

Лек ҳар коми манзиле дигарӣ...

Мақсади шамъ сайри хештан аст,

Ҳар куҷо чашм во шавад, ватан аст.

Шамъи тахқиқ то тавон афрўхт,

Чашм бар сайри хеш бояд дўхт.

Ватану ғурбати ту ғайри ту нест,

Аз ту берун суботу сайри ту нест...

Ҳикоят

Мардаке табъи ношикебе дошт,

Ҳавасомода боғи себе дошт.

Зоғ себе аз он миёна рабуд,

Ба мақоме баланд бол кушуд.

Он хасис аз қафои ў метохт.

То ба ҷое, ки нақди тоқат бохт,

Баски дудаш фурў гирифт димоғ,

Шуд ҷаҳонаш ба дида як пари зоғ.

Дид кўшиш надорад он ҷо роҳ,

Аз ғазаб хешро фиганд ба чоҳ.

Cони ширин ба талхкомӣ дод,

Боғу амлок ҷумла рафт ба бод.

Эй ситамкори вазъи бекорӣ,

Ситамат бар худ асту мухторӣ,

Хеҷ касро зи кулфатат ғам нест,

Гар бимирӣ димоғи мотам нест.

Хоҳ мотам фурўш, хоҳӣ сур,

Ҳам туро чораи худ аст зарур.

Раҳм бар ҳоли хеш бояд кард,

Марҳаме сарфи реш бояд кард.

Ту ба ваҳме к-аз авҷи чоҳ афтӣ,

Нест аз ақл агар ба чоҳ афтӣ.

Гашта бошад аз ин баҳори ситам,

Себе аз боғи эътибори ту кам...

Самари боғи шавқ бисёр аст,

Яъне асбоби завқ бисёр аст...

Чанд аз афсурдагӣ нафас шумарӣ,

Навбаҳор офарин ба барзгарӣ...

Аз арақрезиву тараддуди кор,

Абри раҳмат шаву ба хок бибор.

Ба тараддуд шумур ду рўз маош,

Арақе резу донае мепош.

Андаке сабр бо талош омез,

Васл хоҳӣ дар интизор гурез.

Шоядат фурсат обёр шавад,

Сабрат ойинаи баҳор шавад.

Чун нафас чанд ҳарза беша давӣ

Беҳ, ки лахте ба завқ реша давӣ.

Нафасат, решаест бе сару по,

К-аз дилаш додаанд сар ба ҳаво,

Лек дар арсаи баҳори нумў

Оламе медавад ба решаи ў.

Чӣ баҳору чӣ гул, чӣ хору чӣ хас,

Мазраъ ин ҷо дил асту реша нафас.

Бар замини шуур, ҷаҳл макор,

Фаръро дастгоҳи асл шумор.

Як дил ошўбгоҳи сад ҳавас аст,

Донае сад баҳорро қафас аст.

Нафас аст он кӣ дорад ин хаму печ

Реша сарсабзиесту дигар ҳеҷ,

Ё китоби ҳисоб кун такрор,

Нақди мўҳсо зи ҷайби саъй барор.

Насақи гиру дари олам бош,

Cавҳари ифтихори одам бош.

Cунбише дар банони қудрат рез,

Аз наистони сунъ шўр ангез.

То сарири қалам диҳад овоз,

Аз пари тоирони «Гулшани роз».

Сафҳаеро сафои оина кун,

Ҳусни хатте дар он маоина кун.

Ҳайрати ваҳшиёни дашти қадам,

Сайр дорад ба домгохи рақам.

Сунъи котиб ба рағми табъи фузул,

Шуғли хосест, гар шавӣ машғул,

Чун бар ин шева остин молӣ,

Сари афлок бар замин молӣ.

Ҳар кӣ аз нақш кайфу кам ёбӣ,

Гарде аз кўчаи қалам ёбӣ.

Он чӣ дорад ҷаҳони зулмату нур,

Гирад аз лавҳи қудрати ту зуҳур.

Лафз резиву маънӣ ангорӣ,

Парда бандиву ҷилва бишморӣ.

Ғайб дар сафҳаат шуҳуд шавад,

Адам аз хомаат вуҷуд шавад.

Соҳиби лавҳ в-ал қалам бошӣ,

Беҳ, ки афсурда чун рақам бошӣ.

Ё ба даст ор, хомаи наққош,

Сурати маънии мусаввар бош.

Ба тааммул чамантирозӣ кун,

Бо ҳуҷуми хаёл бозӣ кун...

Cунбише то зи хома рехтаӣ,

Ранги чандин баҳор бехтаӣ...

Ҳаст агар фурсати нафас якчанд,

Ҳама ранг аст нақшҳо мебанд.

Ҳар чӣ з-ин даст кор мебандӣ,

Парда бар нангу ор мебандӣ.

Касби ҳайёту пешаи нассоҷ,

Раҳмати ом додан аст ривоҷ.

Сари ин ришта гар ба даст орӣ,

Гавҳаророи исми сатторӣ.

Анкабуте, ки як-ду ришта танид,

Пардадори ҳабиби ҳақ гардид!

Ноз доранд комилони ғано,

Бар умедӣ ҳимояти зуафо

Ришта бо он заифии таҷрид,

Перҳан гашт то ба худ болид!

Hама дар вазъи хеш маҳбуб аст,

Имтиёз аст, он чи маъюб аст.

Кори даст аз забон намеояд,

Лек бо шахс ҳарду мебояд.

Сифати сар зи по махоҳ,аммо

Пой бесар бувад сари бепо.

Cисми беҷон ҷамоди бемаънист,

Cони бе ҷисм он қадар ҳам нест.

Ҳамчунон нақши ҳар нишебу фароз.

Ҳаст аз вазъи якдигар мумтоз.

3-ин сифот ар яке шавад маътал,

Дар мизоҷи камоли туст халал.

Нанги фақр аз қусури ҳиммати туст,

Фахри ҷоҳ аз ғурури ғафлати туст.

Нанг аз ин ифтихор бояд дошт,

В-аз чунон нанг ор бояд дошт.

Cома хоҳ атлас асту хоҳ палос,

Шахс ботил намешавад зи либос...

То ба дасти ту соғари нанг аст,

Ҳар куҷо пой мениҳӣ, санг асг.

Аз зиёнгоҳи ному нанг баро,

Шиша боре аз ин ду санг баро,

Дилаке ҷамъ кун сухан ин аст,

Ғунча бояд шудан чаман ин аст.

Аз дили ҷамъ агар асар дорад,

Шабнами оби рух гуҳар дорад

Дар муҳит асту нест таскинаш,

Қатра кай беҳ зи мавҷи талвинаш.

То тасаллӣ накардааст баҳор,

Хирманат коҳгиру дона ғубор.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба