Зеҳн

Мирзо Абдулқодири Бедил - Муҳити аъзам

АХ
Ахбор20 ноябри 2024 · 3 дақиқа хондан

«Муҳити аъзам» — яке аз асарҳои манзуми Бедил буда, аз ҷиҳати ҳаҷм низ дар байни достонҳои ў ҷои дуюмро ишғол мекунад.

Асари мазкур соли 1092/1681 таълиф шуда, дорои 4500 байт мебошад.

Достон сюжети муайян надошта аз ҳикоятҳои алоҳидаи манзум иборат мебошад. Мундариҷаи асар доир ба зиндагии аҳли тасаввуф, тарзи зиндагӣ ва хулқу атвори онҳо дахл намуда, дар охири ҳар як боб ҳикоятҳои тамсилӣ омадаанд, ки хусусияти ҷамъбасткуниро доро мебошанд.

МАСНАВИИ «МУҲИТИ АЪЗАМ» ДАР СИФАТИ НАЙ ГЎЯД

Муғаннӣ, зи оҳанги най ёд кун,

Тарабро зи қайди ғам озод кун.

Лабе бар лаби най гузорӣ хуш аст,

Шакар, чун кунад найсаворӣ хуш аст.

Зи най барқ дар хирмани мо фикан,

Аз ин кўча шўре ба дилҳо фикан,

Тараннум хадангест оташхиром,

Ки қандили най бошад ўро мақом.

Ҳумоест оҳанги ишратнишон,

Ки дорад дар ин устухон ошён.

Нафасҳо аз ин най ҷароҳатасар,

Cигарҳо аз ин низ доғи ҷигар

Дамаш оташ аз ҷайб хас мекашад,

Хадангаш камоли нафас мекашад.

Бисоташ чу субҳ аз даме равшан аст,

Чароғи садоро нафас равған аст.

Аз ин хомаи сеҳрсози шигарф

Ба рўи ҳаво нақш бастанд ҳарф

Хаданге, к-аз ин най бувад дар камон,

Шавад нағмасон дилнишини ҷаҳон.

Зи таъсири поси нафасҳои ў

Саропо гиреҳ гашта аъзои ў.

Нагардад ба чандин гиреҳ бенаво,

Чу занҷир аз ин ҳалқа хезад садо...

Дами гармаш аз нашъаи дигар аст,

Ки ҳар нақши бандаш хати соғар аст,

Навои раҳи мастӣ аз сози ўст,

Ба каф кардани шиша овози ўст.

Бувад пайкари ишраташ нағмахон

Наи нағма, мағзест дар устухон,

Магар нағма ашкест ҳайратхиром,

Ки мерезад аз дидаи най мудом.

Аҷаб нест, к-аз табъи махмури май

Кашад бода аз соғари чашм най.

Cудо мекунад бе шак аз мадди оҳ

Нафасро зи дил ҳамчу аз дона коҳ.

Даре бар дил аз захм во мекунад,

Лаби захм шавқаш ҷудо мекунад...

Ҳикоят

Фузуле ба ойини корогаҳон,

Ба лофи сухан буд гарми баён,

Ки ман борҳо бедарангу шитоб

Ба дарё сафар кардаам чун ҳубоб.

Ба расми тиҷорат зи наздику дур,

Чу киштӣ ба сад об кардам убур.

Зи ҳар мавҷ чандин тапиш дидаам,

Ба ҳар қатра чун мавҷ печидаам.

Кафи даъватам холӣ аст аз газоф,

Чу мавҷам муаммои дарёшикоф

Зи ман маънии баҳр пўшида нест,

Дар ин нусха ҳарфе нафаҳмида нест.

Зи асрори дарё наям бехабар,

Зи ҳар қатра дорам суроғи гуҳар.

Ба соҳилнишинон чу ронам сухан,

Ки дуранд аз қаъри асрори ман.

Яке гуфт: — Аз он ҷумла сайру сафар,

Зи моҳӣ асар бурда бошӣ магар,

Ки чун дида дар об дорад ватан,

Зи доғ аст ҳамчун дилаш пирҳан.

Барошуфт, к: — охир дар ин баҳрҳо.

Ҳамин моҳиям буд доим ғизо.

Зи моҳӣ нишон ҷустан аз аблаҳист,

Ки ҳар ҷоҳилеро аз ў огаҳист.

Зи баҳри баёнам гуҳар чидан аст,

-Зи таркиби моҳӣ чӣ пурсидан аст?

Чу соил зи хидмат иборат шунид,

Ба ғавраш чу моҳӣ инон баркашид,

Ки ман ғофил аз ҳайъати моҳиям,

Аз ин киса деҳ нақди огоҳиям?

Сазад гар баёни ту гирам қиёс,

Шавам аз нишони ту моҳишинос.

Ба ҳукми кудурат зи рўи мисол,

Лаби ҳарзагў шуд муҷиби савол.

Ки: — бошад ҳамин моҳӣ, эй хушманд,

Ки дорад чу уштур ду шохи баланд.

Бихандид халқе бад-он булфузул,

Ки нашнохт ранги фурўъ аз усул

Яқин шуд, ки ҷуз ҳарф нашнидааст

Чу моҳӣ, шутур низ кам дидааст.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба