ПОДОШИ АМАЛ
Фарзанде хост падари солдидаву барҷомондаи худро, ки дигар барояш як мушкил менамуд, ба хонаи пиронсолон бубарад. Бачаи 5-солаи ин мард аз падари худ пурсид:
— Нишонии хонаи пиронсолонеро, ки бобоямро бурданиед, барои ман ҳам гӯед…
Падараш пурсид:
— Ту мехоҳӣ ба хабаргирии бобоят биравӣ?
Писар гуфт:
— На, мехоҳам бидонам, ки пас аз пиронсоливу барҷомондагиатон Шуморо ба куҷо бояд барам…
Ҳар амали касиф ҷавоб дорад!
Бо вуҷуди ин, тарбияи аввалин аз оила сарчашма мегирад ва оила аввалин мактаби рӯзгор аст. Аз эҳсоси баланди масъулияти падару модар хулқу атвори ояндаи фарзанд вобастагии калон дорад. Чӣ гунна муносибате ки ӯ дар оила мушоҳида намуд, метавонад дар оянда онро такрор намояд, агар бамаърифатӣ бар ӯ гашт, муносибати боақлона менамояд, агар бо ҷаҳолат шоҳид гашт, ҷоҳилӣ хулқаш мегардад.
"Арҷ гузоштан ба бузургии модар, ба ҷо овардани иззату эҳтироми ӯ ва расидан ба қадри заҳматҳои шабонарӯзии вай вазифаи ҷониву имонии ҳар як фарзанд ба шумор меравад", - таъкид намуд Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Қайд намудан, ки "инсон дар ҳаёти худ дар сурате ба комёбиву муваффақият ва зиндагии бобаракат муяссар мегардад, ки дуои неки модар ва падарро гирифта, ба қадри ранҷу заҳмати волидайн, дилсӯзиву ғамхории онҳо ва шири сафеди модар расида бошад.
Аз Боязиди Бостомӣ Орифи бузург пурсиданд. Ин мақоми арзишмандро чӣ гуна ёфтӣ? Гуфт: Шабе модарам аз ман об хост. Нигоҳ кардам дар хона об набуд. Кӯзаро гирифтам ва ба ҷӯй барои об рафтам. Чун бозгаштам дидам, ки модарамро хобаш бурдааст. Пас ба худ гуфтам агар бедорашон кунам гуноҳкор хоҳам буд. Он гоҳ интизор шудам то бедор шавад. Ҳангоми бомдод ӯ аз хоб бедор шуд ва маро болои сари худ бидид ва гуфт: Чаро истодаӣ? Қиссаро барояш гуфтам! Онгоҳ модарам бархесту таҳорат кард ва ба намоз истод. Пас аз хондани фариза даст ба дуо бардошту гуфт: Худоё чунон, ки ин писарро бузург ва азиз доштӣ, андар миёни халқ низ ӯро азиз ва бузург гардон. Ҷалби ризоияти модар одамиро ба мақомҳои волоӣ маънавӣ мерасонад. Гоҳе як дуои волидайн аз самими қалб зиндагии як инсонро дучори тағйироти бунёдӣ мекунад.
Падару модар сарчашмаи ҳаёти ҳар як инсон ба ҳисоб мераванд. Фарзанд тавассути волидайн ба олами ҳастӣ чашм кушода, ҷаҳони моддиро мушоҳида мекунад. Ҳангоми ба дунё омадани фарзанд чор чиз ба зиммаи падару модар вогузор мегардад. Аз қабили номи нек гузоштан, омӯхтани илм, ба ҳаёти мустақилона равона намудани фарзанд. Барои ба воя расонидани фарзанд, падару модар заҳмати зиёдеро бар дӯш мегиранд. То ин, ки фарзанди шоиста ба камол расида, ба халқу Ватан содиқона хизмат намояд.
Ҳаққи фарзандон аст, ки эҳтироми падару модарро ба ҷо оранд. Ҳаргиз дили падару модарро наранҷонанд. Агар хостаю нохоста фарзанд дар эҳтироми волидайн тақсироте ба вуҷуд орад, дар зиндагӣ ҳаргиз сазовори некӣ нахоҳад шуд. Фарзандоне, ки нисбати падару модар носипосӣ мекунанд, арзандаи қадршиносӣ набуда, ҷавоби кирдораҳояшонро дар оянда аз фарзандонашон мебинанд.
Падарру модар гавҳари ноёберо мемонанд. Ҳангоми аз даст рафтанашон дубора ба кас муяссар намегарданд. Пас ҳамагонро лозим аст, ки қадри ин неъмати бебаҳоро дониста, дар зиндагӣ хизматашонро ба ҷо оранд.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё