МАҚСАД ВА ИРОДА
Шахсе корхонае кушоданӣ мешавад. 5 маротиба кӯшиш мекунад, аммо ҳар бор муфлис мешаваду аз одамони зиёд қарздор. Вақте афтодарӯҳ аз кӯчае мегузашт, чашмаш ба мӯрчае расид, ки донаеро ба хонааш бурданӣ буд. Мӯрча донаро ба як баландӣ мебаровард ва ҳар боре ки ба баландӣ мерасид, дона боз ба поён меафтод. Мӯрча бо ҳамин тарз 30-юм бор донаро ба баландӣ бароварду дона афтид. Маротибаи 31-ум мӯрча тавонист, донаро наафтонда ба баландӣ барораду ба хонааш бибарад. Он шахс ҳамаи инро диду андешид: «Мӯрчае бо ин хурдӣ ин қадр иродаи қавӣ дораду ман бо вуҷуди инсон буданам аз он маҳрумам?!» Он шахс дар назди худ вазифа гузошт, ки бо ҳар воситае бошад, бояд ба мақсадаш бирасад.
Мову шумо низ дар роҳи ба мақсад расидан борҳо шикаст мехӯрему дилшикаста мегардем, аммо инро набояд фаромӯш кунем, ки ягона роҳи ба мақсад расидан ин ҳеҷ гоҳ таслим нашудан аст.
Инсон дар дарозои зиндагии хеш пайвандҳои бешумори мустаҳкаме бо ҷомеа дорад. Барои танзим ва истифодаи дурусту огоҳона аз чунин пайванду вобастагиҳо ӯро лозим аст аз донишу таҷрибаҳои гузаштагон, ки дар саҳифаҳои китобу рисолаҳо дарҷ гардидаанд, истифода намояд ва ба ин восита бар тавоноиҳои зистӣ ва огоҳиҳои маърифатии хеш бияфзояд. Пайваста бо роҳи хонишу донишандӯзӣ ба ҳадди баланду некӯ бардоштани тавонмандиҳои хеш ба инсон муяссар мешавад, ки дар азму ирода ва гуфтору кирдораш ба каҷравию лағзиш ё ғалаткорию иштибоҳе роҳ надиҳад. Китоб, ки анбӯҳаву гирдоварде аз донишу таҷрибаи инсон аст, ёру ёвари беғарази мо дар созмон додани зиндагии шоиста дар ҷомеа аст. Аз ин рӯ хондан ва донистан кирдору рафтори касро судманд ва муҳимтар аз ҳама ҳадафманд месозад. Ҳар кор, ки бар донишу маърифат бунёд наёфтааст, инсонро ба мақсад намерасонад. Амале, ки заминааш дониш ва маърифати дуруст аст, самари хуб хоҳад дод. Дониш рӯҳи амал аст, дониши бештар амалро судматдтар мекунад. Аз ин рӯ тавони андешидан, ки аз хондану донистан бармеояд, инсонро саодатманд мекунад. Роҳи расидан ба фардои муборак танҳо бо истифода аз андешаи дурусту созанда, ки реша дар маърифат дорад, имконпазир аст.
Барои дар ҷодае соҳиби мавқеи худ гардидан пеш аз ҳама дониш, малакаву маҳорат, ҳамеша дар талоши чизи нав будан ва аз ҳама муҳим иродаи мустаҳкам доштан лозим аст.
Имрӯз ҷавонону наврасони мо бояд ҳамеша пайи илмомӯзӣ бошанду касбу ҳунар омӯзанд ва барои пешбурду пешрафти ватани азизамон саҳми худро гузоранд. Чунки бе омӯхтани илму дониш шахс дар самти худ муваффақ шуда наметавонад.
Мо бе талош ҳаёт дошта наметавонем. Зистан аз талош маншаъ мегирад. Зиндагӣ аз мо ҳамеша талошро талаб мекунад. Ҳатто аз овони кӯдакӣ. Талош набошад, мо муҷассамаеро мемонем. Талоши ҳаракат. Талоши роҳ гаштан. Талоши кор кардан. Талоши хондан. Талоши беҳ намудани зиндагӣ... ва ҳазорҳо талоши дигар дар тамоми самти ҳаёт ба мо имкон медиҳад, ки имрӯзамон аз дирӯзамон беҳтар бошад. Яъне маҳз дар талош будани мо сабаби чӣ гуна сохтани зиндагиамон мешавад. Ҷавонӣ давраест, ки аз мо талоши даҳчанду садчандро талаб мекунад. Чун мо дар ҷавонӣ ба таъкиди Пешвои миллат “неруи фаъолу боғайрат, ташаббускору созанда”-ро соҳиб ҳастем. Истифодаи ин неру ба ҷавонон имкон медиҳад, ки онҳо корҳои бузургеро созмон диҳанд ва барои зиндагии хубу осудаи хеш замина муҳайё созанд.
Неру ва ҷавониро ҳамеша паҳлуи ҳам мегузоранд. Ба ҳам омадани ин ду мафҳум қудратеро ба бор меорад, ки инсонҳо аз иҷрои дилхоҳ кор мебароянд. Зимнан, ҷавонӣ давраест, ки инсон метавонад, тасмими ниҳоӣ барои чигунагии роҳи минбаъдаи ҳаёташ барорад. Ва аз он неруи бузурге, ки дар ин айём ҳаст, истифода намудаву ба қуллаҳои мурод расад. Аз ҳар ҷиҳат неруманд будани инсон дар замони ҷавонӣ хусусияти дигар низ дорад, ки он мустақиман ихтиёр намудани кору фаъолият ва дар маҷмуъ зиндагӣ мебошад.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё