Зеҳн

ҲАМКОРИҲОИ ИҚТИСОДИВУ ТИҶОРАТӢ ВА САРМОЯГУЗОРИИ ТОҶИКИСТОН БО АФҒОНИСТОН

КИ
Китобдор18 ноябри 2024 · 14 дақиқа хондан

Дар мақола масъалаҳои таҳияи созишномаҳо оид ба ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, фаъолияти комиссияи муштарак ва иҷрои лоиҳаҳои минтақавӣ дар солҳои истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ ва таҳиқ қарор гирифтааст. Муаллиф кўшидаст, ки овардани мисолҳои мушаххас сатҳи ҳамкориҳои самарабахши ду кишвари ҳамсояро ба қалам дода, нисбати дурнамои хуби онҳо изҳори изҳори назар намояд.

Калидвожаҳо: ҳамкориҳои самарабахш, созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ, бозорҳои наздисарҳадӣ, содироти барқ, комиссияи муштарак, “CASA-1000”, созишномаи баййниҳукуматӣ, хати интиқоли барқ.

Дар солҳои истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои дўстона ва ҳамҷаворӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар шакли моҳиятан нав оғоз гардида, то имрўз бо муваффақият идома доранд. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суҳбатҳояшон оид ба ҳамкориҳо бо Афғонистон чунин изҳор доштанд, ки: “Муносибатҳои дўстонаи мо реша дар қалбҳои мардумони ду кишвар доранд. Аз ин хотир, вазифаи сиёсӣ ва инсонии мо аст, ки чунин равобитро ҳамаҷониба тақвият ва таҳким бахшем”.

Қабл аз ҳама, барои пешбурду ривоҷи ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи байни ду кишвари ҳамсоя ва ҳамзабон асосҳои меъёрии ҳуқуқии созгори замони муосир таҳия гардидаанд. Дар давоми ин солҳо бештар аз 75 санади танзимкунандаи ҳамкориҳои дуҷониба дар шакли созишномаву мувофиқатнома ва тафоҳумномаву эъломияҳо ба имзо расидаанд, ки онҳо ҳамкориҳоро дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод, маориф, илму фарҳанг ва ғайра таъмин намуданд.

Созишномаи тиҷоратии 13 сентябри соли 2004 дар шахри Душанбе баимзорасида фаъолияти иқтисодиву тиҷоратии ҳарду кишварро ба низоми муайян даровард, ки дар солҳои минбаъда дар доираи он воридоту содироти молҳо ва хизматрасониҳо густрариш пайдо намуд. Дар иҷрои муқаррароти ин ҳуҷҷати муҳим Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон нақши муҳим гузошт. Дар раванди кори ҷаласаи комиссия самтҳои асосии ҳамкориҳо миёни идораву муассиса ва созмону ширкатҳои ду кишвар мушаххас ва муайян карда мешаванд.

То имрўз панҷ ҷаласаи Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистону Афғонистон доир гардидаанд, ки онҳо дар пойтахтҳои ҳарду кишвар масъалаҳои муҳимро мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор доданд. Ҷаласаи навбатии комиссия дар шаҳри Кобул барқарор мегардад.

Дар рафти ҷаласаи панҷуми комиссия тарафҳо масъалаҳои соҳаҳои тиҷорат (самаранок ба роҳ мондани савдои наздисарҳадӣ), стандартизатсия, саноат, энергетика, об, нафту газ, нақлиёт, алоқа, гумрук, кишоварзӣ, фарҳанг, сайёҳӣ, маориф ва тандурустӣ, асосҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва суғуртаро мавриди омўзиш ва баррасӣ қарор доданд.

Моҳи августи соли 2013 Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати воломақоми Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки аз вазирони молия, фавоиди омма, раиси идораи роҳи оҳан ва дигар шахсони расмӣ иборат буд, мулоқот орост. Дар мулоқот масоили вобаста ба роҳҳои татбиқи амалии санадҳои ҳамкории дуҷониба ва минтақавии

Тоҷикистону Афғонистон барои рушди робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, энергетикӣ, ҳамлу нақл ва ғайра баррасӣ шуд. Таваҷҷуҳи асосӣ ба таҳия ва ба имзо пешниҳод намудани созишномаи сеҷонибаи тиҷоратию транзитии Тоҷикистону Афғонистону Покистон, татбиқи амалии лоиҳаҳои минтақавии хатти барқии CASA-1000, роҳи оҳани Тоҷикистон-

Афғонистон-Туркманистон ва ифтитоҳи гузаргоҳҳои нави сарҳадӣ миёни ду кишвари ҳамсоя зоҳир гардид.

Масъалаи баимзорасонии Созишномаи сеҷонибаи тиҷорати транзитӣ байни Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон яке аз масъалаҳои асосӣ дар раванди муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон ва ҳамкориҳои тиҷоратӣ бо давлатҳои минтақа ба ҳисоб меравад. Созишномаи мазкур муносибатҳои тиҷоратии кишварҳои Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва Тоҷикистонро нисбати савдои давлатҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) бо истифода аз коридори Ҷануб-Шимол барои Покистон таъмин менамояд. Мақсад ва вазифаҳои асосии ин Созишнома осон ва соддатар гардонидани интиқоли шахсон, воситаҳои нақлиёт ва молҳо аз сарҳад ва осон намудани ҳаракати мол байни се кишвар мебошад.

Созишнома соддагардонии амалиётҳои гумрукии убури сарҳад аз ҳисоби татбиқ намудани «Равзанаи ягона», кам кардани хароҷоти нақлиётӣ дар натиҷаи батанзимдарории бозори хизматрасониҳои нақлиёт, сарфаи хароҷот барои ҳамлу нақли транзитӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти ҷонибҳоро пешбинӣ менамояд.

Созишнома шароитҳои зеринро муҳайё месозад: кушодани бозорҳои нави савдо, аз байн бурдани монеаҳои маъмурӣ, баланд бардоштани имкониятҳои бозорҳои тиҷоратии амалкунандаи наздисарҳадӣ; беҳтар намудани хизматрасониҳо дар сохтори давлатӣ (аз ҷумла гумрук), баланд бардоштани сатҳи рақобатпазирии корхонаҳои нақлиётӣ ва истеҳсолотии кишварҳои аъзои созмон дар бозори хизматрасонӣ, фароҳамсозии имкониятҳо барои рушди соҳибкорӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар сохтори нақлиётӣ.

Мувофиқи маълумотҳои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2014 гардиши савдои хориҷӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 105,7 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, вазни хоси он дар ҳаҷми умумии тиҷорати берунаи кишвар 2,0 фоизро дар бар гирифт.

Гардиши савдо байни кишварҳои мо, нисбат ба соли 2013 39,4 фоиз ё аз рўи арзиш 68,7 млн. доллари амрикоӣ коҳиш ёфт.

Дар тиҷорати дуҷониба, дар ин давра, ба содирот 53,3 млн. долл. ИМА ва воридот 52,4 млн. долл. ИМА рост меояд. Коҳишёбии ҳаҷми гардиши савдо аз ҳисоби кам шудани содирот то 47,2 фоиз ба амал омад.

Бояд қайд намуд, ки дар сохтори тиҷорати дуҷониба дар солҳои гузашта ҳаҷми асосии содиротро ба Афғонистон реэкспорти маҳсулоти нафтӣ ташкил медод. Бо мақсади таъмини иҷрои талаботи Созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Россия оид ба ҳамкорӣ, ҷиҳати интиқоли бебоҷи маҳсулоти нафтӣ, дар солҳои охир реэкспорти маводи нафтӣ қатъ ёфт.

Гурўҳи молҳои асосии содиротиро ба кишвари ҳамсоя, дар соли 2014 нерўи барқ, маҳсулоти растанӣ ва металлҳои сиёҳ, меваю сабзавот, меваҳои равғандор, пўсту чарм ва ашёи хоми он такшил дод. Сохтори воридоти маҳсулоти муҳимтаринро аз Афғонистон дар ин сол шакар, нуриҳои минералӣ, семент, меваҳои ситрусӣ, меваю биринҷ ва тамоку ташкил доданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади густариши муносибатҳои дуҷониба бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар навбати худ корҳои барқарорсозии бахши нақлиётӣ, сохтмони роҳҳо ва купрукҳои нав, хатҳои интиқоли барқ ва роҳҳои оҳани пайвасткунандаи кишвар бо дигар давлатҳоро амалӣ менамояд ва ҷиҳати содда гардонидани савдои наздисарҳадӣ чораҳои зарурӣ меандешад.

Айни замон дар сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 4 нуқтаи савдои наздисарҳадӣ, аз он ҷумла дар ВМКБ бозори наздисарҳадии «Тем»-и шаҳри Хоруғ «Ишкошим»-и ноҳияи Ишкошим, «Рузвай»-и ноҳияи Дарвоз ва «Хумроғӣ»-и ноҳияи Ванҷ фаъолият доранд, ки ҳафтае як рўз амал мекунанд. Дар ин давра муносибатҳои тиҷоратӣ байни сокинони ноҳияҳои наздисарҳадии ҷумҳуриҳои ҳамсоя рушд ёфта, ҳаҷми савдо ва муомилоти мол дар бозорҳо мунтазам афзуда истодааст.

Аъзои гурўҳи кории Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо намояндагони Ассотсиатсияи «Милал Интер»-и Афғонистон бо мақсади ташкили сохтмони нуқтаҳои тиҷоратии наздисарҳадӣ тадқиқот анҷом доданд. Вобаста ба ин лоиҳаи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ташкили бозори савдои наздисарҳадии "Қумсангир" дар ноҳияи Қумсангири вилояти

Хатлон", "Дар бораи ташкил намудани бозорҳои савдои наздисарҳадии "Хумроғӣ" дар ноҳияи Ванҷ, "Лангар" дар ноҳияи Ишкошим ва “Ғунҷибой” дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон омода гардидаанд, ки айни замон дар баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои дахлдор қарор доранд. Ғайр аз ин зимни барномаи сафари хидматӣ вазъ ва мушкилоти бозорҳои амалкунандаи наздисарҳадии байни Тоҷикистону Афuонистон дар ноҳияҳои Дарвоз, Ишкошим ва шаҳри Хоруғ ҳамаҷониба омўхта мешаванд.

Омўзиш нишон дод, ки дар муддати панҷ сол фаъолияти бозорҳои таъсисдодашуда ба қадри имкон такмил ёфта, нақши онҳо дар таъмини соҳибкорон бо ҷои кор ва таъминоти аҳолӣ бо маводҳои ниёзи мардум назаррас аст. Дар ин давра бо дастгирии ташкилотҳои байналмилалӣ барои хадамоту ташкилотҳои дахлдори мақомоти иҷроияи соҳавии ҳокимияти давлатӣ биноҳои маъмурӣ сохта ба истифода дода шуда, бахусус шароити кории хадамоти сарҳадӣ ва гумрук беҳтар гардидааст.

Дар бозори наздисарҳадии “Рузвай”-и ноҳияи Дарвоз шумораи тоҷирон ба 700 нафар расида, муомилоти молу пул то 5 маротиба афзудааст. Ҷиҳати маблағгузории азнавтаҷҳизонӣ ва замонавӣ сохтани нуқтаи тиҷоратии бозор, бартараф сохтани мушкилоти бозори наздисарҳадии мазкур бо Ассотсиатсияи “Милал интер” гуфтушунидҳо гузаронида шуданд.

Дар ноҳияи Ванҷ бо мусоидати Фонди Оғохон купруке бунёд гардидааст, ки дар наздикии он ташкил намудани савдои наздисарҳадӣ ба мақсад мувофиқ мебошад. Дар назар аст, ки Фонди мазкур ҷиҳати сохтмони нуқтаи тиҷоратии бозори наздисарҳадии Хумроғӣ низ мувофиқи имконият сармоягузорӣ намояд.

Дар бозори “Тем”-и шаҳри Хоруғ низ шумораи иштирокчиёни савдо аз ҳар ду тараф афзуда истодааст. Мувофиқи маълумоти маркази консултатсионии Ассотсиатсияи соҳибкорони вилоят, дар фасли зимистон пайваста дар ин бозор то 800 нафар ва тобистон зиёда аз 1000 нафар тоҷирон ширкат менамоянд.

Бозори наздисарҳадии Ишкошим бошад, ба як маркази калони тиҷоратии наздимарзӣ табдил ёфтааст. Дар ин бозор дар рўзҳои савдо (шанбе) зиёда аз 3000 нафар истиқоматкунандагони вулусволиҳои Зебок, сарҳади Вахон ва Ишкошими Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ишкошиму Шуғнони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъ меоянд.

Дар назар аст, ки дар деҳаи Лангари Ҷамоати деҳоти Зонги ноҳияи Ишкошим”, Шўробод (Мавзеи Шоҳон), Мир Саид Алии Ҳамадонӣ (Ҳамадонӣ) ва деҳаи Кокули ноҳияи Фархори вилояти Хатлон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон минтақаҳои савдои наздисарҳадӣ ташкил карда шаванд.

Дар бахши энергетика, тибқи Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аз 27 апрели соли 2005 дар шаҳри Кобул баимзорасида ва Ёддошти тафоҳум байни Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати энергетика ва оби Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар робита бо ҳамкориҳои энергетикӣ аз 9 декабри соли 2005 корҳои муайян ба анҷом расонида шуданд. Рушди ин соҳа пешрафти дигар соҳаҳои иқтисодро таъмин менамояд. Аз ҷумла, татбиқи хатти интиқоли барқи баландшиддати 500 кВ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути Ҷумҳурии Исломии Афғонистон то ҳудуди Ҷумҳурии Исломии Эрон ба нақша гирифта шудааст, ки иншооти мазкур аҳолӣ ва корхонаҳои зиёдро бо нерўи барқ таъмин хоҳад намуд.

Мутахассисони соҳа барои тақвият бахшидани ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаи хариду фуруши барқ, имкониятҳои заруриро ба инобат гирифта, вариантҳои сохтмони ХИБ-500 кВ-ро аз НБО-и «Роғун» то минтақаи наздисарҳадии Панҷи поён (зеристгоҳи лоиҳавии «Дустӣ») ва аз дастгоҳи тақсимоти лоиҳавии 500 кВ-и НБО-и «Сангтўда-1» (дар доираи лоиҳаи CASA-1000) то ин минтақа пешниҳод намуданд, ки масофаи умумӣ 306 км (Роғун-Дўстӣ - 216 км, Сангтўда-Дустӣ - 90 км)–ро дар бар мегирад.

Зеристгоҳи барқии 500 кВ-и «Дустӣ» дар сарҳади ҷумҳурӣ, ҳамчун нуқтаи асосии бозори хариду фуруши барқ ба ҳисоб хоҳад рафт. Сохтмони ХИБ-500 кВ аз зеристгоҳи «Дустӣ» то зеристгоҳи «Пули Хумрӣ»-и Ҷумҳурии Исломии Афғонистон (191 км) имкониятҳои иқтисодии ҷумҳуриро баланд бардошта, ҳамкориҳои байнидавлатиро қавитар хоҳад намуд.

Тоҷикистон ва Афғонистон дар мавриди сохтмони 120 км ХИБ-и 110 кВ (220 кВ) аз шаҳри Хоруғи Тоҷикистон то шаҳраки Ишкошими Тоҷикистон ва сохтмони 195 км ХИБ-и 110 кВ аз Султон Ишкошими Афғонистон то шаҳри Файзободи Афғонистон ба мувофиқа расиданд.

Сохтмони хатти интиқоли барқи баландшиддати 500 кВ Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон дар ҳолати омўзиши мутахассисон қарор дорад.

Ҳамкориҳои энергетикӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон тавассути хатҳои интиқоли барқи 220 кВ «Тоҷикистону-Афғонистон» (Сангтўда-Пули Хумрӣ) ва ХИБ-110 кВ «Геран-Қундуз» (Л-115) барои хариду фурўши барқи изофии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаслҳои баҳору тобистон идома дорад.

ХИБ-220 кВ «Сангтўда-Пули Хумрӣ» моҳи октябри соли 2011 ба истифода дода шуд, ки то ин замон фаъолият менамояд. Тавассути ин хатти барқӣ дар соли 2013 нерўи барқи изофии ҷумҳурӣ ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар ҳаҷми 791,1 млн. кВт соат фурўхта шудааст.

Тавассути ХИБ-110 кВ бошад, ҳаҷми интиқоли барқ ба 145,9 млн. кВт соат баробар шуда буд. Истифодаи ин хатҳои барқӣ барои фуруши барқи зиёдатии ҷумҳурӣ, ки берун аз агрегатҳо, тариқи нақбҳои обпарто ҷорӣ мешуданд манфиатбахш буда, дар иқтисодиёти ҷумҳурӣ таъсири мусбӣ мерасонад.

Бояд қайд намуд, ки корҳо дар самти бозорёбӣ дар Афғонистон низ хуб ба роҳ монда шудааст. Як катор корхонаҳои саноатии марбути Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз қабили ҶСШК «Текстил» (матоъҳои пахтагин), ҶСШК «Трансформатор» (трансформаторҳо), ҶСШК «Химзавод» (маводи тарканда) маҳсулотҳои худро ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон содир менамоянд.

Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати таваҷҷуҳ зоҳир намудани ширкатҳои Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба корхонаҳои саноати маъданҳои куҳӣ омодааст, дар доираи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ намояд.

Аз моҳи июни соли 2009 хати заминии нурию нахии алоқаи барқӣ, ки шабакаҳои телекоммуникатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мепайвандад, мавриди истифода қарор дорад. Дар ояндаи наздик ҶСК «Тоҷиктелеком» ба нақша гирифтааст, ки лоиҳаҳои барқарории пайвасти мустақим бо тамоми шабакаҳои операторони алоқаи барқии Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро дар ҳамоҳангӣ бо мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амал татбиқ намояд.

Дар асоси Низомномаи Шўрои мутобиқсозии байнидавлатии самтҳои нақлиёти байналмилалӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки 18.06. 2003 ба имзо расидааст, дар асоси мувофиқатҳои бадастомада, омўзиши имконоти мақсаднокии сохтмони роҳҳои минтақавӣ давом дорад.

Рўзҳои 2–3 майи соли 2014 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи дуюми Гурўҳи муштараки ҳамоҳангсози Тоҷикистон, Афғонистон ва Туркманистон доир ба Лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани минтақавии Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон бо иштироки ҳайатҳои се кишвар баргузор гардид. Зимни муҳокимаи банди 2-и рўзномаи ҷаласа дар робита ба интихоби масирҳо ҷонибҳо масири “Атамурод-Имомназар-Оқина-Андхой-Шибирғон-Мазори Шариф-Хулм-Қундуз-Шерхон Бандар-Панҷи Поён-Колхозобод”-ро ба сифати масири асосӣ ва “Бешкент (Тоҷикистон)-Калдор-Хайратон

(Афғонистон) - минтақаи Койтендаги Туркманистон” ба сифати масири иловагӣ муайян намуданд.

Ҷоизи қайд аст, ки созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Бонки умумиҷаҳонӣ, Бонки осиёгии рушд, Бонки таҷдид ва рушди Аврупо лоиҳаи минтақавии “САSА-1000”-ро дастгирӣ карда, маблағҳои муайянро ҷудо намудаанд.

Ҳамкориҳо дар асоси Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба ҳамлу нақл ва транзити мусофирон ва бор (27.04.2005, Кобул) сурат мегирад. Аммо алҳол ба роҳ мондани ҳамлу нақли мусофирон аз тариқи гузаргоҳи Панҷи поён (Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва Шерхон-Бандар (Ҷумҳурии Исломии

Афғонистон) бинобар таъмин набудани амният дар роҳҳо имконнопазир гардидааст.

Тавре маълум аст, айни ҳол дар минтақаи мазкур маҳз бо мақсади ба роҳ мондани рафтуомади доимии воситаҳои нақлиёти ҳарду ҷониб корҳои таҷдиди роҳи автомобилгарди Қурғонтеппа-Дустӣ ва Дустӣ-Панҷи Поён бо суръат идома дорад.

Барои мушаххас намудани тартиби ҳаракати нақлиёт ва интиқоли борҳо бояд қонунгузории Тоҷикистон ва Афғонистон дар соҳаи мазкур ба ҳамдигар ҳамоҳанг ва мувофиқ гардонида шавад.

Айни замон байни ду кишвар парвозҳои ҳамлу нақли мусофирон аз тарафи ду ширкати ҳавопаймоии Афғонистон «Кам Эйр» ва “Ориёно”, ширкати “Сомон Эйр”-и Тоҷикистон иҷро карда мешаванд. Инчунин дар асоси шартномаи лизингӣ чархболҳои ҷумҳурӣ барои иҷора ба ҷониби Афғонистон пешниҳод гардидаанд. Ин имкон медиҳад, ки вазъи иқтисодии ширкати «Тоҷик Эйр» таъсири мусбӣ мерасонад.

Дар соҳаи мелиоратсия бо мусоидати сафорати Амрико ва кўмаки техникии Бонки Осиёгии рушд корҳои баҳодиҳии осебпазизирии соҳилҳо дар давраи баланд шудани сатҳи оби дарё, иҷрои корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар дар Панҷ анҷом дода шуданд.

Ҳамкориҳо дар соҳаи кишоварзӣ низ густариш хоханд ёфт. Дар ин бобат лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон равон карда шудааст. Дар ноҳияҳои Қумсангир, Панҷ, Қубодиён, Шаҳритус, Фархор ва Ҳамадонии вилояти Хатлон ва дар минтақаҳои сарҳадии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон барои пешгирии паҳншавии малах ва дигар ҳашароти зараррасон корҳои муштарак ҷараён доранд.

Оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи занбўрпарварӣ қайд намудан зарур аст, ки аввалин маротиба дар соли 2009 ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 130 оилаи хурди занбўри асал ба фурўш бароварда шуд. КВДЗ «Асали Тоҷикистон» изҳор намудааст, ки дар соли 2016 омода аст дар ин соҳа бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳамкорӣ намуда, маҳсулоти асал ва инчунин оилаҳои хурди занбўри асалро ба фурўш барорад.

Бояд тазаккур дод, ки тибқи замимаи 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23.10.2003 № 450 «Дар бораи тарифи гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон» молҳои истеҳсоли Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар ҳолати воридот ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо андозаи 50% боҷи гумрукӣ андозбандӣ карда мешаванд. Дар ин самт баъзе проблемаҳо ҷой доранд, ки ҳалли онҳо зарур мебошанд. Аз ҷумла дар сатҳи зарурӣ ва мушаххас ба расмият даровардани маводи аз Покистон воридшаванда аз ҷумлаи чунин масъалаҳост.

Дар соҳаи маориф ва тандурустӣ низ ҳамкориҳо ба назар мерасанд, Бояд қайд намуд, ки имрўз дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 500 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таҳсил менамоянд, ки омўзиши 50 нафари онҳо мутобиқи квота, яъне бепул сурат мегирад. Донишҷўёни афғон дар донишгоҳҳои тиббӣ, техникӣ, кишоварзӣ, низомии Тоҷикистон таҳсил менамоянд. Инчунин табибони Тоҷикистон барои табобат ва ташхиси бемориҳои шаҳрвандони Афғонистон хизмати шоиста менамоянд.

Дар консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибати кишварамон бо ин мамлакати ҳамсоя чунин арзёбӣ гардидааст: "Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори ҳарчи зудтар барқарор гардидани сулҳи пойдор дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон буда, оромӣ, амният ва суботи сиёсии ин кишвари ҳамҷаворро ҷавобгӯи манфиатҳои миллии худ медонад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳукумати Афғонистонро дар ҳалли ҳамаҷонибаи қазияи кишвар ва эҳёи иқтисодии он дар марҳалаи гузариш ба Афғонистони худкифо пуштибонӣ мекунад ва тавсеаи ҳамкориҳои гуногунсоҳаи мутақобилан судмандро бо ин кишвари дӯсту ҳамсоя бар мабнои муштаракоти таърихӣ, забонӣ ва фарҳангии миёни ду халқ аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии худ мешуморад».

Дар доираи ҳуҷҷати мазкур минбаъд ҳам ҳамкориҳои гуногунҷанбаи мутақобилан судманди дуҷониба ва бисёрҷониба тавсиа ва густариши тоза пайдо хоҳанд намуд.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба