Зеҳн

МАВҚЕИ СОҲИБКОРӢ ДАР РУШДИ ИҚТИСОДӢ

АХ
Ахбор18 ноябри 2024 · 13 дақиқа хондан

Дар мақолаи мазкур рушди соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ ва дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ таҳлилу арзёбӣ шудааст. Муаллифон нуқтаи назари гуногунро дар бораи моҳияти «соҳибкорӣ» дар илми иқтисод мавриди баррасӣ қарор додаанд. Азбаски саҳми соҳибкорӣ дар рушди иқтисодиёти ҳама кишварҳо, аз он ҷумла кишварҳои мутараққӣ, нақши муҳим мебозад, бинобар ин, дар мақола самтҳои асосии дастгирии давлатии рушди соҳибкорӣ асоснок карда шуда, инчунин барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ якчанд пешиҳод оварда шудааст.

Калидвожаҳо: соҳибкорӣ, дастгирии давлатии соҳибкорӣ, фонди дастгирии соҳибкорӣ, сармоягузорӣ, иқтисод, бонк, корхона, андоз, фоиз.

Таҳлили давраҳои таърихии иҷтимоию иқтисодии кишварҳои дунё нишон медиҳад, ки соҳибкорӣ яке аз намуди фаъолияти башарӣ мебошад, ки бевосита ба талаботи одамон, барои худнишондиҳии шахсии озод равона карда шудааст. Аз ин нуқтаи назар соҳибкорӣ аз давраҳои аввали ҷамъияти инсонӣ пайдо шудааст ва дар давраҳои гуногуни ҷамъиятӣ дар шаклҳои гуногун амал намуда, доимо омили инкишофи тамаддун гардидааст.

Агар суботи иқтисоди бозорӣ шароити мусоидро барои иштироки васеи одамон дар соҳибкорӣ муҳайё созад, аз тарафи дигар, буҳрони амиқи иқтисодиро танҳо бо тараққиёти соҳибкорӣ рафъ намудан имконпазир аст.

Асосгузори назарияи соҳибкорӣ иқтисодчии фаронсавӣ Жан Батист Сэй буда, вай фикру ақидаҳои аксари иқтисодчиён ва файласуфоне, ки дар замони ӯ зиндагонӣ мекарданд ҷамъ карда, консепсияи соҳибкориро пешниҳод намудааст.

Аз рӯи ақидаи Сэй, мақоми соҳибкорӣ пеш аз ҳама ба ҳам пайвастани омилҳои истеҳсолӣ мебошад. Аз ин нигоҳ, соҳибкориро чунин шарҳ медиҳад: «Захираҳоро аз ҳолати ҳосилнокии паст гирифта, ба ҳолати ҳосилнокии баланд ва даромаднокӣ расонидан» асоси соҳибкорист. Дар ин мафҳум мазмуни соҳибкорӣ бо маънои пуррааш оварда шудааст.

Тадқиқоти моҳияти соҳибкорӣ дар асарҳои мактаби иқтисодии олмонӣ В. Зомбарт ва М. Вебер низ дида мешаванд. Онҳо диққати асосиро ба равияҳои руҳию маънавӣ ва этикаи соҳибкорӣ доданд.

Олими дигар А. Хоскинг мафҳуми соҳибкориро ба воситаи истилоҳи «корчаллонӣ» муайян намуда, онро «фаъолияти аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ, корхона ва ё ташкилот ҷиҳати аз худ намудани боигариҳои табиӣ, истеҳсол ё ин ки харидорӣ намудан ва фурӯши молу хизмат, ҷиҳати иваз намудани онҳо бо дигар молҳо, хизмат ё ин ки пул ба манфиати тарафайни шахсон ё ташкилот» меномад.

Олими олмонӣ Фон Тюнен соҳибкорро ҳамчун навовар меҳисобад. И. Шумпетер соҳибкориро бидуни таваккал ва навоварӣ тасаввур карда наметавонад. Ба ақидаи у соҳибкор «созанда буда, амалҳои навро анҷом медиҳад, аз ҷумла: истеҳсол намудани маҳсулоти нав, ҷорӣ намудани технологияи нав, аз худ намудани бозори нави фурӯш, аз худ намудани сарчашмаҳои нави ашё ва ба амал баровардани таҷдид мувофиқи сохтори соҳа».

Мутахассиси намоёни америкоӣ П. Друкер моҳияти соҳибкориро таҳлил карда менависад, ки соҳибкорон «ҳаракат мекунанд, ки чизи нави аз кӯҳна фарқкунанда сохта, «маводро» ба «захираҳо» табдил диҳанд, ё шакли захираҳоро дигар карда, онҳоро ба захираҳои самаранок табдил медиҳанд».

Ҳамзамон бо ин, соҳибкорӣ ба навовариҳои илму техника, тағйироти талабот ва вазъи бозори ҷаҳониву минтақавӣ ба зудӣ мутобиқ шуда, дар ин замина, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазирро таъмин менамояд. Бо дарки амиқи ҳамаи ин омилҳо, Ҳукумати Тоҷикистон рушди соҳибкорӣ ва сармоягузориро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии худ эълон намудааст.

Давлат ҳама гуна шаклҳои соҳибкории пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро эътироф намуда, ба он иҷозат медиҳад.

Соҳибкорӣ тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаклҳои зерин амалӣ карда мешавад:

- бо таъсиси шахси ҳуқуқӣ, бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ;

- бо истифодаи меҳнати кироя, бе истифодаи меҳнати кироя.

Ба субъектҳои соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мансубанд:

- шахсони воқеӣ (шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд), ки ба соҳибкорӣ машғуланд;

- шахсони ҳуқуқӣ (ташкилотҳои тиҷоратии резидент ва ғайрирезидент, филиал ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ), ки ба соҳибкорӣ машғуланд.

Субъектҳои соҳибкорӣ ба намудҳои зерин ҷудо мешаванд: хурд, миёна, калон.

Дастгирии давлатии ҳама намуди фаъолияти соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», (Қонун аз 26.07.2014, №1107) ба роҳ монда шудааст. Ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақоми ваколатдори давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ амалӣ карда мешавад.

Дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар шакли ҳуқуқӣ, ташкилӣ, молумулкӣ, молиявӣ, иттиллоотӣ ва дигар шаклҳо амалӣ шуда, ба беҳтар намудани шароити соҳибкорӣ ба низоми зерин асос меёбад: бақайдгирии соҳибкорӣ, андозбандӣ, иҷозатномадиҳӣ ва иҷозатдиҳӣ, санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, бақайдгирии молу мулк, ҳисоботдиҳӣ, танзими зиддиинҳисорӣ, содда намудани амалиёти воридотию содиротӣ бо назардошти санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, қарздиҳӣ ва мораторияи санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ.

Яке аз самтҳои асосии дастгирии давлатии соҳибкорӣ, ин дастгирии молиявии субъектҳои соҳибкорӣ мебошад. Тибқи қонуни мазкур, ин шарт тариқи пешниҳоди грантҳои давлатӣ барои ташкил ва татбиқи лоиҳаҳои аҳамияти иҷтимоидошта дар соҳаҳои иқтисодиёт, пешниҳоди грантҳои давлатӣ барои рушди соҳибкорӣ дар байни занҳо, татбиқи барномаҳои махсуси сармоягузорӣ, қисман бо кафолати давлатӣ таъмин намудани қарзҳои субъектҳои соҳибкорӣ, аз ҷумла тавассути Фонди дастгирии давлатии соҳибкорӣ, ки бастаи назоратии саҳмияҳояш ба давлат тааллуқ дорад, амалӣ мегардад.

Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкорӣ» бо мақсади боз ҳам васеътар намудани дастрасии соҳибкорон ба захираҳои қарзӣ, бо супориши Президенти ҷумҳурӣ дар ҷаласаи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ таъсис дода шуд, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар сарчашмаҳо маблағгузорӣ карда мешавад. Мақсади асосии фонди мазкур дастгирии молиявии соҳибкорон ва пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок бо фоизҳои мусоид мебошад.

Ҷузъи асосии иқтисоди бозорӣ корхона маҳсуб мешавад, ки фаъолияти вай чун соҳибкорӣ ё бизнес арзёбӣ мегардад. Аз ин рӯ, афзоиши шумораи корхонаҳо дар мамлакат гувоҳи густариши доираҳои бизнес аст.

Дар мамалакатҳои мутараққии иқтисоди бозорӣ шумораи корхонаҳо рақамҳои астрономиро ташкил медиҳанд. Масалан айни замон дар ИМА тақрибан 7 млн. корхонаҳои бо шумораи коргарони камтар аз 500 нафар, аз ҷумла 6 млн. корхонаҳои бо ҷойи кори камтар аз 20 нафар, илова бар ин 18,3 млн. корхонаҳои инфиродӣ ғайрикишоварзӣ мавҷуд мебошад.

Аз мулоқоту гуфтушунидҳо бо шарикони эҳтимолии хориҷӣ бармеояд, ки таваҷҷуҳи соҳибкоронро бештар шаффофияти ба расмият даровардани фаъолият, низоми андоз, пардохтҳои гумрукӣ ва ба ҳамин монанд масъалаҳо ҷалб мекунанд.

Дар натиҷа, аз рӯи нишондиҳандаи андозбандӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба мавқеи 178-уми соли гузашта 6 зина боло баромада, дар соли 2016 мавқеи 172-юмро ишғол намуд ва 43,53%-и таҷрибаи пешқадами ҷаҳониро аз худ намуд.

Баландшавии мавқеи мамлакат аз руи нишондиҳандаи “андозбандӣ” дар баробари беҳтаршавӣ аз рӯи якчанд нишондиҳандаи дигар мавқеи мамлакатро дар ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ” 34 зина боло бурда, Тоҷикистон аз ҷои 166 ба 132 баромад ва 54,19%-и таҷрибаи пешқадами ҷаҳониро ба даст овард.

Аммо бо вуҷуди ин, дар ҳисобот афзоиши вақти барои пардохти андозҳо зарур аз 209 то 276 соат ва меъёри умумии андоз аз 80,9% то 81,8%-и фоидаи соҳибкорон ба назар мерасад.

Ҳоло он ки дар сатҳи минтақа шумораи пардохтҳои андозӣ 20,5 пардохт, вақти барои пардохти андозҳо зарур 232,7 соат ва меъёри умумии андоз 34,8%-и фоидаи соҳибкориро ташкил медиҳад.

Тибқи моддаи 252 Кодекси андоз аз 1 январи соли 2015 меъёри андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ба андозаи 50 фоиз паст карда шуда ва соли 2018 пурра хориҷ карда мешавад.

Бо назардошти он ки андози мазкур 33%-и сарбории андозиро ташкил медиҳад, пурра хориҷ намудани он ба кам кардани сарбории андозӣ барои соҳибкорон равона карда шудааст.

Тавре аз натиҷаи арзёбии ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ” бармеояд, бо вуҷуди дастовардҳои назаррас мавқеи ҷумҳурӣ аз рӯи нишондиҳандаи “Андозбандӣ” дар қиёс бо кишварҳои минтақа начандон баланд буда, идомаи мантиқии ислоҳотиро ҷиҳати беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ тақозо менамояд.

Таҷрибаи мамлакатҳои ҷаҳон гувоҳ аст, ки чи қадаре ки низоми маъмурикунонии андоз барои соҳибкорон мусоид бошад, ҳамон қадар сафи андозсупорандагон аз ҳисоби соҳибкорон зиёд шуда, буҷаи давлат ғанӣ мегардад ва ҷамъият ба пешравиҳои назаррас ноил мешавад.

Тавассути татбиқи ислоҳот фазои мусоиди соҳибкориву сармоягузорӣ фароҳам гардида, шарикии давлат бо бахши хусусӣ густариш пайдо кард ва Тоҷикистон тибқи арзёбии созмонҳои байналмилалии молиявӣ солҳои охир се маротиба ба қатори 10 кишвари ислоҳотгари пешсаф дохил гардид. Дар натиҷаи ислоҳот ва тадбирҳои амалигардида, шумораи субъектҳои соҳибкорӣ соли 2016 ба 290 ҳазор расонида шуд, ки нисбат ба 5 соли пеш 110 ҳазор зиёд мебошад.

Қайд кардан зарур аст, ки дар маҷмӯъ зиёдшавии шумораи субъектҳои соҳибкорӣ ҳамагӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ фаъолияткунанда ба назар мерасад ва агар мо соли 2015 – ро ба соли 2014 муқоиса намоем, маълум мегардад, ки нисбат ба соли гузашта 32458 нафар (адад) ё ин ки 12,944% субъектҳои соҳибкорӣ ҳамагӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ фаъолияткунанда афзудааст.

Афзоиши устувори шумораи субъектҳои соҳибкорӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ натиҷаи татбиқи босамари Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ” ва ҷорӣ намудани низоми «Равзанаи ягона» барои бақайдгирии субъектҳои соҳибкорӣ мебошад.

Ҳамзамон агар бо мақсади таҳлили амиқ бахши хусусиро гурўҳбандӣ намуда, онро ба соҳибкорони инфиродӣ (шахсони воқеие, ки фаъолияти худро бе ташкили шахси ҳуқуқӣ анҷом медиҳанд (патент ва шаҳодатнома)), хоҷагиҳои деҳқонӣ ва корхонаҳои хурд ва миёна (шахсони ҳуқуқӣ) ҷудо намоем, афзоиши нобаробари шумораи субъектҳои соҳибкорӣ ба назар мерасад.

Дар ин замина, бахши хусусӣ дар мамлакат зиёда аз 1588,6 ҳазор нафар коргаронро бо ҷои кор таъмин менамояд, ки ин зиёда аз 66,8%-и шуғли аҳолиро дар Тоҷикистон ташкил медиҳад. Тавре аз намудор маълум аст, рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар мамлакат ба афзоиши мунтазами ҷойҳои корӣ мусоидат намуда истодааст.

Бо вуҷуди дастовардҳои назаррас дар ислоҳот оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ мушкилот ҳоло ҳам ба назар мерасад ва идома додани ислоҳот дар ин самт зарур дониста мешавад.

Ҳамин тавр, монеъаҳои асосӣ дар роҳи рушди cоҳибкорӣ чунинанд:

• мавҷудияти масъалаҳои ташкилии аксуламали соҳибкории хурду миёна бо бозор ва сохторҳои давлатӣ;

• рушди нокофии зерсохтори бозории соҳибкорӣ, номукаммалии низоми андозбандӣ ва нақши ҳавасмандкунандагии он барои васеъ намудани истеҳсолот;

• тараққинокардагӣ ва номукаммалии механизмҳои молиявӣ - қарзӣ, заминаи бонкӣ ва суғуртаи таваккалҳои соҳибкории хурд;

• мавҷуд набудани механизмҳои худмаблағтаъминкунӣ (иттифоқҳои қарзӣ, ҷамъиятҳои якдигарсуғуртакунӣ ва ғ.);

• нарасидани воситаҳои молиявӣ ва кӯтоҳдастии субъектҳои соҳибкории хурд нисбат ба иқтидорҳои истеҳсолӣ ва дороии корхонаҳои сохторашон тағйирёбанда;

• мавҷуд набудани ҳифзи умедбахши иҷтимоӣ ва бехатарии соҳибкорон;

• номукаммалии заминаи меъёрӣ ҳуқуқӣ;

• мавҷудияти монеаҳои сершумори маъмурӣ дар роҳи рушди соҳибкорӣ;

• мавҷуд набудани бозорҳои рақобатӣ ва механизмҳои бозаргонӣ дар иқтисодиёт, шаффофияти баробарии низом, афзоиши сохторҳои инҳисорӣ дар бозор;

• сатҳи пасти касбият ва таҷрибаи нокофии соҳибкорон дар ташкили фаъолияти самараноки соҳибкорӣ;

• мушкилоти баҳодиҳӣ ба иттилоот ва барқароркунии алоқаҳо бо ҳарифони хориҷӣ.

Сабаби муҳими дигари тарққиёти сусти соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ ин миқдори зиёди хадамоти тафтишкунанда (сохторҳои маъмурӣ ва қудратӣ) мебошад.

Бояд қайд намуд, ки яке аз самтҳои ислоҳот оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар кишвар фароҳам овардани дастрасӣ ба захираҳои қарзӣ мебошад.

Солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бозори пешниҳоди қарзҳо, аз ҷумла қарзҳои хурд босуръат рушд карда истодааст. Ба ҳолати 1 ноябри соли 2016 тибқи маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, дар Тоҷикистон 110 низоми бонкӣ, 109 ташкилоти қарзӣ, 18 бонк, 1 филиали бонки хориҷӣ, 91 ташкилоти маблағгузории хурд, 38 ташкилоти амонатии қарзии хурд, 19 ташкилоти қарзии хурд ва 34 фонди қарзии хурд фаъолият менамоянд.

Бо вуҷуди рушди низоми бонкӣ, аз ҷумла маблағгузории хурд, фоизи қарзҳои пешниҳодшаванда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатто нисбат ба мамлакатҳои Иттиҳоди Аврупо, ки меъёри фоизи қарз аз 1,89 то 7,69 фоизро ташкил медиҳанд, хеле баланд мебошанд. Меъёри фоизи қарз дар асъори миллӣ ба ҳисоби миёна 22, 98 фоизро ташкил медиҳад. Ташкилотҳои маблағгузории дар мамлакат фаъолияткунанда аз мавқеи худ истифода намуда, аз ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ бо 5-6 фоизи солона маблағ гирифта ба аҳолӣ ва соҳибкорон бо фоизи баланд, яъне то 30 фоизи солона ва аз он ҳам зиёд қарз пешниҳод менамоянд.

Инчунин гарави амвол аз ҳад зиёд талаб карда мешавад ва то 150 фоизи маблағи қарзро ташкил медиҳад. Дар чунин ҳолат аксарияти соҳибкорон ва корхонаҳои саноатӣ кўшиш менамоянд, ки ба қарзи бонкӣ рў наоранд, зеро фоизи хизматрасонии он қобили қабул нест ва бо чунин фоизи баланд қарз гирифтан ба истеҳсолот зиён меорад.

Ҳамзамон, дар назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фонди дастгирии соҳибкорӣ бо мақсади мусоидат ба рушди соҳибкорӣ таъсис ёфтааст, аз ҷумла тавассути пешниҳоди қарзҳои дорои фоизҳои имтиёзнок. Аммо фоизҳои қарзии муассисаи мазкур 12-15 фоизро ташкил медиҳанд, ки аз нигоҳи соҳибкорон баланд мебошанд.

Соҳибкорӣ ҳамчун раванди мунтазам тараққиёбанда ба қобилияти соҳибкорӣ тавсия дода мсшавад, ки онро чун яке аз захираҳои иқтисодии ба суръати рушди иқтисодӣ, фаъолмандии сармоягузорӣ, истеҳсол ва истифодаи навовариҳои илмӣ - техникӣ таъсиррасон муайян мекунад. Ба ин мазмун соҳибкориро чун қобилияти ташкили истифодаи самараноки захираҳо ва қонеъгардонии талаботи муайяну мушаххаси бозор фаҳмидан айни мақсад аст.

Аз таҷрибаи ҷаҳонӣ маълум аст, ки соҳибкорӣ дар иқтисодиёти ҳама мамлакатҳо, аз он ҷумла давлатҳои мутараққӣ, нақши муҳим мебозад, зеро бартариҳои хусусии худро дорад.

Ҳамзамон, бо мақсади рушди бемайлони фаъолияти соҳибкорӣ ва мавқеи соҳибкорӣ дар инкишофи иқтисодӣ, дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ ва махсусан, барои беҳтар гардонидани дастрасии воситаҳои қарзии низоми бонкӣ якчанд пешниҳодҳо оварда шудааст, ки чунин пешниҳодҳоро лоиқи дастгирӣ мешуморем:

1. Таъмини имкониятҳои васеи дастрасии соҳибкорон ба воситаҳои қарзии низоми бонкӣ;

2. Паст кардани фоизи қарзҳои бонкӣ, ташкилотҳои маблағгузории хурд ва паст кардани фоизи гарави қарзҳо;

3. Баргузор намудани анҷуманҳо (бизнес - форумҳо) - и муштараки соҳибкорони Тоҷикистон ва кишварҳои алоҳида, чи дар ш. Душанбе ва чи дар хориҷа;

4. Ҳавасмандгардонӣ ва ташвиқ намудани таъсиси сохторҳои махсусгардонидашудаи ғайридавлатие, ки ба хизматрасонии таҳқиқотӣ, консалтингӣ, аудиторӣ ва дигар хизматрасониҳо барои бахши соҳибкорӣ нигаронида шудаанд;

5. Таҳия ва татбиқи барномаҳои мақсаднок дар ВАО барои инкишофи фаъолияти соҳибкорӣ ва дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ;

6. Ошкоро ва дастрас будани иттилоот дар соҳаи фаъолияти соҳибкорӣ;

7. Андешидани тадбирҳо оид ба баланд бардоштани сатҳи саводнокии ҳуқуқии соҳибкорон ва хизматчиёни давлатӣ дар минтақаҳо тавассути беҳтар намудани сатҳи огоҳӣ оид ба ҷараёни ислоҳоти иқтисодӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки дар соҳаи соҳибкорӣ қабул гардидаанд;

8. Дар раванди татбиқи имкониятҳо монеаҳои ҷиддӣ дар низоми батанзимдарорӣ ва маъмурӣ вуҷуд доранд, ки ба фаъолнокии соҳибкорӣ таъсир мерасонанд. Ин омилҳо монеаҳои асосии садди роҳи суръатбахшии раванди ҷалби сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ ва рушди бахшҳои афзалиятноки иқтисоди кишвар мебошанд. Иқтисод бояд барои ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ аз ҳисоби анҷомдиҳии тадбирҳои зарурие, ки барои кам кардани иштироки давлат дар соҳибкорӣ, паст кардани сатҳи коррупсия ва тақвиятбахшии системаи судӣ нигаронида шудаанд, ҷолибтар гардад;

9. Фароҳам овардани шароити мусоид барои сармоягузории мустақими хориҷӣ бояд омили ҳалкунанда барои таҳия ва татбиқи барномаҳои соҳавӣ ва минтақавии рушд, ба роҳ мондани шарикии байналмилалӣ миёни корхонаҳои ватанӣ ва хориҷӣ, аз он ҷумла дар соҳаи соҳибкории хурд ва миёна бошад;

10. Фаъолияти минбаъдаи мураттаб ва муназзам оид ба паст кардани монеаҳои маъмурӣ, содагардонии расмиёт, хусусан дар соҳаи иҷозатномадиҳӣ, инчунин такмилдиҳии соҳаи тафтишу назорат бо мақсади паст кардани фишор ба соҳибкорӣ ва кам кардани дахолати давлат ба фаъолияти бахши хусусӣ, ҷорӣ намудани низоми нави андозбандӣ ва имтиёзоти рақобатпазире, ки ба ҷалби сармоягузорон мусоидат мекунанд, зарур мебошад;

11. Ҳавасмандиҳои молиявӣ: пардохтани субсидияҳои ҳукуматӣ барои пўшонидани як қисми хароҷоти оғози фаъолият, пешниҳод намудани қарзҳои имтиёзнок ё кафолатҳо барои қарзҳо, таъмин намудани шароити имтиёзноки суғуртакунии давлатӣ, иштироки давлат дар сармояи саҳомӣ, ҳавасмандгардонии андўхт, таъсиси фондҳои сармоягузорӣ;

12. Рушди минбаъдаи муносибатҳои соҳибкорию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ бо кишварҳои аъзои Созмони умумиҷаҳонии савдо, Созмони ҳамкории Шанхай ва Иттиҳоди гумрукӣ низ бояд ба яке аз самтҳои асосии сиёсати иқтисодии хориҷии кишвар тадбил ёбад.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба