Зеҳн

ИҚТИСОДИ ҒАЙРИРАСМӢ ВА ТАЪСИРИ ОН ДАР БАРНОМАРЕЗИИ НИШОНДИҲАНДАҲОИ МАКРОИҚТИСОДӢ

ЗЕ
зеҳни сунъӣ18 ноябри 2024 · 15 дақиқа хондан

Дар мақола усулҳои назариявӣ ва анъанавӣ оид ба фаҳмиши иқтисоди ғайрирасмӣ ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ баррасӣ шуда, таҳлили ҷадиди баҳогузории хусусиятҳои иқтисоди ғайрирасмӣ ҳангоми банақшагирии нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ анҷом гирифтааст. Ҳамчунин, омилҳои таъсиррасон ба иқтисоди ғайрирасмӣ ошкор ва гурӯҳбандӣ шуда, роҳҳои асосии бартарафсозии онҳо пешниҳод гардидаанд.

Калидвожаҳо: иқтисодиёти ғайрирасмӣ, низоми ҳисоби миллӣ, омор, агентҳои иқтисодӣ, иқтисодиёти миллӣ.

Дар иқтисоди ҳамагуна давлат қисми ҷудонашавандае мавҷуд аст, ки онро қонунгузории амалкунанда фаро намегирад ва он бахши ниҳонист.

Бахши ниҳонии иқтисод – бахши махсусест, ки ҳамаи фаъолияти истеҳсолӣ- хоҷагидорӣ, аз ҷумла, фаъолияти тиҷоратиро дарбар мегирад ва он бо самти равонашуда, моҳият, хусусият ва намуди худ ба қонунҳои амалкунанда мухолиф буда, бо танзими сохторҳои давлатӣ фаро гирифта намешавад.

Иқтисоди ниҳонӣ дар ин ё он шакл дар ҳамаи низомҳои иқтисодӣ ба назар мерасад. Мутаассифона, тамоман аз байн бурдани он имконнопазир мебошад ва сухан танҳо сари масъалаи кам намудани ҳаҷм, аз байн бурдани намудҳои барои ҷамъият хатарноки он (тиҷорати маводи мухаддир, хариду фурӯши одамон, яроқу аслиҳа) меравад. Боиси таассуф аст, ки ислоҳоти бозаргонӣ такондиҳандаи рушди иқтисоди ниҳонӣ, пайдоиши намудҳои мухталифи он ва бад шудани ҳолати криминалӣ гардидааст.

Мувофиқи арзёбии ташкилотҳои байналмиллалии молиявӣ (Хазинаи байналмиллалии асъор) дар шароити имрӯза дар бахши иқтисоди ғайрирасмии ҷаҳон ҳар рӯз тақрибан 8 триллион доллари ИМА арзиши иловашуда истеҳсол гардида, дар ҳисоботҳои муҳосибии корхонаҳо ва мақомоти оморӣ ба қайд гирифта намешаванд.

Масалан, гуруҳе аз муаллифон бар ин ақидаанд, ки “ба бахши ғайрирасмии иқтисоди махфӣ корхонаҳое тааллуқ доранд, ки бо фаъолияти мамнӯъбуда ва ё ғайрирасмӣ иҷозатёфта, масалан, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, истеҳсоли ғайриқонунии яроқ ва савдои он, фоҳишагарӣ ё худфурӯшӣ, хариду фурӯши одамон, роҳзанӣ ва ғайра машғуланд”.

Ё худ – “иқтисоди ғайрирасмӣ фарогирандаи намудҳои мухталифи фаъолияти иқтисодӣ буда, амаликунандаи ҳам иттиҳодияҳои бахши иқтисодӣ ва ҳам хоҷагиву корхонаҳои инфиродӣ, ки ба гирифтани фоида дар шароити бозаргонӣ равона шудааст, мебошад”.

Муаллифи дигар зери истилоҳи иқтисоди ғайрирасмӣ « … тарзи муносибатҳои иқтисодие, ки бо танзими сохторҳои давлатӣ фаро гирифта нашудааст ва берун аз чаҳорчӯбаи қонун мондааст” мефаҳмад.

Дар кишварҳои хориҷа иқтисоди ғайрирасмиро ҳамчун як бахши алоҳидаи аз бахши иқтисоди расмӣ ҷудо баррасӣ менамоянд. «Дар тадқиқотҳои иқтисоди ғайрирасмӣ дар мамлакатҳои пешрафта ва рӯ ба тараққӣ, одатан, иқтисоди ғайрирасмӣ ва расмиро алоҳида-алоҳида, ҳамчун ду самти аз якдигар вобастанабуда баррасӣ мекунанд».

Тавре мушоҳида мегардад, иқтисоди ғайрирасмӣ ҳамчун категорияи иқтисодӣ падидаи басо душвор буда, тадқиқоти он, муайян намудан ва баҳогузорӣ карданаш низ мушкил аст. Кӯшишҳои пайвастаи муҳаққиқон оид ба маълум намудан ва тарҳрезӣ намудани он таи даҳсолаҳо идома дорад.

Дар маҷмуъ метавон якчанд муносибатҳои муайян кардани онро бар пояи унсурҳои асосии мушаххаскунандаи он мушоҳида кард:

- унсури ҳуқуқӣ - дар зери иқтисоди ғайрирасмӣ фаҳмида мешавад фаъолияти иқтисодие, ки берун аз чаҳорҷӯбаи қонунгузорӣ амалӣ карда мешавад. Аз ин лиҳоз, роҳи мазкур муайянкунандаи қоидаҳои ҳуқуқӣ нисбат ба иқтисоди ғайрирасмӣ мебошад;

- унсури иқтисодӣ – иқтисоди ғайрирасми ҳамчун фаъолияти иқтисодии зараровар, ки зиён ба ҷамъият меоварад ва қонунан манъ шудааст, фаҳмида мешавад;

- унсури иқтисодӣ-иҷтимоӣ – иқтисоди ғайрирасми ҳамчун як фаҳмиши васеъ баррасӣ мекунанд, ки аз қисматҳо иборат буда, аз сатҳи расмияти амалиёти хоҷагӣ фарқ мекунад;

- унсури институтсионалӣ - зери мафҳуми иқтисоди ғайрирасмӣ фаъолияти агентони иқтисодӣ фаҳмида мешавад, ки тасниф кардани ҳуқуқи моликият ва мубодилаи ғайрирасмиро бе иштироки давлат амалӣ мекунанд;

-унсури оморӣ маънидод мекунад, ки иқтисоди ғайрирасмӣ фаъолияте мебошад, ки аз омори расмӣ пӯшида аст, яъне берун аз системаи ҳисоби давлатӣ қарор дорад. Самти мазкур аз ҷониби мутахассисон дар доираи Низоми ҳисоби миллӣ бо мақсади бозҳам дақиқтар ҳисоб намудани нишондиҳандаҳои макроиқтисодии хоҷагидории миллӣ пешниҳод мешавад.

- унсури амалиётӣ-иқтисодӣ намунаи дар амалия нишон додани роҳи амалиётӣ-иқтисодӣ ин консепсияи ҳисобӣ-оморӣ мебошад, ки дар он критерияи асосии ҷудо намудани падидаи иқтисоди ғайрирасмӣ ин ба инобат гирифта нашудан аст, яъне қайд нагардидан аз тарафи омори давлатӣ.

Ба андешаи мо, аз ҳама наздиктар консепсияи оморӣ дар асоси методологияи Низоми ҳисоби миллӣ мебошад. Мафҳуми иқтисоди ғайрирасмӣ дар натиҷаи ҳисоби аниқи ҳама намуди фаъолиятҳо, таъмини амиқи саҳми он дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба назар гирифта мешавад.

Аз ин хотир, ба назари мо, аз куллӣ истилоҳот барои иқтисодиёти

Тоҷикистон "informal economy" - "иқтисоди ғайрирасмӣ" ба мақсад мувофиқ мебошад.

Дар мутобиқат ба методологияи Низоми ҳисоби миллӣ падидаҳои иқтисоди ғайрирасмӣ ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд:

- самаранокии намудҳои фаъолият, ки натиҷааш дар таркиби маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳисоб гирифта мешавад;

- ғайрисамаранокии намудҳои фаъолият, ки натиҷааш дар таркиби маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳисоб гирифта намешавад ва дар ҳисобҳои махсус барои паст намудани камбудиҳои оморӣ дарҷ карда мешавад.

Афзалияти унсури мазкур дар имконияти баҳодиҳии қисми ниҳонии истеҳсолоти фаъолияти иқтисодӣ дар асоси методологияи Низоми ҳисоби миллӣ ва истифодаи натиҷаи бадастомада дар таҳияи дурнамоҳои иқтисодӣ мебошад. Ҳамзамон, натиҷаи ҳисоби иқтисоди ғайрирасмӣ бо истифодаи методологияи Низоми ҳисоби миллӣ маълумоти бисёр муфид барои тартиб додани дурнамои сиёсати иҷтимоӣ-иқтисодӣ, алалхусус, барои Ҷумҳурии

Тоҷикистон аст, ки назорати иқтисоди ғайрирасмӣ низ ба категорияи иқтисодӣ-сиёсӣ табдил ёфтааст.

Ҳамзамон, бояд зикр намуд, ки усули мазкур аз камбудиҳо холӣ нест.

Зеро дар доираи консепсияи Низоми ҳисоби миллӣ наметавон ба ҳадди зарурӣ андоза, таркиб ва нуфузи иқтисоди ниҳониро, ки бо истеҳсоли воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ алоқаманд нест, ҳисоб намуд.

Инчунин, гурӯҳи қонунвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои иқтисодие мавҷуданд, ки ба онҳо бо методологияи мазкур наметавон баҳои миқдорӣ дод ва ин дар ҳолест, ки таъсири онҳо ба ҳаҷми умумии Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ метавонад назаррас бошад.

Мушкилии дигари ҷиддӣ дар рафти истифодабарии усули мазкур метавонад нобудӣ ё номукаммалии махзани маълумоти оморӣ бошад.

Масалан, дар маълумотҳои ҷамъбастии омори солона андозаи иқтисоди ғайрирасмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон паст нишон дода шудааст, зеро

Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар сабаби набудани маълумот ҳангоми ҳисобкунии Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ таъсири омилҳои берунаро ба инобат намегирад. Бо такмили минбаъдаи низоми ҳисоботдиҳии иттилоотӣ услуби оморӣ метавонад барои баҳодиҳии ҳиссаи иқтисоди ғайрирасмӣ дар истеҳсолот ва дар истеъмолот беҳтару хубтар истифода гардад.

Ба назари мо, "иқтисоди ғайрирасмӣ" (informal economy) қисмати ниҳонӣ ё мушоҳиданашавандаи иқтисоди миллист, ки аз фаъолияти иқтисодие таркиб ёфта, мутобиқи талаботи Низоми ҳисобҳои миллӣ (СНС) бо сабабҳои номаълум баҳогузорӣ карда намешавад.

Одатан, ба таркиби он се категорияи зерини фаъолияти иқтисодӣ шомиланд:

- Фаъолияти иқтисодии аз ҷониби мақомоти андоз ва омор ба ҳисоб нагирифтае, ки бо пешниҳоди маълумоти қасдан таҳрифшудаи молиявӣ ва ҳисобдорӣ бо мақсади канораҷӯӣ аз пардохти андозҳо, пардохтҳои таъиноти иҷтимоӣ, пардохтҳои ҳатмии давлатӣ, инчунин, сарфи назар намудани талаботу қоидаҳои маъмурӣ (масалан, қоидаҳои литсензиякунонӣ ва сертификаткунонӣ) алоқамандӣ доранд;

- Фаъолияти иқтисодии аз ҷониби мақомоти омор ва назораткунанда ба ҳисоб нагирифтае, ки бо фарзияи ночиз ё камтаъсир будани андозаи онҳо иртибот дорад. Аз ҷумла, ба шумори ин фаъолият - истеҳсоли молҳо ҷиҳати истеъмоли ниҳоии худӣ, инчунин, даромад аз табодули мол ва пардохти музди меҳнат дар ифодаи молӣ шомиланд.

- Фаъолияти иқтисодии бо ҷинояткорӣ ва қонунвайронкуниҳо алоқаманд, ки аз ҷониби мақомоти омор ва назораткунанда ба ҳисоб гирифта нашудааст.

Бо назардошти мақсад ва вазифаҳои гузошташуда мо муносиб шуморидем, ки категорияи сеюм сарфи назар карда шавад, зеро мониторингу арзёбии ин категория ҳамарӯза дар назорати мақомоти махсуси давлатӣ қарор дорад ва корҳои назаррасе низ дар ин самт анҷом дода шуда истодааст.

Ҷиҳати арзёбии унсури аввал, мо аз натиҷаи пурсиши аз ҷониби

Маркази тадқиқотии "Шарқ" гузаронидашудаи ширкатҳои тиҷоратии дар

Тоҷикистон ба қайд гирифташуда, истифода намудем.

Унсури дуввум, мутобиқи натиҷаи пурсиши хонаводаҳо, ки аз ҷониби ширкати зикршуда пешниҳод гаштааст, арзёбӣ мегардад.

Суоли матраҳ ин аст, ки мақсад аз арзёбии андозаву миқёси "иқтисоди ғайрирасмӣ" дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чист ва кам кардани ҳаҷми он чӣ манфиате дорад?

Бояд зикр намуд, ки дар шароити имрӯзаи зудтағйирёбандаи иқтисоди ҷаҳонӣ барои чунин иқтисодиётҳои хурду кушоде чун иқтисоди миллии Тоҷикистон зарурати арзёбии фаврии омилҳои берунатаъсир ва ҳисобу китоби аниқи дороиҳову захираҳои мавҷуда мубрамияти хос касб мекунад.

Аз ин рӯ, мавҷудияти иттилооти дақиқ, низоми муосири баҳисобгириву ҳисобдорӣ, нишондиҳандаҳои дақиқи оморӣ имкон медиҳанд, ки имиҷи байналмиллалии кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ беҳтар гардида ҷолибияти он барои сармоягузории хориҷӣ ва тавсиаи иртиботи иқтисодии байнидавлатӣ афзун гардад. Ҳамзамон, расмикунонии "иқтисоди ғайрирасмӣ" ҷомеаро аз омилҳои номатлубе чун "коррупсия", "суиистифода аз мансаб" раҳо бахшида бо назардошти фароҳамоварии шароити баробари рақобатӣ дар бозор барои рушди бахши хусусӣ, афзуншавии пояи андозбандишавандаи иқтисод ва дар маҷмӯъ, ба рушди некӯаҳволии мардум мусоидат мекунад.

Бояд қайд кард, ки мутобиқи ҳисоботҳои Агентии омори назди Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон сатҳи иқтисоди ғайрирасмӣ бо усули ғайримустақим

(тадқиқотҳои оморӣ) муайян карда мешавад. Мутаассифона, маълумотҳои омории мавҷуда имкон намедиҳанд, ки сатҳи иқтисоди ғайрирасмӣ ба таври зарурӣ муайян ва ҳисоб карда шаванд.

Усули мазкур ҳаҷми иқтисоди ғайрирасмиро танҳо аз рӯи шуғл ва номутобиқатӣ бозҳисоб намуда, воқеияти вазъро дар сатҳи иқтисоди миллӣ бозгӯ намекунад. Баъдан, ин нишондиҳанда барои омор бе таҳлили сабабу натиҷаҳои он, танҳо ба хотири тасҳеҳи нишондиҳандаи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ истифода мегардад.

Аз ин рӯ, истифодаи ин маълумот ҷиҳати гузаронидани ислоҳоти зарурӣ барои коҳиш додани сатҳи он дар иқтисоди миллӣ мувофиқи матлаб нест.

Лозим ба ёдоварист, ки аз ҷониби Маркази тадқиқотии “Шарқ” дар соли 2007 доир ба иқтисодиёти ғайрирасмӣ тадқиқот гузаронида шуда буд, ки он вақт ҳиссаи иқтисодиёти ғайрирасмӣ (андозҳои баҳисоб гирифтанашуда) дар ММД 33,3 фоизро ташкил дода буд ва тибқи тадқиқоти соли 2015 бошад, ин нишондод барои ММД- и соли 2014 то ба 17 фоиз кам шудааст.

Дар натиҷаи пурсишҳо маълум гардид, ки 87,0 фоизи шахсони ҳуқуқӣ баъди соли 2000, аз ҷумла, 29,8 фоиз ташкилотҳои хусусии инфиродӣ, 54,0 фоиз корхонаҳои шарикӣ, 14,0 фоиз ташкилотҳои кооперативӣ ва 2,2 фоиз дигар намуди ташкилотҳо ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд. Аз корхонаҳои бақайдгирифташуда 98,8 фоизро корхонаҳои шахсӣ ташкил медиҳанд.

Корхонаҳои шахсӣ Корхонаҳои шарикӣ Ҳамагӣ 100,0 Бояд тазаккур дод, ки қисми зиёди корхонаҳои дар ҷумҳурӣ фаъолиятдошта, корхонаҳои хурд буда, дар 64,8 фоизи онҳо ҳаҷми солонаи даромад 500,0 ҳазор сомониро ташкил медиҳад ва дар 54,5 фоизи онҳо бошад камтар аз 20 нафар кормандон кор мекунанд.

Бояд зикр намуд, ки тадқиқоти соли 2015 анҷомдодашуда аз зовияи ба муомилоти расмӣ ворид намудани фаъолияти иқтисодии ғайрирасмӣ бо назардошти бад-ин васила афзунсозии заминаҳои андозбандишавандаи иқтисоди миллӣ сурат гирифта, пурсишномаи он се ҷанбаи асосиро дар бар гирифтааст:

- таҳлили фазои ҳуқуқии низоми андозбандӣ ва иҷозатномадиҳӣ;

-таҳлили пардохтҳои ғайрирасмӣ аз ҷониби субъектони хоҷагидор;

-таҳлили монеаву омилҳои рушди фаъолияти субъектони хоҷагидор ва хонаводаҳо.

Таҳлили ҷавобҳои пурсишномаҳо шаҳодат медиҳанд, ки новобаста аз корҳои муайяни назаррас дар самти сиёсати фискалии давлат ҳанӯз сатҳи баланди меъёрҳои андоз, усулҳои маъмурикунонии он ҳамчун яке аз омилҳои асосии ғайрирасмӣ фаъолият намудани соҳибкорон боқӣ мемонад.

Бо мақсади боз ҳам беҳтар гардонидани вазъи иқтисоди миллӣ ва коҳиш додани таъсири манфии иқтисоди ғайрирасмӣ андешидани тадбирҳо дар самти андозбандӣ зарур арзёбӣ мегардад:

- гузаронидани таҳлили ҳамаҷониба ва ташхисӣ аз нуқтаи назари илмӣ асоснокшудаи меъёрҳои андозҳо, норасоиҳо ва камбудиҳо бо ҷалби намояндагони бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ;

- бо мақсади баланд бардоштани саводнокии молиявии кормандони мақомотҳои салоҳиятноки далватӣ дар ин соҳа гузаронидани семинар - машваратҳо;

- мунтазам барпо намудани семинару машваратҳо вобаста ба андозбандии фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ дар минтақаҳои ҷумҳурӣ;

- ба роҳ мондани механизми ҳавасмандгардонии андозсупорӣ ва фаъолияти кормандони андоз ҳамчун машваратчии андозсупорандагон ва ғайра.

Бояд қайд кард, ки ба хотири кам кардани пардохтҳои расмиву ғайрирасмӣ роҳбарони субъектҳои хоҷагидор бо роҳи сунъӣ дар ҳисоботҳои молиявии худ даромади воқеиро кам ва хароҷотҳоро беш нишон дода, дар интиҳо маълумотҳои омории Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро таҳриф менамоянд. Дар расми боло маълумоти аз ин тадқиқот ба даст омадаро мушоҳида метавон кард, ки тахминан чанд фоиз андозҳоро роҳбарони корхонаҳо ба буҷаи давлатӣ намесупоранд. Тавре маълум мегардад, метавон баҳо дод, ки соли 2014 андозаи иқтисодиёти ғайрирасмӣ ба андозаи 17 фоизи

Маҷмӯи маҳсулоти дохилии тавлидшудаву ба ҳисоб гирифтанашударо

(муодили ҳаҷми андоз аз арзиши изофа – 17%, зеро дигар андозҳо дар ММД ба ҳисоб гирифта мешаванд) ташкил дод.

Дар соли 2014 аз ҳисоби пардохтҳои андоз аз арзиши иловашуда ба

Буҷети давлатӣ 4913,7 млн. сомони маблағ ворид гардидааст. Бояд қайд кард, ки аз ҳисоби пардохт нагардидани андоз аз арзиши иловашуда дар ҳаҷми 17 фоиз ба Буҷет 835,3 млн. сомонӣ маблағ ворид нагардидааст. Дар маҷмӯъ дар соли 2014 аз ҳисоби пардохти андоз аз арзиши иловашуда бояд ба Буҷет 5749,0 млн. сомонӣ ворид мешуд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки ҳангоми дар ҳаҷми 17 фоиз пардохт нагардидани андоз аз арзиши иловашуда ба Буҷети давлатӣ 5,7 фоиз ва ба

ММД 1,8 банди фоизӣ таъсири манфӣ мерасонад.

Таҳлили пардохтҳои ғайрирасмӣ аз ҷониби субъектони хоҷагидор нишон медиҳад, ки новобаста аз коҳиш ёфтани миқёсу шумораи ҷиноятҳои ришваситонӣ, шаклҳои нави ин падидаи номатлуб монеаи асосии оғоз ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ гаштааст. Маҳз, гурӯҳи дигари чунин омилҳоро иштирокчиёни пурсиш сабаби дар ҳолати ғайрирасмӣ фаъолият бурдани худ нишон додаанд.

Аз 500 топ-менеҷери ширкатҳои бо пурсиш фаро гирифташуда 255 нафарашон (51%) эътироф намуданд, ки соҳибмулкон ё мудирони ширкатҳояшон ҷиҳати ҳалли масъалаҳои бо сохтмон (30,6%), хариди захираҳои молӣ-моддӣ (38,8%), ҷудо ё вобаста намудани қитъаи замин

(13,3%) алоқаманд ба хизматчиёни давлатии сатҳи гуногун дар шаклҳои мухталиф (пардохтҳои пулӣ ё ғайрипулӣ, ҳадя, ягон намуди хизмати ройгон, хайрияи маҷбурӣ) пардохти ғайрирасмӣ амалӣ сохтаанд.

Дар қисмати шаҳодатнома ва иҷозатномадиҳӣ бояд корҳои зерин ба анҷом расонида шавад:

- таҳлили меъёрҳои қонунгузорӣ дар соҳаи иҷозатномадиҳӣ нишон медиҳад, ки зарурати кам намудани шумораи намуди фаъолиятҳое, ки ба воситаи иҷозатнома фаъолият доранд, бо истиснои фаъолиятҳое, ба амнияти ҷамъиятӣ ва саломатии аҳолӣ хатар надоранд, ба монанди туризм, нархгузории амволи ғайриманқул, боркашонӣ ва фаъолияти адвокатӣ ва ғайра.

Бояд ба таври ниҳоӣ (максималӣ) шаффофият ва соддагардонии тартиб ва раванди додани иҷозатнома баланд бардошта шавад, аз ҷумла, ба воситаи:

-нашри саривақтии талаботҳои иҷозатномадиҳӣ;

-мураттабсозии раванд ва тартиби пардохти боҷи (ҳаққи) иҷозатнома ва ҳисоби арзиши иҷозатнома;

- муайянсозии сабаби рад кардан ҳангоми додани иҷозатнома ва қатъ кардани амали иҷозатнома;

- ба роҳ мондани ҳамкориҳои сохторҳои давлат бо бахши хусусӣ дар самти муайян намудани иҷозатномаҳо, ки гирифтани онҳо аз нуқтаи назари соҳибкорон мушкилии зиёд дорад;

Ҳамзамон, бо омилҳои зикршуда тахлили пурсишномахо нишон дод, ки гуруҳи омилҳои дигаре низ мавчуданд, ки барои рушду фаъолияти ошкори субъектҳои хоҷагидор ва хонаводаҳо монеа мегарданд.

Дар баробари ин, қайд намудан бамаврид аст, ки қариб 61% - и ҳамин менеҷерон иқрор шудаанд, ки дар корхонаҳояшон муҳосиботи ҷавобгӯи стандартҳои байналмиллалиро (IAS) ҷорӣ накардаанд ё аз ин масъалаҳо умуман иттилоъ надоранд.

Тибқи тадқиқотҳои гузаронидашуда мушкилоти асосие, ки корхонаҳоро бо роҳи пинҳонӣ фаъолият намудан водор месозад, аз инҳо иборат мебошанд;

- меъёри зиёди баъзе намуди андозҳо, пардохтҳои иҷтимоӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ;

- гарон будани пардохт барои гирифтани иҷозатнома, шаҳодатнома, патент ва ғайра;

- тафтишҳои беасоси такрорёбанда аз ҷониби мақомотҳои назораткунанда, аз қабили мақомоти андоз, мақомоти ҳифзи муҳити зист, меъморӣ ва сохтмон ва ғайраҳо;

- пардохтҳои ғайрирасмӣ ҳангоми хизматрасониҳо барои гирифтани иҷозатнома ва дигар ҳуҷҷатҳои лозимӣ барои кушодани корхонаи шахсӣ аз ҷониби мақомоти андоз, мақомоти зиддисӯхторӣ ва дигар мақомотҳои иҷозатномадиҳанда;

- ҷалб намудани соҳибкорон аз ҷониби хизматчиёни давлатӣ барои пардохти маблағҳои ғайрирасмӣ барои доир намудани чорабиниҳои давлатӣ;

- дастрас ва оммафаҳм набудани маълумотҳои ҳуқуқӣ доир ба соҳаи андозбандӣ, батанзимдарории соҳаи бахши хусусӣ ва ғайраҳо;

- фарқияти қурби асъорӣ ҳангоми муносибатҳои қарзию хизматрасонӣ бо ташкилотҳои қарзӣ;

- сарбории иловагӣ ҳангоми пардохтҳои расмию ғайрирасмӣ.

Хотиррасон бояд шуд, ки омилҳои дар боло зикргардида, корхонаҳоро ба он водор менамояд, ки ҷиҳати кам кардани сарборӣ оид ба пардохтҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ як қисми фаъолияти худро бо роҳи пинҳонӣ ба роҳ монанд.

Бинобар ин, бо мақсади боз ҳам беҳтар гардонидани вазъи иқтисоди миллӣ ва пешгирии таъсири манфии иқтисоди ғайрирасмӣ амалӣ намудани тавсияҳо ва пешниҳодҳои мазкур оид ба коҳиш додани ҳиссаи иқтисоди ғайрирасмӣ ба мақсад мувофиқ мебошад:

- Таҳия намудани “Барномаи барасмиятдарории иқтисоди ғайрирасмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020”; (бояд зикр намуд, ки чунин барнома дар Ҷумҳурии Қирғизистон барои солҳои 2007-2010 таҳия ва қабул шудааст);

- Таҳия намудани методологияи нав, аз ҷумла, модели нави ҳисоби

(ченкуни) сатҳи иқтисоди ғайрирасмӣ ба монанди модели MIMIX;

- Муайян намудани ҳисоб чандирӣ (эластичность) ҳангоми ба миқдори муайян коҳиш додани андоз аз арзиши иловашуда ва андози иҷтимоӣ ба ҷамъоварии андозҳо аз даромади воқеии корхонаҳо; (ҳангоми гузаронидани чунин таҷриба дар Ҷумҳурии Қирғизистон муайян гардид, ки дар мавриди 1 фоиз коҳиш додани андоз аз арзиши иловашуда супорандагони андоз то ба

1,74 фоиз зиёд гардид, ки дар маҷмӯъ ба Буҷет 0,75 фоиз зиёд маблағ ворид гардид, инчунин, 1 фоиз коҳиш додани андози иҷтимоӣ бошад 2,35 фоиз супорандагони андоз ва 1,13 фоиз маблағҳо зиёд шуданд)

- Пурра ҷорӣ намудани ҳисоби стандартҳои байналмилалии ҳисоботҳои молиявӣ дар корхонаву ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият;

- Бо мақсади беҳтар намудани ҷамъоварии пардохтҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири электронии пардохт ва зиёд намудани ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар муҳлатҳои муқарраргардида иҷро намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҷамъоварии пардохтҳо” ва “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббарробаркунии ғайринақдӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ” аз 25 сентябри соли 2015, №593;

- Баҳисобгирии миқдори пулҳои нақдӣ дар муомилот, ҷорӣ намудани низоми хариди давлатӣ, пардохтҳои давлатӣ, андозҳо, ҷарима ва ҷамъовариҳо танҳо ба воситаи низоми бонкӣ.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба