Зеҳн

Тадқиқоти истеъмолкунандагон

ЗЕ
Зеҳн18 ноябри 2024 · 17 дақиқа хондан

Дар ҷараёни гузариш ба муносибатҳои бозорӣ тағйироти бозор ба вуҷуд омад, ки мавқеи ҳукмрониро дар бозори истеъмолкунанда истеҳсолкунанда ишғол намуд. Сиёсати анъанавии фуруш сифатан тағйир меёбад ва ҷои шиори «мефурушем ҳар он чи, ки истеҳсол карда тавонистем» -ро шиори «истеҳсол менамоем, ҳар он чизеро, ки фурухта метавонем» иваз менамояд. Асос барои ташкили бизнес омўзиши истеъмолоти бозор ва коркарди нақшаҳо оиди қонеъгардонии он ба шумор меравад. Шакли калидии идоранамоӣ ташкилоти тиҷоратӣ маркетинг мебошад..

“Маркетинг – ин низоми нақшавии идоракуни ва ташкили фаъолияти истеҳсолӣ ва тиҷоратии фирма ба ҳисоб рафта ба тақозои бозорӣ нигаронида шудааст”.

Филип Котлер маънидоди дигари маркетингро пешниҳод намудааст: ”Маркетинг – намуди фаъолияти инсонӣ буда, бо мақсади қонеъсозии талаботи истеъмолгарон дар асоси мубодила ба роҳ монда мешавад.

Мақсади маркетинг аз руи ақидаи яке аз назариётдони намоён аз руи масъалаҳои маркетингӣ Пётр Друккер – ин “кушиш намудан барои фуруши чизҳои нолозим мебошад. Мақсади вай мизоҷро нағз шинохта ва нағз омухтан мебошад, ки ин мол ва ё хизмат ба у мувофиқ буда, худаш фурушашро таъмин менамояд”.

Барои он, ки мол дар бозор нағз ҳаракат намояд, зарур аст бозор ва омилҳои ба рафтори истеъиолкунанда таъсиррасонандаро нағз омўхт. Бо ин мақсад дар илми маркетинг як қатор принсипҳо ва мафҳумҳо ҷорӣ карда шуд ба монанди бозори истеъмолгарон, рафтори истеъмолгарон, тақсимбандии бозор, ҷойгиркунонии молҳо ва ғайраҳо.

Мақсади асосии навиштани кори курсӣ дар омўзиши категорияҳои дар боло номбаршуда, инчунин таҳлили вазъи иқтисодӣ ва фўруши бозорҳо ба шумор меравад.

1. Мафҳум ва моҳияти омўзиши рафтори истеъмолкунандагон

Корхона, фирма дар ҳолати нодида гирифтани хоҳиши хариорон наметавонад натиҷаи дилхоҳро ноил гардад. Бинобар он бесабаб нест, ки вобаста ба ин дар доираи маркетинг оиди рафтори харидорон тадқиқот гузаронида мешавад. Рафтори харидор ин амалест, ки аз дастраснамоӣ, истеъмол ва тақисми молхо, инчуни ҷараёни қабули қарорҳо таркиб ёфтааст, ва минбаъд шахс мувофиқи он амал менамояд.

Чор усули асосии маънидоди рафтори харидорон вуҷуд дорад:

харидор мустаъкил аст;

ангеза ва рафтори харидор дар натиҷаи тадқиқот муайян карда мешавад;

ба рафтори харидор метавон таъсир расонид;

рафтори истеъмолкунанда иҷтимоан қонуни мебошад. потребительское поведение социально законно.

Ба рафтори харидорон омилҳои гуногун таъсир мерасонад, аз ҷумла омилҳои муҳити беруна, инчунин фарқияти инфироди дошта; даромад, ангезаҳо, сатҳи зиндагӣ, завқ ва машгулят, тарзи ҳаётгузаронӣ, хусусиятҳои демографӣ ва ғайраҳо. Мавқеи мухимро дар таркиби рафтори харидорон дар бозор ҷараёни психологӣ ташкил медиҳад, ки маҳз он реаксияи харидорро нисбати интихоб муайян менамояд.

Дар баробари ин озодии харидор аз руи як қатор ҳуқуқҳои вай асос меёбад, ки риояи он натанҳои вазифаи ҷамъият дар умум, балки вазифаи ҳар як корхона дар алоҳидагӣ ба шумор меравад. Иҷтимоан қонунӣ будани ҳуқуқҳои харидор ҳамчун кафолати ҳамаҷониба қонеъгардии талаботҳои вай хизмат менамояд. Фиреб, сифати пасти молҳо, мавҷуд набудани ҷавоб ба арзҳои қонунии истеъмолкунанда, таҳқир ва амалҳои ба ин монанд поймол кардани ҳуқуқи харидорон ба ҳисоб меравад ва қонунан бояд ба ҷавобгари кашида шавад.

Ба сифати истеъмолкунандаон дар бозор харидорони интиҳои инчунин корхонаҳо – истеъмолкунандагон баромад мекунанд. Истеъмолкунандагони аввалин ин – шахсон (истеъмолкунандагони инфиродӣ), оилаҳо, хоҷагиҳои хонагӣ (як ва ё якчанд оилаҳо); дуюм бошад – корхонаҳои истеҳсолӣ, ташкилотҳои ба савдои яклухт ва чакана, муасисоти давлатӣ ва дигар муасисаҳои ғайритиҷоратӣ ба шумор мераванд.

Истеъмолкунандагони интиҳои молу хизматхоро бо мақсади истеъмолот харидорӣ менамонд. Ширкатҳо ва корхонаҳои саноатӣ бошад молу хизматхоро бо максади истехсол ва фурўши он ба ба дигар истеъмолкунандагон харидорӣ менамоянд.

Низоми истеъмолоти шахсии харидорони интиҳоӣ. Рафтори харидорони интиҳои пеш аз ҳама аз руи хусусиятҳо худи онҳо муайян карда мешавад. Низоми муайяни талаботҳои шахсӣ вуҷуд дорад, ки онҳоро дар сатҳи гуногун дида баромадан мумкин аст.

Низоми талаботҳои шахсӣ. Талаботҳои мутлақ (сатҳи аввал) абстракти буда, нисбат ба талаботҳои мушаххас дараҷаи иқтидорноки талаботҳои ҷомеаро инъикос менамояд.

Талабот ба хурок, манзил, инкишофи руҳӣ дар ҳама давраҳои ҳаёти инсонӣ вуҷуд дошта, мақсади истехсолотро ташкил медиҳад.

Талаботҳои воқеъӣ (сатҳи дуюм) хислати нисбӣ дошта, талаботҳои аҳолиро ба чизҳои воқеъӣ иникос менамояд. Онҳо ҳама вақт таркиби ҷисми дошта, ҳамчун молҳои мушаххас дар истеҳсолоти модди истеҳсол карда мешаванд ва ҳамчун қувваи ҳақӣқии талаботи ҷамъиятӣ дониста мешавад.

Талаботҳои пардохтпазир (сатҳи сеюм) натанҳо аз руи камчинии мол маҳдуд буда, балки аз руи дараҷаи даромадҳо ва нархҳо низ маҳдуд аст. Бинобар ин онҳо фаразан амалишавии талаботи ҷамъиятиро иникос менамоянд. Яъне сатҳи дастраси қонеъгардии талаботҳои мутлақ ва воқеъӣ ба он неъматҳо ва имкониятҳое, ки дар айни замон ҳамчун натиҷаи инкишофи ҷамъиятӣ вуҷуд доранд. Тамсилаи рафтори истеъмолкунанда.

Дар гузашта шахсони дар бозор фаъолияткунанда мекушиданд, истеъмолкунандагони худро аз руи дар иртиботи ҳаррўза доштан бо онҳо омўзанд. Лекин афзоиши ҳаҷми фирмаҳо дар бозор мудирони маркетингиро аз мизоҷонашон маҳрум гардонд. Ҳоло бошад онҳо нисбат ба пештара барои омўзиши он ки, ки чиро ва барои чи мехарад кушиши бештар менамоянд.

Саволи асоси дар он меистад: ки истеъмолкунандагон ба чораҳои ҳавасмандкунандаи маркетингие, ки фирма оиди тавсифи молҳо, нархгузорӣ, таблиғ ва монанди онҳо пешниҳод мекунад чи тавр муносибат менамоянд, Барои ҳамин ҳам фирма ва кормандони илмӣ оиди пешниҳодҳои маркетингӣ ва ҷавоб ба онҳо аз ҷониби истеъмолкунандагон кушишҳои зиёд ба харҷ медиҳанд. Дар он дида мешавад, ки омилҳои ташвиқкунандаи маркетингӣ ва дигар ангезандаҳо чи гунна ба «қуттии сиёҳ»-и идроки харидор ворид мешаванд ва инкори худро меёбанд.

Тадкиқоти истеъмолкунанда дар низоми маркетинг омўзиши маҷмуи омилҳои водоркунандаеро талаб менамояд, ки истеъмолкунандагон ҳангоми интихоби мол ба он такя менамоянд. Ин омилҳо хусусияти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва психологӣ доранд.

Ҷараёни тамсилабандии истеъмолкунандагони охирин дар якчанд марҳила амалӣ карда мешавад. Дар марҳила аввал пайдоиши талабот ба ин ё он мол тадқиқ карда мешавад. Истеъмолкунанда метавонад шахс, оила ва хоҷагии хонаги ба ҳисоб равад. Молҳоро низ аз руи хусуияти истеъмолиашон фарқ мегузоранд (якбора истеъмолшаванда ва истифодаашон тулонӣ), вобаста ба зарурияти истеъмол.

Қадами муҳимтарин дар тамсилабандиии истеъмолкунандаи охирин дар бозор марҳилаи сеюм – қабули қарор оиди харид ба шумор меравад.

Модели рафтори истеъмолкунанда..

Омилҳои тарғиботии маркетинг дар худ чор унсурро ҷой медиҳанд: мол, нарх, усулҳои вусъатдиҳанда ва ҳавасмандӣ. Дигар ангезандаҳо аз қувва ва бузургиҳои асосии харидорро иҳотакунанда иборат мебошанд; соҳаҳои иқтисод, илму техника, сиёсат, маданият; ҳангоми гузаштан ба воситаи «қуттии сиёҳ» - и идроки харидор, ҳамаи ин ангезандаҳо як қатор мушоҳидаҳои реаксияи харидоронро бедор мекунад, ки дар тарафи рости росоткунҷа нишон дода шудаанд: интихоби мол, интихоби нишонаи мол, интихоби дилер, интихоби вақти харид,интихоби ҳаҷми харид

Вазифаи шахсони дар бозор фаъолияткунанда – дар дониста гирифтани он, ки дар «қуттии сиёҳи» - идроки харидор миёни воридшавии ангезандаҳо ва пайдоиши мулоҳизаҳо чи руй дода истодааст ба ҳисоб меравад. Худи қутти аз ду қисм иборат мебошад: Қисмати якум ин хусусияти харидор мебошад, вай ба он, ки инсон пайдоиши ангезандаҳоро чи тавр қабул намуда ба онҳо чи гуна рафтор менамояд таъсири асосӣ мерасонад. Қисмати дуюм –ҷараёни қабули қарорҳо аз ҷониби харидор мебошад, ки аз он натаиҷа вобастагӣ дорад.

1.Хусусиятҳои харидор.

Ба харидҳои гузаронидашаванда аз ҳама бештар омилҳои маданӣ, иҷтимоӣ, шахсӣ ва руҳӣ таъсир мерасонад. Дар бисёр ҳолатҳо ин омилҳоро фурўшандагон наметавонанд назорат намоянд. Лекин онҳоро ҳатман ба ҳисоб гирифтан лозим аст.

Омилҳои қатори маданӣ.

Маданият – омили муҳимтарини муайянкунандаи талаботи инсон ба ҳисоб меравад. Рафтори харидор – асосан ҳодисаи дастрас намудани неъмати зарурӣ мебошад. Инсон аз овони хурдӣ интихоби базавии арзишҳо, ҳиссиёт, афзалиятҳо, одат ва рафтори ба оилаи вай ва ҷамъият хосро дарк менамояд.

Зерсохторҳои маданӣ. Дилхоҳ маданият дар худ таркибдиҳандаҳои хурд ё ин ки зерсохторҳоро ҷой медиҳанд, ки ба аъзоёни худ имкон медиҳанд, ки оиди арзишҳо хулосабарориҳои мушахас намоянд. Дар ҷамъиятҳои бузург гурўҳҳои шахсиятҳои як миллат буда ва гурўҳҳои динниро дучор омадан мумкин. Хусусиятҳои ба худ хос дошатаи онҳоро метавон аз руи минтақаҳои ҷугрофӣ низ муайян намуд.

Вазъияти иҷтимоӣ. Қариб дар тамоми ҷамъиятҳо синфҳои гуногуни ҷамъиятӣ мавҷуд аст, ки онҳоро метавон ба гурўҳҳои устувори ҷамъиятӣ ва нисбатан заиф ҷудо намуд, ки ҳар як ба арзишҳо аз руи хусусиятҳои хоси худ муносибат менамоянд.

Омилҳои қатори иҷтимоӣ. Гурўҳҳои референтӣ – гурўҳҳи одамоне мебошанд, ки ба муносибат ва рафтори инсон мустақиман ё ғайримустақим таъсир мерасонанд. Инҳо метавонанд рафиқон, оила, ҳамсояҳо, ҳамкорон ва монанди инҳо бошанд.

Вазифа ва дараҷа. Шахсият аъзои гурўҳҳои зиёди иҷтимоӣ мебошадмавқеи вай дар ин гурўҳҳ аз нуқтаи назари вазифа ва дараҷа муайян карда мешавад. Вазифа аз гурўҳи амалҳое иборат мебошад,ки атрофиён аз ў интизоранд.

Омилҳои гурўҳи шахсӣ. Сину сол ва давраҳои зиндагии оила. Вобаста ба гузашти сину сол дар номгу ва асортименти мол ва хизматҳои аз ҷониби одамон харидоришаванда тағйирот ба амал меояд, масалан дар хурдсоли барои инсон маҳсулоти барои истеъмоли кудакон лозим аст мувофиқ меояд. Дар сини афзоиш ва ғурур молҳои гуногунро истеъмолкарда, дар сини пиронсолӣ бошад вай танҳо молҳои махсуси ба саломати мувофиқро истеъмолменамояд. Бо гузашти солҳо завқи харидорон ба либос, лавозимоти хона, истироҳат ва вақтхушӣ низ тағйир меёбад.

Намуди машғулият. Ба хусусияти мол ва хизматҳои аз чониби инсон харидоришаванда намдуи машғулияти вай таъсири бузург мерасонад. Амалкунандагони бозори кушиш менамоянд гурўҳҳои харидоронро аз руи шуғлашон ҷудо намоянд. Фирмаҳо вобаста ба талаботи ягон гурўҳи мушаххас истеҳсолоти худро махсус мегардонанд.

Вазъи иқтисодии шахс хангоми интихоби мол дар наз гирифта мешавад. Вай аз руи ҳаҷми амонатҳо ва активҳо, пардохтпазирӣ ва назари вай ба хароҷотҳо ва нигохдории таносубият миён масрифот ва андухт муайян карда мешавад.

Якчанд омилро муфассал дида мебароем. Давраи ҳаётии инсон марҳилаи зерин дорад.

Марҳилаи ҳаёти муҷарради ҷавони танҳо, ки бе волидайн зиндагӣ мекунад

Навхонадорони бе фарзанд

Лонаи пур «давраи аввал» (фарзанди хурди то шаш сола)

Лонаи пур «давраи дуюм» (фарзанди хурди то шаш сола ва зиёдтар)

Лонаи пур «давраи сеюм» (оилаи миёнаумр бо кўдакони )

Лонаи пур «давраи аввал» (оилаи миёнаумр, фарзандон алоҳида зиндагӣ мекунанд. Сардори оила кор мекунанд)

Лонаи пур «давраи аввал» (фарзанди алоҳида зиндаги карда сардори оила нафақахўр аст )

Оилаи ҷудошуда, кор мекунад.

Оилаи ҷудошуда нафақаҳўр.

Фаъолони бозор бояд бикўшанд,ки намуди тамғаи мол бо намуди шахсияти аъзоёни бозори мақсаднок мутобиқ кунад.

Эҳтиёҷот, ки ба зарурият мубаддал гашт, инсонро маҷбур менамояд, ки роҳҳо ва усулҳои қонеъ намудани онро ёбад. Як чанд назарияи рафтор вуҷуд дорад.

1. Назарияи Фрейд-исбот менамояд,ки инсон он қувваҳои ҳақиқи рўҳиеро рафтори онҳоро ташкил менамояд ба майлу шавқ фишор меоранд.

Одатан тамоми майлу шавқи инсонро зери по кардан мумкин, он танҳо дар рафтори асабонӣ, ҳолати савдоӣ, психоз авҷ мегирад.

2. Назарияи Маслоу кўшиш менамояд, фаҳмонад,ки инсорн вақти зиёди худро худмуҳофизаткунӣ, дигарон барои ба даст овардани эҳтироми атрофиён сарф мекунанд.

Вай иерархияи талаботро коркард,ки дар он талаботи инсон дар тартиби муайяни заруриятҳои асоси то ночиз ҷойгир шудаанд. Вактие, ки инсон талаботи муайянро қонеъ мегиранд, бедоршави барои қонеъгардони талаботи дигар муҳиме ба вуҷуд меояд.

Омилҳои дар боло зикршуда нишонаи онанд,ки ба истеъмолкунанда чӣ гунна самаранок хизмат расонида онҳоро ҷалб намоянд.

Ҷустуҷўи маълумот ва қабули қарор оиди харид. Дар натиҷаи гирдоварии маълумот маълумотнокии истеъмолкунандагон оиди тамға ва хусусиятҳои моли дар бозор вуҷуддошта баланд меояд.

Амалан ширкат вазифадор аст, маҷмуӣ маркетингие кор карда барояд.ки тамғаи худро ба дастаи воқифкунанда ва интихоби истеъмолкунанда ворид намояд. Агар мол ба ин даста дохил шуда наметавонад, имконияти фурўшро аз даст медиҳад.

Функсияи намунавии мутобиқшавии харидорон бо вақт. Пеш аз кор кардани нақшаи бо бозор шинос шудан лозим. Дар бозори истеъмоли мол ва хизматҳо барои мураккаб ҷудо мекунад, ҳамчун бозори ҷавонон, одамони миёнасол ва дигарон.

Ба рафтори харидорон чор гурўҳи асосии омилҳо таъсир мерасонад. Омили маданӣ (маданият, субкултура, вазъияти иҷтимоӣ), иҷтимоӣ (гуруҳҳои муошира, оила, мавқеъ вазъият), омили шахсӣ (сину сол, давраҳои ҳаётии оила, шуғл, тарзи ҳаёт гузарони, намуди шахсият ва тасавур дар бораи худ) ва омилҳои рўҳӣ (қабул намудан, исбот намудан ва муносибат).

Ҳамаи ин омилҳо заминаи самаранок хизмат расонидан ва ҷалб намудани харидор мебошад.

Вазифаи ходими бозор-омухтани иштирокчиёни гуногун ҷараёни хари два ҷудо намудани омилҳои асосии таъсиркунанда ба рафтори харидор барои тартиб додани самараноки барномаи маркетинг аст.

Омўзиши рафтори истеъмолкунандагони молҳои саноатӣ

Бозори молҳои таъиноти саноатӣ бо иштироки корхонаҳо, ташкилотҳо ва дигар харидони дорои мақсади истифодаи навбатии мол барои истеҳсоли намудҳои гуногуни мол ва хизмат асоснок мегардад.

Асоси чунин бозорҳо дар он аст, ки афзалияти бузурги доду гирифтро бо миқдори зиёди дастраснамоии ашёи хом, воситаҳо ва дигар коркардҳое, ки дар истеҳсоли навбатии мол ё хизмат истифода мешаванд, ба вуxуд меорад.

Маҳз ҳамин асос фарқияти асосии ин бозор аз бозори истеъмолӣ шуморида мешавад. Субъекти бозори таъиноти молҳои саноатӣ ин корхонаҳои бузург ва бавуxудорандагони муносибатҳои мубодилавии нисбатан калонҳаxм бо истеъмолкунандагон ба ҳисоб мераванд. Талаботи ин гунна бозорҳо аз талаботи молҳои истеъмолӣ муайян карда мешавад.

Аз рeи характерашон талаботи молҳои таъиноташон саноатӣ чандирӣ набуда, дар ҳолати пасту баландшавии нархи молҳои саноатӣ ба болоравии талабот таъсири зиёд намерасонад.

Аммо талабот нисбат ба молҳои саноатӣ дар ҳолати таъғирёбии талабот ба молҳои истеъмолӣ зуд иваз мешавад. Аз ин хусус болоравӣ ва ё пастшавии нархи молҳои саноатӣ ба зиёдшавии миқдорӣ фурeш xараёни истеҳсолӣ таъсир намерасонад.

Ҳамчунин поёнравии нархи молҳои саноатӣ сабаби зиёдшавии талаботи онҳо шуда наметавонад, вале вобаста ба молҳои истеъмолӣ агар нархи онҳо паст гардад метавонад талабот ҳам ба молҳои истеъмолӣ ва ҳам ба молҳои саноатӣ афзояд.

Бояд қайд намуд, ки дар ҳолати паст шудани нархи молҳои саноатӣ дар истеъмолкунандагон ҳисси нобовриро нисбат ба сифати он пайдо менамояд.

Дар ҳолати афзудани талабот ба як намуди моли таъиноти истеъмолӣ метавонад талаботро нисбат ба якчанд номгeи молҳои таъинотӣ истеъмолӣ афзояд. Барои ба ин масала равшанӣ андохтан истеҳсоли автомобилро ба хотир меорем, ки худ як мол ба ҳисоб равад, лекин қисмҳои ташкилкунандаи он омехтагии якчанд молҳои дигарро иникос менамояд. Ин гунна молҳо молҳое мебошанд, ки истеҳсоли мушкил доранд.

Чуноне, ки медонем бозори талаботи молҳои саноатиро харидорони зиёди дорои таxрибаи қабули қарор ташкил менамоянд. Яъне агар мол ба истеҳсоли мушкил дохил гардад, ҳамон қадар диққати иштирокчиёни харидро барои қабули қарори хариди дуруст бисёртар xалб менамояд.

Ширкатхое, ки ба истеҳсоли чунин молҳо машғуланд метавонанд дар назди худ бо роҳбарии роҳбарии ширкат иттифоқи харидорӣ ташкил намоянд, ин гурeҳ метавонад аз эксперҳои техникӣ ва мутахассисони дорои таxрибаи кофӣ ташкил шавад.

Молҳои таъиноти истеҳсолӣ-техникӣ вобаста ба он, ки истеъмолкунанда аз истифода ва хариди молҳо чӣ қабул менамояд, инчунин вобаста ба ҳамбастагиҳои гуногуни молҳо ва хизматҳои саноатиро ба гурeҳҳо xудо менамоянд.

Дар ҳолати истифодаи молҳои таъиноти истеҳсолӣ-техникӣ истеъмолкунанда метавонад сохтмони капиталӣ ва истеҳсоли дигар маҳсулотҳоро ба вуxуд орад. Дар натиxа молҳо метавонанд шакл ва намуди берунаи худро дигар намоянд. Барои таъмини бетавақуфи xараёни истеҳсолот бояд захираҳо бо миқдори лозимӣ муҳайё бошад, инчунин хизматрасониҳои истеҳсолии вобаста ба таъмири техникӣ, назоратчиён, экспертҳо, мусоҳибачиён ва ғайра вуxуд дошта бошад.

Дар ҳолати хариди мол аз рeи нуқтаи назари истеъмолкунанда мумкин аст шартан онро ба ибтидоӣ, асосӣ ва пайваста тақсим намуд.

Ба молҳои ибтидоӣ ашёҳои хоми афзалияноки истеҳсоли хоxагии қишлоқ, бойгариҳои табиӣ, маводҳои истеҳсолӣ, маҳсулот ва маводҳои комплектӣ дохил мешаванд.

Ба молҳои асосӣ барпокуниҳои гуногун, корхона, воситаҳои асосӣ ва дастгоҳҳои ёрирасон дохил мешаванд.

Ба молҳои пайваста маводҳои гуногун, ки барои истифодаи дастгоҳҳои асосӣ ва мошин, воситаҳои таъминии хизматрасониҳои техникӣ ва машваратӣ дохил мешаванд.

Вобаста ба байвастагии гуногуни молҳо ва хизматҳои саноатӣ бояд мол ва хизматҳои пайвастаи онро фарқ намоем. Масалан, дар ҳолати таъмирталаб шудани дастгоҳ аз қисмҳои эҳтиётӣ истифода намуда онро таъмир менамоянд.

Намудҳои молҳои саноатӣ дар xадвали зерин пешниҳод шудаанд.

Намудҳои асосии маҳсулоти саноатӣ

Намуд

Ташкилкунанда

Мисол

Дастгоҳи саноатӣ

Бино ва воситаҳои асосииёрирасон, воситаҳо, мебел ва ғ

Бошишгоҳ, компютер, мошинҳо, либосҳои махсус, миз, xевон ва ғ.

Молҳои саноатӣ

Ашёи хом, нимфабрикатҳо, маҳсулоти истеҳсолӣ ва ғ.

воситаҳои маҳкамкунӣ, шишаҳо, лампаҳо, нефт, xангал ва ғ.

Таъминоти саноатӣ

маводҳои борxобаxокунӣ, намудҳои гунгуни нерe барои истеҳсол ва ғ.

Қуттиҳо, борxома, банкаҳо, қувваи барқ, қисмҳои эҳтиётӣ ва ғ.

Хизматрасониҳои саноатӣ

Хизматрасониҳои назорати техникӣ, дастгоҳ, таъмини воситаҳои сабуккунандаи xараёни истеҳсол ва хизматрасониҳои машваратӣ.

Боркашонӣ ва нигоҳдорӣ, хизматрасониҳои молиявӣ, маркетингӣ, машваратӣ ва тадқиқоти илмӣ-техникӣ

Бозори молҳои таъминоти саноатӣ – дастаҷамъии шахсиятҳо ва ташкилотҳое,ки молҳо ва хизматҳоро барои истеҳсоли мол ва хизматҳои дигар харида ба истеъмолкунандагон мефурўшанд, ба иҷора медиҳанд ва ё пешниҳод менамоянд. Ба онҳо соҳаҳои зерин: кишоварзӣ, хоҷагиҳои моҳӣ, саноати куҳӣ, коркард, сохтмон, алоқа, нақлиёт, хоҷагиҳои коммуналӣ, бонкиӣ, молиявӣ, суғуртавӣ ва соҳаи хизматсрасонӣ мд.

Тавсифи асосии бозорҳои молҳои таъминоти саноати:

- дар он харидорон каманд;

- ин харидорони камшумор бузурганд;

- онҳо ҷуғрофи мутамарказонида шуданд;

- талабот ба ин молҳо аз рўи талабот ба молҳои истеъмоли оммавӣ муайян карда мешавад;

- талабот ба молҳои итсеъмолӣ талабот ба таҷҳизот барои истеҳсоли онҳо оварда мешавад;

- харидорони ин молҳо мутаххасис мебошанд.

Се намуди асосии ҳолатҳои харид вуҷуд доранд.

- Харид такрори бе тағирот;

- Хариди такрори бо тағирот;

- Харид барои ҳалли муамоҳои нав.

Қарорҳои камтарини бо харидорон хариди такрории бе тағирот ва зиёдтар дар ҳолати харид барои ҳалли муаммоҳои нав рост меоянд..

Дар мавриди харид барои ҳалли муаммоҳои нав харидор барои худ: тавсифи техники мол, ҳудуди нарх, вақт ва шароитҳои тахвил, шартҳои хизматрасонии тахникӣ, шартҳои пардохт, ҳаҷми фармоиши молтаҳвилгарони ҷоиз ва интихобӣ муайян намояд.

Аксарияти харидорон хариди дастаг и мекунанд (масалан, гурўҳи молҳои боякдигар алоқаманд ва ё сиситемаи истеҳсолӣ идоракунандаи захираҳо ва ғайра фурўхта мешавад).

Омилҳои асосии таъсиркнанда ба рафтори харидорони молҳои таъминоти саноатӣ. Харидорони молҳои таъминоти саноати ҳамаи омилҳои номбурдаро ҷидди риоя намоянд, ки онҳо дар харид таъсир мерасонанд.

Харидорони ин молҳо қарори интиҳонро қабул намуда, якчанд давраҳоро мегузаранд:

- дарки масъалаҳо;

- ҷамъбасти тавсифи эҳтиёҷотҳо:

- баҳои тавсифи мол;

- ҷустиҷўи молтаҳвилгарон;

- пурсиши пешниҳодҳо;

- интихоби молтаҳвилгарон;

- коркарди тартиб;

- боздоди фармоиши;

- баҳо ба кори молтаҳвилгарон.

Ин давраҳо дар масъалаҳои дар вақти истеҳсоли харид барои харид бо тағирот ва бе тағирот ин давраҳо ихтисор мешавад, вале аксаран давраҳои иловагӣ дохил мешавад. Аз ин бармеояд, маркетинг саонатӣ-соҳаи озмоиши маҳорати фурўшанда, ки донистани эҳтиёҷоти мизоҷ ва хусусиятҳои тартиби харид барои коркарди самараноки нақшаҳои маркетинг фурўш мебошад.

Хулоса

Системаи маркетинг ба чунин тарз бояд амал намояд, ки эҳтиёҷоти истеъмаолкунандагонро дарёбад, хизмат расонад, қонеъ созад ва сифати ҳаёти онҳоро беҳтар созад. Дар кўшишҳои қонеъ сохтани эҳтиёҷоти истеъмолкунандагон корчалонҳо метавонанд амалҳои муайянеро ба ҷо оранд, ки ба ҳама маъқул нестанд ва ба ҳама некўаҳволӣ намеоранд. Дар нисбати таъсир расондан ба ҷамъият ба тарзи том бошад, маркетингро барои он танқид менамоянд, ки вай ба паҳн намудани меркангилизми аз ҳад зиёд ва хоҳишҳои сунъӣ, норасоии амволи муфиди ҷамъиятӣ, «зангзани»-и фарҳангӣ ва таъсири аз ҳад зиёд ба тиҷорат мусоидат менамояд. Ҳаракат барои ҳифзи мухити атроф ин ҳаракати муташаккилонаи ҷамъиятӣ мебошад, ки мақсади камтар намудани таъсири маркетингро ба муҳити зист ва сифати ҳаёт дар назар дорад. Тарафдорони он дар ҳама гунна маврид, вақте ки қонеъ сохтани эҳтиёҷоти истеъмолӣ боиси хароҷотҳои зиёд гашван барои муҳити табиат мегарданд, мудохила намуданро талаб мекунанд.

Ҳаракатҳои ҷамъиятӣ боиси қабул гардидани қонунҳои зиёд барои ҳимояи истеъмолкунандагон дар бобати таъмин сохтани бехатарии амвол, инъикоси ҳақиқат дар нисбати таклифоти қарзҳо, нишон додани ингредиентҳо ва муҳлати коршоямӣ дар барномаҳои амвол ва тнъикоси ҳақиқат дар тарғибот ва ғайра гаштаанд.

Дар ибтидо бештари корчалонҳо муқобили ин ҳаракатҳои ҷамъиятӣ ва қонунҳо буданд, имрўз бошад бештарашон ногузирии хушдор сохтани истеъмолкунандагон, маърифатнокӣ ва ҳимояи истеъмолкунандагонро дастгирӣ менамоянд. Баъзе аз ширкатҳо консепсияи маркетинги маълумотноксозандаро, ки ба принсипҳои самтгиранда ва сўи истеъмолкунандагон, навоварӣ, ба вуҷуд овардани арзишҳои арзанда, самтҳои иҷтимоию ахлоқӣ такя менамояд, истифода мебаранд. Чунин ширкатҳо дар ҳалли муаммоҳои сарпеч барои роҳбарон принсип ва дастурҳоро кор карда баромадаанд.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба