Мирзо Абдулқодири Бедил - Рубоиёт, Қасида
АЗ РУБОИЁТ
Золим пӯшад либоси хунбофтаро,
То зер кунад хасми забунёфтаро.
Бо сангдилони шўълахў сахтӣ кун,
Бардор ба оҳан, оҳани тофтаро
Абр аст, даме зи хона сармаст баро,
Гар завқ зи хеш рафтанӣ ҳаст, баро!
Халқе имрўз май ба соғар дорад,
Чун абр ту низ шиша дар даст баро.
Бедил, ту зи мардум чӣ шунидӣ худро?
К-аз мо ба гумон дур кашидӣ худро!
Дар ту як тори мў зи мо нест тиҳӣ,
Эй бехабар, аз мо ту чӣ дидӣ худро
Имрўз ба коми дили ғампарвари мо,
Май ояду дилбари чаманпайкари мо.
Вақт аст биболад аз хиромаш чу баҳор,
Нақши қадаме, ки гул занад бар сари мо
Бедордило, зи табъи нософ баро,
Аз нақшу нигори пардаи лоф баро.
Гар хобат нест, махмалу дебо чист?
3-ин коргаҳи кумоши шаббоф баро
Дар дил зи раҳи дида хиромида биё,
Бар дида бисоти нури дил чида биё!
Аз вазъи такаллуфи иборат хиҷилам,
Кў дида? Чӣ дил? Эй ту, дилу дида, биё
Гар марди раҳӣ, зи табъи худком баро!
Аз печу хати васвасаи хом баро!
Эй мункири кайфияти парвози магас,
Бе зина ту низ то сари бом баро!
Ҳиммат ҳар ҷо беш кунад кореро,
Душворӣ нест ҳеҷ душвореро.
Якчанд фалоҳатӣ ба кўшиш печад,
Холӣ созад зи санг кўҳсореро
Бедил, ҳарчанд баргузидам худро!
Афсуни камоле надамидам худро.
Сад шукр, зи иқболи адабпарвари аҷз
Мумтоз зи ҳеҷ кас надидам худро
Hар гоҳ расад навбати ҷоми мули мо,
Мино зи шикаст во кашад қулқули мо.
Айши дигаре насиби мо мумкин нест,
Чун шамъ дамад магар зи оташ гули мо
Зад ба димоғи ҷаҳон роиҳаи мушки ноб,
Cўши тароват зи бас мавҷ зад аз табъи хок,
Фарқи дуӣ маҳв ёфт сабзаву амвоҷи об...
Шуд зи пари тўтиён чатри сафедор сабз,
Бар сари шох орамид дуди чанор аз ғуроб.
Бар лаби чў ҳамчу най сабз шуд оҳанги сарв,
Кард бурун аз канор шохи санавбар рубоб.
Зад ба хурўши асар зеру бами рангу бў
Баст бирешим ба чанг печу хами мавҷи об.
Дар гиреҳи ғунчае барги тағофул намонд,
Баски дами субҳ зад кўси шукуфтан хитоб.
Аз гулу шабнам дамид шаш ҷиҳати рўзгор,
Чашми ҳаво беғубор, ҳусни тараб бениқоб.
Дар бару дўши нафас рехт раёҳин Хутан,
Бар дару боми нигаҳ кишт суман моҳтоб...
АЗ ҚАСИДАҲО
Дӣ, ки зи боди саҳар турраи шаб хўрд тоб,
Шаъшаапардоз дод оинаи офтоб.
Қофилаи занг бурд гарди ҳазимат ба Шом,
Лашкари атрок рехт бар сари Ҳинд инқилоб.
Ламъаи анвор кард чангули шаҳбоз боз,
Маҳмили парвоз баст соя ба боли ғуроб...
Ҳовани кўҳлии чарх кард сафедор ҳал
Сўхт асарҳои сурб кўраи симилтиҳоб.
Занги рухи оина гашт ба софӣ бадал,
Анбари офоқ зад ғўта ба кофури ноб.
Мавҷи раёҳин гирифт домани сатҳи ҳаво,
Cўши зумуррад нуҳуфт рўи бисоти туроб...
Аз қафаси номия ҷаст бурун рангу бў,
Байза шикаст орзу, бол кашид обу тоб.
Ғунча кушуд ин замон банди ниқоби мижа,
Сабза чу махмал кунун фарши замин кард хоб.
Шамъи тараб гашт хор бар сари девори боғ,
Зад алами сабз сарв бар тарафи ҷўи об.
Баски зи ҳар сў дамид бар гули оташбачанг,
Тарфи хиёбон гирифт чун раги ёқут тоб,
Дашту дар аз сабза гашт тўтии ахзарҷаноҳ,
Сангу гил аз лола шуд шоҳиди аҳмарсилоб...
Булбул аз оғўши гул баст ба ранг ошён,
Шабнам аз афсуни бў кард ба мино гулоб.
Сунбул аз ошуфтагӣ домани нозе шикаст
Дар ҳарими хок моро мӯи пирӣ раҳбар аст
Cомаи эҳроми марги шўълаҳо хокистар аст...
Чун нигаҳ дар гирди нопайдоии худ метапам,
Риштаи сози таҳайюр аз садо нозуктар аст.
Арзи мову ман чӣ дорад ҷуз ба рўи ҳам задан?
Мавҷи ин дарё шикасти киштии якдигар аст..
Офият аз олами имкон набояд хостан,
Хонаи занҷиру сомонаш ҳамин шўру шар аст.
Гар дили ҷамъат ҳавас бошад хамўшӣ пеша кун
Ғунчаро поси нафас шерозабанди дафтар аст...
Cамъ кун дил то зи ташвиши ҳавас эмин шавӣ,
Байзаи сарбаста мўҳри дафтари болу пар аст...
Ганҷи асрорӣ, агар аз худ тиҳӣ шуд кисаат,
Ҳамчу аъдоди ақал, к-аз сифр ҳукмаш аксар аст...
Hусни маънӣ хохӣ, аз касби ҳунар ғофил мабош
Абрўи бемў бувад теғе, ки ў бе ҷавҳар аст...
Аз таайюн бар либоси фақр расвоӣ мачин,
Чини абрў ҷомаи зарбафтро утугар аст.
Аз ҳаё магзар, ки дар номусгоҳи эътибор —
Шарм мардонро виқор асту занонро зевар аст.
Он қадар ҷуръат макун, к-аз саъй гардӣ мунфаил,
Чун шарар дар тезии парвозҳо қатъи пар аст.
Гар ризои ҳақ тамаъ дорӣ ба нафъи халқ кўш,
Ҳар ғизо к-афтад мувофиқ бо бадан ҷонпарвар аст.
Софдил бо ҳар чи омезад кудурат мекашад,
Тира бошад об агарчи муҳталит бо шаккар аст.
Бар дили озод аз узлат мабанд афсурдагӣ,
Ҳар куҷо оби равон ях баст, санги мармар аст.
Бар тавозўъ зинҳор афсонаи наҳват махон,
Токро гар чини абрў гашт зоҳир, абтар аст.
Чун дуруштӣ аз табиат рафт роҳат фарш баст,
Хоби махмалро ҳамон вазъи мулоим бистар аст.
Дўзахат дар пешу дил зинҳории ваҳми азоб,
Эй ҷунунбунёд, аз он оташ, ки метарсӣ зар аст!
Ҳирс гирди хеш мегардад ба завқи ҷамъи мол,
Маркази паргори ин гирдоб фикри гавҳар аст.
Фарқ пайдо мекунад дар марду номард имтиҳон,
В-арна дар лофи вағо ҳар ҳез чандин лашкар аст...
Офият хоҳӣ зи доман по намебояд кашид,
Шўъла то дар санг бошад эмин аз хокистар аст.
Аз мухолиф боядат оҳанги ибрат вокашид,
Ваъз агар мақсуд бошад, арғунун ҳам минбар аст.
Зинати зоҳир бувад нуқсони равшангавҳарон,
Тирагӣ дорад ба дил то шамъро гул бар сар аст...
Гуфтугўро чарбу нармӣ оби дигар медиҳад,
Шўълае, к-аз мум равшан мешавад, равшантар аст.
Ҳар қадар сози тааллуқ беш, кулфат бештар,
Мўи сар чандон ки мегардад фузун дарди сар аст...
Ҳар мақоме маънии тағири мо мепарварад,
Об агар дар барг бошад сабзу дар гул аҳмар аст...
Дил чу равшан гашт ҷоҳу шавкате даркор нест,
Баҳри тасхири ҷаҳон хуршеди танҳо лашкар аст.
Ашки мазлумон кабудӣ баст дар аҷзои чарх,
Мавҷи ин сарчашма як сар селии нилуфар аст.
Дорад асбоби ҳаловат саргарон бемағзро,
Устухони най агар сангин шавад аз шаккар аст.
Табъи золим ҷуз ба марг осудагиро боб нест,
Шўъларо ҷамъияти мижгон таҳи хокистар аст...
Бар намегардад мизоҷи золим аз тарки ҳасад,
Шўъла ҳаргаҳ по ба доман ҷамъ созад, ахгар аст.
Нест ҷуз норостӣ золимсириштонро камол,
Морро чун теғ арзи каҷхиромӣ ҷавҳар аст.
Бар ҳаловат мефазояд улфати соҳибдилон,
Меваи нахле, ки пайвандаш кунӣ, ширинтар аст...
Инҳироф аз вазъи аслӣ ҳеҷ ҷо мақбул нест,
Чун ба сўи дида баргардид мижгон наштар аст.
Эътибороти бузургони ҷаҳон ҳеҷ, асту пуч,
Чун ҳубоб ин ҷо сари бемағз соҳибафсар аст.
Тобеи ҳамчун худе будан зи нобиноӣ аст,
Дар ҳақиқат кўҳнакўр аст он ки гуфтӣ «навкар» аст...
Дарду доғи рафтагон бар нармии дил бастаанд,
Дар заминҳои мулоим нақши по афзунтар аст...
Монеи файзи ҳаловат мешавад чини ҷабин,
Найшакар дар ҳар куҷо дорад гиреҳ, камшаккар аст...
Улфати зар ҳамчу ҳамён мекунад дилро сиёҳ
Доғ дар ҳар ҷо ки мебинӣ нишони ахгар аст...
Зинҳор аз файзи сомони қаноат нагзарӣ,
Ҳар кӣ поси обрўи хеш дорад гавҳар аст...
Бедил, аз маънитирозӣ бар камоли худ малоф,
Гирди соҳил бош, ин мавҷ, аз муҳити дигар аст...
Мушти хоку дастгоҳи ҳарфу савт эъҷози кист?
Дар мизоҷи сеҳрсозат сурма оҳанговар аст!..
Аз саводаш метавон оинаҳо пардохтан,
Чашм агар дорад қудурат сурмааш равшангар аст.
Бе такаллуф касби ҳуше кун, ки дар девони роз
Андаке фаҳмидан аз бисёр гуфтан хуштар аст.
Шўхии ин назм бар дилҳо қиёмат мекунад,
Эй қиёмат дар нафас!
Шўрат-чӣ тўфонпарвар аст.
Гар шавад оинадори нусхаи гардун баҷост,
К-аз шараф ҳар нуқтааш ҳамчашми чандин ахтар аст.
Эй шамъи базми қудс, надонам чӣ мазҳарӣ?
К-аз ваҳм гоҳ равшану гоҳе мукаддарӣ!
Эй нақши ҳайратоина, хатти чӣ дафтарӣ?
К-аз нуқта нодамида бурунтози мистарӣ!
Накшуда шахси ту ба яқин як мижа ниқоб,
Дар сад ҳазор оина тимсолпарварӣ!
Гоҳ аз самуми қаҳр чу гулхан пуроташӣ,
Гоҳ аз насими лутф чу гулшан муаттарӣ!
Баҳрӣ, ба ҷўши қатразаниҳои саъи хеш,
Тўфони туст ин ҳама сози шиноварӣ!
Дар мулки бетаайўнӣ афзунтарӣ зи чарх,
Аммо ба олами ҳавас аз зарра камтарӣ!
Дар лафзи туст маънии кавнайн мундариҷ,
Баҳри чи бар ҳақиқати худ пай намебарӣ?
Эй найири сипеҳри ҳақиқат, яке битоб,
Хуш хуфта дар ҳиҷоби шабистони ховарӣ!
То чанд ваҳм заҳри ҳасад резадат ба ком?
Эй он, ки қулзуми асалу кони шаккарӣ!
Бо ҳар кӣ кина соз кунӣ кулфаташ зи туст!
Охир тааммуле, ки ба захми кӣ наштарӣ?
Оби ҳаёт аз нафасат мавҷ мезанад,
Аммо чӣ суд, к-аз арақи мову ман тарӣ...
Табъат даме, ки моили айби касон шавад.
Оина гир, к-аз сари инсоф нагзарӣ!
3-ин гардише, ки оинаи ранги холи туст
Ҳаргиз ба фикри худ нафитодӣ, чӣ соғарӣ?
Ғофил зи худ мабош, ки чун шамъи офтоб
Иқболи ҳафт маҳфилу нўҳ қасри ахзарӣ!...
Аз ҳар шайе, ки ақли ту фаҳмид, афзалӣ,
Аз ҳар макон, ки фаҳми ту пай бурд, бартарӣ!
Ҳар ҷо нигоҳ меравад, он ҷо ту рафтаӣ,
Ҳар сў хаёл мепарад, он сў ту мепарӣ!...
Чун мавҷ чанд ҳарза давидан ба ҳар канор,
Гирдоб шав, агар талабоҳанги гавҳарӣ!
Кавну макон гулест ба домони ҳимматат,
Худро агар иҳота кунӣ, чархи дигарӣ!...
Маҳкуми нафсӣ, ин ҳама дунҳимматӣ чаро?
К-андар бисоти қудс туй садру сарварӣ!
Олам ҳама мусаххари амри замири туст!
Эй бехабар, ту аз чӣ ҳаворо мусаххарӣ?...
Сарчашмаи ҳаёти абад дар канори туст,
Гар сар ба ҷайби хеш кашидӣ, Сикандарӣ!
Гў баҳра кам барад саги нафс аз ҷаҳони хушк,
Гар устухони ҳирс шикастӣ, ғазанфарӣ!
Аз саъду наҳси даҳр асар ҷилвагар набуд,
Cўшид аз имтиёзи ту Кайвону Муштарӣ.
Чашмат зи бениёзии таклифи имтиёз,
Аз худ баланд тохт ба оҳанги ахтарӣ.
Мухтори сад уруҷу нузул аст ҳимматат,
То сар зи олами чӣ ҳақиқат бароварӣ?
Аз сурат ар фиреб хўрӣ, ҷуз араз наӣ!
Бар маънӣ ар назар фиканӣ, айни ҷавҳарӣ!
Аҷз аз ту ҷилвагар шуду кибр аз ту сар кашид,
3-ин шева шуд яқин, ки ба ҳар вазъ дарҳарӣ!
Ҳарчанд офтоб барорад бузургият,
Беранг зӣ, чу зарраи мавҳум аз аҳқарӣ!
Вазъи тавозўи ту ҳамон авҷи иззат аст,
Гардун тавон шуд аз хами таслимпайкарӣ!
Эй зўфунун ба олами маънӣ кушоӣ чашм,
Чун тифл сахт шефтаи нақши чодарӣ!...
Кулфат макаш зи вазъи парешони зиндагӣ,
Ошуфта аст нағмаи қонуни унсурӣ...
Гуфтам ҳазор ранг ҳадиси ҳавасгудоз,
Шояд тааммуле кунадат ибратоварӣ....
Вақти он аст, аз гардиши гардуни фалак
Нақши меҳр аз варақи рўи замин гардад ҳак...
Талхии зулм ҳаловат ба завоиқ сўзад,
Аз сари хони вафо маҳв шавад ҳаққи намак.
Ҳасрати нўш ба бемор диҳад ҷoми аҷал,
Муждаи марқам бар захм кунад ҳарфи газак.
Лолазори тараб аз шўълаи ғам гардад доғ,
Арғувонрангии уммед барояд сабзак...
Ваҳми аблаҳ алами ноз фарозад ба самок,
Саъи доно шиканад коси фазилат ба самак.
Шерро пўст чу рўбоҳ шавад офати ҷон,
Рўбаро макр диҳад сўи палангон шерак,
Пари гунҷишк кунад даъвии парвози уқоб,
Лофи сарпанҷа барад пеш зи шоҳин шорак...
Кишти айём кунад фили ҳаводис помол,
К-аз кафи ростӣ афтода дар ин арса каҷак...
Ҳар хаёле, ки ба зулматгаҳи ваҳм аст ниҳон,
Ҳамчу хуршед аён аст ба чашми зирак...
Бо чунин вазъ ҷаҳон кўшиши ботил дорад,
Мақсадаш ваҳму талаб ҷаҳду залолат маслак...
Назаре ку, ки кунад ранги гул аз оташ фарқ,
Шаммае ку, ки шавад мудрики мушк аз мушлак?
Ғарраи нозию вақт аст, ки шоҳини қазо
Ногаҳон хурд кунад болу парат чун ўрдак...
Сурмаи ибрате аз хуш талаб кун, в-онгоҳ
Чашм бикушою бубин сурати ҳоли ҳар як!..
Лолаю гул ҳама доғи ҷигару захми диланд,
Булбулу фохта якдаст ҳама наъразанак...
Гўшмол асту фиғон ҳосили кори тамбўр,
Навҳаю синахарошӣ сару сомонӣ ғиҷак...
Ҳол муфт аст, чӣ мозию кадом истиқбол,
Гар най тифл, ба афсона матан, эй мардак!
Меравад умри ту дар чак-чаку вақ-вақ помол,
Шўри ин қофила бар риши ту дорад тизак...
Доми тазвир биҳил, рабти таҳайюл бигусил,
Баҳри сайди магасе чанд машав тортанак.
Сайди инсон кун агар ҷавҳари ахлоқат ҳаст,
Пеши бўзина чӣ лозим бинавозӣ тунбак?
Шарм бодат, ки ҳавасмоили парвози нифоқ,
Оламеро бифиребӣ ба забон чун тўтак.
Умрҳо шуд нафасат буғзу ҳасад мебофад,
Як нафас, кош, шавад маънии хулқат мудрак...
Гурбачанголии маргат агар оиназудост.
Муши фикри ҳасад он беҳ, ки кашӣ дар хаппак.
Жожхоӣ чӣ қадар бо ту вафо хоҳад кард,
Лабу дандони ту вақт аст, ки гирад лаълак...
РУБОИЁТИ МУСТАЗОД
Бедил ба тааюн чӣ фишонам доман, пуркаллошам,
Не улфати дона дораму не хирман, барқи фошам.
Ҳарчанд раҳам ба хилвати ў афтад, аз ғайрати ишқ
Ман бошаму ман бошаму ман бошаму ман гар ман бошам.
Дирўз танини пашшае доғам сохт,ҳангоми саҳар,
Гар зарра ба сад тааммулаш боз шинохт,тафтиши назар,
Гуфтам: «Чӣ қадар камат писандид қазо,дар хилқати ҷисм»,
Гуфт: «Он боре, ки аз дўш андохт, камтар беҳтар».
.
Гар толиби содиқӣ зи ноёфт манол, пайдо гардад,
В-он уқда, ки бастааст ҳиммат ба хаёл,ҳам во гардад.
Гар обила афтод ба по аз талабат,зинҳор маист,
Шояд, ки аз ин байза барояд пару бол, анқо гардад.
Тифле, ки бисоти бозие меорост,доман афшонд,
Айёмн ҷавонӣ, ки баҳораш пайдост,гул карду намонд.
Акнун пирӣ нафасшумори дорад,пайдо, чӣ илоҷ,
3-ин нусха, ки охир дираме чанд баҷост бояд гардонд.
Якчанд пайи зинату зевар гаштем,дар аҳди шубоб,
Якчанд пайи донишу дафтар гаштем,кардем ҳисоб.
Чун воқиф аз ин ҷаҳони абтар гаштем,нақшест дар об.
Тарки ҳама кардему қаландар гаштем,моро дарёб.
АЗ МУҚАТТАОТ
Эй басо, маънии равшан, ки зи ҳирси шуаро,
Хоки ҷавлонгаҳи аспу хари аҳли ҷоҳ аст.
В-эй басо, нусха, ки дар мактаби ташвиши тамаъ,
Рўсиёҳи абад аз мадҳи амиру шоҳ аст.
Марҳҷеи маънии ин сустхаёлон дарёб,
То бидонӣ, чӣ қадар, фитраташон кўтоҳ аст.
Силамуштоқи гадотабъ зи мазмуни баланд
Гар ҳама пой бар афлок ниҳад, дар ҷоҳ аст...
Фонуси шамъҳои асар қобилият аст,
Бе ранг ҳеҳ, ҷилва мусаввар намешавад.
Аз шўъла касби нур чароғи фасурдаро,
Бе равғану фатила муяссар намешавад.
Соҳил, ки асли тинаташ аз ҷўши ташнагист,
Дарёст дар канору лабаш тар намешавад.
Ойина об дораду нам ошкор нест,
Дар санг оташ асту мунаввар намешавад.
Тақлидро ба олами таҳқиқ бор нест,
Зангор — ҷавҳар, обила — гавҳар намешавад.
Ойинае, ки обу гилаш занги тирагист,
Аз сайқали ту соҳиби ҷавҳар намешавад.
То аз зуком пок набошад димоғи шавқ,
Гар ҷумла нофа аст муаттар намешавад.
Эй басо, илме, ки аз беилтифотиҳои халқ,
Дар мизоҷи маънигоҳони ҳамон мастур монд.
Бедимоғиҳои мастон чашми шавқе во накард,
Мавҷи май дар ҷом маҳви решаи ангур монд.
Наргисистонҳо ба ҳайрат хуфтаи бедонишист,
Оламе афрўхт шамъу ҳамчунон бенур монд.
Гар касе маҳрам нашуд, андешаи ғафлат кирост,
Ҳусн аз бас бениёзӣ дошт, номанзур монд
Мапсанд зи асбоби ситам бар дили дарвеш,
К-н ноқа зи бори зару симат нашавад реш.
Оҳанги кудурат ба чӣ ранг аст бияндеш?!
Эй хоча алам мекашию меравӣ аз хеш!
3-он пеш сабук шав, ки хару бор намонад!
АЗ МУХАММАСОТ
Ёрон, ҳаваси ишқи фусункор намонад,
Нанг об шавад оқибату ор намонад,
Иқболи ҷаҳон бигзарад, идбор намонад,
Охир аламу айши гулу хор намонад,
Рангест дар ин боғ, ки бисёр намонад.
То чанд каши заҳмати карру фари дунё?
То кай равӣ аз қўш ба афсонаи уқбо?
Хатми ҳаваси пуч кун, аз хеш бурун о!
Фурсат шумури туст — чӣ имрўзу чӣ фардо!
Ҳар гаҳ ту намондӣ, ҳама якбор намонад.
Ҳар дида, ки оинаи ин маърака гардид,
Аз сар ҳавасе ғайри тағофул написандид.
Пур бехудӣ орост баҳори гули таҷрид,
Бар гардиши ранг ин ҳама фурсат натавон чид,
Имсол ҳам он аст, ки чун пор намонад.
Накде, ки яқин дошт ба ғоратгари шак рафт,
Ганҷе, ки зар анбошт ба ташвиши маҳак рафт.
Ҳар нақш, ки гул кард аз ин сафҳа ба хок рафг,
Афсона шуд он қисса ,ки Исо ба фалак рафт,
Ин қисса ҳам охир шавад, адвор намонад.
Дил маркази ором гирифтаст нафасро,
Гул боғи тараб мешумарад чоки қафасро,
Занг оина пардохта ин ҷо ҳама касро,
Паймонаи ғафлат чӣ фурўғ аст ҳавасро?
Шамъ аст сиёҳӣ, чу шаби тор намонад.
То сози нафас воситаи шӯри ҷаҳон аст,
То вазъи ҳасад оинаи улфати ҷон аст,
Cамъияти дилҳо алами болфишон аст,
Бе реша парокандагии дона аён аст,
Аз сабҳа маҷў рабт, чу зуннор намонад...
Гар субҳ кашад бол, зи боди мижаи туст!
В-ар шом дамад, мўи зиёди мижаи туст!
Ҳар сў фигани чашм, саводи мижаи туст!
Рамзи ду ҷаҳон басту кушоли мижаи туст!
Саҳро дамад аз хона чу девор намонад.
Ҳайф аст гӯямат раҳи Хуршеду Моҳ гир!
Бо домани хаёл сафеду сиёҳ гир!
Лахти ғубори вусъати ин домгоҳ гир!
Мижгон кушо, ҷаҳон таҳи боли нигоҳ гир!
Сайдат ба зери пост, зи шоҳин кулоҳ гир!
Нанги камолу нуқси замину замон туӣ!
Тўҳматгари хатои ниҳону аён туӣ!
Ислому куфр нест, яқин ё гумон туӣ!
Эй ғарраи тамиз, вуболи ҷаҳон туӣ!
Оина бишкану ҳамаро бегуноҳ гир!
Ранги баҳор оташи яъсам кашад ба пеш,
Бўи суманбаре намакам карда вақфи реш,
Аз лола доғ мекашам, аз сабза захми неш,
Ё раб, дар ин чаман чӣ қадар рафтаам зи хеш?
Худро ба ҳар гуле, ки расам ёд мекунам.
Чун ҷаҳд орею қудрат надомат аст.
Оғўши бехудӣ хати паргори роҳат аст,
Олам ҷунунтаронаи шавқи қиёмат аст,
Ҳар сў назар баланд кунӣ, гарди офат аст,
Ранги ба гардишомадаеро паноҳ гир!...
Умрест ғарқи мавҷи парешонии худам,
Маҳви шикасти заврақи тўфонии худам,
Субҳи нафасғубори парафшонии худам,
Ҳайрони сеҳркории вайронии худам,
Маъмураи хаёли кӣ обод мекунам?
Cое, ки васфи лаъли ту тамҳиди муддаост,
Шўхӣ зи таври маънии аҳли сухан хатост
Ин ҷо хаёли даъвии табъи равон кирост?
Оинаи тааммули мавҷи гуҳар ҳаёст
Гар назми мо ба сакта занӣ, узрхоҳ гир...
Бедил, муқаллиди шаку иқрор нестам,
3-ин боғ шубҳачини гулу хор нестам,
Бегонаи маротиби изҳор нестам,
Ноқадрдони маънии асрор нестам,
Бо ҳар чӣ чашм мефиканам, «сод» мекунам
Не заргарӣ, на пешаи ҳаддод мекунам,
Не бому дар, на карруфар эҷод мекунам,
Тазмини мисрае, ки хуш афтод, мекунам,
Ҳарфе аз он даҳону миён ёд мекунам.
«Боре ба ҳеҷ хотири худ шод мекунам».
3-ин гулшанам на улфати сарвею не гулест,
Не илтифоти қумрию не ёди булбулест,
Рўзе ду дар баҳори хаёлам тааммулест,
Оғўши дому чоки қафас — ғунчаву гулест,
Сайри чамантарозии-сайёд мекунам!
То кай барам ба дашт пайёми рами ғизол?
То кай шавам ба баҳр арақрези инфиол?
3-ин шўълаҳои ғайрати беҳосилимаол,
Доман ба шамъи дил задаам баски дар хаёл,
Пиндорам, оташ асту манаш бод мекунам.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё