Зеҳн

Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ

АХ
Ахбор18 ноябри 2024 · 45 дақиқа хондан

Тарҷумаи ҳол ва мероси адабӣ

Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ соли 1818 дар шаҳри Бухоро таваллуд шудааст. Ў баъд аз таҳсили мактаб дар дабиристони қориён ба омўхтан ва ёд кардани «Қуръон» машғул шуда баъди хатми ин донишкада ба мадраса дохил мешавад. Вай дар мадраса аз устоди худ Домулло Ҳоҷибои Хўҷандӣ илмҳои расмии замонашро, ки таълими онҳодар мадрасаҳо ҷорӣ буд, азхуд намуда ғайр аз ин берун аз программаи мадраса ба тарзи мустақил илмҳои таъриху табииётро омўхт ва дар ин илмҳо дониши хубе андўхт. Ин дониши пурдоманаи Возеҳро муосирони ў дар тазкира ва таърихҳои худ махсусан таъкид намудаанд. Аммо бо вуҷуди ин илму дониш Возеҳ дар ҷамъият ба мақоми шоиста соҳиб шуда натавонист ва дар эҳтиёҷу камбағалӣ зиндагӣ мекард. Тахминан дар миёнаҳои солҳои панҷоҳум Возеҳ ба кадом воситае ба хидмати Музаффархон, ки он вақт ҳокимӣ Кармииа буд, кашида мешавад. Аммо зиндагии осоишта ба вай дар ин ҷо муяссар намешавад. Аввал ин ки муҳити бадахлоқона ва ҷоҳилонаи атрофи Музаффар барои Возеҳ хеле вазнин ва пуразият буд. Илова бар ин, атрофиёни Музаффар, ки ҳама ба хушомаду чоплусӣ ва фитнаву дасисаҳо яке аз дигаре пеши ҳокими худ пешдастиву мақоми баланд меҷустанд, нисбат ба Возеҳ рашку бадбинӣ диштанд. Шояд ба бадгўии душманон бошад, ё шояд ки худи Возеҳ ба ин муҳит одат накарда дар ҳаққи амирзода ё ягон мансабдори атрофи ў сухани баде гуфта бошад, ки дере нагузашта вайро доираи надимон ва ҳамсўҳбатони Музаффар ҳамчун гунаҳкор ва айбдор дур мекунанд. Возеҳ ба Бухоро бармегардад ва машғули корҳои эҷодиву илмӣ мешавад. Аммо ў даромади дурусте надошт, ки рўзгорашро таъмин кунад. Возеҳ, ки хати зебои хаттотӣ дошт, барои дўстдорон асарҳои шоиру нависандагони гузаштаро китобат карда ба пулу сармояи он зиндагии худро як навъ таъмин мекунад.

Баъд аз ба тахт нишастани амир Музаффар ҳоли Возеҳ ҳам аз ҷиҳати моддиву ҳам аз ҷиҳати маънавӣ боз сахттару вазнинтар шуд. Музаффар, ки кинаи худро дар дил нигоҳ дошта буд, баъди ба аморат баромадан таъқибот ва ҳисси душмании худро нисбат ба Возеҳ боз ҳам зиёдтару ошкортар намуд. Возеҳ гўё дар вазъияте буд, ки аз дўстону рафиқонаш ҷудо шуда буд, бисёриҳо аз тарси амир ва дарбориён ба пеши вай омаду рафт намекарданд. Худи Возеҳ рустиву махфӣ ба пеши баъзе дўстонаш — фозилу адибони замонаш рафтуомад мекард. Возеҳ медонист, ки қаҳру итоби амир ба сари ў метавонад бисёр офату балоҳо биёрад ва ў кўшиш мекард, ки ба ягон восита ҳусни таваҷҷўҳи амирро ҳеҷ набошад зоҳиран ба тарафи худ моил намояд. Шояд қасидаи зерини ў ба ҳамин муносибат навишта шуда бошад, ки дар он шоир нисбат ба амир самимияту садоқат доштани худро изҳор намуда умедворӣ менамояд, ки амир ўро ба марҳамату лутфи худ сазовор гардонад:

Хуршедфитрато, малико, хусраво, даме

Чашми ризо ба сўи мани бенаво кушой.

Гар муфлисам ба симу зар, аммо ба синаам

Бас ганҷҳои фазлу маонӣ намуда ҷой.

3-онам хароб дошта гардун ба гўшаҳо,

То кас ба ҷавҳарам набарад роҳ бар малой.

Рў карда омадам ба дарат бо ҳазор умед,

Дил баста омадам ба ҷанобат ба сад раҷой.

Ё раб ки дар маротиби амсолу сарварӣ

Аз ҷумла (и) аҳли давлату иҷлол барсарой.

Возеҳ барои нармтар кардани ғазаби амир нисбат ба худаш тазкираи «Тўҳфатулахбоб»-ро, ки соли 1871 ба охир расонида буд, ба номи вай унвон мекунад. Маълум нест, ки хашму ғазаби амир баъди ин ба вай камтар шуд, аммо маълум аст, ки ҳолу зиндагии Возеҳ дар ин солҳо ҳеҷ беҳбудие надошт. Ин вазъи ногувор ва ҳолати сахти худро Возеҳ дар бисёр шеърҳои худ бо яъсу навмедӣ ба забони ҳол овардааст.

Соли 1885 ба тахти аморат писари Музаффар — амир Абдулаҳад мебарояд. Ин амир худро шеърдўсту шоирнавоз ба қалам дода бисёр шоиру нависандгонро гўё ба марҳамату лутфи худ навохта ба дарбор ҷалб мекунад, ё онҳоро ба ягон рутбаю вазифа мансуб менамояд. Аз ҷумла Возеҳ низ дар аввали салтанати ин амир аз гўшаи фаромўшиву гумномӣ берун омад, аз таъқибу бадгўиҳои рақибону бадхоҳонаш каме наҷот ёфт. Вазъи зиндагии ў низ ҳамоно каме беҳтар шудааст, ки дар ин солҳо ў хонадор мешавад. Соли 1886 Возеҳ ба сафари ҳаҷ мебарояд ва ба ин баҳона бо бисёр мамлакату кишварҳои пешқадам, бо биёр олиму фозилони хориҷӣ шинос мешавад. Сафари ў аз шаҳри Бухоро сар шуда дар роҳ ба воситаи Туркманистон ва Кавказ ба Истамбул меравад ва аз он ҷо ба воситаи киштӣ ба Арабистони Саудӣ раҳсипор мешавад. Дар бозгашт Возеҳ аз болои Ироқ ва Эрон мегузарад ва қариб баъди як сол — баҳори соли 1887 ба Бухоро бармегардад. Баъди сафараш ў хотираҳои роҳ ва мулоқотҳояшро бо олиму фозилон ва аҳолии шаҳрҳои дидагиаш дар шакли китоб бо номи «Савонеҳулмасолик ва фаросиҳулмамолик» («Воқеаҳои роҳҳо ва масофаҳои байни кишварҳо») таълиф мекунад ва онро ба амир Абдулаҳад мебахшад. Номи дигари ин китобро «Ғароибулхабар фи аҷоибиссафар» («Огаҳиҳои ғариб аз аҷоиботи сафар») мегузорад. Возеҳ дар ин китоб на фақат сафари ҳаҷ ва шаҳрҳои муқаддаси Маккаву Мадинаро тасвир мекунад, балки аз бисёр воқеа ва шароити мамлакатҳои тараққикардаи Аврупою Осиё барои ҳамдиёронаш хабарҳои тозаву навин ва ибратбахш нақл мекунад ва ба ин восита вай мисли Аҳмади Дониш дидаи биниши аҳолии дар ғафлату ҷаҳолати асримиёнагӣ мондаро ба ҷаҳони фарох мекушояд. Шояд ҳамин иқдом ва нияти Возеҳ аз бисёр арбоби дин ва уламои ҷоҳил хуш наомад, ки баъди ин боз дар ҳаққи вай бадгўиҳо ва дар назди амир бадному сиёҳ карданд. Вазъи зиндагии Возеҳ боз бад шуд. Ӯ боз дар танҳоию эҳтиёҷу бенавоӣ мезист. Ва ин аҳвол то охири умраш беҳ нашуд ва шоир дар ҳамин хориву зиллат соли 1894 аз ҷаҳон чашм пўшид.

Возеҳ бо вуҷуди душвории зиндагӣ ва ноҳамвории шароити рўзгораш пайваста дар фаъолияти илмиву эҷодӣ буд ва дар муддати умраш асарҳои зиёди илмиву бадеӣ таълиф намуд, ки мутаассифона, имрўз на ҳамаи онҳо ба мо расидааст. Асарҳои Возеҳ, ки то замони мо расидааст, иборат аз инҳост:

1. Тазкираи «Тўҳфатулаҳбоб фи тазкиратуласҳоб» зикри шоирони охири асри XVIII ва асри XIX.

2. «Савонеҳулмасолик ва фаросихулмамолик» ё «Ғароибулхабар фи аҷоибис сафар».

3. «Хони лаззат ва хони неъмат». Дар ин асар Возеҳ, аз тарзу усули тайёр кардани таом, ширинӣ ва нонҳое, ки дар байни мардуми Осиёи Миёна ва махсусан мардуми Бухоро ҷорӣ буд,маълумот медиҳад. Ин асар дар чанд нусхаи хаттӣ мавҷуд аст, аммо ба табъ нарасидааст.

4. «Ақоидуннисо» («Эътиқоди занҳо»)—дар ин асар Возеҳ урфу одат ва хурофотҳоеро, ки байни занони ҷоҳилу нохондаи Бухоро ҳукмфармо буд, сахт ҳаҷву танқид кардааст.

5. Мероси манзуми Возеҳ, чунонки дар тазкираҳо хабар додаанд, аз девонҳои ашъори тоҷикӣ, туркӣ ва арабӣ иборат будааст. Аммо ин девонҳо аз байн рафтаанд ва ҳоло аз шеърҳои тоҷикӣ ва арабии Возеҳ дар баёзу тазкираҳо ва дастнависҳои ҳамон давр як қисме ба тарзи парокандаву парешон сабт гардидааст. Ғайр аз ин муаллифони тазкираҳо ба Возеҳ чандин асари дигари илмию бадеиро нисбат медиҳанд, аммо ҳеч яке аз онҳо то замони мо нарасидааст. Чунончӣ: «Шақоиқуддақоиқ» дар тавсифи илмҳои гуногун ва олимоне, ки ба ин илмҳо машғул будаанд, «Ароисулабкор ва наводирулафкор» — асари бадеист, ки аз ҳикоятҳои гуногуни манзуму мансур ба забонҳои тоҷикию арабӣ тартиб ёфтааст, «Тўҳфаи амонӣ» — ба илми тибб бахшида шудааст

6. Афкор ва ҷаҳонбинии Возеҳ, лаҳзаҳои гуногуни зиндагии ў, эҳсос ва ҳолатҳои рўҳии қалби ў, муносибати ў ба муҳит ва ҷамъияти он давр бештар аз ҳама дар шеърҳои лирикӣ — ғазал, рубоӣ, қасида, мухаммасҳои шоир ва дар асари мансури ў «Савонеҳулмасолик» инъикос ёфтааст. Бинобар ин «Савонеҳ» ва шеърҳои лирикии Возеҳ, ки, мутаассифона, мукаммал гирд оварда нашудааст, дар мероси илмию адабии ў мақом ва аҳамияти калони бадеию ғоявӣ доранд.

Тақдири шахсии Возеҳ ба маҳсули манзум, махсусан ба лирикаи ў аз ҳар шоири замонаш дида зиёдтар нақш гузоштааст.

Лирикаи Возеҳ

Дар ғазалиёт, қасида, рубоӣ ва дигар ашъори лирикии Возеҳ, оҳанги пессимистӣ ва шикоят аз «тақдири» ҷафокор ҳанўз аз солҳои ҷавонӣ садо медод. Ин ҳисси норозигӣ дар ғазалҳои ў ба оҳанги шикоятҳои шахсӣ намудор мегашт. Чунончӣ, ў навиштааст:

Зи бас гирифта дил аз ваъзи олами пирам,

Ба рўзгори ҷавонӣ чу ғунча дилгирам...

Чун шикастаю ошуфтаю парешонам.

Ки ҳамчу мавҷ набошад қабули таъмирам...

Насиби ман ба ҷаҳон ғайри талхкомӣ нест,

Магар ки рехта айём заҳр дар ширам.

Ҳадиси ояти ҳиҷрон рақам задӣ, Возеҳ,

Ки нест ҳоҷати шарҳи саҳеҳу тафсирам.

Баъди ба доираи дарбор кашида шудан ҳам дар ғазалиёти Возеҳ ҳузну андўҳ ва ғами танҳоӣ, шикваю шикоят аз ранҷу кулфати замон ҳамчунон шунида мешуд. Чунончӣ, ў дар поёни як қасидаи ба амир Музаффар бахшидааш менависад:

Манам он ғамзадаи хастаи мазлуми дилафгор,

Ки зи девони қазо ҷуз ситамам нест муқаддар.

Манаму дидаи ғамдидаи аз чарх пур аз хун,

Манаму хотири бас фотире аз даҳри муқаддар.

Чашм дорам, ки ба чашми караму айни мурувват

Нигарӣ ҷониби ин зору дуогўи муҳаққар.

Ин шикваҳои Возеҳ хеле эҳтиёткорона аст ва ҳамеша ба оҳанги додхоҳонае ифода ёфтааст. Аммо аз ин байтҳо садои эътирози шахсе шунида мешавад, ки дар «боргоҳи олӣ» зиллату хории маънавӣ ҳис мекунад. Ин оҳанг ҳатто дар ғазалҳо дида мешавад. Чунончи:

Савти булбул боз таъсири дигар дорад ба боғ,

Аз қудуми гул сабо, гўӣ хабар дорад ба боғ...

Эй насим, аз ҳоли зорам назди султон арз кун.

Бо надимон баҳри ишрат чун гузар дорад ба боғ...

Шоҳи килкам, Возеҳ, орад мадҳи шоҳаншоҳ ба бор

Талху ширин гарчи, ҳар нахле самар дорад боғ.

Рўзгори пурмашақкат ва муҳити дарбор, ахлоқи разили амиру ҳукмфармоёни дигар оҳангҳои шиквадори ашъори Возеҳро торафт пурқувват мекард. Дар ғазалиёт ва порчаҳои манзуми ў овози шоире, ки аз бори зиндагӣ кўфта шудааст, то рафт баландтар ва ҷонкоҳтар мешуд. Ин яъсу навмедӣ то охири умр ҳамроҳи зиндагии Возеҳ буда, дар ғазалиёту дигар шеърҳои лирикии ў равшан акс мешуд.

Дар ашъори Возеҳ баробари шикваю шикоят танқиди тар-тиботу сохти он ҷамъият ва ҳомиёни он садо медиҳад. Возеҳ хору залилӣ ва беэътибори илму донишро бо сўзи дил нишон медиҳад ва ишора мекунад, ки безабтию беназмии ҷамъият аз пастии дараҷаи илму маърифат аст ва боиси ин иллат ҳамон ҳукмфармоён мебошанд. Оҳанги норизоӣ ва танқиди замон дар ғазалиёти Возеҳ на фақат дар баётҳои ҷудогона, балки гоҳо дар ғазалҳои том низ садо медод ва қувваи танқидии он торафт пуршиддаттар мешуд. Чанд байти як ғазали ўро аз назар гузаронем:

Ман, ки аз ташвиши даврон хотирам зери ғам аст.

Рўзи идам дар назар монанди шоми мотам аст.

Карда ғамҳои ҷаҳон ҷо дар дили ношоди ман.

Лоҷарам ҷуз ман ба олам ҳар кӣ бинӣ, хуррам аст.

Одамият дар мизоҷи аҳли олам ёфт нест,

Бошад аз ҳайвон басе кам, он ки гўӣ одам аст.

Рафт то ҷое камоли нуқсу нуқсони камол,

Соҳиби ҷаҳли мураккаб бошад, он к-ў аълам аст

Бошад эмин аз ғурури ин шаётинофатон

Чун Сулаймон ҳар кӣ таслимаш нигини ҳотам аст.

Дил ба нони хону оши косаи дунон мабанд.

Филмасал гар қурси хуршед аст, в-ар ҷоми Ҷам аст.

Баъд аз ин Возеҳ, чу Урфӣ аз фалак фарёд хоҳ,

«Ман ба ҷое меравам, к-он ҷо қадам номаҳрам аст».

Эҳтимол меравад, ки он байтҳои пурсўзе, ки дар ғазалҳои Возеҳ (кам бошад ҳам) дар танқид ва мазаммати нуқсу иллати иҷтимоии замонаш мебинем, дар охири зиндагии ў навишта шудаанд. Дар ин вақт Возеҳ аз шудани тартиботи он давр, аз ислоҳи табақаи ҳукмрон билкул умедашро канда буд ва нисбат ба ин тўда дар дил нафрати ҷонсўз мепарварид. Сатрҳои зе-рини як ғазали ў ин аҳволи шоирро акс мекунад:

Аз хубси нафс масдари сад фитнаву шаранд,

Чун аждаҳо калиди дари ганҷу гавҳаранд.

Дар иддаои рутба зи афлок бартаранд,

Чун нек бингарӣ, ба ҳақиқат кам аз харанд.

Дар байти дигаре, ки дар тазкирааш овардаст, Возеҳ замони худро барои он танқид мекунад, ки «илму дониш» хор гаштааст ва «ҳиммати» табақаи ҳукмрон ба ҷамъи молу сарват сарф мешавад:

Аҳдест, ки илму фазлу дониш хор аст,

Ҳиммат масруфи сарфаи динор аст.

Қисми зиёди мероси лирикии Возеҳро ғазал, қитъа ва рубоиҳои ишқӣ ташкил мекунад. Аксари манзумоти ишқии шоир дар рўҳи хушнудона ва ба эҳсоси некбинию ҳаётдўстӣ суруда шудааст.Эҳсоси хушнудона ва рўҳи оптимистии ашъори Возеҳ пеш аа ҳама аз он бармеояд, ки ў нишоту хурсандӣ ва ранҷу дарди ишқи зиндагии воқеиро тараннум мекунад. Ишқи лирикаи Возеҳ аз мавҳумоти хушки рамзҳои динӣ ва тақлиди назми сўфиёнаи он аср дур буд. Ҳам дар тасвири фироқу ҳиҷрон ва ҳам дар тараннуми соатҳои висол хонанда ишқи ҳақиқии зиндагии инсониро ҳис мекунад. Ба тариқи намуна як ғазали Возеҳро пурра меоварем:

Ёр тимори дили хастаи мо кард? Накард,

Гузаре ҷониби арбоби вафо кард? Накард.

Чашмаш аз лутф сўи ғамзадагон дид? Надид.

Дилаш аз меҳр ба мо майли сафо кард? Накард.

Соате мўъниси ғамхонаи мо буд? Набуд.

Тарки ҳамсўҳбатии аҳли дуо кард? Накард.

Бар муроди дили аҳбоб даме рафт? Нарафт.

Дарди ушшоқи ҷигархора даво кард? Накард.

Аз парешонии ман зулф туро гуфт? Нагуфт.

Ё ки тақрири ғамам боди сабо кард? Накард.

Бар ғами бекасиам ҳеҷ касе сўхт? Насўхт,

Аз шиканҷи ситами чарх раҳо кард? Накард.

Коми Возеҳ, фалаки шўъбадабоз дод? Надод,

Раҳм бар вай нафасе баҳри Худо кард? Накард.

Мазмуни шеър ҳама аз нокомии ошиқ гувоҳӣ медиҳад: бо вуҷуди ҳамин хонанда дар ин ғазал як лазати интизории висолро эҳсос мекунад ва ин ба хонанда ҳисси фараҳмандӣ мебахшад. Дар лирикаи Возеҳ боз ду мавзўъ, ки бо хидмати дарбории ў, вобаста аст, бояд зикр шавад. Ин мавзўи мадеҳавӣ ва мутоибавии шоир аст. Аз ашъори мадеҳавии шоир ду-се қасида ва чанд ғазал боқӣ мондааст. Ин қасидаҳои Вазеҳ ҳарчанд дар мадҳи амир навишта шуда бошад ҳам, дар зимни мадеҳа шикоятҳои шоир аз ҳоли худ оварда шудааст. Дар қасидаҳои ў мадҳу ситоиши пурдабдаба ва пурмуболиға нест. Шоир пас аз ташбибҳои зебо чанд байт дар мадҳи амир оварда, дигар сар то сар ба тасвири аҳволи табоҳаш мегузарад, аз бемеҳрии рўзгор шикоят мекунад, аз амир имдод металабад. Ҳам ин ҷо хулосае мебарояд, ки Возеҳ ҳарчанд ба доираи дарбор чанд муддат алоқа дошт, аммо аз рўҳи назми мадеҳавии дарбор дур буд ва истеъдоди шоириашро сарфи маддоиҳию қасидасароӣ накардааст.

Ашъори ҳаҷвӣ ва «хубсиёте», ки дар назди доираи табақаи ҳукмрон ва дарбор хеле ривоҷ, ёфта буд, дар мероси манзуми Возеҳ кам дида мешавад. Бо вуҷуди ин, эҳтимол меравад, ки ў мисли дигар шоироне, ки ба дарбор алоқаманд буданд, ба фармони амир ё барои хотири ў гоҳе шеърҳои ҳаҷвӣ ва манзумаҳои аз одоб берун ҳам менавиштааст. Аз ин қабил ашъори Возеҳ як манзумаи калоне машҳур аст, ки дар аксари баёзҳо дарҷ гардидааст ва чунин оғоз меёбад:

Дирўз мову Фозили гижбўлу Нори пес,

Бо Аҳмади нақорачиву Ҷўраи Саис.

Ҳези Кариму Носири биллоҳии кафурт,

Тоши гадову Зокири дўр-дўру Нори Ғўрт,

Кўри Шарифу Темури яйлочи поякӣ.

Бо Рўзии ғарибкашу Эшбои чалпакӣ,

Будем ҷумла камбағалони даҳанкалон.

Як пул ба киса неву такаббур бар осмон.

Возеҳ бо ин гурўҳи авбошон гўё ба кирдорҳои ношоиста меравад ва баъд аз тасвири чанд воқеаи беодобонае, ки дар маҷлиси амир нақли онҳо аз мавзўоти асосии сўҳбат буд, манзумаашро бо ин байтҳо ба охир мерасонад:

Возеҳ, хамўш, бош, ки дар коми аҳли завқ,

Аз шаккари мутоябаат рехт шаҳди шавқ.

Ё раб, ки бод лоиқу мақбулу дилписанд

Назди замири поки шаҳаншоҳи арҷманд...

Аз инбисот баҳри дили поки шаҳриёр

Чидӣ бисоти тоза зи шўхӣ ба рўзгор.

Хотимаи ин манзумаи калони ҳаҷвии Возеҳ бар он далолат мекунад, ки шоир ин хел шеърҳои ҳазломези беодобонаашро бо супориши амир барои хондан дар маҷлисҳои ишрати ў менавиштааст.

Хусусиятҳои бадеи ва услуби лирикаи Возеҳ

Ҳарчанд мероси манзум, махсусан ашъори лирикии Возеҳ то замони мо пурра омада нарасидааст аз руи ғазалиёт, қасида, рубоӣ ва дигар китъаҳои парешон сабку услуби махсуси лирикаи ўро муайян кардан мумкин аст.

Дар лирикаи шоир, махсусан дар ғазалиёти ӯ мо ду услубу равияро мебинем. Як роҳу равияе, ки шоир дар ғазалиёт пайравӣ намудааст, натиҷаи таъсири сабки ҳиндӣ, хусусан услуби ғазалсароии Бедил аст. Услуби дигар — равияи наве буд, ки натиҷаи саъю кўшиши навҷўӣ ва навгӯии худи шоир буд. Ин равияи навҷўӣ, агарчанде махсуси эҷодиёти шоирони пешқадами он замон бошад ҳам, дар назми ҳар яки онҳо, аз ҷумла дар назми Возеҳ, ба тарзи хосса зоҳир мегашт. Худи Возеҳ ҳам дар як ғазалаш ба роҳу равиши «тозаи шеъри ғайри расм» ишора намудааст:

Расми таҳсину навои офаринро тоза кард,

Возеҳ аз ин тоза шеъри обдори ғайри расм.

Ин ду равия, ки бештар дар лирикаи Возеҳ дида мешуд, то охири эҷодиёти ў баробар давом мекард ва шоир дар ду сабки гуногун баробар шеър менавишт.

Возеҳ дар сабки классикӣ ба сабки ҳиндӣ ва ба ғазалҳои Бедил пайравӣ мекард. Ин пайравӣ ҳам пайравии эҷодкорона ва ҳам тақлиди маҳз ба шакли шеърии Бедил буд. Мо он ғазалҳои Возеҳро пайравии эҷодкорона мегўем, ки шоир ба ғазали муайяни ягон шоир назира карда, дар он мазмуну мудариҷа ва сабки ба худ хосро нигоҳ доштааст. Барои мисол чанд байти як ғазали дар сабки ҳиндӣ иншо намудаи Возеҳро иқтибос биёрем:

Агар монад ба рўят офтоб, эй нозанин, таҳсин!

В-агар дорад нишоне з-он лаби лаъл ангубин, таҳсин!

Агар тасвири ҳуснат дар нигористон гузар созад,

Ба нақши дилкашат аз ҷон кунад наққоши Чин таҳсин.

Набошад сози ҷамъият миёни сабзаву оташ,

Чунон сарсабз шуд хат з-он узори оташин, таҳсин,

...Гуҳар пошад ба васфи лаъли ў чун хомаи Возеҳ,

Кунад гар булфузуле мидҳати дурри симин таҳсин.

Дар ин байтҳо рўҳи мутафаккиронаи ошиқ, якрангии шакли шеър (такрори радиф, қариб дар ҳамаи байтҳо мисраи дуюм тавзеҳи мисраи аввал аст, на давоми он), ташбеҳу истиороти пўшидаву мураккаб ва монанди ҳамин хусусиятҳои дигар пайравӣ ба назми сабки ҳиндӣ мебошад. Аммо аз ҷиҳати мазмун Возеҳ дар ин ғазал мавзўи тараннуми ишқи инсониро ҷо додааст.

Дар мероси манзуми Возеҳ ғазалҳое низ ҳастанд, ки дар тақлиди ғазалҳои машҳури Бедил навишта шуданд. Дар ин хел ғазалҳо Возеҳ ғайр аз вазну қофияи радиф калимоту истилоҳоти махсуси Бедилро низ истеъмол намудааст.

Ин хел ғазалҳои дар пайравии Бедил навиштаи Возеҳ бисёр нест. Бо вуҷуди ин, аз ғазалҳои соф бедилона ва баъзе ғазалҳои дар сабки ҳиндӣ навиштаи Возеҳ ҳукм кардан мумкин аст, ки дар услуби тақлиди ашъори вай он матонату салосатро надорад, ки мо дар шеърҳои лирикии ба ғайри тақлид навиштаи ў мебинем.

Дар ғазалҳое, ки Возеҳ, на дар тақлид, балки дар пайравии сабки ҳиндӣ ва ашъори бедилона навиштааст, ҳамчун шоири сухандон ба тамоми қоида ва нозукиҳои назм риоя намудаст. Дар ин хел шеърҳо ташбеҳҳои мураккаб ва истиораҳои муҷар-рад бисёр бошад ҳам, мантиқ ва таносуби сухан маънии байт-ҳои ўро аз назар намепўшад. Барои мисол чанд байте аз як ғазали Возеҳ иқтибос меоварем:

Бе ту шабҳо то ба рўз афғон намудан корам аст,

Хоб бар мардум ҳаром аз нолаҳои зорам аст.

Як ҷав, эй таннози гандумгун, надонӣ қадри ман,

Гарчи ҳамчун коҳ умре рўй бар деворам аст.

Дар ин байт беқадрии худро пеши ёр бо образи аз гандум паст будани қадри ҷаву коҳ ба мантиқ ва таносуби комили сухан ифода намудааст

Аз фироқи он рухи чун арғувон дар бўстон,

Заъфаронӣ рангам аз ашки чун гулнорам аст.

Аз фироқи рухи гулгуни ёр, рўи заъфаронии ошиқ сурх шудааст, аммо на аз фараҳу шодӣ, балки аз ашкҳои сурхи (яъне хунини) ў. Дар ин ҷо низ ташбеҳи пўшида хеле бамаврид ва мутаносиб оварда шудааст.

Қисми зиёди лирикаи Возеҳ ба равияи «ғайри расмӣ» за-монаш навишта шудааст. Дар ин ғазалу рубоиёт ва дигар манзумаҳои лирикӣ Возеҳ аз такаллуфот ва тафаккуроти образҳои хаёлӣ дур рафта, эҳсоси ишқӣ ва қалби ҳассоси ошиқро бо образҳои равшани ҳаётӣ ва ташбеҳу истиораҳои воқеӣ (реалӣ) ифода намудааст.

Шеърҳое, ки шоир аҳволи рўҳия ва рўзгори нофарҷоми худро тасвир намудааст, низ ба ҳамин содагӣ навишта шудаанд. Мисоли барҷастаи ин тарҷеъбандест, ки Возеҳ дар тасвири аҳволи кулфатзадаи худ ҳамоно дар аввали расидани баҳор — иди наврўз навиштааст.

Гулрухи ман, сайри бўстонат ғанимат,

Навраси ман, васли ёронат муборак.

Навбаҳор омад ба худ афсўс дорам,

Гиря бар ҳоли дили маъюс дорам.

Не рафиқи мушфиқе дорам ба сўҳбат,

Не ба хилват ҳамдаме маънус дорам.

Чун ман аз таҳвили даҳри бемурувват

Бахти шуму толеи маъкус дорам.

Гулхури ман, сайри бўстонат ғанимат,

Навраси ман, васли ёронат муборак.

Ин шеър дар ғояти содагӣ навишта шудааст: дар он аз санъатҳои анъанавии илми бадеъ ҳеҷ санъате кор фармуда нашудааст, истиора, ташбеҳ ва дигар воситаҳои мураккаби назм дида намешавад. Ҳиссиёти вазъи ногувори шоир бо суханҳои оддии таъсирибахш, бо оҳангу наво ба рўҳияи шеър мувофиқ ифода ёфтааст.

Дар лирикаи бидуни тақлид навиштаи Вазеҳ мо ҳамон санъатҳои шеъриеро, ки дар ғазалиёти бедилона ва сабки ҳиндии ў кор фармуда шудааст (чунончи ташбеҳ, истиора, иҳом, тазод ва ғайра), низ мебинем. Аммо ин санъатҳои шеърӣ ба рангу тарзи нав — бо образҳои конкрет ва ба фаҳму тасаввур наздик ифода гардидаанд. Мо барои равшантар шудани матлаб боз чанд байти як ғазали Возеҳро муқоиса менамоем. Ҳар ду шеър дар васфи баҳор ва тасвири боғ навишта шудааст:

Савти булбул боз таъсири дигар дорад ба боғ,

Аз қудуми гул сабо, гӯй, хабар дорад ба боғ.

Нолаи най мехарошад гарчи ҷон дар ҳар мақом

Лек расли гул сабўҳи бештар дорад ба боғ.

Ашки хиҷлат бишкуфонад ғунчаҳои обрў.

Абр аз он рў ҷумла сози чашми тар дорад ба боғ,

Чун ба гулшан бигзарӣ доманкашон, эй масти ноз,

Гул зи хиҷлат чок пироҳан ба бар дорад ба боғ.

По ба гил сарву санавбар бо қадат дар ҷўйбор,

Оразат насрину гулро хунҷигар дорад ба боғ.

Байти сеюми ин ғазалро аз назар мегузаронем. Дар ин байт истиораи мураккаб ба воситаи санъати ташхис ифода ёфтааст: ашк ғунчаҳоро мешукуфонад, абр ашки чашми тари худро ба боғ мерезад. Шоир мегўяд: ҳарчанд мо аз бечорагӣ ашк резем ҳам, аммо обрў дорем. Яъне ашки мо дар рўи мо ғунчаҳои обрў мешукуфонад. Ин монанди он аст, ки аз донаҳои абр дар боғ гул мерўяд ва ба ин восита, боғ дар пеши назари одамон ҳусну ҷозиба (яъне қадру эътибор) пайдо мекунад. Мақсади шоир аз овардани образи абру боғ, ба воситаи санъати ташбеҳ вазъу мартабаи худро равшантар тасвир кардан аст. Аммо вай ин ташбеҳро сареҳ наовардааст. Маънии зоҳири байт он аст, ки «азбаски ашки хиҷлат ғунчаи обрў мешукуфонад, бинобар ин абр мехоҳад, ки дар рўи боғ ашк резад». Дар асл шоир дар ин ҷо ба воситаи истиораи мураккаб ташбеҳи пўшидаро кор фармудааст.Ба ҳамин тариқа, дар як байт чӣ маъниҳои пўшида ва санъати мураккаб оварда шудааст. Хонанда на ба эҳсоси қалб, балки ба муҳокимаҳои амиқу дақиқ бояд ин мазмуни муаммомонанди шоирро дарёфт кунад.Дар роҳи шеъри тозаи «ғайри расм» Возеҳ аз ибораҳои машҳури гуфугўи мардум ва зарбулмасалу мақолҳо низ истифода бурдааст. Ибораву мақолҳои гуфтугӯи мардум, асосан дар порчаҳои лирикӣ барои равшантар ва шўхтар ифода намудани эҳсоси ишқи зиндаву ҳаётдўстона ба кор бурда шудааст.

Ҳамчу кокул аз сарат гаштан насиби мо нашуд,

Нест дар даври ту қадри мўй моро эътибор.

Дасти мо худ кўтаҳ асту бахту толеъ норасо,

В-арна натвон ёфт з-ин болобаландон кўтаҳӣ.

Возеҳ аз бахти сияҳ як сар парешонам чу зулф,

Аз сари ҳар кас, ки гардам, поймолам мекунад.

Дар байтҳои якум ва дуввум таъбири «аз сар гаштан» (ба маънии қурбону фидои касе шудан) хеле бамавқеъ кор фармуда шудааст. Шоир ба даври сар мўйро баста мондани маъшуқаро мегӯяд. Дар мисраи дуввуми байти якум ба воситаи калимаҳои ҳамин таъбир (давр, мўй) дар пеши ёр беқадрии худро изҳор мекунад. Дар байти сеюм «аз сар гаштан» ва «поймол шудан» дар санъати тазод (муқобила) оварда шудаст. Ғайр аз ин парешонии худро ба парешонии зулфи ёр ташбеҳ карда дар даври сари ёр баста шудани мўйро бо таъбири «аз сари ҳар кас гаштани худ» ба воситаи санъати иҳом (ё муроотунназир) баробар кардааст.Аз муқоисаи шеърҳои пароканда ба хулосае омадан мумкин аст, ки Возеҳ дар аввали эҷодиёти худ ба ҳукми анъанаи назми замонааш ба сабки ҳиндӣ ва услуби ғазалҳои Бедил пайравӣ намудааст.Баъдтар Возеҳ бемазмунии назми тақлидиро фаҳмида аз ин роҳ бармегардад ва ба тарзи нави содданависӣ пайравй мекунад. Ин роҳи нави назми «ғайри расм» бешубҳа маҳсули давраи охиртари эҷодиёти ў (тахминан аз аввали солҳои ҳаштодум то охири умри шоир) мебошад. Ин гардиши ҷиддии эҷодӣ дар зарфи як давраи муайян, гўем дар бадали ду-се сол, ба амал наомадааст. Ин гардиш ва таҳаввулот натиҷаи ҷустуҷўҳои чандинсола ва такомули эҷодии Возеҳ буд.

Мундариҷаи «Савонеҳулмасолик»

Асари Возеҳ иборат аст аз муқаддима, тасвири сафар ва хотимаи хурд. Дар муқаддима муаллиф менависад, ки ў дар зарфи чил сол орзўи зиёрати шаҳрҳои муқаддаси Маккаву Мадинаро дар дил мепарваридааст ва ниҳоят дар пиронсолӣ ба ин орзў расида, ба сафар баромада, дар арзи роҳ бисёр шаҳрҳову мамлакатҳоро дидааст. Пас аз бозгашт ў хостааст, ки ҳамаи чизҳои дидаашро барои аҳли «камолу фазл» таҳрир намояд.

Возеҳ дар муқаддима унвони китобашро ҳам муайян меку-над. Ӯ менависад:«Ва ин китоби мустаҷоб, ки агар«Ғароиб-улхабар фӣ аҷоибиссафар» хонанд, равост ва агар «Савонеҳулмасолик вафаросихулмамолик» донанд, ҳам сазост, дар силки таҳрир ва самти таҳҳир дароварда тўҳфаи дарбор гардонидам» Пас аз муқаддима бевосита, ба мақсади асосӣ, яъне ба тасвири сафар мегузарад. Тартиби тасвири вай ба тартиби сафараш вобаста аст. Яъне вай асарашро ба ҳеҷ фаслу боб ҷудо накарда, чизҳои дидаашро аз як сар ҳикоя мекунад. Муаллиф дар ҳар ҷои асараш дар баробари тасвир намудани шаҳри дидагиаш ягон воқеаи аз сар гузаронидаашро нақл мекунад.

Тарзи тасвири шаҳрҳо низ як хел нест. Возеҳ дар баъзе ҷойҳо иморатҳои маъмуриву маишӣ ва ёдгориҳои таърихиро хеле батафсил тасвир мекунад, аммо аз вазъи иқтисодиву таърихии мамлакат чизе намегўяд. Дар баъзе ҷоҳо бошад, бештар ба тавсифи ҳаёти иқтисодӣ ва тарзи зиндагии мардум таваққуф намудааст. Дар тамоми асар қариб бе истисно масофаи байни шаҳрҳову қишлоқҳо ва бандару қалъаҳо ба ҳисоби фарсаху манзил нишон дода шудааст.

Хотимаи асар хеле хурд аст ва матни асоси ҷудо карда нашудааст. Баъд аз он ки муаллиф ба Бухоро расидани худро менависад, як ҷумла ба дуои амир тахсис мекунад, ки бо ин матни асосии асар хотима меёбад.

Ғояҳои пешқадам ва маорифпарварии Возеҳ дар «Савонеҳулмасолик"

Ғояҳои пешқадам ва афкори маорифпар-варии Возеҳ бештар ва пайгиронатар дар «Савонеҳулмасолик» инъикос ёфтааст. Пеш аз он ки мо дар ин мавзўъ сухан кунем, зарур аст, ки оид ба динӣ ё дурустараш пардаи диние, ки ин асар зоҳиран ба он ороста аст, таваққуф намоем.

«Савонеҳулмасолик» дарвоқеъ дар бисёр ҷойҳо мазмуни динӣ дорад. Муаллиф дар мубоҳиса ва мусоҳибаҳои худ бо арбоби илму маданияти мазҳаб ва миллатҳои гуногун ба бурҳону далелҳои муфассалу қотеъ асосҳои идеологияи исломро мудофиа кардааст ва ба фикри худаш бартарию афзалияти ғояҳои мусулмониро исбот кардааст. Вай дар тасвири Маккаву Мадина ва Карбалову Наҷаф ба муборизон ва намояндагони барҷастаи роҳи ислом бо як ҳусни таваҷҷўҳи калон муносибат намуда, дар васфи онҳо ва шаҳрҳои муқаддасу зиёратгоҳҳо қасидаҳо иншо намудааст.

Аммо мазмун ва пардаи динии «Савонеҳулмасолик» аҳа-мияти ғояҳои асосии пешқадамонаи ин асарро кам карда наметавонад. Пеш аз ҳама ғояи асосии асар дар ду унвони он ифода ёфтааст. Аз ҳар ду номи асар маълум мешавад, ки Возеҳ ба хонанда зиёрати Маккаву Мадинаро батафсил ҳикоя намуда, аз аҷоиботи сафари худ хабарҳои ғариб нақл карданӣ аст. Ин аҷоиботро Возеҳ ва ҳамватанони ў даҳ-понздаҳ сол пеш аз ин дида наметавонистанд. Зеро он вақт робитаи Бухоро аз олами маданияти ҷаҳон қариб канда шуда буд. Акнун пас аз ба Россия тобеъ шудани Бухоро табаддулоти бузурге дар зиндагӣ рўй дод ва дарвоқеъ Возеҳ бисёр чизҳои аҷоибро дар роҳ дид, ки аз онҳо ҳикоя кардан барои бухориён, аҳамияти калон дошт.

Возеҳ аз таассуби динӣ ва ҷоҳилонаи уламои замонаш дур аст. Бинобар ин вай аз аввали асар хонандаро меогоҳонад, ки ў дар вақти тасвири воқеаҳо аз мансубияти динии шаҳрҳо ва одамони дидагиаш қатъӣ назар мекунад. Вай менависад: «Ва қатъи назар аз такаллуфоту тасаннўоти мазҳабӣ ва таассуботи миллатӣ аз қарори воқеъ ҳар чиз ки бошад, навишта шавад, то бар тафосили ҳақоиқи (тафсили ҳақиқати) ҳар шаҳру ҳар ҷамоат ва ҳар мазҳаб камо янбағӣ (бояду шояд) вуқуфи куллӣ ҳосил шавад. Хусусан ки рўи сухан ба арбоби камол бошад, на ба суфаҳои ҷуҳол».

Возеҳ рўи суханро на ба уламои ҷоҳил ва мутаассиб, балки ба тарафи «арбоби камол», ки маънии суханҳои ўро ба хубӣ дарёфт мекунанд, нигаронидааст.

Ғояи пешқадами асари Возеҳ қабл аз ҳама тарғиби маърифат ва тасвири дараҷаи тараққиёти мамлакатҳои мутамаддин мебошад. Возеҳ дар мамлакатҳое, ки назар ба Бухоро аз ҷиҳати сиёсӣ, иқтисодӣ ва илму маданият дар пояҳои баланди тараққиёт меистоданд, сафар намуда, бештар барои мардуми диёри худ се ҷиҳати зиндагии ин кишварҳоро тасвир мекунад: сохти сиёсӣ, дараҷаи инкишофи иқтисодӣ, пешрафти техника, маданият ва илму дониш.

Возеҳ тасвири худро аз шаҳри нави Марв, ки баъди ба Россия ҳамроҳ шудани Осиёи Миёна ҳамчун маркази сиёсиву иқтисодӣ сохта шуда буд, шурўъ мекунад.

Нависанда баъди ин дар бораи хати нави роҳи оҳан ба хонанда ахборот медиҳад: «Ва аробаи оташе ,ки ба истилоҳи русия «челиз» ва «рейл» ва «мошин» ва форсиён «роҳи оҳан» хонанд, аз ин ҷо то ба Оксобот ҷорӣ шуда».

Дар тасвири Возеҳ ба пешрафт ва навигариҳои зиндагии мамлакат ва шаҳрҳои тараққикарда ҳусни таваҷҷўҳ ҳис карда мешавад. Вай дар бозгашт дар Марв таваққуф мекунад ва он дигаргуниҳое, ки дар зарфи қариб ёздаҳ моҳ дар ин шаҳр рўй додааст, нависандаро ба ҳаяҷон меандозад: «Аз ҳангоми убури ҷой то алҳол, ки ёздаҳ моҳ аст, Марв бисёр обод шуда ва тафовути куллӣ дар имронот ва асвоқ ба ҳам расонидаст. Ва ба ҷиҳати дарё, пуле сохтаанд, муштамил бар сездаҳ хона аз чўб. Ва аробаҳои оташӣ, ки онро «челиз» ва «мошин» ва «вагон» ва «вогун» ва «оҳан» хонанд, бар лаби дарё мўҳтавӣ бар чанд роҳи оҳан вазъ кардаанд, ки ба тарафи Душохкалот, Оқсобот ва Чорҷўй меравад. Ва ҳар аробаи оташӣ иштимол бар шонздаҳ хона то бисту ҳашт хона. Ва ҳар хонае аз он шашсад пуд ме-бошад бор аз одам ва ғайр медарояд. Ва вазни оташхонаи ҳар ароба бисту чор ҳазор пуд аст».

Дар шаҳри Истамбул киштиҳои бухорӣ ва пулҳои бузурги баҳриро тасвир карда менависад: «Дар миёнаи денгиз, ки аз васати шаҳр ҷорист, он ҳама вофурҳои оташӣ ва бодӣ ва киштиву қаиқҳои кўчак ҷорӣ ва ғайри ҷорӣ мебошад, ки ниҳояти тамошо дорад. Мардум ба ҷиҳати тафарруҷ, ва тараддуд ба ҳар тараф ронда мераванд. Болои ин дарё пуле кашидаанд, ки мардум аз он убуру мурур менамояд. Ва даҳ пора, ки ба қадри ду ним пулшаш пули Бухоро мешавад, ҳар кас дода мегузарад».

Тасвири осиёби бузурги Истамбул низ ҷолиби диққат аст. Ин осиё аз рўи дараҷаи тарақкиёти техникаи он замон аз корхо-наҳои бузургтарин ба шумор мерафт. Ин ягона корхонаи калони саноатӣ буд, ки Возеҳ дар сафари худ тамошо карда ва тасвири онро нисбатан батафсил додааст: «Ҳамроҳи руфақо ба ҳама хонаҳои зерин ва болоини он сайру гардиш намудем. Со-ҳибони ин корхона дар ниҳояти хубии ахлоқ ва ҳусни муҳовара буданд — алҳақ осори ҳикмати юнонӣ аз ҳар ваҷҳ зоҳир ва боҳир буд: мошин дошт, ки сабўсро аз орд ҷудо мекард ва мошини дигар дошт, ки орди аълоро аз авсату адно имтиёз медод».

Возеҳ ба воситаи ин тасвирҳояш ба мардуми Бухоро аз аъҷубаҳои саноату техникаи мамлакатҳои тараққикарда маълумот дод ва чашми онҳоро ба сўи илму маърифати нав кушод.

Возеҳ ин «аъҷубаҳоро» мисли як каромот ё натиҷаи қувваи мўъҷизаосо тасвир накардааст. Вай (чунон ки) Аҳмади Дониш ҳам дар «Наводирулвақоеъ» ҳамин роҳро пеш гирифта буд) ба хонанда талқин мекунад, ки аҷоиботи техникаву саноат са-мараи ақлу хирад ва илму дониши худи одам аст. Возеҳ кўшиш намудааст, ки аз рўи шунид ва фаҳми худаш сохти мошинаҳои осиёби бухорӣ, сабаби ҳаракати паровоз ва дастгоҳҳои дигарро ба хонанда шарҳ диҳад. Возеҳ пас аз он ки кори мошинаҳои осиёро тасвир мекунад, дар бораи усули ба ҳаракат омадани ин машинаҳо чунин менависад:

«Мулоҳиза намуда шуд, ки қадре аз оби дарёро ба мили чӯян ба чархҳо ва олоти мошин расонида ва аз зери он об оташе афрӯхтаанд, ки аз ҳарорати оташ дар ҷўш даромада ва аз бухори ҷўшиши об чархҳо ва асбобҳо ба ҳаракат меомада фоили умури мазкура мегарданд».

Возеҳ дар асоси ҳамин мушоҳидааш ба қонуни физикии қувваи бухор пай бурда, тарзи истифодаи ин қувваро дар киштӣ ва пароходҳо низ нишон медиҳад:

«Ва ҳамин санъат аст дар аробаи оташӣ ва вофури оташӣ, ки ба бухор мутаҳаррик мешавад. Магар сими тилгироф, ки он ба ҳаракати ҷозибаи миқнотис, ки «оҳанрабо» хонанд, мутаҳаррик мешавад ва дар як сония мумкин аст, ки ёздаҳ то дувоздаҳ бор даври оламро сайр намояд, ки чунончи дар илми усули физик баён намудаанд».

Ин маълумотҳои Возеҳ бо мақсади муайян оварда шудаанд. Нависанда, аз як тараф, натиҷаи илмҳои дақиқу табииро, ки таҳсили онҳо дар мадрасаҳои Бухоро расм набуд, бо мисолҳои воқеи нишон медиҳад. Аз тарафи дигар, ӯ гӯё таъкид мекунад, ки ин кашфиётҳои илм дар доираи қудрати одам аст — танҳо зарур аст, ки кас асрори ин илмҳоро азхуд кунад. Аз ин сабаб ў ба хонанда на танҳо аз қувваи бухор, инчунин аз қувваи электромагнитӣ, ки фарангиён (яъне аврупоиён) дар илми фи-зика кашф намудаанд, низ ахборот медиҳад.

Мақсади Возеҳ аз ин хабарҳои ғариби аҷоиботи сафар ҳамин буд, ки мардуми дар хоби ғафлат ва нодонӣ мондаи аморати Бухоро ба нури маърифат ҳар чи бештар равшан кунад ва онҳоро ба омўхтани илму дониши дунявӣ ташвиқ намояд.

Возеҳ дар мавриде ишора намудааст, ки дунё дар вақти ҳозира ба марҳилаи тараққии нав даромадааст. Инсон барои кашфиёти нави илмӣ бояд ба илму дониши гузаштагон қаноат накарда, балки дар шароити нав бояд ба омўхтани илм ва кашф намудани асрори табиат машғул шавад. Вақте ки ў аз инкишофи илму маданияти Искандария сухан меронад, чунин хулоса ва муҳокимаҳо мебиёрад:

«Алҳақ ки ҷавн (дунё) дар тараққист ва истеъдодоти мутакосира (бисёр) аз мабдаи фаёзи мутанозила ва улвиёти саъида (яъне аз осмон, аз пеши қувваи илоҳӣ) асари тарбияти худро зоҳир намуда. Ва он чи соҳиби китоби «Матлаъулулум» фармуда ки «инсоф он аст, ки ҳукамои юнон тухми амалро дар ин замини амал коштанд ва самараи онро надиданд: ва аҳли фарангӣ маҳсули он тухмҳоро даравида ва хирман карда, интифоъ (манфиат) пазируфтанд: ва корҳо ва тадбирҳо, ки насорои фарангӣ Ландан ва Фаронса ва немиса ва соири насорӣ мисли тилгироф ва роҳи оҳан ва чиҳози дудӣ ва амсоли инҳо воқеъ шуда, аз ҳукамои собиқ содир ва ворид нагардида». — хуб сухане гуфта ва дурри маънӣ суфта».

Возеҳ таъкид мекунад, ки тухмҳои аввалини илму дониши ҳозира ҳарчанд аз тарафи олимони гузашта кошта шуда бошад ҳам, аммо олимони мамлакатҳои аврупоӣ, бо он илмҳо қаноат накарданд, балки дар асоси он донишҳо илми ҳозираро тараққӣ доданд. Натиҷаи ҳамин буд, ки кашфиёт ва ихтирооте онҳоро даст дод, ки олимони гузашта ба он расида натавониста буданд. Ин андешаи Возеҳ ба вазъияти ниҳоят бади илму маърифати замони худаш дахл дошт. Нависанда гўё гуфтан мехост, ки дар мадрасаҳои Бухоро фақат бо омўхтани илмҳои мурдаранги гузашта маҳдуд нашуда, мувофиқи тараққиёти дунё фанҳои нав ва дониши тозаро вазъ намудан ва тараққӣ додан лозим аст. Зеро, такрор мегўем, дунё дар тараққист ва одамизод дар кишварҳои дигар ба илму дониш мўъҷизаҳо меофарад.

Возеҳ мегўяд, ки «аъмоли мазҳабиву миллатӣ» баробари аз байн рафтани «шароеъ ва адён» (яъне шариатҳову динҳо) нопадид мешавад, аммо осори моддӣ ва маданӣ боқӣ мемо-над. Чаро? Чунки ин кори давлату салтанат аст ва ҳар коре, ки дар ин роҳ карда мешавад, ҳам ба манфиати ҳукмдорон аст ва ҳам ба манфиати халқ. Ба ибораи дигар гӯем, на аъмоли ди-ниву мазҳабӣ, балки корҳои бузурге, ки ба воситаи илму дониш барои манфиати халқу давлат анҷом меёбад, баро насли оян-да боқӣ хоҳад монд. Возеҳ кашфиётҳои бузурги илмии мардуми Аврупоро чун мисол нишон медиҳад.

Возеҳ мегўяд, ки ҳамаи он аҷоибу ғароибе, ки ба тарзи афсона дар китобҳои пешина навишта шудаанд, дар пеши мўъ-ҷизаҳои кашфиёти илму донише, ки ў додааст, ҳеҷ аст. Дар бораи ин кашфиётҳо, дар бораи тараққиёти моддиву мадание, ки ба халқу давлат манфиат меорад, навиштан арзиш ва аҳамият дорад («Ва ин низ зоҳир аст, ки умури мазбура аҳаққ ва ансаб бувад ба навиштан»).

Ба ҳамин тариқа, Возеҳ фикри ботили он касонеро, ки «илму дониши ҳозира аз хаёли фикри пешинагон нагузаштааст» («дар азҳону афкори ашхоси мутақаддимин ин маонӣ сунўҳ нанамуда») гўён, аз таҳқиқ ва тадқиқи олами моддӣ даст кашиданӣ мешаванд ба ин далелу бурҳонҳои мантиқӣ рад мекунад. Вай хонандаро даъват мекунад, ки аз доираи таълими мадраса берун барояд ва аз кашфиётҳои бузурги фанни аврупоӣ таълим гирад. Ин фикри Возеҳ бо тарғиботи маорифпарварии Аҳмади Дониш, ки усули таълими мадрасаро сахттар ва ошкоротар танқид кардааст, хеле наздик аст.

Возеҳ дар бораи ҳаёти маданӣ, тарзи шаҳрдорӣ ва вазъи санитарии шаҳрҳо, усули таълим ва дараҷаи илмии ҳар шаҳру мамлакат то тавонистааст, муфассалтар маълумот додааст.

Возеҳ дар ҷазираи Отияи Юнон қаҳвахонаҳои тозаву мурат-табро мебинад, ки «Аксари бузургон ва маорифи эшон дар онҳо бар бодои усталҳо нишаста машғули хондани рўзнома» будаанд. Ў дар Карбало — шаҳри муқаддаси аҳли шиа — мебинад, ки мардум ба ҷиҳати тангии ин ҷо, дар беруни қалъа «иморати рафеъа ба тарзи биноҳои Фарангу Рум-...мусаввар ва болои ҳам то чору панҷ ошёна вазъ карданд».

Дар Теҳрон Возеҳ ва мадрасаҳои кўҳнаи асримиёнагӣ, балки донишкадаи тарзи навро тасвир намуда менависад:

«Теҳрон шаҳрест мураккаб аз Фарангу Рум ва Русу Бағдод, яъне намунаи иморат ва аҷнос ва маҳосини ҳамаи инҳоро дорад... Ба иморати муаллимхонаи шоҳӣ рафтем, ки ба даруни ҳуҷароти онҳо мардумон ва кўдакони дигар ҳастанд, ки забонҳои мухталифа аз русиву фарангӣ ва арабию юнонӣ ва ғайра ва илми низоми сарбозӣ таълим медиҳанд».

Нависанда махсусан таъкид мекунад, ки масъалаи чопи китоб ва савдои он дар Теҳрон хеле хуб ба роҳ монда шудааст ва дар ин ҷо аҳли илм осори маданиву адабии ҳар миллату мазҳабро мехонанд ва меомўзанд.

«Дар чанд мавзеи ин шаҳр (яъне Теҳрон — Р. Ҳ.) бозори китобфурўшист, ки ҳар кадом аз ин китобфурўшҳо чанд котиби хушхати сареъулкитобат доранд, ки ҳама вақт машғули китобат мебошанд. Ва чопхонаҳо доранд, ки ин китобҳои мазбураро дар он ҷо ба чоп медаро ранд. Ва аз ҳар ҷинс китоб дар ҳар илму ҳар мазҳаб ва ҳар миллат доранд, мисли кутуби аҳли ислом ва таврот ва инҷил ва забур; ва кутуби яҳуду насорӣ аз таворих ва қисаси эшон. Ва баъзе китобҳои осмонии дигар, ки дар билоди мо шӯҳрат надорад, ҳамаро мавҷуд доранд».

Возеҳ низоу таассуби диниро ба кори давлату мамлакат халали куллӣ медонад. Вай аз забони як нафар эронӣ гуфтанӣ мешавад, ки агар кори давлат ба закуну низом (яъне ба кон-ститусия) қарор ёбад, ин ҷанҷолҳои динӣ ба кори давлат дахл карда наметавонад. Марди эронӣ ба Возеҳ мегўяд:

«Суфаҳою ҷуҳало дар ҳар билоду ҳар мазҳаб ҳаст. Алҳол ки корҳо ҳама мувофиқи низому закун мебошад. Зеро ки давлатҳои арбаъаи мутадовила (ҳамоно Англия, Франсия, Россия ва Германия дар назар дошта шудааст—Р. Ҳ,.) ба ҳамдигар муоҳада намудаанд, ки аз ваҷҳи табоюн ва тахолуфи мазоҳиб касе бо касе коре надошта бошад. Зеро ки барои подшоҳ мамлакат ва раият ва давлат зарур аст ва баёни шариату мазҳаб кардан вазифаи пайғамбарон аст, моро ба он чӣ кор аст».

Дар ин ҷо Возеҳ ба ду нукта ишора мекунад. Дар он мам-лакатҳое, ки низому зокун (яъне конститусия — ҳамон низоме ки Аҳмади Дониш дар рисолаи сиёсиаш ва асарҳои дигараш тарғиб мекард) ҷорист, дин ба корҳои давлат дахл намекунад ва озодии мазҳаб ҷорӣ карда шудааст. Дар он ҷоҳо таассуби динӣ нест. Дар он ҷо озодии шахс барқарор карда шудааст. Подшоҳ бо корҳои раияту мамлакат аз рўи низому зокун машғул мешавад.

Маълум мешавад, ки дар Бухоро низ чунин низому зокун ҷорӣ карда шавад. Ин фикри ҷасуронаи тараққипарварона зодаи ақли он марди эронӣ набуд, ки Возеҳ ўро дар Карбало дидаасту аз вай ин гапҳои навро шунидааст. Вай мард, ки аз Бухоро чандин ҳазор фарсахҳо дур зиндагӣ мекард, калимаи «зокун»-ро ба Возеҳ гуфта наметавонист. Калимаи «зокун» пас аз ба Россия ҳамроҳ шудани Осиёи Миёна дар Бухоро пайдо шуд. Ин калима зуд ба ҳукми як истилоҳи сиёсӣ даромад, ки мо онро дар асарҳои Аҳмади Дониш бисёр мебинем ва ба маънои истилоҳи имрўзаи «конститусия» кор фармуда мешуд. Маълум мешавад, ки Возеҳ аз забони он марди карбалоӣ дар бораи давлатдорӣ ва муносибати дину давлат фикри шахсии худро гуфтааст.

Ин фикрҳои пешқадамонаи Возеҳ доираи дарбори амир ва худи амирро дар ғазаб намуданд ва ҳамлаи онҳо якҷоя бо рўҳониёни мутаассиб ба муқобили Возеҳ аз аввала ҳам сахттар ва пуршиддаттар гардид.

Фикру ақидаҳои пешқадам дар «Савонеҳулмасолик» ҳоло мухтасар ва назар ба «Наводирулвақоеъ» камтар ифода гаш-тааст. Аммо мақсади нависанда ҳамеша барҷаста ва ба ҳадафи асосӣ равона шудааст. Бинобар ин бо камолоти қатъият гуфтан мумкин аст, ки пас аз «Наводирулвақоеъ» ба майдон омадани ин асар барои тараққиёти афкори сиёсиву иҷтимоӣ ва инкишофи ғояҳои пешқадами адабиёти он давр аҳамияти ниҳо-ят калон дошт.

Услуб ва хусусиятҳои бадеии «Савонеҳулмасолик»

«Савонеҳулмасолик» мисли бисёр асарҳои ҷуғрофию хотироти сафар, ки дар адабиёти классикии тоҷик таълиф шудааст, баробари он ки характери илмию маърифатомўзӣ дорад, дорои хусусият ва услуби хоссаи бадеӣ низ мебошад.

Асоси мавзўъ ва тасвири бадеии «Савонеҳулмасолик» ҳаёти воқеӣ ва шахсони реалӣ мебошанд. Дар маркази воқеаҳои реа-лии асар образи ноқил-ҳикоякунандаи ин воқеаҳо — худи на-висанда меистад. На танҳо нақли воқеаҳо аз тарафи образи ноқил-Возеҳ, балки муносибати ноқил ба ҳодисаву воқеаҳо асоси мундариҷаи ғоявӣ ва хусусиятҳои бадеии асарро муайян намудаанд.

Асоси реалии асар ба сабку услуб ва забони асар бетаъсир намондааст. Возеҳ дар мазмуни асар ҳамон қадар ба воқеият наздик бошад, дар тасвири бадеӣ низ, аз усули рамзиву шартӣ дур рафта, роҳи тасвири реалистиро пеш гирифтааст. Азбаски ў ҳаёти воқеӣ, зиндагии реалиро мундариҷаи асари худ қарор додааст, тасвири ў ҳам реалӣ, ба воқеият наздик аст.

Возеҳ дар тасвири наҳрҳову роҳҳо, баҳру дарёҳо ва махсусан ёдгориҳои таърихиву маданӣ ниҳоят моҳир аст ва дар ин ҷо гуфтан мумкин аст усули тасвири ў реалистона аст.

Дар тасвири шаҳрҳо чандон тафсил намедиҳад, аммо он чизеро, ки ба ин ё он шаҳр хос мебошад, таъкид мекунад. Чунончи:

«Бағдод—шаҳрест бисёр қадим аз биноҳои Нўшервон, дар бузургӣ ва кўчакӣ миёна аст. Наҳри Даҷла аз миёнаи он мегузарад. Иморати хулафои бани Аббос дар тарафи ғарбии Даҷла буда... аммо дар ин замон матрук шуда. Ва ҷониби шарқии Даҷла бисёр обод ва раставу бозорҳои мутааддида ва корвонсаройҳои мутанаввиъа дорад... Иморат ва боғоти бисёр аз умарову фуқаро бар лаби Даҷла вокеъ шуда, ки аз ҷониби Даҷла дарҳо ниҳодаанд ва кушода, ки тамошои хубе дорад. Ва ба фаввораҳо об аз Даҷла баромада ба даруни иморат мерезад... Ва аз касоне ки дар ин қасрҳо нишаста машғули айшу тараб будаанд, ҳаргиз асареву хабаре на дар он қасрҳои вайрон ва иморати бесоҳиб. Менигаристам ва менигаристам».

Дар «Савонеҳулмасолик» тасвиру тавсифҳои ёдгориҳои таърихӣ ва иморатҳои илмиву маданӣ мавқеи калон дорад. Возеҳ дар тасвири ёдгориҳои таърихӣ бештар ба сохти меъморӣ, усули кошикорӣ ва зарандудии биноҳо, ба нақшу мусаввараҳои онҳо аҳамият додааст. Тасвири ў тасвири олимонаи санъатшиноси намоёни он давр мебошад. Аз тасвирҳо хонанда баъзан аҳамияти динии баъзе масҷиду ҳарамҳоро фаромўш карда, ҳамроҳи нависанда аз санъати баланде, ки ба дасту бозуи халқи меҳнаткаш офарида шудааст, ба ваҷду ҳаяҷон меояд.

Тасвири реалии Возеҳ махсусан дар он ҷойҳое, ки ў дашту водиҳои ҳосилхез ва манзараҳои табиати шаҳру деҳотро ба воситаҳои бадеии содаву барҷаста тавсиф мекунад, хеле муҷассам ва боварибахш намоён мешавад.

Барои равшан нишон додани салиқаи реалии тасвири Возеҳ мо дар поён як порчаеро иқтибос меоварем, ки дар он нависанда бо санъати реалистона як лаҳзаи бисёр таъсирбахши корвони сафарро таҷассум кунонидааст:

«Ва ҷавонони хушилҳони араб ва ҷаммолу акком ва ғайра ба савтҳои ҳиҷозӣ ва лаҳнҳои ироқӣ дар ҷавфи шабҳо аз фаслҳои саҳаргоҳ бисёр хуб мехонданд, ки одамиро аз ҷо мебурд ва аҳвол низ барҳам мехўрд. Ва дар муқобили эшон аз мардуми аҷам низ ба овози баланд... ба оҳангҳои муносиб ашъори маросӣ ва маноқиб ва ғайра мехонданд. Аз даруни маҳмилҳо аз занону мардон риққат намуда мегиристанд ва садоҳо ва багиря баланд мешуд ва ҳар соат ба овозҳои баланд салот мефиристоданд».

«Савонеҳулмасолик» бо сабки баёни хеле мўҷаз, ба тарзи рўзномаи мухтасар, ба истилоҳи имрўза гўем, ба шакли репортажи хроникавӣ навишта шудааст. Аз ин ҷост, ки Возеҳ дар вақти тасвири воқеаҳо, шаҳрҳо ва умуман дар тасвири бадеӣ дар ниҳояти иҷоз аст. Вай аз ташбеҳҳои сунъӣ ва муболиғаҳои аз фаҳм дур даст кашидааст. Нависанда мекўшад, ки чизҳои тасвиркардаашро бо як-ду сифати барҷаста ба хонанда муҷао самтар нишон диҳад. Чунончи, ў дар ҷои ниҳоят баланд воқеъ гардидани ҷои намози як мадрасаро чунин тасвир кардааст:

«Дар пешгоҳи ин мадраса ба тарзи хонақоҳ ҷои намоз хондан таъбия намудаанд, ки бе муболиға агар касе, ба болои он назар кунад, кулоҳҳу дастор аз сараш меафтад».

Нависанда барои нағзтар нишон додани равшании ҳаммоми Истамбул аз муболиғаи халқӣ истифода бурдааст:

«Ва дар равшанӣ то ба ҳаддест, ки агар сўзане дар як та-рафи хонае афтода бошад, аз ин тарафи дигар дида мешавад».

Дар «Савонеҳулмасолик» ба ҷои санъатҳои анъанавии классикӣ воситаҳои реалии тасвир, ба ҷои забони душворфаҳм пуртакаллуф, забони содаи равоне кор фармуда шудааст. Чунончи, нависанда аз санъати мусаҷҷаъ ва мураҷҷаз, ки дар насри бадеии классикӣ расм буд, қариб тамоман даст кашидааст. Аз бисёр мисолҳое, ки дар боло овардем, маълум аст, ки насри ў насри муқаррарӣ (ба истилоҳи илми бадеъ—насри орӣ) аст.

Дар «Савонеҳулмасолик» ҷойҳое ҳаст, ки Возеҳ ба фасоҳа-ти сухан хеле диққат дода, ҷумлаҳоро аз рўи қоидаву зобитаҳои насри классикӣ сохтааст. Аммо чунин пайравии муаллиф на барои «санъатнамоӣ» аст. Дар чунин мавридҳо худи рўҳу мазмуни нақл ва шароити тасвири воқеа аз нависанда ҷиддияти насри классикиро тақозо намудааст. Намунаи насри душворписанд дар муқаддимаву хотимаи асар ва дар он ҷойҳое, ки муаллиф бо олиму фозилони шаҳрҳои бегона мунозараву мубоҳиса мекунад, дида мешаванд.

Возеҳ барои содатар ва ба фаҳми хонанда наздик намудани мазмуни асар аз таъбиру ибора ва калимаҳои забони мардуми тоҷик бисёр истифода бурдааст. Ин давоми равияи демократикунонии забони адабӣ дар адабиёти нимаи дуввуми асри XIX роҳи васеъ пайдо карда буд. Чунончи, ў менависад; «... пеш даромада ба кушодани амтиъа ва акмишаи ғариба шурўъ намуд.»

«Қолинҳои абрешимӣ ва пашмӣ... паҳн ва фарш карданд». «...хидмати мекардагиашон ҳамин ки лоса ва молидан аст».

«Ва ҳамин ки шахс аз дар медарояд, ба ҳар ду ҳуҷра роҳ дорад».

«се ҳарами дарун ба бадарун воқеъ шуда...»

Возеҳ монанди Аҳмади Дониш калима ва истилоҳоти русиро низ кор мефармояд. Вай аз калимаҳои русӣ ба ду роҳ истифода намудааст.

Якум. Нависанда калима ё истилоҳеро пеш аз он ки ба кор барад, онро ба тоҷикӣ шарҳ медиҳад ё муродифи тоҷикии онро мебиёрад.

«Ва аробаи оташӣ, ки ба истилоҳи русия» «челиз» (железо, яъне железная дорога) ва «рейл» (калимаи англисӣ аст) ва мошин (машина) хонанд».

«Панҷ пораро «кўпик» (копеека—копеек) низ хонанд, ки ба забони урусӣ тин гўянд».

«...тамошо ки ба истилоҳи насорӣ (яъне русҳо. — Р. Ҳ.). «гулайт» (гулять) «хонанд».

Дуюм. Возеҳ калимаҳои русиро бе шарҳу эзоҳ меоварад. Возеҳ ҳамчун қисми таркиби забони тоҷикӣ, ки кайҳо ба забон дохил шудааст, истеъмол мекунад (мисли устал—стул, физик—физика, тилгироф—телеграф ва ғайра).

Дар асар ин хел калимаҳо чандон зиёд набошанд ҳам, барои ифодаи маънию мазмунҳои нави зиндагӣ ба забони тоҷикӣ далерона дохил намудани истилоҳоти илмию техникии русӣ ва аврупоӣ дар инкишофи забони адабии точик таъсири мусбат дошт.

«Савонеҳ-ул-масолик» дар адабиёти нимаи дуюми асри XIX мақоми махсусе дорад. Мазмуни ғоявии пешқадам ва афкори маорифпарварии ин асар дар инкишофи идеявии адабиёти он давр ва такомули бадеиёти он таъсири мусбат расондааст.

АЗ ҒАЗАЛИЁТ

Аз саводи зулф чун бинмояд он рухсор каҷ,

Офтоб ояд бурун, гўӣ, зи шоми тор каҷ.

Гул занад дар пираҳан чок аз сафои он бадан,

Чун шавад дар сайри боғ он сарви хушрафтор

Бо рухат лофи тароват зад гул андар бўстон,

Баста оварданд з-он рў бар сари бозор каҷ.

Дида макшо, бар рухи шуми рақиби зиштрў,

Хуб сабзад дар зимистон гар шавад бемор каҷ,

Возеҳо, урёнтанӣ махсуси аҳли дониш аст,

Нест дар майдон ба ҷуз шамшери ҷавҳардор каҷ.

Ёр бемори дили хастаи мо кард?— Накард.

Гузаре ҷониби арбоби вафо кард?—Накард.

Чашмаш аз лутф сўи ғамзадагон дид?— Надид,

Дилаш аз меҳр ба мо майли сафо кард?» Накард,

Соате мўниси ғамхонаи мо буд?— Набуд.

Тарки ҳамсўҳбати аҳли дуо кард?- Накард.

Бар муроди дили аҳбоб даме рафт?—Нарафт.

Дарди ушшоқи ҷигархор даво кард?— Накард.

Аз парешонии ман зулфи туро гуфт?— Нагуфт.

Ё ки тақрири ғамом боди сабо кард?— Накард.

Бар ғами бекасиам ҳеҷ касе сўхт? — Насўхт.

Аз шиканҷу ситами чарх раҳо кард?— Накард.

Коми Возеҳ фалаки шўъбадаҷў дод? — Надод.

Раҳм бар вай нафасе, баҳри Худо кард?— Накард,

Эй ки он чаро фидои қудуми ту ҷон кунам,

Натавонамат ба худ нафасе меҳрубон кунам,

Эй он кӣ дар дили ту асар нест ноларо,

Оё чӣ ҳила бо дали ту, бадгумон, кунам.

Эй он кӣ сўзи ман нашуд равшанат чу шамъ,

Гар аз бути ғамат танам оташфишон кунам.

Эй он кй сўи ман наниҳй гўш худ даме

Ман ҷони худ чи сон ба ту хотирнишон кунам.

Эй он кй сўи ман наниҳӣ гўш худ даме

Андар баҳои як сари мўят ҷаҳон кунам.

Онӣ ки Возеҳ аз дилу ҷон дўстдори туст,

Ҳар ҳукм, к-он ризои ту бошад, чунон кунам

Чун васфи ҳуснат, эй маҳи анвар кунам ба ту,

Хуршедро мулозиму чокар кунам ба ту.

Донам, ки меҳрубон шавадат дил ба ҳоли ман,

Гар арзи ҳоли ин дили абтар кунам ба ту.

Гў бахто шабам, ки ситамҳои рўзи ҳаҷр,

Фурсат диҳад Худо, ки саросар кунам ба ту.

Гар нисбати аҷал ба фироқи ту медиҳанд,

Ҳаққо, ман ин муқаддима бовар кунам ба ту.

Қадди ту ҳамчу умри абад дар хирому ман,

Ташбеҳи шохи сарву санавбар кунам ба ту.

Возеҳ, зи бевафоии аҳбоб гўямат,

Ё шарҳи зулми чархи ситамагар кунам ба ту.

Надидаам чун ту шўхе, офати рўи замин астӣ,

Балои ҷони ошиқ, фитнаи дунёю дин астӣ.

Сабурӣ аз дилу тоб аз тану нур аз басар бурдӣ,

Маозаллаҳ чӣ ғоратпеша турки нозпарвар астӣ

Навият дар гулистон боз таъсири д-игар дорад,

Магар булбул чу ман мафтуни он рўи гулин астӣ.

Ба боғи навхате бозам гирифтор аст дил, ё раб,

Магар аз хатти хубонам хати лавҳи хасин астӣ.

Зи хубон лофи ҳамчашмӣ ғизоламро хато бошад,

Агар худ филмасал ҳам оҳуи саҳрои Чин астӣ,

Зи офоти замон маҳфуз бошӣ то абад, ё раб,

Ки ороми дили бетоқату ҷони ҳазин астӣ.

Ба шеъри дилкашат, Возеҳ, зи аҳли табъ дар олам,

Бухӯри мадҳу таҳсину сазои офарин астӣ.

АЗ ФАРДИЁТ

Ба ҷуз қабзияти хотир надорад,

Ҳамоно даҳр тарёки мизоҷ, ас

Насими навбаҳор аз тарфи гулзор,

Фараҳфазост чун пайғоми дилдор.

Шукуфта гул ба таъйиди илоҳӣ,

Зи таъсири насими субҳгоҳӣ.

Сафири нолаи мурғон ба гулшан,

Барорад аз дили ушшоқ шеван.

Дар ин фасл ар се чиз омода бошад,

Дилат аз банди ғам озода бошад.

Зи ман бишнав, кадом, эй, марди содиқ,

Китобу бодаву ёри мувофиқ.

Ба инҳо чун кунӣ дар боғ манзил,

Барад ёди биҳшитат бешак аз дил.

Тирабахтон фориғ аз захму ҳаводис нестанд,

Шона шарҳи ин суханро мў ба мў таҳрир кард.

АЗ РУБОИЁТ

Булбул ба чаман майли сабўҳӣ дорад,

Гул замзамаи фидока рўҳӣ дорад.

Бар навҳаи ман раҳм куну зуд биё,

К-ин хат хабар аз алайка рўҳӣ дорад.

МАСНАВӢ

Чи хуш аҳдест фасли навбаҳорон,

К-аз он хуштар набошад рӯзгорон.

Ба ёд орад зи айёми ҷавонӣ,

Зи умри рафта андар комронӣ.

Насимаш бўи мушк орад ба ҷонҳо,

Кунад з-он тозаву хуррам равонҳо,

Чу бар тарфи чаман созӣ ватанро,

Барӣ аз сина андўҳи меҳанро.

Чу чашмат бар гулистон боз гардад.

Дилат мурғи навопарвоз гардад.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба