Ёддоштҳо - Қисми 3
Таҳсили соли 1890—91 тамом шуд (ба ҳисоби ҳо-зира дар 22-уми март). Баробари тамом шудани таҳсил озуқаи акаам ҳам тамом шуд. Ӯ барои хароҷоти соли ояндаро ёфтан ба саҳро баромаданӣ шуд. Як шарики туркманаш ўро ба Каркӣ бурд, ки дар овулҳои туркман ўро дар айёми тобистон мактабдор (муаллим) кунад. Акаам на танҳо забони туркманиро, ҳатто ўзбакиро ҳам хуб намедонист. Аммо шарикаш: «Забон донистан шарт нест, бойҳои туркман на барои саводнок кардани бачагони худ, балки барои номи ин ки фалонӣ аз Бухоро муаллим овардааст, мактабдор нигоҳ медоранд. Фақат бо шайхҳои туркман муросо кардан даркор аст, вагарна онҳо роҳ намедиҳанд» гуфт.
Акаам рафт. Аммо ман то сахт гарм шудани ҳаво— то вақте ки хўҷаинҳои ман дар Бухоро буданд, дар мадраса мондам. Дар баҳорон кӯча, паскӯча ва атрофи шаҳри Бухороро гардиш карда хуб омўхтам (барои навиштани он хотираҳо фурсат даркор аст).
Дар миёнаҳои тобистон — дар моҳҳои июл хӯҷа-инони ман ба саҳро, ба қишлоқҳои худ рафтанӣ шуданд. Ман ҳам бо Мулло Абдусалом ба қишлоқи тағоиҳоям рафтам. Дар он ҷо як мусибати зўр маро пешвоз кард: додари хурдам — Киромиддин, ки ман ӯро бисьёр дўст медоштам, мурдааст. Аммо барои парешон накардани аҳволи мо ин хабарро дар вақташ ба мо нарасондаанд. Додари калонам Сироҷиддин ҳам, ки дар асл заифбунёд буд, қариб ба мурдан расидааст. Ман муқаррар кардам, ки ўро ҳам ҳамроҳи худ Бухоро барам.
Аз он ҷо ба деҳаи худамон — Соктаре рафтам: ҳавлӣ парешон, дарахтҳо аз об мондаанд, зардолуҳоро хомохом хўрда рафтаанд. Киштани заминҳоро акаам ба касе фармуда тухми гандум дода буд, ки ў ҳам тухмро худ хўрда, заминро рўякӣ хаста карда партофтааст, ҳосил нарўидааст.
Ман чанд гоҳе дар Соктаре ва чанде дар қишлоқи тағоиҳо гашта, якчанд рўз пештар аз сар шудани таҳсил (ба ҳисоби ҳозира дар 24-уми сентябр—сари мизон дарс сар мешуд) додарамро Бухоро гирифта бурдам. Акаам ҳам аз Каркӣ омадааст. Сабаби ба шаҳр бурдани укаамро ба ў эзоҳ додам, ў ҳам писандид.
Додарам ба пеши акаам доимӣ буд ва ман мисли порсола ба коллективи сенафарии Мулло Абдусалом ба ошпазӣ даромадам...
Як шаб Мулло Абдусалом Шарифҷон-маҳдумро, ки бо ў шарикдарс ва қории ҷамоа (сарсинф)-ашон буд, зиёфат кард. Шарифҷон-маҳдум дар ин зиёфат бо чанд шарикони улфат ва қўрчбарои худ омад.
Дар он зиёфат ошро ман мепухтам ва дигар хиз-матҳоро ҳам ман мекардам. Вақте ки меҳмонон омаданд, дар аввали дидан Шарифҷон-махдум маро шинохт ва —Хуб кардетон, ки ин бачаро ба хондан овардетон, — гуфт.
Ин меҳмонон мисли хўҷаинҳои ман набуданд, инҳо одамони зиндадил, хушчақ-чақ буданд, шеър мехонданд ва латифаҳо мегуфтанд. Ман аввалин бор буд, ки дар Бухоро ин гуна одамони зиндадил ва адабиётчиро дида истода будам.
Маҷлис то соати яки шаб кашол шуд, дар вақти пароканда шуда истодани меҳмонон Шарифҷон-махдум ва Мулло Абдусалом нигоҳ карда:
—Агар ин бача дар пеши акааш танг мешуда бошад, ба ҳавлии мо бурда монед, дар он ҷо хизмат карда, хонда мегардад, — гуфт.
Мулло Абдусалом «хуб!» гуфт ва ман фардои он шаб дар гузари Чорҳароси Бухоро ба ҳавлии Шарифҷон-махдум хизматгор шуда рафтам. Ман хеле шодмон будам, ки аз даруни мурдагон баромада ба доираи зиндадилон медароям.
Шарифҷон-маҳдум ҳавлии калоне дошт. Дар ҳавлии берун дар як хонаи даҳлез ва мадондор худ менишаст, дар як хона додараш ва як хонаи дигар буд, ки дар вай хизматгори аспбон (саис) менишаст. Дар пушти хонаи нишасти берун айвон ва рўи ҳавлии васее буд, ки дар он ҷо ду аспро ҷой дода буданд. Дар ҳавлии дарун ҳам хонаҳои бисёре буданд, ки дар он ҷо модари Шарифҷон-махдум, зан ва дигар хешовандони наздикаш менишастанд.
Хизматгорҳои берун: саис, Мирзо Бадеъ ном якчашма, ки ў вакили харҷ, (завхоз), Мирзо Абдулвоҳид ва ман будам.
Хонаи Шарифҷон-махдум барои ман ҳам нағз буд, ҳам бад. Нағз аз он ҷиҳат буд, ки ҳар ҳафта се шаби таътил шоирон ва хушгапони шаҳр дар он ҷо ҷамъ мешуданд, шеърхонӣ ва латифагўӣ мекарданд. Одатан дар он гуна сўҳбатҳо хизмати даруни меҳмонхона— чойкашӣ, дастархонандозӣ ва дигарҳоро ман ва Мирзо Абдулвоҳид мекардем. Ман аз он сўҳбатҳо ко-милан истифода мекардам. Ман метавонам гўям, ки материалҳои муҳимми адабии худро аз он ҳавлӣ ҷамъ кардаам. Ман бо Мулло Назруллои Лутфӣ, Абдулмаҷиди Зўфунун, Содиқхўҷаи Гулшанӣ, Ҳомидбеки Ҳомид, Абдуллохўҷаи Таҳсин, Қорӣ Абдулкарими Офарини Дӯзахӣ ва Мирзо Азими Сомӣ, Мирзо Ҳаити Саҳбо ва дигарҳо дар он ҷо шинос ва ҳолдон шудам. Ҳар чанд инҳо аз ҷиҳатӣ савияи фикрӣ аз ҳамасронн худ кам фарқ доштанд, аммо ҳамеша як навъ ҳаракатҳои оппозисионӣ нишон медоданд.
Дар он маҷлисҳо аз Аҳмади Калла ҳам гап мешуд. Аммо онҳо мисли муллоҳои мадраса ўро дашном намедоданд, балки бо эҳтиром ва тақдир ном мебурданд.
Худи Шарифҷон-махдум дар вақтҳои танҳо монданаш бисёр шеър ва асарҳои адабӣ мехонд ва ҷоҳои завқоварашро баланд хонда, ба ман ва Мирзо Абдулвоҳид эзоҳ карда медод. Гоҳо «Шоҳнома» барин баъзе китобҳоро ба мо хононда худ гўш медод, ҷоҳои ғалатхондаи моро тасҳеҳ мекард ва ҷоҳои мо нафаҳ-мидагиро эзоҳ медод.
Бо ҳамаи ин, хизмати ин ҳавлӣ барои ман бисёр вазнин буд. Бори вазнин ва кори зўри ин ҳавлии серодам бештарин ба гардани ман буд. Ман хона ва рўи ҳавлиҳоро мерўфтам, баъзан саис таки аспро ҳам ба ман мерўбонид, ҳезуми таки оташдони ин ҳавлии калонро ман кафонда медодам, аз бозор вакили харҷ ҳар чӣ харад, ман бардошта меомадам. Пошобибӣ (модари хўҷаин) ҳар рўз маро ба чанд ҷой ба чиз бардоштабарӣ ё ба чизбардоштабиёрӣ мефиристод.
Баъдҳо ман фаҳмидам, ки ҳамаи хизматгорҳо дар ин ҷо бе музд ва бе либос кор мекардаанд. Вакили харҷ барои он бе музд кор мекардааст, ки рўзе хўҷаин қозӣ мешавад ва аз сояи давлати вай бисёр пул хоҳад ёфт. Мирзо Абдулвоҳид мисли ман бе падару модар ва бе хешованд будааст. Як нафар қадрдони падараш ўро ба ин ҷо оварда мондааст, ки дар кўчаҳо сар-сарӣ нагардад, дар ин ҷо ягон чиз ёд мегирад. Бинобар ин ў барои дар оянда мирзои қозихона шудан, иншо, мукотибот ва васоиқ машқ мекард. Либосашро аз мероси падараш, ки ба касе супурда монда будаанд, тайёр менамуд. Саис як одами саҳроӣ буд. Акаи Ӯ бо Шарифҷон-махдум шарик будааст ва ў мехостааст, ки ба воситаи махдум даҳяк (мукофоти илмӣ)
—гирад. Бинобар ин барои хушомад додари худро дар ин ҷо саис карда монда будааст, вақте ки даҳяк гирифт, додараш ҳам аз ин ҷо рафт, мисли болои мурда сад чўб, нигоҳубини ду асп ҳам ба гардани ман бор шуд.
Танҳо ман будам, ки дар ин ҷо бе ҳеҷ мақсад (фақат барои шикам сер карда хондан) кор мекардам. Дуруст аст, ки ман ин ҷо бисёр чиз ёд гирифта истода будам. Лекин кор зўр ва танам бараҳна буд.
Ман танҳо як ҷома ва як курта-лозимӣ доштам, ки онҳо ҳам кўҳна шуда дарида буданд. Вақте ки ҳама ба ҷое раванд ва касе намонад, ман ба тарафи аспҳо на гузашта куртаамро мешустам. Баъд аз хушконда пўшидани он, дар навбати дигар лозимиамро кашида мешустам.
Ҳоло ҳам бемасҳӣ будам, кафши булғорам тамоман даридагӣ буд ва бо ин кафш дар даруни лою барфи ҳавлӣ ва кўча мегаштам.
Боре хўҷаин ба кафши ман нигоҳ карда:
—Кафшат даридааст, зоҳиран, кафши дигар надорӣ. Ана ин кафши маро пўш,— гўён кафши кўҳнан худро ба ман дод. Аммо ў фикр накард, ки он кафш ба пои ман рост намеояд. Ман он кафшро ба акаам додам ва худ боз бо ҳамон кафши даридаи худ мегаштам.
Як вақт зани хўҷаин зоид ва хўҷаини мо хизматгоронро ягон-ягон ба ошноҳои худ барои муждарасонӣ фиристод. Аз ин ҷумла маро ба Хоҷӣ Султон ном касе фиристод. Ў ба ман як ҷомаи алочаи ресмонии абра-астар дод, ки худаш пўшида мегашт. Ман он ҷомаро оварда ба хўҷаин додам. Аммо ў нагирифт:
—Хоҳӣ, мепўшию хоҳӣ, мефурўшӣ, — гуфт. Албатта, ман он ҷомаро пўшида наметавонистам, чунки қадаш аз қади ман ду баробар зиёд буд. Аммо ба фурўхтан ҳам дилам нашуд, ки арзон мерафт—вайро ҳам ба акаам додам.
Ана ҳамин ду чиз буд музди хизмати шашмоҳаи ман.
Ин шароит ба ман бисёр сахтӣ кард. Рўзе ба пеши акаам рафта шикоят кардам (акаам он вақт дар мадрасаи Олимҷон бо укаам меистод) ва аз ў ёрмандӣ пурсидам, ки маро дар ҷое хизматгор монад, ки ба ман либос ҳам диҳад. Дар ҳамон вақт дар пеши акаам Мирсолеҳ-махдум ном шарикаш буд. Ӯ дар гузари Чорҳарос ҳавлӣ ва дар ҳамон гузар дар мадрасаи Олимҷон ҳуҷра дошт.
Ӯ ба ман ваъда дод, ки маро дар мадрасаи Олимҷон фаррош (рўфтурўбчӣ кунад.
—Лекин ду моҳ сабр кардан даркор аст, ҳозир як муллобачаи кўлобӣ фаррош аст. Ӯ баъд аз ду моҳ ба
Кўлоб меравад ва ман туро ба ҷои ў мегузаронам, —гуфт.
Ман ду моҳи дигар дандон ба дандон монда дар ҳавлии Шарифҷон-махдум истодам ва дар сари ваъда ба фаррошии мадрасаи Олимҷон таъин шуда, бе хабар додан ба хўҷаин ва рухсат гирифтан аз ў ба он ҷо рафтам.
Рўзе аз кўчаи Чорҳарос мегузаштам, ки Шариф-ҷон-махдум пеши дарвозааш будааст ва маро дида чеғ зад. Ман рафтам.
— Бесабрӣ карда аз хонаи мо рафтӣ, ман барои ту либос тайёр кунонда истода будам. Аз нўгаш як
яктаҳ (ҷомаи беастар) тайёр шуда буд. Биё, гирифта бурда пўш, — гуфт ва маро ба ҳавлӣ дароварда аз меҳмонхона як яктаҳро бароварда ба ман дод.
Ман ба мадраса оварда вайро пўшида дидам, ки аз қади ман як ваҷаб дароз аст. Ин буд ҳисобии охиринамон бо хўҷаин.
III
Мадрасаи Олимҷон дар аввал барои мадраса бино карда нашуда будааст. Олимҷон ном касе ҳавлии худро мадраса сохта будааст. Дар он ҷо болою поин ҳамагӣ даҳ дар ҳуҷра буд, ки онҳо аз хонаҳои тайёрро девор кашида тақсим намудан тайёр шуда будаанд. Рўи мадраса танг ва ҳуҷраҳо бетартиб буд.
Дар ин мадраса як сарои вақф буд, ки дар он ҷо ҳиндуҳои судхўри ҳиндустонӣ менишастанд. Аз вақфи мадраса ба саҳми фаррош ҳар моҳ даҳ танга (як сўму панҷоҳ тин) мерасид. Акаам ба саҳро рафт ва ман дар он ҷо ба ҳуҷрае, ки ў менишаст, бо укаам ҷой гирифтам. Хизмати асо-сии фаррошӣ он қадар зўр набуд—рўзе як бор рўфтани як мадрасаи танг ва дар вақти барф пок кардани боми он ба монанди ман як ҷавони коркўфта он қадар душворӣ намекард. Лекин хизмати иловагии фаррошӣ аз ҳад зиёд буд, ки маро аз тайёр кардани дарс ва машғул шудан ба адабиёт бозмедошт.
Дар ду ҳуҷраи аз даҳ ҳуҷра яке ман, дигаре муаззин (сўфии мадраса) ориятнишин буда, дар ҳашт ҳуҷраи дигар муллоҳое менишастанд, ки ҳуҷраашон мулки хусусӣ ва зархариди худҳошон буд ва ҳамаи инҳо бухорӣ буда, тобистон ва зимистон дар мадраса буданд. Яке аз инҳо, ки шарикдарси ман буд ва дар дарсфаҳмӣ ман аз ў беҳтар будам, ба ман кор намефармуд; дигаре шарики акаам — Мирсолеҳ-махдум буд, ки ў бе музд кор намефармуд ва ҳатто аз ғайри хизмати ман ҳам, ў ҳамеша ба ман бо чой, нон ва либоси кўҳна ёрмандӣ карда меистод. Боқимонда шаш нафар ба ман чунон муомила мекарданд, ки гўё ман ғуломи падари онҳо бошам. Ман ҳуҷраи онҳоро рўфта медодам, тарошаашонро шикаста медодам ва ҳамаи онҳо ҳавлидор ҳам буданд, ки барфрўбӣ ва тарошакафонии ҳавлиҳошонро ҳам ба ман мефармуданд. Бо ҳамаи ин бо ягон бурда нон ва ягон пиёла чой ёрмандӣ намекарданд.
Мутаваллии мадраса бесавод буд. Даҳяки (даҳ просент) ҳамаи вақфи мадрасаро барои вазифаи мутаваллигӣ ў мехўрд. Ў дар ҳавлиаш менишаст, лекин ҳар вақт дар ҳавлиаш ягон кори зўр барояд, маро ҷеғ зада бурда, кардани он корро мефармуд.
Дар айёми тобистон сарои вақфи мадрасаро ремонт карданд. Мутаваллӣ маро ба болои иморат бурда ба сифати саркорӣ кор фармуд ва рўйхати хароҷотро ҳам ба ман менависонд. Ман дар он ҷо дар гармии майнасўзи Бухоро, дар миёни лою хок ду моҳ кор кардам. Аммо ба ман як пул ҳам ҳаққи хизмати иловагӣ (ғайри моҳонаи фаррошӣ) надод.
Ҳуҷрадорон, ҳам имом ва мударриси мадраса ба ман таъин карданд, ки пинҳонӣ хароҷоти ҳақиқии ремонтро тафтиш карда истам, мабодо мутаваллӣ дуздӣ накунад. Ман барои иҷрои ин вазифаи пинҳонӣ аз мардикоре пурсидам, ки «имрўз туро ба чанд пул қарор карда овард?». Ў «мо ҳамагӣ даҳ нафарро як тан-гагӣ (15-тинӣ) қарор карда овард» гуфт. Ва ҳол он ки мутаваллӣ дар рўйхати хароҷот даҳ мардикорро ду тангагӣ (30-тинӣ) бист танга нависонд.
Лекин мутаваллӣ дар байни мардикорон ҷосус доштааст, ки ба воситаи ў тафтиши пинҳонии маро фаҳмидааст ва маро ба гўшае бурда гуфт: «Ту аз паси тафтиш кардани хароҷоти иморат нагард. Ман медонам, ки ин корро аҳолии мадраса ба ту таъин кардаанд. Агар ман хоҳам, туро дар як рўз аз фаррошӣ бекор мекунам ва он калонон ҳеҷ кор карда наметавонанд».
Ман ин ҳодисаро ба Мирсолеҳ-махдум, ки ҳомии ман буд, гуфтам. Ў гуфт:
— Мутаваллӣ рост мегўяд. Дар паси тафтиши кори ў нагард. Дуздии мардумро мову ту бартараф карда наметавонем — ҳама дузданд, Агар яке аз ин одамонро, ки дуздии мутаваллиро тафтиш кардан мехоҳанд ба болои иморат монанд, даҳ баробари мутаваллӣ дуздӣ мекунад.
Ман ҳам дигар дар паи тафтиши хароҷот нагаштам. Чунон ки дар боло гуфтам, дар он сарой ҳиндуҳои судхӯр менишастанд. Ман материали бобҳои «Қарзи ҳинду» ва «Ҳиндуи салланок»-и «Дохунда»-ро (қисми дуввуми боби 16 ва 17) дар он вақт омўхтаам.
Укаам дар мактаби қишлоқ чанд сол хонда бошад ҳам, ҳанўз бесавод буд. Дар вақте ки бо акаам дар мадраса буд, ба вай ёрие нарасондааст. Маҷбур будам, ки саводи ўро барорам. Бинобар ин дар ҳар шабу рўз ду соат вақти худро ба таълими ў сарф мекардам.
Дар соли таҳсили 1892 — 93 ман «Шарҳи Мулло»-хон шудам. Акнун аз ғайри домуллоҳои майда ба ягон мударриси калон ҳам хондан даркор буд.
Асари Абдураҳмони Ҷомист, ки „Қофия" ном китоберо, ки дар бораи наҳви арабист, шарҳ додааст.
Ба домулло Икром, ки аз машҳуртарин мударрисони он замон буд ва акаам ҳам ба ў мехонд (Исо-махдуми шоир дар соли вабо мурда буд), шогирд шудам, Дар пеши ў ҷамоаи мо. 60—70 нафар буд. Қории ҷамоа додари Шарифҷон-махдум буд (дар Бухоро мисли як қоида қории ҷамоа ҳамеша аз махдумони калон — муллозодагони калон — таъин мешуд). Ӯ ҳам мисли бештарин махдумони калони Бухоро бесавод буд. Ў маро, ки дар он замон беҳтарини шариконам будам (ба фаҳми аҳли он замон) таъин кард, ки ҳар рўз пеш аз дарс ба хонаи ў равам ва дарс муколима (тайёр) кунем.
Ман қабул кардам. Аммо дар миёнаи ману ў ҳеҷ гуна кор, муколима ва дарстайёркунӣ намегузашт. Ман ба ў иборати дарси хондашуданиро калима-калима ёд медодам. Ў ҳам тўтивор такрор мекард ва аз рўи аз ман ёд гирифтагиаш ба пеши домулло мехонд. Ба ин муносибат ман ҳар рўз як бор боз ба ҳавлии Шарифҷон-маҳдум мерафтагӣ шудам. Ў дар вақти во-хўрдан як қадар маро ҳурмат мекардагӣ шуд. Ў як навъ шарм мекардагӣ барин менамуд, ки додари ў бо вуҷуди қозикалонзода будан аз ҷиҳати илм ба як саҳроӣ (мардуми Бухоро муллобачагони қишлоқ ва умуман мардуми қишлоқро «саҳроӣ» гуфта таҳқир мекарданд) мўҳтоҷ аст.
Аммо додараш ҳеҷ шарм намекард, бо вуҷуди ин ки ба ман мӯҳтоҷ буд, ҳоло ҳам гоҳо хонаи худро ба ман мерўбонид.
Дар тобистони соли 1893 (1310 ҳиҷрӣ) дар Бухоро боз вабо пайдо шуд. Мардум мегуфтанд, ки ин вабо аз вабои соли 1889 сахттар аст.
Ман бо додари худ ҳар рўз шўрбои нахўд харида оварда мехўрдем, ки як таоми бисёр арзон буд. Бо одати муқаррарӣ, як рўз пагоҳонӣ нахўдшўрбо овардам, хўрдем ва баъд аз хўрдани вай ба ман як гарони рўй дод. Хоб пахш кард, хобидам. Як вақт бедор шудам, ки дилам беҷост. Ба рўи мадраса баромада бо ҳамон дилбеҷоӣ афтодам. Дигар чизеро хабар надорам. Ин воқеа дар моҳҳои июл буд.Як рӯз чашм кушода дидам, ки дар роҳрави ҳавлии Мирсолеҳ махдум нишастаам ва доманам пур аз кулўхпора аст Додарам зорӣ карда аз ман хоҳиш мекунад, ки кулўхпораҳоро аз доманам резам (ман дар он вақт доманамро бо ду даст маҳкам печонда гирифта будам), чун ҳушёр шудам, шарм кардам, ки чаро ба домани худ кулўхпора бардоштам. Рехтам, аммо боз аз ҳуш рафтам.
Як рўз аввали пагоҳӣ буд, ки чашм кушодам. Дар паҳлуям додарам мехобид. Хона меҳмонхонаи Мирсолеҳ-махдум буд. Падари ў, ки як марди ҳафтодсола буд, дар наздикии ман нишаста буд ва китобат мекард. Вақте ки ман ба ў нигоҳ кардам, ў ба ман:
—Муборак шавад, халос шудӣ, — гуфт ва дарҳол яке аз писарони худро ҷеғ зада фармуд, ки дар хона ширчой пазанд.
Дар ним соат ширчой тайёр шуд. Пиракӣ ба ман аз оби ширчой як пиёла нўшонд ва:
—То пешин чизе намехўрӣ, — гуфт.
Ман мехостам нон хўрам. Аммо ў сахт манъ кард, Пешин ҳам ба ман ширчой дод. Рўзи дигар дар ширчой нон пора кард, аммо намонд, ки нонашро хўрам, —Имрўз оби нонолуд ва мазаи нон кифоя аст, —гуфт.
Рўзи саввум оби шўрборо бо қадаре нони тунук хў-ронид.
Аз рўи ҳисоби онҳо ман 29 рўз беҳуш хобида будаам ва баъд аз гузаштани бўҳрон боз як моҳи дигар дар ин ҷо хобидам, ки он пирмард маро падарвор тарбия кард ва додарамро ҳам сер карда истод.
Падари Мирсолеҳ-маҳдум Миризом ном дошт, па-дари ў аз муллоёни Ўротеппа буда, Миролим ном доштааст. Аммо Миризом баъд аз қадре дар мадраса хондан соҳаи муллоиро тарк карда ба навкарӣ — аскарии амир Музаффар даромадааст. Дар ҷанги байни амир ва подшоҳи рус панҷаи дасти росташ бурида шудааст.
Баъд аз Ўротеппаро гирифтани аскари рус, Миролим бо хонаводааш ба Бухоро кўчидааст. Амир бинобар маҷрўҳи ҳарбӣ будан Миризомро қаровулбегӣ кардааст, ки аз ин амал соле сесад ё чорсад танга (45—60 сӯм) даромад дошт. Ду писараш ба мирзохонаи қушбегӣ котиби дараҷаи паст буданд, писари саввумаш Мирсолеҳ, дар мадраса мехонд ва писари аз ҳама хурдаш Мирҳикмат дар хона хизмат мекард.
Худи ин пирмард, баъд аз бурида шудани ангуштони дасти росташ, бо дасти чап хатнависиро машқ кардааст. Як моҳ, ки ман дар меҳмонхонаи ў ва дар пеши ў будам, ҳамеша бо дасти чап китобат (нусхабардории китобҳо) мекард, ў хеле хушхат буд ва китобҳои арабиро хеле рост ҳам менавишт.
—Ман пир шуда бошам ҳам, бори худро ба гардани писарон намеандозам. Ҳар моҳ панҷоҳ-шаст танга аз китобат меёбам, ки харҷамро мебардорад,—мегуфт.
Ман баъд аз ба пой хестан аз беморӣ фарроширо тарк кардам, чунки аз як тараф, баъд аз ин бемории сахт ба он кори зўр қувватам намерасид; аз тарафи дигар, дарсам бисёртар ва зўртар шуда буд, ки кори фаррошӣ ба ҳозир кардан ва азхуд кардани онҳо монеъ мешуд.
Соли таҳсили 1892 — 93 акаам дар мадрасаи Бадалбеки нав, ки дар гўшаи шимоли ғарбии масҷиди калони Бухоро буд, истиқомат мекард. Дар соли 1893—94 акаам он ҳуҷраро ба ман ва бародарам дода, худаш боз ба мадрасаи Мири Араб кўчид.
Дар мадрасаи Бадалбек хуҷрае, ки мо ҷойгир шудем, сағонашакл буда, вусъаташ ҳам аз сағонаҳои муқаррарӣ ду баробар меомад. Ҳарчи укаам ба ҳавлии Қозиҷон ном кас хизматгор шуда рафт ва ман дар он сағона танҳо мондам. Дар мадрасаи Бадалбек ман ба ошпазии Зуҳур-махдум ном шарики акаам даромадам, ки ў дар он мадраса ду ҳуҷра дошт ва дар ду ҳуҷра ду бародар зиндагӣ мекардаид. Додараш сил буд. Ман ба замми ошпазӣ ва ҷомашўии ин ду бародар ба бемори сил ҳам нигоҳубин мекардам.
Дар тобистони соли 1894 бемории ў вазнинтар шуд, ки ўро барои ҳавогирӣ ба як қишлоқ бароварданд. Дар он ҷо ҳам ошпаз ва сестраи тиббии он бемор ман будам. Мо ду моҳ дар он деҳа дар боғе истодем. Ҳар чанд ҳавои саҳро ба бемор он қадар фоидаи намоён нарасонда бошад ҳам, ба ман фоидаи калон дод — ман аз бемории порсолаам то ҳол дуруст ба қувват наёмада будам, аммо дар он ду моҳ хуб фарбеҳ шуда аз аввалиам боқувваттар шуда ба шаҳр баргаштам.
Дар тирамоҳи он сол он бемор мурд, ки манаҳи ўро ҳам ман бастам (ин қоидаро дар сари мурдаи падарам ёд гирифта будам). Баъд аз дафни ў акааш хонадор шуда аз мадраса ба ҳавлӣ кўчид.
Зуҳур-махдум вақте ки ба ҳавлӣ мекўчид ва кӯчкашонии ўро ҳам ман мекардам, ба ман:
—Аз ҷомаҳо ё аз китобҳои додарам барои ёдгорӣ якеашро хоста гир, — гуфт.
Ман дар байни китобҳои ў як девони Соибро дида будам, ки вайро хоста гирифтам.
Зуҳур-маҳдум ба ин интихоби ман тааҷҷуб карда:
Чаро ягон чизи қиматбаҳотарро нагирифтӣ? Агар ин китобро ба бозор фурўшӣ панҷ танга намегиранд,— гуфт.
Ман инро намефурўшам, аммо барои худам аз ҳама чиз қиматбаҳотар аст, — гуфтам.
Хуб, майлат. Дар дасти мо бекор истода буд, на ман ва на додарам инро намехондем. Шояд ту мехонда бошӣ. Китоб ба тасбеҳ медарояд (ин девони Соиб то ҳол дар дасти ман ҳаст).
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё