АРЗИШИ ИСТЕЪМОЛИИ ШАРБАТИ МЕВАҲО
Шарбати меваҳо барои сиҳату саломатии одамон нақши муҳимро мебозад. Хусусан онҳоро дар вақти тару тоза будан истеъмол кардан зарур аст. Аз ин рў, донистани таркиби мева ва хусусияти шифоию ғизоии онҳо ниҳоят зарур аст.
Ҳангоми бо технологияи зарурӣ тайёр намудани шарбатҳо тамоми маводҳои шифоӣ ва ғизоии меваҳо пурра нигоҳ дошта мешавад. Аз он ҷумла, витаминҳо, карбогидрадҳо, мрддаҳои даббоғӣ, равғанҳои хушбўй ва ғайраҳо. Меваҳо аз витамини С (кислотаи аскорбин) витаминҳои гурўҳи В1, РР, провитамини А, намакҳои минералӣ ва ғайра хеле бой аст.
Шарбати меваҳо болаззат буда, нўшиданашон гуворо аст. Ҳангоми тайёр намудани шарбати меваҳо бояд ба меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва бехатарии онҳо риоя намудан зарур аст.
Аввал барои тайёр намудани шарбат зарфе, ки аз ҳама ҷиҳат тоза бошад бояд истифода бурд;
Дуюм маҳсулот бояд тару тоза ва нағз пухта бошад, чунки аз меваи норасида, шарбати кам ҷудо мешавад. Қобили қайд аст, ки нақши меваҳо дар ташкил ва барқароркунии саломатии инсон ва таъмини он бо ҳар хел элементҳои зарурӣ, аз он ҷумла, витаминҳо, кислотаҳои органикӣ, моддаҳои минералӣ ва ғайра ниҳоят калон аст. Истеъмоли доимии шарбати меваҳо кори узвҳои баданро ба танзим дароварда, ҳолати руҳию ҷисмонӣ, ҳазми хўрок, кори дилро беҳтар гардонида, муқовимати организмро аз бемориҳои сирояткунанда пурзўр мегардонад.
Барои истеҳсоли шарбатҳо дар навбати аввал бояд ба ҷамоварӣ ва ба навъҳо ҷудо кардани маҳсулоти тару тоза диққати ҷиддӣ дод. Хулоса ба тарзи истифодаи меваҳо ҳатман риоя намуд, зеро сифати шарбатҳо ба сифати меваҳо алоқамандии зич дорад. Меваҳое, ки барои истеҳсоли шарбат ҷамоварӣ менамоянд, бояд пурра пухтагӣ бошад. Чунки дар таркиби меваҳои нимпухта миқдори қанд, моддаҳои хушбўй ва витаминҳо каманд. Барои нигоҳ доштани витамин ва қандҳо дар меваҳо шарбати онро баъд аз ду соати ҷамоварӣ ҷудо намудан зарур аст. Агар чунин шароит фароҳам набошад, бояд меваҳоро дар таҳхонаҳои хунук, торик ва яхдонҳо то ҳарорати 1-30С нигоҳ доштан зарур аст. Пеш аз ҷудо намудани шарбати мева, меваҳоро бояд аз чангу хок ва дигар ифлосиҳо тоза карда дар об тоза бояд шуст. Пас аз шустан онҳоро камтар дар таги оби равон бояд нигоҳ дошт.Олуча, қоти сиёҳ, қоти сурхро дар сабатчаҳое, ки ҷобаҷо кардаанд, бояд шуст. Барои ин онҳоро дар зарфи калони обдор андохтан лозим аст. Себ, нок, олу ва биҳиро бошад, дар сабатча мешўянд.
Дар таркиби шарбати ба тозагӣ ҳосилшуда, албатта ҳиссачаҳои хурди маҳсулот боқӣ мемонад. Дар шарбати баъзе меваҳо (афлесун, нок, зардолу) чунин ҳиссачаҳо дар шарбат буда, маводи муҳими ҳаётии барои бадан заруриро дорад (аз он ҷумла витаминҳо) ва тоза кардани онҳо сифати шарбатро паст мекунад. Аммо дар шарбати ангур ғайр аз маводи фаъолияти ҳаётӣ боз ҳиссачаҳои бисёр майдакардашудаи он низ ҷой дорад. Аз ин ҷиҳат онҳоро ҷудо кардан лозим аст. Аз ҷиҳати технологӣ шарбатҳо соф, хира ва ҳамчунин бо лаҳми мева дошта тақсим мешаванд.
Шарбатҳои соф кардашудаи асилро аз як намуди мева бе омехта намудани қанд тайёр менамоянд. Дар ин шарбатҳо ҳиссачаҳои меваҳо боқӣ мемонад ва соф карда намешавад. Аз ин ранги онҳо хирашакл бошад, ҳам ба бадани одам хеле фоидаоваранд. Шарбатҳои софи асилро бо ёрии филтратсия аз ҷудо намудани таҳшинҳои онҳо ва таъсири гармӣ тайёр менамоянд, ки ранги тозаи дилкаш дорад. Аз қабили маҳсулоти соф ва асиланд. Аммо нисбат ба шарбатҳои соф кардашуда аз ҷиҳати маззаю моҳияти ғизонокиашон пастаранд.
Шарбати асили лаҳмдор аз нуқтаи назари ғизоӣ ниҳоят аълоянд ва аз меваи тару тоза фарқ надоранд. Барои истеҳсоли чунин шарбатҳо меваҳоеро истифода мебаранд, ки таркибашон аз маводи дар об ҳалшаванда боянд. Ин гуна шарбатҳо бо шакар ва бешакар тайёр карда мешаванд.
Шарбатҳоро дар зарфҳои шишиагин маҳкам мекунанд ва ҳамчун нўшоба истифода мебаранд. Ин гуна шарбатҳо ҳангоми нигоҳ доштанашон дар зарф ба дуқабат ҷудо мешаванд. Аз ин рў пеш аз истифода бурдан онҳоро таконидан лозим аст. Шарбати ба тозагӣ ҷудо кардашударо, ки аз ҳиссачаҳои фаровони иборатанд, бо ёрии матоъи буммазӣ ё докаи чорқабата меполанд.Зарфи калони сирдорро дар оташ гузошта, шарбаташро то 75-800С гарм мекунандва ин ҳароратро 3-4 дақиқа нигоҳ медоранд.Гуфтан зарур аст, ки агар ин корро болои оби ҷўшида истода анҷом диҳем, боз ҳам беҳтар мешавад.Баъди ин кор шарбати гармшударо ба ягон зарфи калони оби хунук дошта ҷойгир намуда шарбатро хунук менамоянд ва боэҳтиёт 2 соат дам медиҳанд, то ки таҳшинро ба ҳаракат наоранд. Шираи софшударо ба зарфи тоза шуста ва хунуккардашуда бо ёрии шланги резинӣ кашида мегиранд ва аз нав гарм мекунанд.
Ҳангоми ҷамъоварии меваҳо ва ҷудо намудани шарбати онҳо бояд чунин қоидаҳо риоя намуд:
1. Меваҳоро бояд боэҳтиёт ҷамоварӣ кард, то ки захмдор нашаванд ва микробҳоро ҷамъ наоранд;
2. Меваҳо бояд нағз пўта расида ва сероб бошанд;
3. Меваҳои зарардидаро ҷудо карда гирифтан лозим аст;
4. Меваҳои пўхтагузашта, мағорзада ва бўйнокро истифода бурдан лозим нест;
5. Баъд аз 2 соати ҷамъоварӣ намудан ва кашонидан шарбатро ҷудо намудан зарур аст;
6. Агар барои гирифтани шарбат шароити мусоид набошад, онҳоро то фароҳам омадани шароит дар таҳхонаҳои хунук ё яхдонҳо дар ҳарорати 1-30С бояд нигоҳ дошт.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё