Зеҳн

КЎЛҲОИ ШИФОБАХШИ ТОҶИКИСТОН: ИСТИФОДАИ ОҚИЛОНА ВА ҲИФЗИ ОНҲО

АХ
Ахбор17 ноябри 2024 · 17 дақиқа хондан

Бино ба маълумоти лимонологҳо дар марзи Тоҷикистон беш аз 1300 кўл бо масоҳати умумии 709 км2 мавҷуд мебошад. Дар байни ин кўлҳо 20 кўле мавҷуд аст, ки обу лойқаи шифобахш доранд. Мутаассифона, кўлҳо ва алалхусус кўлҳои шифобахш нисбат ба дигар унсурҳои табиати Тоҷикистон номукаммал омўхта шудаанд. То ба имрўз доир ба кўлҳои кишвар аз ҷумла доир ба кўлҳои шифобахш таълифоти ҷамъбасткунанда арзи вуҷуд накардааст. Аз ин лиҳоз мо тасмим гирифтем, ки дар заминаи таълифотҳои парокандаю номукаммал ва мушоҳидаҳои шахсии худ доир ба чанде аз кўлҳои шифобахш, истифодаи оқилона ва ҳифзи онҳо андешаронӣ намуда бо ҳамин васила диққати муҳаққиқонро ба ҳалли ин масъалаҳои доманадор ҷалб намоем. Аз ин лиҳоз ин маърўзаи мо хусусияти гузоришӣ дорад. Сабаби ба ин масъала рў овардани мо аз он манша мегирад, ки солҳои охир бо роҳу воситаҳои гуногун аз хориҷа доруҳои қалбакӣ, вақти истифодаашон сипарӣ шуда дохил гашта, на ба манфиати беморон, балки барзарари онҳо равон мегардад. Барои ҳамин ҳам қисме аз беморон аз дорухонаҳо дору намехаранд, ба табибони халқӣ, гиёҳшиносон муроҷиат мекунанд, ба курорту санаторияҳои обтабобату гилдаво рў меоваранд.

Вазъияти пешомада масъулонро водор менамояд, ки ба ин масъала ҷиддӣ баҳо диҳанд, барои васеъ намудани муассисаҳои обдавою гилдаво саҳми бештар гузоранд, талаботи рўзафзунро хубтар қонеъ гардонанд. Барои ба ҳалли ин масъала хубтар ноил шудан лозим аст, ки захираҳои табиию табобатӣ (обҳои маъданӣ ва кўлҳои шифобахш)-ро ба таври маҷмўъ (комплексӣ) омўхта, баҳои дурусти тиббию табобатӣ дода шавад.

Лойқаҳои шифобахш аз ҷиҳати пайдоиш вулқонӣ (дар назди конҳои нафт), гили сулфидӣ (сулфиди гидроген, гази карбонат, метан ва ғайра доранд – Оқсукон, Танобчӣ), лойқаҳои сапропилӣ (дар зери кўлҳои норавон ва халиҷҳои баҳрӣ дар кўлҳои мамнўъгоҳи «Бешаи палангон», кўлҳои поёнҷараёни дарёи Панҷ, Помири Шарқӣ пайдо шудаанд), лойқаҳои торфӣ (дар маҳалҳои ботлоқзамин) мешаванд.

Лойқаҳои шифобахш тавассути аломату хосиятҳои химиявӣ, физикӣ, механикӣ ва биологӣ (моддаҳои фаъоли биологӣ-витаминҳо, ферментҳо, ҳормонҳо) ба пўсти бадани инсон ва системаи асаб таъсир расонида барангезишро ба амал меоранд, кори узвҳо ва системаҳои алоҳидаи баданро метезонад, мубодилаи моддаҳо авҷ мегирад, бо ғизо таъмин шуданро беҳтар мекунад, омосу варамҳоро бартараф, дардро таскин мебахшад ва ба сиҳатшавии узвҳо таъсири мусбат мерасонанд.

Гилтабобатро ба беморони аъзоҳои такяву ҳаракат (аз ҷумла сутунмўҳра, буғумдард, мушакҳо), ҷароҳату осебҳои дершифоёбанда, бемории аз зарбу лат хўрдани маркази системаи асаб пайдошуда, асабҳои канорӣ, бемориҳои хоси занонаю мардона, иллати меъдаю рўда, баъзе вайрониҳои рагҳои хунгард тавсия дода мешавад.

Гилдаворо барои бемориҳои илтиҳоби шадид, бемории харчанг(рак), силкасал, бемориҳои дилу рагҳои хунгард, лоғаршавии умумии бадан ва ғайра тавсия дода намешавад.

Ҳамагуна навъу намудҳои бемориро на воситаҳои нави ташхис, доруворӣ, обу лойқаҳои шифобахш, балки табиби ҳозиқ табобат мекунад, мутаассифона, «духтур ҳама ҷо, вале табиби ҳозиқ ҷо-ҷо».

Бояд гуфт, ки илми пеллоидшиносӣ ин илми комплексӣ мебошад. Дар таҳқиқи ин соҳаи илм бояд духтурон, гидрогеологҳо, гидрохимикҳо, гидробиологҳо, гидрофизикҳо ва географҳо ҳамкории зич дошта бошанд. Мутаассифона, ҳанўз чунин ҳамкорӣ дар Тоҷикистон ташаккул наёфтааст, вагарна кўлҳои шифобахшро барвақттар ва сахеҳ омўхта, истифодаи самараноки онҳоро васеъ ба роҳ монда мешуд. Ҳоло кори зиёд, мушкил, заҳматталаб, вале боифтихор дар пеш аст.

Кўлҳои шифобахши Тоҷикистон аз ҷиҳати пайдоиши ғудолашон (котлови- наашон) тектонӣ, дарёкўлӣ, карстӣ ва пиряхӣ мешаванд. Ин кўлҳо дар марзи Тоҷикистон нобаробар ва дар минтақаҳои биёбонию нимбиёбонии субтропикӣ ва баландкўҳи Помир воқеъ гардидаанд. Дар ҳарду ҳолат ҳам шароити табиию географӣ барои зиндагӣ ва қабули гилдаво чандон созгор нестанд, вале ҳангоми фароҳам овардани шароити мўътадил ин носозиро бартараф ва барои табобати ғайри гилдаво (бемории гурда) низ муваффақ шудан мумкин аст.

Аз дарёкўлҳои давоии поёноби дарёи Панҷ Дарахтикўл, Охташкўл ва Шўркўл қиммати хуби табобатиро соҳибанд. Ин дарёкўлҳо ба ҳисоби миёна 1,5-2 км тўл, 60- 150 м паҳнӣ, 0,4-8 м умқ ва 9-10 то 40-49 г/л маъданнокӣ доранд. Лойқаи зери оби ин кўлҳо аз 0,15 то 0,6 м ғафсӣ доранд. Намнокии гил аз 37 то ба 50% ва моддаҳои органикӣ дар кўлҳо аз 0,73 то ба 1% мерасанд, ба талаботи гилдаво ҷавобгўй мебошанд. (Нишондиҳандаҳои морфометрии кўлҳо дар «замима» оварда шудааст).

Шўркўл (Шуккўл) 6 км ҷанубу ғарбии шаҳраки Панҷи Поён дар болои зинаи якуми дарёи Панҷ воқест, ба моҳи ҳилол шабоҳат дорад. Аз самти шимол обҳои зеризаминии сулфатию натригӣ ва аз самти ҷануб обҳои хлору магнигӣ ва гоҳо оби дарёи Панҷ ворид мешавад. Дар таркиби оби кўл йод, бром, оҳан, мис, титан, молибден, кислотаи метаборат мавҷуд. Намакоби давоии кўл аз 0,3 то ба 0,8 м ғафсӣ дорад. Маъданнокии оби кўл дар самти ҷанубу ғарб 158-225 г/л, дар самти ҷанубу шарқ ба 350-375 г/л мерасад. Захираи лойқаи давоии кўл ба 95 ҳазор тонна баробар аст. Аз ҷиҳати нишондиҳандаҳои физикию химиявӣ ин лойқа ба талаботи гилдаво мувофиқ аст. Дар атрофи кўл ташкили минтақаи ҳифзи санитарӣ муҳим аст. Лойқаи кўл ҳанўз истифодаи ҳақиқии худро наёфтааст.

Дарёкўлҳои канори дарёи Чубек дар наздикии гумбази намаки Хоҷамўмин воқеъ гардидаанд.

Ташаккули обу лойқаи ин кўлҳо ба обҳои зеризаминии аз самти дарёи Чубек ва гумбази намаки Хоҷамўмин воридшаванда алоқаманд мебошанд. Аз ҷиҳати таркиби химиявӣ хлоридию натригӣ ва сулфатию натригӣ иборатанд, маъданнокиашон ба 255-263 г/дм3 мерасанд. Дар таркиби оби чашмаҳо кислотаи борат (19,5 мг/л) бром, алюминий, стронсий, манган, титан, мис, нуқра, ванадий мавҷуд аст. Аз ҷиҳати мавқеи географи дарёкўлҳои канори дарёи Чубекро ба гурўҳи Шарқӣ, Шимолӣ, Марказӣ ва Ҷанубӣ ҷудо мекунанд, кўлҳои Шарқӣ ва Шимолӣ қиммати беҳтарӣ давоӣ доранд. Мутаассифона, обу лойқаи дарёкўлҳо ва шўробаи аз чашмаҳои канори гумбази Хоҷамўъмин барояндаро ҳамчун маводи табобатӣ ба дараҷаи даркорӣ истифода намебаранд. Дар атрофи гумбази намак якчанд ғорҳо кашф карда шудаанд. Хуб мешуд дар заминаи лойқаҳои давоӣ, шўробаи рўдҳо ва ғорҳои намаки маҷмааи тиббию табобатӣ ва инфрасохтор созмон дода шавад. Тавассути ғорҳои намакдор бемориҳои диққии нафасро табобат кардан имконпазир аст, таҷрибаи ҷаҳонӣ инро собит кардааст. Созмони маҷмааи тиббию табобатӣ натанҳо барои табобати беморон, балки барои бо кор таъмин намудани сокинони музофоти Кўлоб такони ҷиддӣ мебахшид.

Аз кўлҳои пайдоиши карстӣ дошта дар музофоти Кўлоб кўлҳои Афғонделӣ, Дилоро, Пушион ва Танобчӣ маълуманд. Кўлҳои Танобчӣ дар ноҳияи Темурмалик воқеъ гаштаанд ба гурўҳи Шарқӣ ва Ғарбӣ ҷудо мешаванд. Намакоби табобатии кўлҳои Шарқӣ ба типии сулфатию натригӣ мансуб буда, маъданнокиашон баҳорон 35 мг/л ва тобистон 320 г/л-ро ташкил медиҳанд. Намакоби муолиҷавии кўлҳои Ғарбӣ ба типии хлору магнигӣ мансуб буда, маъданнокиашон то ба 330 г/л мерасанд. Захираи лойи кўлҳои Танобчӣ аз рўи дараҷаи А+В ба 19,3 ҳазор тонна баробар буда, ба талаботи гилдаво ҷавобгўй мебошад. Бошандагони маҳаллӣ дар моҳҳои июлу август аз лойқаи шифоии ин кўлҳо баҳрабардорӣ мекунанд. Мутаассифона, ин маводи табобатӣ истифодаи босамари худро наёфтааст.

Ба гурўҳи кўлҳои пайдоиши пиряхии муолиҷавӣ доштаи Помири Шарқӣ Чуқуркўл, Сасиқкўл ва Шоркўл (Шўркўл) мансуб мебошанд.

Чуқуркўл дар ҳавзаи дарёи Ғунт (Аличур) ҷанубтари Яшилкўл воқест. Дар таркиби оби кўл хлориди натрий ва карбонати натрий бартарӣ дорад, маъданнокиаш ба 370 г/л баробар аст. Дар таркиби намакоби кўл йод, бром, кислотаи метаборат, фтор (то 800 мг/л) ва маргимуш (то 10 мг/л) мавҷуд аст. Оби рўду чашмаҳои ба кўл дохилшаванда хосияти соддагӣ ва калсигӣ доранд, маъданнокиашон ба 417 мг/л баробар аст.

Сасиқкўл шарқтар аз Яшилкўл воқест, оби беҷараёни шўру талх дорад. Ҳарорати лойқаи кўл дар тобистон аз канор ба самти марказ аз 10 то ба 270С баланд мешавад. Лойқа бо метан (64,4%), нитроген (33%), оксиген (2,1%), гази турши ангишт (0,5%) ғанӣ гардидааст. Маъданнокии намакоби кўл аз сатҳ (141 г/л) ба самти қаър (300 г/л) тағйир меёбад. Дар таркиби лойқаи кўл, бром, бор, фтор, кислотаи метаборат, маргимуш, нуқра, мис, симоб ва ғайра дорад, қиммати шифоии онро баланд бардоштаанд.

Шоркўл (Шўркўл) яке аз кўлҳои беҷараёни шарқии Помири Шарқӣ буда, шўр ва хосияти баланди радиоактивӣ дорад. Обу лойқаи Шоркўлро бо мақсади табобат истифода бурдан мумкин аст.

Дар шароити баландкўҳ воқеъ гардидани кўлҳои шифобахши Помири Шарқӣ истифодаи онҳоро маҳдуд гардонидааст. Дар баробари истифодаи обҳои маъданӣ ба роҳ мондани истифодаи лойқаҳои шифобахш самти нави хизматрасонӣ ва ҷойҳои нави корӣ пайдо мешавад, дараҷаи зиндагӣ ва саломатии одамон беҳбудӣ меёбад.

Оқсукон ягона кўли шифобахши серистеъмол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар ҳудуди ноҳияи Ашти вилояти Суғд воқеъ гаштааст. Он дар хамидаи байни пасткўҳҳои Суффатоғ, Оқбел, Қизилҷар ва Шумтоғ аз сатҳи баҳр дар баландии 450 м воқеъ буда, аз маркази ноҳияи Ашт-Шайдон - 22 км, аз обанбори Қайроққум 15 км ва аз ш. Хуҷанд 82 км дур воқеъ гаштааст. Оқсукон ба тариқи арзӣ аз ғарб ба шарқ ба масофаи 13 км тўл кашидааст, паҳниаш ба 0,5-2 км, умқаш ба 0,7 м ва майдони сатҳаш ба 8,8 километри мураббаъ мерасад. Соҳили ҷанубии кўл байзашакл, шимолиаш аз халиҷҳои хурду нимҷазираҳо иборат, қаъраш нисбатан ҳамвор мебошад.

Табиат. Манбаъҳои обгирии Оқсуқонкўл чандон фаровон ва боэътимод нестанд. Боронҳои баҳорӣ (200-250 мм) тавассути маҷрои рўди муваққатии Даҳана ва сойҳои паҳлўӣ, чашмаҳои шўри сойи Қарокон ва чашмаҳои дигари доманакўҳи Оқбел ба Оқсукон мерезанд. Ҳангоми тобистон (ҳарорати миёнаи июн +290С) аксари чашмаҳои шўроби доманакўҳҳои атроф мехушканд. Барои ҳамин ҳам андозаи сатҳ, дарозӣ ва умқи кўл вобаста ба фаслҳои сол тағйир меёбад.

Тобистон оби Оқсуқон мехушкад ва сатҳи болои онро қабати тунуки намаки ошӣ (5 см) мепўшад. Ин рўйпўш чун ҷилд лойқаи давоии дар зер хобидаро аз хушкшавии минбаъда ҳифз мекунад. Лойқаи шифобахши Оқсукон ба ҷисми зиндаи том, ки худ худашро ба низоми муайян дароварда мистад, шабоҳат дорад. Дар таркиби лойқаи кўл 93 элементи химиявӣ, пайвастагиҳои ғайриорганикию органикӣ, микроорганизмҳо, бақияи вайроннашудаи организмҳои мурда, элементҳои радиоактивӣ, хлориди натрий, сулфати натрий, кислотаи селикат, пайвастагиҳои алюминий, оҳан, магний, бор, калий, фосфор, моддаҳои фаъоли биологӣ, (ҳормонҳо, ферментҳо, витаминҳо, антибиотикҳо) ва ғайра дигар унсуру моддаҳои химиявӣ мавҷуданд. Шўрии об дар зимистон 10-15% ва тобистон ба 35-40% мерасад. Қисми болои лойқаи зери кўл бастаи сиёҳи равғанмонанд буда, қабати поёнаш ранги хокистарӣ дорад ва аз он бўи гази гидрогенсулфид меояд. Лойқаи давоӣ асосан дар қисми шарқии кўл воқест, ки ғафсии он ба 50 см мерасад. Асоси шифобахшандагии лойқаро ғайр аз элементу моддаҳои дар боло номбар шуда, об, гилхок, таносуби омилҳои физикӣ, механикӣ, химиявӣ ва биологӣ ташкил медиҳанд. Лойқаи шифокор зери таъсири ин омилҳо дарди баданро таскин мебахшанд, омосу варамро мегардо- нанд, унсуру моддаҳои нолозимро зимни мубодилаи моддаҳо тавассути системаи ихроҷ аз ҷисми бемор берун мекунанд. Тавассути лойқаи ин кўл бемориҳои аъзоҳои такягоҳу ҳаракат, ҳозима, системаи асаб, пўсту пай, баъзе касалиҳои хоси занонаю мардона ва ғайраро бо муваффақият табобат кардан мумкин аст. Ин лойқа хосияти косметикӣ ҳам дорад.

Аз соли 1930 ин лойқаи шифобахшро дар табобатхонаҳои физиотерапевтии ш. Хуҷанд, табобатхонаҳои ш. Душанбе ва минбаъд дар бемористонҳои Чкаловск, Конибодом, Хоҷаобигарм, Ғулакандоз, Зумрад, осоишгоҳҳои канори обанбори Қайроққум, муассисаҳои табо-батию осоишгоҳҳои ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ истифода бурда меоянд.

Ҳоло дар назди Оқсукон боргоҳи табобатӣ амал мекунад, ки дар як вақт метавонад 200-300 нафар ҳоҷатмандон ва дар бемористони Қамишқурғон (6 км дур аз кўл) соле то 600 нафар беморонро ба табобат фаро гирад. Аз лойқаи шифобахши Оқсукон на танҳо сокинони дохили кишвар, балки сокинони ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, Россия (шаҳрҳои Москва, Тюмен, Иркутск) ва даҳхо дигар шаҳру ноҳияҳои бурунмарзӣ баръхурдор гардидаанд.

Мавзеи Оқсукон манбаи хўби ҷамъоварии намаки ошӣ (зимнан захираи онро 1 млн. т ҳисоб карда шудааст ва соле беш аз 35 ҳазор тонна намаки ошӣ истеҳсол мешавад) буда, ноҳияҳои Тоҷикистони Шимолӣ ва баъзе музофотҳои ҷумҳуриҳои Осиёи Миёнаро бо ин маводи ҳаётан муҳими зиндагӣ таъмин карда мешавад.

Мушкилоти экологӣ. Дар баробари он ки Оқсукон ба ҳазорон маризон шифои комил бахшида, онҳоро ба кору зиндагӣ дилгарм менамояд, вале ин кўли мўъҷизаангез имрўзҳо ба монанди беморон ба таботат, ғамхорӣ ва ҳифз эҳтиёҷ дорад. Агар бемории Оқсукон саҳеҳ ташхис нашавад ва ба табобат фаро гирифта нашавад, он гоҳ он фалаҷ ва ба тезӣ нобуд хоҳад шуд. Ин маънои онро дорад, ки марги Оқсукон ҳазорон маризони имрўзу фардоро аз табобат маҳрум мемонанд. Пас, кадом омилҳо боиси коҳиши нерўю тавони Оқсукон гардидаанд? Омилҳои ҷойдоштаро ба гурўҳҳои табиӣ ва инсонсириштӣ тақсим намудан равост. Ба омилҳои табиӣ инҳо дохил мешаванд:

- паст шудани сифат ва миқдори лойқаи давоиро сабаб он аст, ки селу селобаҳои баҳорӣ лойқа, сангреза, шағал ва дигар ҷинсҳои дағалро шўста аз ҷониби ғарб вориди кўл месозад. Ин амали носавоб боиси ифлосии обу лойқаи шифобахш мегардад;

- дигар сабаб ин камшавии шўробаи чашмаҳои доманакўҳҳои Қизилҷару Оқбел ва дар фасли тобистон зери ҳарорати баланд хушк шудани онҳост;

- сабаби сеюм ин дар фасли тобистон хушкидани оби болои лойқаи давоӣ мебошад.

Ба омилҳои инсонсириштӣ (антропогенӣ) мансубанд:

а) Шўробаи аз чашмаҳои мавзеи Қарокон мебаромадаро то ба кўл омада рехтан намемонанд, зеро ин обро дар ҳавзҳо боздошта, мехушконанд аз он намаки ош мегиранд;

б) Сол то сол шумораи аҳолии мамлакат дар афзоиш мебошад, вобаста ба он дар муассисаҳои тиббию табобатӣ талабот ва эҳтиёҷ то рафт беш мегардад ва он масрафи бештари лойқаро металабад. Мувофиқи қоидаҳои маъмул муассисаҳои табобатӣ масъуланд, ки лойқаи истифодашуда, ки сифати аввалаи табобатиашро то андозае талаф медиҳад, бозпас ба кўл баргардонанд то ин ки он хосиятҳои шифоии худро дубора (такроран) барқарор намоянд. Аммо қисми зиёди лойқа талаф меёбад, бақияи боқимонда, умуман ба кўл бар намегардад;

в) Одамони ба худмуолиҷа омада на дар муассисаҳои табобатӣ табобат мегиранд, балки дар болои кўл гашту гузор менамояд, хандак мекобанд, худашонро зери намаку лойқа мегуронанд. Аз тарафи дигар ин қабил одамон миқдори муайяни лойқаи давоиро ба халтаҳои селофанӣ андохта онро ба хона мебаранд, ки чунин амал тораҷгарист.

Тақдири минбаъдаи ин дорухонаи табиӣ ба ихтиёри қудрати табиат гузошта шудааст, онро касе назорат намекунад ва баҳри беҳдош-ти ин мўъҷизаи табиат тадбиру ғамхории ҷиддӣ андешида намешавад.

Тадбир. Лойқаи шифокори Оқсукон ин боигарии беҳамтои миллист. Он чун ба монанди дигар сарватҳои зеризаминӣ тамомшаванда мебошад. Аз ин лиҳоз на танҳо ғами дардмандони имрўзаро хўрдану ҳоҷати онҳоро баровардан, балки ғами наслҳои ояндаро дар мадди назар дошта, ин лойқаро сарфаю сариштакорона истифода бурда, аз ифлосшавӣ, коҳишёбӣ ва тороҷшавӣ наҷот додан талаботи ақлу инсофи дурбинанда мебошад. Пас, чӣ бояд кард, чӣ тадбиру чораҳо андешид?

Пеш аз ҳама месазад, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба истифодаи оқилона ва ҳифзи ин сарвати табиию табобатии нодири табиат барномаи махсуси маҷмўи таҳия ва баҳри амалӣ гаштани он тадбирҳои мушаххас андешида шавад. Яке аз чунин тадбир тадқиқоти амиқи муҳандисию гидрогеологӣ, экологию тиббӣ ва иқтисодию географӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин раванд шароите фароҳам овардан лозим аст, ки барқароршавии лойқаи шифокори кўл аз миқдори солонаи истифодаи он кам набошад.

а) Чӣ тавре, ки болотар изҳор доштем селу селобаҳо боиси ифлосӣ ва коҳишёбии захираи лойқаи шифобахши кўл мегарданд. Аз ин хотир тавассути тадбирҳои муҳандисию техникӣ фаъолияти селҳоро коҳиш додан мумкин аст. Чунин тадбир бояд ба самте ҷараён ёбад, ки обҳои мавсимӣ ба осонӣ вориди кўл шуда тавонанд, вале ҷинсҳои дағалу нолозим боздошта, таҳшин карда шавад. Бо ин мақсад сохтмони селамбор, дарғот ва ҳавзҳо ба мақсад мувофиқ хоҳад буд.

б) Сабаби дигари бад шудани сифати лойқаи давоии кўл ин барвақт хушкидани оби болои лойқа мебошад. Пас, барои муҳайё намудани ҷараёни мўътадили физикӣ, химиявӣ ва биологии он аз дигар манбаъҳо об оварда ба кўл дохил кардан аст. Ин амалро бо ду роҳ таъмин кардан мумкин аст: якум бо роҳи кандани пармачоҳ ва ба сатҳ баровардани обҳои зеризаминии хоҳ ширин ва хоҳ шўр; дуввум дар ҳолати фароҳам омадани шароити хуби молиявӣ (хоҳ дохилӣ ва хоҳ грантҳои хориҷӣ) тавассути лўлаҳо ва обкашҳои барқӣ аз обанбори Қайроқум об овардан ба мақсад мувофиқ хоҳад буд. Барои ҳамин ҳам дар яке аз гўшаҳои кўл ё халиҷи он ҳавз - озмоишгоҳи мухтор сохта, рафти пайдоишу ташаккул ва барқароршавии хосиятҳои давоии лойқаро ҳаматарафа омўхта хулоса-ҳои асосноки илмӣ баровардан лозим аст. Танҳо пас аз чунин озмоиши ҷиддӣ онро барои қисмҳои боқимондаи кўл татбиқ кардан раво мебуд.

в) Барои таъмини сифати лойқаи шифоии кўл ғилзати (консентратсияи) мўътадили онро маълум намуда, баҳри бонизом нигоҳ доштани он чораю тадбир андешида шавад. Ҳар сари чанд вақт шўробаҳои аз Қароқон барояндаро ба Оқсукон равон кардан лозим аст. Аз тарафи дигар муҳаққиқонро лозим аст, ки таъсири мусбату манфии рўйпўши намакро омўхта оиди нигоҳ доштан ва ё аз байн бурдани ин рўйпўш тавсияҳои асоснок пешниҳод намоянд.

г) Бо мақсади аз талафоти беасос боздоштани лойқаи давоии Оқсукон, яъне бемонеа ба кўл баргардонидани лойқаҳои истифодашуда аз тарафи муассисаҳои табобатӣ ва аз тарафи давоҷўён ба хона бурдани лойқа хотима дода шавад, назорати қатъӣ ҷорӣ ва дараҷаҳои гуногуни ҷарима, ҷазоҳои маъмурӣ ва ҷиноятӣ пешниҳод карда шавад.

Бо мақсади сарфаю сариштакорона истифода бурдани лойқаи давоии Оқсукон ташкили истифодаи қитъагӣ ба мақсад мувофиқ мебуд, зеро дар ин ҷараён ба сифати шифобахшидагии қитъаҳои ҷудогона баҳои миқдорию сифатӣ дода, миқдори ҳақиқии лойқаи давоӣ ба ҳисоб гирифта, баргашти лойқаи давоӣ аз тарафи муассисаҳои табобатӣ назорат бурда мешавад.

д) Хуб мешуд дар атрофи кўли Оқсукон минтақаи сабзи санитарию истироҳатӣ - дарахтзоркунӣ ба роҳ монда мешуд, гиёҳҳои ба шароити камнамӣ ва ба гармию шўрзамин тобовар парвариш меёфт. Шояд дар навбати аввал шинонидану парвариш намудани саксавул, черкез ба мақсад мувофиқ мебуд. Парвариши рустаниҳои алафӣ, буттагӣ ва дарахтӣ намуди атрофи кўлро дилрабо мегардонид, тобистон ҳарорати ҳаво пасттар мегашт, чангу ғубор камтар ба амал меомад, кори харобиовари боронҳои селовар то андозае коҳиш меёфт.

Бақои умр. Ниҳоят саволе ба миён меояд, ки захираи боқимондаи лойқаи шифобахши кўли Оқсукон барои чанд соли оянда мерасад? Барои ба ин савол ҷавоб додан моро лозим аст, ки қаблан ба чанд саволи дигар посух ёбем: 1. ҳоло дар кўл чанд тонна (ва ё чанд метри мукааб) лойқа боқӣ мондааст; 2. ҳоло ҳар сол чанд тонна лойқа масраф мешавад; 3. дар оянда сарфи лойқа ба чанд тонна боло меравад; 4. чанд тоннаи лойқаи истифода шуда, барои барқарор намудани хосиятҳои давоӣ ба кўл бармегардад. Ба ин саволҳо ҷавоб пайдо кардан айни замон мушкил аст, зеро дар ин самтҳо ҳисоби оморӣ вуҷуд надорад. Ҳамин қадар маълум аст, ки мувофиқи ҳисоби соли 1932 дар кўл 100000 тонна лойқа мавҷуд буд, ва то соли 1950 30%-и он харҷ шуда 62430 т боқӣ мондааст ва он мувофиқи баъзе ҳисобҳо барои 30-50 соли оянда мерасад гуфта буданд, вале ин сана сипарӣ шуда бошад ҳам, ҳоло дар кўл лойқа бисёр аст. Агар тахмин кунем, ки аз соли 1950 то ба имрўз боз 30%-и лойқаи кўл талаф ёфтааст, он гоҳ дар кўл 41620 т лойқа боқӣ мондааст. Агар дар навбати аввал барои муассисаҳои тиббӣ 1000 т лойқа истифода, ва лойқаи истифодашуда мунтазам ба кўл баргардонида шавад, чунон миқдор барои идомаи ояндаи кор басанда буд. Дар оянда кифоя мебуд, ки ба рақами боло соле 100 т лойқаи нав илова карда шавад, он гоҳ лойқаи кўл барои 300-400 соли минбаъда мерасад. Ба ҳар навъе, ки набошад тадқиқоти маҷмўиро доир ба Оқсукон идома дода, истифодаи онро дар асоси меъёри муайян, бо тартиби муайян ва мувофиқи пешниҳоди илмӣ-иқтисодӣ ба роҳ мондан аз рўи адолат хоҳад буд.

Хулоса аз тавсифи мухтасари андешаҳои дар боло овардашуда бар- меояд, ки дар Тоҷикистон захираи лойқаҳои шифобахш дар дохили кўлҳо фаровонанд, вале онҳо ҳанўз ба дараҷаи кофӣ омўхта нашудаанд. Чунин вазъият боиси он гардидааст, ки ин захираҳо ба таври оқилонаю самарабахш истифода намешаванд (истисно лойқаи Оқсукон). Доир ба истифодаи оқилона ва ҳифзи ин неъмати нодири табиат тадбиру чораҳои судманд андешида нашудаанд. Дар ҳолати фароҳам овардани шароити хуби табобат ва истироҳат давоҷуён ба хориҷи мамлакат камтар мераванд, асъори миллӣ камтар талаф меёбад, дар дохили мамлакат табобат мегиранд, муассисаҳои тиббӣ-табобатӣ афзун мегарданд, одамон бо кор бештар таъмин мешаванд, шароити зиндагиашон беҳбудӣ меёбад.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба