Зеҳн

МАФҲУМИ “ЭКОНОМИКС” ДАР АДАБИЁТИ ИҚТИСОДӢ

АХ
Ахбор17 ноябри 2024 · 20 дақиқа хондан

Барои тавсиф намудани илми иқтисодӣ, алалхусус назарияи иқтисоди пеш аз ҳама равшан намудани доираи (ҳудуди) предмет, яъне муайян кардани тақвияти соҳаи донишҳое, ки онро дарбар мегирад, зарур аст.

Дар давоми асри ХХ кўшиши иқтисодчиён низоми мавқеи асосиро ба вуҷуд овард, ки дурусту муҳим будани он эътироф гардидааст. Дар бахшҳои асосии ҳамаи рисолаҳо роҷеъ ба назарияи иқтисодӣ бо каме фарқият ҳамон як принсипи ин илм баён карда шудааст.

Аз табиати худи илм бармеояд, ки мазмуни (предмети) онро танҳо ҳамон вақт ифода кардан мумкин аст, ки вай ба дараҷаи муайяни тараққиёт расидааст. Дараҷаи тараққиёт ва такмили намоёни илм дар ҳолате таъмин мегардад, ки агар ягонагии проблемаҳое, ки вай ҳал карда метавонад, ба вуҷуд оварда шавад. Барои ин дар навбати худ, муқаррар намудани боҳамалоқамандии принсипҳои асосии муайянкунандаи чунин ягонаги дар доираи як система, зарур аст.

Аз ҳамон вақте, ки доираи донишҳои омўхташавандаи илм муайян мешаваду кулл ва пурра мегардад, тарақии минбаъдаи он таъмин мешавад. Вале барои ин мақсад дурнамо ва воситаҳои такмилу тараққиётро равшан муаяйн кардан лозим меояд.

Равиши илмии иқтисодии муосирро тадқиқотҳои назариявию амалӣ, инчунин тадқиқотҳои фалсафавии дар соҳаҳои гуногун ба вуҷуд омада: аз омўхтани тарози тиҷорат то баҳсу мунозира оид ба ногузирии дахолати давлат ба иқтисодиёт, ташкил медиҳад. Чи тавре, ки манбаҳои илмии мавҷуда нишон медиҳанд, таҳаввулоти илми иқтисодӣ аз ибтидои пайдошавиаш то ба имрўз ба тағйирёбии пай дар паи номи он оварда расонид.

Классикони иқтисоди сиёсӣ таъкид менамуданд, ки дар ба вуҷуд овардани сарвати миллӣ нақши асоситаринро соҳаи истеҳсолоти моддӣ мебозад. Дар байни омилҳои истеҳсолот ба меҳнат, истифодаи захираҳои меҳнатӣ афзалият медоданд. Бо баланд бардоштани қувваҳои маҳсулдиҳандагии меҳнат пешрафти ҷамъиятӣ дар системаи бозорӣ алоқаманд карда мешуд.

Сарват, ҳамин тавр, ду хусусияти асосӣ дорад: моддият ва соҳиби кардан (аз они худ кардан). Барои ҳамин на ҳамаи предметҳои моддӣ, балки танҳо онҳое, ки аз они худ карда мешаванд ба таркиби сарват дохил мешаванд». Дар байни ҳамаи намудҳои сарват худи инсон як навъи он мебошад. Инсон предмети моддӣ, предмети аз они худ кардашаванда мебошад. Барои ҳамин вай ҳамчун сарват ҳисоб карда мешавад.

Аз нимаи дуюми асри XIX дар Англия, Швейтсария, Австрия ва дигар мамлакатҳои аврупоӣ, инчунин дар Амрикои Шимолӣ тадқиқотҳои иқтисодие ба вуҷуд омаданд, ки ба предмети иқтисоди сиёсӣ нисбат ба классикон дигар хел назар мекарданд, методологияи нави тадқиқотҳои иқтисодиро талаб менамуданд. Мактабҳои нави илмӣ пайдо шуданд, оҳиста-оҳиста тасаввурот дар бораи предмет ва методи илми назариявии иқтисодӣ тағйир ёфт, ки оқибат илми иқтисодӣ номи дигар – «ЭКОНОМИКС»-ро гирифт.

Солҳои 70-80-ўми асри XIX новобаста аз ҳамдигар як қатор иқтисодчиён назарияи манфиатнокии интиҳоиро ба вуҷуд оварданд, ки минбаъд яке аз принсипҳои асосии илм гашт.

Шарҳи математикии назари манфиатнокии интиҳоии ифоданамудаи иқтисодчии англис Уильям Ҷевонс (1835-1882) дар илми иқтисодӣ васеъ паҳн гашт. Иқтисодчии франсуз Леон Валрас (1834-1910) бошад дар таърихи илми иқтисодӣ аввалин шуда тамсилаи мувозинати умумии иқтисодиро кор карда баромад. Зарурати чунин тамсиларо пайрави вай профессори Университети Лозан Валфредо Парето (1848-1923) чунин асоснок намуд. Иқтисоди сиёсӣ бояд механизме, ки байни талаботи одамон ва воситаҳои маҳдуди онро қонеъкунанда меистад, барқароркунандаи мувозинатро омўзад.

Баробари нашр шуда баромадани китоби Альфред Маршалл «Принсипҳои экономикс» амалан давраи нав дар таърихи афкори иқтисодиёт оғоз ёфт. Дар сеяки охири асри XIX тарзи нави тадқиқотҳои иқтисодӣ ташаккул ёфт, ки он таҳлилро аз доираи андозаҳои миёна ба доираи андозаҳои интиҳоӣ гузаронид. Дар маркази тадқиқотҳо вазифаҳое ҷой гирифтанд, ки ба кашфиёти дар шароити маҳдуд будани захираҳо ба даст даровардани натиҷаҳои оптималӣ нигаронида шудаанд. Таклифоти бозории сармоя, сатҳи талаботҳои аҳолӣ, дараҷаи захираҳои меҳнатӣ, имкониятҳои истеҳсолӣ, ҳаҷми ашёи хом, миқёси замин – ҳамаи ин ва дигар манобею унсурҳо мавҷуданд. Аз илми иқтисодӣ талаб карда мешуд, ки чунин бо ҳам мувофиқ овардани омилҳои истеҳсолот муайян карда шавад, ки манфиатнокии максималии маҳсулоти баровардашуда таъмин гардад. Ин шакли нави аз кишри классикии худ ба мавқеи дигар гузаштани илми иқтисодӣ баъдан дар тадқиқотҳои иқтисодӣ самти неоклассикӣ ном гирифт. Ба самти неоклассикӣ дар охири асри XIX – аввали асри ХХ «экономикс» - номи нави илми иқтисодӣ ибтидо гузошт.

Соли 1890 асари асосгузори мактаби кембриҷии иқтисоди сиёсӣ, яке аз ташкилдиҳандагони самти неоклассикии иқтисоди сиёсӣ – Альфред Маршалл (1842- 1924) – «Принсипҳои экономикс» («PrinciplesofEconomics») нашр шуда баромад. Аз ҳамин вақт сар карда, дар адабиёти илмӣ ва таълимии иқтисодӣ ба ҷои истилоҳи «Иқтисоди сиёсӣ» («Politicaleconomy») мафҳуми «экономикс» («ecоnomics») истифода бурда шуд.

Маҳз бо ташаббуси А.Маршалл (аз соли 1902) фанни иқтисоди сиёсӣ бо номи «экономикс» табдил гашт. Дар баробари нашр шуда баромадани китоби А.Маршалл ва ҷори карда шудани таълими фанни «экономикс», тартиботи таркибӣ ва дарсдиҳии курси иқтисоди сиёсии мактаби классикӣ аз рўи китоби Ҷон Стюарт Милл «Асосҳои иқтисоди сиёсӣ» аз раванди таълимӣ танг карда бароварда шуд.

Ақидаҳои А.Маршалл аз пешгузаштагонаш фарқ мекунанд, ўро инқилобчии иқтисоди сиёсии охири асри XIX мешуморанд. А.Маршалл дар асараш пеш аз ҳама ба мубоҳисаи дар он замон дар атрофи проблемаи арзиш ҷой дошта дахл намуда, ҳамзамон бо роҳи созиши ба худ хоси байни назарияҳои гуногуни арзиш аз мубоҳисаи бесамараи кашолёфта ва ба кўчаи сарбаста даромада баровардани иқтисоди сиёсӣ ишора намуд.

Асари А.Маршалл «Принсипҳои экономикс» тараққии минбаъдаи иқтисоди сиёсиро тағйир дода, онро ба маҷрои нав равона кард. Беҳуда нест, ки ақидаҳои А.Маршалл аз рўи муҳимият ва таъсирбахшиаш ба иқтисоди сиёсӣ, аз тарафи аксарияти муҳақиқони афкори иқтисодӣ чун «инқилоби Маршалл» (шабоҳат ба «инқилоби кейнсгароӣ»-и солҳои 30-ўми асри ХХ) ҳисобида мешавад.

«Принсипҳои экономикс» то солҳои 40-ми асри ХХ асоси таълимоти иқтисодиро ташкил дод. Таъсири нисбатан дуру дарози асари А.Маршаллро муҳақиқон бо дар таълимоти ў ба тариқи созишкорона муттаҳид карда шудани ҳам таълимотҳои намояндагони иқтисоди сиёсии классикӣ (дар шахсии А.Смит ва Д.Рикардо) ва ҳам ақидаҳои намояндагони самти марҷиналистӣ, пеш аз ҳама мактаби австриягӣ, алоқаманд мекунанд.

А.Маршалл таъкид менамуд, ки бояд дар асарҳои иқтисодчиён маркази тадқиқот аз мунозира оид ба проблемаи арзиш ҳатман ба омўзиши қонуниятҳои ташаккулёбӣ ва ба ҳам таъсиррасонии мутақобилаи талаботу таклифот ва дар ин асос ташаккулёбии (баробари назарияи арзиш) назарияи муфассали нарх гузаронида шавад. Ў тадқиқотҳои назариявии кор карда баромадани пешгузаштагонаш, аз ҷумла назарияи омилҳои истеҳсолот, назарияи манфиатнокии интиҳоӣ, назарияи арзишро истифода бурда, аз нав кор карда баромад ва ба назарияи нарх табдил дод. Инак, нақши муайянкунандаро дар таълимоти А.Маршалл назарияи нарх мебозад, ки дар асоси баҳамтаъсиррасонии талабот ва таклифот ташаккул меёбад. Ҳар яке аз ин ду таркибдиҳандаи нарх (талабот ва таклифот) бахшҳои алоҳида ва махсусро ифода мекунад. Муаллиф омилҳоеро муоина намуд, ки зери таъсири онҳо параметрҳои мазкури нархтартибдиҳанда ташаккул меёбанд. Мувозинати бозориро А.Маршалл ҳамчун баробарии талабот ва таклифот, ки сабабгори ба вуҷуд оварандаи нарх мебошанд, муоина кардааст. Дар асоси ҳамаи таҳлилҳои минбаъда: муайян кардани моҳияти мафҳумҳо, баҳамалоқамандиҳои функсионалӣ, асоснок намудани тамоюлҳои тараққиёт ва хулосаҳо – назарияи нарх ва принсипи мувозинатӣ гузошта шудаанд. Мувозинат дар иқтисодиёт – ин мувозинати байни талабот ва таклифот, байни захираҳо ва талабот мебошад. Тавассути механизми нарх мувозинат ё бо роҳи маҳдудкунии талаботи истеъмолӣ ва ё тавассути зиёд намудани миқёси истеҳсолот (таклифот) барқарор карда мешавад.

Тибқи ақидаи А.Маршалл «Принсипи хароҷоти истеҳсолот» ва принсипи «манфиатнокии интиҳоӣ» қисмҳои таркибии як қонуни умумии талаботу таклифот мебошанд. Вақто, ки талабот ва таклифот дар ҳолати мувозинатианд, миқдори моли дар як воҳиди вақт баровардашударо миқдори баробарвазн номидан мумкин аст, нархе, ки мувофиқи он мол фурўхта шудааст, нархи мувозинатӣ (баробарвазн) мебошад.

Қонуниятҳои ташаккулёбии талабот, таклифот ва нархро муоина карда истода, А.Маршалл дар асараш «Принсипҳои экономикс» як қатор нуқтаи назар, мафҳум ва истилоҳоти навро пешкаш намуд, ки дар арсенали илми иқтисодӣ мустаҳкам ворид гаштаанд. Алалхусус нуқтаи назари нав пешниҳоди А.Маршалл оид ба дар таҳлили бо ҳам таъсиррасонии талабот ва таклифот ба ҳисоб гирифтани омилҳои вақтӣ мебошад.

Маҳз А.Маршалл аввалин шуда бо ҳам алоқамандии байни хароҷоти истеҳсолот ва нархро, вобаста аз он ки кадом (чӣ гуна) муносибат, - кўтоҳмўҳлат ё ки дарозмўҳлат – дар асоси таҳлил гузошта шудааст, нишон додаст. Инак, дар мавриди кўтоҳмўҳлат дар ҳолати хело бисёр будани тақозо нисбат ба арза ва имконпазир будани қонеъкунонии он тавассути иқтидорҳои мавҷуда (барои ҷорӣ кардани иқтидорҳои нав бошад вақти бисёр лозим аст), мувофиқи ақидаи А.Маршалл механизми гўё ки квазирента амал мекунад. Соҳибкорону истеҳсолкунандагони маҳсулоти камёфт (дефитсит) то ҷорӣ намудани иқтидорҳои нав имконияти хеле баланд бардоштани нархи маҳсулот ва дар ин асос гирифтани бо истилоҳ даромади квазирентавии иловагиро доранд. Тавассути механизми ташаккулёбии ин намуди даромад, А.Маршалл аксуламали қувваҳои бозориро дар тағйирёбии талаботу таклифот дар давраи кўтоҳмўҳлат тасвир намудаст.

А.Маршалл ба нишондиҳандаҳои сарфакории дохилӣ ва берунӣ диққати махсус зоҳир намудааст. Моҳиятан дар ин нишондиҳандаҳо, аз як тараф, фарқи байни хароҷоти индивидуалӣ (ҷузъӣ) ва хароҷоти ҷамъиятӣ ва, аз тарафи дигар, хароҷоти айён ва хароҷоти ноайён дар истеҳсоли мол ифодаи худро ёфтаанд.

Яке аз комёбиҳои А.Маршалл, ки эътирофи ҳаматарафа пайдо карда, ба илми иқтисодӣ ворид гаштааст, асоснок намудани мафҳуми чандирии (мавзунии) талабот (муносибати динамикаи талабот ба динамикаи нарх) мебошад.

Бо асари «Принсипҳои экономикс» ва хондани курси «экономикс» (аввалин бор дар Университети Кембриҷ), Альфред Маршалл чун асосгузори иқтисоди сиёсӣ аз охири асри XIX то солҳои чилўми асри ХХ гардид, ки номи «экономикс»-ро гирифт.

Асари А.Маршалл «Принсипҳои экономикс» (Principler of Economics) бо забони русӣ аввал бо номи «Принсипы политической экономии» («Принсипҳои иқтисоди сиёсӣ») (солҳои 1983-1984) ва баъд, бо номи «Принсипы экономической науки» («Принсипҳои илми иқтисодӣ») (соли 1992) тарҷума шуда, нашр гардид.

Дар адабиёти муосири иқтисодӣ дар муайян намудани истилоҳи «экономикс» (на аз ҷиҳати мазмуну мундариҷааш чун мафҳуми умумииқтисодӣ, балки аз ҷиҳати терминологӣ) ақидаҳои гуногун, баъзан бо ҳам мухталиф, мавҷуданд. Аз ҷумла, профессор С.М.Никитин, ки таҳрири умумии нашри якўми тарҷумаи асари А.Маршалл «Принсипҳои экономикс»-ро бо забони русӣ ба вуҷуд овардааст, дар мақолаи муқаддимавиаш ба ин асар мафҳуми «экономикс»-е, ки А.Маршалл ба муомилоти илмӣ баровардааст, бо мавқеи идеологии муаллиф алоқаманд менамояд. «Хусусияти ошкоро ситоиш кардан, - навиштааст С.М.Никитин, - дар интихоби унвони асари асосии назариявии А.Маршалл зоҳир шудааст». Фикрашро давом дода, баъдтар С.М.Никитин менависад: «Лекин иваз намудани истилоҳи «иқтисоди сиёсӣ» ба «экономикс», ки А.Маршалл ба амал овардааст танҳо характери терминологӣ надорад (чун дар дигар муаллифон, ки тахминан дар ҳамон давра масъалагузориро роҷеъ ба чунин ивазкунии истилоҳот сар карда буданд). Истифодаи истилоҳе, ки ақалан ба таври расмӣ ба илми иқтисодии буржуазӣ садои иҷтимоӣ–синфии муайянро диҳад, намояндагони онро комилан қонеъ кунонида наметавонист. Он чи ки дар асри ХХ зери таъсири асарҳои А.Маршалл ва баъзе дигар муаллифон (аз ҷумла, иқтисодчӣ – математики англис Ҷ.Ҷевонс) истилоҳи «иқтисоди сиёсӣ» ҳарчи бисёртар аз асарҳои муаллифони буржуазӣ аз миён мераваду бо истилоҳи «экономикс» иваз мешавад, сабабаш дар ҳамин аст. Дар ин маъно А.Маршалл бисёр ҳам моҳирона тағйиротро дар руҳияи олимони буржуазӣ ҳис кард».

Тахминан дар ҳамин маънои фарқи идеологиаш инчунин дигар муаллифон низ менависанд. Чунончӣ, А.И.Попов қайд намудааст, ки дар давраи ҳозира ошкор кардани тамоми норасоиҳои механизми иқтисодии собиқ ИҶШС ба дараҷаи мутлақ бароварда шуда, аз будаш зиёд карда нишон додани механизми иқтисодии Ғарб расм шудааст.

Характери идеологӣ доштани пайдоиши истилоҳи «экономикс»-ро қайд намуда, муаллифи яке аз китобҳои «Назарияи иқтисодӣ» Л.М.Куликов нишон додааст, ки дар натиҷаи ақидаҳои нави дар солҳои 70-ўми асри ХХ ба вуҷуд омада «дар назарияи иқтисодӣ тарафи махсус – «экономикс» (аз англисӣ economics – иқтисодиёт; ҳаёти хоҷагӣ; илми иқтисодӣ) ба вуҷуд омад. Ҳоло вай дар ҷаҳон саросар мавқеи асосиро фатҳ намудааст. Тарафдорони он роҳи бошуурона дур рафтан аз баҳодиҳии синфию сиёсии равандҳои иқтисодӣ, гузаштан ба тадқиқотҳои аз ҷиҳати идеологӣ бетарафонаи «иқтисодиёти соф»-ро пеш гирифтаанд. Тасодуфи нест, ки ҳатто худи номи илм: аз иқтисоди сиёсӣ ба экономикс тағйир дода шуд».

Муаллифи дигар – профессор Баликоев В.З. қайд намудааст, ки дар мамлакатҳои Ғарб умуман омўзиши «экономикс» афзалият дорад. Дар охири номи фанн хотирнишон кардани ҳарфи «с» («экономикс») маънои онро дорад, ки «экономикс» дар ҳақиқат «иқтисодиёт» («экономика») не, ва ҳатто «иқтисоди сиёсӣ» ҳам не. Аз ҳам фарқ кардани «экономикс» ва «экономика» бо ду сабаби асосӣ ҷой дорад:

  1. он вақте, ки дар иқтисоди сиёсӣ марксизм ҳукмрон буд, афкори иқтисодии Ғарб ҳеҷ ягон альтернатива ёфта натавонист, бо он муросо карда ҳам наметавонист. Марксизм барои капитализм назарияи харобкунанда, пас, назарияи душманона буд. Аз ҳамин ҷост, характери минбаъдаи сиёсӣ ва идеологӣ гирифтани фан. Вай ба ду илм: иқтисоди сиёсии пролетарӣ ва иқтисоди сиёсии буржуазӣ ҷудо гардид, ки баъдтар «экономикс» номида шуд.

  2. Иқтисоди сиёсӣ ҳарчи бисёртар гирифтори таҳлили муносибатҳои амиқи иқтисодӣ мегашт.

Дар натиҷа тафовути қатъи байни ду ҷараёни назарияи иқтисодӣ ба вуҷуд омад.

Маълум мешавад, ки дигар шудани номи илми иқтисодӣ, ба вуҷуд омадани истилоҳи «экономикс»-ро як қатор муаллифон бо мавқеи синфию сиёсӣ ва идеологӣ алоқаманд мекунанд. Вале дар адабиёти иқтисодӣ оид ба ин масъала ақидаҳои дигаре низ вуҷуд доранд. Чунончӣ, профессор А.А.Пороховский дар сарсухани нашри якўми тарҷумаи русии китоби К.Р.Макконнелл ва С.Л.Брю «Экономикс» қайд намудааст, ки дар ИМА ва дигар мамлакатҳои Ғарб дар байни илмҳои иқтисодӣ чун пештара ҳам иқтисоди сиёсӣ ва ҳам иқтисодиёти соҳавӣ вуҷуд доранд. Вале ба сифати номи фанни таълимӣ, дар маънои муайян ҷамъбасткунандаи ҳамаи илмҳои иқтисодӣ ва зоҳиркунандаи қонунҳои бизнес ва механизми амалкунии усулҳои хоҷагидорӣ, сиёсати иқтисодӣ, проблема ва зиддиятҳои фаъолияти амалӣ дар ҳамагуна соҳаҳои иқтисодиёт истилоҳи «экономикс» ҳаматарафа паҳн гаштааст. Калимаи сермаъно будани он ва маҳдуд будани ҳар кадом аз тарҷумаҳои имконпазирро ба ҳисоб гирифта, мо қарор кардем, ки номгўи «экономикс»-ро нигоҳ дорем. Муаллифон «экономикс» ва «экономика»-ро аз ҳам фарқ мекунанд. Муҳим аст боз қайд намоем, ки на фақат дар забони русӣ шабоҳияти (аналоги) калимаи «экономикс» вуҷуд надорад, балки дар байни фанҳои таълимии то ин вақт дар мактабҳои олӣ дарс дода шаванда, ҳамингуна курс вуҷуд надорад. «Пас, «экономикс» ин чӣ– ифодаи дигари иқтисоди сиёсӣ ё ки умуман иқтисодиёти барои мо одатгашта. На ину на он».

Пас, тибқи ақидаи А.А.Пороховский «экономикс» ин «иқтисоди сиёсӣ» ё ки «назарияи иқтисодӣ» набуда, номи фанне мебошад, ки ҷамъбасткунандаи ҳамаи фанҳои иқтисодӣ аст, ки дар он ҳамзамон сиёсати иқтисодӣ, қоидаю қонунҳои соҳибкорӣ, механизми амали усулҳои хоҷагидорӣ ифодаи худро меёбанд.

Бояд қайд намуд, ки фарқияти принсипиалии китоби А.Маршалл дар он аст, ки вай на фақат таълимоти мактаби классикиро рад нанамуд, балки баръакс, як қатор идеяҳои онро дар асоси таълимоти худ гузошт. А.Маршалл кўшиш кард муттасилии идея ва мустаҳкамии раванди тараққиёти афкори иқтисодиро нишон диҳад. Инро дар мисоли нуқтаи назар ба сарват ва тафсири омилҳои барангезандаи инсон дар иқтисодиёт дидан мумкин аст. «Иқтисоди сиёсӣ, - навиштааст А.Маршалл, - ё ки экономикс бо тадқиқи фаъолияти ҳаётгузаронии мўътадили ҷамъияти инсонӣ машғул мешавад; вай он доираи амалиётҳои индивидуалӣ ва ҷамъиятиро меомўзад, ки бо сохтан ва истифода бурдани асосҳои моддии некуаҳволӣ зич алоқаманд аст. Пас, вай аз як тараф, тадқиқи сарватро ифода мекунад, аз тарафи дигар бошад, - ҷузъи тадқиқи инсонро ташкил медиҳад. Характери инсон дар ҷараёни меҳнати ҳамарўзаи ў ва зери таъсири захираҳои моддии дар ин ҷараён ба вуҷуд овардашаванда ташаккул ёфтааст...». Дар боби дуюми қисми якўми «Принсипҳои экономикс», ки «Предмети илми иқтисодӣ» ном дорад, чунин таърифи предмет дода шудааст: «Илми иқтисодӣ бо омўзиши он ки, чи тавр одамон вуҷуд доранд, тараққӣ мекунанд ва дар бораи чи дар ҳаёти ҳамарўзаашон фикр мекунанд, машғўл мешавад. Вале предмети тадқиқи он асосан он сабабҳои водоркунандае мебошад, ки аз ҳама бештару дурусттар ва устуворона ба фаъолияти инсон дар хоҷагидории ҳаёти он таъсир мерасонад».

Фарқи экономиксро аз фанҳои табии нишон дода ва мавқеи онро дар байни дигар илмҳои ҷамъиятшиносӣ муайян намуда, А.Маршалл навиштааст: «Чи тавре, ки тарозуи тадқиқи химик илми кимиёро нисбат ба бисёр илмҳои табиӣ аниқтар намуд, ҳамин тавр тарозуи иқтисодчӣ, чи қадаре, ки дағал ва номукаммал бошад ҳам, илми иқтисодиро нисбат ба ҳар кадоми дигар илмҳои ҷомеашиносӣ аниқтар намуд. Аммо илми иқтисодиро албатта, набояд бо фанҳои дақиқи табиӣ баробар кард, зеро вай бо хусусиятҳои бисёр ҳам нозуки табиати инсонии доимо тағйирёбанда сару кор дорад».

Ҳамин тавр, маълум мешавад, ки чи дар доираи тадқиқи иқтисоди сиёсии классикӣ ва чи дар экономикс фаъолияти созандагии инсон ҳамчун субъекти иқтисодӣ мавқеи махсус дорад. Проблемаи асосии иқтисодие, ки қариб дар ҳамаи адабиёти муосири иқтисодӣ нишон дода мешавад иборат аз он аст, ки талаботи одамон беинтиҳо, беканоранд, вале захираҳои барои қонеъ кунонидани ин талабот зарур (вақти корӣ ва нерўъ, захираҳои моддӣ, воситаҳои инвеститсионӣ) маҳдуданд. Ҳалли амалии проблемаи мазкур – хоҷагидории самаранок мебошанд. Ин маънои онро дорад, ки ҷамъият бояд маҳдудии захираҳоро ба инобат гирифта, муайян намояд, ки истеҳсоли кадом маҷмўи мол вахизматрасони бисёртар талаботҳоро пурратар қонеъ кунонида метавонанд. Ё ки чи тавр бо минимуми хароҷоти захираҳои моддӣ, меҳнатӣ ва молиявӣ максимуми мол ва хизматрасони ба вуҷуд оварда шаванд.

Ҳоло дар мамлакатҳои Ғарб илми иқтисодӣ бо номи «экономикс» маълум аст. Ин илм дар мамлакати мо ва дигар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамчун «Назарияи иқтисодӣ» омўхта мешавад. Пас, предмети омўзиши «экономикс» ва «назариияи иқтисод» аз чӣ иборат аст?

Баъзе иқтисодчиён чунин меҳисобанд, ки байни «экономикс» ва «назарияи иқтисодӣ» ҳеҷ ягон умумияте нест. Онҳо аз ҳамдигар ба кулли фарқ мекунанд. Чунончи, А.И.Попов таъкид менамояд, ки предмети назарияи иқтисодиро набояд бо «экономикс» як хел фаҳмид, зеро предмети «экономикс» бо тадқиқотҳои чи аломатҳои фазои доштааш ва ҳам мазмунан маҳдуд аст. «Предмети назарияи иқтисодӣ – ин маҷмўи муносибатҳои иқтисодие мебошад, ки доираи муносибатҳои истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолиро фаро мегирад. Муносибатҳои иқтисодӣ, муносибатҳои истеҳсолӣ, ташкилӣ – иқтисодӣ ва иҷтимоӣ – иқтисодии ҷамъиятиро дарбар мегиранд. Дар баробари ин системаи муносибатҳои истеҳсолӣ ба сифати қисми таркибии тамоми системаи муносибатҳои иқтисодӣ баромад мекунанд. Муносибатҳои иқтисодӣ дар принсипҳои умумӣ, қонуниятҳо ва тамоюлҳои тараққиёти иқтисодии ҷамъият зоҳир мешаванд. Тавассути онҳо зиддиятҳои дохилии дар ҷараёни такрористеҳсол ба вуҷуд оянда ошкор карда мешавад ва дар роҳҳои самаранок истифодабарии захираҳои мавҷуда, усулҳои рушди иқтисодӣ, шаклҳои оқилонатарини ташкилию иқтисодии хоҷагидорӣ кор карда бароварда мешаванд».

Иқтисодшиноси дигар В.Я.Иохин низ дар ҳамин мазмун, ки гўё доираи омўзиши «экономикс» ҳамчун илм нисбат ба «назарияи иқтисодӣ» хело маҳдуд аст, менависад. Аз ҷумла ў қайд кардааст: «Иқтисоди сиёсии классикӣ – илми ифодакунандаи иқтисодии бунёдии ҷаҳонбинӣ мебошад, ки зоҳир шудани алоқаҳои сабабгорию оқибатӣ ва ба ҳам таъсиррасонии воқеияти ҳақиқии иқтисодиро дар ягонагии миқдорию сифатӣ тавсифи чунин асосии модии ҳаётгузаронии социуми инсонӣ бо таркиби иҷтимоию ахлоқиаш тавсиф менамояд». «Экономикс» бошад, тибқи ақидаи В.Я.Иохин нисбат ба иқтисоди сиёсӣ, ҳамзамон «назарияи иқтисодӣ» бисёр сода, каммазмун аст. «Дар экономикс, - менависад В.Я.Иохин, - тамоми диққат на ба муайян кардани лаҳзаҳои моҳияти мазмуннокии воқеъият ва равандҳои иқтисодӣ, балки ба тасвир ва қабули онҳо ҳамчун далели мавҷуд буда, ки ҳеҷ як тадқиқоти ҷиддиро талаб наменамояд, ҷалб карда шудааст. Баръакс, ҳама содда гардидааст, ки усулҳои мураккабтарини математикӣ тадбиқ карда шаванд. Муносибати инсон, мақсадҳои он ҳам содда карда шудаанд. Ҳама ба як асос – муносибати истеъмолӣ, ки гўё дар он тамоми мақсадҳои ҳаётии инсон зоҳир ёфтааст, оварда шудааст. Аммо ин тавр нест. Ин ҷо алоқаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ахлоқӣ, иқтисодӣ ва экологӣ аз байн бурда шудаанд. Самаранокии иқтисодии соф бошад, таркиби экологӣ, иҷтимоию равоншиносӣ ва рўҳию интелектуалиро пурра инкор менамояд».

Бояд эътироф намуд, ки ба қатори аввал баромадани экономикс аз он сабаб буд, ки иқтисоди сиёсии классикӣ дар вақташ масъалаҳои муҳимтарини назариявиро ҳал карда натавонист, ҳол он, ки экономикс диди бисёртар прагматикии предмети тадқиқотро пешниҳод намуд ва ба натиҷаҳои муайян ноил гашт». Дар натиҷаи иқтисоди сиёсӣ ба қатори ақиб танг бароварда шуд, вай гўё «ҳамчун таърихи афкори иқтисодӣ гашт.

Дар доираи экономикс истеъмолкунандагону тавлидкунандагон бо мулоҳиза, баҳодиҳӣ ва муносибати оқилонаашон нисбати неъматҳои бозорӣ симои марказӣ гаштанд. Муносибати ин намояндагони бозор ба даромад ва нарх ба тариқи объективӣ қаблан муайян карда шуданд. Аммо нархҳои бозорӣ чун талабот ва таклифоти баробар ҳаракат кунанда дар худ таркиби мутлақи иқтисодӣ доранд.

«Проблемаи марказии назарияи иқтисодӣ ба тарзи нав фаҳмидани аҳамиятнокии омилҳои моддию техникӣ ва молию пулӣ дар ҳаёти хоҷагии ҷамъиятӣ ва инчунин тағйирёбии тамоми тафаккури иқтисодии инсон мегардад. Пас, сухан бояд дар бораи иҷтимоият (сотсиологӣ) гаштани назарияи иқтисодӣ дар ҳамаи ҷанбаҳои фаъолияти ҳаётгузаронӣ ва таъмини минбаъдаи ҳаётгузаронии инсон, дар бораи «аз азамат фаровардани» «одамин иқтисодӣ» ва таҷдиди инсони табиӣ... равад». «На бояд экономиксро чун соф илми иқтисодӣ, илми умумиҷаҳонӣ ифода намуд, чунки вай аз ҷиҳати сиёсӣ ва идеологӣ ба арзишҳои тамаддуни ғарбӣ бо «миллиарди тиллоии» он, нигаронида шудааст, ки ба бартараф намудани рақибон ва барқарор кардани мавқеи монополии худ дар ҷаҳон саъю кўшиш дорад».

Маълум аст, ки ҳар як илм предмети худ, яъне мавзўи асосии тадқиқотро дорад. Назарияи иқтисодӣ – илми ҷомеашиносӣ мебошад дар он маъно, ки чун дигар илмҳои ҷамъиятӣ, ба монанди таърих, сотсиология, педагогика ва ғайра, вай ҳаёти ҷамъиятӣ, ҳаёти одамонро тадқиқ мекунад.

Дар маркази омўзиши назарияи иқтисодӣ – ҳаёти хоҷагӣ, фаъолияти намояндагони иқтисодӣ, истеҳсолоти ҷамъиятӣ, алоқа ва муносибатҳои иқтисодии дар ҷараёни истеҳсол, тақсимот, муомилот ва истеъмолоти неъматҳои иқтисодӣ ба вуҷуд оянда меистанд. Аниқтараш, масъалаҳое меистанд, ки чи гуна захираҳо барои истеҳсолот зарур, чи тавр раванди истеҳсолотро ҷорӣ кардан мумкин, бо кадом роҳ фаъолияти иқтисодии одамони бисёрро дар ҷараёни истеҳсолот бо ҳам мувофиқ кунонидан мумкин, механизми бозори чист ва оё он метавонад-ми ки бе нархҳои озод ва рақобат амал карда тавонад, пеш равад, аз чи сабаб чунин ҳолатҳои барои хоҷагии ҷамъиятӣ номатлуб, ба монанди, бўҳронҳои иқтисодӣ, бекорӣ, таваррум ба вуҷуд меоянд ва ғайра, меистанд.

Илми иқтисодӣ ин ҳатман ҷустуҷў, саъю кўшиши беохири тадқиқотӣ барои дарёфт намудани роҳҳои оқилона ва самараноктарини хоҷагидорию ҳалли беҳтарини масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ мебошад. Яъне роҳҳои барои инсон мусоидаткунанда ва муфидтарини бо ҳам пайваст намудани захираҳои хоҷагӣ бо талаботи ҷамъиятиро нишон медиҳад. Одамон неъматҳои иқтисодиро истеҳсол мекунанд, ки ҳарчи бисёртар талаботи худро қонеъ гардонанд. Вале талабот доимо меафзояд, зеро на фақат аҳолӣ зиёд мешавад, балки боз талаботи одамон нав ва васеъ мегардад. Захираҳои истеҳсолот бошад ҳама вақт маҳдуданд ва дар ҷараёни истифодабарии онҳо мушкилӣ ва проблемаҳо ба вуҷуд меоянд. Роҳҳои ҳалли чунин проблемаҳоро тадқиқотҳои назарияи иқтисодӣ ошкор мекунанд ва нишон медиҳанд.

Бояд эътироф намуд, ки самти нави илми иқтисодӣ – экономикс ҳам дорои хусусиятҳои ҷабҳаи илмии классикӣ дошта, мебошад. Зеро тадқиқгарони ин самт ба доираи васеи усулҳои дарккунии иқтисодиёти ҳақиқӣ такя мекунанд. Онҳо аввалин шуда усулҳои математикиро барои ошкор намудани боҳамалоқамандии равандҳои хоҷагӣ васеъ истифода бурданд. Ба ғайр аз ин тарафдорони равияи экономикс хулосабарорӣ кардани донишҳои нав ба даст дароварда шударо дар системаи ягонаи илмӣ давом доданд. Чунин муносибати системавӣ дар омўзиши боҳам алоқамандии истеҳсолот, тақсимот, муомилот ва истеъмолоти неъматҳои моддӣ ва хизматрасонӣ зоҳир мешавад. Ба ғайр аз ин характери илмӣ доштани экономикс дар ошкор намудани алоқаҳои сабабгорию оқибатии байни равандҳои хоҷагӣ ва муносибати одамон, ҳамзамон ошкор намудани қонунҳои иқтисодӣ, намудор мегарданд.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба