АБДУСАТТОРИ РАҲМОН - Ҳикоя
Ин ҳодиса чандин сол пештар рўй додаст. Вале як умр дар хотирам нақш баст. Аҷибаш ин ки ин ҳодиса аз сари худам нагузаштааст. Ман як нафар шоҳид будам.
Он замон дар синфи чорум таҳсил мекардам. Хоҳарам Аниса дар синфи дуюм мехонд.
Як нисфирўз Аниса аз мактаб шоду хурсанд баргашт. Дар дасташ як чизи тахтачамонанд буд. Онро ба коғази сафед печонида, бо тасмачаҳои абрешимини кабуду ҳошияҳояш зарин баста буд.
– Ин чист? Чӣ овардӣ? – пурсидам кунҷкобӣ карда.
– Сонӣ мефаҳмӣ, апаҷон, – ҷавоб дод чашмони осмонирангашро бозӣ доронда Аниса.
Аз ин сухан ҳисси кунҷкунҷкобиам боло гирифт. Илтимсо кардам. Аммо Аниса розӣ нашуд, ки ашёи коғазпечро кушоем.
– Не, апаҷон! Бегоҳ мефаҳмӣ, – гуфт ў. – Бегоҳ ҳама мефаманд. Ҳам дадаҷонам, ҳам очаҷонам, ҳам бибиам, ҳам ту!
Ман зўрӣ карда наметавонистам, чунки Аниса духтараки зудранҷ буд. Зуд инони гиряро сар медод. Ман гиря кардани ўро намехостам. Охир, мо ид доштем: бегоҳ ҳафтодсолагии бибиҷонамро ҷашн мегирифтем.
Аниса ҳатто аз дар не, аз тиреза ба хонаи хобамон даромад. Вай намехост, ки чизи аҷибу пурасрор оварданашро дигарон бубинанд. Ҳатто ангушти ишоратиашро рўйи лабонаш гузошта, табассумкунону маккорона нидо баровард:
– Тш-ш-ш-ш!
Ман бо аломати розӣ сар ҷунбондам…
Албатта, донистам, ки хоҳарчаам барои бибиҷонам тўҳфа овард. Аммо чӣ?
Ман ба ҳар гумон рафтам. Аввал пиндоштам, ки хоҳарчаам як тахтачча шоколад овардааст. Вале ба зудӣ аз ин фикр гаштам. Охир, тахтачаҳои шоколад ин қадар бузург намешаванд! Андозаи тўҳфаи Аниса овардагӣ баробари ду варақи албом менамуд.
Пас он чист?
Ба худ гуфтам, ки вай як лаълии хушгули қадимасохт будагист. Зеро бибиам гоҳ-гоҳ ҳасрат мекард, ки як замон лаълии хушрў дошт. Тарҳаш сиёҳ, гулҳояш калон-калони садбарг, дар атрофаш барги заррини кадом як гиёҳ…
Ин лаълиро ба бибиам падараш дар тўйи арўсиаш тўҳфа карда буд.
– Баъд гум шуд, – оҳ кашида мегуфт ў. – Як сол замин сахт ҷунбид. Иморати кўҳнаамон чаппа шуд. Лаълӣ дар зери хоку санг монд. Мо ба гўшаи дигари деҳа баргашта, хона бунёд кардем… Ҳайф шуд, лаълии зебоям. Афсўс!...
Ба зудӣ аз ин фикр ҳам даст кашидам.
Имрўз чунин лаълиҳоро пайдо кардан душвор аст. Боз, Аниса пул надошт…
Ногоҳ чӣ будани тўҳфаи хоҳаракамро пай бурдам. Вай расм аст.
Бехато расм аст. Аҳамият надорад, ки расми чист: шояд гул, эҳтимол, оҳуи чанбаршоҳ, як табақ меваҷот?! Расми ҳар чӣ буданаш мумкин.
Барои он ки итиминон ҳосил кунам, оҳиста ба тиреза наздик омада пастакак пурсидам:
– Расм аст?
– Расм аст, – ҷавоб дод Аниса ва дубора ангушташро рўйи лабонаш гузошту нидо кард: – Тш-ш-ш, ба бибиам нагў. Илтимос!
– Расми чист?
– Ҳоло намегўям. Бегоҳ рассомаш ҳам меояд. Вай мегўяд…
– Рассомаш?
– Бале…
Пеш аз ғуруби офтоб ману Анисаю модарам дар меҳмонхона кўрпачаҳо густурда, ҳар ҷо-ҳар ҷо болишт гузоштем.
Баъд дастархон паҳн карда, нозу неъмат гузоштем. Себу анор, ноку банан, қандинаю нону кулча, ширинобу мураббо ва нону кулчаю чаппотӣ. Як гулдастаи зебои тару тоза ҳам дар миёни дастархон гўё навакак шукуфта буд.
Аммо аз рассом дарак набуд.
– Кай меоянд? – пичиррос задам ба гўши Аниса.
– Кӣ? – пурсид Аниса.
– Амаки рассом.
– Вай амак нест, – пастакак қиқиррос зад хоҳаракам.
– Хайр, холаи рассом.
– Хола ҳам нест…
Боз савол додан хостам. Аммо модарам маро ба назди худ даъват кард, ки қошуқу қошуқчаҳо аз ошхона биёрам…
Пардаи шоф фуромад. Ҳама ба сари дастархон нишастем. Дидам, ки Аниса хавотир аст.
Ин лаҳза дари ҳавлӣ тақ-тақ садо баровард. Мунтазири фармони падарам нашуда, Аниса парида аз ҷо хест.
– Шукрона омад! – хитоб кард вай.
– Кадом Шукрона? – ҳайрон шуд бибиам.
– Дугонаам, – ҷавоб дод Аниса.
Ин дафъа модарам ҳам ҳайрон шуд.
– Дар синфи шумо Шукрона набуд- ку? – гуфт вай.
– Нав омад, ду ҳафта шуд, – ҷавоб дод Аниса ва мисли бод аз хона бадар рафт.
Анисаю Шукрона чанд дақиқа ҳаял карданд. Падарам фармуд:
– Хабар гир, духтарам. Куҷо шуданд дугонаҳо?
Ман аз ҷо бархестам, вале тарафи дар ду қадам гузошта будам, ки Аниса аз даромад. Аз паси ў дугонааш ба хона қадам гузошт. Ин Шукрона буд.
Шукрона як духтараки лоғарандоми озодалибоси чашмкабуд уд.
Дар лабонаш табассум гул мекард.
– Ассалом! – гуфт вай ба мо.
Маълум буд, ки камее даступо хўрдаст ва шарм медорад.
– Ваалайкум ассалом, – ҷавоб дод бибиам.
Модарам аз ҷой бархесту Шукронаро бўсид ва оварда дар паҳлўйи бибиам шинонд.
– Бибиҷон, – гуфт Шукрона, – Шукрона барои шумо як тўҳфа овардаст.
Иҷозат медиҳед, ки супурад?
– Эҳа-а, – хурсандона нидо кард бибиам. – Ман ҳазорон бор розӣ. Аслан дугонаи нав пайдо карданат, Анисаҷон, худаш як тўҳфа аст. Омадани Шукрона тўҳфаи дигар шуд. Ман розӣ, тўҳфаи сеюмаро ҳам мегирам!
Ҳама ба тарафи Шукрона нигоҳ дўхтанд. Аммо ман медонистам, ки тўҳфа чист ва ҳоло дар куҷост.
Ғайричашмдошти бибӣ ва падару модарам Шукронаю Аниса ба тарафи дар давиданд.
– Куҷо? – хандида пурсид падарам.
Аммо дугонаҳо аллакай аз дар берун шуда буданд. Ба ҷойи онҳо манн ҷавоб додам:
– Дар хоначаи хобам, дадаҷон.
Ҳозир меоранд.
Ҷашни ҳафтодсолагии бибиам ҳоло сар нашуда буд. Ҳама саропо гўшу ҳуш шуда, ба тарафи дар менигаристем. Ман медонистам, ки Анисаю Шукрона чӣ хоҳанд овард. Аммо дигарон хабар надоштанд. Бибиам аз паси шишаҳои айнак ба дар нигоҳ мекард. Нигоҳаш як маънӣ дошт: «Тўҳфаашон аҷойибу ғайриодӣ менамояд. Чӣ бошад?»
Ин лаҳза дар во шуд. Хоҳаракам бо дугонаи наваш дубора ба хона даромаданд. Ҳар ду дар пеши дар истоданд. Дар дасти Шукрона як коғази картонии сафеди калон буд. Вай тарафи расмдори картонро ба қафаси синааш пахм карда меистод.
Аниса гуфт:
– Бибиҷони азизам! – овозаш баланду буро садо дод, гўё вай акнун шеъре қироат мекарда бошад, як нафаси чуқур ҳам кашид. – Иҷозат диҳед, дугонаи рассоми ман, ба муносибати ҳафтодсолагиатон тўҳфаи худашро супурад!
Падарам якбора қарсак зад.
Модарам ба падарам пайравӣ кард.
Бибиам ҳам каф ба каф кўфт. Ман аз онҳо ақиб намондам.
Бибиам якбора аз ҷояш бархест…
Баъди сухани Аниса Шукрона ду-се қадам пештар омад ва тарафи расмдори картонро ба мо намуд.
Медонед мо чӣ дидем? Расми бибиамро!
Бибиам аз дидани расми худ якбора даступо хўрда монд. Мо ҳам ангушти ҳайрат газидем! Охир, расм ба бибиам тамоман, бекамукост монанд буд.
– Бигиред, бибиҷон! – гуфт Шукрона даст пеши бар гирифта. – Садсола шавед.
Бибиамро тўҳфаро қабул кард, аз рухсораҳои Шукрона бўсид, раҳмат гуфт.
Мо дидем, ки дар чашмонаш ашки шодӣ ҷўшидааст!
Ин лаҳза падарам тоқат накарда пурсид:
– Шукронаҷон, духтарам, ту бибиатро пештар ҳам дида будӣ?
– Не…
– Аз куҷо расмашонро ин қадар хушрў кашидӣ?
Ба ин савол Аниса ҷавоб гуфт:
– Дадаҷон, сурати бибиамро ман ба Шукрона дода будам!
Албатта, шодию хурсандии моро ҳадду канор набуд. Ҳамон шаб Шукрона меҳмони хонадони мо шуд. Ҳамроҳи мо шеъру суруд хонд, рақсу бозӣ ва филми тасвири тамошо кард, сурат гирифт, ҳар чӣ гуфтем шуниду ҳар чӣ нақл кард, бодиққат гўш кардем. Ва, албатта, аз бибиам дуо гирифт!
Воқеан, бибиам дар расм чунин тасвир шуда буд: вай дар зери маҷнунбед нишаста, чой менўшад, дар наздаш як лаълӣ ангур аст, лаълӣ ҳамон буд, ки вай як замон гум карда буд…
Боз як чизро мехоҳам махсус қайд кунам: Шукрона расми бибиамро бо дасти чап тасвир карда буд, дасти росташ набуд…
Оре, ин ҳодиса чандин сол пештар рўй додаст. Вале як умр дар хотирам нақш баст. Аҷибаш ин ки ин ҳодиса аз сари худам нагузаштааст. Ман як нафар шоҳид будам…
Акнун ҳар гоҳ ба ман, ё дар ҳузури ман ба ягон кас тўҳфае тақдим кунанд, Шукронаи хурдакак пеши назарам меояд…
Ҳоло вай рассоми машҳури
Тоҷикистон аст!
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё