Зеҳн

АБДУҶАББОР ҚАҲҲОРӢ - ШЕЪРҲО

ЗЕ
Зеҳн15 ноябри 2024 · 1 дақиқа хондан

СУРАТИ ҶАНГ

– Сурати ҷангро бикаш, бобо, –

Дўш пурсид абераам Фирўз.

Гуфтамаш:

Ҷонакам, ту варо набину насўз.

Ман чӣ сон ҷангро кунам тасвир?

– Сўхтам дар он оташ,

Расми Гитлери кинавар бикашам?

Ё салиби фашисти номурда,

Сурати деви ҳафтсар бикашам?

Баданамро нигар, абераи ман,

Сурати ҷанг диданӣ бошӣ,

Ки дар он бо тўфангу тўпу синон

Ҷанг бинмудааст наққошӣ.

САВОЛ

Писар дўш аз падар пурсид:

– Бигў, дар расм кӣ ин ҷо?

Шинели аскарӣ дорад,

Бародар мешавад оё?

Падар гуфто:

– Бародар не,

Нигар, расми падарҷонам.

Туро ў мешавад бобо,

Бидон инро, писарҷонам.

Назар афканд бо диққат

Писар бигрифта суратро.

Бипурсид:

– Аз писарҳошон

Магар хурданд бобоҳо?

РЎЗИ МУРОД

Ман аз ҷанги Ватан баргашта, он рўз

Чу боде ҷониби саҳро давидам.

Кашида мўзаи сарбозии хеш,

Зи рўйи майсаҳои тар ҷаҳидам.

Чу аз оғўши боғе мегузаштам,

Бари гул хониши булбул шунидам.

Ба зону дар лаби ҷўе нишаста,

Кафе з-оби равони он чашидам.

Кушода синаи захмини худро,

Замину осмонро бў кашидам.

Мисоли шоҳбозе карда парвоз,

Сари кўҳи баланде чун расидам,

Бигуфтам:

– Зинда бодо рўзи беҷанг!

Зи кўҳ акси садоямро шунидам.

ЁДИ ШАҲИДОН

Ҳар кӣ баҳри халқ қурбон гаштааст,

Шўълаи тобони чашмон гаштааст.

Ё ки ҳамчун қатраи шабнам саҳар

Дар рухи гулҳо дурахшон гаштааст.

Ё ки ҳамчун зарраи хуршеду моҳ

Андар олам партавафшон гаштааст.

Ё ки чун бобуна руста ў ба боғ,

Дардро доруву дармон гаштааст.

Ё ки чун рангинкамони навбаҳор

Баъди боронҳо намоён гаштааст.

Ё ки ҳамчун резабарфи Соли Нав

Дар заминҳо файзу эҳсон гаштааст.

Ё чу барқи осмон оташзанон

Бар адўвон тири сўзон гаштааст…

Зинда монад дар дили поки Ватан,

Гарчи худ аз чашм пинҳон гаштааст.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2