Зеҳн

Биринҷ – ҳам хӯрок, ҳам даво

ВА
Валиев Султон15 ноябри 2024 · 3 дақиқа хондан

Ватани биринҷ Осиё, аниқтараш Таиланд ва Ветнам ба ҳисоб меравад. Сатҳи об ба пухта расидани шолии обӣ бояд дар атрофи 13 сантиметр бошад. Дар як пояи ниҳол аз 100 то 200 донагӣ ҳосил мерӯёнанд. Дар таркиби 100 гр. биринҷи хом 4,1 г. моддаи сафеда мавҷуд аст.

Биринҷ сафед, зард, сурх, қаҳваранг ҳатто сиёҳ мешавад. Биринҷи сиёҳ як навъи ёбоӣ буда, аз маводи ғизоӣ бой аст. Биринҷи қаҳваранг ё тозанашуда аз кислотаи фолий бой аст, ки барои фаъолияти мағзи сар муҳим аст ва инчунин як моддаи равғанӣ, ки барои пешгирии бемориҳои онкологӣ ва дилу раг мусоидат мекунад.

Биринҷ барои онҳое, ки оқилона таом мехӯранд ва ҳаёти фаъол мебаранд, ғизои олӣ аст. Дар таркиби он 78 фоиз карбогидратҳо мавҷуд буда, тиамин-В1, рибофлавин-В2, ниатсин-В3, В6, аз витаминҳои Е бой. Карбогидратҳо системаи асаб, ҳангоми нигоҳ доштани энергия дар организми инсон кӯмак мекунанд. Аз сабаби бой будани калий он миқдори намакро, ки бо маҳсулоти дигар ба организм ворид мешавад, ба эътидол меорад. Инчунин, аҳамияти фосфор, рух, оҳан, калтсий ва йод дар танзими мубодилаи моддаҳо дар организм, қувваи дандонҳо, танзими фаъолияти майна бағоят калон аст. Он ба организм ҷаббидани сафедаҳоро метезонад.

Аз сабаби он, ки дар таркиби биринҷ умуман намак мавҷуд нест, онро ҳамчун ғизо барои афроди гирифтори бемориҳои дилу раг, гурда ва онҳое, ки мехоҳанд вазни худро гум кунанд, тавсия медиҳанд.

Дар тибби қадим Биринҷро ба сифати ғизои парҳезӣ ва даво истифода мебурданд. Биринҷ меъдаро қувват мебахшад, ҳангоми қабзият муфид аст, бӯйи нохуши даҳонро нест мекунад. Шӯлае, ки аз орди биринҷ дар шарбати харбуза пухта шудааст, доғи кунҷидакро меравонад. Дар китоби «Махзануладвия» омадааст, ки Биринҷ хосияти хуби хобоварӣ дорад, ташнагиро мешиканад, исҳолро бозмедорад, ҷисмро фарбеҳ мекунад, ҳангоми иллати гурдаву масона муфид аст. Истеъмоли Биринҷ дар таом ба ранги рӯй тароват мебахшад.

Табибони халқӣ ҷӯшидаи омехтаи Биринҷ ва лӯбиёро барои муолиҷаи бронхит ва диққи нафас истифода мебаранд. Биринҷ шири синаро зиёд мекунад. Ҷӯшидаи он барои муолиҷаи бемориҳои музмини узвҳои ҳозима муфид буда, дар омех­тагӣ бо пудинаву пиёз чун давои арақовар, подзаҳр ва табшикан дар мавриди зуком ва илтиҳоби шуш нафъ дорад.

Агар Биринҷро бо шакар бихӯранд, қувваташ бисёр мегардад, боҳро ба ҳаракат меоварад, баданро фарбеҳ месозад ва манӣ пайдо мекунад; бо шири навдӯшида бихӯранд, исҳолро мебандад. Истеъмоли Биринҷ ба касоне, ки иллати қулинҷ доранд, бад аст. Биринҷро бихӯранд, захмро пок месозад ва дар он гӯшти солим мерӯёнад. Бинобар чунин хислатҳояш барои бемории сил фоида дорад. Биринҷро то бӯяш баромадан тафсонида, баъд бо почаи буз ё гӯсфанд пухта бихӯранд, барои харошида шудани сатҳи даруни рӯдаҳо ва омадани хун дар пешоб нафъи бисёр дорад. Ордашро бо чарбиҳо сиришта банданд, пучакро мекафонад; бо равғани гурдаи буз пухта бихӯранд, аз ҳад зиёд рафтани даруни беморонро ба ислоҳ меорад.

Дар тибби муосир Биринҷ. ва шӯлаҳои гуногуни биринҷиро ҳамчун ғизои парҳезӣ васеъ ба кор мебаранд. Ҷӯшидаи Биринҷ. барои муолиҷаи дарунрав истифода мешавад. Чиниён сабӯси Биринҷро давои бемории бери-бери мешуморанд. Равғани сабӯси Биринҷ воситаи хуби пардозгарист.

Маълумотҳои ҷолиб дар бораи биринҷ

Одам 7-8 ҳазор сол пеш ба парвариши шолӣ шурӯъ кардааст.

Ҳар сол дар рӯйи замин 500 миллион тонна шолӣ рӯёнда мешавад.

Барои рӯёндани як килограмм шолӣ 5000 литр об сарф кардан лозим меояд.

Дар Америкаи Шимолӣ шолӣ бо самолёт ва дар баъзе ҷойҳои Осиё онро бо даст мешинонанд.

Дар муқоиса бо дигар зироатҳои лӯбиёгӣ, биринҷ аз калтсий ва фосфор, карбогидратҳо, витамин ва минералҳо бой аст.

Шолӣ – ягона растании лӯбиёгии асосист, ки дар об мерӯяд.

«Toyota» — автомобили японӣ маънои «шолизори ҳосилхез»-ро дорад.

Дар оби ширгарми шолӣ ҷӯшонида дурҳоро шӯянд, рангаш сафед ва ҷилодор мешавад.

Тавсияҳо

Дар гепатит (зардпарвин) танҳо биринҷро бо равғани зард мехӯранд.

Дар диабети қанд аз лӯбиёи сиёҳ ва каду 250 гр. ва биринҷ 150 гр. гирифта ҷӯшонида менӯшанд.

Дар бемории пӯст агар орди биринҷро бо оби харбуза даромехта бимоланд, аз доғҳои сафеди бадан халос мешаванд.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба