Зеҳн

ЗАРДОЛУ ВА ПАРВАРИШИ ОН

АХ
Ахбор14 ноябри 2024 · 31 дақиқа хондан

Дастурамали мазкур натиҷаи дар амал татбиқ намудани Лоиҳаи минтақавии «In situ/on Farm, мебошад. Лоиҳа дар панҷ давлат - Қазоқистон, Кирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ўзбекистон амалӣ гашта истодааст.

Аз ҷониби ташкилоти Bioversity international, бо маблағгузории Хазинаи Умумиҷаҳонии экологӣ (GEF) ва дастгирии техникии Барномаи Ҳифзи Муҳити

Зисти Ташкилоти Миллали Муттаҳид (UNEP) мувофиқа шудааст.

Тавсияномаи мазкурро мудири шўъбаи ниҳолпаварӣ Камолов Н., узви вобастаи АИКТ, д.и.к. Ахмедов Т.А., мудири шуъбаи мевапарварӣ, н.и.к.Назиров Х.Н. Институти боғпарварию сабзавоткории АИКТ тартиб доданд.

Тавсиянома барои деҳконон (фермерҳо) ва шахсони инфиродӣ, ки ба парвариши зардолу дар Тоҷикистон машғуланд пешниҳод карда мешавад.

ПЕШГУФТОР

Рушд додани соҳаи боғу токпарварӣ дар ҷумҳурӣ тақозои замон аст, чунки ғанӣ гардонидани дастархони мардум вазифаи аввалиндараҷаи кишоварзон, аз он ҷумла боғу токпарварон мебошад. Дар байни дарахтони меавадиҳанда зардолу аз лиҳози ғизоию (гуногунии маҳсулотҳои истеҳсолшавандааш) даромаднокии иқтисодиаш ҷои намоёнро ишғол мекунад. Бинобар ин рушди соҳаи зардолупарварӣ аз масъалаҳои мубрами рўз гардидааст.

Таваҷҷўҳ намудани Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба меваи зардолу ва маҳсулотҳои аз он тайёршаванда таконе барои рушди соҳаи зардолупарварӣ гардидааст. Мувофиқи дархосту супоришҳои Президенти Ҷумҳурӣ дар сафарҳои кориаш ба вилоятҳои Хатлону Суғд нақшаҳои пешнибини намудаи ҳокимиятҳои маҳаллии шаҳру ноҳияҳо барои солҳои 2010 – 2014 дар ҷумҳурӣ бояд 46901 гектар боғу токзорҳои нав бунёд карда шавад, ки аз он 16714 гектарашро зардолузор ташкил хоҳад кард. Амалӣ гаштани нақшаи мазкур ва бунёди боғҳои замонавӣ аз ҳисоби ниҳхолҳои навъҳои хушсифати ба талаботи бозор ҷавобгў ба маҳорату малакаи деҳқонон (фермерҳо) вобастагии калон дорад. Бинобар ин боварӣ дорем, ки ин дастурамал дар баланд бардоштани савияи дониш ва маҳорату малакаи деҳқонон (фермерҳо) - и мўҳтарам оиди технологияи парвариши зардолу то як андоза кўмак мерасонад.

Ба диққати деҳқонон (фермерҳо) мерасонем, ки бунёди боғҳои калони зардолу барои ноҳияиҳои вилояти Суғд, қисми ғарбии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон (ВМКБ), қисмати водигии вилояти Хатлон тавсия карда мешавад. Азбаски дар манотиқи ноҳияҳои тебеи ҷумҳур, қисмати доманакўҳи вилояти Хатлон зардолу аз хунукиҳои баргардандаи баҳорӣ ва боришоти зиёд, хусусан дар давраи гулшукуфӣ осеби сахт мебинад. Гарчанде дар даҳ сол 1 – 2 маротиба ҳосил диҳад ҳам, лекин сифати моли меваашон аз таъсири касалии хол – хол паст аст. Аз ин лиҳоз ба деҳқонон (фермерҳо) - и ин минтақаҳо тавсия карда мешавад, ки якчанд дарахти зардолуро танҳо дар қитъаҳои назди ҳавлигӣ барои эҳтиёҷи худ парвариш намоянд.

Дар дастурамал ғайр аз маводҳои худи муаллифон маводҳои кории Бойматов Т., Ваҳобов М. В., Пўлодов А. М., Криветцов В. И., Смыков В. К. истифода гардидааст.

Барои чӣ зардолуро парвариш мекунанд?

Меваи шаҳду шакарвор, хушрангу лаззатнок ва бўйи ба худ хос доштаи зардолу аз қадимулайём диққати инсонро ба худ ҷалб намуд, ки онро чун маводи ғизоӣ парвариш намояд. Дар тўли зиёда аз 4000 сола он аз Чин ва Осиёи Марказӣ ба қисмати зиёди дунё, аз 350 арзи ҷанубӣ то 500 арзи шимолӣ, қисман 610 арзи шимолӣ (Норвегия) паҳн гашт. Айни замон дар ин қисмати дунё таги 2000 навъу намунаҳои он офарида ва парвариш карда мешаванд.

Хурмоӣ Қандак Моҳтобӣ Фалғарӣ Лучак Мирсанҷали Клони бодомӣ

То имрўз дар коллексияи институти умуми россиягии илмӣ тадқиқоти растанипарварии ьа номи Н.И.Вавилов 1800 навъу намунаи зардолу аз 30 мамалакати дуниё гирд овардашуда парвариш шудаистодаанд.

Дар ҳудуди Тоҷикистон зиёда аз 300 навъу намунаи он муайян кардашудааст, ки як қисмашон анвои асосии боғҳои зардолуро дар Ҷумҳури ташкил мекунанд.

Боигарии таркиби кимиёвии мевааш вобаста ба шароити хоку иқлими парвариши он мебошад. Меваи тару тозааш дорои 7,8-32,8 % моддаҳои хушк, 4,7-20 % қандҳо, 1,12- 1,35% моддаҳои нитрогенӣ, 0,38- 6,8 ҷавҳар (лимў, қисман себ), 4,0 – 7,1 % пектин, 0,62 – 0,72 ишқор (намакҳои калий, магний ва ангидриди фосфор), 3,1 – 17,5 мг дар 100гр витамини С, 5,15 мг дар 100гр картон (витамин А) ва 0,05 мг дар 100гр. витамини В мебошад. Дар таркиби меваю хушкаш 51,6-92,6 фоиз кандҳо мавҷуданд. Дар меваи тару хушкаш миқдори зиёди макро ва микроэлементҳо мавҷуд аст. Инчунин мағзи донааш то 60 % равғани баландсифат, 27% сафеда ва то 27% ҷавҳари равғани линолевӣ (витамини F) дорад. Қисмати хўрокаи сафедааш нисбати эталони ФАО ба 79 % баробар аст.

Хусусиятҳои хуби ин меваро ба ҳисоб гирифта, онро ба гурўҳи ғизоҳои паҳрезӣ дохил намудаанд. Инчунин вобаста аз мавҷудияти моддаҳои фаъоли биологии дар таркиби мевааш буда хусусиятҳои табобатӣ дорад. Аз он ҷумла мавҷудияти пайвастагиҳои фенолӣ, витамини С, дигар витаминҳо аз гурўҳи В,А – токоферол ва дигарҳо ба он хосияти биоантиоксилителӣ медиҳанд.

Маҳз барои ҳамин дарозумрии мардуми баъзе минтақаҳоро ба бисёр истеъмол намудани меваи зардолу вобаста медонанд.

Зардолу дорои кадом хусусиятҳои биологист?

Дар раванди эволютсия зардолу як қатор хусусиятҳои биологии ба худ хосро соҳиб шудааст. Дар навбати аввал зардолу зироати рўшноӣ ва гармидўст мебошад. Бинобар ин ҳангоми зич шинондани дарахтон, навдачаҳои ҳосилдиҳандаи қисми поёнӣ ва дохилии шохсор хушк мешаванд. Дар маҷмўи он қисмҳои шохсор, ки ба ҳам зич шудаанд, ҳангоми дарозмуддат шудани намнокии ҳаво ба касалиҳои замбурўғӣ гирифтор мешаванд.

Барои нашъу нумўи зардолу миқдори муайяни гармӣ на кам аз 25000 ва мутаносибан хунукии на он қадар паст лозим аст. Дар ҳолати оромӣ дарахти зардолу то -250 - -270 С ва аз хунукии кўтоҳмуддати – 300 С, зардолуи Сибири бошад то -500С осеб намебинад. Аммо муғчаҳои гули он дар давраи хоби органикӣ аз хунукии – 250 то 80-100% зарар мебинанд.

Вобаста аз маскани пайдоишаш (кўҳистон) он қадар ба намуди хок эҳтиёҷот надорад. Лекин бо хуб ивазшавии ҳаво талаботи калон дорад.

Он дар хокҳои гуногуни намакашон паст, вазнини гилӣ, ҳатто шағалу сангхокзаминҳо мерўяд. Лекин дар хокҳои сабук, гарм, регзаминҳои ҳосилхез ҳосили хуб ва меваи болаззат медиҳад.

Нашъу намои зардолу бештар аз хусусиятҳои физикию обии қабати хок вобаста аст. Бинобар ин қабатҳои обнагузарони хок, ки аз қисмҳои сахт (оҳаксангу конгломеротҳо) ташкил ёфтаанд бояд дар чуқурии на кам аз 115-120 см ҷойгир бошад. Қисми зиёди решаҳои зардолу дар чуқурии 50-60 см ҷойгир шудаанд, бинобар ин ҳангоми риоя намудани реҷаи обмонӣ он ба баланд ҷойгиршавии обҳои зеризаминӣ низ мутобиқат мекунад. Дар заминҳои қабати хокашон ғафс решаи он то чуқурии 4-5 м меравад, ин имконият медиҳад, ки аз нокифоягии намнокӣ дар хок осеб набинад.

Дар байни дарахтони хазонрези мевадиҳанда зардолу ба шўрии хок устувории нисбӣ дорад. Бештар барои зардолу мавҷудияти намакҳои карбонати натрий, бикарбонати натрий ва магний хавфнок аст. Ҳадди мавҷудияти намакҳои заҳрнок аз сатҳи обҳои зеризаминӣ вобаста аст.

Дар чуқурии 1,5 м ҷойгир будани обҳои зеризаминӣ маҷмўи меъёри ҷоизии намакҳои заҳрнок то 2-3 мэкв ва дар қабати 0-50 см хок барои хлоридҳо мутаносибан бояд 0,2-0,7 мэкв паст бошад.

Зардолу аз ҷиҳати ба хушкӣ ва гармӣ тобоварӣ баъди бодом меистад. Онро бе мамоният дар ҷойҳое, ки ҳарорати миёнаи июл аз 300 с зиёд аст ва ҳарорати мутлақ ба 45-470 с мерасад, парвариш кардан мумкин аст. Заминҳои лалмие, ки боришоти солона дар онҳо аз 500 мм зиёд аст, барои парвариш намудан зардолу мувофиқанд. Ба ин нигоҳ накарда зардолу ба обмонӣ таассур дорад.

Зардолу дарахти тезамалкунанда ва барвақт ҳосилдиҳанда мебошад.

Аксарияти навъҳои он дар 3-4 солагӣ ба бороварӣ сар карда, дар 5-6 солагӣ бо пурра ҳосилдиҳӣ медароянд. Он аз зироатҳое мебошад, ки ҳар сол ҳосил мебандад. Лекин ҳар сол ҳосилбандии зардолу аз шароити иқлими маҳал вобаста аст.

Зардолу аз гурўҳи зироатҳои худ гардолудкунанда ва аз чет гардолудшаванда мебошад. Маълум аст, ки аксарияти навъҳои аврупоӣ худгардолудшавандаанд. Навъҳои маҳалии Осиёи Марказӣ бошад, бештар ба аз четгардолудшавӣ эҳтиёҷ доранд.

Зардолу зироати барвақтгулкунанда ва барвақт расанда мебошад. Барвақтгулкунии зардолу ба бедоршавии он аз хоби органикӣ ва боду ҳавои тирамоҳу зимистон вобаста аст. Муайян карда шудааст, ки варамкунии муғчаҳо ҳангоми дар давоми 8-10 рўз аз 50 С баланд будани ҳарорати шабонарўзии ҳаво сар мешавад. Дар шароити водии Вахш ба фаро расидани ҳарорати миёнаи шабонарўзи даҳрўзаи пеш аз гулкунӣ баробар ба +9,20 С охирҳои моҳи феврал зардолуҳои барвақтгулкунанда, +110 С миёнагулкунанда ва +130С дергулкунанда ба гулшукуфи сар мекунанд.

Шароити иқлими ин минтақа ба хусусиятҳои биологии зардолу мувофиқат мекунад, ки дар даҳрўзаи 1-ўми моҳи май навъҳои барвақтипази он мерасанд.

Ниҳолҳои зардолу чӣ тавр парварида мешавад?

Ниҳоли зардолуро бо ду роҳ парвариш мекунанд.

  1. Тухмиро корида аз он ниҳолҳоро парвариш карда бе пайванд дар ҷои доимӣ мешинонанд. Ин роҳ асосан дар корҳои селексионӣ ва бунёди ҷангалзорҳо истифода мегардад.

  2. Бо роҳи пайвандкунии ниҳолҳои хасак. Ин усули асосии парвариши ниҳол барои бунёди боғҳои зардолу мебошад.

Барои ин аввал дар вақти пўхтани мева бо усули хунук (бе ягон коркард) донакҳоро ҷамъ ва дар ҳавои кушод хушк карда дар халтаҳои қоғазӣ, канабӣ ё қуттиҳо нигоҳ медоранд.

Дар тирамоҳ (октябр-декабр) заминро нарм карда, ба он пору андохта, ба масофаи 70-80 см аз як дона ҷўяк кашида донаҳоро яклухт дар қатор ё дар масофаи 20-25см аз хам дур 3-4 донагӣ мекоранд. Агар дар тирамоҳ имконияти кишт кардани донакҳо набошад, он гоҳ онҳоро вобаста аз миқдорашон ҳандақ канда ё дар қуттиҳо зери қум мехобонанд. Аввали баҳор, то решабарорӣ (кафидани донакҳо), онҳоро дар замин мекоранд. Ҳангоми тирамоҳ кишт кардани донакҳо аввали баҳор барои таъмин намудани сабзиши онҳо ҷўякҳоро нарм мекунанд.

Пас аз сабзидани ниҳолҳо, дар давраи нашъу нумў, байни қаторҳо 5- 8 маротиба дар чуқурии 6-12 см нарм карда мешавад.

Дар мавриди бекучаткунӣ пайванд кардан ниҳолҳоро дар масофаи 20 - 25 см тоқа кардан лозим аст. Барои нигоҳ доштани намнокии 70-80%-и, хок 10-12 маротиба баъди ҳар 8-12 рўз об ва таъмини сабзиши хуби ниҳолҳо вобаста аз ғизонокии хок 1-3 маротиба ғизои иловагӣ бояд дод. Дар ҳолати нигоҳубини хуб дар водии Вахш ва қисман Ҳисор ниҳолҳо то 15-20 - уми июн ва минтақаҳои дигар бошад, пас аз 15-20-уми июл барои пайванд тайёр мешаванд.

Пеш аз гузаронидани пайванд ниҳолҳоро чунин омода месозанд: танаи ниҳолҳоро то баланди 15-20 см тоза намуда, алафҳои бегона ва ниҳолчаҳои борики зич ҷойгиршударо канда мегиранд. Ду се рўз пеш аз пайвандгузаронӣ об мондан лозим аст.

Дар ин давра ниҳолҳоро бо ду усул пайванд кардан мумкин аст: муғчапайванди бағали (дар буриши Т – шакл) ва муғчачаспонӣ.

Барои пайванд қаламчаҳоро аз дарахтони пешакӣ санҷида

(апробатсия) шудаи солим, ки навъи онҳо муайян карда шудааст, пагоҳирўзӣ барвақт тайёр намуда, дар латаи тар ё плёнкаи полиэтиленӣ печонда, дар ҷойи соя нигоҳ медоранд. Дар майдонҳои калон асосан пайвандро ду нафар мегузаронанд. Як нафар пайванд мекунад, шахси дуюм пайвандҳоро бо тасмаи полиэтиленӣ печонда мебандад. Ҳамин тавр як звено дар як рўз то 1000-1500 пайванд гузаронданаш мумкин аст.

Пас аз 15-20 рўзи пайвандкунӣ санҷиш гузаронида, ниҳолҳои пайвандашон начаспидаро аз нав, бо ҳамон навъи пайвандкардашуда, пайванд мекунанд.

Агар Шумо то 20-22 – ўми июн пайванд гузаронида тавонед, он гоҳ то охири сол ниҳолҳои пайвандии яксолаи ба талаботи стандартӣ ҷавобгўро парвариш карда метавонед. Дар давраи пас аз 20- ўми июн то 15-20 июл пайванд гузаронида намешавад. Чунки пайванди дар ин давра гузаронидашуда гарчанде сабзад ҳам ба зимистонгузаронӣ омода намегардад ва аз таъсири сармои зимистон осеб диданаш мумкин аст.

Пайванди дар моҳи июл – август гузаронида шуда насабзида то баҳори оянда ором мехобад. Аввали баҳор тасмаҳои полиэтилении нокушодаро кушода, ниҳолҳоро аз болои пайванд 0,5 – 1см болотар бурида мегиранд. Дар навбати аввал 2-3 маротиба навдачаҳои аз тана сабзидаро баъди ҳар 10-15 рўз канда мепартоянд. То ки навдаҳои пайвандӣ хуб нашъу намо кунанд.

Дигар чорабиниҳои агротехникӣ, ба монанди нармкунии байни қаторҳо, тозакунии алафҳои бегона, додани об, ғизои иловагӣ, бояд ба монанди қитъаи ниҳолҳои хасак гузаронда шаванд.

Илова бар ин баъди 80-90 см қад кашидани ниҳолҳо, барои ҳосил намудани навдаҳои паҳлўӣ, нуқтаи сабзиши нўги ниҳолҳоро канда мепартоянд.

Тирамоҳ, агар ниҳолҳо ба талаботи стандартӣ ҷавобгўй шуда бошанд, онҳоро канда, ба навъҳо ҷудо карда, барои бунёди боғ дар ҷойи алоҳида муваққатан решаи онҳоро хокпўш мекунанд.

Аз ч ӣ гуна н иҳолҳо бунёд кардани боғ самаранок аст?

Ҳангоми интихоби ниҳол ба сифати он диққати ҷидди додан зарур аст. Чунки солимӣ, дарозумрӣ, маҳсулнокӣ, ҳосилнокӣ ва аз ҷиҳати иқтисодӣ самаранокии боғи оянда аз сифати ниҳолҳо вобаста аст. Дар навбати аввал бояд ниҳол ҳатман пайвандӣ ва дорои кафолати тозагии навъ бошад. Мувофиқи талаботи стандартӣ он бояд аз чунин қисмҳо иборат бошад. Ба навъи якўм ниҳолҳои танаашон рост, безахм, солим, ки решаашон аз 5 решаи асосӣ на кам 30 см дарозӣ дошта иборат бошад, дар он нишонаи ҳашаротҳои карантинӣ, ширинчаҳо, касалии саратон, нимхушкии решаҳои асосии, хунукзании пўст ва камбия мушоҳида нашавад, қади онҳо аз 150 см ва қутри ғафсии танаашон аз пайванд болотар аз 15 мм кам набуда шомил мебошанд.

Инчунин метавон ниҳолҳои навъи 2 – умро низ интихоб кард, ки онҳо бояд қадашон аз 120 см, қутри танаашон 12 мм кам набошад ва решаи асосиашон на кам аз 3- решаи дарозиашон 25 см иборат бошад.

5. Чи тавр бояд боғи зардолуро бунёд кард?

Дар бунёди боғи зардолу интихоб ва омода сохтани замин барои ниҳолшинонӣ дар мадди аввал меистад. Гарчанде дарахти зардолу ба намуди хок он қадар эҳтиёҷ надошта бошад ҳам, лекин ба интихоби замин диққат бояд дод. Пеш аз ҳама обҳои зеризаминии майдони интихобшуда на бояд аз 2 м баланд ва миқдори намакҳои заҳрнок дар маҷмў аз 2-3 мэкв зиёд набошад. Манбаи обёри ва роҳҳои мошингард низ бояд ба ҳисоб гирифта шавад.

Пас аз интихоби майдон онро аз ҳама гуна ашёҳои бегона (санг, кунда, реша, буттаҳо ва ғайра) тоза мекунанд. Пеш аз шудгор ҳатман ба он 20-40т поруи органикӣ андохта чуқур шудгор бояд кард. Беҳтараш, дар чуқурии 60-70 см бояд шудгори чуқур (плантаж) гузаронд. Агар боғро дар тирамоҳ бунёд кунанд, он гоҳ шудгори чуқурро охири баҳор ё аввали тобистон мегузаронанд. Барои дар баҳор бунёд намудани боғ ин амалро дар тирамоҳ иҷро бояд кард. Инчунин дар тирамоҳ меъёри пурраи нуриҳои минералӣ - фосфор – 90 кг, калий - 60 кг/га ва сеяки нуриҳои нитрогениро 40 кг/га аз рўйи моддаи таъсиркунанда ба замин меандозанд.

Сипас заминро ҳамвор ва мола намуда, ҷойи ниҳолҳоро аз рўйи нақшаи 8 х 8, 8 х 7, 8 х 6, 8 х 5м, вобаста аз сохти (конструксияи) ояндаи боғ муайян мекунанд.

Вобаста аз намуд ва таркиби хок, чуқурии шудгори гузаронида шуда, қабати шахшудаи карбонати хок чуқуриҳоро ба андозаи 50 х 50 х

50; 50 х 50 х 60; 60 х 60 х 70 см, ҳатто дар заминҳои санглох ва қабати карбонати шахшуда дошта 1 х 1 х 1 м кандан мувофиқи мақсад аст.

Ҳангоми кандани чуқурӣ хоки серғизои қабати болоиро ба як тараф ва қабати поёниро ба тарафи дигар мерезанд.

Агар пеш аз шудгор ба замин поруҳои органикӣ ва нуриҳои минералӣ андохта нашуда бошад, онгоҳ ба хоки ҳар як чуқурӣ 15-20кг поруи органикӣ, 300-500 г фосфор ва 100 – 150 г калий омехта намудан бомаврид аст.

Ниҳолҳоро ба сари замин оварда, 2-3 соат пеш аз шинондан, навдаҳои зиёдатӣ ва решаҳои шикастагии захмин гаштаро бурида, дар омехтаи аз обу хоку пору тайёр кардашуда (болтушка) тар кардан хело фоиданок аст. Бо назардошти хусусияти биологии аз чет гардолудшавии зардолу тавсия карда мегардад, ки дар як майдон 2-3 навъҳои давраи гулкуниашон бо ҳам мувофиқ шинонда шавад. Беҳтараш, 75-80% навъи асосӣ ва 20-25% навъҳои гардолудкунанда.

Ниҳолҳоро бояд ду нафар шинонанд. Як шахс ниҳолро ба қатор нигоҳ карда, рост ва ҷойи пайвандро 2-5 см аз сатҳи хок баланд меқапад.

Рафту нисбати реша чуқурӣ калонтар бошад, аввало дар байни он хоки серғизо рехта тепача мекунанд, сипас ниҳолро тарзе мегузоранд, ки решаҳо ба ҳар тараф равона бошад. Шахси дуюм аввал хоки қабати болоиро ба атрофи решаҳо мепартояд, пас хоки қабати тагро ба болои он партофта, шиба карда ҳамвор мекунад. Новобаста аз намнокии хок ба бехи ҳар ниҳол 10-15 л об рехтан тавсия карда мешавад. Баъди анҷоми бунёди боғ бо назардошти шакли шохсори оянда сари ҳамаи ниҳолҳоро дар сатҳи баладии якхела (70-100см) бурида мепартоянд.

Барои дар оянда рост сабзидани танаи дарахт, муҳофизат намудани он аз шикастан аз бехи ниҳол 8-10 см дуртар мехчубҳои рости 100-120 см дарозӣ доштаро ба замин кўфта ба он, бо тасма ё ресмон дар шакли рақами 8 дар баланди 60-70 см ниҳолро мебанданд.

Барои дара хти зардолу кадом шакли шохсор мувофиқ аст ?

Аз рўйи натиҷаҳои тадқиқотҳои илми дар боғдории ҷумҳурӣ 4-шакли шохсор: қабат – қабати сирак, муқаррарии беқабат, косашакл, полметтӣ тавсия шудааст, ки онҳоро вобаста аз шакли боғ ва намуди дарахтони мевадиҳанда истифода мебаранд. Барои дарахтони зардолу бошад, ду намуди он: қабат – қабати сирак ва косашакли беҳтаркарда шуда бештар мувофиқ аст.

Шохсори қабат – қабати сирак - ин намуд дар якҷоягӣ қабат бо қабат ва танҳо баробар ҷойгиркунии 5-7 навдаи синҷи тартиби якўм дар атрофи тана бунёд карда мешавад. Чунин шохсорро бо чанд нақша сохтан мумкин аст.

1. Дар қабати якум се навдаи синҷӣ, қабати дуюм – 2 ва аз он боло 2-3 навдаро танҳо - танҳо ҷойгир мекунанд.

2. Қабати якум аз се навда иборат буда, 3- 4 навдаи дигарро танҳо – танҳо мегузоранд. Чунин шохсорро дар муддати 6-7 сол пас аз шинодани ниҳол бунёд месозанд.

Пас аз шинонидани ниҳол дар баландии 50-60 см бо 3 навдаи синҷӣ ва шоҳнавда қабати якумро барпо мекунанд. Навдаҳои синҷиро баробар ва шоҳнавдаро 20-25 см аз онҳо дарозтар монда мебуранд. Бояд масофаи байни навдаҳои синҷи 15-20 см ва кунҷи байни онҳо наздики 1200 бошад.

Солҳои минбаъда қабатҳои болоиро барпо мекунанд, ки масофаи байни қабатҳо дар дарахтони қадбаланд 80-100 см, миёнақад 60-80 см, ва қадпаст 40-60 см бояд бошад.

Аз соли сеюм сар карда дар навдаҳои синҷии қабати поён 2-3 ва қабати болоӣ 1, баъзан 2 навдаи тартиби дуюмро мегузоранд. Барои навдаҳои тартиби якум навдаҳои боқуватро интихоб намуда, дигарашро аз бех мебуранд. Навдаҳои тартиби 2-3 –ро дар масофаи 40-60 см аз якдигар ҷойгир мекунанд.

Шаклдиҳиро дар соли 5-7-ўми сабзиши дарахтон ба тарзи бо навдаи паҳлўӣ иваз кардани шоҳнавда ба охир мерасонанд. Дар чунин шакл бояд қади дарахтон аз 3,5--4,5 м ва барашон аз 4-6 м зиёд нашавад.

Шохсори косашакли беҳтаркардашуда - ин намуди шохсорро дар муддати 1-2 сол аз 3-4 навдаҳои синҷӣ бунёд карда мешавад. Дар атрофи тана навдаҳои синҷӣ ба масофаи 10-20 см аз якдигар ҷойгир карда мешаванд.

Минбаъд дар масофаи 40-60 см аз поя ва аз якдигар 2-3 навдаи тартиби дуюм тарзе гузошта мешавад, ки муқобили навдаҳои дигар набошад. Дохили шохсорро ҳамеша кушода нигоҳ дошта, навдаҳои рост ва ба тарафи тана сабзидаро бурида мегиранд. Ҳаҷми чунин шохсор - қадаш аз 3,5 – 4 м ва бараш 4-5 м набояд зиёд шавад.

Ко ркарди агротехникии зардолузор чӣ тавр бояд бошад?

Коркарди агротехникӣ вобаста аз таркиби боғ, намуду навъҳо, тагпайванд, шакли дарахтон, шароити хоку иқлими маҳал самти таъиноти маҳсулоти истеҳсолшаванда дар маҷмўъ гузаронида мешавад.

Ягон усули коркарди агротехникиро ба дигараш иваз намекунанд. Чӣ қадаре боғ сермаҳсул бошад, ҳамон қадар сатҳи гузаронидани коркарди агротехникӣ бояд баланд ва сифатнок бошад. Ба маҷмўи коркади агротехникии боғҳои зардолу чунин чорабиниҳо: истифодабарии хок, ғизодиҳӣ, обмонӣ, шаклдиҳӣ, навдабўрӣ, нигоҳубини ҳосил, таъмир ва барқарорсозӣ, ҳифзи он аз ҳашароту касалиҳо дохил мешаванд. а) Нигоҳубини боғҳои ҷавон ва ҳосилдиҳанда. Дар боғҳои ҷавони зардолу коркади агротехникӣ ба таъминкунии шароит барои қадкашии ниҳолҳо ва инкишофи хўби реша, дуруст ба шакл даровардани дарахтон ва тайёр намудани онҳо ба ҳосилбандӣ равона карда мешавад. Вобаста аз қабилияти қадкашии ниҳол дарозии солонаи шоҳнавда аз 80-140 см ва навдаҳои паҳлўи аз 60 -100 см набояд кам бошад. Ба чунин натиҷа дар асоси коркади дурустӣ хок, ба намию ғизо таъмин будани боғ ва ҳифзи он аз ҳашаротҳою касалиҳо расидан мумкин аст.

Вазифаи асосӣ дар нигоҳубини боғҳои ҳосилдиҳандаи зардолу- нигоҳдории қадкашии хуби ниҳолҳо, ва ҳарсол ба даст овардани ҳосили баланди хушсифати дар шароити маҳал имконпазир буда бо хароҷоти ками меҳнати бо воҳиди маҳсулот (кг, синтир, тонна) аст. Инчунин то ҳадди имкон дароз намудани давраи маҳсулнокии боғ ва ҳифзи он аз омилҳои муҳити беруна. Тахминан дар ин давра қадкашии навдаҳои солона 30-40 см-ро ташкил мекунад. б) Навдабурии (фархав)-и дарахтонӣ зардолу. Шаклдиҳӣ ва буридани шоху навдаи дарахтони мевадиҳанда чорабинии агротехникиест, ки мунтазам барои танзими сабзиш, рушд ва баланд бардоштани маҳсулнокию сифати меваи онҳо гузаронида мешавад.

Бинобар ин мақсад ва вазифаи буридан аз хусусиятҳои биологии намуд ва навъ, синну сол, шароити хоку иқлими маҳал, сатҳи гузаронидани корҳои агротехникӣ, ҳолати дарахтон, таркиби боғ, шароити ташкилии иқтисодӣ ва дигар омилҳо бармеояд. Навдачаҳои самаровари зардолу 5 – 6 сол умр мебинанд, аммо вобаста аз ҷойгиршавӣ, шароити таъмини рушноӣ ва тарзи гузаронидани буридани шоху навдаҳо бештар 2 – 4 сол ҳосил мебанданд. Аксаран узвҳои ҳосилдиҳанда дар навдаҳои 2 – 5 сола ҷойгиранд. Онҳо дар навдаҳои 7 – 8 сола хушк шуда меафтанд, ё боқи монанд ҳам ба миқдори хело кам. Ҳосил бештар дар навдаҳои 3- 4 сола пайдо мешавад. Дар боғҳои ҷавон (то 4 – 6 сола) дар натиҷаи дуруст буридан қадкашӣро беҳтар карда, ба дарахтон шакли интихобкардашударо медиҳанд. Ҳамзамон дарахтро тавре мебуранд, ки навдаҳо дар шохсор баробар ҷойгир шаванду мустаҳакамшавии онҳо таъмин гардад, рушноӣ низ ба шохсор баробар расад. То ин ки дар оянда барои гузаронидани корҳои механикӣ ва дастӣ дар зардолузор, аз он ҷумла ҷамъоварии ҳосил, мусоидат кунанд. Барои тез ба ҳосилдароии ниҳолҳои ҷавон низ кушиш кардан зарур аст. Дар боғҳои ҳосилдиҳандаи зардолу буридан бо мақсади таъмин намудани қадкашии дарахтон, ба танзим даровардани ҳосилнокии ҳарсола, сифатнокии мева ва дароз намудани мўҳлати маҳсулнокии зардолузор, инчунин роҳ надодан ба калоншавии дарахтон ба қаду бар, анбўҳшавии даруни шохсор гузаронида мешавад.

Имрўз дар боғдории ҷумҳурӣ чунин тарзҳои буридани дарахти зардолу тавсия карда мешавад: кутоҳкунӣ (бурида кутоҳ кардани навдаҳо), тоқакунӣ (бурида, канда партофтан), паст кардани қади дарахтон ва калаккунӣ. Ҳангоми кутоҳ кардан танҳо қисми навдаҳои солона, бисёрсола, ё ин ки ҳосилдиҳандаро (зиреҳнавдаҳо, навдачаҳои найзашакли гулӣ, навдачаҳои мевадиҳанда) 1/2 - 1/3 мебуранд: дар мавриди тоқакунӣ як миқдор узвҳои номбаршударо аз бехашон бурида (канда) мегиранд. Қади дарахтони аз меъёр баландшударо бо чунин тарз паст мекунанд. Дар навбати аввал шоҳнавдаро бо дарозии 1,5 метр болотар аз навдаҳои тоқаи синҷии панҷум ё ҳафтум кутоҳ мекунанд.

Навдаи тоқаи болоӣ аз ҷиҳати ғафсӣ бояд бо шоҳнавда қариб баробар ва кунҷи ҷойгиршавиаш аз 450 кам набошад. Пас навдаҳои паҳлуии шохҳои синҷии қабати болоӣ кутоҳ карда мешавад.

Каллаккунии дарахти зардолуро барои дароз кардани давраи маҳсулнокии дарахтони синну солашон калон иҷро мекунанд. Дар мавриди каллаккунӣ навдахои синҷӣ ва сабзандаро ба андозаи 1/3 - 1/2 ҳиссаи дарозашон кутоҳ мебуранд. Дар баробари ин навдаҳои синҷӣ, нимсинҷӣ ва сабзандаи шикастагӣ, касал, хушк ва аз касалию ҳашаротҳо зарардидаро бурида мепартоянд. Баъди каллаккунӣ аз ҳисоби навдаҳои нав сабзида барои барқароркунии шохсор навдаҳои пурқувват ва мувофиқ ҷойгиршударо интихоб намуда, зиёдатиашонро аз бех бурида мепартоянд. Пас аз ду-се сол дарахт ба ҳосили пурра даромада, мевааш хушсифат мегардад.

Дар шароити ҷумҳурӣ шоху навдаи зардолуро аз охири тирамоҳ, пас аз хазонрезӣ то кушодашавии муғҷаҳо дар баҳор, бо истиснои рўзҳои сард дар вақти аз - 50С паст будани ҳарорати ҳаво ва рўзҳои намноку туманнок буридан мумкин аст.

Барои беҳтар сабзида маҳкам шудани ҷароҳатҳои дар натиҷаи буридан ва ғайра пайдошуда, ки қутрашон аз 2 см калонтар аст, чунин тавсия карда мешавад: бо воситаи теғи тези қайчии дарахтбурӣ ё корди токбурӣ рўи захмро тарошида тоза карда, пас ба болояш хамираи боғӣ ё ин ки ранги зард, қаҳваранги дар алифи растанигӣ тайёр кардашуда, молидан ба мақсад мувофиқ аст. Инчунин метавонед саргини нави говро бо хок омехта, лой карда истифода баред. в ) Истифодабарии хок. Пас аз бунёди боғ вобаста аз шароити хоку иқлими маҳал, навъҳо, тагпайванд ва таъмини намнокӣ истифодабарии хокро дар он муайян мекунанд. То имрўз дар асоси таҷрибаҳои илмӣ усулҳои замини дамдодашуда, чимтолкунию марғзоркунӣ, дамдодашудаи сидерали (ё инки поруи сабзкунӣ), чимтолию гумускунонидашудаи истифодабарии хок дар боғҳо пешниҳод карда шудааст.

Коркарди хокро тарзе гузарондан лозим аст, ки он аз таъсири бод ва об хароб нашавад. Дар байни қаторҳои боғҳои ҷавони зардолу чанд сол зироатҳои зеринро - пахта, сабзавот, лўбиёгиҳо, алафҳои яксола, полезиҳо кишт кардан мумкин аст. Дар байни қаторҳои боғҳои дар замини лалмӣ бунёдгашта барои поруи сабз кишт кардан алафхои яксола - мушунг, наск, зағир тавсия карда мешавад. Хубтараш замин бо усули дамдиҳӣ нигоҳ дошта шавад (расми 4). Кишти растаниҳои баландпоя: офтобпараст, ҷуворимакка, тамоку ва ғалладонагиҳо дар байни қатори боғҳо тавсия дода намешавад. Бехи ниҳолҳоро вобаста аз синну сол ва шохсорашон бояд ҳамеша нарм ва аз алафхо тоза нигоҳ дошт.

Шудгори байни қаторҳои боғҳои ҷавон дар чуқурии 30-50 см ва боғҳои ҳосилдиҳанда 18-22 см гузаронида мешавад.

Расми 4 Коркарди хок дар боғ г) Ғизодиҳии боғҳо. Талаботи дарахтони зардолу ба нуриҳои органикию минералӣ аз як қатор шарту шароит вобаста аст: синну соли дарахт, обӣ ё лалми будани боғ, усули истифодабарии хок, таркибу ҳосилнокии хок ва ғайра. Дарахтони зардолу бо нуриҳои ҳидрогени нисбат ба фосфордор серталабанд. ( Р. N = 1: 3-4). Аз ин лиҳоз. мунтазам ба хоки боғҳо нуриҳои органикию минералӣ андохтан лозим аст.

Вобаста аз омилҳои зикршуда ба ҳар гектар боғ доданӣ 20-60 тонна порўи пўсида, 100-120 кг N, 60-80 кг Р2 О5, 50-60 кг К ( аз рўи моддаи таъсиркунанда) тавсия карда мешавад..

Нуриҳои органикӣ ва минералӣ (фосфору калийро) 2-4 сол пас як бор, тирамоҳ ва ё аввали баҳор дар чуқурии 30-50 см (боғҳои ҷавон) ва 18-22 см (ҳосилдиҳанда) ба замин менадозанд. Нуриҳои нитрогениро бошад, ҳар сол дар давраи сабзиш (саршавии гулшукуфӣ, пас аз давраи ғўракрезӣ ва дар давраи муғчагузорӣ (аз 15 июн то 15 июл), мутаносибан 20-40 кг бо моддаи таъсиркунанда) додан беҳтар аст.

Инчунин дарахтони мевадиҳанда аз хок як қатор макро -ва микроэлементҳо - кальций, магний, оҳан, сулфур, синк, молибден, марганец, бор ва мисро - истифода мебаранд. Норасогии онҳо мумкин аст ба вайроншавии фаъолияти ҳаётгузаронии ниҳолҳо оварда расонад.

д) Обёрии боғҳо. Дарахтони зардолу бо реҷаи обӣ серталабанд.

Мавриди пурра аз нам таъмин будан ҳосилнокии онҳо 1,5-2,5 маротиба баланд мегардад. Аз ин лиҳоз, дар шароити ҷумҳурии мо меъёри солонаи обмонӣ 4-6 ҳазор м3 мебошад, ки, ҳаҷми он вобаста аз миқдори боришоти атмосферӣ, таркиби хок, бухоршавӣ, усули обмонӣ ва ғайра вобаста аст. Обмонии боғҳо ду намуд мешавад. Обмонии захиравӣ ва давраи нумўви. Обмонии захиравиро дар тирамоҳ ё аввали зимистон мегузаронанд. Ин бештар дар минтақаҳое, ки намнокӣ кам асту тобистон об барои обмони камӣ мекунад, аҳамияти калон дорад. Дар ҳолати гузаронидани обмонии захирави намӣ дар хок бояд то чуқурии 1,5 – 2 м шинад. Мўҳлати обмонии давараи нумў бояд ҳатман ба давраҳои инкишофи узвҳои растанӣ мувофиқ кунонда шавад. Нишонаи асосӣ барои режаи обмонӣ - ин меъёри камтарини намбардории хок мебошад. Намбардории пурраи қабати ҷойгиршавии решаҳои ҷаббанда дар регзорҳо на бояд аз 60%, регхокҳо -, 65-70%, реггилхокҳо 70-75% ва гилхокҳо 75-80% кам набошад. Вобаста аз намуди хок меъёри обмонии захиравӣ 1300 – 2000 м3 ва давраи нумў 400-1200 м3 дар як гектар мебошад.

Миқдори обмонии давраи нумў вобаста аз шароити хоку иқлим ва ҳаво, шакли боғ, усули истифодабарии хоки байни қаторҳо муайян карда мешавад. Дар шароити ҷумҳурӣ вобаста аз минтақаҳо ва шакли боғ 5-8 маротиба об додан зарур аст.

Таҷрибаҳои боғдори ва пешравиҳои илм нишон додаанд, ки боғҳоро бо усулҳои ҷўяк, ҳавзча, тасмагӣ, обпошӣ, бо қубурҳои зери хоки ва қатрагӣ об мондан мумкин аст. Дар боғдории Тоҷикистон бештар усули бо ҷўяк обмониро истифода мебаранд.

Хушсифат ва саривақт гузаронидани чорабиниҳои нишондодашуда имконият медиҳад, ки дарахтон хуб нашъу нумў карда, тез ба ҳосил дароянд, мунтазам маҳсулнокиашон баланд шуда, дар муддати кўтоҳ даромади соф диҳанд.

Аз кадом хашаротҳои зараррасон ва касалиҳо дарахти зардолу осеб мебинад ?

Дар тамоми манотиқи Ҷумҳурӣ дарахтони зардолу аз ҳашаротҳои зараррасон ва касалиҳои замбуруғӣ, вирусӣ ва бактериявӣ осеб мебинанд. Ҳатто баъзе солҳо дар як қатор минтақаҳо ва хоҷагиҳо ба тамоман пастшавии ҳосил ва сифати мева оварда мерасонанд. То имрўз дар зардолузорҳои ҷумҳурӣ хашаротҳои зараррасони зерин: кирми бозингари баргхўр, кирми шапараки шабгарди зардолу, кирми шапалаки доғдори зардолу, ғафспояки зардолу, филчаи зардолу, филчаи каҷрахдори баргхўр, кирми ғилофаксари Тоҷикистони, пустлоххўраки ожангдор, мўри ноҷуфт, баргпечонаки сабз, филчаи баргхўри фарғонагӣ, ширинчаи сабз, зиреҳаки қалбакии туронӣ, зиреҳаки куррашақл, зиреҳаки қалбаки акатсия, зиреҳаки ҳалқагӣ ва ғайра; аз касалиҳои замбуруғӣ: обсўз (монолиоз), хол-хол ё сурохшавии барг

(клястероспориоз), ситоспориоз, шилмҷудокунӣ (гомоз), ризоктония ва дигарҳо ба қайд гирифта шудааст.

Дар вилояти Суғд аз ҳама беш ба зардолузор ғафспояки зардолу зарар мерасонад. Аз касалиҳо, хусусан дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва минтақаҳои доманакўҳи водии Кўлоб, бештар ба зардолу касалиҳои обсўз ва хол-хол осеб мерасонанд (расм и 5).

Расми 5 Аз чап аз таъсири хунукии баргардандаи баҳори ва касалии обсўз зараррдидани зардолу; аз рост – баргҳо ва меваҳо зарардида аз касалии хол-хол Чи тавр зардолузорро аз ҳашаротҳои зараррасон ва касалиҳо эмин нигоҳ дошт?

Чорабиниҳо оиди муҳофизати зардолузор аз ҳашаротҳои зараррсанон ва касалиҳо бояд дар маҷмуъ (комплекси) бошад, яъне ҳамаи омилҳои ташкилӣ, агротехникӣ, механикӣ, биологӣ ва кимиёвӣ дар пайвастаги истифода гарданд, то ки инкишофу самаронокии дарахтонро беҳтар созанд, афзоиши зараррасонии организмҳои патогениро маҳдуд гардонанд.

Интихоби дурусти қитъаи замин ва навъҳо хангоми бунёди боғи нав, шинондани ниҳолҳои сифаташон баланди аз хашаротҳои хатарнок ва касалиҳо озод, истифодаи силсилаи пурраи коркарди агротехникӣ (беҳтар кардани ҳолати агрофизикии хок, додани ғизо ва об, ташкили сари вақтии навдабурии профилактикӣ, башаклдарории дарахтони ҷавон, маҳвкунии алафҳои бегона, ниғоҳдории замин, саривақт ҷамъоварии ҳосил ва дигар корҳо, ки ба беҳбудии ҳолати фитосанитарии дарахтони зардолу равона карда шудаанд) ба самаронокии ҳифзи зардолузор мусоидат мекунад.

Истифодаи чорабиниҳои кимёви дар он сурат муҳим аст, ки дар зардолузор миқдори ҳашароти зараррасон аз меъёри муайян зиёд бошад ва чунин мўҳлати коркардро бояд интихоб кард, ки хашарот камавҷ шавад. Ҳангоми истифодаи заҳрдоруҳо меъёри масрафи онҳо ва маҳлули дурустро муқарар намуда ва бо назардошти инконияти маҷуда истифодаи якҷояи маҳлулҳои корӣ - заҳрхимикату доруҳо - пешбин шаванд ва доруҳои гурўҳҳои мўхталифи кимиёвиро бо қадри зарурӣ иваз кардан беҳтар аст.

Дар мавриди истифодаи заҳрҳои кимиёвӣ барои пешгирӣ намудани касалиҳо ва маҳв намудани ҳашаротҳои зараррасони зардолузор барои заҳролуд накардани инсон ва ҳайвонотҳои хунгарму мўҳити атроф бояд аз маводҳои заҳрнокиашон камтар истифода кард.

Аз меваи зардолу қадом максулотҳоро тайёр мекунанд?

Меваи зардолуро бештар дар шакли тару тоза истеъмол мекунанд.

Дар баробари ин меваи онро хушконида маҳсулотҳои гуногун: ғўлунг, аштак (қайса)- меваи донакаш ҷудо карда хушконидашуда; нонаштак, аштаки хубонӣ – меваи донакаш ҷудо карда шуда ва ба ҷойи донак мағздонаи зардолу, бодом ё чормағз ҷой карда хушконидашуда; аштаки зарафшонӣ 6-8 меваи дупахш ва пахшҳоро аз ҳам ҷудо накарда, болои ҳам гузошта, каме фишурда болои тахтасанг хушконидашуда; баргак – меваи дупахш карда хушконидашуда; чалпак – афшураи мева дар шакли нони чапотии хурд хушконидашуда; дона, донакшўрак истеҳсол мекунанд.

Ғўлунг Аштак Аштакаи хубонӣ Аштаки зарафшонӣ Баргак Донакшўрак Дона

Дар саноати хурокворӣ меваи зардолуро барои истеҳсоли афшура, шарбат, шаҳд, мураббо, мураббои сертифл, ҷем, шоколад, зардолуоб, меваи дар шарбат, меваи бо шакар соидашуда, мағздонаашро барои равған, ҳалво истифода мебаранд.

Инчунин донаи талхакаш дар саноати дорусозӣ истифода мешавад. Аз меваи тару хушки он дар шароити хона мардум мураббоҳои гуногун, зардолуоб, ғулунгоб низ тайёр мекунанд. Мардуми Ҷопон ва Чин ғураки (довчаи) зардолуро тару тоза ва дар намакоб хобонда (он меваи намакоб кардаи зайтунро ба хотир меорад) истеъмол менамоянд. Дар баъзе мамлакатҳо аз ҷумла ҷумҳурии Доғистони Федератсияи Руссия хўроки миллӣ бо номи «Урбеч» тайёр мекунанд. Пеш аз истифодабари донаро дар об то нестшавии моддаи талхдиҳанда (амигдалин) ҷўшонда, пас хушк намуда, баъди онро бирён ва кўфта талқон карда истифода мебаранд.

Мардуми баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ низ аз меваи хушки зардолу бо номи «Допак» (водии Зарафшон), «Хухпа» (води Язгулом), «Ношхухпа» (дигар ноҳияҳои ВМКБ), таоми парҳезӣ мепазанд. Меваи қоқи навъҳои қанднокиашон пастро дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ чун хуруш дар тайёр намудани таомҳои суюқ истифода мекунанд.

Чӣ тавр бояд меваи зардолу хушк кард?

Тайёр намудани меваи хушк (қоқ) яке аз шаклҳои коркарди зардолу ба ҳисоб меравад.

Аз қадимулайём мардум намудҳои гуногуни қоқи меваи зардолуро тайёр мекарданд, ки то имрўз аҳамияти худро гум накардаанд.

Дар баробари дигар меваҷот зардолуро бо ду роҳ дар ҳавои кушод бо истифодаи нури офтоб ва дар мевахушккунакҳои барқӣ хушк мекунанд.

Дар ҳарду ҳолат бе истифодаи олтингўгирд ё бо истифодаи он меваи зардолуро метавон хушк кард. Аз таъсири гази олтингўгирд меваи қоқ ранги зарчатоб гирифта сифати молиаш хуб мегардад. Дар баробари ин муддати дароз ба он ҳашаротҳои зараррасон осеб намерасонанд.

Дар ҳавои кушод бо истфодаи нури офтоб тарзи ниҳоят арзон ва дар истеҳсолот паҳн шудаи хушконидани мебошад.

Барои ба даст овардани маҳсулоти хушсифат бо олтингўгирд буғ додан, тайёр намудани майдончаи хушккунӣ ва риояи технологияи буғдиҳию хушккунонӣ роли калонро мебозанд.

Майдончаи хушккунӣ бояд дар ҷойи ҳамвор, кушод, руӣ бо тарафи ҷануб, шамолрас, аз роҳи мошингард ва серрафтуомад дуртар, ба майдони зардолузор наздик, интихоб карда шавад. Дар назди майдонча ҳатман ҳавзи обаш тоза бошад. Нуқтаи мевахушккунӣ вобаста ба миқдори меваи хушк мекардагӣ бояд ин чизҳоро дошта бошад: майдончаи хушккунӣ, қуттиҳои тахтагини баландиаш паст, дамҳо (камераҳо), мизҳо барои ҷудокунии мева; ҷойи буғдиҳи (тамиз), бо миқдори зарури қоғази линчагӣ (крафт қоғаз) ва сатилу тағора. Андозаи майдончаро вобаста аз ҳаҷми маҳсулотӣ барои хушконидан пешбинишуда интихоб намуда, аввало нағзак шиба карда, рўйяшро бо коҳгил ё семент андова мекунад.

Дамҳоро бошад, аз 5-фанери дарозиаш 105-110 см, бараш 100-105см ва баландиаш 95-100см месозанд. Дар зери ҳар як дам 12-14 қуттии мевадорро мегузоранд. Ба ҷои фанер метавон аз тахта ва плёнкаи полиэтеленӣ дамҳо сохт. Қуттиҳои пастро бо андозаи 60х90см ва бо баландии тахтаҳои бараш 5см бояд сохт.

Нақшаи раванди буғкунонӣ чунин корҳоро дар бар мегирад: ҷамъоварии мева, ба навъхо ҷудокунӣ, буғкунонӣ, хушккунӣ ва нигох даштани меваи қоқ. Бояд дар хотир дошт, ки дар таркиби меваи буғдодашуда боқимондаи гази ангидриди сулфат аз 0,01% зиёд набошад.

Бинобар ҳамин ба ҳар 100кг мева аз 60 то 200г олтингўгирд (сулфур)-и ғуруша ё чубчашакл тавсия дода мешавад. Буғдиҳиро бо чунин тарз бояд гузаронд; дар ҷойи буғдиҳӣ оташдони майда кофта, дар болои он қуттиҳои мевадорро мегузоранд, сипас вобаста аз миқдори мева дар зарфе олтингугирдро гирифта оташ гиронда онро ба оташдон мегузоранд, бо дам болои қуттиҳоро пўшонда маҳкам мекунанд. Давомнокии буғдиҳӣ 30-120 дақиқа мебошад.

Ин вобаста ба миқдори олтингўгирд, навъи зардолу, дараҷаи пухтарасӣ, ҳаҷм ва ранги мева аст. Ҳангоми ба миқдори кофӣ буғронӣ накардан ранги қоқ сиёҳтоб гашта, сифаташ паст мегардад. Агар аз миқдор зиёд буғронӣ карда шаваду олтингўгирд бештар истифода шуда бошад, қоқ мазаи туршӣ пайдо карда, ҳатто барои истеъмол номувофиқ шуданаш мумкин аст.

Барои буғронӣ кардан меваро ҳангоми пўхтани техникиаш ҷамъоварӣ намуда, буғ додан тавсия мешавад. Пас аз дамҳо гирифтан меваро дар қуттиҳои тахтагӣ хушконидан қулай аст. Агар қуттиҳо кифоя набошад, дар замин аввал крафткоғазҳоро тунук намуда, ба болояш меваро тунук мерезанд.

Баъди 2 – 3 рўзи дар офтоб хушкондан як маротиба меваҳоро бо даст оҳиста рўӣгардон мекунанд.

Пас аз 1 – 2 рўзи дигар онҳоро дар як ҷой ғарам менамоянд. Ҳангоми меваҳои хушкшударо дар даст фишурдан аз онҳо шира ҷудо нашавад, он шаҳодат медиҳад, ки аллакай онҳо хушк шудаанд.

Аз ҳад зиёд хушк кардан сифати қоқро паст мекунад. Дар ҳолати пурра нахушкондан, мева пўсида нобуд мегардад. Бо ҳамин сабаб сифати қоқ аз сари вақт ғундоштан ва ба навъҳо ҷудо намудан вобастагии калон дорад. Пас аз ба навъҳо ҷудо кардани меваи хушкшуда, онро ба ҷойҳои нигоҳдорӣ (анборҳо) мефиристанд.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба