Зеҳн

Хусусиятҳои гелос

ЗЕ
Зеҳн14 ноябри 2024 · 6 дақиқа хондан

Гелос дарахти бисёрсолаи боровар аст. Одамони давраҳои ибтидоӣ меваҳои гелоси ёбоиро истеъмол менамуданд. Дар мамлакатҳои назди соҳили Баҳри Миёназамин гелосро аз қадимулайём парвариш мекунанд. Шакли худрӯи он дар Қафқоз, Молдова, Украина, Қрим нашъунамо меёбад.

Мевае аз ҷинси олуболу, ки таъми ширин дорад: гелоси зард, гелоси сурх, гелоси саврӣ.

Гелос хосияти хуби шифогӣ дорад. Обҷӯши баргаш барои дафъи рутубати узвҳои нафас, ширааш барои муолиҷаи сулфа, диққи нафас ва ҷароҳати гӯш фоидаовар аст. Агар гелоси хушккардашударо дар об тар карда, ба беморони ҷигар фармоянд, талхаро тунук мекунад. Ширааш сангҳоро ҳал мекунад.

Гелос барои муолиҷаи бемории гулӯ ва шуш судбахш аст. Истеъмоли он баъди таом қобили қабул нест. Дар тибби мардумӣ аз мева, барг ва гулҳои гелос васеъ истифода мебаранд. Обҷӯши мевааш барои рафъи илтиҳоби найчаҳои шуш ва роҳи нафас нофеъ аст. Он табшикану пешоброн мебошад. Дар тибби муосир шира, афшура ва гелоси тару тозаро, ки аз моддаҳои фаъоли биологӣ бой аст, ба кӯдакон чун маводи ғизоӣ тавсия медиҳанд.

Тарзи тайёр намудани дамхӯрдаи меваҳои хушки гелос, ки барои муолиҷаи камхунӣ давои хуб аст чунин аст: 50гр меваи хушки гелосро гирифта, дар термос ё ягон зарфи сирдор андохта, ба болояш 300 гр оби ҷӯшро мерезанд ва онро дам медиҳанд. Пас онро аз дока гузаронида, 100 гр-ми 3 бор дар як рӯз ним соат пеш аз қабули таом истеъмол менамоянд. Ин нӯшоба давои хубест барои муолиҷаи камхунӣ.

Аз гелос инчунин нӯшоба, мураббо, афшура ва шароб тайёр мекунанд.

Мувофиқи анъана, дарахтони гелос ва инчунин худи меваҳоро барои мақсадҳои табобатӣ истифода мебаранд, зеро онҳо бо назардошти бой будани калий ва азбаски дар таркибашон натрий надоранд, диуретикҳои бениҳоят самарабахш мебошанд.

Бо роҳи ҳавасмандгардонии кори гурдаҳо, дар нест кардани моеъҳо саҳм мегиранд ва боиси хориҷ шудани токсинҳо мешаванд. Ҳамин тариқ, онҳо аз ҳисоби хусусиятҳои депуративии худ аз ҷониби тибби табиӣ баҳои баланд мегиранд.

Боигарии калий гелосро меваи бузурге месозад, ки онҳое, ки аз фишори баланди хун азият мекашанд, истеъмол мекунанд, зеро ба ғайр аз арзиши он ҳамчун диуретик, калий минералест, ки ба устувории кашишхӯрии дил мусоидат мекунад.

Гелос ҳангоми тоза истеъмол кардан хосиятҳои тароватбахш, исҳоловар ва пешобдон дорад.

Азбаски гелос меваи аз танин бой аст, метавонад мушкилоти меъдаро ба вуҷуд орад, аз ин рӯ дар як рӯз аз 200 ё 300 гр. мева истеъмол кардан мувофиқи мақсад нест.

Аслан, гелоси сурх нисбат ба зарди он таркибан бештар маводи фоиданок дорад. Масалан, дар 100 грамм гелоси меъёри шабонарӯзӣ барои одам бо ҳисоби фоиз миқдори зиёди витаминҳою минералҳо мавчуданд. Аз он ҷумла, витаминҳо: С - 12%, К - 3%, В1 – 2%, В2 – 2%, В6 - 2%, минералҳо: калий - 6%, марганетс – 4%, магний - 3%, мис – 3%, оҳан – 2%. Дар 100 грамми гелос 63 килокалория мавҷуд мебошад.

Манфиати гелос бисёр аст. Чунончӣ, меваи онро ҳам тару тоза ва хушконида низ истифода мебаранд. Инчунин, аз думчаҳои меваи гелос ва барги онро низ обҷӯш омода менамоянд.

Барои пайванду буғумҳо

Барои пайванду буғумҳо шарбати гелос манфиати калон дорад ва пас аз истеъмоли он дарди дар натиҷаи кору бори ҷисмонӣ ба амал омада, аз тан меравад. Барои бемориҳои артрити ревматоидӣ ва дигар намуди бемориҳои буғумдард манфиатбахш мебошад. Таъсирнокии шарбати гелос ба доруи ибупрофен монанд аст.

Барои дилу рагҳо

Барои дилу рагҳо гелос чун сарчашмаи калий барои муътадил нигоҳ доштани фишори хун мусоидат менамояд. Гелос махсусан барои нигоҳ доштани мувозинати моеъ дар организми инсон мавқеи ҳалкунанда дошта, таъсирнокии калони натрийро ҷуброн месозад. Ҳамзамон, гелос гардиши хунро беҳтару хубтар намуда, бинобар сабаби дар таркибаш бисёр оҳан доштан, ҳангоми камхунӣ манфиатбахш мебошад.

Барои асабҳо

Барои асабҳо гурӯҳи витаминҳои В таъсири мусбӣ доранд, ҳолатҳои депрессивӣ ва хатарафзои асабро аз байн мебаранд. Мелатонини дар таркиби гелос буда, зидди бехобӣ фоиданок аст ва барои асабҳо таскинбахш мебошад.

Барои биноии инсон

Барои чашмҳо ин мева, ки аз бета-каротин хеле бой аст ва он ба витамини А табдил ёфта, биноии инсонро кувват мебахшад.

Барои узвҳои нафаскашӣ

Гелос дар таркибаш хеле зиёд витамини С дорад ва аз ин сабаб аломатҳои диққи нафас, яъне астмаро пешгирӣ мекунад. Инчунин, дамкӯтаҳӣ ва сулфаро нобуд месозад. Агар дар натиҷаи кори вазнини ҷисмонӣ ба шуш ва рагҳои он зӯр омада бошад, дар ин ҳолат гелос албатта манфиат дорад.

Барои узви ҳозима, яъне ҳазми ғизо гелос сабуккунанда мебошад ва ҳангоми дарди сихзании меъдаю рӯда фоиданок аст. Дар мавриди зардаҷӯш, дарди рӯдаи дувоздаҳангушта ва ҷигар низ манфиат дорад.

Барои пешобдон

Калий хусусияти пешобронӣ дорад. Меваи гелос ба ин раванд мусоидат намуда, заҳрҳоро тариқи пешоб аз организми инсон берун мекунад.

Барои пӯст, муйҳо ва нохунҳо

Витаминҳои А, В, С ва Е. ки дар таркиби гелос мавҷуданд, барои пӯст, муйҳо ва нохунҳо манфиатбахшанд. Аз таъсири витаминҳои дар гелос буда, пӯсти бадан мулоим мӯйҳо ҷилонок ва нохунҳо боқувват мегарданд.

Барои иммунитети организм

Ангезаҳои саратонӣ зери таъсири витаминҳои дар гелос мавҷуд буда, аз афзоиш боз мемонанд ва муқовимати организм бештару хубтар мегардад.

Гелос чун манбаи маҷмӯи витаминҳо барои кӯдакон, калонсолон ва пиронсолон тавсия дода мешавад. Вале истеъмоли гелос ба одамони мубталои бемороии қанд, қабзияти рӯдаю меъда ва ба мизоҷашон набуда, тавсия дода намешавад.

Гелос як навъ дарахти мева аст, ки то 25 м қад мекашад. Барги байзашакл, гули сафед, меваи донакдори сурх, зард ё сиёҳ дорад. Гелосро барои тархурӣ, тайёр кардани хушоб, шарбат, нӯшоба, мураббо истифода мебаранд. Шира ва шарбати гелос дар истеҳсоли нӯшобаҳо, ликёр ва саноати қаннодӣ ба кор меравад. Аз тухми гелос равғани эфир мегиранд. Муаллифи китоби «Муҳити аъзам» Муҳаммад Аъзамхон қайд кардааст, ки «Гелос ғизои андак бидиҳад ва ба сабаби рутубат ва лузуҷате, ки дорад, зудгузаранда аз меъда аст. Ҷиҳати дуруштии ҳалқ, шуш ва сурфа нафъдорад. Ва зарар дорад ба ҳазми меъда агар бисёр хӯранд. Ва ба хилте, ки ғолиб аст, мубаддал мегардад, барои ин гелосро баъд азтаом набояд хӯрд».

Дар тибби халқӣ шарбат ва ҷӯшоби гелосро барои иштиҳо ва ҳазми хӯрок истифода мекунанд. Ҷӯшоб ё компоти он чун давои балғамрон ҳангоми бронхит ва трахеит нофеъ аст; табро паст карда ба ҷисм неру ато мекунад. Гелос таъсири исҳоловар дорад. Кӯфтаи гулу барги тарашро ба ҷароҳат, ҳафтпӯст, думбал ва доғи кунҷидак гузошта мебанданд. Бино ба ақидаи табибони мардумӣ агар гелосо бихӯранд, дарунро меронад, шикамро мулоим мекунад (хусусан агар бо донакаш хӯрда шавад), олати мардиро ба ҳаракат меорад; хушкашро бихӯранд, дарунро мебандад. Шилми гелос хусусияти поксозӣ дорад, часпак буда, ахлоти часпакро меканад; барои дағалиироҳи нафас, неку гардонидани ранги рухсор ваангехтани иштиҳо даво мебошад, санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад. Миқдори як бор хӯрдан аз шилми гелос дар як рӯз 4 г аст. Агар он шилмро маҳин соида, чун сурма ба чашм кашанд, нури чашмро тез мекунад.Табибони мардумии афғон бо думчаи гелос дарди санги гурдаро табобат менамоянд: 2 қошуқ думчамеваи хушкро ба 2 истакон оби ҷӯш андохта, 15 дақиқа рӯи оташи паст мегузоранд. Баъди таҳшин шудан, онро полуда ҳангоми дарди санги гурда рӯзе 3 – 4 маротиба 0,5 истакон менӯшанд.

Дар тибби илмӣ меваи гелосро дар мавриди камхунӣ, газаку захми меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта, заъфи рӯда, дарди рӯдаи ғафс ва ғайра тавсия медиҳанд.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба