Ибрат аз дарахт
Ба роҳ баромадани ман на ба он мақсад буд, ки дохили боғ рафта аз манзараи тиллоранги тирамоҳӣ дидан кунам. Балки фикру ҳушам банди ин масъалаҳо буд, ки “Чаро имрӯз замин саҳнаеро мемонад, ки моломол аз фитнаву дурӯғ, буҳтону ҳасад, фиребу найранг аст. Савдогару харидор, ронандаву мусофир, роҳбару коргар,... ва баракси ин, ҳама паи фиреби якдигаранд. Дунё дунёи манфиатҳо шудааст. Барои манфиат инсон буданро фаромӯш кардаанд, ки якдигарро мефурӯшанд. Одамро мекушанд. Мерабоянд. Баҳри ҳадаф давлатҳоро нест мекунанд. Шаҳрҳоро хароб мекунанд. Хонаҳоро месӯзонанд. Инсонҳоро бехонумон мекунанд. Ба хотири фоидаи чанд нафар заҳр истеҳсол мекунанд. Яроқ месозанд. Ҷанг ташкил мекунанд. Охир, бисёр дардовар аст. Дардовар аз он аст, ки ҳамаи инро инсонҳо мекунанд. Бе инобати мансубиятҳои динию мазҳабӣ, миллию қавмӣ, мо ҳама одамем-ку?! Ё шояд ин “сармояҳо”-и нодаркори ба баъзеҳо муҳиму даркорӣ бароямон аз азал мерос мондаанд? Ҳеҷ сар дар намеорам”.
Раҳораҳ бо ин фикрҳо худро дохили боғ ва назди дирахти калони мевадиҳанда рафтанамро надониста мондам. Тирамоҳ аст. Дарахт дигар мева надорад. Аммо баргҳои зардгаштаи дарахт ва чун тилло ҷилодиҳандааш касро маҷбур мекунад, ба он назар андозад. Воқеан, манзараи зебо. Дилкаш.
Шамоли якмаром ва оҳистаи тирамоҳӣ баргҳои дарахтро як-як ба замин тобхӯрон мефаровард. Дили кас аз дидани ин манзараи зебо об мехурад. Мисле ки ман ҳам дар ҳамин авзо ба баҳри хаёлҳо ғутавар шудам: “Баид аст, ки ҳама инсонҳо, дорову нодор, савораву пиёда, диндору бедин рӯзе аз рӯзҳо мисли ҳамин баргҳо рӯ ба хазон меоранд. Медонанд, ки онҳоро умри дубора нест. Паси ҳам ба хоби абад мераванд. Аммо чаро беъзеҳо ҳамвора паи бадии якдигаранд. Кош, расад рӯзе, ки равиши зиндагии худро ба ҳамин дарахт монанд кунем. Баҳорон гул карда тароват бахшем. Тобистон бо мева коми мардум ширин намоем. Тирамоҳ бо хулқу хӯи одамӣ чун манзараи дилфиреби дарахтон тамошогаҳи мардум шавем ва ба акноф зебоӣ бахшем. Зимистон бо меҳру самимият ба мардум чун ҳезумони дарахтон гармӣ бахшем. Кош, чунин мешудем!
Дарахт рамзи сарсабзист. Ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунӣ дар аввалбаҳор одати деринаи халқи мост. Бобоёни мо парвариши дарахтро савоб низ ҳисобида, мегуфтанд: инсон бояд то пиру барҷомондагӣ ниҳол нишонад. То ниҳол ба мева медарояд, камаш панҷ-шаш сол мегузарад. Дар ин байн, агар дарахтнишонда мӯйсафед аст, шояд аз олам гузарад. Ин гуна ҳолатро ҳамаи онҳое, ки аввалбаҳор ба ниҳолшинонӣ ҷазм кардаанд, хуб мефаҳманд. Солхӯрдаҳо низ. Вале таскини дили онҳо – мевахӯрии дигарон ва расидани савоб...
Оре, беҳуда нагуфтаанд, ки аз некон – боғ.
Замонҳое боғоти Бухорову Самарқанд, ки ҳар кадом ба худ ном доштанд, машҳур буданд. Назар ба маълумоти манбаъҳо, боғҳое, ки дар Самарқанд барпо шудаанд, ба замони салтанати Амир Темур мувофиқ меоянд. Ба маъракаҳои хуррамсозӣ ва барпои боғҳои меванок шахсан Соҳибқирон сару бар буд. Заҳириддин Муҳаммад Бобур низ, бо вуҷуди серкорӣ ба барпои боғҳо вақт меёфт. Боғҳои ба номи ӯ алоқаманд дар Кобул ва Агра барин шаҳрҳои Афғонистону Ҳиндустон ҳанӯз мавҷуд.
Вақтҳои охир боғҳои Тошканд низ шуҳратёр мешаванд. Дар се-чаҳор соли охир дар пойтахт якчанд боғи нави истироҳатӣ арзи ҳастӣ кард. Яке аз онҳо бо ташаббуси роҳбари давлат дар буриши кӯчаҳои Абдулло Қодирӣ, Шароф Рашидов ва Лабзак барпо гашт, ки «Наврӯз» ном гирифтааст. Ҳудуди боғ 32 гектарро ташкил менамояд. Амфитеатр барои 6 ҳазор нафар барпо шудааст, ки боми онро дар вақти зарурат пӯшидан мумкин. Ҳалқаи дидбонии диаметраш 72 метр низ таваҷҷӯҳи бинандагонро ба худ мекашад. Бахшида ба анъанаҳои нодири ҳар як минтақаи мамлакат, тарзи ҳаёти гузаштагони мо, ҳунармандии миллӣ ва ҳоказо растаҳо устувор гаштаанд, ки ба тамошои онҳо сайёҳони хориҷӣ бештар эътибор менигаронанд. Вале чизе, ки аз ҳама зиёд диққати одамонро мекашад, олами ба худ хоси наботот дар «Наврӯз» аст. Зебоию таровати гулҳои ҳаррангаи долу дарахтон, худнамоии табиати нотакрор, хуррамии муҳити гирду атрофро аснои тавассути кӯпрукҳои пиёдагард ба боғи ҳамшафат – «Анҳор-Локомотив» ва сайргоҳи шафати канал воқеъ дар Ӯрда гузаштан баръало ҳис ва худро дар як олами зебои афсонамонанд тасаввур сохтан барои ҳар кас басо роҳатфизо.
Президент ҳанӯз се сол қабл аз ин – аввалбаҳори соли 2018 гуфта буд, ин боғ марказе мегардад, ки арзишҳои Наврӯзро ҷилвагар сохта, шууру худшиносии миллиамонро намоиш медиҳад. Ҳар як унсур, ҳар ваҷаби ҳудуди боғ маданияти мардуми моро таҷассум менамояд.
Роҳбари давлат боз илова карда буд «бигузор сайёҳон ба ин ҷо пас аз боздиди Маркази тамаддуни исломӣ оянд ва ба маданияти бойи мардуми мо аз наздик шинос шаванд».
Бо вуҷуди он ки дар ин байн пандемияи ногаҳонӣ ба амалӣ шудани як қатор нақшаҳо халал расонд, дасти гули мардуми бунёдкор ба манзараҳои Тошканд нотакрории дигар бахшид.
Манзараҳои ҷолибро имрӯз дар «Дӯстлик»,«Ашқобод» ва дигар боғҳои навбунёди маданият ва истироҳати пойтахт низ мушоҳида кардан мумкин. Соҳили канали Қичқириқ воқеъ дар ноҳияи Олмазор вақтҳои охир хуррамии дигар касб намудааст. Доир ба ободонии боғ ва гузарҳо – шинондани ниҳол ва гулҳои ороишӣ, барпои кӯчабоғҳои замонавӣ чорабиниҳо андешида ва дар ин самт корҳои муҳим ба сомон расонда мешаванд. Зимнан, имрӯзҳо Тошканд ба майдони васеи сохтмон табдил ёфтааст. Баробари иншоот ва маҷмӯъҳои варзишӣ, тиббӣ ва таълимӣ манзилҳои бисёрошёнаи истиқоматӣ сохта мешаванд. Дар ҷой ва майдонҳое, ки ба сохтмон рост омадаанд, дарахтон бурида мешаванд. Гоҳо дарахтбуриҳои бамаврид ва бемаврид ба эътирози барҳақи аҳолӣ сабаб мегардад. Шикоятҳое, ки дар ин бобат навишта шудаанд, аз ҷониби мутасаддиёни ҳокимиятҳо омӯхта мешаванд. Имрӯз вазъ дигар – шаҳрвандон метавонанд ба бемаврид буридашавии дарахтон роҳ нагузоранд. Дар натиҷаи дақиқан омӯхта шудани муроҷиатҳои аҳолӣ қисмате аз сохтмонҳо боздошта шуданд. Ба ҷои дарахтони буридашуда ниҳолҳо шинонда мешаванд, манзараи пештара – табиати сабз дар моварои манзилҳои истиқоматии бисёрошёна аз нав барқарор мегардад.
Ҳокимияти шаҳри Тошканд қарор кард дар паҳлӯи универмаги марказӣ, дар ҷое, ки боғи истироҳат ва маҷмӯи «Гунбазҳои нилгун» воқест, маҷмӯи «Истиқлолият» барпо карда шавад. Аҳолӣ бо хаёли он ки бо бунёди маҷмӯъ дарахтон бурида мешаванд, эътироз намуд. Ҳокими шаҳр бо шаҳрвандон вохӯрд ва гуфт, ҳоҷат ба парешонӣ аз тақдири табиати сабз нест. Дарахтон рӯихат карда мешаванд. Дар вазъи халалдор насохтани кабудизор маҷмӯи нав барпо ва ин ҷо аз аввала ҳам ободтар мегардад. Ба ӯ суол карданд: ба бурида нашудани дарахтон кӣ кафолат медиҳад? Мир ҷавоб кард, агар ин ҷо як дарахт бурида шавад, тайёрам ариза навишта, аз кор равам...
Умед аст қавлу ваъдаҳо марбут ба муҳофизати муҳит, дар навбати аввал бемаврид буридашавии дарахтон иҷро ва зебоию дилороии нав ба манзараи ин майдон зам мегардад.
Тарбурӣ – сарбурӣ, мегӯяд халқ. Бемаврид дарахтбурӣ гӯё мисли одамкушӣ гуноҳ. Вале ҳар долу дарахт чун як ҷузви табиати зинда рӯзе ба пирӣ расида ё нарасида «вафот» мекунад. Шоир мегӯяд, дарахтон рост мемиранд, чаман барҷост – мемиранд, чунон нохост мемиранд, ки мо нодида мемонем. Намиранд ҳам, аз қувват мемонанд, шохаҳояшон хушк мегардад. Вазифаи мо баробари парвариши дарахтҳо буридани шохҳои хушк. Ё афтондани дарахтҳое, ки ба беморӣ дучор ё пир шуда, аз онҳо умед нест. Идораҳои экологӣ ва ҳифзи муҳиту атроф ба иҷрои ин вазифа мутасаддианд.
Шамол ё тундбодҳои сахт ба сарнагуншавии ин гуна дарахтҳо сабаб мешаванд. Ё аз бориши барфи зиёд шохаҳои хушк ва камқувват мешикананд. Ба ҳаёти одамон ё мулки аҳолӣ зарари калон расиданаш мумкин.
Ниҳолшинонӣ – хуб. Вале он тартиб дорад. Мутаассифона, мешавад, ки ниҳолҳоро ба ҷои холии пешомада нишонда рафтан гиранд. Ба нигоҳ доштани масофа байни онҳо риоя карда намешавад. Дар натиҷаи зич ҷойгир шудан баъди се-чаҳор сол шохҳои дарахтон ба ҳам ҷафс, ҳатто ба якдигар печида, озод нафас кашидаю амал карда натавониста, баробар хушк мешаванд.
Вақтҳои охир хусусан дар ҷойҳои холӣ зич нишондани ниҳоли арча бисёр ба мушоҳида мерасад. Аз онҳо чун панҷара ё девор низ истифода менамоянд. Фикр намекунанд, ки баъди чаҳор-панҷ сол чӣ мешавад ҳоли ин ниҳолакони ба ҳам ҷафс?
Умри ниҳолҳое ҳам, ки дар паҳлӯи дарахтони калон нишонда шудаанд, кӯтоҳ аст. Вубол намешаванд?
Ё дар мавсими ниҳолшинонӣ фаъолнокӣ нишон диҳем, баъд беҳавсалагӣ мекунем: ниҳолҳо бинобар камобӣ ё сабабҳои дигар ба ҳоли табоҳ меафтанд.
Бетартиб шоху панҷазании дарахтҳо низ ҳолатест нохуб. Дарахтҳоро шакл додан – санъат. Вале наҳамеша дар охири тирамоҳу аввалбаҳор ба шаклдиҳии дарахтон эътибор медиҳем ва ё аз ӯҳдаи ин кор ба хубӣ мебароем.
Ҳар кас бояд боғи худро дошта бошад, гӯён таълим медиҳанд дар мактабҳо. Боғ, албатта, ба маънои маҷозист. Вақте дар ҳавлӣ не, дар «дом» истиқомат дорем, хусусан шаҳриҳо, барои барпои боғ имконият куҷост? Аммо барои ҳеҷ набошад як ниҳол нишондан ва парвариш сохтан чӣ дар шароити шаҳр ва чӣ деҳот илоҷ ҳаст. Гап дар ҳавсалаву халос. Мичуринвор бояд ҳар ҷавоне, намояд касб бар худ боғбонӣ, гуфта буд Турсунзодаи бузургвор. Фарзандони мо аз асрори муносибат ба ниҳолҳои меваноку манзаравӣ ва умуман олами наботот то кадом андоза огоҳ?
Воқеан, нафақат ба хотири мева хӯрдан, ҳамчунин барои ороиши гирду атроф дарахт парвариш менамоем. Бале, дарахт мева надиҳад ҳам моро аз тафси офтоб ҳимоя мекунад ва дар таъмини муътадилии ҳарорат, ҳимоя аз шамолҳои сахт ё дигар офатҳои табиӣ ба кор меояд. Аз ҳама муҳимаш, дарахтон бо хориҷ кардани оксиген ба аҳамияти калон молик. Вале вазифаи онҳо бо ҳамин маҳдуд намемонад. Масалан, дар баъзе ҳудудҳо барои хушк кардани ботлоқзорҳо аз акатсия истифода менамоянд. Як акатсияи ба воя расида дар як шабонарӯз 40 литр обро буғ месохтааст. Ҷуз ин акатсия атрофи фермаҳои чорвопарвариро аз паҳн шудани бӯйҳои бад муҳофизат менамудааст.
Дар давраҳое, ки чӯлҳои Фарғона, Қаршӣ, Сирдарё ва ҳоказо азхуд карда мешуданд, алайҳи эрозияи шамол бештар ба парвариши бед, қайрағоч, сафедор, чанор барин дарахтҳо аҳамият нигаронида мешуд. Вале тавре ки олимону мутахассисон қайд кардаанд, кӯр-кӯрона нишондани дарахтҳои ростомада ба солимии инсонҳо зарар низ расонданашон мумкин. Табиатшиносони фаронсавӣ аз он ки ба чанорҳо паррандагон лона намегузоранд, тааҷҷуб сохтанд. Дар натиҷаи тадқиқот маълум гашт чанор, ки мо онро рамзи сарсабзӣ ва дарозумрӣ меҳисобем, ба организми зинда зарар мерасондааст. Бинобар ҳамин аз соли 1928 сар карда, дар Фаронса чаноршинониро манъ карданд.
Лаб-лаби ҷӯйборҳо сафедор нишондан аз қадим дар мо – расм. Чӯби он арзонтарин маҳсулоти сохтмон. Вале сафедор низ дар моҳҳои ҷудогонаи сол, тавре олимон таъкид месозанд, ҳаворо олуда сохта, ба паҳн шудани моддаҳои зарарнок сабаб мешудааст. Хусусан, аз «Сафедори Калифорния» эҳтиёт шуданро мутахассисон тавсия менамоянд. Мегӯянд, ҳатто хоҷагиҳои боғпарварӣ ба хотири даромад қаламчаҳои сафедорро барои фурӯш ба бозорҳо мебароранд, ки ин нодуруст. Хусусан, дар ҳудуди мактаб ва боғчаҳои кӯдакона набояд сафедор шинонд. Албатта, чӯб лозим, вале барои он аз танаи каштан, гуҷум, арча, сафораи ҷопон, қарағай ва дигар дарахтон низ истифода кардан мумкин, таъкид месозанд набототшиносҳо. Ин навъ дарахтон бо бештар оксиген паҳн кардан низ ҷудо шуда меистанд.
Дар Ӯзбекистон минтақаҳое мавҷуд, ки ба дарахтнишонию хуррамсозӣ бештар ниёз доранд. Масалан, Наздиарал, ки он ҷо чи ранг доштани вазъи экологӣ ба ҳамаамон маълум. Бо назардошти ҳамин Президент дар Муроҷиат ба Олий Маҷлис, аз ҷумла, хотирнишон сохт, мо кори худро ҷиҳати рафъи оқибатҳои офатҳои экологӣ, ки ба фоҷиаи Арал сабаб шудаанд, идома хоҳем дод. Дар сатҳи он садҳо ҳазор гектар ҷангал ва буттазорҳо бунёд карда мешаванд.
Дар фармони Президент «Дар бораи Барномаи давлатии иҷрои стратегияи амалиёт оид ба панҷ самти устувори рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 дар «Соли дастгирии ҷавонон ва мустаҳкамсозии саломатии аҳолӣ» низ масъалаи экология ва ҳифзи муҳити атроф аз эътибор дур намонда, зикр ёфтааст муддати амали моратория барои буридани дарахтон ва ниҳолҳо дар ҳудуди ҷумҳурӣ идома ёфта, онҳое, ки ба он роҳ медиҳанд, ба сифати ҷуброн 10 ниҳол нишонда, на камтар аз ду сол онҳоро парвариш бояд созанд.
Ба Кумитаи давлатии оид ба экология ва ҳифзи муҳити атроф супурда шуд механизмҳои ҷубронро, ки ба барқарории табиат нигаронида шудаанд, васеъ ҷорӣ намояд.
Инак, мавсими ниҳолшинонӣ идома дорад. Лозим меояд дар ин самт ба соҳибтаҷрибаҳое пайравӣ созем, ки ҳадиси дарахтшинониро гирифтаанд. Дар навбати аввал ниҳолҳои боровару манзаравие бояд нишонда шуда ва парвариш ёбанд, ки бештар суд мебахшанд: ҳам ороишанд ва ҳам бо меваи худ дастархонҳоямон обод сохта, ба солимиамон созгоранд.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё