ФОИДАИ ЯК ДАРАХТ
Агар нафаре гӯяд, ки дарахти пир дигар беманфиат асту аз худ ҳеҷ ҳавое хориҷ намесозад, бояд донем, ки 1 дарахти куҳан:
- ҳудуди 22 кг СО2 (гази карбон)-ро тули сол ба худ гирифта, ҳамон қадр оксиген ҳосил менамояд, ки барои ду одам басанда аст;
- хоки қабати заминро муътадил гардонда, бодлес (эрозия)-ро пешгирӣ менамояд. Решаҳои дарахт қобилияти дар худ обнигаҳдории хокро зиёд мегардонанд;
- қисме аз шуъои офтобро фурӯ бурда, муҳитро салқин нигоҳ медорад. Яъне, як дарахт метавонад баробари 10 ҳавосоз (кондитсионер) қобилияти сардкунӣ дошта бошад;
- ба пайдошавии абрҳо мусоидат карда, ба микроиқлим ва боришоти маҳал кумак мерасонад;
- баргҳое, ки ба замин мерезанд, пора гашта, ҳамчун ғизо барои хок хизмат мекунанд;
- ба ҳосилхезии замин мусоидат карда, ба сабзиши дигар рустаниҳо кумак мерасонад;
- гарду ифлосиҳо, амсоли оксиди нитроген ва диоксиди сулфурро ба худ ҷабида, сифати зиндагиро беҳтар мегардонад;
-барои ҷонварони гуногун – ҳашароту паранда ва хояндаҳо макони зист ва ғизоро фароҳам меорад, ки онҳо барои пайдоиши хоку гил ва қабатҳои он бағоят муҳиманд;
- шиддати садоро кам карда, монеи сарборӣ ба чашмҳо низ мегардад, хосса дар шаҳру мавзеъҳои сернуфус (сераҳолӣ);
- аз шамол ва сардиҳо ҳифз менамояд;
- хастагиро рафъ ва ҳолати равонии инсонро беҳтар мегардонад.
Пас, метавон гуфт, ки як дарахт барои инсон метавонад мисли ганҷи бебаҳо бошад. Ва ҳар яки мо метавонем, ки ин дурдонаҳои табиатро ҳифз карда, бо шинондани ниҳолу буттаҳо ба хазинаи Замин гавҳари бештаре зам намоем.
Ба ҳама маълум аст, ки дарахт шинонидан ва парвариш кардани он як муҳаббате мехоҳад, то инсон дар ин росто дастбакор шавад.
Барои шахсе, ки дар замираш муҳаббат ба дарахту боғдорӣ ҳаст, шикастани як шохи дарахт болотарин мусибат аст, чӣ расад бар он, ки дарахтеро аз беобӣ хушк кунӣ ё онро аз нимтана бибурӣ ё ҳам решакан намоӣ.
Пеш аз ҳама бояд инро донист, ки дарахтон ҳам мисли дигар олами мавҷуд зинда ҳастанд ва нишонаи зинда будани онҳо сарсабзӣ, шукуфоӣ, мевадиҳӣ, хазонрезӣ ва аз нав бедоршавии онҳо мебошад.
Дар айёми Наврӯз бисёр шунида мешавад, ки мардум мегӯянд, дарахтон зинда шудаанд, ки банда ба ин гуфта розӣ нестам.
Балки дурусттар он аст, ки бигӯем; дарахтон бедор шуданд.
Оре, дарахтон ҳам мисли дигар мавҷудот пас аз кору коргузорӣ ва иҷрои маъмурият хаста мешаванд ва аз тирамоҳ худро аз баргҳо сабук сохта ба истироҳати зимистонӣ мераванд.
Аммо бо дамидани насими баҳор ва пайки Наврӯз вуҷуди дарахтон эҳсоси бедорӣ мекунанд ва бо тавлид гаштани гардиши дубораи обу ғизо ба ҳаракат меоянду бедор мешаванд.
Пас дарахт, то он замон, ки нахушкида аст ва решаҳояш аз обу ғизо рӯзӣ мехӯранд, ӯ зинда аст ва машғули иҷрои кори хеш аст.
Оё надидаед, ки қади як дарахти имсол шинонидаи Шумо дар аввали баҳор то китфатон мерасад,аммо дар поёни фасли пойиз наздаш меравед аз таҳ ба боло нигоҳаш мекунед?
Ӯ дар ин шаш моҳ аз Шумо бештар ёзида аст.
Агар нишонаи ҳаракат ва зинда будани инсонҳо дар рафту омаду ҳарф задану нафас кашидан пайдо шавад,нишонаи зиндагии як дарахт низ аз сабзидану қад афрохтани ӯ ҳувайдо мегардад.
Танҳо фарқ байни мову дарахтон он аст, ки ҳаракатҳои мо машҳуд ҳастанд, аммо ҳаракати дарахтон пинҳонӣ ва ноаён сурат мегиранд.
Биологи машҳур, Раул Франсе мегӯяд:
"Гиёҳи беҳаракат вуҷуд надорад; ҳар як нумӯе худ ҳаракат аст.
Гиёҳон ҳамеша хам мешаванд,давр мезананд ва ё ҷунбида меистанд. Ӯ тасвир мекунад,ки дар рӯзҳои тобистон чӣ гуна ҳазорҳо решаи пардамонанд ларзидаву ҷунбида аз дарахт ноаён меёзанд, то такягоҳе нав барои танаи сангини дарахт пайдо намоянд.
Барои ин мӯяк ҳамагӣ 67 дақиқа зарур аст, то як даври комиле гардад ва такягоҳи худро пайдо намояд ва дар давоми 20 сония ӯ худро дар гирди ин такягоҳ мепечад.
Дар давоми як соат ин решаи мӯяк чунон худро дар такягоҳаш мепечад, ки ҳатто кандани он душвор мегардад."
Пас,маълум мешавад, ки дарахтон пеш аз он, ки танаашон ситабр шавад бо решаҳо худро дар замин устувор месозанд,то қоматашон афрохта бошад.
Ҳар андоза, ки дарахт бузург шавад,ҳамон андоза решаҳо дар такягоҳҳо лангар мепечанд то мувозинати худро нигаҳ бидоранд.
Ҳатто дарахтон то ҷое беозор ҳастанд,ки ҳамин, ки худкифо шуданду бузург гаштанд худ дар садади ёфтани оби худ мешаванд ва бо андак обёрии беруна ба кори худ идома медиҳанд ва обро аз зери замин барои бақои худ таҳия мекунанд.
Акнун суол ба миён меояд,ки оё аз ин ҳама заҳматҳо, ки як дарахт мекашад чӣ чизе оиди ҳоли худаш мешавад?
Чӣ баҳрабардорие худ аз ин ҳама заҳматҳо мегирад?
-Ҳеҷ чиз!
Ҳама заҳматҳояш барои мост!
То нафаси тоза бикашем!
То дар сояааш биншинем!
То аз мевааш коми худ ширин намоем!
То ҳосилашро дар бозор бифрӯшем!
То баргашро барои чаҳорпоёнамон чун ғизо бидиҳему суд бардорем!
То шохаҳои хушкидаашро бисӯзему хонаҳо гарм намоем!
Пас, оё шоиста ҳаст, ки дар бадали ин ҳама хидматҳо як дарахте насабзонида, ба воя нарасонида ғофилона биёему дарахтеро аз миён бибурему ҳаёти зебояшро бисӯзонем?!
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё