Зеҳн

ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ ВА САМАРАНОКИИ ОН ДАР РАВАНДИ ОМӮЗИШ

КИ
Китобдор11 ноябри 2024 · 9 дақиқа хондан

Рушди системаи таҳсилот яке аз паҳлуҳои муҳими сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад ва дар ин росто таҳсилоти фосилавӣ ҳамчун амри қобили таваҷҷӯҳи нақшаи стратегии ислоҳоти мазкур дониста мешавад.

Истилоҳи "таҳсилоти фосилавӣ" чунин шакли омӯзишро ифода мекунад, ки дар он омўзгор барномаи таълимиеро кор карда мебарояд, ки асосан ба омўзиши мустақилонаи донишҷў такя мекунад. Чунин воситаи омўзиш бар он асос ёфтааст, ки хонандагон асосан аз омўзгорон ҷудо ва дар фазои дур аз ҳам қарор дошта, дар як вақт донишҷў ва муаллим имкони ба амал баровардани гуфтугўи байниҳамдигарро тавассути воситаҳои телекоммуникатсионӣ соҳибанд. Таҳсилоти фосилавӣ имкон медиҳад, ки аҳолии минтақаҳои дигар, ки дар он ҷо шароит барои тайёрии касбӣ ва гирифтани маълумоти олии босифат мавҷуд набуда, донишгоҳҳо фаъолият надоранд ва ё муаллимон барои омодагии фанҳои ҷудогона намерасанд, ба таҳсил фаро гирифта шаванд.

Аз миёнаҳои солҳои 70-ум дар бисёр аз мамлакатҳо муассисаҳои таълимии типи нав ба миён омаданд, ки онҳо донишгоҳҳои «кушода», «фосилавӣ» ё ин ки коллеҷҳои «электронӣ», «виртуалӣ» ном гирифтанд. Онҳо сохтори хоси ташкилӣ дошта, маҷмўи усулҳои педагогӣ ва механизмҳои иқтисодии фаъолиятро соҳиб мебошанд.

Мақсади ин мақола таҳлили фазои дар ин самт ба вуҷуд омада дар муассисаҳои нави таълимӣ ва ҷудо намудани моделҳои заминавии онҳо мебошад. Ба назари мо, танҳо баррасии моделҳои мавҷудаи муассисаҳои маърифатӣ, ки дар асоси истифодаи усулҳои фосилавии таълим ва технологияи иттилоотӣ фаъолият мебаранд, муҳим нест, балки дар оянда кадом шаклҳои нав мумкин ба вуҷуд меоянд, ва муайян намудани гуногуншаклии онҳо мебошад.

Дар марҳилаи аввалини таҳқиқот баррасии се омили танзимшаванда мақсаднок мебошад:

1. Технологӣ; 2. Педагогӣ; 3.Ташкилӣ.

Омили технологи ба он марбут аст, ки тавассути технологияи иттилоотӣ, ки барои коркард, дастрасӣ, дастгирии курсҳои таълимӣ ва дар маҷмўъ раванди таълим истифода бурда мешавад, муайян мегардад. Ҷавҳари омили дувум ба он вобаста аст, ки дар тавассути интихоби усул ва методҳои дар раванди таълим қабулшуда муайян карда мешавад.

Омили савуми ташкилӣ бо махсусияти сохтори ташкилии муассисаи маърифатии таҳсилоти фосилавӣ тавсиф мешавад.

Ҷараёни рушди низоми таҳсилот дар ҷаҳони муосир бо хусусиятҳои зерин қобили таваҷҷўҳ аст:

- афзоиши сатҳи умумии маълумотнокии аҳолӣ;

- болоравии талабот ба фарҳанг ва салоҳияти касбии шаҳрвандон;

- зарурати низоми таҳсилоти муттасил;

- зиёд шудани мўҳлати таҳсилоти миёнаи умумӣ

Вижагиҳои зинаи муосири рушди таҳсилоти миёнаи касбӣ чунин ба назар мерасанд:

- маълумот барои ҳама;

- барномаҳои гуногуни таълим бо назардошти сифати баланди омўзиш;

- эътибор гирифтани талаботи донишҷуёни алоҳида дар маҷмӯъ;

- рушди ҳадалимкони донишҷў новобаста аз мавқеи иқтисодию иҷтимоии хонавода, ҷинс,

миллат ва мансубияти динӣ;

- инкишофи низоми арзишҳо ва муносибатҳои ҷавобгў ба ҷомеаи гуногунмиллат;

- ташкили ҷараёни омўзише, ки ба рушди қобилиятҳои фардии ҳар як донишҷў нигаронида

шудааст ва ташаккули қобилиятҳои фардии онҳоро таъмин мекунад;

- мутобиқшавии ҷавонон ба шароити тағйирёбандаи иҷтимоӣ ва ҳаёти ҷомеа;

- таҳсилоти озод ва таъминкунандаи донишу иттилоот ба табақаҳои мухталифи иҷтимоӣ.

Таҳсилоти фосилавӣ ба мактаббача, донишҷў, мутахассиси соҳаи ҳарбӣ, бекорон дар тамоми навоҳии мамлакат ва хориҷ аз он ва дигар шаҳрвандон барои татбиқи амалии ҳуқуқҳои инсон ба маълумот ва дастрасӣ ба иттилоот имкони баробарро медиҳад. Маҳз, ҳамин низом метавонад талаботи ҷомеаро ба эътибор гирифта, татбиқи амалии ҳуқуқҳои конситутионии ҳар як шаҳрвандро қатъӣ ва ба таври воқеӣ барои маълумот таъмин намояд. Таҳсилоти фосилавӣ ба мантиқи рушди низоми маориф ва ҷомеа ба таври мақсаднок мувофиқат мекунад. Ин дар ҳолест, ки дар сархати амалкарди ин ҳадафҳо талаботи инсони алоҳида қарор мегирад.

Истилоҳи «таҳсилоти фосилавӣ» ҳанўз ба таври қатъӣ дар илми педагогика шарҳу тавзеҳи пурраи илмии худро пайдо накардааст. Мафҳумҳое ба монанди «маълумоти фосилавӣ», «таҳсилоти фосилавӣ», «таҳсилоти мобилӣ» мавҷуданд, ки ҳамин маъниро ифода мекунанд. Бархе аз муҳаққиқон, бо назардошти мақоми хосаи телекоммуникатсия дар ташкили таҳсилоти фосилавӣ онро ҳамчун таҳсилоти телекоммуникатсионӣ муқаррар намудаанд. Ба назари мо, дар робита ба тафсири истилоҳии ин мафҳум «таҳсилоти фосилавӣ» - ро истифода бурдан ба фоидаи кор аст.Таҳсилоти фосилавӣ дар намунаи омўзиши ғоибона дар оғози солҳои бистуми асри гузашта ба вуҷуд омада буд, ки афзалияти худро дар аксари кишварҳои муттараққӣ собит намудааст.Таҳсили гурўҳи зиёди донишҷўёнро дар шакли рўзонаи таҳсил гумон аст, ки буҷаҳо ҳатто дар кишварҳои пешқадам таҳаммул кунанд. Аз ин рў, тасодуф нест, ки дар даҳсолаи охир шумораи муҳассилини тавассути технологияи ғайрианъанавӣ нисбат ба донишҷўёни шўъбаи рўзона босуръат меафзояд. Тамоюли ҷаҳонии гузариш ба шакли ғайрианъанавии маълумот васеъ гардида, теъдоди донишгоҳҳою мактабҳои миёнаи махсус тавассути ин шакли таълим тайёр намудани мутахассисон пайваста меафзояд. Таҷрибаҳо тасдиқ намудаанд, ки сифат ва сохтори курсҳои таълимӣ баробар ба сифати таълим дар ҳолати таҳсилоти фосилавӣ ва ҳатто нисбатан беҳтар дар ҳолати шакли таълими анъанавӣ мебошад. Технологияи электронии нав, чун CD-ҳои интерекативӣ, тахтаҳои электронии эълонҳо, дискҳои мултимедӣ, ки тавассути шабакаи интернет бо кўмаки интерфейҳои Mosaic ва WWW метавонанд на танҳо ҷалби фаъоли хонандагонро ба раванди таълим таъмин намоянд, балки барои идоракунии ин раванд дар фарқ аз воситаҳои зиёди таълими анъанавӣ мусоидат мекунанд. Танзими овоз, ҳаракат, образ ва матн аз рўи имконият воситаҳои бойи ғайриоддиро, ки рушди онҳо зиёд шуда, дараҷаи ҷалби хонандагон ба таълимро таъмин мекунад, мусоидат менамояд.

Коршиносон чунин мешуморанд, ки таҳсилоти фосилавӣ нисбат ба таълими анъанавӣ 20-25% арзонтар аст (4,10). Ба ақидаи мутахассисони тахсилоти фосилавӣ, арзиши шабакаи таълимро мумкин аст, ки дар муқобили низоми анъанавӣ поинтар барад, ҳарчанд муаллим дар ҳолати додани дарс дар ҳар гуна нуқтаи курраи замин бошад; дар ин ҳолат таҷҳизоти компутерӣ талаб карда намешавад. Камхарҷӣ мумкин аст, ки аз ҳисоби дигар омилҳо низ ба вуҷуд ояд. Бо назардошти қабули Низоми таҳсилоти фосилавӣ шўъбаи таълим бар он бовар мекунад, ки ҳамаи хонандагон ҳамон як маводи таълимию методии навро истифода мекунанд. Гоҳо тавассути истифода аз шабакаи интернет нав кардани маводи дастури таълимӣ нисбатан осон аст. Назорат аз болои ин кор шавқовар аст, вале ба назар мерасад, ки ҳангоми таҳсил дар таҳсилоти фосилавӣ хонандагони сустхон берун мемонанд. Дар машваратҳои анъанавӣ сустхон будан аз имкон дур нест, аммо машваратҳои электронӣ сустхононро намеписандад.

Дар раванди таҳсилоти фосилавӣ мақсади фаъолияти устод низ тағйир меёбад:

- тарҳрезии ҳадафҳои ҷараёни таълим бо таваҷҷўҳ ба натиҷаҳо;- танзими ҷараёни азхудсозии маводи таълим;-омодасозии шароити мусоид барои ташкили инкишофи пешрави шогирдон; - ташкили фазои мувофиқи руҳӣ, ҳавасмандсозии ҳиссиёти мусбати шогирдон.

Дар ин радиф таuйир ёфтани ҳадафҳои шогирдон низ аз имкон дур нест:-ёд гирифтани малакаҳо, воситаҳо ва роҳҳои фаъолият ҳамчун ҷузъҳои таркибии салоҳиятҳои таълимӣ ва иҷтимоӣ; - истифодаи имкон фароҳамшудаи доираи инфиродии маълумот (суръат ва сатҳи азхудкунии маводи таълим).

Моделҳои ташкилӣ- методии таҳсилоти фосилавӣ

1. Таҳсил дар навъи экстернат. Таҳсиле, ки ба талаботи мактабӣ ё донишгоҳ мутобиқ карда шудааст, барои мактаббачагон ва донишҷўёне равона шудааст, ки бо ягон сабаб ба таври ҳузурӣ наметавонанд ба муассисаи таълимӣ ташриф оварданд. Ҳамин тавр,бо модели таҳсил дар навъи экстернат соли 1836 донишгоҳи Лондон таъсис ёфт, ки вазифаи асосии он дар он солҳо расонидани кўмак ва гузаронидани имтиҳонот барои гирифтани ин ё он аттестат, дараҷа ва амсоли ин барои хонандагон, донишҷўёне буд, ки ба муассисаҳои муқаррарии таълимӣ ташриф наовардаанд. Ин вазифа то имрўз баробар ба таҳсилоти ҳузурии донишҷўён ҳифз шудааст.

2. Таҳсил дар заминаи як донишгоҳ. Ин аллакай низоми мақсадноки омўзиш барои донишҷўёне мебошад, ки дар таҳсилоти рўзона ё ҳузурӣ (on-campus) , фосилаи муайян, ғоибона ё фосилавӣ қарор доранд яъне дар асоси технологияи нави иттилоотӣ, бо назардошти телекоммуникатсияи компутерӣ (off-campus) таҳсилот ҷараён мегирад. Чунин барномаҳо барои гирифтани аттестатҳои мухталифи маълумот дар бисёре аз донишгоҳҳои ҷаҳон кор карда баромада шудаанд.

3. Ҳамкории якчанд муассисаҳои таълимӣ. Чунин ҳамкорӣ дар тайёр намудани барномаҳои таҳсилоти ғоибонаи фосилавӣ барои нисбатан босифат ва касбӣ шудани онҳо ва камтар гардидани хароҷот низ мусоидат мекунанд. Ин нукта аз таҷрибаҳои озмудашуда бармеояд, масалан, дар коркарди барномаи байнидонишгоҳии маорифи телевизионии Кеприкон, донишгоҳҳои Аргентина, Боливия, Бразилия, Чили ва Парагвай ширкат варзидаанд. Дигар намуди чунин ҳамкориҳо метавонад барномаи «Иттиҳод ва маориф» бошад. Сарвари кишварҳои иттиҳоди британӣ соли 1987 бо ҳам вохўрда дар бораи ташкили шабакаи таҳсилоти фосилавӣ барои ҳама кишварҳои иттиҳод қарордод намуданд. Мақсади дурнамои барнома додани имконият ба ҳама шаҳрвандони кишварҳои иттиҳод, бидуни баромадан аз кишвар ва хонаи худ барои гирифтани ҳар гуна маълумот дар заминаи коллеҷ ва донишгоҳҳои дар ҳудуди ин мамлакатҳо амалкунанда мебошад.

4. Муассисаҳои худмухтори маърифатии махсус барои мақсадҳои таҳсилоти фосилавӣ таъсисёфта. Муассисаи аз ҳама бузург дар ин бахш Донишгоҳи Кушоди Лондон (The Open University) мебошад, ки дар заминаи он дар давоми се соли охир таҳсилоти фосилавӣ барои донишҷўён на танҳо аз Англия, балки бисёр аз кишварҳои иттиҳод ҷараён мегирад. Дар ИМА намунаи чунин донишгоҳ Донишгоҳи миллии технологӣ дар штати Колорадо мебошад, ки донишҷўёнро аз рўи тахассусҳои мухталифи муҳандисӣ ҳамроҳ бо 40 коллеҷи муҳандисӣ омода мекунад.

5. Низомҳои таълимии худмухтор. Таълим дар доираи низомҳои ҷорӣ тавассути телевизион ва барномаҳои родиёӣ, ҳамчунин воситаҳои иловагии матбуотӣ ба амал бароварда мешавад.

6. Таҳсилоти фосилавии мутобиқгардонишудаи ғайрирасмӣ, ки ба барномаҳои мултимедӣ асос ёфтааст. Чунин барномаҳо барои омўзиши аудиторияи калонсолон, ҳамон афроде, ки бо сабабҳои гуногун маълумоти мактабиро натавонистаанд ба поён баранд.

Моделҳои ташкилӣ- технологии таҳсилоти фосилавӣ

1. Медиёи ягона – истифодаи ягон намуди воситаи таълим ва шабакаи пешниҳоди иттилоот мебошад. Масалан, омўзиш ба воситаи рўйхатгирӣ, барномаҳои радио ва телевизионии таълимӣ. Дар ин модел воситаи аслии таълим, маводи чопӣ мебошад. Амалан комуникатсияи дуҷониба, ки ин модели таҳсилоти фосилавиро ба таҳсилоти анъанавии ғоибона наздик кунад, мавҷуд нест.

2. Мултимедиа – истифодаи воситаҳои мухталифи таълим: дастури таълимӣ дар шакли чопӣ, барномаҳои компутерии таъиноти таълимӣ дар шаклҳои мухталифи воситаҳои электронӣ, чун сабтҳои аудиёи ва видиёӣ ва ғайра. Гоҳо дар ин ҳолат интиқоли иттилоот ба як тараф сурат мегирад. Дар ҳолати зарурӣ унсурҳои таҳсилоти рўзона - вохўриҳои шахсии муҳассилон ва омўзгорон, гузаронидани машваратҳои ҷамъбастии таълимӣ ё машварат, қабули ҳузурии имтиҳон ва ғайра истифода бурда мешавад.

3. Гипермедиа – модели таҳсилоти фосилавии насли савум аст, ки бо истифодаи технологияи нави иттилоотӣ, ки дар телекоммуникатсияи компутерӣ ҷойи асосӣ дорад, сурат мегирад.

Шакли содда дар ин ҳолат почтаи электронӣ ё телеконфронс, ҳамчунин таълими аудиёӣ (бо назардошти телефон ва телефакс) мебошад. Ҳангоми рушди минбаъдаи ин модели таҳсилоти фосилавӣ истифодаи маҷмўи чунин воситаҳо, чун видео, телефакс ва телефон (барои гузаронидани видеоконфронсҳо) ва аудиографика ҳангоми истифодаи васеи яквақтаи видеодискҳо, воситаҳои гуногуни гиперӣ, низоми дониш ва зеҳнияти сунъӣ муҳим аст. Ҳамин тариқ, таҳсилоти фосилавӣ на танҳо дар доираи низомҳои миллии маориф, балки дар доираи ширкатҳои тиҷоратӣ бо назардошти афзалияти самтҳои онон дар мавриди тайёр намудани мутахассисони ба талаботи чаҳонӣ рушд карда, аз шакли анъанавии таҳсилот бо хусусиятҳои ҷамъбастӣ, пайдарпайӣ, гуногуншаклӣ, тафриқаи зина ба зина ва равиявӣ, минтақабандӣ, инфиродисозӣ ва тамоили таҷрибавию равиявӣ тафовут дорад. Хулоса чунин мешуморем, ки низоми маълумоти фосилавӣ (НМФ) дар Тоҷикистон зарур ва талаботи замон аст. Чунки дар ин ҳолат донишҷўёне, махсусан донишҷўдухтароне, ки рўзона таҳсил доранду бо ин ё он сабаб имконияти таҳсилоти ҳузуриро надоранд ва ихтисоси интихоб кардаашон шакли таҳсили ғоибонаро надорад, бидуни интиқол ба факултет ё донишгоҳҳои дигар таҳсилоташонро дар ихтисоси интихобкардаашон давом диҳанд.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба