Чаро асабӣ мешавем?
Воқеан, чаро мо асабӣ мешавем? Бахусус, солҳои охир аз забони аксар ва ҳатто кӯдакон мешунавем, ки мегӯянд: «Асабониям! Баланд гап назан, ки асабӣ мешавам! Асабҳоям хароб шудаанд ё чизе ба ин монанд.
Пас, асабоният чист? Табиист, ки аксаран вақте нафареро аз чизе хуш наояд, асабонӣ мешавад ва бад-ин васила нохушнудии худро иброз медорад. Эҳсоси норизогӣ дар вуҷудаш тавлид шуда, боиси хафагии атрофиёнаш мегардад. Бо василаи нишон додани асабонияти худ мехоҳад ҳарфаш пазируфта шавад.
Нишон додани асабонияти худ, бахусус ба сари кӯдакон (бояд иқрор шуд, ки аксаран бо бархӯрди мушкилот ғазаби худро ба сари кӯдакони хурдсол мерезанд) оқибати бад ба бор меорад. Ҳамон маҳрумиятҳо, аз нигоҳи равонӣ нотавон гаштан, озодона иброз накардани андешаҳо, ки ба ин ҳолат аксари кӯдакони мо (ҳатто калонсолон!) гирифторанд, натиҷаи ҳамон фурӯ рехтани асабонияти волидон ба фарзандон аст. Дар синни хурдсолӣ кӯдак ба хотири маҳрум нашудан аз муҳаббати падар ё модар ба ҳама дӯғу дарангашон сукут менамояд ва замоне бузург шуд, ҳисси хашму асабонияти худро ӯ низ ба сари ҳамсару фарзандонаш холӣ мекунад.
Боре дар кадоме аз шабакаҳои иҷтимоӣ сари ин мавзӯъ маводе хонда будам, ки ҳамин нуктаро то кунун фаромӯш накардаам: Решаи нафрат ё кинаварзӣ ин асабоният аст, ки дар вуҷуди инсон ба сурати доимӣ нуҳуфтааст. Яъне, асабонияти мо, калонсолон, ки гоҳо ба сари кӯдакон фурӯ мерезем, боиси кинатӯзӣ ё нафрати онҳо ба атрофиён ва ҳатто аҳли ҷомеа хоҳад буд.
Аз ин хотир, бо ақли солим тавонем, ки асабониятро дар ботини худ идора кунем. Чӣ тавр?
1. Онҳоеро ки боиси асабонияти шумо мешаванд, ё зуд асабонияташонро ошкор менамоянд, бишносед.
Асабонияти бархе он қадар зиёд аст, ки бо андак идора карда натавонистанашон боиси ҳамла шояд қарор гиред. Дар ин ҳолат худро канор гиред. «Таслим» шудан ин нишонаи заифии шумо нест.
2. Аз он ки асабонӣ мешавед, оромиро ихтиёр кунед.
Агар ҳадафи шумо тағйир додани рафтори дигарон
Ман ҳамин тез тез асабӣ мешам. Чӣ хел хашму ғазабро идора кардан мумкин аст? Чӣ бояд кунам?
Вақте ҳамсаратон бо ягон гап ё амалаш шуморо ба ғазаб меорад, шумо ҳаракат мекунед, ки худро ба даст гиред. Ӯ пай мебарад, ки шумо чун пештара бо ӯ муносибат накарда истодаед ва саволҳо додан мегирад. Ин бошад, вазъиятро бадтар мекунад. Пас, дар ин ҳолат чӣ тавр худро ба даст гирифта метавонед?
Шумо чӣ кор карда метавонед
Ғазабро идора накардан ба саломатӣ зарар меорад. Мувофиқи баъзе тадқиқотҳо идора накардани ғазаб фишори хунро баланд карда, метавонад ба бемориҳои дил, депрессия ва ҳазм накардани хӯрок оварда расонад. Ғайр аз ин, он сабаби бехобӣ, хавотирӣ, бемориҳои пӯст ва сактаи дил гардад. Беҳуда гуфта нашудааст: «Аз хашм даст бикаш... ки он фақат зиён меорад».
Ғазабро дар дил гирифта гаштан низ зарар дорад. Хашму ғазабро идора накардан ба касалие монанд буда метавонад, ки одамро дарунакӣ тамом мекунад. Масалан, шумо ба ҳама чиз бо шубҳа нигариста, нуқтаи назари айбҷӯёнаро дар худ инкишоф медиҳед. Як умр бо чунин шахс зиндагӣ кардан душвор аст, ва ин рӯҳия ба издивоҷатон зарари ҷиддӣ расонда метавонад. Шумо чӣ кор карда метавонед.
Ба хислатҳои хуби ҳамсаратон диққат диҳед. Се хислати ҳамсафари ҳаётатонро, ки қадр мекунед, нависед. Вақте ки ягон амали ӯ шуморо асабонӣ мекунад, ин хислатҳоро ба хотир оред. Ин ба шумо ёрдам мекунад, ки худро ба даст гиред.
Миннатдор будани худро нишон диҳед.
Бо омодагӣ бахшед. Дар аввал ба вазъият аз нуқтаи назари ҳамсаратон нигаред. Ин ба шумо ёрдам мекунад, ки ҳиссиёти ҳамсаратонро фаҳмед ё ҳамдард бошед.. Сипас аз худ пурсед: «Оё ин вазъият кироӣ ба ғазаб омадану набахшидан мебошад?»
Принсипе омада шудааст:«Аз хато чашм пӯшидан касро зеб медиҳад».
Ҳиссиётатонро меҳрубонона ва бо мулоимӣ фаҳмонед. Дар ин вақт ҷонишини «ман»-ро истифода баред. Масалан, ба ҷойи «Шумо ин қадар бепарво. Занг зада дар куҷо буданатонро гӯед намешавад» гуфтан, «Рӯз бевақт шуд ва ман хавотир шудам, ки бо шумо ягон чӣ рӯй надода бошад» гӯед. Агар шумо ҳиссиётатонро бо мулоимӣ фаҳмонед, ин ба шумо ёрдам мекунад, ки хашму ғазабатонро идора кунед.
«Бигзор суханони шумо ҳамеша форам... бошанд».
Боэҳтиромона гӯш кунед. Баъди баён кардани ҳиссиётатон гапи ҳамсаратонро набурида бодиққат гӯш кунед. Вақте ки ӯ гапашро тамом кард, барои боварӣ ҳосил кардан, ки гапашро дуруст фаҳмидед ё не, чизи фаҳмидаатонро бо гапҳои худатон гӯед. Барои идора кардани ғазаб бодиққат гӯш кардан хеле муҳим аст.
Агар худро ором нишон дода ғазабро дар дил гирифта гардем, ин душвориро ҳал намекунад ва мо як рӯз не як рӯз мекафем. Барои ҳамин беҳтараш дар бораи душвориатон боэҳтиромона гап занед. Вақте гапатонро тамом мекунед, ба ҳамсаратон гӯед: “Биё аз нав дӯст мешавем”.
Як ҳамсаре мегӯяд: «Ҳамсарам доимо маро гӯш мекунад ва ба хавотириҳоям ҷиддӣ муносибат мекунад. Ман инро хеле қадр мекунам. Ҳатто ӯ агар бо ман розӣ набошад ҳам, фикру ақидаи маро ба назар мегирад. Ӯ ҳеҷ гоҳ барои баён кардани ин ё он ҳиссиётам маро паст намезанад».
Пас, дар зиндагӣ бисёр пастиву баландиҳои душвор вуҷуд доранд. Дар навбати худ ҳаракат кунед, ки асабҳоятонро идора карда тавонед. Бо мулоимӣ ҷавоб диҳед. Кӯшишҳоятонро дида Худо баракаташро медиҳад.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё