ГУЛСАРА АВАЗОВА - СЕБ
Яке аз амалҳои савоб дар байни мардуми мусалмон ниҳол шинондан аст. Зеро аз ҳосили он парандаҳо, кўдакон ва мардуми зиёде истифода мекунанд. Илова бар ин, агар дарахт дар сари роҳ бошад, сояи он мусофирону роҳгузаронро аз нурҳои сўзони офтоб паноҳ мекунад. Ба ҳамин хотир, шахсе, ки ниҳол мешинонад, солҳои дароз сипос мешунаваду савоб мегирад.
Дар канори роҳ як дарахти себ қомат афрохта буд. Писараке дар сояи дарахти себ нишаст, то ин ки аз офтоби сўзон паноҳ барад. Дарахт шохашро афшонду як дона себ афканд.
Писар хурсанд шуд. Себро хўрд. Аҷаб ширину хуштаъм буд он!
– Раҳмат ба ту, дарахти меҳрубон! Ба некиат некӣ карданиам. Чӣ мехоҳӣ? – гуфт писарак.
– Ту хурсанд шудӣ, раҳмат гуфтӣ, ҳамин кифоя, – ҷавоб дод дарахт.
– Бо вуҷуди ин ба некиат ҷавоб додан мехоҳам.
– Ин тавр бошад, ба одаме, ки маро шинонду нигоҳубин кард, низ раҳмат бигў,– гуфт себ.
Ба одаме, ки туро шинонду нигоҳубин кард, ташаккур,– гуфт писарак.
Ин лаҳза дарахт боз як дона себ партофт.
Писарак ин себи шаҳдборро низ нўши ҷон кард ва гуфт:
– Раҳмат гуфтан кам аст, дарахти меҳрубон. Бигў, ки чӣ кор кунам, то аз хотири ту фаромўш нашавад?
– Ман ба ту чанд дона мева медиҳам. Себҳоро ба ҷўраҳоят бурда бидеҳ,– гуфт дарахт ва боз якчанд себ ба писарак афканд.
Писарак себҳоро ба ҷўраҳояш бурд. Бачаҳо себҳоро хўрда, ба писарак раҳмат гуфтанд.
– Ба шахсе, ки ин дарахтро шинонда нигоҳубин кардааст, низ ташаккур бигўед,– гуфт писарак.
– Магар ин дарахт аз шумо нест? – пурсиданд бачаҳо.
– Не, аз мо нест. Дарахти себ дар канори роҳ танҳо аст.
– Себаш бомаза будааст, – гуфт ҷўрааш.
– Мо ба ивази некии дарахт бояд амале кунем, ки дарахт ҳам аз мо миннатдор бошад.
– Ёфтам, – нидо кард нафаре.
– Чӣ ёфтӣ? – пурсид писарак.
– Ту гуфтӣ, ки ў танҳо аст.
– Бале.
– Мо тирамоҳ ё аввали баҳор дар паҳлуи вай ниҳолҳои дигар мешинонем, – ҷавоб дод ҷўрааш.
– Фикри хуб, – гуфт писарак.
Пас аз чанд сол аз ду ҷониби роҳ дарахтони зиёди мевадор қад афрохтанд. Касе намедонад, ки ин дарахтонро кӣ шинонда ва парвариш кардааст. Вале ҳама медонанд, ки дар сояи онҳо нишаста, меваашонро чашида, ба кӣ ташаккур гуфтан зарур аст.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё