ФУРУҒИ СУБҲИ ДОНОӢ...
“Китоб – чароғи дил, оинаи тан, муаллими накӯкор, бартарафкунандаи айбҳо, тоҷи сари фозилон, ҳамсафари хуб, дӯст дар хона, ҳамсӯҳбати беморон, маслиҳатгари ҳокимон, кони суханҳои марғуб, боғи пурсамар, майдони гулпӯш, калиди асрор, бартарафкунандаи торикӣ, бурҳони қотеъ, шореҳи нофаҳмиҳо, ҳомӣ аз касофат, нигаҳдорандаи бахт, офарандаи неъматҳост”.
Лука Пенна – маорифпарвари фаронсавӣ
Вориди махзани илму адаб гашта хостам, ки китоби лозимеро пайдо кунаму ба суолҳои зиёди хеш посух гирам. Даме дохили олами меҳр гардам... Ногоҳ аз шарфаи пой китоби даридаю зардшудае аз равоқе афтиду оҳи бадарде ба гӯшам расид! Онро аз замин гирифта чангашро пок карда бо эҳтиром бӯсидаю ба дидаҳо молида хостам боз оҳиста ба ҷояш гузорам, ки озоре наёбад. Ногоҳ хурӯше баровард: Ташаккур! Ман ҳамон ганҷӣ бузург, дӯсту ёри мӯнису мушвиқ, ақлу заковат ва таҷрибаи таърихиям, ки инсонҳои бохирад “Китоб” номам ниҳода! “Китоб” номам гузошта!
Ман ҳамон равзани нур ба қалбҳои бедору ба ҷонҳои ҷовидонам, ки донишмандону ҳакимон бузургтарин дороии худ – донишу биниши хешро бовар карда, танҳо ба ман додаанд! Дар ман ҳастии бузургон ҳувайдост!
Ман ҳамон хазинаи гуҳарборам, ки симу ганҷ ва дурдонаҳоям аз мулки Қоруну ганҷи Фиръавн ҳазорҳо маротиба афзалият доранд. Ман ҳамон пулам, ки гузаштаю имрӯзро бо оянда қавӣ мепайвандам!
Аз ҷадди бузургу расулони хирад пайғоме ба инсонҳо овардаам! Оре, ман ҳамон китобам, ки гаҳе маро “Авасто” – ю “Донишнома”, “Маснавии маънавӣ”, “Чаҳор мақола” – ю “Сафарнома” ва гоҳе “Калила ва Димна” – ю “Иқболнома” – ю “Шоҳнома” гуфтаанд.
Ман ҳамон пайке ҳастам, ки ба инсонҳо танҳо роҳи некӣ, дӯстии ҷовидониро раҳнамун шуда, ҳар шахси фарҳангпарварро ба кӯи мурод мерасонам. Манам “аниси куҷи танҳоӣ” – ю “фурӯғи субҳи доноӣ”, манам дили донишу донишвар ва ҷавшани равшанзамир!
Китобам!
Ҳар сатру нуктае, ки килк ба дасте замоне ба ман бо меҳр, бо дилгармӣ наққошӣ кардааст, ҳама бо муҳаббат, самимият ва бо дарки масъулият гузошта шудааст. Оне, ки ту сиёҳии қаламе мепиндорӣ, аз хунқатраҳо қалмбҳои оташини аҷдодон гирифтаву бо миҷгонҳо навишта шудаанд! Оне, ки чармӣ асту муқоваи китобаш медонӣ, ҳама аз пардаҳои дили бузургон бунёд ёфта!
Бале, ҳар сатр, ҳар саҳифаи китоб рӯзгори мозиро ба хотир меорад...
То замоне, ки инсоният килкро офаридаву китобро омода кард, розу ниёзи хешро то тавонист дар сангу пӯстлох ва сафолпораҳо нигошту бо ихтирои коғаз меҳнаташ осон гашту равнақ ёфт. Одамӣ ҳарчӣ аз таҷрибаю зиндагӣ ба даст овард, ҳамаро дар ин бозёфти хеш ҷой дод, ба ояндагон ба мерос гузошт, ки кори онҳоро осон намояд...
Расуле омаду китоби осмониро ба сифати дастуру раҳнамое ба одамон ҳадя карданд, ки “Авасто” – яш номиданд. Инсонҳо то тавонистанд пайрави шиори он: “Пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек” гашта, ин ҳама суханони волоро бо оби тилло зарандуд карда, дар хазинаи давлати хеш гузоштанд то тибқи фармудаҳояш амал кунад.
Оҳ! Нохост ноогоҳе, аҷнабие омаду он ҳама ганҷи бузургро ба коми оташ афканд. Пару болам сӯхта, ошёнамро канду бурд! Қаламбадастон асиру донишмандон зору лол!
Ман ҳамон китобам, ки ҳар муштзури биёбонгард омад маро пора – пора карду ҷисму ҷонамро ба азоб мувоҷеҳ сохт! Надонист, ки ман ҳамон фармудаҳои Суқроту Бӯалиям, ғазалҳои ноби Рӯдакию Саъдӣ, панду андарзҳои Унсурмаолии Кайковусу тафсирҳои Табарию ал – Бухорӣ ва фалсафаи Ғазолию Ҳофиз ва Балхиям! Дидаву дониста “Шоҳнома” – ю “Сиёсатнома” – ямро зери пойҳо фиканданд!
Душмани маккору ғаддор бо маҳви ман хост донишу ақли одамиро бирабояду онҳоро бесавод намуда, мисли чорпое гардонаду хеш шубонӣ кунад. Хост бо нобут кардани аҳли маънӣ ва адаб дар рӯзи равшан онҳоро нобиное кунаду хешро Офтобе муаррифӣ созад ва роҳи барояш мақбулро нишон диҳад: Роҳи ҷаҳолат, торикӣ, тарс ва ваҳм! “Гунди Шопур” – у “Махзан – ул – асрор” ва “Савонеҳ – ул – ҳикмат” – ҳоро харобу валангор карда, ният доштаанд, ки ҳар шахси бохабар аз хираду донишро пурра қир карда, ҷаҳони илму саводро ба ҷаҳанам табдил диҳанд.
Ман ҳамон китоб, раҳнамое будаму ҳастам, ки танҳо дар тинати мардум равшанӣ, меҳрро афрӯхтаам! Аммо дар ин радиф худ борҳо сӯхтаам, борҳо маро сӯхтаанд!
Китобам...
Тамоми дониш, сиру асрори одамиро бо он ҳама бузургию шаҳоматаш дар худ ҷой додаам!
Китобам...
Забони гӯёи забондонони гузаштаам! Чашми биною хиради ниёгонам!
Китобам...
Меболам даме, ки мебинам нафаре асрори дунёю маъниро аз ман меҷӯяд.
Мефахрам лаҳзае, ки мешунавам касе аз ман илҳом гирифтаю ҷаҳонро бо амали некаш рангин сохта!
Аммо...
Мутаассир аз он мегардам, ки гар нокасе ба ман рафтори ноҷое мекунад...
Мутаассуф аз он мешавам чун мушоҳида мекунам, ки нохалафе авроқи маро кандаю ба чор тараф пош медиҳад.
Намеандешад, ки ин ҳама бо чӣ қадар меҳнату машшақат навиштаю ҷамъоварӣ гашта...
Намедонад, ки бақои давлату пешрафти ҷомеа танҳо дар илму амаласт, ки ҷавҳари он дар Китоб сабт ёфта!
Китоб...
Онро мегираму ба ҷояш мехоҳам, ки гузорам... Худоё! Ин чӣ ҳолат аст... Наврасе наздам меояд ва бо меҳру илтиҷо: “Амакҷон, ман низ садои китобро шунидам, мехоҳам боз бештар аз маънии он воқиф шавам, илтимос онро ба ман диҳед...”
Ба хеш гуфтам: “Қавме, ки ба қадру қиммати китоб мерасад, ояндаи он равшану ба пешрафташ таҳкурсии мӯътамад гузошта шудааст”.
Таҳияи Шервони УМРИДДИН
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё