МАФҲУМИ ТИҶОРАТИ ЭЛЕКТРОНӢ
Рушди низомҳои иттилоотии компютерӣ ва технологияи телекоммуникатсионӣ замина гузоштанд, ки намуди нави фаъолияти иқтисодӣ – соҳибкории электронӣ рӯйи кор биёяд. Соҳибкории электронӣ гуфта фаъолияти кории дилхоҳро меноманд, ки бо истифодабарии имкониятҳои шабакаҳои иттилоотии саросарӣ, баҳри барқароркунии иртиботи дохилӣ ва берунӣ бо мақсади бадастовардани фоида ба роҳ монда мешавад.
Дар навбати худ тиҷорати электронӣ ҷузъи таркибии асосии соҳибкории электронӣ мебошад. Таҳти мафҳуми тиҷорати электронӣ (e-commerce) шаклҳои дилхоҳи харидуфурӯшро меноманд, ки муомилаи тарафҳо тариқи электронӣ ба амал омадааст ва дар натиҷаи он ҳуқуқи истифодабарии мол ё хизматрасониҳо аз як шахс ба шахси дигар мегузарад.
Соҳибкории электронӣ аз чор марҳалаи асосии баҳрабардорӣ иборат аст: маркетинг, истеҳсолот, савдо ва пардохт. Сатҳи тадбиқу истифодабарии технологияи иттилоотию иртиботӣ ва низомҳои иттилоотии худкор дар ин равандҳо ченаки электронӣ будани соҳибкориро ифода менамояд. Дараҷаи истифодабарии технологияи телекоммуникатсионӣ бошад, истифодаи шабакаи саросарии Интернетро ҳамчун афзори ташкили истеҳсолот савдо пардохт муҳити ягонаи иттилоотӣ дар соҳибкории электронӣ, муайян мекунад.
e-commerce –фаъолияти тиҷоратӣ тавассути баҳрабардории шабакаи саросарӣ.
Аслан кулли иттилоот баҳрабардории умум дар маҳзанҳои иттилоотии web-серверҳо нигоҳ дошта мешаванд. Web-серверҳо компютерҳое мебошанд, ки ба ташкилотҳои пешниҳодкунанда ва таъминкунандаи хизматрасониҳои шабакавӣ машғулбуда, мансубанд. Дастрасӣ ба иттилоот мувофиқи дархости муштарии шабака тавассути барномаи браузерӣ ба амал меояд. Пешбурди e-commerce дар Интернет дастрасии истеҳсолкунандагонро ба теъдоди аз ҳад зиёди истеъмолкунандагон ва гуногуншаклии талаботҳояшон таъмин менамояд. Инчунин ҳангоми тадбиқи тиҷорати электронӣ, муштариён имконият пайдо мекунанд, ки дар низоми худкори идоракунии корхона фикру дархостҳо, таклифҳояшонро нисбати беҳбудии мол ё сифати хизматрасониҳо ва тавсияҳоро ҷойгир намоянд. Категорияҳои тиҷорати электронӣ. Асоси тиҷорати электрониро ҳамчун қоида категорияҳои зерин ташкил мекунанд:
B2B, B2C, B2A, C2A, C2C ва ғайра.
Business-to-Business (B2B). Категорияи тиҷорати электронӣ аз рӯйи сохтори алоқамандии байни ширкатҳо тавассути усули “таъминкунандатаъминкунанда” амалӣ мешавад. Самти мазкур дар худ ҳамаи сатҳҳои алоқамандии байни ширкатҳоро дар бар мегирад ва савдои яклухти мол ва хизматрасониҳоро ифода менамояд. Дар ин маврид истифодабарии технология ва стандартҳои махсуси мубодилаи электронии додаҳо ба монанди EDI, имконпазир мегардад;
Business-to-Consumer (B2C). Асоси ин самтро савдои чаканаи электронӣ ташкил мекунад. Тиҷорати электронӣ аз рӯйи сохтори “таъминкунанда-истеъмолкунанда” дар Интернет рӯйи кор омадааст ва ҳамчун мағозаҳои электронӣ истифода мешаванд. Дар он ширкатҳои тиҷоратӣ мол ва хизматрасониҳояшонро ба истеъмолкунандагон тариқи шабакаи саросарӣ пешниҳод менамоянд.
business-to-administration (B2A). Категорияи тиҷорати электронии намуди В2А алоқамандии намуди “таъминкунанда-маъмурият”-ро ифода менамояд. Дар он муносибатҳои корӣ байни соҳибкорон ва сохторҳои ҳукуматӣ дида баромада мешаванд. Ин категория иртиботи кории сохторҳои тиҷоратиро бо ташкилотҳои давлатӣ аз ҳукумати маҳаллӣ сар карда то ташкилотҳои байналмилалиро фарогир аст. Танзими фаъолияти ҳуқуқии соҳибкорон, санадҳои гумрукӣ, андоз ва ғайра дар асоси ҳамин категория амалӣ мегарданд.
consumer-to-administration (C2A). Категорияи С2А сохторе мебошад, ки аз рӯйи усули намуди “истеъмолкунанда-маъмурият” амал мекунад. Ин самти нисбатан рушдкарда ба ҳисоб рафта, иқтидори баландро дар ташкили алоқамандкунии ҳамкориҳои сохторҳои давлатӣ бо истеъмолкунандагон, махсусан дар соҳаи иҷтимоӣ ва андозро доро мебошад.
consumer-to-consumer (C2C). Сохтори тиҷорати электронӣ аз рӯйи қонунияти намуди “истеъмолкунанда – истеъмолкунанда” амал мекунад. Ин сохтор ё қонуният дар асоси алоқамандии байниҳамдигарии истеъмолкунандагон бунёд шудааст. Дар шабакаи саросарӣ ба истеъмолкунандагон имконият дода мешавад, ки байни ҳам мубодилаи иттилоотии тиҷоратиро амалӣ намоянд. Дар тахтаҳо ва порталҳои электронӣ имконияти ҷойгир намудани эълону рекламаҳоро мусоидат менамояд. Инчунин истеъмолкунандагон бо истифода аз ин гуна низомҳо байни ҳам дар мавриди таҷрибаҳои харидорӣ намудани намудҳои молу хизматрасониҳо, интихоби тиҷорат тиҷорат истеъмолкунанда истеъмолкунанда ҳукумат ё маъмурият ширкатҳо ва бисёр дигар масъалаҳо тавсия, маслиҳатҳо ва изҳори андеша карда метавонанд.
Низомҳои аввалини тиҷорати электронӣ. Дар солҳои 1960ум аллакай дар ИМА низомҳои аввалини тиҷорати электронӣ пайдо шуда буданд. Сараввал низомҳои тиҷорати электронӣ танҳо тариқи шабакаҳои алоҳида роҳандозӣ гардида буданд, ки он ҳам дар асоси протоколи мубодилаи иттилоотии махсуси худӣ кор мекарданд ва амалан суръати ниҳоят пасти иттилоотгузарониро дошта буданд.
Баъдтар барои рушди тиҷорати электронӣ стандартҳои мубодилаи электронии додаҳо EDI (Electronic Data Interchange,) таъсис дода шуд, ки байни ташкилотҳо фаъолият босуботро ташкил карда метавонист. Амалан ин стандартҳо аз маҷмӯи қоидаҳои барасмиятдарории электронии санадҳои намунаҳои корӣ аз қабили фармоишот, хароҷотҳо, расмиятҳои гумрукиву андоз, шаклҳои суғуртавӣ, ҳисоботҳо ва ғайра иборат буданд.
Баъдан дар охири солҳои 1960-ум дар ИМА аллакай чор стандартҳои саноатии самти тиҷорати электронӣ барои мубодилаи додаҳо дар низомҳои идоракунӣ, авиатсия, нақлиётҳои роҳи оҳан ва автомобилӣ амалӣ шуда буданд.
Тахминан дар ҳамин солҳо ҳамин гуна ҳодисаҳо дар Англия низ рух доданд. Дар Англия маҷмӯи санадҳои таснифоти Tradacoms таҳия гардид ва аз тарафи комиссияи иқтисодии Аврупоӣ UNECE (United Nations Economic Commission for Europe,) ба сифати стандарти мубодилаи додаҳо дар тиҷорати байналмилалии ташкилотҳо қабул гардиданд ва ин маҷмӯи меъёрҳову протоколҳо номи GTDI (General-purpose Trade Data Interchange – мубодилаи додаҳои таъиноти умумии тиҷоратӣ)–ро гирифтанд.
Дар солҳои 1980-ум бошад корҳои муттаҳидсозии стандартҳои аврупоӣ ва америкоӣ оғоз гардиданд. Дар асоси GTDI ташкилоти байналмилалии стандарткунонии ISO (International Organization for Standardization) стандарти нави Electronic Data Interchange for Administration, Commerce and Transport (EDIFACT, ISO 9735)-ро таҳия кард, ки он ба сифати протоколи интиқоли почтаи электронӣ Х400 истифода мешуд. Ин стандарт ба рушди тиҷорати электронӣ ва ҷалби анбуҳи зиёди ширкатҳоро ба ин намуд тиҷорат замина гузошт. Солҳои 1996 тиҷорат тариқи Интернет дар ҳоли эҳё қарор дошта, бо воситаи транзаксияи2 EDI ба маблағи 300 миллиард доллар мол ва хизматрасониҳо савдо шуд ва дар соли 1999-ум бошад аллакай маблағи тиҷорат 1,1 треллион долларро ташкил мекард. Соли 2003-юм ин нишондиҳандаҳо ба 2,3 треллион доллар баробар шуда буд. Ҳоли ҳозир тиҷорати электронӣ дар баъзе аз давлатҳо то 45-50% харидуфурӯшро фаро мегирад. Хосияти асосии мусбии EDI, ба тамоми олам паҳн намудани тиҷорати электронӣ буда, барои ҳамаи амалиётҳои имконпазири тиҷоратӣ санадгузориҳои байни ширкатҳоро ба стандарти ягона даровардан мебошад.
Яке аз омилҳои бениҳоят муҳими EDI ин мувофиқати хуб ва ҳамоҳангсозии бехавф баҳисоб рафта, эътимоднокии он солҳои тулонӣ дар истифода қарор доштани он мебошад. Ба сифати камбудиҳои асосии EDI эродҳои зеринро қайд намудан мумкин аст:
зарурати такмили нармафзории (таъминоти барномавӣ) низомҳои иттилоотии ширкатҳо дар мувофиқат бо меъёрҳои EDI;
зарурати мувофиқати тарзҳои ташкил намудани бастаҳои (пакетҳои) EDI;
ҳаҷми зиёди транзаксияҳо.
Эродҳо ё норасогиҳои қайдкардашуда нишон медиҳанд, ки тадбиқи EDI ниҳоят раванди мураккаб буда, барои як қатор ширкатҳо ба яке аз чорабиниҳои гаронарзиш дохил мешавад. Бинобар ҳамин истифодабарии EDI танҳо барои ширкатҳои бузург дастрас мебошад.
Ҷалби Интернет дар е-commerce. Ҷалби Интернет дар тиҷорати электронӣ пеш аз ҳама ба нархи паст ва дастраси арзиши аслии иртиботи иттилоот вобастагӣ дорад. Лекин масъалаи асосӣ дар он аст, ки системаҳои EDI-ро барои кулли корбарони шабакаҳои саросарӣ дастрас намудан лозим аст. Бинобар ҳамин дар миёнаҳои солҳои 1990-ум боз як стандарти дигари – EDIFACT over Internet (Electronic Data Interchange For Administration, Commerce And Transport – мубодилаи электронии додаҳо дар соҳаи идоракунӣ, тиҷорат ва нақлиёт) таҳия гардид. Ин стандарт имконият медиҳад, ки транзаксияҳои EDI бо воситаи протоколҳои бехавфи почтаҳои электронӣ SMTP/S-MIME иртибот карда шаванд.
2 Транзаксия – аз англисӣ transaction гирифташуда харидуфурӯши электронӣ ё воҳиди алоқамандии шарикон мувофиқи мавқеъи додашударо ифода мекунад.
Новобаста аз талошҳои зиёд минбаъд ин стандарт мукаммал ва комил нагардид. Бинобар ин, кушиши ягонакунии қолабҳои санадҳои электронии HTML дар Интернете ва EDIFACT дар шабакаҳои ҳисоббарории саросарӣ (ШҲС) қатъ нагардиданд.
Камбудии калони HTML-ро дар маҳдудияти маҷмӯи тегҳои3 инъикоскунандаи иттилоотии махсус медонанд, масалан, ҷойгиркунии иттилооти чандрасонаӣ, формулаҳои риёзию химиявӣ ва ғайраро дар санадҳои HTML ба монеаҳо оварда мерасонад. Ба ивази HTML дигар забони нишонагузорӣ XML (Extensible Markup Language – забони мутобиқшавандаи нишонагузорӣ) пешниҳод гардид, ки бо ёрии он маҷмӯи калони объектҳои пойгоҳи додаҳоро тасвир кардан мумкин аст, ки онҳоро санадҳои XML меноманд. Ин забон ба сифати восита барои навишти грамматикаи дигар забонҳо ва назорати дурустии таҳияи санадҳо истифода мешавад. Яъне худ, ба худ XML ягон хел тег барои нишонагузорӣ надорад. Он танҳо тартиби сохтани тегҳоро муайян менамояд.
Дигар манзалати чашмраси забони XML ин имконияти истифодабарии он ба сифати забони универсалии дархостҳо дар пойгоҳи додаҳо мебошад.
Забони XML инчунин имконият медиҳад, ки назорати дурустӣ ва эътимоднокии додаҳои дар санадҳо ҷойгирбударо санҷида, ислоҳкунии сохтории ҷойгиршавии иттилоотро дар дохили санадҳо амалӣ намояд ва ба сохтори санадҳои гуногун стандарти ягонаро тадбиқ намояд, ки дар асл мазмуни ин санадҳо аз ҳамдигар фарқ доранд.
tag - тег, нишона, аломат; рамзи идоракунӣ. Дастурҳои забони HTML
Барои осонӣ ва соддагии равандҳои алоқаманди байни низомҳои иттилоотии корхонаҳо ва ҷалби ширкатҳои хурду калон ба олами тиҷорати электронӣ, стандарти XML/EDI эҷод шудааст, ки камбудиҳо ва норасоиҳои асосии стандарӣ EDI-ро бартараф менамояд. Ин камбудиҳои асосӣ аз мураккабии инъикоси додаҳои иттиҳодиявӣ аз пешниҳоди қолаби дохилии EDI иборат буданд. Ҳамаи ин кашфиётҳо ва коркардҳои стандартҳои нав ба арзоншавии арзиши аслии низомҳои тиҷорати электронӣ замина гузоштанд.
Рушд ва равнақи Интернет дар муддати ниҳоят кӯтоҳ ба пайдоиши шаклҳои сифатан нави тиҷорати электорнӣ мусоидат намудааст, ки дар онҳо технологияи EDI истифода намешаванд ё истифодабарии онҳо дуюмдараҷа гардидааст. Низомҳои тиҷорати электронӣ имконият медиҳанд, ки харидор ба истеъмолкунада муроҷиат накарда, вақти пурқимати худро ба гаштугузор, сайри мағозаҳо сарф накарда ҳамзамон дар бораи мол ва хизматрасониҳо иттилооти пурра дошта бошад.
Фурӯшанда бошад дар навбати худ раванди талабот ва таклифотро назорат намуда, фаъолияти харидоронро таҳлил менамояд. Фурӯшанда аз ҳисоби камии теъдоди кормандон ва иҷораи бино ва ғайра фоида ба даст меорад. Бинобар ҳамин ҳам дастрасии молу хизматрасониҳо тавассути тиҷорати электронӣ афзалиятҳои худро дорад.
Тиҷорати электронӣ технологияи ягона набуда, дар Интернет гуногуншакл мебошад. Тиҷорати электронӣ миқдори хеле зиёди амалиёти соҳибкориро муттаҳид намуда, аз ҷумла амалиёти зеринро дар бар мегирад:
мубодилаи иттилоот;
барқароркунии ҳамкориҳо;
дастгирии муштариён дар интихоби мол ва хизматрасониҳо;
фурӯши мол ва хизматрасониҳо;
пардохти электронӣ, ҳамчунин бо истифодабарии низомҳои электронии пардохт;
ба тамоми олам паҳнкунии мол ва хизматрасониҳо;
имконияти ташкил намудани корхонаҳои электронӣ;
амалисозии равандҳои соҳибкорӣ дар идоракунии муштараки ширкатҳо ва шарикони тиҷоратии онҳо.
Имкониятҳои тиҷорати электронӣ дар Интернет ҷузъҳои нави зеринро дар соҳибкории муосир ворид мекунад:
зиёдшавии рақобати солим;
саросаркунонии доираи фаъолият;
зиёд кардани теъдоди ҳамкориҳо;
кам кардани хатҳои паҳнкунии мол ва хизаматрасониҳо;
кам кардани хароҷотҳо.
Барои пурра тадбиқ намудани иқтидори тиҷорати электронӣ бояд, якчанд масъалаҳои калидӣ ҳалли худро ёбанд:
саросаркунонӣ;
масъалаҳои шартномавӣ ва молиявӣ;
ҳуқуқӣ моликият;
амнияти иттилоотӣ ва ҳифзи системаҳо;
ҳамоҳангии низомҳои иттилоотӣ.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё