САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ САРВАТҲОИ ТАБИӢ ДАР НОҲИЯИ ИҚТИСОДИИ ҲИСОР
Ибодов Ш.М.
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ
Сарватҳои табиӣ воситаи зисти инсоният буда, инсон онро аз табиат мегирад. Бе сарватҳои табиӣ фаъолияти истеҳсолиро ба роҳ мондан ғайриимкон аст. Сарватҳои табиии аҳолиро бо маҳсулотҳои истеъмолӣ таъмин намуда, омили муҳими рушд ва ҷобаҷогузори истеҳсолот ба ҳисоб меравад.
Ноҳияи иқтисодии Ҳисор дорои захираи кифояи ҳарорати гармӣ ва боришоте, ки барои рушди кишоварзӣ лозиманд мебошад. Дар баландии то 3000 м аз сатҳи баҳр кишти ғалладонагиҳо, то 2500 м зардолу ва то 2000 м ангур ҳосили дилхоҳ медиҳад. Ҳарорате, ки дар баландии гуногуни ноҳияи иқтисодии Ҳисор ба қайд гирифта шудааст барои парвариши картошка, карам, бодиринг, помидор, анҷибар ва зағир низ мусоид мебошад.
Ноҳияи иқтисодии Ҳисор аз сарватҳои заминӣ низ бой мебошад. Солҳои охир майдони заминҳои кишоварзӣ дар ноҳия кам шуда истодааст. Майдони заминҳои кишоварзии ноҳияи иқтисодии Ҳисор 1063 ҳазор га буда, 75,7% онро чарогоҳҳо ташкил медиҳанд.
Мавҷудияти захираи зиёди обу замин имкон медиҳад, ки дар ноҳия соҳаҳои растанипарварӣ рушд дода шавад. Ноҳияи иқтисодии Ҳисор шароити мусоиди агроиқлимӣ барои рушди боғдорӣ, токпарварӣ, сабзавоткорӣ ва парвариши растаниҳои полезиро доро мебошад. Зимистони кӯтоҳи мулоими ноҳия барои кишти картошкаи барвақтӣ ва дар чарогоҳҳои табиӣ парвариш намудани чорво низ мусоидат мекунад. Солҳои охир майдони заминҳои давлатӣ кам шуда, майдони заминҳои шахсӣ зиёд гардида истодааст.
Ноҳияи иқтисодии Ҳисор аз сарватҳои обӣ низ бой мебошад. Дарёҳои асосии минтақа Кофарниҳон, Варзоб ва дигарҳо ташкил медиҳанд. Захираи умумии оби ин дарёҳо 5400 млн м 3 буда, ба 15% захираи обии мамлакат баробар аст. Сарватҳои обии рӯизаминии ноҳия 7000 млн м 3 мебошад. Дар вақти камобӣ таъминот бо об 95% ташкил медиҳад. Сарватҳои обӣ дар ҳар 1 км 2 ҳудуди ноҳия 588 ҳазор м 3–ро ташкил намуда, ба ҳар сари аҳолӣ 5,5 ҳазор м 3–ро ташкил медиҳад.
Дар давраи камобӣ норасогии об дар обёри намудани заминҳои обӣ ба чашм мерасад. Дар умум водӣ аз сарватҳои обӣ пурра таъмин буда, ҳаҷми об аз истеъмол се маротиба зиёд аст. Дар дурнамо бинобар сабаби зиёд шудани талаботи аҳолӣ ва корхонаҳои саноативу кишоварзӣ ба об бояд фаъолияти хоҷагиҳои обро дигар намуд. Дар 10 солаи наздик талаботи хоҷагиҳои камуналиву маишӣ ба об то 75% ва талаботи саноату кишоварзӣ то ба 20% меафзояд. Зиёд шудани талабот ба об боиси боз ҳам ифлостар гардидани манбаҳои обӣ дар ноҳия мегардад.
Баробари ҳалли проблемаи таъмини талаботи соҳаҳои хоҷагии халқ бо об инчун ба масъалаи истифодаи оқилонаи сарватҳои обӣ ва муҳофизати об диқкати ҷиддӣ дод. Пеш аз ҳамма бояд системаҳои обёриро таъмиру таҷдид намуда, ҳаммаи талаботҳои ҷойгиркунонии қувваҳои истеҳсолкунандаро риоя намуд.
Дар истеҳсолот бояд бештар обҳои зеризаминиро истифода намуда, пеш аз партофтани обҳое, ки истифода шудаанд сараввал бояд онҳоро тоза намуд. Яке аз ифлоскунандагони сарватҳои обӣ ин истироҳатгоҳҳо ва минтақаҳои туристӣ ба ҳисоб мераванд. Дар минтақаҳои истироҳатии Варзоб ва Ромит ба масъалаи тоза нигоҳ доштани об диққати ҷиддӣ дода намешавад. Дар ин минтақаҳо назоратро аз болои тоза нигоҳ доштани об бояд диққати ҷиддӣ дод.
Яке аз проблемаҳои дигари оби минтақа ин кам кардани таъсири сел ба хоҷагии халқ мебошад. Ин проблемаро бо роҳи шинондани дарахтон, соҳилмустаҳкамкунӣ ва сохтмони каналҳои обпартов ҳал намудан мумкин аст.
Яке аз роҳҳои дигари ҳалли проблемаҳои ҳифз ва истифодаи оқилонаи сарватҳои обӣ ин амали намудани як зумра чорабиниҳои комплексии иқтисодӣ, юридикӣ ва дигар навъи чорабиниҳо мебошад.
Захираи гидроэнергетикии дарёҳои ноҳияи иқтисодии Ҳисор 3362 ҳазор кВт/с баробар буда, 10,4% захираи гидроэнергетикии мамлакатро ташкил медиҳад. Дар ноҳияи иқтисодии Ҳисор ҳамагӣ 0,8% захираҳои гидроэнергетикӣ аз худ карда шудаасту халос. НБО-и калонтарин асосан дар дарёи Варзоб сохта шудааст. Дар дурнамо дар дарёи Кофарниҳон ва Варзоб даҳҳо НБО-хурдро сохтан мумкин аст. Истеҳсоли нерӯи барқ дар ноҳия иқтисодии Ҳисор солҳои 1975-2014 шаш маротиба афзуд. Истеъмолкунандаи асосии нерӯи барқ дар ноҳия саноат буда, он 80% нерӯи барқро истеъмол мекунад. Дар дурнамо талабот ба нерӯи барқ меафзояд аз ин лиҳоз бояд ҳарчи зуддат захираи гидроэнергетикии ноҳия бояд аз худ карда шаванд.
Дар қаламрави Тоҷикистон дорои сарватҳои гуногун табиӣ буда‚ яку аз муҳимтарини онҳо сарватҳои зеризаминӣ мебошад. Аз ин лиҳоз пеш аз ҷобаҷогузории истеҳсолот моро лозим аст, ки сарватҳои табиии минтақаро тадқиқ намоем. Ноҳияи иқтисодии Ҳисор аз канданиҳои фоиданок низ бой аст. Дар ҳудуди ноҳия канданиҳои фоиданоки нефт, гази табиӣ, ангишт, волфрам, симоб, сурма, сангҳои ороиши, гил барои истеҳсоли хишт, оҳаксанг барои истеҳсоли оҳак, фосфорит, доламит, ашёи хом барои симент, масолеҳи регу шағал, регҳо, флюорит, гили оташбардор, мармар, булур (квартс), гач, Қурғошим (сурб), руҳ, гармчашмаҳо, чашмаҳои обии маъдани, оҳаксанг барои саноати химия, масолеҳи сохтмонӣ ёфт шудаанд. Дар умум зиёда аз 54 кони канданиҳои фоиданок мавҷуд буда, дар базаи конҳои азхуд карда нашуда, сохтмони корхонаҳои саноатӣ ба мақсад мувофиқ аст. Дар қисмати ҷанубии қаторкуҳи Ҳисор дар майли – су. (оби сабук) нефтро ҳамчун борои табобати чашм, миёндард истифода мекарданд. Дар минтақа конҳои нефту гази Шоҳамбарӣ, Комсомол, Андигон, Сариқамиш ва ғайра мавҷуд аст. Истихроҷи нефту газ маҳз дар ин минтақа ба роҳ монда шудааст. Дар минтақа ширкати “Газпром”-и Федератсияи Россия ба кофтукови нефт ва газ машғул аст. Талаботи ба нефт ва газ доштаи ноҳия бо воситаи аз хориҷ ворид намудани ин навъи сӯзишворӣ қонеъ карда мешавад.
Ноҳияи иқтисодии Ҳисор аз захираи ангишт низ бой буда, конҳои калонтаринаш Зиддӣ, Сайёд-1 ва Сайёд-2 ба ҳисоб меравад. Дар ҳудуди каторкуҳи Хисор кони Зидди дар саргаҳи дарёи Варзоб ҷойгир шудааст. Дар он кон 4 қабат ангишт, ки ғафсиаш аз 0,5 то 8 метр мебошад. Кони ангишти Зиддӣ, ки дар ноҳияи маъмуриву сиёсии Варзоб ҷойгир буда, яке аз конҳои калонтарини ноҳияи иқтисодии Ҳисор ба ҳисоб меравад. Ин кон 46 млн тонна захира дошта, 21 млн тоннаи он аҳамияти саноати дорад. Кони ангишти Зиддӣ ба маркаи ГЖ таалуқ дошта, хусусияти гармиҷудокуниаш ба 6707-7969 ккал/кг баробар аст. Ҳокистарнокии ангишти кони Зиддӣ ба 33,7% баробар аст. Дар базаи кони ангишти Зидди сохтмони як карере, ки зиёда аз 200 000 тонна ангиш дар як сол баробар аст ба мақсад мувофиқ мебошад. Ҳоло истихроҷи кони ангишт дар ҳаммаи конҳои ангишти ноҳия хуб ба роҳ монда шудааст. Конҳои Сайёд-1 ва Сайёд-2 дар қисмати Ромит мавҷудаст захираи калон надоранд, вале дар шароити буҳронӣ, энергетикӣ истифодаи онҳо зарур аст.
Ноҳияи иқтисодии Ҳисор аз гилҳои оташтобовар низ бой буда, ин навъи гилҳо дар ноҳияҳои Турсунзода (Ташқунат) дар Варзоб бо ангишт якҷоя дар кони ангишти Зиддӣ вомехӯранд. Захираи ин конҳо ба даҳҳо ҳазор тона мерасад.
Шпати саҳроӣ (флюорит), конҳои флюорит дар ноҳияи иқтисодии Ҳисор дар ҷанубии қаторкуҳи Ҳисор мавҷудаст бо номҳои Такоб, Кондара, Биғар,Тепаҳои Сурх, Мағов ёфт карда шудааст. Асосан дар Такоби ноҳияи сиёсии маъмуриву Варзоб мавҷуд буда, захираи умумии аҳамияти саноати доштаи ин кон 947 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Дар ин минтақа конҳои калонтарини шпати саҳроӣ Тепаҳои Сурх (92 ҳазор тонна захира дорад) ва Биғар (71 ҳазор тонна захира дорад) мебошад. Дар ноҳияи Варзоб комбинати гудозиши шпати Такоб амал мекунад. Дар дурнамо истеҳсоли шпати саҳроиро дар ин минтақа бо роҳи ҷалби конҳои азхуднакардашуда то ба 100 000 тонна дар як сол расонидан мумкин аст. Захираи мавҷудаи шпат барои 10 сол кифоя асту халос.
Қурғошим (сурб) ва руҳ одатан аз конҳои полиметаллҳо дастрас мекунанд. Қурғошим асосан барои истеҳсоли акумулятор типография дар тиб барои асбобҳои ренгени ва барои таёр намудани кабелҳои гуногун истифода бурда мешавад. Ноҳия аз захираи қурғошим ва руҳ дар байни дигар ноҳияҳои иқтисодии Тоҷикистон ҷойи намоёнро ишғол мекунад. Қисми зиёди қурғошим ва руҳро аз дохили конҳои полиметали қурғошиму флюаритдор гирифта мешавад. Халқи тоҷик дар асрҳои миёна коркарди қурғошим руҳ ва нуқраро ба роҳ монда буданд ва ашёҳои гуногун барои рузғор месохтанд.
Дар қисми ҷанубии қаторкуҳи Ҳисор конҳои такоб, кондара, сафеддорак, деҳималик ва дигаронан воқеъ гардидаанд. Ин конҳо дар давраи мезазою кайнозой пайдо гардидааст ва аҳамияти саноатӣ доранд.
Волфрам яке аз филиззоти муҳимми саноати металлургия буда, барои истеҳсоли пӯлоди аълосифат ба кор бурда мешавад. Дар таркиби вольфрам қариб 15 минерал вомехӯрад. Муҳимтарини онҳо вольфрамит ва шеелит мебошанд. Конҳои маъдани вольфрами дар қаторкӯҳҳои Ҳисор-конҳои Майхӯра, Кабутӣ, Такфон, Сармад ҷойгир шудаанд.
Бештари конҳо дар ҷойҳои баҳамрасии гранодиоритҳои палеозой боло бо оҳаксангҳо ба вуҷуд омада, бо скарнҳо алоқаманданд. Баъзе конҳои маъдани вольфрами ноҳияи иқтисодии Ҳисор бо хусусияти пайдоиши худ аз бисьёр конҳои мамлакатҳои дигар фарҳ мекунанд. Дар конҳои ноҳия аз минералҳои вольфрамдор шеелит (CaW 04) ва волф- рамит (Ғе, Mn)W 04 дучор мешаванд. Таркиби маъдани бештари конҳо мураккаб мебошад. Дар кони Майхӯра (ҳавзаи дарьёи Варзоб) бошад, касситерит дар скарнҳои шел- литдорӣ ва грейзен табдил шуда дучор мешаванд.
Кони калонтарини маъдани волфрами ноҳияи иқтисодии Ҳисор Майхура ба ҳисоб меравад. Кони волфрамдори Майхураро солҳои 1941-1966 истихроҷ ва коркард намуда буданд. Соли 1966 бинобар сабаби ба охир расидани захираи саноатиаш истихроҷи волфрамро дар ин кон мавқуф гузоштанд. Солҳои минбаъда дар ин минтақа корҳои геологӣ аз нав гузаронида мешавад. Баъди гузаронидани корҳои геологӣ маълум мегардад, ки ин кон дорои захираи зиёди волфрам мебошад. Ин кон ғайр аз волфрам инчунин дорои маъдани руҳ, мис, висмут, кадмий ва индий низ мебошад. Дар базаи ин кон сохтмони корхонае бо иқтидори 150 000 тонна маъдан/сол мумкин аст.
Ноҳияи иқтисодии Ҳисор аз канданиҳои фоиданоки гил, гилхок, оҳаксанг, гипс ва ғайра низ бой мебошад. Дар ноҳия 32 кони масолеҳи сохтмонӣ мавҷуд буда, аз онҳо 6-тояш кони сангҳои сохтмонӣ, 5-тояш гил ва гилхок, 4-тояш гипс ва 5-тояш оҳаксанг мебошад. Ҳоло 4 кони гил ва гилхок, 5-кони оҳаксанг ва 1 кони санги сохтмонӣ аз худ карда шудааст.Азбест дар ниҳия дар байни ҷинсҳои кӯҳии полеазой дар водии дарёи Вархоб (Харангон) кашф карда шудааст.
Ноҳияи иқтисодии Ҳисор аз захираи оҳаксанг ва доломит, ки ашёи хоми саноати химия мебошад бой аст. Кони калонтарин ва ягонаи доломити ноҳия кони Рӯдакӣ (Чинор) ба ҳисоб меравад. Ин кон дар масофаи 16-25 км дуртар аз шаҳри Душанбе дар баландиҳои 1200 м аз сатҳи баҳр воқе гаштааст. Захираи умумии ин конро ба 100 милон тонна баҳо додаанд.
Ин кон пайдоиши неогени дорад. Доломитро барои истеҳсоли содда, магнияи металӣ ва ғайра истифода бурдан мумкин аст. Захираи доломит дар ин кон ба 31 млн тонна баробар аст. Кон ба категорияи эҳтиётӣ дохил мешавад. Кони дигари доломит ин кони доломити Қаратоғ мебошад, ин кон дар масофаи 50 км дуртар аз шаҳри Душанбе вақе гардидааст. Захираи ин кон 80 миллон тонна мебошад, ки дар таркиби ин кон зиёда аз 20% магни мавҷудаст.
Дар соҳили рости дарёи Такоб кони кварсдори Такоб ва деҳоималик мавҷуд аст. Дар ин кон ғафсии қабати квасдор то ба 300 м мерасад. Кварси сафед барои истеҳсоли шиша истифода бурда мешавад. Захираи кварси категорияҳои А+В зиёда аз 218 000 тоннаро ташкил медиҳад.
Дар наздикии кони кварси Такоб конҳои гранит ҷойгир шудаанд. Захираи конҳои гранити категорияҳои А+В+С зиёда аз 53965 ҳазортоннаро ташкил медиҳад. Конҳои булури кӯҳири дар Варзоб татқиқ шудааст. Канҳои фосфорит асосан дар қаламрави қаторкуҳи Ҳисор (Зиддӣ) ҷойгир шудаанд. Кони зиддӣ дар назди деҳаи Зиддӣ дар самти шимоли он воқеъ гардидааст. Он аз 8-қабати фосфордиҳанда иборат буда ғафсии ҳар қабат 1-метр ва аз ин зиёдтарро ташкил медиҳад.захирааш 2 млн. тонна буда ,дар таркибаш оксиди фосфор ба ҳисби миёна 8,2%- ро ташкил менамояд.
Қаламрави ноҳия вобаста ба сохти геологи аз сангҳои қиматбаҳо ва ашёи зебузинатию ороишӣ низ бой мебошад. Дар замонҳои шоҳигарии Бухоро аз мавзеи дараи – Абду баландтар аз Қаратоғхалқи маҳали лаъл ва дигар сангҳои қиматбаҳо ёфт мешуд, ки онҳоро ба Қаратоғ ва аз онҷо ба Бухоро интиқол медоданд. Мевзеи ин конҳо дар қисмати ҷанубии Ҳисор кашф шудааст ва ин марказҳо умедбахш мебошанд. Дар қаламрави наҳия конҳои оҳаканги сохтумонӣ дар Қаратағ, Ширкент ёфт шудааст. Гипс ( гач) дар атрофи шаҳри Душанбе 5-кон воқе гардидааст. Инчунин дар водии дарёи Варзоб (сиома) конҳои оҳаксанги ба мармар табдилгардида воқеъ гардидаанд.
Ноҳияи иқтисодии Ҳисор аз обҳои минералӣ низ бой аст. Дар ҳудуди ноҳия 8-чашмаҳои минералӣ ёфт шудаанд, ки дар базаи баъзеи онҳо осоишгоҳҳо сохта шудаанд. Чашмаҳои минералии ноҳия ин Оби-Гарм, Хоҷа-Оби-Гарм, Явроз, Шоҳамбарӣ, Зайрон, Оби шифо, Шоҳамбарии Нав ва Комсомол ба ҳисоб меравад. Ҳануз солҳои 1002 мутафакири бузурги Тоҷик Абӯалӣ ибни Сино дар рисолаи «Даъфул мазор.......» обҳои маъданиро ба гуруҳҳои ботлоқӣ, кибритӣ навшодирӣ, мисӣ ҷудо намуда иброз кардааст, ки ин навъи обҳо барои табобати бемориҳо кумак мерасонанд. Ӯ қайд кардааст, ки обҳое, ки дар таркибаш оҳан дорад ҳатман барои муолиҷа беҳтараст.
Баъд аз тавсифи иқтисодӣ-географии сарватҳои табииӣ ноҳияи иқтисодии Ҳисор ба хулосаи зерин омадан мумкин аст:
ноҳияи иқтисодии Ҳисор дорои сарватҳои гуногуни табиӣ буда, азхудкунии онҳо барои рушд ва ҷобаҷогузории соҳаҳои туризм, хоҷагии қишлоқ ва саноат мусоидат мекунад;
шароит ва сарватҳои табииӣ ноҳияи иқтисодии Ҳисор ба дараҷаи махсусгардонии соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ низ таъсир мерасонад.
Дар ноҳияи иқтисодии Ҳисор бештар он соҳаҳое рушд ёфтаанд, ки ба коркарди маҳсулотҳои кишоварзӣ, канданиҳои фоиданок пешбини шудаанд ва ба омилҳои табиӣ бештар алоқаманд мебошанд;
Сарватҳои оби бахусус обҳои менерали барои табобат туризм ва боз сохтани якчанд осоишгоҳҳои замонави барои пешрафти ноҳияи иқтисодии Ҳисор мусоидат мекунад.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё