Зеҳн

НАҚДИ ҚАСИДАҲОИ ҶАВОБИЯ ДАР РИСОЛАИ «ДОДИ СУХАН»-И СИРОҶИДДИН АЛИХОНИ ОРЗУ

АХ
Ахбор10 ноябри 2024 · 14 дақиқа хондан

Рисолаи “Доди сухан”-и Сироҷиддин Алихони Орзу ба адабиёти форсизабони Ҳинд тааллуқ дошта, яке аз асарҳо ва сарчашмаҳои муҳимтарини нақди адабӣ ба шумор меравад. Дар рисола таҳлил ва баррасии қасидаҳои ҷавобияи шоирони ҳамасри суханвар, аз ҷумла Мунири Лоҳурӣ, Мулло Шайдо ва Муҳаммадхони Қудсӣ ҷойгоҳи хосаро касб кардааст. Дар ин рисола Орзу ҳамчунин дидгоҳҳои адабии хешро баён намуда, истилоҳҳои адабии “шеърфаҳмӣ” ва “шеършиносӣ” - ро шарҳ додааст. Чор намуди идрок ва фаҳмиши шеър ба риштаи таҳлил кашида шудааст: 1. Фаҳмидан ба тариқи мазоқи омма; 2. Фаҳмидан ба тариқи муллоён; 3. Идроки арбоби бадеиён; 4. Фаҳми сухан мувофиқи мазоқи шуаро. Алихони Орзу зимни таҳлили қасидаҳои ҷавобӣ оид ба услуби шеърӣ, бахусус, тарзи корбурди вожаҳо ва махсусан вожасозӣ мулоҳизаҳои танқидӣ баён кардааст.

Рисолаи “Доди сухан”-и Сироҷиддин Алихони Орзу яке аз сарчашмаҳои муҳимтарини нақди адабӣ дар шибҳи қораи Ҳинд ба шумор меравад, ки аз ҷиҳати баррасӣ ва фарогирии аҳаммияти қасидаҳои ҷавобияи шоирони адабиёти форсизабони Ҳинд, аз ҷумла Мунири Лоҳурӣ, Мулло Шайдо ва Муҳаммадхони Қудсӣ ҷойгоҳи хоса дорад.

Қабл аз он ки ба баррасии масъалаи мазкур пардохта шавад, боназардошти ин ки дар доираи адабии Тоҷикистон муаллифони қасидаҳои мазкур, аз ҷумла Мунири Лоҳурӣ, Мулло Шайдо ва Муҳаммадхони Қудсӣ ношинохта боқӣ мондаанд, доир ба онҳо мухтасар маълумот манзур карда мешавад.

Мунири Лоҳурӣ аз шоирон ва суханварони ҳамасри Сироҷиддин Алихони Орзу буда, ба ашъори суханварони маъруфи сабки ҳиндӣ, ба монанди Урфии Шерозӣ, Толиби Омулӣ, Зулолии Хонсорӣ ва Зуҳурии Туршезӣ эродҳоеро вазъ намуда, рисолаи “Корнома”-ро таълиф сохтааст. Баъдан Сироҷиддин Алихони Орзу дар ҷавоби рисолаи “Корнома”-и Мунири Лоҳурӣ китоби “Сироҷи мунир”-ро ба қалам овардааст. Чун дар рисолаи “Доди сухан” номи Мунири Лоҳурӣ дида мешавад, дар марҳилаи аввал ба назар мерасад, ки дар ин китоб Сироҷиддин Алихони Орзу бо Мунири Лоҳурӣ дар шаклу шеваи дигар баҳси хешро идомат бахшидааст, аммо умқи масоили баррасишаванда нишон медиҳад, ки масъала мутафовиттар аст. Сироҷиддин Алихони Орзу дар рисолаи “Доди сухан” ба ҷуз як ишора дигар тамоман доир ба баҳси байни худ ва Мунири Лоҳурӣ чизе зикр накардааст. Аз ин ҷиҳат, назароти Сироҷиддин Алихони Орзу дар кул ба арзёбии арзишҳои қасидаҳои ҷавобии Мунири Лоҳурӣ, Мулло Шайдо ва Муҳаммадхони Қудсӣ равона гардида, дидгоҳҳои ӯ нисбат ба мулоҳизоти қаблӣ дигаргунатар ба миён омадаанд.

Мулло Шайдо низ шоири маъруфи ҳамасри Сироҷиддин Алихони Орзу буда, доир ба ӯ дар тазкираҳои ин давра ба монанди “Тазкираи Насрободӣ”-и Тоҳири Насрободӣ ва “Сафинаи Хушгӯ (дафтари солис)”-и Биндронад Доси Хушгӯ зикри номи ӯ рафтааст.

Муҳаммадхони Қудсӣ низ аз шоироне ба шумор меравад, ки дар канори суханварони ёдшуда дар ин давра маъруфият доштааст.

Бояд қайд кард, ки доир ба китоби мазкур дар байни муҳаққиқони дохиливу хориҷии кишвар нахустин маротиба донишманди эронӣ Муҳаммад Акрамшоҳ баҳои сазовор дода, ба нашри чопии ин асар ҳамчун мураттиб як муқаддимаи муфассал низ навиштааст. Ҳамчунин донишманди дигари эронӣ Маҳмуди Футӯҳӣ дар китоби “Нақди хаёл (Баррасии дидгоҳҳои нақди адабӣ дар сабки ҳиндӣ)” андак муфассалтар ин асарро таҳлилу баррасӣ намудааст.

Дар Тоҷикистон бошад, айни ҳол доир ба Сироҷиддин Алихони Орзу ва мероси адабии ӯ ба ҷуз чанд мақола тадқиқоти алоҳида сурат нагирифтааст.

Рисолаи “Доди сухан”-и Сироҷиддин Алихони Орзу яке аз сарчашмаҳои муҳимтарини нақди адабӣ ба шумор меравад, ки дар он андешаҳои Сироҷиддин Алихони Орзу ҳамчун мунаққид ва муҳаққиқи маъруф доир ба шеъру шоирӣ, санъатҳои бадеӣ, калимасозӣ, маънои луғавии таъбиру вожаҳо дар он инъикос ёфтаанд. Аммо аз сабаби он ки асари мазкур аз лиҳози нақди қасидаҳои ҷавобӣ аҳаммияти хоса дошта, яке аз аввалин намунаҳои нақди асарҳои интиқодии тариқи назм таълифшуда дар таърихи адабиёти форсӣ ба шумор меравад, ба таври васеъ арзишҳои онро наметавон дар мақолаи мазкур нишон дод. Аз ин ҷиҳат, мавзӯи баррасишаванда дар маҳдудаи як масъала, яъне нақди қасидаҳои ҷавобия таҳлилу баррасӣ хоҳад гардид. Аввалин байте, ки дар рисолаи “Доди сухан” оварда шудааст, байти зерини Қудсӣ мебошад:

Олам аз нолаи ман бе ту чунон тангфазост,

Ки сипанд аз сари оташ натавонад бархост.

Мулло Шайдо дар ҷавоби байти боло чунин гуфтааст:

Нола дар синаи ман ҳаст, ки мехост зи дард,

Чун зи лаб гашт ҳавогир, ҳам аз ҷинси ҳавост.

Мутолеаи рисолаи “Доид сухан” нишон медиҳад, ки Сироҷиддин Алихони Орзу дар бораи қасидаҳои суханварон, чанд байт доштани онҳо, ба кӣ бахшида шудан, доираи мавзӯот, вазну қофия, устухонбандӣ ва монанди инҳо маълумот намедиҳад ва чун манзури ӯ нақд ва баррасиву баҳогузорӣ аст, доманаи таҳлилро бо мақсади фаро гирифтани ҳамин ҷанбаи фаъолият маҳдуд мекунад. Тавре зикр шуд, Сироҷиддин Алихони Орзу аввал байтеро аз қасидаи Қудсӣ меоварад ва онро шарҳу тафсир мекунад, баъдан эродҳои Мулло Шайдоро зикр сохта, ба ҳамон равиш онро низ тавзеҳ медиҳад. Сипас, байтҳоеро аз қасидаи Мунири Лоҳурӣ илова намуда, дар маҷмӯъ афзалияти баҳсҳои онҳоро нишон медиҳад ва дурустиву нодурустии афкори суханваронро бозгӯ месозад. Аз тарзи зикри мавод ва равиши кори Сироҷиддин Адихони Орзу бар меояд, ки қасидаи Қудсӣ муҷиби баҳсу эроди суханварон гардидааст. Баҳси онҳо асосан дар атрофи таркибу ифодаҳои “нолаи танг”, “ноз чашидан”, “аз дарун сӯи хаёлат”, “дил аз ишқ баромадан”, “роҳати ҷони нафас”, “завқ”, “рӯи шеър”, “хома аз равшании рой”, “нур ва шоҳид”, “айнак ва чашм”, “қоф ва фои фано”, “наварӯс, арақ ва ҳаё”, “аспу симу сум”, “заҳролост”, “гунбад”, “қубба”, “коми қалам”, “қалами сӯхта”, “ҷоизаи мадҳ”, “варақи сафҳа” ва ғайра ба вуҷуд омадааст. Масалан, Сироҷиддин Адихони Орзу дар бораи ифодаи “нолаи тангфазост”, ки аввалин маротиба дар байти болоии Қудсӣ корбаст гардида, мавриди баҳси суханварон қарор гирифтааст, чунин менависад: “Дар ин байт баёни ҳақиқати нола мекунад, ки нола ҳавое бошад, ки ба сабаби дарди зоҳир бо ботин дар сина печад ва чун аз он барояд, айни ҳаво гардад. Олам аз вай нашавад танг, валекин зи малол Аҳли олам гар аз ӯ танг нишинанд, равост. Яъне ҳар гоҳ нола ҳавое беш нест, ба сабаби касрати он олам танг намешавад, лекин аҳли олам аз ӯ танг агар шаванд, ҷоиз аст. Ва бар мутааммил пӯшида нест, ки ин маънӣ... чи лафзи тангфазо бар аҳли олам, ки ба маҷоз аз олам ирода карда шавад, маҳмул мегардад ва зоҳиран баёни воқеъист, на баёни маънӣ”. Аз иқтибоси болоӣ ба назар мерасад, ки қисмати аввали он шарҳи байти Мулло Шайдо буда, баъдан Сироҷиддин Алихони Орзу ба тафсири байти Қудсӣ пардохтааст. Яъне, мувофиқи бардошти ӯ Мулло Шайдо ноларо ҳавое беш намедонад ва асосан он ба воситаи дард пайдо мешавад ва ба Қудсӣ таъкид мекунад, ки зиёдшавии нола муҷиби танг гардидани олам намешавад:

Худ гирифтам, ки ҷаҳон танг шуд аз нолаи ту,

Ки зи тангӣ назар аз чашм наёрад бархост.

Нест тартиби ду мисроъ ба ҳам рабтпазир,

Ки сиёқи сухани ҳар ду ба андеша ҷудост.

Мулло Шайдо дар баробари ба калимаи “нола” ва “тангфазо” эрод гирифтан, инчунин ба рабти маъноӣ надоштани байни мисраъҳои байти Қудсӣ низ хурдагирӣ дорад. Дар маҷмӯъ, чунин бар меояд, ки қисмати эродии қасидаи Мулло Шайдо бо байти болоӣ оғоз ёфтааст. Идомаи қасидаи Қудсӣ чунин мебошад:

Тангии олам ар аз нола ба кайфияти ӯст,

Ки ҷаҳон танг зи андӯҳ шуда бар дилҳост.

Барнахезад чу сипанд аз сари оташ ба қиёс,

Сабаби ӯ ба камият ҳама аз тангии ҷост.

Тангии ҷо зи куҷо, тангии андӯҳ куҷо

Ба шумур аз тану ҷон тафриқае ҳам пайдост.

Дар бораи ин қисмати қасидаи Қудсӣ Сироҷиддин Алихони Орзу чунин навиштааст: “Дар ин се байт баёни адами рабт аст дар мисраъайн, яъне мурод аз тангии олам агар тангии лаб аст, ки гуфтанист, пас иштироки он бо нолаи сипанд, ки адами бархостани он аз ҷиҳати камии ҷо, ки кам аст, дуруст нест. Ва фарқе, ки дар миёни ин ҳар ду тангист, мисли тафриқаи ҷону тани аз ҳам ҷудо, ки бар ҳама кас пайдост. Аммо бар суханфаҳм пӯшида нест, ки лафзи тангфазо муҳтамил ба маънии кайфият наметавонад шуд”. Яъне, агар Мулло Шайдо ба ифодаҳои қасидаи Қудсӣ эрод дорад ва ба алоқамандии мисраъҳои он эрод гирифтааст, Сироҷиддин Алихони Орзу низ ҳамин амалро анҷом додааст. Аз ин ҷиҳат, ҳамин мисолҳои овардашударо метавон имрӯз ба унвони як намунаи шеъри берабт ва таъбироти аз лиҳози маънӣ камранг истиқбол кард. Ин шаҳодат ба он медиҳад, ки ибораву таъбир дар шеър барои алоқамандии мисраъҳо ва пурмазмун гардидани байтҳо нақши бориз мебозанд, ки ин масъала мутаассифона дар мадди назари Қудсӣ дур мондааст.

Дигар қисмати баҳс дар рисолаи “Доди сухан” ба эродоти Мунири Лоҳурӣ оид ба худагириҳои Мулло Шайдо ва инчунин калимаҳои “нолаи тангфазо”-и қасидаи Қудсӣ алоқамандӣ дорад.

Мунири Лоҳурӣ ба Мулло Шайдо дар ин маврид чунин гуфтааст:

Эй сухансанҷ, кам аз кайфу кам ар гирӣ, беҳ,

К-ин мақулот зи арбоби сухан нозебост.

Андар ин байт наяфтод суханварро беҳ,

Суханат гарчи мувофиқ ба мазоқи ҳукамост.

Шеваи шеър дигар, пешаи ҳикмат дигар аст,

Суханат нест дар ин маъниву андеша гувост.

Ҳар кӣ дониста мизоҷи сухан аз набзи қалам,

Кай ба “Қонун”и сухандонӣ муҳтоҷи “Шифо”ст?!

Лутфи ин шеър намефаҳмӣ, қаҳр аз пайи чист,

Ин на оини ҳарифони маъонипирост.

Чунонки мушоҳида шуд, Мунири Лоҳурӣ бо Мулло Шайдо дар ин бахш ҳамсӯ намебошад. Аммо ин андеша маънии онро надорад, ки саропо Мунири Лоҳурӣ Мулло Шайдоро мавриди танқид қарор дода, тарафдори Қудсӣ ва шеъри латифи ӯ гардидааст. Албатта, мавридҳое ҳастанд, ки мувофиқатии онҳо доир ба камбудии шеъри Қудсӣ ба мушоҳида мерасад. Ин мулоҳиза ба ҳамин қисмати эродҳои Мулло Шайдо рабт дорад ва тавре дида шуд, дар ин маврид хурдагириҳои Шайдоро қабул надорад.

Лекин дар охир Сироҷиддин Алихони Орзу ин баҳсро хотима бахшида, байти Қудсиро тасҳеҳ кардааст, ки чунин мебошад: “Инсоф он аст, ки ҳосили эътироз саҳеҳ аст ва ибороти он ба сабаби назми маъонӣ қусур дорад дар далолати маънӣ бар муддао матлабаш он аст, ки аз нола олам танг нашавад, чи нола ҳавоест ва аз ҳаво олам танг нашавад ва агар мурод аз олам аҳли олам аст, дар ин сурат лафзи тангфазо бар он маҳмул намешавад, чи тангии аҳли олам ба сабаби андӯҳ аст, ки аз таъинот аст ва тангӣ, ки ба сабаби адам бархостани сипанд бувад, аз камиёт, пас хоби маҳоким дар ин ҷо ҳеч фоида намекунад, зеро чи агар лафзи тангфазо иҳом мисли хоб ... медошт, ҷавобаш саҳеҳ мебуд.

Ва низ фақир Орзу гӯяд, ки:

“Агар мисраи аввал чунин мефармуд, байт маънои саҳеҳ медошт ва ҳеч эътироз бар ӯ водор намегашт.

Олам аз нолаи ман бе ту чунон аст ба танг,

Ки сипанд аз сари оташ натавонад бархост”.

Яъне, ба ҷои калимаи “тангфазост”-и мисраи аввал ибораи “ба танг”-ро гузошта, масъаларо ҷамъбаст намудааст. Дар маҷмӯъ, санадҳои овардашуда нишон медиҳанд, ки қасидаҳои манзум як навъ заминаи нақду сухансанҷиро дар шибҳи қораи Ҳинд вусъат бахшида, ба як ҷузви муҳиммтарини нақди адабӣ мубаддал гардидаанд. Аҳаммияту арзиши ин асарҳо кам аз рисолаҳои нақди адабӣ набуда, аз ҷониби суханварони ҳирфаӣ ва шоирони соҳибмақом суруда шудаанд. Шояд яке аз сабабҳои нуфуз пайдо кардани афкори интқодӣ дар шибҳи қораи Ҳинд ба вуҷуд омадани чунин асарҳои интиқодии манзум бошад, ки доир ба баҳсу пархошҳо байни суханварон баъзе сарчашмаҳо, аз қабили тазкираҳо маълумотҳои муфассал пешниҳод намудаанд. Шоирон дар суҳбатҳои алоҳида дар ин бора мубоҳисоти ҷолиб доир сохтаанд. Аз ҷумла, тазкираи “Сафинаи Хушгӯ (дафтари солис)”-и Биндронад Доси Хушгӯ ҳангоми зикри маълумот доир ба Рай Ананд Роми «Мухлис»-тахаллус дар мавриди нақди Мулло Шайдо бар байти қасидаи Қудсӣ иттилоъ дода, навиштааст: “Рӯзе фақир (манзур Хушгӯ – А.Р.) дар хидматаш ҳозир будам. Дидам, ки мутолиаи тазкираи Тоҳири Насрободӣ менамуд. Ин байти машҳури Хоҷӣ Қудсӣ ба тақрибе баромад, ки Мулло Шайдо бар он мунозира дорад:

Олам аз нолаи ман бе ту чунон тангфазост,

Ки сипанд аз сари оташ натавонад бархост.

Ва Наврас ном шоире эътирози Шайдо писандида, ин пешмисраи худ расонида:

Манъи бетоқатии сӯхтагон то ҳаддест,

Ки сипанд аз сари оташ натавонад бархост.

Ройи суханрас Мухлис фармуд: Чаро инчунин нагуфт, то дар баробари матлаи Ҳоҷӣ ҳамматлаъ мешуд ба тағйири як лафз:

Манъи бетоқатии сӯхтагон то инҷост,

Ки сипанд аз сари оташ натавонад бархост”.

Ҳамин тариқ, тавре мушоҳида шуд, рисолаи “Доди сухан” аз ҳамин гуна ҷусторҳо ва меъёрҳои нақду сухансанҷӣ бархурдор буда, дар канори дигар маъхазҳо ҷиҳати фаро гирифтани афкори интиқодӣ ва ба таври дуруст ва саҳеҳ пешниҳод намудани нуктаву назарҳои мунтақидон нақши бориз дорад. Ҳарчанд тазкираҳо ин мабоҳисотро фаро гирифтаанд, аммо ҷойгоҳи рисолаи “Доди сухан” дар таҳлил, баррасӣ ва арзёбии беғалати масъалаҳои баррасишаванда хеле барҷаста мебошад. Чун ба қасидаи Қудсӣ Мулло Шайдо қасидаи алоҳидаи танқидӣ сурудааст, ба назар мерасад, ки Мунири Лоҳурӣ ба Мулло Шайдо бо сурудани як қасидаи алоҳида ҷавоб додааст. Ҳарчанд Мунири Лоҳурӣ ба Мулло Шайдо эътироз мекунад, аммо ҳолатҳое ҳастанд, ки ба Мулло Шайдо ҳамовоз шуда, баҳогузориҳои интиқодии ӯро мақбул медонад. Масалан, бо овардани порчаи зерини шеъри Шайдо Сироҷиддин Алихони Орзу дар ин бора чунин таъкид медорад:

“Сухани ҷоиза дар вақти дуо нест,бигӯ,

З-он сухан карданат ин ҷо ҳама аз ҳусни адост. Арақолуд шуда ҷабҳаи ҳиммат аз шарм,

К-аз рухи ҳуснталаб дасти сухан пардакушост.

Ҳосили ин ду байт мусаллам доштани эътирози Шайдост бар байти Қудсӣ ... аст”. Ҳамин тариқ, баҳсҳои суханварон доир ба ин ё он ибораву таъбир хеле тӯлонӣ шуда, дар атрофи ин мубоҳисот масъалаҳои назарии адабиёт ва ҳатто забон ва забоншиносӣ матраҳ гардидаанд. Дар ин мақола ба ҳайси намуна як қисмати бисёр хурди баҳсҳои шоирон нақл гардид ва тавре нишон дода шуд муаллиф дар ҳамин қисмати баҳс 4 байт аз Қудсӣ, 3 байт аз Мулло Шайдо ва 5 байт аз Мунири Лоҳуриро оварда, дар атрофи он фикру мулоҳизоти хешро баён доштааст. Яъне, ҳамин гуна байтҳо дар қасидаҳо барои шарҳу тафсири таркибҳои дохилӣ ба таври нобаробар интихоб шудаанд. Сироҷиддин Алихони Орзу ҳамин меъёри интихобро то охири рисола нигоҳ доштааст. Чун баҳс бештар дар мавриди ин ё он маънои таркибу ифода дар қасидаҳо сурат гирифтааст, бешак ҳамин омил сабаб гардидааст, ки мубоҳисоти суханварон як ҷанбаи забоншиносӣ низ ба худ гирад. Масалан, дар мавриди калимаи ҳиндии “гираҳ”, ки дар шеър ба маънии “кисса” корбаст гардидааст, чунин маълумот додааст: “тасарруфоти соҳибқудратони ҳиндӣ низ ҷоиз бувад ин қадар тафовут ҳаст, ки ихтилофи эрониён дар туркӣ умуман бошад ва ихтилофи ҳиндиён дар форсӣ, хусусан, ки тасарруфи соҳибқудратон аст ва ... бар ин тақдир мисли Амир Хусравӣ, агар гуфта:

Ӯ меравад ба нозу гираҳ мезанад ба зулф,

Мурдан марост, аз гираҳи ӯ чӣ меравад?

Эътирозоти форсия ин ҷост, ки рӯзмарраи мо “аз кисаи ӯ чӣ меравад” аст, на “аз гираҳи ӯ” ва аз ҳамин олам аст”. Ҳамчунин дар бораи калимаи заҳроло ин гуна хулоса дар мисоли байтҳои шоирон ба миён омадааст: “Қудсӣ гӯяд: Он ки дӣ заҳр дар ангури ту мекард, имрӯз Ба азоби абадӣ коми дилаш заҳролост. Шайдо гӯяд: Заҳроло чу тобад пашша, на заҳролуд аст, Бо ту гуфтан, ки чунин нест бигӯ, заҳр кирост. Ҳосили каломи Шайдо он аст, ки заҳроло сиғаи исми фоил аст ба маънии касе, ки заҳр биполояд, на ба маънии заҳролуд, ки дар ин ҷо мебояд. Аблулбаракоти Мунир гӯяд: Заҳроло чу ба маънӣ набувад заҳролуд, З-эътирози ту мазоқи хирадаш талх чарост?”. Сироҷиддин Алихони Орзу ин баҳсро ин гуна ҷамъбаст намудааст: “... лафзи анбароло ба маънои анбаролуд шуда дар ин байт аст: Чу он ғунчадаҳон омад ба гулгашт, Анбаролой шуд буму бару дашт. Ва махсуси лафз заҳроло дар каломи яке аз акобир дар шумори муъҷизоти набавӣ алайҳиссалом дар боби сухан омадан бар .... масмум ворид аст он: Ба Паямбар, ки барраи бирён Гуфт аз ман махӯр, ки заҳролост”.

Дар маҷмӯъ, чунон ки ба мушоҳида расид Сироҷиддин Алихони Орзу дар рисолаи “Доди сухан” ба тамоми масъалаҳои шинохти шеър дахл кардааст. Рисолаи “Доди сухан” ба шарҳу баҳогузории қасидаҳои суханварони маъруфи сарзамини Ҳинд Мунири Лоҳурӣ, Мулло Шайдо ва Муҳаммадхони Қудсӣ нигаронида шуда, онро дар зимн метавон аввалин рисолаи нақди осори манзум, ки дар интиқоди каломи якдигар суруда шудаанд, ба шумор овард. Асосан нуктаву назарҳои Сироҷиддин Алихони Орзу дар атрофи ҳамин калимаву таъбирот рӯи кор омадаанд ва баҳогузориҳои мунсифонаи ӯ ба шоирони мазкур асари ӯро барҷаста ба ҷилва овардааст. Робитаи байни алфоз, масраъҳо ва ҳатто байтҳо яке аз мавзӯоти муҳимми рисолаи мазкур мебошад, ки ба таври сареҳ мисолҳои он зикр шудааст. Суннати сароидани мадҳ ва талаби ҷоиза кардан низ аз нигоҳи муаллиф берун намондааст, ки аз овардани мисолҳо доир ба масъалаҳои мазкур ин ҷо худдорӣ гардид. Ҳамин тариқ, баррасии рисолаи мазкур нишон медиҳанд, ки Сироҷиддин Алихони Орзу воқеан ҳам яке аз суханвароне ба шумор меравад, ки дар саргаҳи мактаби нақду сухансанҷӣ қарор дорад ва ӯ ҳамчун шоир, тазкиранигор ва мунаққид дар ин сарзамин ҷойгоҳи хосеро касб кардааст.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба