Зеҳн

АРЗИ САДОҚАТ БА РАМЗИ ЭЪТИМОДУ МУҲАББАТ

ЗЕ
Зеҳн9 ноябри 2024 · 6 дақиқа хондан

Сулҳу субот ва ваҳдату ягонагӣ давлати бузурганд. Маҳз субот ва фазои орому осуда омили муҳимми ҳама дастовардҳо мебошанд. Беҳуда нест, ки мегӯянд саломатӣ ва осудагӣ ду неъмати бебаҳое ҳастанд, ки баъди аз даст додан ба қадрашон мерасӣ… Воқеан, мавҷуд набудани суботи сиёсӣ дар ин ё он кишвар бадбахтии калон аст. Бенизомӣ, ҳолати нооором, асабоният, тарсу ҳарос, воҳима, қатлу куштор ба ҳолати равонии инсонҳо таъсири ниҳоят бад мегузорад, яъне дар чунин ҳолат инсон маънои ҳаёти худро дарк намекунад. Аз ҳамин ҷост, ки осудагиро беҳтарин неъмати аҳли башар медонанд. Бузургони адабиёти оламшумули мо низ ин нуктаро дар осори худ борҳо таъкид кардаанд.

Ҳодисаҳои солҳои 90-уми қарни гузашта, ки ба сари миллат бадбахтиҳои гӯшношунидро оварда буд, ҳанӯз аз лавҳи хотирҳо зудуда нашудааст. Ҷанги таҳмилии бародаркуш, ки бо гуноҳи иддае аз мансабталошони ҷоҳил сар зад, миллатро ба вартаи нобудӣ кашонид. Дар чунин рӯзҳои барои миллат ниҳоят вазнин чун як муъҷизае Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарии давлат омаданд ва сарварии давлати дар ҳолати нобудӣ қарордоштаро ба уҳда гирифтанд. Ин масъулияти андак набуд. Имрӯз наворҳо шоҳиди ҳоланд. Аксарият ба муваффақ шудани роҳбари ҷавон бовар надоштанд. Бовар намекарданд, ки ӯ аз уҳдаи масъулияти бузург ва имтиҳони ниҳоят душвори таърихӣ – наҷоти миллат мебарояд. Хушбахтона, ба бахти миллат ин роҳбари ҷавон муваффақ шуд, ки бо дилу нияти нек ба мақсади наҷибу олӣ бирасад.

Ҳама сокинони шарафманду сарбаланд ва қадршиноси кишвари азизамон шоҳиди ҳол ҳастанд, ки барои ба чунин рӯзҳои босаодат расидан чӣ мушкилоте паси сар шуданд, чӣ қадар ҷонбозиҳо, азхудгузаштанҳои Сарвари давлат сурат гирифтанд… Мардуми сарбаланду қадршиноси тоҷик ин ҳамаро хуб медонанд, арҷ мегузоранд ва ба қадри неъмати бебаҳо – сулҳу суботи комил мерасанд.

…Чанде қабл дар кишварамон маъракаи ниҳоят муҳимми сиёсӣ – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар давлати демократию дунявӣ ва ҳуқуқбунёди мо интихобот мувофиқи талаботи меъёрҳои байналмилалӣ баргузор гардид. Мардуми сарбаланди кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бори дигар сарвари худ интихоб карданд.

Ин аст, ки зимни суханронии хеш Пешвои муаззами миллат дар маросими бошукуҳи савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд: “Дар ин лаҳзаҳои пурифтихор бо камоли эҳтиром ва муҳаббату садоқати фарзандӣ ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиамон, ки рӯзи 11 октябри соли равон дар чорабинии бисёр муҳимми сиёсӣ – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эътиқоду бовари бузург зоҳир намуда, сарнавишти худ ва тақдири мамлакатро ба дӯши ман вогузор карданд, сипоси бепоён ва миннатдории самимӣ баён менамоям.

Ҳамчунин, бо эҳтироми бениҳоят бузург изҳор медорам, ки ман ҳамчун як фарзанди халқи азизи Тоҷикистон ҳанӯз аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ дар мансаби Роҳбари давлат аз пуштибонии самимии мардуми шарафманди кишвар, дуои хайри падарону модарон, собиқадорону пирони рӯзгор ва махсусан, дастгирии фаъолонаи ҷавонони ватандӯсту бонангу номус рӯҳу нерӯи тоза гирифта, дар ҷодаи рафъи мушкилоти ниҳоят сахту сангини сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии кишвар бо иродаи мустаҳкам ва азми қавӣ қадам мегузоштам.

Ман аз мардуми азизи Тоҷикистон як ҷаҳон сипосгузорам, ки заҳмату талошҳои маро бо иштироки фаъолонаи худ қадрдонӣ карда, муҳаббату самимияти нисбат ба ман доштаашонро бо додани раъйи хеш исбот намуданд.

Ин муҳаббату самимияти халқи азизам маро водор месозад, ки ба хотири ободии Тоҷикистон, оромии Ватан ва осоиши ҳар як хонадони кишвар даҳчанд заҳмат кашам.

Имрӯз хуб дарк мекунам, ки ихлосу эътимоди мардум масъулияти маро барои ба ҷо овардани рисолати бузурги давлатдорӣ, яъне роҳбарӣ кардани давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, таъмин намудани фаъолияти муназзаму босамари рукнҳои давлатдорӣ, амнияти ҷомеа ва давлат, волоияти қонун, рушди бомароми иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва муҳимтар аз ҳама, боз ҳам беҳтар гардонидани шароити зиндагиву рӯзгори сокинони мамлакат бамаротиб меафзояд.

Ман имрӯз садҳо маротиба шукрона мекунам, ки сазовори эътимоду бовари халқи азизам ҳастам ва барои ин эътиқоду ихлоси бузург ва дастгириву дуои хайри падарону модарон дар назди тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон сари таъзим фуруд меорам.

Ман ҳамаи шумо — халқи азизам ва хурду бузурги Тоҷикистонро сидқан дӯст медорам ва то нафаси вопасин ба шумо содиқона хизмат мекунам.

Мехоҳам як нуктаи бисёр муҳимро бо ифтихору қаноатмандӣ изҳор намоям: дар фосилаи ҳамагӣ ҳафт моҳ баргузор гардидани ду чорабинии муҳимми сиёсӣ, яъне интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва махсусан, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар собит намуд, ки дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон фазои комили ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдати миллӣ, садоқат ба ормонҳои таърихии халқи куҳанбунёди тоҷик, пойдории сулҳу субот ва фарҳанги баланди сиёсии шаҳрвандӣ ба нерӯи воқеан бузург табдил ёфтааст.

Ин падидаи нек маро ба ояндаи дурахшони Тоҷикистони маҳбубамон ва зиндагии осудаи халқи азизам умедвору дилпур месозад ва эътимоди маро барои фардои орому босуботи давлат ва мардуми кишвар боз ҳам қавӣ мегардонад…

Ман имрӯз низ бо эътимоди қавӣ изҳор медорам, ки рисолати худро дар мансаби Президенти мамлакат дар ҳафт соли оянда танҳо бо пуштибонӣ ва такя ба халқи азизам идома медиҳам.

Ман ба мардуми шарифи Тоҷикистон аҳди ҷавонмардӣ медиҳам, ки тамоми ҳастии худро дар роҳи ҳифзи истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи комилу пойдори сиёсӣ, сарҷамъии миллат, ваҳдати миллӣ ва пешрафту ободии Тоҷикистони азизу маҳбубамон мебахшам.

Барои ман истиқлолу озодии Ватани азизам, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсии кишвари маҳбубам, ваҳдати миллӣ ва иттиҳоду сарҷамъии халқи бузургворам аз ҷумлаи муқаддасоти азизтарин мебошад.

Бори дигар сипосу миннатдории самимӣ ва садоқату вафодории фарзандии худро ба сарзамини муқаддасам, халқи бузургворам ва ҳар фарди Ватани ба ҷон баробарам — Тоҷикистон сидқан изҳор медорам.

Ман аз хурду бузурги Тоҷикистон муҳаббату самимият ва меҳрубонии ниҳоят зиёд дидаам ва ба чунин халқи азизу меҳрубон шабу рӯз, содиқона, бо виҷдони пок, дасту дилу нияти нек ва бо тамоми ҳастӣ хизмат мекунам.

Итминони комил дорам, ки ояндаи Тоҷикистон дурахшон аст ва мо якҷо бо халқи азизамон ва миллати фарҳангсолору тамаддунсозамон заҳмат кашида, Ватани маҳбуби аҷдодиамонро ободу зебо ва пешрафтаву нерӯманд гардонида, обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардорем.

Ман Ватани маҳбубам ва халқи азизамро сидқан ва беш аз ҷони худ дӯст медорам, зеро ман бо нону намаки халқи бузургворам ба ин мартаба расидаам ва ин нону намакро то нафаси вопасини ҳаётам пос медорам ва ба он хиёнат намекунам.

Савганд ба номи поки Худо, ба нону намаки мардуми шарифи Тоҷикистон, ба номи хурду бузурги ин диёри бостонӣ, ба поси хотири ҷовидонаи фарзандони фарзонаи он ва ба ҷони қариб нӯҳуним миллион шаҳрвандони Ватани маҳбубам, ки тамоми донишу таҷриба, саъю талош ва ҳастии худамро фидои ин обу хоки муқаддас, ин халқи дар ҳақиқат бузургу қаҳрамон, соҳибмаърифату тамаддунсоз, меҳрубону қадршинос, заҳматдӯсту матинирода ва Тоҷикистони соҳибистиқлолу озод месозам.

Бигзор, хуршеди истиқлолу озодӣ, сулҳу суботи комил ва бахту саодат ба сари Тоҷикистон ва ҳар як хонадони мардуми шарафманди он то абад нурафшон бошад!

Тоҷикистон, ба пеш! Ба сӯи қуллаҳои баланди пешрафту тараққиёт!”.

Мардуми сарбаланду саодатманди кишвар ба ин суханон комилан эътимод дорад, зеро дар душвортарин лаҳзаҳо марди қавл будани Пешвои муаззами худро дида буд ва боз ҳам итминони комил дорад, ки бо сарварии ин ҷавонмарди асил ба сӯи ояндаи дурахшон раҳсипор аст.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба